ํНаҷот №35

16
Њукумати “њал абагўш”-и “Бонки љањонї” Таљрибањо ва улгутарошињои бепоя Ислом ва зиндагї НАШРИЯИ ЊИЗБИ НАЊЗАТИ ИСЛОМИИ ТОљИКИСТОН № 35 (805) Панљшанбе, 28 - уми августи соли 2014 -и милодї, мутоби ба 2 - юми Зул аъда, соли 1435 - и њиљрии амарї «...Бешубња, њизби Худо олиб хоњад буд», Зайдуллоњро ба додгоњ бурданд, вале… Тавба шабењи доруест, ки инсон гуноњашро мудово мекунад уръон: сураи Моида, ояти 56

Upload: nahzat-tj

Post on 02-Apr-2016

253 views

Category:

Documents


11 download

DESCRIPTION

 

TRANSCRIPT

Page 1: ํНаҷот №35

Њукумати “њалќабагўш”-и “Бонки љањонї”

Таљрибањо ва улгутарошињои бепоя Ислом ва зиндагї

НАШРИЯИ ЊИЗБИ НАЊЗАТИ ИСЛОМИИ ТОљИКИСТОН№ 35 (805) Панљшанбе, 28 - уми августи соли 2014 -и милодї, мутобиќ ба 2 - юми Зулќаъда, соли 1435 - и њиљрии ќамарї

«...Бешубња, њизби Худо ѓолиб хоњад буд»,

Зайдуллоњро ба додгоњ бурданд, вале…

Тавба шабењи доруест, ки инсон гуноњашро мудово мекунад

Ќуръон: сураи Моида, ояти 56

Page 2: ํНаҷот №35

www.nahzat.tj28 августи соли 20142Санадеро аз як калисои кўњи Сино

кашф кардаанд, ки номаи Расули акрам (с) буда, дар соли 620 мелодї ба ин ка-лисо ирсол гаштааст, расонандаи нома њам њазрати Алї (к) мебошад.

Дар ин нома Паёмбари Худо (с) ањд карда, ки аз масењиён њимоят ва за-минаи озодии ибодату даъват ба дини масењиятро фароњам месозад.

Султони Салим, аввалин подшоњи усмонї ин номаро таъйид карда, дар соли 1517 онро њамроњ бо дигар дастхатњо дар музейи имперотурии усмонї дар Ќустантания гузоштааст. Тарљумаи ин нома ба забони инглисї ва испонї њам ба нашр расида, ки матни ко-мили он чунин аст:

“Ин паймонномаи Муњаммад, писари Абдуллоњ бо масењиён аст.

Мо бо онњоем, хоњ аз мо дуранд, хоњ наздик. Ман ва ансору пайравонам ба-рои дифоъ аз онњо омодаем ва масењиён раъияти мананд.

Ба Худо савганд њар он чиро, ки мав-риди ризояташон набошад, дур хоњам кард ва њељ иљборе бар онњо нест.

Ќозињояшонро худи онњо интихоб хоњанд кард ва роњибонашон њам дар дайрњо боќї мемонанд.

Њељ кас њаќ надорад ибодатгоњњои масењиёнро вайрон кунад ё ба онњо осеб расонад ва њаќ надорад, ки чизе аз он макон бардораду ба хонаи мусалмонон барад.

Њар касе ѓайр аз ин мекунад, ањди Ху-доро шикаста, аз Расулаш нофармонї кардааст.

Масењиён њампаймони мананд. Бо онњо ањд бастаам, ки дар њукумати ман бо чизи нохушоянде рўбарў намеша-ванд.

Њељ кас набояд онњоро водор ба њиљрат ё маљбур ба љанг намояд, бал-ки ин мусалмононанд, ки бояд онњоро

њимоят кунанд.Агар мусалмоне бо зани масењие

издивољ кунад, ин издивољ њатман бояд бо ризояти он зан бошад, њаргиз набо-яд ўро аз рафтан ба калисо ва ибодат дар он боз дорад. Калисоњои масењиён бояд мавриди эњтиром бошанд ва на-бояд таъмири онњо манъ карда шаваду њурмати ањду паймонашон шикаста ша-вад.

То рўзи ќиёмат њељ як уммати мусал-мон њаќ надорад ин паймонномаро биш-канад”.

Ин аст дини воќеъї ва сиёсати он Њазрат (с), ки фиристодаи илоњист, бар хилофи касоне, ки имрўз њатто њамдинони худро танњо барои ихтило-фи љузъї ќатли ом мекунанд ва ё пеши роњи ибодати онњоро мегиранд, бар хи-лофи он чи имрўз дар Сурияву Ироќ ме-гузарад.

Гурўње ба номи дин на ба мусалмон рањм мекунанду на ба ѓайри мусалмон, гурўњи дигар бо бањонаи људоии дин аз сиёсат ва ё дунявият бадтарин зулмро ба мардум раво мебинанд.

Дар њоле ки ин санад њам даъвои дунявињои ифротї ва њам хушунатњои ифротињои диниро мањкум мекунад.

Интихоботи президентї дар Афѓонистон ѓолиби хешро ошкор кар-да натавонист, агарчи даври дувуми он бо ширкати ду номзад баргузор гардида бошад њам. Натанњо баран-даи интихобот маълум нашуд, балки низоъи дарунї дар ин кишвар дар асари зоњиран таќсимбандї шудани љомеъа шиддат пайдо кард ва кор ба љое расид, ки котиби давлатии ИМА, Љон Каррї ба ин раванд дахолат кард, њатто ду маротиба.

Њоло ваќте миёни ду тими раќиби интихоботї иттињомпароканињо аз нав шиддат мегиранд ва Атомуњаммади Нур, собиќ волии Балх зимни пахши баёнияе њушдор медињад, ки мар-дум њиљ гуна президент ва давлати таќаллубиро ќабул надоранд, боз њам дари бањс барои расидан ба маќоми президентї боз мемонад.

Фикр мекунам, Њомид Карзай, пре-зиденти амалкунандаи Афѓонистон оќибати ногувореро баъд аз бозшумо-рии раъйи мардум эњсос карда исто-дааст ва аз ќабл аз њар ду номзад ба маќоми президентї дархост карда, ки ба раванди тафтиши раъй ва эълони њарчи зудтари натиљаи нињоии интихо-бот љиддан мусоидат кунанд.

Аммо дидгоњњои љиддан фарќкунандаи ду тими интихоботї, бахусус тими Абуллоњ Абдуллоњ им-кон намедињад, ки даъвати Њ. Карзай сидќан ќабул гардад. Њамин аст, ки рўзи якшанбеи 24-уми май ду номзад дар мулоќот бо президенти амалку-нанда дар мавриди эълони таъри-хи нињоии маросими савгандёдкунї ба тавофуќ нарасиданд. Доктор Абдуллоњ масъаларо ба раванди тафтиши раъй ва пешрафти кор воба-ста медонад ва чунин ишорањое дар баёнияи Атомуњаммади Нур њам садо доданд, яъне тамоми масоил ба вазъ-ияти тафтиш кафолат дода мешавад.

Ба њар њол, президенти Афѓонистон зимни мулоќот бо Ян Кубиш, намоян-даи хоси СММ дар умури Афѓонистон, ки як рўз ќабл аз вохўрї бо ду даъвогар ба маќоми президентї доир гардид, 2 –юми сентябрро муњлати нињоии маросими савгандёдкунї арзёбї кар-да гуфтааст: Ин ваќти муайяншуда ќобили тамдид нест ва тўлонї шудани раванди интихобот ба вазъи амниятї ва иќтисодии кишвар таъсири манфї

гузоштааст.Тими «Тадовум ва тањаввул» бо

роњбарии Ашрафѓанї Ањмадзай њам тўлонї шудани раванди тафтиши раъй ва созишњои сиёсии ду љониби бањсро боиси мураккаб шудани зинда-гии мардум медонад. Яъне Комиссияи мустаќили интихобот замони мушах-хаси эълони натиљаи нињоии интихо-ботро таъйин карда наметавонад.

Аммо комиссияи мазкур гуфта, ки поён додани раванди тафтиш ва бо-тил кардани раъйи таќаллубиро шид-дат бахшидааст, яъне анљоми кор гўё дањ рўзи дигарро таќозо дорад. Буби-нед, маросими савгандёдкунї тибќи ќонун бояд рўзи 2 август доир мегар-дид, вале баъди вонуши тими доктор Абдуллоњ ва ба тавофуќи усулї ра-сидани ду љониб љињати бозшумории раъйњо, маросими савгандёдкунї ба-рои як моњ таъхир пайдо кард, вале маълум нест, ки то 2-юми сентябр ин кор анљом мегирад ё хайр?

Њоло ду вазири собиќ дар давлати Њомиди Карзай интизории онро до-ранд, ки кадоме аз онњоро натиљагирии нињої ба курсї даъват менамояд?!

Ба њар њол, ваќте даври нињоии ин-тихобот бо дарёфти 56,44% раъй ба-рои Ашрафѓанї Ањмадзай ва 43,56% барои Абдуллоњ Абдуллоњ эълон гашт ва ин раќамњо аз љониби тими доктор Абдуллоњ «таќаллубї» унвон шуданд, эълон шудани раќами нав ба њар тар-зе њам бошад, љонибдорони нафари дувумро њељ гоњ ќаноъатманд намесо-занд.

Вале боз њам нињояти кор бо иро-даи доирањое бастагї дорад, ки Афѓонистонро бо чї тарзе дидан мехоњанд.

Аз љумлаи неъматњое, ки Худо-ванди бузург барои бандагонаш додааст, тавба мебошад. Парвар-дигор дар зоти худ тавбапазиру мењрубон буда, афви гуноњ аз бу-зургтарин сифатњои худовандист.

Вале мушкил он аст, ки на њамаи бандагон аз ин хабар доранд. Тавба шабењи доруест, ки инсон гуноњашро мудово мекунад ва дар пешгоњи бахшиши Худованд ќарор мегирад.

Дар ривоятњо чунин омадааст, ваќто умматони пешин гуноње со-дир мекарданд, дарњол дар љисми онњо навишта мешуд, ки фалонї чунин гуноње содир карда, љазояш ину он аст.

Аммо умматони охирзамонро Ху-дои бузург он ќадар имтиёз дода, ки њар ќадар гуноње содир кунанд, кадоме аз ин гуноњњо зоњир на-мешавад. Њамаи ин аз баракати лутфи Пайѓамбари Худо, њазрати

Муњаммади Мустафо, саллаллоњу ъалайњи ва салам аст. Худован-ди бузургу тавоно барои банда-гон ба он дараљае ѓамхор аст, ки инсон солњо Офаридгори худро нофармонї кунад њам, дар авва-лин фурсате, ки рўй ба даргоњи ин Зоти пок ва ягона меорад, Худо-ванд тавбаашро мепазирад.

Мусо Муњаммад Амин

Чанде пеш Девид Камерон, на-хуствазири Бритониё ба Вазорати хориљаи њукуматаш дастур дода буд, ки дар бораи њаракати Ихвонулмус-лимин тањќиќот анљом дињад, то ин ки њаракати ифротиву террористї бу-дан ё набудани он мушаххас шавад. Ин вазоратхона дар тањќиќоти худ нишонае аз амалњои ифротгарої ва террористии ин њаракати мардумии сиёсиро пайдо накард.

Масъалаи мазкур замоне пеш омад, ки рўзномаи “Индепендент” дар як шумораи худ чунин саволеро ба миён гузошт: чаро Британиё фарќ байни Ихвонулмуслимин ва ДИИШ-ро пайдо карда наметавонад.

Тибќи гузориши сомонаи “Алљазира” Вазорати хориљаи Британиё хеле пештар ба ин натиља расида буда-аст, ки Ихвонулмуслимин як њаракати муътадил ва мусолиматомез буда, дар он нишонае аз ифротгарої ва терроризм дида намешавад. Аммо ба хотири нороњат нашудани Иморот, Арабистони Саудї ва њукумати та-баддулотии Миср бо рањбарии Сисї натиљаи тањќиќоти худро эълон на-кардаанд.

Дар гузориши Вазорати хориљаи Бритониё таъкид шуда, ки ин кишвар ба њамкорї бо чунин њаракатњои ва-сату муътадил ниёз дорад, то пеши роњи ифротгароиро дар љомеъа биги-рад.

Њамчунин дар ин тањќиќот таъкид шуда, ки нуфуз ва љойгоњи Ихвонул-муслимин дар Ховари Миёна далели он аст, ки ягон њаракати террористї бо хушунату террор наметавонад ин гуна нуфуз пайдо кунад. Ин гурўњ, ки дар њоли њозир чанд миллион аъзо ва љонибдор дорад, дар тамоми Ховари Миёна аз нуфузи чашмгир бархурдор буда, њаргиз ба хушунату нооромї даъват накардааст.

Аммо нуќтаи муњим он аст, ки акса-ри кишварњои диктаторї ва худкома ин гурўњро ифротї ё террористї эъ-лон карданд. Кишварњои худкомаи Имороту Саъудї ва њукумати дар асари табаддулот ба ќудрат расидаи Миср њам ин гурўњро ифротї мехо-нанд.

Дар њоле ки дар ин кишварњо тамо-ми озодињо мањдуданд ва табадду-лотгарони Миср њам бо ќатли њазорон нафар чењра ва њадафњои барнома-вии худро нишон доданд.

Бо пайравї аз онњо бархе аз кишварњои Осиёи Марказї њам, аз фурсат истифода бурда, раќибони хешро ба Ихвонулмуслимин рабт ё шабењи он нишон медињанд, то за-минаи саркўбии онњоро фароњам со-занд.

Вале таърих нишон хоњад дод, ки чї касоне бо ифротгароиву тундравї аз зулм кор гирифтаанд ва ватанду-сту озодихоњ кињоянд.

Мардум президенти навро интизоранд

Бидуни сиёсат

Тањќиќот: Ихвонулмуслимин созмони ифротї нест

Таваљљуњ ба номаи Муњаммад (с)

ХАБАР

Page 3: ํНаҷот №35

28 августи соли 2014 3www.nahzat.tj

“Ва (ба ёд ор) он гоњ ки Мусо ба ќавми худ гуфт: “Неъмати Худоро, ки бар шумо арзонї дошт, ба ёд оред, замоне ки шуморо аз фиръ-авниён наљот дод, ки ба бадтарин азобњо шиканљаатон мекарданд ва писаронатонро сар мебуриданд ва занонатонро зинда нигањ медош-танд ва дар ин амр (барои шумо) аз љониби Парвардигоратон озмои-ши бузурге буд”. (Сураи Иброњим, ояти 6).

Ин оят мавзўи ояти ќаблиро идома дода, бо хитоб ба Паёмбари гиромї (с) тазаккури њазрати Мусо (а)-ро дар мавриди намунае аз рўзњои Худо, ки ќавми банї Исроил онро дар њаёти худ таљриба намудааст, њикоя ме-кунад: “Ва (ба ёд ор) он гоњ ки Мусо ба ќавми худ гуфт: “Неъмати Ху-доро, ки бар шумо арзонї дошт, ба ёд оред”.

Њазрати Мусо (а) ба хотири љалби бештари таваљљуњи ќавмаш ба ми-зони неъмати атонамудаи Худованд, ки эшонро аз азоби доимии фиръ-авниён ва ранљи марги тадриљї наљот дод, ду намунаи равшани аз он ањволро зикр мекунад: яке сар буридани писарони навзоди банї Исро-ил бо маќсади пешгирї аз афзоиши сафи љавонони неруманд- ќудрати дифоъкунанда аз њайсияти ин ќавм ва дар њолати заъфу нотавонї ва зиллату хорї нигоњ доштани онњо; дигар зинда гузоштани духтарони на-взодашон ба хотири њифзи неруи хидматї. Аз њама дардовартар ва зил-латбортар барои бани Исроил он буд, ки фиръавниён раванди наслку-широ ба монанди њукуматњои мустакбири имрўз, на ба таври пинњонї, ё истифода аз неруњои љиноятпешаи бурунњукуматї, балки расман дар сояи ќонуни ба тасвибрасида аз тарафи нињодњои ќонунгузори њукуматї анљом медоданд. Танњо баъди тафаккуру андеша дар мавриди марги тадриљї ва хорию забуние, ки ќавми банї Исроилро ба нобудї мекашонд, метавон ба дарки мизони неъмати наљотбахшии Худованд расид: “замоне ки шу-моро аз фиръавниён наљот дод, ки ба бадтарин азобњо шиканљаатон мекарданд ва писаронатонро сар мебуриданд ва занонатонро зинда нигањ медоштанд”.

Бояд гуфт, Худованд бандагонашро гоњо ба хотири имтињони сабру хештандорї, азму ирода ва амал дар роњи интихобкардаашон бо пеш овардани мушкилот, сахтињо, хавфу ноамнї, ѓаму андуњ ва зањмату за-рар мавриди озмоиш ќарор медињад, ки банда дар ин гуна имтињонњо бо кўмак гирифтан аз сабру пойдорї муваффаќ мешавад. Вале сабр њаргиз маънои рафтан зери бори зиллату азоб ва бозистодан аз амалро надо-рад, балки маънои тањаммули азоб бидуни бозмондан аз амал ва бидуни шикасти рўњї ва азми ќавї ва омодагї барои истодан дар муќобили зулму туѓёнро дорад. Худованд њамчунин бо бархурдор гардондан аз неъмат, фароњам овардани амнияту осоиш, афзунии сарвату дорої, шодию сурур, љоњу љалол ва монанди инњо бандагонашро имтињон мекунад, ки ин навъи имтињон шукри илоњиро металабад. Ояти 35 сураи Анбиё ба ин ду навъи озмоиши илоњї равшании бештар меандозад: “Ва шуморо бо хайр ва шар меозмоем, озмуне (вижа) ва ба сўи Мо бозгардонда мешавед”.

Дар ин тазаккури Мусо (а) њарду навъи имтињон мављуд аст. Вале ин имтињонњо на далели икроми банда аз љониби Худованд аст ва на далели хор кардан. Мусо (а) баъди тазаккури ќавмаш ба ин мавзўъ ишора меку-над: “дар ин амр (барои шумо) аз љониби Парвардигоратон озмоиши бузурге буд”.

Имтињоноти илоњї мактаби тарбияи иродањо ва падидоркунандаи истеъдодњо мебошад. Худованд аз як сў бандагони мўъминашро ба ва-силаи имтињонњои сангин тарбия намуда, обутоб медињад, аз сўи дигар ба василаи фишорњои љониби муќобил њисси бедорї ва озодихоњї аз зулму ситамро дар дили онон бармеангезад. Бо сарварии Мусо (а) алайњи манбаи зулму ситам бархостан ва аз ситамгарон наљот ёфта, ба озодї ва истиќлол расидани банї Исроил мањз баъди пушти сар кардани марњилаи имтињон ва обутобёбї дар ин мактаб тањаќќуќ ёфт. Бинобар ин метавон гуфт, Худо муќаддамоти наљоти онњоро аз њамон азобу шиканљањои фиръ-авниён оѓоз кард.

Ин оят ба инсонњо чанд нуктаро таълим медињад:1.Њељ асру замоне аз фиръавнњо холї нест ва фиръавнњои љадид пайва-

ста дар каминанд, бинобар ин аз такрори таърих наметавон дар амон буд.2.Миллатњо ваќте аз њукуматњои тоѓутии замони худ наљот меёбанд, ки

аз имтињони азими илоњї бомувафаќият берун оянд. 3.Ба истиќлолу озодї расидани миллатњои мустазъаф аз “рўзњои Худо”

мањсуб мешавад.Зубайдуллоњи Розиќ

Неъмати истиќлол

Дар воќеъ матлаберо аз ха-барнигоре бо номи Додихудо Шукрихудоев, сокини шањри Ду-шанбе аз сањифаи фейсбук хон-даму дар фикр фуру рафтам, ки нависандаи ин матлаб бо ин гуна ибрози назарњо, ки дар гу-зашта фалонї ба «Наљот» чизе менавишту аз он љо маблаѓе дарёфт мекард ва ишора аз мубориња миёни њукумат ва ЊНИТ чї мехоста бошад?

Агарчи бисёре аз ишорањои матлаби фейсбукї барои ин љониб хушоянд њам бошанд, вале инсон бояд диду назари хешро ошкор ва бо номи худ дар сањифаи матбуоти расмї изњор бидорад.

Бале, «аз њадду андозаи худ берун гаштанро ифрот» маънидод мекунанд ва «мафњуми ифротї њам аз њамин љо сарчашма мегирад». Ифротї касест, ки аз асли меъёри фармуда ва суннатњои зиндагї бо гуфтору амали хеш берун меравад.

Дар мавриди он ки «имрўз расонањои расмии кишвар, бахусус “Љумњурият”-у шабакаи аввали теле-визион аз њад гузаронидаанд, яъне ифротї шудаанд» мувофиќам ва «дар њар барномаи шомгоњии ша-бакаи аввал, њатман њарфу сухан аз муллое меравад, ки дастдарозї ба зане кардааст» ва ин муллоро дар ав-вал нањзатї мегўянду баъдан хатиби масљид ё муллои дењае. Дар маври-ди ин гуна наворњои сохтакорона ва њадафмандона њарфу сухани зиёде гуфтаву навишта шудааст, аз љумла аз љониби банда.

Дуруст гуфтааст хабарнигори фейсбукї, агар ин њарфњоро ќалбан гуфта бошад, ки ин њама «бозињои навбатии пешазинтихоботист ва бо ин роњ мехоњанд ЊНИТ-ро доѓдору эътиќоди мардумро аз он дур со-занд».

Дар воќеъ, ин гуна доирањои ѓаразљў ва фитнаандоз маќсади мубориза бо фасодкориро надоранд, балки айши онњоро боло рафтани њувияти исломї ва њузури ЊНИТ дар љомеъа талх кар-дааст. Мањз дар њамин поя онњо та-моми талошњоро ба харљ медињанд, то тавассути сиёњ кардани ЊНИТ, љойгоњи Исломро њам дар љомеъа дар аввал коњиш дода, баъдан нолозим бидонанд, ки «хеле кори манфуру но-бахшиданист».

Кас њайрон мемонад, ки оё дигар дар кишвари мо мушкилоте боќї на-монда бошад, ки нашрияи расмии “Љумњурият”, аз њисоби маблаѓњои президентї дунболи тањия ва пах-ши матлабњое мегардад, ки дар он ба љузъитарин масъалаи кору зин-дагии Муњиддин Кабирї ва ЊНИТ, њатто навиштањои камарзиши банда таваљљуњ зоњир менамояд? Тавре ха-барнигории фейсбукї навиштааст: он ќадар ошиќи шайдои Кабириву ЊНИТ гаштааст, ки агар рўзе Кабириро «ба оѓўш» нагирад, …..», аз њама чиз ме-монад.

Бале, ЊНИТ ва рањбарияти он ама-ли бамислро нолозим ва тањќиру тавњини инсонро хоси бандаи мусал-мон намедонад. Маддоњиву чоплуси-ро бошад худи мардум ошкор месо-занд. Њамин аст, ки тибќи иттилое, ки ба банда мерасад, «Љумњурият»-ро, дар ин авохир дар долонњои њукумат њам намехонанд. Агар маљбур набо-шанд, њатто обуна њам намешаванд, вале чи илољ, курсї њам ширину ёф-

тани як бурда нон њам. Ба њар њол, агар бо бадгўињои

Кабирї ва ЊНИТ маъмурияти «Љумњурият» њам нон ва зиндагии ду-руст пайдо карда бошад, мо њарфњои тањќиромези онњоро тавони тањаммул кардан дорем, рўзе худи онњо ба гуфтањои хеш раддия хоњанд навишт, аз Худои тавонои хеш бовар дорем.

Ваќте хабарнигори фейсбукї, Доди-худо Шукрихудоев менависад, ки гўё «Љумњурият” барои иншои бењтарин маќолоти интиќодї дар њаќќи Каби-риву ЊНИТ озмун эълон кардааст» ва нархи њар матлабе то ба 2 њазор сомонист, инро њангома ё бепоя хон-дан њам дуруст нест. Паёмњои зи-ёде бо њар роњу васила аз дўстони «љумњурият»-ї барои банда мера-санд, ки бояд шиддати маќолањои танќидї ё ба гуфти онњо «интиќодї»-и хешро натанњо коњиш, њатто бас на-моям.

Дар мавриди бо номи мустаъор дар шабакаи фейсбукї њузур до-штани масъулини «Љумњурият»-ро бисёре аз дўстону бародарон шарњу тавзењ медињанд, вале банда ба ин гуфтањо чандон таваљљуњ зоњир на-мекунам, чун њарфи ман бепарда аст, он њам танњо бо номи худ. Вале агар чунин коргузорї аз љониби масъули-ни «Љумњурият» вуљуд дошта бошад, намефањмам, ки ин ба хотири посу-хи мустаќим дарёфт накардан аст ё њимоя аз обрў?!

Дар “Љумњурият” бењтарин хабар-нигорон буданду њоло њам њастанд ва майле барои ворид шудан ба «њавзаи тањќиру тавњинпароканї»-ро надоранд. Онњо ба асолату рисолати касбї, ки басо муќаддас аст, хиёнат кардан намехоњанд.

Дар фарљоми сухани хеш бояд бигўям, ки мутаассифо-на, «муборизањои носолим» дар шабакањои иљтимоъї заррае ба ман-фиъати миллат ва давлат анљом нахоњанд гирифт ва чунин ба на-зар мерасад, ки агар «фабрикаи љавоб»-ро доирањои маълум хоси хеш намедонанд, вале пайдо шу-дани матлабњои интиќодии дигар «фабрикаи љавоб-2»-ро мемонад. Пас кистанд онњое, ки бо чунин тарз бањсњоеро ба ин сањифањо мека-шанд? Онњо бо ин васила сањифањои матбуотро гарм нигоњ дошта, ин гар-миро ба љомеъа кашиданианду нафъ бардоштан мехоњанд.

Худо кунад, ки ин гуна гармсозињои дуљониба ва пинњонкоронаро манфиъатхоњон то интихоботи парлумонї бурда натавонанд.

Њикматуллоњ Сайфуллоњзода

Ходимони “љумњурият” ходими «Наљот» набуданду нестанд

ХАБАР

Page 4: ํНаҷот №35

www.nahzat.tj28 августи соли 20144

Ахиран ин марди мубориз ва хаста-нопазир бо дарду алами зиёд ва як ба-ста њуљљатњо вориди идораи нашрияи “Наљот” гардид, то шикоёти мардумро тавассути ин нашрия ба дигарон расо-над.

Зимни суњбати муќаддимавї Љ.Кабиров гуфт, масъулин барои њарфњои њаќќу ошкорбаёнињояш ўро мавриди фишор ќарор дода, њатто то минбари мањкама њам кашола карда-анд.

Ишон њамчун сокини ноњияи Кўлоб ќиссаи хешро аз он оѓоз кард, ки субњи њамон рўзе, ки ахиран Эмомалї Рањмон ба шањри Кўлоб сафар дошт, ўро аф-роди номаълум аз назди хона барои 5 даќиќа ба ШКД-и шањри Кўлоб даъват мекунанд, вале дар ин идора ишонро бо њамроњии тахминан 20 нафари ди-гар, то соати 19- 00 нигоњ медоранд. Нигоњ доштани онњо ба таври тўлонї танњо ба он хотир будааст, ки дар вохўрии сардори давлат мабодо њузур пайдо карда, чизе аз беадолатињои маќомотро дар рў ба рўи Президент ошкор созад, ки оќибаташ шарманда-гии онњо бигардад.

Ба ДушаНБе, њаМчуН Маркази ДоДрасоНї

Љ.Кабиров мегўяд, барои расони-дани шикоёт ба гўши маќомот, 27 ма-ротиба ба шањри Душанбе ташриф овардааст ва дар зимн чандин бор ба дастгоњи иљроияи Президенти ЉТ, ба хотири мулоќот бо љаноби Э. Рањмон њам мурољеъ шудааст, вале бенатиља.

Бо Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ се маротиба рў ба рў суњбат ва аз амалкарди номатлуби масъулини шањри Кўлоб ишонро иттилоъ додааст.

Барои таќаллуб ва заминфурўшии ошкор 5 маротиба тавониста, ки то ќабулгоњи љаноби Шерхон Салим-зода, прокурори генералї бирасад, вале боре њам ин њомии назорати иљрои ќонун ўро ба њузур напазируф-тааст. Агарчи муовинони Прокурори генералї шикояти ин сокини ноњияи Кўлобро гўш кардаву дастуротеро ба маќомот ва идорањои мањаллии марбу-та ирсол дошта бошанд њам, натиља як чиз: бо њарфњои бепоя сафед кардани маќомот ва посух додан ба дастурњоро шоњид будаву халос.

Ба њар њол, тавре Љ. Кабиров иќрор њаст, то ба имрўз чизе таѓйир наёфта-аст.

Таври маълум, омаду рафт аз Кўлоб то ба Душанбе ва баръакс масрафњои

худро дорад, вале ин марди адолатљў, тамоми ин харољоту даводавњо ва му-боризаву талошњояшро аз љайби худ ва ба хотири мардуми оддї медонад.

заМиНфурўшї Мушкилоти аслие, ки сокини

љамоъати “Кўлоб” бештари муборизаи хешро сарфи он кардааст, ин амали заминфурўшии масъулини мањаллист, аз љумла амали Олими Зайд, собиќ ра-иси љамоати “Кўлоб” ва Бобохони Са-лим, раиси феълии њамин љамоат.

Тавре ў аз дохили бастаи њуљљатњояш якеро мехонад, ин идда аз масъу-лин агар заминњои обї ва чарогоњњои мардумро фурўхта бошанд њам, то ба имрўз ба роњат гашта истодаанд.

Дар зимн Љ.Кабиров барои ошкор намудани ин камбудињо мактуби ши-коятие унвонии Ќоњир Расулзода, сар-вазири кишвар њам бо далелњое ир-сол доштааст, чарогоњњои мардум аз сўи афроди пулдор харида шудаанд. Љаноби Ќ.Расулзода низ ба маќомоти давлатии иљроия дар шањри Кўлоб мактуби супоришие ирсол доштааст, вале бо гузашти як моњ аз амру дасту-ри сарвазири кишвар нишоне намон-дааст.

Ў мавзўъро тавзењ дода мегўяд, роњбарони љамоат заминњоро ба чанд нафари пулдор мефурўшанд, вале касе намегўяд, ки ин амал зид-ди гуфтањои сардори давлат аст ва ё ѓасби ин гуна чарогоњи молу гови мар-думи бечора мамнуъ дониста меша-вад. Охир онњо бо нигоњ доштани чанд сар бузу гўсфанд ва гове зиндагии ху-дро кам њам бошад, мечархонанд.

Љўрахон Кабиров дар даст рўйхатеро низ нигоњ медорад, ки аз як хонавода то чор нафар соњиби замин гардида-анд, вале мардуми дигари серфарзан-ди бечорањол имкони соњиби ќитъаи замин шуданро пайдо накардаанд.

Ваќте аз ишон пурсидем, ки оё ваќте бо Саймуъмин Ятимов дар заминаи заминфурўшиву порагирї суњбат до-штаед, ў далел пурсид ва шумо чї љавоб додед, Љ.Кабиров масъаларо шарњ дода гуфт: ду њамсоя дорад, яке нодор бо чањор сунњору наберањо ва дигаре пулдору молдор. Њамсояи пул-дор тавониста, ки соњиби чор ќитъаи замини наздињавлигї шавад, вале њамсояи бенавову бечораи дигараш имконе надоштааст, ки њатто як ќитъаи заминеро барои фарзандони соњиби оилаву фарзанд барояшон дарёфт на-мояд.

Ин масъаларо ишон љиддї гириф-та, таъкид мекунад, ки Љаноби Олї борњо, њатто дар Паёми ахири худ гуф-тааст, заминњои обї ва “президентї” барои киштукоранд. Вале маќомот бо сўистифода аз мансаб ин гуна заминњоро мефурўшанд ва тавре иќрор њаст, гўё бо як корманди хада-моти амниятии Кўлобшањр њамкорї дошта, ки ў рўйхатеро дар ихтиё-раш ќарор додааст. Дар ин рўйхат оилањое хилофи ќонун соњиби замин шудаанд, яъне онњо ниёз ба замини наздињавлигї надошта бошанд њам, бо василаи пора соњиби замин шудаанд. Дар њоле ки ниёзмандон интизори да-рёфти ин гуна ќитъаи заминанд.

Дар мавриди ба фурўш гузош-тани заминњои обї Љ. Кабиров бо Асадуллоњ Рањмонов, раиси кумитаи телевезион ва радиои назди њукумати ЉТ њам суњбат намудааст ва љаноби А. Рањмонов бонуи хабарнигореро аз шањри Кўлоб муваззаф сохта, ки ин масъаларо барои намоиш дар ТВТ дунбол намояд. Баъди анљоми кор хабарнигори мазкур ба як амалдори кўлобї гуфтааст, агар ин наворро ба намоиш гузоранд, чандин нафар ба мањкама кашида мешавад.

Ба њар њол, аз маводи тањияшуда, танњо пораеро дар ТВТ пахш кардаан-ду халос.

Љ. Кабиров суњбати худро бо ха-барнигори “Наљот” суоломез идо-ма дода мегўяд: Чаро дар манотиќи алоњидаи Тољикистон хонањоеро, ки гўё ѓайриќонунї сохта шудаанд, тах-риб месозанд, вале њатто хонаеро, ки дар заминњои обї ва “президентї”-и харидашуда дар минтаќаи Кўлоб сохта шудааст, вайрон намесозанд?

Зеро, мегўяд сокини љамоати “Кўлоб”, маќомот аз “мафияи кўлобї”-њо метарсанд. Бубинед, дар заминњои “президентї” хона месозанд, аммо касе љуръати интиќод гирифтани ин амалро надорад. Њамчунин ишон ќайд мекунад, ки Олими Зайд ва Бобохо-ни Салим, ки заминфурўши кардан-ду мекунанд, пуштибони худро дар долонњои Маљлиси намояндагон њам доранд.

Ў бо дард мегўяд, дар Тољикистони азиз њамагї 7%-и замин обї ва кора-манд, вале масъулини љамоатњо њамин 7%-ро низ ба фурўш гузоштаанд, агар ин кор идома ёбад, дигар дар маври-ди заминњои обї ва корам њарф задан маънї надорад.

Аз њама њарфи љиддии Љ.Кабиров ин аст, ки ў бо далел дар бораи истифода шудани 7 га замини хољагии дењќонї дар љамоати “Кўлоб” њамчун “Авто-дром” њарф мезанад. Яъне гўё яке аз фарзандони рањбарияти давлат ин заминро мањз барои сохтмони њамин гуна марказ аз худ кардааст.

Сокини љамоати “Кўлоб” бо хитоб унвонии Љаноби Олї мегўяд: Шумо сардори давлату ѓамхори давлат ме-бошед, ваќте фарзандони маќомоти олии кишвар бо ин тарз амал меку-нанд, оё оќибати кор чї мешаваду таќдири заминњои обї ба чї анљом ме-ёбад?

Љ. Кабиров ќазияи заминфурўширо дар минтаќаи Кўлоб идома дода иќрор мекунад, ки Зоир Ќурбонов, як кор-

манди Кумитаи заминсозии шањри Кўлоб њам дар фурўши заминњо даст дорад. Барои мисол, хирмани пахта-еро бо роњњои номаълум ба нафаре фурўхтааст, дар ин маврид Љ.Кабиров ба прокурори Кўлоб шикоят бурда бо-шад њам, кадом натиљае надодааст.

Мушкилоти Возењ Ва Ба МањкаМа кашиДаНи Љ.каБироВ

Аз суњбат бо ин марди хастанопа-зир ва сокини ноњияи Кўлоб љанбаи дигари рўзгораш ошкор мешавад, ки барои ошкорбаёнї маќомот ўро фи-шор оварда, њатто бо “пайдо кардани далел”-е ба мањкама њам кашидаанд. Яъне духтари ў гўё мактабро тарк кар-дааст. Аммо ишон ин “даъво”-ро шарњ дода мегўяд, духтараш зимни хондан дар синфи аввали мактаб дар дасто-наш озах пайдо мешавад ва њамсолон нисбати ў нафрат пайдо мекунанд. Па-дар ба табобати кўдак шурўъ мекунад, аммо табобат ваќте анљом мегирад, ки њамсолон аллакай синфи дувумро хатм мекунанд. Маъмурият ин духтар-чаро дар синфи савум ќабул намеку-над ва пешнињоди такроран дар синфи якум хонданро медињанд. Вале кўдак аз талабањои синфи аввал, ки ду сол аз ў хурданд, шарм дошта, ба мактаб намеравад ва бо њамин сабаб аз мак-таб канор мемонад.

Мањз бо њамин камбуд Љ.Кабировро ба мизи мањкама мекашанд, он њам бо дастури раиси љамоати “Кўлоб”. Суд ўро барои пардохти ќариб 8 њазор сомонї ба буљаи давлат њукм меку-над. Оќибат бо радду бадалњои зиёди Љ.Кабиров љарима камтар мешавад ва њамин тавр бањси он аз байн меравад.

Њамзамон мушкили дигареро њам дар муќобили ў пеш гирифтаанд, ба фарзандаш, ки хидмати аскари-ро ќариб ду сол ќабл анљом додааст, билети њарбї намедињанд. Ў бо ин масъала ахиран ба Вазорати дифоъ мурољеъ шуда, ки дар он љо ваъдаи њалли масъаларо додаанд.

ХулосаАз суњбат ва суолу посухи љанбањои

мухталифи зиндагиномаи Љўрахон Кабиров чунин натиља бармеояд, ки навиштањои боло дарди дили нафари муборизе мебошанд бањри адолат ва њаќиќат, агарчи диду назар ва мавќеи љонибњои дигар ин љо истифода нашу-данд. Албатта онњо ин њаќро доранд, агар дар ин маврид њарфи гуфтание дошта бошанд.

Тавре дар боло ишора рафт, Љ. Ка-биров њанўз аз замони наврасї њаќро дар рў ба рўи масъулин мегўяд, вале агар то замони хушунату рўёрўињои солњои 90-ум даъвоњо суде мебахши-данд, њоло ба гуфти ў, шикоят кардан “ба гўши фил Ќуръон хондан”-ро мемо-над.

Ишон бо суол ин ќисмат аз суњбати хешро анљом мебахшад, ки чаро амру дастурњои роњбари давлат мустаќим иљро намешавад? Чаро гуфтањои Шерхон Салимзода ваќте амалї намешаванд, тафтишот анљом на-мегирад? Магар бо ин гуна амру дастурњои ноиљро мушкилот аз байн мераванд? Оё маќомот муваззаф не-станд, ки барои мушкилоту камбудињо ва ноъадолатињои пайваста дар наз-ди мардум љавоб бигўянд? Оё таърих онњоеро, ки даст ба хиёнат мезананд, фаромўш месозад?

Бо ин њама суолњо, Љ.Кабиров як посух дорад: агар амру дастуроти роњбарияти давлат амалї намеша-ванд, эњтимолияти ба харобї бурдани Тољикистон афзоиш меёбад....

КИШвАРРО ба харобї мебаранд

Ба љои муќаддимаЉурахон Кабиров, сокини љамоати “Кўлоб”-и ноњияи

Кўлоб, њанўз аз замони наврасї, яъне беш аз 50 соли умри худро дар мубориза ба беадолатињо сипарї кардааст. Ва ба хотири расонидани шико-ят ба таври шифоњї ва хаттї дари чандин идо-раву ташкилотњои њуќуќї ва маќомоти давлатиро низ кўфта бошад њам, дар бисёр њолатњо ўро аз ин гуна љойњо рондаанд. Гузашта аз ин, ба чандин нашрияњои давлатї мурољеъ шуда бошаду натиљае ба даст наоварда бошад њам, бо вуљуд, навмед нест ва тасмимаш як аст: то ахири њаёт, то он даме љон дар рамаќ дорад, ба беадолатињо мубориза меба-рад.

вОЌеъИЯТ

Page 5: ํНаҷот №35

28 августи соли 2014 5www.nahzat.tj

Ва тавре аз хабар дар сомо-наи “nahzat.tj” бар меояд, миё-ни тарафњо оид ба вазъи кишвар ќабл аз интихоботњои соли 2015, омадагињо ва ширкати љавонону бонувон дар ин маъракаи муњимми сиёсї ва дигар масоили мавриди таваљљуњ табодули афкор доир гардидааст.

Дар зимн, намояндаи САЊА доир ба барномаи њамкории ин нињоди байналмилалї бо ањзоби сиёсии Тољикистон изњори назар карда-аст.

Муовини рањбари ЊНИТ дар ро-

бита ба омодагии њизб ба инти-хобот, даврањои омўзишї барои масъулини мањаллии њизб ибро-зи назар намуда, њамкорї бо ин нињоди САЊА-ро судманд ва кумак-кунанда дар раванди омодагињо ба интихобот арзёбї намуд.

Аммо њамчун раиси Ситоди омо-дагии њизб ба интихоботи парлу-монии 2015 аз раванди назорати интихоботњои ќаблї аз тарафи созмонњои байналмилалї, ба вижа САЊА, инчунин кишварњои њомии демократия интиќод гирифт, ки онњо танњо бо нашри баёнияву

изњорот ва пешнињоди тавсияњо иктифо менамоянд, дар сурате ки тавсияњояшон барои демокра-тикунонии љомеъа ва баргузории интихоботњои минбаъдаи шаф-фофу озод аз тарафи њукумати Тољикистон ба инобат гирифта на-мешаванд.

Дар њамин маврид Файзи-нисо Воњидова, њуќуќшиноси тољик мегўяд, ки воќеан кулли институтњои љомеаи шањрвандї, хоњ ватанї ва хоњ байналмилалї ва њатто дар сатњи кумитањои гу-ногуни СММ танњо њуќуќи додани тавсияро доранд ва иљрои он ал-лакай барои њар як њукумат воба-ста ба фарњангу масъулияти хеш дар назди ин нињодњо мебошад.

“Тољикистонро боре дар таљриба надидем, ки чунин тавсияњоро ба инобат гирифта бошад. Мо-доме ки тавсияњои кумитањои СММ, ки Тољикистон низ шоми-ли он мебошад аз мадди назари њукумати кишвар берун мемонад, ин аз бепарвої, нописандии СММ ва фарњанги пасти масъулини њуќумати кишвари мо шањодат медињад. САЊА низ истисно нест”, гуфт Файзинисо Воњидова.

Ба гуфтаи номбурда, САЊА аз њамаи интихоботњои Тољикистон назорат мекунад ва баъди анљоми он гузориш њам медињад, аммо масъулини тољикро парвое надо-рад ва худи САЊА низ њеч тасмиме марбут ба пайгирии гузориши худ надораду аз масъулин њам тала-би иљрои онро надорад, биноба-рин интиќоди Мањмадалї Њайит сад дар сад дуруст аст. Њамчунин дар Тољикистон мансабдорон ва масъулин чун хуб медонанд, ки баёния ва ё хулосаю гузориши институтњои љомеаи шањрвандї ва байналмилалї танњо характери тавсиявї дорад, дар иљрои ќонун ва вазифањои худ беэътиної зоњир менамоянд.

Коршиносон мўътаќиданд, ки ваќте аз фаъолияти ину он инсти-тути байналмилалї нафъе ба њоли мардум намерасонад, њољате ба идомаи фаъолияти бењудаи онњо нест.

Дар њамин бора Абдулфаттоњ Шафиев, коршиноси тољик мегўяд, кайњо ваќти он расидааст, ки САЊА-ро банданд, чун њељ коре аз дасташ њам намеояд ва бозичаи геополитика гардидааст. Номбур-да аз он изњори тааљљуб мекунад, ки САЊА худ тамоми кишварњоро ба шаффофиятњо фаро мехонад, вале худ шаффофиятеро дар фа-ъолияташ нишон намедињад. Ба гуфтаи Абдулфаттоњ Шафиев, САЊА ба созмоне мубаддал гарди-дааст, ки њар гоње баёнияе дињад, кишварњои узваш агар он баёни-яро хуш надоштанд, аз рўи зар-булмасали «....корвон мегузарад» амал мекунанд.

“Шояд инљо мушкили кадрњо низ вуљуд дорад ва онњое, ки дар САЊА чї дар сатњи миллї ва чї дар сатњи байналмилалї кор ме-кунанд, на он ќадар вазифањои худро хуб анљом медињанд. Шояд иллати ба кор љалб нагардидани кадрњои хуб дар он аст, ки шароит ва маоши хуб барои мутахассисо-ни сатњи байнулмилалї ва миллї пешнињод намешавад ва ин со-змон ба коршиносон љолиб нест”, афзуд Абдулфаттоњ Шафиев.

Ёдовар мешавем, ки якбору дубор не, дањњо маротиба дар интихоботњои парлумониву пре-зидентии Тољикистон созмонњои байналмилалие чун САЊА аз таќаллубу тахаллуфњои ошко-ри интихоботї парда бардош-танд. Дар натиља бо ошкоршавии сиёњкорињои интихоботњои киш-вар, дигар обрўе барои Тољикистон дар арсаи интихобот боќї намон-дааст.

Шуњрат Набиев

Мурофиаи навбатие дар дохили боздоштгоњи КДАМ ахиран доир гардид, ки онро оѓози «баррасї»-и парвандањои нави Зайдуллоњ гуфтан мумкин аст.

Наздикони ин марди усту-вор ва озода гуфтанд, дар ин мурофиа дархости Ољонсии мубориза бо фасод, ки тамдиди муњлати нигоњ до-штани Зайдуллоњро дар боздоштгоњ таќозо дорад, баррасї карданд ва танњо нафаре, ки ба њайси вакили мудофеъ ширкат варзид, Исњоќ Табаров мебошад.

Таври маълум, ду ва-кили мудофеъи дигари Зайдуллоњ бо њар роњу ва-сила канор бурда шуданд, њатто нисбати њар кадоме аз онњо парвандаи љиної њам боз шудааст.

Парвандањои нави Зай-

дуллоњ, ки дар бораи онњо дар ВАО иттилоъ пахш шуд, бар асоси моддањои 245 (аз-худкунии мол ба миќдори махсусан калон) ва 340 (сох-такории њуљљатњо)-и кодек-си љиної тањия шудаанд, ки ба ширкати «Тољсохтмон-байналмилал» рабт меги-ранд, ширкати сохтмонии маъруфе, ки рањбарии онро Хайруллоњи Зайдуллоњ ба зимма дорад.

Вале Ољонсї дар шарњњои ќаблии худ Зайдуллоњро “роњбари ѓайрирасмї”-и ин ширкат дониста, мегуяд, ширкати ў њангоми сохтани бинои 22-ошёнаи “Душанбе-Плаза” ба сирќати маблаѓњои будља даст задааст. Агарчи ин иттињом нав нест ва моњи майи соли 2013 њам алайњи Зайдуллоњ бо ишорањои но-зуке садо дод. Зайдуллоњ

ин иттињомро дар пай рад кард ва бо њамин ин масъ-ала хомўш шуд. Аммо ин дафъа Ољонсї дар тањияи парвандаи нав эњтимол ка-дом маќсадњои дигареро низ дар назар дорад.

Њоло яке аз њарфњои ин иттињоми ба истилоњ нав ба хотири тамдиди замо-ни нигањдошти Зайдуллоњ дар боздоштгоњи КДАМ мебошад, яъне барои доирањои манфиъатхоњ боќї мондани Зайдуллоњ дар боздоштгоњ бењтар аст. Аммо маълум нест, ки ин гуна тамдидкунињо дар ќонунгузорї меъёри худро доранд ё хайр? Дар њоле ки чанде пеш додгоњ барои тамдиди њузури Зайдуллоњ дар боздоштгоњи КДАМ њукм карда буд.

Ба њар њол, додгоњ бо

дарназардошти «хоњиш»-и Ољонсї замони нигањдошти Зайдуллоњро дар боздоштгоњ тамдид кард, вале ин тамдидкунињо танњо ба як хотир аст, тўлонитар мондани Зайдуллоњ дар

боздоштгоњ ва аз нигоњи равонї хаста сохтани ў.

Дуъо мекунем, ки Худо-ванд ин ѓаразњои нопокро рафъ сохта, тамдидкунињоро боиси озодии Зайдуллоњ би-гардонад, омин.

Зайдуллоњро ба додгоњ бурданд, вале…

Фаъолияти бењудаи САЊА дар Тољикистон

Рўзи 20-уми август Муњаммадалї Њаит, муовини рањбари Њизби Нањзати Исломии Тољикистон, њамзамон раиси Сито-ди омодагї ба интихоботњои Маљлиси Олї ва маљлисњои мањаллї дар дафтари марказии њизб доктор Марчин Ва-летский, раиси шуъбаи Дафтари институтњои демократї ва њуќуќи башари САЊА оид ба масоили демократия ва сиёсати гендериро ба њузур пазируфт.

ИНТИЗОРї

Page 6: ํНаҷот №35

www.nahzat.tj28 августи соли 20146

Аммо бо омадани идеологияи коммунистї ба ин сарзамин, марка-зи тамаддуни ин миллат ба як доѓи сиёњи миллї табдил ёфт. Яъне як гурўњ тамоми мушкилоти иљтимоиву аќибмондагии иќтисодиро дар вуљуди марокизи илмии Бухо-ро диданд. Ин љо аввалин тазоду таноќузњо арзи вуљуд пайдо кар-данд. Агарчи Шўравї ин сарзамини соњибтамаддунро тасарруф кард, њатто хати миллатро аввал ба ло-тин ва баъдан ба сириллик табдил дод, аммо боз њам осори гузаштаго-ни миллатро ба куллї аз байн бурда натавонист. Аммо бо барномањои «сењрангез» ба осори гаронбањои гузаштагон љомаи коммунистї пўшонд. Ин бор њам мардум ги-рифтори як таноќузу тазод байни арзишњои воќеъии осори гузаштагон дар заминаи динї ва таъвили он аз дидгоњи атеистї шуданд. Ба ибораи дигар, миллати тољик байни њувияти динї ва атеистї саргардон монд ва њувияти собити хешро шакл дода натавонист.

Як гурўње аз њокимон ва ид-даи дигаре аз тањсилкардањои донишгоњњои олии Шўравї худро бо «њувияти навпайдо» татбиќ на-муданд. Аммо аксарияти мардуми оддї дар баробари надоштани та-вони коркарди њувияти динии худ, дар чорчўбаи низоми љадид њам ин њуввият рушд дода натавонистанд.

Шояд баъзењо интиќод кунанд, ки миллати мо њувияти динии худро њифз карда тавонист, вале бояд иќрор шуд, ки ин њифз карданњо њамон гир мондан дар як маќтаъи замонии хос будааст, ки бо замо-ни нав худро шукуфо карда на-тавонист. Чунки аз як тараф, дар китобњои Тољикистони шўравї осо-ри насриву назмии онњоеро, мисли Рўдакї, Сино, Сомонї ва Айнї ме-

хонданд, ки парвардаи марокизи илмии Бухоро буданд. Аз тарафи дигар, њамин марокизи илмї ва ни-зоми омўзиширо дар њамон китобњо њамчун зиддиинсонї ва аќибмонда муаррифї мекарданд.

Дар тамоми давраи таърихи давро-ни шўравии миллати мо шахсиятњое ифтихорофарин буданд, ки ба гу-нае бо низоми омўзишии Бухоро рабт доштанд, барои мисол, Сотим Улуѓзода, Љалол Икромї ва баъд-тар Камол Айниву Муњаммадљон Шакурї бо Бухоро ва низоми омўзиши он пайванд мехўрданд.

Баъд аз фурўпошии Шўравї ва бо иродаи дигарон зиндагї карданро барои миллат ошкор сохт, ки њатто нухбагони миллат дучори буњрони њувият шуданд. Фурўпошии низо-ми 70- солаи коммунистї дар зењни онњо низ шакку тардидро нисбат ба идеологияи атеистї ба вуљуд овард ва оњиста-оњиста аз он идеология фосила гирифтанд. Зеро нокорома-диаш барои њама ба исбот расид. Аммо дар муќобил њам намехостанд арзишњои исломиро њамчун усулњои иљтимої ќабул кунанд, зеро дар муд-дати 70 сол њамеша бо ин арзишњо мубориза бурдаанд.

Бинобар ин, дар даруни худ дар љустуљўи меъёру арзишњое шуданд, ки битавонанд ба гунае худро бо он пайванд дињанд. Њама гуна арзи-шу меъёрро ќабул доштанд, муњим

дар муќобили дин будани ин арзишу меъёрњо буд, зеро ин гурўњ шикасти идеологї ва љањонбинии худро аз тарафи дин мепиндоштанд. Аз ин хотир, дар зењни худ аз дин раќиб тарошиданд ва дар тўли ин чанд сол

тамоми талошњоро ба харљ доданд, ки аз таърихи 1500- солаи миллати худ гузар карда, низоми арзишї ва меъёрњои иљтимоиро дар гузаштаи 2500 соли пеш љустуљў намоянд, яъне аз партовгоњи таърихи 2500 соли пеш чизе пайдо бисозанд. Шио-ри ориёї буданро матрањ карда, «бо миллигарої» худро дар муќобили арзишњои динї устувор ќарор до-данд, аммо эњсос карданд, ки ин ме-ъёр тавони муќобиларо надоштааст. Дар пай рў оварданд ба Зардушт ва дини ў, хостанд динро дар муќобили дин ќарор дињанд, аммо ин бор њам муваффаќ нашуданд. Зеро зардуш-тият дини замону макони хос буд ва тавони муќобиларо надошт, чун чан-дин дини осмоние омаданду онро мансух карданд. Роњандозї кардани раќобати Зардушт бо Ислом маъние надошт, зеро Ислом охирин дини ос-монист ва тавони ба воќеъияти рўз буданро њам дорад.

Ба њар њол, озмоишњо болои миллатро идома дода истодаанд ва фазои идеологии кишвари мо њиљ аз њолати озмоишї берун на-рафтааст. Мисли дар озмоишгоњ будан, сари њар чанде мехоњанд болои ин миллат идеяи наверо оз-моиш кунанд. Њоло бо тарњи дубо-раи андешањои атеистї, вале бо номи “Љањонбинии оянда” озмоиши

дигареро роњандозї карданианд. Дар њоле ки ин миллат на танњо ба ин њама озмоишњо ниёз надорад, балки аз онњо безор њам шудааст. Ба љои фирор аз воќеъиятњо, бояд байни арзишу шахсиятњои маври-

ди ифтихор њамоњангї эљод кард. Намешавад, ки бо Синову Ѓаззолї, Бухориву Рўдакї, Абуњанифаву Љомї ва Ањмади Дониш ифтихор до-шта бошему арзишњои идеологии онњоро душмани миллат муаррифї намуда, алайњи ин арзишњо мубори-за барем. То кай бо дуруѓу найранг дар дохили осоре, чун «Маснавї», «Шоњнома», «Бањористон», «Наводир-ул-ваќоеъ», девони Њофиз ва «Гулистон»-у «Бустон» андешањоеро мељўем, ки зиддиди-нии соњибонашон бошанд?

То замоне байни шахсиятњои таърихї ва арзишњои динии онњо робитаи дуруст барќарор намеша-вад, улгуи дурусте барои ташакку-ли њувияти љавонон пешнињод кар-да наметавонем. Намешавад њама чизро бо инкор ва мамнуъ кардан аз байн бурд ва чизи дигареро бо иљбору тањмил ба љои он ба вуљуд овард!

Албатта, ислоњталабињои Синову Ањмади Дониш ва дигаронро дар за-мони худ набояд инкор кард. Зеро онњо низ дар он замон барои ислоњи љомеъа талош карданд, вале тало-шашон барои ислоњи арзишњои динї буд, на азбайн бурдани онњо. Ин њам мавзўи муњим аст, вале бањсашро ин љо лозим намебинем.

Хулоса, ваќте бар рўи тамаддуни 1500 соли гузаштаи худ хати бутлон кашиданро идома медињему идеяи миллиро дар ќаъри таърихи 2000 соли пеш љўё мешавем, танњо тазод ва таъоруз дар арзишу меъёрњои идеологиро бештар мекунему бас. Њамчунин агар дубора дар фикри афсонаи коммунизм ё њоким карда-ни њувияти атеистї дар љомеъа бо-шем, боз њам ин риштаи ѓафлатро бояд аз гўш бикашем.

Ба љои ин њама «талошу зањматкашињо» бояд дар фикри он буд, ки байни фитрат, воќеъият ва арзишњо робитаи дуруст барќарор шавад. Инсон фитратан дар љустуљўи дин мебошад ва воќеъият ин аст, ки аксарияти мардуми мо мусалмонанд. Пас бояд арзишњо њам мутобиќ ба ин ду вижагї шакл бигиранд. Њаргоњ байни ин ду асл њамоњангї ба вуљуд биёяд, њувияти миллї ба зуддї шакл гирифта, рушд хоњад кард.

Дар ѓайри сурат боз њам чандин соли дигар дар њолати њайрониву саргардонї боќї мемонем, махсу-сан насли оянда бо вуљуди чунин тазодњо наметавонад як њувияти миллии собите барои худ пайдо на-мояд, ки ин аст хатари љиддї барои миллату кишвари мо дар дурнамои наздик.

Бобољон Ќаюмзод

ТАЉРИБАЊО

ва улгутарошињои бепоя ё нигоње ба буњрони њувият дар љомеъаи кишвар

Башар дар тўли таърих њамеша дар њоли такомул будааст. Дар бархе мавори-ду шароит ин такомул суръ-ати болотаре доштаву пеш-рафти фаровоне кардааст, вале дар бархе љавомеъи дигар тазоду таноќузњо са-баби гир мондани њувиятњо дар як маќтаъи хос гар-дидаанд. Љомеъаи мо аз љумлаи њамонњоест, ки та-зоду таноќузоташ фаровон будааст. Замоне мардуми мо бо дониши аљдодони худ ифтихор мекарданд ва Бухороро њамчун маркази тамаддуни исломї мешинох-танду бо ѓурур аз он ёд ме-карданд, њоло њам њастанд баъзењое, ки аз ин марказ ва ин тамаддун бо ѓурур ёд мекунанд.

АНДеША

Page 7: ํНаҷот №35

28 августи соли 2014 7www.nahzat.tj

Муддатест, ки сањифањои рўзномањои давлатию ѓайридавлатиро маќолањои сар то по туњмату буњтон дар њаќќи Њизби Нањзати Исломии Тољикистон ва роњбарияти он фаро гирифта, ќариб ба њукми одат даромадааст. Муаллифони маќолањо гоњ аз инќилобњои кишварњои арабї мисол мезананд, гоњ аз созмонњои исломии Ихвон-ул- муслимин ва дигар њизбњои исломии љањон ба бадї ёд мекунанд, гоњ ба сўи њаракати ЊАМОС, ки дар баробари лашкари хуношоми ѓосиби Исроил ба дифоъ аз марзу буми хеш усту-вор истодаанд, санги маломат меандозанд, гоњ мавзўи даргирињои дохилии Сурия, Либия, Ироќ, Афѓонистон ва Украинаро барои ибрат гирифтан мисол меоранд ва билохира ба љанги пасисаршудаи дохилии Тољикистон бармегарданд ва дар кулли ин масоил Ислому мусалмононро гунањгори аслї дониста, билохира санги маломатро ба сари ЊНИТ мезананд ва хонандаро (агар он рўзномањо хонанда дошта бошанд) ба њарос оварданї мешаванд. Баъди жожхоињо ва сафсатасароињо хулоса мекунанд, ки бояд фаъолияти ЊНИТ боздошта шавад, ЊНИТ фаъолияташро хотима дињад, Ислом ба њизб эњтиёљ надорад ва монанди инњо. Аз њама аљибаш ин ки хулосаи њамаи матолиб як чиз аст.

Ваќте њамаи ин навиштањоро аз на-зар гузаронї ва дар радифи инњо намоишњои бо маќсади бадномкунии як ќишри љомеа ва тањќири миллати тољик сањнасозишудаи телевизиониро тамошо кунї, ба чунин хулоса хоњї омад: Чанд на-фари ангуштшуморе, ки аслан мањруми табиати солиманд, вале бо њазор макру њиял дар нињодњои алоњида ба маќоми садрнишинї расидаанд, аз буѓзу адовати нисбат ба арзишњое, ки бо Худо, њаќиќат ва ахлоќ алоќа доранд, муборизаи ошти-нопазир бар алайњи Ислому мусалмонон-ро, ки мутобиќ ба хости шахсї ва муќтазои табиати онњост, ба наќша гирифта, ба он ранги фаъолияти нињодинаи њукуматї дода, кулли зердастонашон, аз љумла ќаламбадастони чоплусу тамаъпешаро низ ба ин љабња сафарбар кардаанд, то барои тањаќќуќ ёфтани маќсади худ фа-зои муносиб фароњам биёранд. Эшон аз ин наќшаи тарњрезикардаи хеш чанд фоидаро интизоранд: 1. Аз олами ѓарб, ки бо Ислом мушкил дорад, маблаѓи њангуфт ба даст меоранд. 2. Мардуми кишварро ба “худї” ва “бегона” људо кар-да бо хиёнат кардан ба миллат эътимоди онњоро нисбат ба њукумат ва Президен-ти кишвар коњиш дода, дар дохил барои расидан ба ќудрат заминагузорї мена-моянд. 3. Амри хољагони берунмарзии сањюнистмаобашонро тибќи хостањои онњо анљом дода, роњи расидан ба маќоми аввали кишвар ва ишѓоли тахту тољро бо дастгирии абарќудратњо њамвор месозанд.

Вале ќаламбадастон ва дигар афроди дастбакоршуда ба љуз кашидани бори зиллату бењайсиятии муздурї ва пойбўсї ба ивази маблаѓи хўру намур, њосили ди-гар надоранд. Барои ин тоифаи мањруми неруи ташхисдињанда фарќ намекунад, ки хидмати чї касеро анљом медињанд. Њадафи аслии эшон сер кардани наф-си њайвонияшон аст. Солњои тўлонї аз њизби коммунист ва њукумати шўравї чу-нон содиќона дифоъ мекарданд ва онро њизби љонољон мехонданд, ки њангоми васфи онњо кафки дањонашон ба осмон мепарид. Имрўз аз демократия њамон тавр “содиќона” њимоят ба амал меоранд. Аз ин тоифа њама чизро интизор шудан мумкин аст, њатто худой накарда чинги-зие ба сари ќудрат ояд, инњо ба хидма-ти ў низ омодаанд ва ба сари њар касе хоњанд, санг мезананд. Зеро барои онњо арзишњое мисли ватан, миллат, давлат,

дин ва монанди инњо ќимат андорад. Ин тоифаро мардум хуб мешиносанд, дар солњои њукмронии њизби коммунистї мањз ба иллати хидмати хирсонаи њамин тои-фа буд, ки як кишвари абарќудрати љањон, ки раъйи он дар љомеаи байналмилалї наќши њалкунанда дошт, аз по афтод ва аз харитаи љањон ба тамом мањв гашт. Як хидмати хирсонаи ин тоифа инсонњо ба њукумати шўравї ин буд, ки ягон шахси озодандеш, баору номус ва кадри милли-ро чашми дидан надоштанд ва шабу рўз бо тамоми тавонашон мекўшиданд, ки аз ў душмани њизби коммунист ва давлати шўравї битарошанд. Имрўз шогирдону пайравони њамон тоифа дод аз миллату ватан ва фарњангу тамаддуни миллї ва низоми демократию давлати њуќуќбунёди дунявї мезананд ва ќаламбадастони чо-плусашон фарзандони фарзонаи милла-тро зери ин шиорњои бодабдаба бадном кардан мехоњанд. Њисси “ватандўстї” ва “миллатхоњ”-ии онњо то рўзи бозниша-стагии эшон идома хоњад кард. Бо на-здик шудан ба синни нафаќа аз насли пешинашон пайравї карда, рў ба сўи кишвари ќудратманд меоранд ва иф-тихори шањрвандии онро касб намуда, нафаќаро аз он љо мегиранд ва мисли насли пешинашон њар љо биншинанд ва бо касе њамсуњбат шаванд, бо ифтихор хоњанд гуфт: “Њазор доллар нафаќа ме-гирам ва барои фарзандону наберањоям шањрванди фалон кишварро гирифта-ам”. Бинобар ин, набояд аз гуфтањои онњо тааљљуб кард, чун эшон на мизони њаќиќату адолатро мешиносанд ва на чи будани ватану миллатро. Меъёри зинда-гии онњо аз кадом роње набошад канда-ну хўрдан аст. Инсонњои оќилу фањмида аслан фирефтаи “зинда бод”-гўињои ин тоифаи мардум намегарданд ва рўи онњо эътимод намекунанд.

Барои исботи сафсатахонї ва туњмату буњтон будани навиштањои онњо чанд мисол кифоя аст. Муаллифи маќолаи “Наќшањои пинњонии ЊНИТ” Самаридди-ни Ќиём (Дар сомона 19,08,2014 №163) навиштааст: “Ба назар чунин мерасад, ки ЊНИТ давоми дасти хунолудаи шабакаи “Ихвон-ул-муслимин” аст ва ё тавассути шабакањои исломии Фатњулло Гулен ба Ќасри Сафед мепайвандад. Вагарна њар нафаре, ки аќли солим дорад, дарк меку-над, ки мушкилињоро бо љангу куштор њал карда намешавад”.

Бояд гуфт, на дасти “Ихвон-ул-маслимин” ба хуни дигарон, балки дасти низомињои ѓосиби Миср, ки њукумати аз роњи интихобот ба сари ќудрат омадаро аз дасти роњбарони конститутсионии он ѓасб кард, ба хуни ихвонињо олуда аст. Њазорон нафар инсонњои њаќманиш аз тири низомиёни Сисї кушта шуданд, њатто хуни занону кўдаконро резонданд. Додгоњи њукумати ѓосиби Сисї ба як бор 500 нафару 600 нафарро њукми ќатл дод. Созмонњои байналмилалии њуќуќи башар об дар дањон гирифтанд, имрўз инсоне ба номи Самриддини Ќиём бо љонибдорї аз золимон нашармида дасти “Ихвону-ул-муслимин”-ро хунолуд мехонад.

Бо таваљљуњ ба ин ибораи муаллиф, ки менависад: “Ба назар чунин мерасад”... њар шахси соњиби аќлу тамиз беихтиёр аз њамнишинаш мепурсад: Оё ба назари касе чизе расидан метавонад далели љангхоњии ЊНИТ бошад? Танњо одамо-ни гирифтор ба бемории молихулиё гоњо шадидан хаёлњои бењуда мекунанд ва ба њама чиз бадбин мешаванд.

Њамин муаллиф љои дигар менависад: “Барои ЊНИТ ва њамсангаронаш муњим нест, ки бо инќилобхоњиашон мардумро ба чї вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муњим он аст, ки ќудрати сиёсиро ба даст

оранд. Оё онњо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роњ ба њукумат расидан чї паёмадњое дар пай хоњад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми љангњои беохир мекашанд ва таќдири Мисру Либия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?”

Маълум аст, ки муаллифи ин маќолаи сар то по буњтону туњмат ё аслан дар бораи ЊНИТ маълумот надорад ва Оин-номаву барномаи онро боре њам нахон-дааст ва њар чи хољагонаш фармудаанд, онро менависад, ё воќеан дар туњмат задан бењамтост. Оё роњбарияти сатњи боло ва миёна ва њатто ягон узви ќатории ЊНИТ боре дар љое даъво кардааст, ки онњо инќилобхоњанд?! Чаро бидуни кадом далели мушаххас бешармона њизберо, ки сиёсати сабру тањаммулро пеш гирифта-аст, ин гуна туњмат мезанад ва бо эљоди тарсу вањм амнияти мардумро халалдор месозад!? Ё шояд худи муаллиф ин гуна хоњиш дораду ба дигарон талќин меку-над!? Як ќатор ќонуншиканињое, ки бархе аз нињодњои њукуматї дар мавриди ЊНИТ, роњбарият ва ќароргоњњои њизб дар вило-ёт ва навоњии љумњурї содир намуданд, љуз иѓвоангезї ва кашидани пои њизб ба фитна чизи дигар набуд. Вале бо ин вуљуд ЊНИТ аз худ сабру бурдборї нишон дод ва тарњи гурўњњои муѓризро наќши бар об кард. Ин аст чењраи воќеии ЊНИТ, на он ки иѓвогарон ќаламдод мекунанд.

Муаллифи ёвагў дар раванди гуфто-ри парешону бесару нўгаш аз љомеаи шањрвандї ва ањли зиё низ чунин гила кардааст: “Бетарафии љомеаи шањрвандї ва ањли зиё аз амалкардњои роњбарон ва пайравони ЊНИТ ва махсусан аз наќшањои фундаменталистии онњо касро ба андеша водор мекунад”. Ба дунболи ин ќишрњои љомеаи кишварро низ зери шубња ќарор дода менависад: “Шояд онњо хомўшона бо ин амалкардњо ва наќшањо њамфикр њастанд. Шояд онњо низ мехоњанд Тољикистон аз зумраи кишварњои љангзада ва ноороме, чун Су-рия, Ироќ, Либия, Украина ва Афѓонистон бошад”.

Аввал ин ки ЊНИТ њељ гуна “наќшаи фундаменталистї” надорад ва инро љомеаи солимфикри кишвар хуб медо-над, бинобар ин намехоњанд ба ЊНИТ мисли ў туњмат зананд. Агар муаллифи “муњтарам” њам зиллати муздуриро ба гардан намегирифт ва заррае љавњари одамият медошт, мисли дигарон ба чаш-ми дуруст ва беѓаразона менигарист. Вале афсус ки молу сарват ва мансабу маќом инсонро кўр мекунад ва ноилољ сафедро сиёњу сиёњро сафед мегўяд ва заррае намешармад.

Нуќтаи дигаре, ки аксари кулли мар-

думи кишварро ба ЊНИТ бадбин на-мекунад, ин воќеияти њол аст, зеро та-моми мардум мебинанд, ки дар дохили ЊНИТ аз мањалгарої, хешутаборбозї ва худбартариятбинї нишоне нест ва дар беруни њизб низ. Нањзатињо њама ашхоси оддї буда, на бо истифода аз мансаб даст ба ришвахорї мезананд, на ќасрнишину кўшкнишинанд ва на аз деворњои хонањо ва аз шишањои сиёњи мошинњои гаронбањояшон бўи сарвати аз роњи њаром гирдомада меояд. Марду-ми кишвар на ба чашми худ дидаанд ва на ба гўшашон шунидаанд, ки нањзатињо касеро бо туњмату буњтон ва љиноятњои сохтаву бофта равонаи зиндон карда бошанд. Бо вуљуди он ки дар васоити ахбори омма ба ягона њизби исломї айбњои зиёд мечаспонанд, вале мардум мебинанд ва хуб эњсос менамоянд, ки нањзатињо мавриди туњмату буњтон ќарор гирифтаанд. Њамчунин на бародарони раиси ЊНИТ, на писарону духтараш ва на ќудою домоду додарарўсонаш тиљорати касеро ѓайриќонунї азхуд менамоянд ва на худи ў худситоию манманї ва яккатозї мекунад. Мардуми кишвар медонанд, ки ягон нањзатї њатто як роњи мўрчагардро пулакї накардааст. Оддитарин фарди љумњурї медонад, ки нањзатињо њељ гоњ ба дастархони соњибхонае дахолат на-кардаанд ва карданї њам нестанд, фазои шодию сурури тўю љашни арўсии касеро халалдор накардаанд, риши касеро на-метарошанд, ба касе туњмати террористу фундаменталистї намезананд, монеъи масљидравии фарзанди касе нашудаанд, замини давлатро мисли моли аз пада-раш ба мерос гирифта намефурўшанд, фарзандони шањрвандонро облава на-мекунанд, писарони ягон нањзатї соатњои 2-3 шаб пойгаи автомобилї карда, ода-мони бегуноњро аз зиндагї мањрум сохта, бегуноњ дониста намешаванд. Ин воќеият аст, мардум воќеъбинанд, шумо њам як бор дар њаётатон ба воќеияти зиндагї ба чашми худатон нигоњ кунед, дигар виљдонатон ба шумо иљоза намедињад, ки ба ин андоза туњмат занед. Агар дар њаќиќат шумо ватандўст бошед, як бор ба хољагонатон бигўед, ки онњо худа-шон инќилобро заминагузорї накунанд, инќилобхоњонро љустуљў кардан фо-ида надорад. Агар шумо ба воќеияти инќилобњои солњои ахири арабї ба чашми инсоф бингаред, мебинед, ки дар пушти њељ яки онњо ягон њизбу созмони исломї ќарор надорад. Мутмаин бошед, ки ЊНИТ инќилоб нахоњад кард, вале ваќте мардум ба љон расад ва паймонаи сабраш лабрез шавад, заминаи инќилоб фароњам меояд, бидуни ЊНИТ њам ин кор рух медињад.

А. Шарифзода

Мутмаин бошед, ки ЊНИТ инќилоб нахоњад кардМАвЌеъ

Page 8: ํНаҷот №35

www.nahzat.tj28 августи соли 20148

Бонки љањонї дар њоле аз боло бурдани арзиши нерўи барќ пешнињод медињад, ки дар 20 соли ахир кишвар дар фасли сармо пайваста ба ин камбуд мувољљењ аст.

Њамзамон ин нињоди молї чан-де пеш дар гузорише пешнињод дода, ки мардуми Тољикистон ба хотири сарфакорї ва надоштани имконоти зарурї дар фасли сармо барои гармї аз таппак истифода намоянд. Вале мантиќи гузориши Бонки љањонї дар њарду маврид номафњум аст. Зеро ваќте имконо-ти мардум пойин њаст, боло бур-дани арзиши нерўи барќ чї маъно дорад? Ё Бонки љањонї мехоњад мардум тамоман аз имкони бањрабардории нерўи барќ мањрум шуда, ба истењсоли таппак ва таъ-сиси корхонањои таппакбарорї саргарм шаванд?

Бо пешнињоди ќаблии ин нињоди байналмилалии молї имсол ќимати нерўи барќ боло бурда шуд, яъне аз 11 дирам барои як киловатсоат ба 12,6 дирам ра-сид. Коршиносон аз он изњори нигаронї карданд, ки чаро дар Тољикистони ба иддаои масъули-наш “дорои нерўи барќи арзонта-рин дар минтаќа”, ќимати барќ сол то сол афзоиш меёбад?

Рўзноманигор Неъматуллоњ Ху-дойбахшев дар нишасти матбу-отии ахири вазири энержї ва за-хоири об чунин суол матрањ кард: чаро арзиши аслии тавлиди барќ, ки њатто як дирамро њам ташкил намедињад, вале боз њам дар фурўши он имконоти мардум ба назар гирифта намешавад ва сол то сол арзиши он боло меравад?

Усмоналї Усмонов, вазири муњтарами соњаи марбута гуфт, боло рафтани нархи нерўи барќ як амри зарурист, зеро бо ин роњ ширкати «Барќи тољик» аз вазъи ногувори иќтисодї наљот пай-до мекунад, агарчи ин болоравї чандон ба фаъолияти ин ширкат таъсири љиддї надорад, аммо ба хотири баргардонидани ќарзњои «Барќи тољик» лозим аст, ки зами-нае фароњам шавад ва ин замина танњо аз њисоби фурўши барќ ба даст меояд.

Ба гуфтаи љаноби вазир арзиши аслии истењсоли барќ шояд дар замони шўравї пойин буд, вале њоло тибќи баррасињои масъу-лин дар соли 2013 истењсоли як

киловатсоъат нерўи барќ бо дар-назардошти «аммортизатсия» ё таљдиди фаннии нерўгоњњо њудуди 10 дирамро ташкил медињад.

Ба њар њол, иддаъои маќомоти кишвар боќист, ки барќи Тољикистон дар минтаќа арзон-тарин аст, аммо ваќте аз нигоњи тањлилї оморњои ахири дар ВАО нашршуда рў меорем, аслан вазъ тавре нест, ки даъвогарон мегўянд, дар минтаќа истифодаи неруи барќи Ќирѓизистон аз њама арзонтар аст. Бо вуљуде ки ин киш-вар дар тобистон камбуди нерўи барќро аз њисоби Тољикистон пур мекунад.

Аммо Бонки љањонї дар идомаи гузориши худ иддаъо карда, ки сокинони Тољикистон болоравии ќимати нерўи барќро танњо дар су-рате хоњанд пазируфт, ки шароити таъмини он бењтар шуда, дар фа-ъолияти «Барќи тољик» њам шаф-фофият бештар гардад.

Пешнињоди болоравии ќимати нерўи барќ аз сўи ин нињоди мо-лии байналмилалї дар њолест, ки масъулини зирабти Тољикистон танњо ба хотири ба даст овардани ќарзњои боимтиёзи Бонки љањонї пешнињоди онро мепазиранд ва пайваста нархи барќро боло ме-баранд.

Вазири энержї ва захоири об мегўяд, имрўз низоми энержии Тољикистон њудуди 1 миллиард доллар ќарздор аст ва масъулин минбаъд бояд дар фикри баргар-донидани ќарз бошанд.

Аммо мушкил сари он аст, ки то њол дар фасли сармо танњо мањдуд шудани интиќоли нерўи барќ ба манозили сокинонро шоњид буда-ем. Сокинони бештари манотиќи Тољикистон, ба истиснои шањри Душанбе ва марокизи вилоятњо дар як шабонарўз аввалан 7-8

соат ва баъдан 4-5 соат барќ да-рёфт мекунанду бас.

Дар њамин њол Усмоналї Усмо-нов мегўяд, бо роњандозии якчанд нерўгоњи хурду миёна имкони таъ-мини ањолї бо нерўи барќ, дар да-воми 5- 6 сол ба маротиб бењтар мешавад, њарф ва муњлате, ки сарвари давлат њам чанд сол ќабл болои он ишора карда буд.

Аксари коршиносон, њатто маќомоти зидахли масъала роњи ягонаи бурунрафт аз бўњрони энержиро дар бунёди нерўгоњи Роѓун мебинанд. Вале бо боло-равии мунтазами ќимати барќ саволе матрањ мегардад, ки оё Тољикистон барои барќи тавли-диаш дар минтаќа харидор пайдо карда метавонад?

Зеро агар, ба ќавли коршиносон, арзиши аслии истењсоли нерўи барќ дар соли 2013 њудуди 10 ди-рамро ташкил дода бошад, пас дар солњои баъдї шояд то 15 ди-рам бирасад, дар ин сурат ќимати истифодаи он барои ањолї њам боло меравад.

Ин дар њолест, ки маќомот даъво мекунанд, бо нерўи барќи арзон дар минтаќа харидори бештаре пайдо мекунанд. Агар њоло нерўи барќи Тољикистон 3-4 сент ар-зиш дошта бошаду арзиши аслии он боло равад, шояд фурўшаш ба хориљ ба 5- 6 сент расад. Дар ин сурат, њатто Ўзбакистон бо истењсоли нерўи барќи аловии хеш бо Тољикистон раќобат карда метавонад. Зеро фурўши барќи Узбакистон ба кишварњои минтаќа то 6 сент буда, аз мо дар њоли болоравї ќарор дорад.

Туркманистон ахиран иддаъо кард, ки барои фурўши нерўи барќ ба кишварњои минтаќа омодааст, аз љумла ба Покистону Афѓонистон ва Тољикистон.

Нуктаи муњими дигаре њам њаст, ки масъулони «Барќи тољик» њанўз соли 2008 аз боло бурдани арзи-ши барќ бо таќозои Бонки љањонї хабар дода буданд. Аммо он ваќт бар асоси барномаи махсус то соли 2010 ќимати нерўи барќро 8,6 дирам ё 2,5 сент мегуфтанд. Вале якбора вазъ таѓйир карду нархи истифодаи неруи барќ ба 12,6 дирам расид ва эњтимол боз њам боло биравад, ки ба њисоби миёна њудуди 3-3,5 сентро ташкил медињад.

Вале соли 2008 арзиши нерўи барќ барои сокинон 3,2 дирамро ташкил медод. Ќаблан 2,4 дирам пардохт мешуд ва танњо дар су-рати истифодаи зиёди неруи барќ нархи он ба 3,8 дирам мерасид.

Њоло таваљљўњ фармоед ба нар-хи истифодаи 1 квт/соъат дар баъ-зе аз кишварњо, яъне нархи неруи барќ:

- дар Ќирѓизистон 1,5 сент, - дар Тољикистон 3 сент, - дар Ўзбакистон 4 сент, - дар Русия 7 сент, - дар Молдова 5 сент, - дар Укроин 4,5 сент, - дар Арманистон 3 сент, - дар Испаниё ва Италиё, Дания

ва Олмон, Њолланд ва Австриё, Португалиё ва Шветсия 10 сент аст.

Мутаассифона, Њукумати Тољик-истон то ин рўз њарчи Бонки љањонї мегўяд, бе чуну чаро онро иљро менамояд, хоњ нархи барќ бошад, хоњ аз об.

Дар ин миён танњо сокинони кишваранд ќурбонї, ки сатњи ма-ишии онњоро зимни афзоиш бах-шидани нархи барќ эътибор ќоил намешаванд.

Шуњрат Набиев

Њукумати “њалќабагўш”-и “Бонки љањонї”

Бонки љањонї аз Њукумати ЉТ таќозо кард, боло бурдани арзиши нерўи барќ як амри зару-рист, аммо шароити таъ-мини нерўи барќ њам ба ањолї бењтар карда шавад.

«ИСТИЌЛОЛИЯТ»

Page 9: ํНаҷот №35

28 августи соли 2014 9www.nahzat.tj

- Идрис, як корбари “Озодагон” навишта-аст: фармони Салимзо-да хилофи Сарќонуни Тољикистон мебошад. Вазири тандурустї њаќќи содир кардани чунин як фармонро надорад, чун

дар Сарќонун, бароба-рии њамаи шањрвандони Тољикистон новобаста аз мањал тазаккур ёфтааст.

Идрис барои њалли ин мушкили пешома-да ва љилавгирї аз ба миён омадани њиссиёти мањалгарої миёни бар-хе аз љавонон дар пайи фармони мазкури вазири тандурустї пешнињод кар-дааст: Њар нафаре бо до-ниши худ 450 бал гириф-таааст, донишљў эътироф карда шаваду нафарони бо имтиёз ќабулшуда, то соли оянда тайёрї би-нанд.

Њамчунин афзудааст, дар сурати ба ин дастур таљдиди назар сурат на-гирифтан, ин амали вазир нобахшиданист.

- “Тамошобин”, кор-бари дигар низ дар шарњи гуфтањои боло навиштааст, ин фармо-ни Нусратуллоњ Салим-зода боиси аз курсии донишљўии Донишгоњи тиббї дур мондани љавонони болаёќат ме-шавад. Њарчанд љаноби

вазир ин имтиёзро ба донишљўёни навоњии маз-кур барои он додааст, ки баъд аз хатми тањсил ба зодгоњашон баргарданд, вале таљриба нишон до-дааст, на њамаи онњо бар-мегарданд. “Имтиёз бояд

умуман бардошта шавад, он лозим нест, танњо во-ситаи дилхунукшавии довталабони арзандаи шањру ноњияњои бекоэф-фитсиент мегардаду ха-лос”.

“Тамошобин” дар идома савол гузоштааст: агар љаноби вазир ба хотири дар оянда бо кадрњо таъ-мин намудани навоњии мазкур ба донишљўёни онњо имтиёз додааст, пас, квота, ки њамасола бар асоси он садњо донишљў ба донишгоњњо дохил ме-шаванд, барои чист?

- Акрам, шарњнависи дигар, ки аз худ њамчун довталаби курсии донишљўии Донишгоњи тиббї аз вилояти Суѓд ном мебарад, гуфта-аст: агарчи 430 холро соњиб шуда буд, ба ин донишгоњњо ќабул на-шуд. Дар њоле ки яке аз њамроњонаш аз ноњияи Данѓара, минтаќаи имти-ёздор тавонист, бо гириф-тани 401 хол донишљўи Донишгоњи тиббї шавад. Чун ба ў бар асоси дасту-

ри вазир 125 холи дигар туњфа кардаанд. Акрам дар шарњи гуфтањои худ изофа кардааст, ки тас-мим дорад дар ин бора ба Эмомалї Рањмон, раиси љумњури Тољикистон ва кафили њуќуќу озодињои шањрвандон шикоят ба-рад.

Дар њамин њол, Саид, яке аз корбарон хостори ба истеъфо рафтани Са-лимзода шуда, гуфтааст: Вазири муњтарам, авва-лан хатогињои сиёсиашро бартараф карда, баъдан ба истеъфо раваду бас.

Аммо Вазорати тандурустї навиштааст: “марњамат, њар нафаре, ки норозї аст, рўзи шан-бе аз соати 8 то 12 рўзи ќабули вазир аст. Мета-вонед бо аризаи хаттї ба вазир мурољиат кунед, андешањои шумо њатман шунида мешавад ва асос-нокии фармон њам ба шумо фањмонда меша-вад. Вазорати тандурустї дар шарњи ин гуфтањо фармони вазирро бар асоси ќонунњои амалку-нандаи кишвар медонад.

Аммо маълум нест, ки “дар асоси моддаи кадом ќонун ин фармон навишта ва чаро бартарият мањз ба донишљўёни Хатлон дода шудааст.

Дар пайи вокуниш ва нигаронии шадиди кор-барон аз ин фармони љаноби Салимзода ва бањси квотаву имтиёзњо њангоми дохилшавї ба донишгоњњои олии кишвар бо суханњои мањалгарої корбаре бо номи “Тољикдухтар”, ки ќисмате аз саргузашти худ бо хоњарашро дар ин бора навиштааст, ишораест аз корњои мањалчигї ва хешутаборбозї. “Салом, хабаргузории Озодагон! Умедворам, ин навиштаи ман рўи чоп меояд. Дар хотир дорам, соли 2006 бо «квотаи президентї» ману хоњарам ба пой-тахт, шањри Душанбе ба Донишгоњи тиббї ва Донишгоњи омузгорї ома-да будем. Ваќте маблаѓи зиёдро сарф карда ома-дему дар рўзњои имтињон хостем имтињон супорем, ба мо гуфтанд, ба шумо

ин имконият нест, чун квотаатонро аллакай ди-гар кас соњибї кардааст. Модари сарсонам њамоно ба ду вазорат: тандурустї ва маориф равон шуданд, вале дар онљо њам гуф-танд, ин квотањоро кайњо ба дигар довталабон до-даанду њукумати ноњия моро фиреб кардааст.

Ин њама сарсонињо гу-зашт, чун дар ин зиндагї хама чиз мегузарад. Њам ман ва њам хоњари дар он рўзњои сарсонї ноу-медгаштаам њоло соњиби касби худ шудем, аммо ноадолатї то њанўз идо-ма дорад. Аз ин маълум мешавад, ки ба умеди ягон кас ё орзуи хом шу-дан лозим нест, чунки дар урфият мегўянд: Аз худат мондї - мурдї!

Барои њамин, њам-диёрони азиз, мањал-гароиро монеду якдигар-ро дастгирї кунед, чун агар рўзи сахт ба саратон омад, на њукумат ва на дигару дигар ба додатон намерасад”.

Гирдоваранда Рањматулоњи Раљаб

вокунишњои зиёди довталабон ва талаби истеъфои вазир

Фармони Нусратуллоњ Салимзода, ва-

зири тандурустї ва њифзи иљтимоъии

ањолии Тољикистон дар мавриди додани

имтиёз ба донишљўёни баъзе аз шањру

навоњии кишвар њангоми дохил шудан

ба Донишгоњи тиббї бо вокуниши сахти

корбарони “Озодагон” рў ба рў шудааст.

Аксари шарњнависон аз ин фармони

вазир шадидан нигаронї кардаву гуф-

таанд, азбаски дар фармони вазир беш-

тари имтиёз ба донишљўёни як минтаќа

дода шудааст, он хусусияти мањалгарої

дошта, хилофи ќонунњои амалкунандаи

Тољикистон мебошад.

ЭъТИРОЗ

Page 10: ํНаҷот №35

www.nahzat.tj28 августи соли 201410

Тасдиќ мекунем, ки Пайѓамбар (с) аз пеши худ чизе нагуфта ва њар чизе гуфта бошад, аз љониби Худованд аст ва салом мефиристем ба Расу-ли Худо (с), ба хонадону асњобашон ва ба њамаи касоне, ки пайравї аз ишон кардаанду мекунанд.

Як одати бисёр номатлубе њаст, ки ба рўњияи инсон таъсири бад расонида, дар оянда шахсро ба оќибатњои бисёр нохуш оварда ме-расонад. Худованд ва Паёмбараш (с) аз хатари бузурге, ки дар ин одат њаст, моро огоњ кардаанд, ки он њам кибр варзидан аст. Гузаштагони солењ гуфтаанд: Аввалин гуноњ ва сабаби аввалин нофармонии Худо-ванд такаббурї буд.

Худованд дар ояти 34-уми сураи «Баќара» хабар медињад: «Ва ба фариштагон гуфтем: Одамро саљда кунед. Њама саљда карданд, љуз Иблис, ки рўй гардонду бартарї љуст ва ў аз кофирон буд».

Дар њадисе, ки њазрати Абдуллоњ ибни Масъуд (р) ривоят кардааст,

Пайѓамбарамон (с) мефармояд: Шахсе ки дар дил як зарра њам кибр дорад, ба Бињишт дохил намеша-вад, (ривояти имом Муслим).

Пайѓамбари мо таълим медињад, ки пўшидани либоси тоза ва зебо ни-шонаи такаббурии инсон нест, зеро Худованд зебост ва зебоиро дўст медорад.

Такаббурї хислатест, ки дар ќаъри ќалб нињон аст ва дар натиљаи мушоњидаи рафтори шахс ошкор мешавад. Чунин шахс аз њаќиќат рўй метобад ва ба дигарон ба на-зари тањќир назар мекунад. Ваќте Худованд ба фариштагон амр кард, ки ба Одам (а) саљда кунанд, кибр Шайтонро нагузошт, ки ин амалро иљро кунад. Ў худро бењтар донист ва нофармонї карду аз даргоњ рон-да шуд. Њамин кибр буд, ки муш-риконро ба муќобили паёмбарон шўронид. Чуноне Худованд мефар-мояд: «Бо он, ки дар дил ба он яќин оварда буданд, вале аз рўи ситаму бартариљўї инкораш карданд. Пас бингар, ки оќибати табањкорон чї гуна бувад», (сураи «Намл», 14).

Такаббурї намегузорад, ки ин-сон ба Офаридгораш ибодат ку-над: «Парвардигоратон гуфт: Дуъо-ву илтиљо кунед Маро, то шуморо иљобат кунам. Онњое, ки аз парасти-ши Ман саркашї мекунанд, ба зуддї дар айни хорї ба љањаннам даро-янд», (сураи «Ѓофир», 60).

Кибр ба баъзе касоне, ки Худованд ба онњо моли дунё ва мансаб до-дааст, имконият намедињад, ки дар намозњои љамоъат ширкат варзанд. Мебинем, ки масљид дар наздикии хонаи онњосту дар як рўз панљ ваќт

садои азонро мешунаванд. Аммо кибр намегузорад, ки ба масљид оян-ду њамроњи бародаронашон намоз гузоранд, зеро онњо худро бартар аз он медонанд.

Инчунин кибр намегузорад, ки ин-сон мувофиќи суннати Расули Худо (с) амал кунад. Дар њадис омадааст: Боре як шахс дар назди Пайѓамбар (с) бо дасти чапаш хўрок хўрд. Пайѓамбар ба ў гуфт: Бо дасти ро-стат бихўр!.

Ў љавоб дод: Ман наметавонам.Он ваќт Пайѓамбар гуфт: Бале, ту

наметавонї! Ѓайр аз кибр дигар чизе ба ў халал намерасонад.

Ва он шахс дигар (дасти чапашро) ба дањон бурда натавонист, (ривоя-ти имом Муслим).

Набояд фаромўш кард, ки такаббурї инсонро ба оќибатњои но-хуш оварда мерасонад. Худованд мефармояд: «Он касонеро, ки ба ноњаќ дар замин кибр меварзанд, ба зуддї аз оёти хеш рўйгардон созам, чуноне њар оятеро бубинанд, имон наёваранд ва агар тариќи њидоят бубинанд, ба он нараванд ва агар тариќи гумроњї бубинанд, бо он бираванд. Зеро онњо оётро дурўѓ бароварданд ва аз он ѓафлат кар-данд», (сураи «Аъроф», 146).

Ва Пайѓамбари Худо (с) њам гуф-таанд: Ба сўи касоне, ки аз сабаби такаббуриашон бари (почањои) эзо-рашонро кашол карда, роњ мегар-данд, Худованд дар рўзи Ќиёмат, њатто (бо назари рањмат) нигоњ на-мекунад, (ривояти имом Бухорї ва имом Муслим).

Њамчунин: Мутакаббирин дар рўзи Ќиёмат дар њоле зинда гардонида

мешаванд, ки андозаи љуссаашон ба андозаи љуссаи мўрча баробар аст ва онњоро хориву залилї ињота кардааст, (ривояти имом Тирмизї ва Насої).

Суфён ибни Уяйна (р) гуфтаанд: Агар инсон аз сабаби нафси сар-кашаш гуноњ кунад, умед аст, ки ў тавба кунаду бахшида шавад, зеро Одам (а) аз паи хоњиши нафс рафт, сипас тавба карду бахшида шуд. Агар аз сабаби такаббуриаш гуноњ кунад, хавфи лаънат шуданаш њаст, зеро Иблис аз сабаби такаббури-аш нофармонї кард ва ба лаънати Худо гирифтор шуд.

Инсон бояд њамаи нишонањои му-такаббириро аз худ дур гардонад. Њама ваќт дар хотир бояд дошт, ки мо аз чї чиз офарида шудаем, чї тавр ба дунё омадаем?!

Бояд бузургии Худо ва манзалати худро дар назди Ў таъоло дарк кард. Инсон аз хок офарида шудааст. Си-пас аз ќатраи моеъ, ба лахтаи хун табдил ёфту баъдан ба пораи гўшт, Он љисме, ки дорад. хоки бељон буд ва Худованд ба он љон бахшид, Мур-да буд, ки зинда гардонида шуд. Рўзе мемираду боз ба хок табдил меёбад, сипас боз зинда гардонида мешавад ва ба мањкамаи Худованд амалњояшро пешнињод мекунад. Ху-дованд мефармояд:

«Марг бар одамї бод, ки чї носи-пос (ношукр) аст!

Ўро аз чї офаридааст?Аз нутфае офарид ва ба андоза

муайян кард,Сипас роњашро осон сохт.Он гоњ бимирондаш ва дар гўр

кард.Ва он гоњ, ки хоњад, зиндааш со-

зад.На, ки њанўз он чиро ба ў фармон

дода буд, ба љой наёвардааст», (су-раи «Абаса», 17-23).

Бобои Шарофиддин

ТАКАББуРБа номи Худованди бах-

шанда ва мењрубон.Ситоиш Худорост, ки ба

мо неъматњои фаровонро арзонї доштааст. Шањодат медињем, ки њељ маъбуде, љуз Худои ягона вуљуд на-дорад ва лоиќи парастиш нест ва шањодат медињем, ки Муњаммад (с) бандаи Худо ва фиристодаи Ў ба сўи ба-шарият аст.

Агар ќасд доред дар зиндагї ба як зани комилу идеал табдил шавед, њатман ин мат-лабро бихонед. Бо доштани њар як вижагии зер тавоноии шумо ба унвони як зан ва модар ду баробар хоњад шуд:

- Доштани шахсияти ќавї. Аз ќадимулайём аз зан ба унвони љинси заиф ном бурда мешавад. Аммо миллионњо зан дар сароса-ри дунё нишон додаанд, ки онњо мављудоти заъифе нестанд. Яке аз вижагињои як зани комил ин аст, ки бар тавањњуми заъиф буда-ни худ пирўз шавад, яъне ба тавре дар зиндагї улгуе барои дигарон ќарор бигирад.

- Доштани шахсияти мусбат. Барои табдил шудан ба як зани комил ин аст, ки вижагињое, чун садоќат, амонатдориву вафодорї, фурутаниву гузашт ва мењрубонї дар шумо мављуд бошанд. Ин тар-киби хусусиятњо агар дар зан арзи вуљуд пайдо намоянд, ўро дар бадтарин шароити зиндагї њам сарипо нигоњ хоњанд дошт.

- Худсохтагї. Дар асри имрўз дигар зан будан ба маънои нигањдорї аз фарзанд ва анљоми корњои хона нест, њатто як зани хонашин низ метавонад дар ка-нори вазифаи модарї худкифо ва дорои тавоної љињати истиќлоли молї ва отифї бошад.

- Ѓаризањои модарї. Зан зотан як модар мутаваллид мешавад. Як зани комил ниёзманди ин аст, ки дар канори тамоми машѓулиятњои зењнї ва корї метавонед як мо-дар бошед. Модар будан маънои доштани фарзанд нест, балки ба маънои њомї ва нигањдори хонаву хонавода будан аст.

- Доштани зебоињои дарунї. Агарчи доштани як чењраи зебо барои њар зане як њусн њисоб мешавад, аммо он чи аз зебоии зоњир фаротар аст, зебоињои да-рунии зан аст. Барои ин ки ба зе-боии дарунї бирасед, ниёзманди як имони ќавї, покдоманї ва хо-лис будан њастед.

Дар ибтидои роњ бояд нафс ва ѓурури худро ќурбонї кунед.

Тањияи Зайнаб Њусайнї

Чигунагии комил будани як зан

ЧАШМ БИКШО...

Page 11: ํНаҷот №35

28 августи соли 2014 11www.nahzat.tj

Манзур аз навиштани ин сатрњо васфи яке аз чењрањои ободкорро, ки ин истеъдодро Худованди ло-язол ба ў эњдо кардааст, иншо кардан аст.

Бале, домулло Абдусалом Давлатмуњаммадов аз зумраи њамин гуна шахсиятњо дониста ме-шавад, ки њамагї 40 сол дорад. Мав-суф мутаваллиди оилаи омўзгорест аз мањаллаи «Кўњнашањр»-и Кўлоб ва тањсилоти миёнаи умумиро дар дабистони мутавасситаи зодгоњаш гирифтааст. Сипас ба сафи армия даъват шуда, хизматро сарбалан-дона анљом додааст.

Ќобили зикр аст, ки њанўз дар ай-ёми хурдсолї таълимоти ибтидоии диниро аз уламои шинохтаи Кўлоб аз бар кардааст. Њамин раѓбати дўсторї аз Ислом буд, ки ўро ба Донишгоњи исломии Тољикистон бурд ва онро бомуваффаќият хатм кард.

Лозим ба таъкид аст, ки Домул-

ло дорои хислатњои неки инсо-ние, мисли хоксориву фурўтанї, њаќрафториву нексириштї ва иро-даи идораи нафси аммора мебо-шад. Аввалин иќдоме, ки аз худ зоњир сохт, обод кардани масљиди мањалла буд.

Дар аввалњои моњи майи соли 2010 сел мањаллаи «Кўњнашањр»-ро њам зер карда, хисороти сангинеро ба бор овард ва домулло Абдуса-лом баъди ором шудани вазъият ба мардум рў оварда иброз дошт: Бародарони исломї! Ваќти он ра-сидааст, ки дар мањалла масљидро обод ва Холиќи љабборро ибодат намоем.

Дар заминаи ин даъвати аќидатї мардум рўњу илњом гирифта, муттањидона камари њиммат ба бар карда, бо пулу мол њиссагузорї кар-данд. Њамин буд, ки дар як фосилаи андак масљид бунёд гашта, дар хид-мати ањли тоъат вогузор гардид.

Соли 2012-ум дар яке аз ќадимтарин масљидњои љомеъаи Кўлоб, ки беш аз 200 сол умр до-

рад ва бо номи масљиди «Њољї Са-фар» дар кўчаи «Чармгарони поён» ёд мешавад, ба њайси сархатиб интихоб мегардад. Дар масљиде, ки то омадани Домулло ба тала-бот љавобгў набуд. Вале ў фаъо-лияти худро, ба њайси сархатиб, аз сохтмони тањоратхонаи масљид оѓоз кард ва барои анљоми ин кори хайр боз њам ба мардум рў оварда, маќсаду њадафи неки хешро матрањ сохт. Мардум аз ин иќдоми домул-ло Абдусалом болидахотир гаш-танд ва дастаљамъона дар фосилаи 6 моњ бо харљи 72 њазор сомонї тањоратхонаеро бо тарњи замонавї сохтанд, ки назираш дар шањри Кўлоб набуд.

Масљид њам аз таъсири офати сел осеб дида, дар њолати садамавї ќарор дошт, вале бо машвара-ту маслињатњои ин марди наљиб ва њамкории сокинони кўчаи маз-кур сохтмону барќарорсозии би-нои масљид њам аз 14-уми майи соли равон оѓоз ёфтааст. Дар њоли њозир ваќте сокинони ин кўча ва соњибкорони муваффаќ, ам-соли њољї Холмуњаммад, њољї Њадятуллоњ, њољї Барот, њољї Хонљон, Абдуллоњ ва Ашўрмад Ази-зиву дигаре аз дўстон, ки бо пулу мол ва нону хўроки худ њиссагузорї

мекунанд, обод кардани масљид на-здик мегардад.

Домулло Абдусалом дар оян-даи наздик ният дорад, худи кўча ва растањои атрофи он ба ободї табдил дода шаванд, аз љумла бо хайрияњои мардум мумфарш кар-дани роњравњо, сохтани пулњо дар сойи Тебалай ва ѓайра.

Охируламр, аз ќавли домулло Аб-дусалом ва сокинони кўчаи «Чарм-гарони поён» унвонии кулли сарха-тибони масољиди љомеъи вилояти Хатлон ва мардони саховатпеша бо мурољиат гуфтанием: Эй бародаро-ни муслим, биёед фурсати дарёф-ти савобро аз даст надода, бо пулу мол дар ин амри хайр кўмаки боса-зои худро бигузоред, то дар рўзи Растохез дасгири шумо гардад.

Ба домулло Абдусалом Давлатмуњаммадов дар љодаи созандагї ва ободкорї ва илњомњои наљиби мусалмониаш бурдбориву муваффаќият таманно карда, аз Худованди якто масъалат дорем, ки ин амалњои ишонро дар номаи аъ-молаш сабт карда, дастгири охират гардонад, омин!

Файзиддин Зарифї, сокини кўчаи «Чармгарони поён»-и

шањри Кўлоб

Бунёдкор

Бовар дорам, дар замири њар яке аз ин дўстони Худо имони комил нуњуфтааст. Чун имон комил аст, инсони мусалмон танњо ќудрату тавонмандии Худо ва ягонагии ин Зоти покро эътироф дораду халос ва њељ гоњ муќобили фармудањои Офаридгори худ амал намекунад. Ботини њар аъзои ЊНИТ, бахусус сарваронаш орї аз њар гуна бухлу бадгўист. Агар ишон чунин амалњои зишт дар ботин мепарвариданд, њељ гоњ сулњу оштї дар кишвари азиз фароњам намегашт. Њарфњои бо-лохонадори имрўзро дар мавриди сулњи як нафар мањз њамон тоифа аз манфиатхоњону ѓаразљўён аз минба-ру мањфилњо танинандоз кардаанд.

Шодравон устод Сайид Абдуллоњи Нурї, њатто нисбат ба душманони љониаш њам дар дил кина намепар-варид, дилеро намеранљонд, ќалби босафои пур аз мењру вафо дошт. Устод Муњаммадшариф Њимматзода низ, ки олиму ориф буд, њељ гоњ аз чањорчўбаи фармудањои Худо берун намерафт. Мањз пойбанди таъли-моти амиќи исломї будани онњост, ки њар ду кўшиданд, то дар мадди аввал оташи љангро хомўш кунанд, ба мардуми ноумед умеди нав бах-шанд. Чунин рафтору кирдори ин ду абармард, ки баъд аз сулњ мардум беш аз пеш ба дарки њаќиќати талхи љанги хонумонсўзи дохилї сарфањм мерафтанд, ботил будани гумонњои раќибони онњоро ошкор месохт.

Он замон тањлилгарони ѓаразљў тариќи расонањои давлатї хулоса

мекарданд, ки Нуриву Њимматзода бо тарњу наќшаи хољагони аљнабиашон кор мекунанд ва ния-ти аз байн бурдани Тољикистонро дар сар мепарваранд. Бале, ин гуна фазосозињои ботил рўз ба рўз ошкор мешуданд. Чунки агар ишон чунин маќсаду маром медоштанд ва хољапарвар мебуданд, њоло Тољикистон амсоли Афѓонистон дар оташи љанг месўхт. Аммо не, устодон Нуриву Њимматзода љуз фармудањои Худованди хеш дигар њарфу сухани хољаеро ќабул надо-штанд ва муќаддасоти миллатро, ки дар мењварияти Ислом шакл гирифтаанд, болотар аз тамоми муќаддасоти дунёї медонистанд.

Мутаассифона, имрўз боз њамон анъанаи пешин – дар симои раќиби аслї душмантарошињо оѓозу идома пайдо кардаанд. Фаромўш набояд кард, ки устод Нуриву Њимматзодаро зањри забони бадгўёни њампањлу ба њалокат расонд. Ва ин теъдод аз бадгуњарон имрўз њам мехоњанд бо њамон шаклу усули зишти мубори-заашон Кабириву ЊНИТ-ро аз пой афтонанд. Дар ин маврид онњо аз тамоми воситаву имконот истифода мебаранд, ки ин гуна амалкард зар-рае ба раќобати сиёсї наздикї на-дорад, баръакс, як душмании ошкор аст.

Њарчанд бадхоњон бо амалњои зишти худ гању ногањ ноил шаванд њам, навад дарсади ин амалњои зишт, чун вируси бедаво бар тану љони худашон њам мерасад, њатто

авлоду аљдодашонро сироят меку-над. Ин яќин аст ва инро аз таљрибаи рўзгор пирони кор сабаќ додаанд.

Дар пеш интихоботи парлумонист. Ягона њизбе, ки бо омодагии комил ба истиќболи интихобкунандагони худ бо кулвори пур аз дуру гуњар устуворона ќадам мезанад, Нањзати Исломист. Дигар ањзоб дар хоби гаронанд ё њастиву нестии миллат заррае њам онњоро ба ташвиш наме-орад. Мардум тайи солњои охир дар деги сиёсат љўшидаву василањои вуљуди њар њизби дигареро низ дарк кардаанд. Ба ин хотир иќрор њам њастанд, ки раъйи хешро танњо ба ЊНИТ хоњанд дод.

Аммо ошуфтањол аз як чизанд:

хиёнат шудан дар раъйи онњо ва аз худ кардани овозашон, њам бо зори-ву њам бо зар ва оќибат бо зўр. Ба њар њол, боз њам такя ба иродаи Ху-дованд доранд.

ЊНИТ ва озодандешонеро, ки дар ин њизбанд, самимона дўст медо-рам, танњо ба хотири Худо, ки онњо дур аз кибру ѓуруранд ва дар роњи сирот-ул-мустаќим гом мебардо-ранд.Ман бо шумоям, эй озодмардони Ватан!

Моњбегим Худоёрова,муаллима, аз «Дарёобод»-и

ноњияи Рўдакї

ЊНИТ-ро ба хотири Худо дўст медорамЊарчанд гурўње аз манфиатхоњу ѓаразљўён Њизби Нањзати Исломии Тољикистонро санг мезананду аз

он душмани миллат тарошиданї мешаванд, аммо нисбат ба ин њизб рўз аз рўз эътиќоду муњаббатам зиёда шуда истодааст. Зеро Нањзати Исломї макони ба њам омадани мардони Худост, мардони озо-да, ки сухани аввалу охирашон Худост, даст ба дасисаву зишткорї намезананд, њељ гоњ!

НОМУС

Page 12: ํНаҷот №35

www.nahzat.tj28 августи соли 201412

Њамзамон мутолиаи ќиссаи мазкур ќазия ва саргузашти соњибкори ши-нохтаи зиндонї Зайд Саидовро ба хотир меорад. Танњо фарќи ќиссаи мавриди назар аз мољарои Зайд Саидов дар он аст, ки фоњишае, ки Ќорун барои беобрў кардани њазрати Мўсо(а) тайёр карда буд, бо њидояти Худованд(љ.љ.) аз ќавлаш мегардад, вале «љабрдида»-и ќазияи Зайдуллоњ њанўз њам домани ўро сар намедињад.

Ва инак, ќиссаро пешкаши хонан-дагони гиромї менамоем:

«Инна Ќоруна кона мин ќавми Мўсо, фа баѓо алайњї». Худои азза ва љалла гуфт: «Ќорун аз ќавми Мўсо буд»(сураи «Ќасас»,76). Ва њамаи уламо муттафиќанд, ки Ќорун мутобеи Мўсо(а) буд, пас бар ў бе-рун омад ва ўро мухолиф шуд, яъне динро даст боздошту муртад шуд. Ва њам ибни амми Мўсо буд. Мўсо ибни Ирон ибни Масир ибни Тоњас ибни Яъќуб алайњиму-с-салом ва Ќорун ибни Тоњас ибни Яъќуб алайњиму-с-салота ва салом буд. Ва уламо гурўње ихтилоф карданд, гуфтанд, ки Ќорун аз паси Мўсо буд ва аз паси Юшаъ муртад гашт. Чун Колиб ибни Юњанноро банї Исро-ил аз Шом ба Миср бозоварданд аз паси Юшаъ, он гоњ Ќорунро хоста (боигарї) гирд омад ва муртад гашт. Ва ин ривоят ба Ќуръони маљид на-здиктар, ки Худои азза ва љалла њамегўяд, ки ўро ќавм панд дод, гуфт: «Из ќола лању ќавмуњу: Ло тафрањ инна-л-Лоња ло юњиббу-л-фарињин». Яъне «Он гоњ ки ќавмаш ба ў гуфтанд: «Сармаст мабош, зеро Худо сармастонро дўст надорад» (сураи «Ќасас», 76). Ва охири оят њама њадиси ќавм кард, ки ўро панд доданд. Ва агар Мўсо будї ё Юшаъ, ё пайѓамбаре дигар, эшон ўро панд додандї, на ќавм. Лекин далел чу-нин аст, ки чун Юшаъ мурда буд ва пайѓамбарони банї Исроил мурда буданд, ки халќро панд додандї, чун панди эшон напазируфт, Худои азза ва љалла ўро ба замин фурў бурд. Ва ба дигар ривоят гўянд, ки Ќорун ба ваќти Мўсо буд, он гоњ ки Мўсо аз мунољот бозомада буд ва ќавмаш гўсола парастида ва Мўсо гўсоларо андар миёни замин кард ва банї Исроилро ба Миср бозовард. Ва Ќорунро хоста гирд омад ва муртад гашт, аз бањри он ки закот натаво-нист додан. Ва закот ба дини Мўсо

андар вољиб буд, Мўсо ўро панд дод: «Ло тафрањ, инна-л-Лоња ло юњиббу-л-фарињин». Гуфто: «Бад-ин дунё андар шодї макун, ки Худои таоло дўст надорад он касеро, ки ба дунё шодї кунад». «Ва-бтаѓи фи мо отока-л-Лоњу-д-дора-л-охирата»-« Бад-ин дунё, ки Худои азза ва љалла туро дод, он љањонро биљўй», яъне закот бидењ. «Ва ло танса насибака мина-д-дунё ва ањсин камо ањсана-л-Лоњу илайка». Гуфт: «Бањраи хеш аз дунё фаромўш макун ва бо халќи Худой некўї кун, чунон ки Ху-дои таоло ба ту некўї кард», яъне «Садаќа дењ мар дарвешро, чунон ки аз беруни закот бошад». «Ва ло табѓи-л-фасода фї-л-арзи». «Ва бад-ин хоста андар замин фасод макун». «Инна-л-Лоњи ло юњиббу-л-муфсидин»- «Њароина Худо фа-содкунандагонро дўст намедорад» (сураи «Ќасас»,77).

Ќорун љавоб дод: «Иннамо утийтуњу ало илмин инди». Гуфто: Маро хоста аз он рўй гирд омада-аст, ки шумо њамедонед, аз он рўй гирд кардам, ки ман донам ва шумо надонед, на касб кардам ва на бозургонї ва на чунон гирд омада, ки они шумо ва бар ман закот вољиб нест» Худои таоло ин њуљљат бар вай рад кард, гуфт «А ва лам яълам инна-л-Лоња ќад ањлака мин ќаблињи мина-л-ќурун ман њува тиадду минњу ќувватан ва аксару љамъан» - «На-донист, ки Ќорун, ки пеш аз вай ан-дар љањон халќи бисёр буд аз вай банерўтар ва бохостатар. Чун эшон фармони Худой набурданд ва њаќќи Худой аз хоста берун накарданд, Худой эшонро њалок кард». «Ва ло юсъалу ан зунубињиму-л-муљримун». Гуфто: «Ба њар замоне андар гунањгорони замонаро ба гуноњи худ азоб кунанд ва ба гуноњи пешиниён азоб накунанд ва аз гуноњ напурсанд» (сураи «Ќасас»,78). Ва андар ин китоб нагуфтаст, ки хостаи ў аз чї гирд омад ва ин ќиссаро худ тамом нагуфтааст андар ин китоб, валекин андар кутуби тафсир пай-дост, ки моли Ќорун аз чї рўй гирд омад. Пас тафсири ин оят, ки гуфт: «Иннамо утийтињу ало илмин инди», чунин аст, ки Ќорун ба асл андар заргар буд ва Мўсо ўро бузург доштї, ки писари аммаш (бародари падар) буд. Ва андар њама банї Ис-роил некўрўйтар аз ў набуд. Бад-он ваќт, ки Мўсо аз мунољот бозомад ва ќавмаш гўсола парастида бу-данд, Ќорун бо Њорун ба як љо буд ва Сомирї гўсола аз он зар карда буд, ки аз Фиръавн ва ќавмаш људо карда буданд ба дарё андар. Чун Мўсо бозомад ва хост, ки он гўсоларо бисўзад ва хокаш ба бод бардињад, то эшон бидонанд, ки агар ин Худо будї, оташ аз хештан боздоштї. Пас Мўсо Ќорунро гуфт: «Инро бисўз. Ва зар њаргиз насўзад, валекин андар оташ бигудозад, њарчанд оташ бояд софитар шавад ва ѓаш аз ў бишавад ва аз аслаш њељ кам нашавад. Ќорун Мўсоро гуфт: «Инро чї гуна сўзам, ки оташ зар бинасўзад. Мўсо дуо кард, Ху-

дои азза ва љалла Мўсоро он кимиё, ки зар аз ў кунанд, бинамуд ва он кимиё гиёст ва њоли ў чунон аст, ки чун ўро хушк кунанд ва бо доруњои дигар биёмезанд ва бар сим афка-нанд, зар шавад ва аз он гиёњ бар лаби он дарё бисёр буд, валекин кас онро нашинохт ва пеш аз он кас кимиё надида ва нашинохта буд. Пас Мўсо дуо кард, то ўро њилат омўзад, то он зар бисўзад. Худой ба Мўсо вањй кард ва он гиёњ ўро бина-муд ва биёмўхт, ки чун бо доруњои дигар биёмезї ва андар оташ кунї бо нуќра зар гардад ва чун танњо ба зар барафканї зарро бисўзад. Ва баъзе мардумон чунин гўянд, ки ки-миё аз осмон ба вањй бар Мўсо омад ва аз ин хабар њамегўянд, валекин ин илм имрўз бар рўи замин нест ва халќ дар талаби ў бисёр рўзгор ба-ранд ва њељ чиз натавонанд кардан. Валекин бидон, ки кимиёро асле аст ва кас надонад, магар Худои азза ва љалла. Ва аз Абўюсуф ал-Ќозї ри-воят кунанд, шогирди Абўњанифа, ки њар кї хоста нафаќа кунад ба та-лаби кимиё кардан муфлис гардад ва њар кї дин ба доварї ва иллат дуруст хоњад кард, зиндиќ шавад ва њар кї њадисњои ѓариб талаб кунад, дурўѓзан гардад. Пас Мўсо Ќорунро он кимиё биёмўхт. Ќорун Мўсоро гуфт: «Ин доруњо низ маро биёмўз, то бинигарам, ки зар гардад, пас до-нам, ки он зар ба оташ бисўзад». Мўсо он доруњо ўро биёмўхт. Пас он гоњ он гўсолаи заррин бар оташ нињод ва он гиёњ хушк карда ва суда бар ў бароганд. Оташ гўсоларо бисўхт. Пас Мўсо чун банї Исроил-ро ба Миср бозовард, Ќорун аз он гиёњ бисёр бо хештан биёвард ва хештанро аз он зар кард ва асари хоста бар ў падид омад. Ва Мўсо њамедонист, ки он аз куљост ва банї Исроил надонистанд. Ва худро чањор ѓулом рост кард ва кор бад-он љо расид, ки дарњои боѓу хона аз зар кард ва чун барнишастї, чањор њазор ѓулом бо ў барнишастандї. Ва њар чиз аз матои дунё, аз њама гунањо, авонї, њарчи боист, ўро та-мом шуд аз зар, чунон ки ба Миср андар кас аз ў тавонгартар набуд. Ва њар чизе аз дунё, ки орзу ома-даш, бикард ва хонањо фармуд аз гаљ ва ољури (хишт) пухта ва онро дарњо кард оњанин ва калидњо аз оњан ва он хонањо пури зар кард. Ва чун барнишастї, он калидњои оњанин марде ба гардан нињодї ва пеши ў њамебурдї, то халќ бидонистї, ки он њама калидњои ганљ аст. Пас як мард барнатаво-нист гирифтан, бифармуд, то он калидњо њама аз пўсти гов карданд – хом, то сабуктар бувад ва њар ка-лиде, чандон ки ангушт. Ва њар рўзе ганљи хонањош афзун мешуд, то чу-нон шуд, ки Худои азза ва љалла гуфт: «Ва отайноњу мина-л-кунузи мо инна мафотињању ла тануу би-л-усбати увлї-л-ќуввати» - «Худои азза ва љалла хонањош дод, чандон ки калидњои ганљаш усбате аз мар-думон бар натавонистї гирифтан (сураи «Ќасас»,76), то чунон шуд, ки

шаст уштур бигузидї, њамаро рўй сапед. Чун барнишастї, он калидњо бар он уштурон бор кардандї. Пас рўй аз Мўсо бигардонид ва баѓї кард, чунон ки Худои азза ва љалла гуфт Мўсоро, ки аз Ќорун закот хо-ста биситон. Мўсо сўи Ќорун шуд ва закот хост. Ќорун иљобат накард ва Мўсоро гуфт: «Иннамо утийтуњу ало илмин индї». Андар ин китоб таъ-вил эдун кардаст, ки хостаи эшон пеш аз они ту буд, то бидонї, ки ин хоста на аз бањри он гирд омад, ки ту фозилтар будї ва Худои таъоло њељ худованди хостаро њалок накардї, агар хоста ба фазл додї. Пас Мўсо сулњ кард, ки аз њазор ди-нор диноре ба дарвешон дињад ва ў бипазируфт. Чун шумори хоста њама баргирифт, бисёр гирд омад, натавонист додан. Ва њар рўз хо-стаи ў офзунтар мешуд. Ва барнишастї, чунон ки Худои таъоло гуфт: «Фа хараља ало ќавмињи фї зинатињї» (сураи «Ќасас», 79). «Пас бар ќавми худ дар оромиши хеш бе-рун омад». Ва «зинат он буд, ки чун барнишастї бар асбе ашќар нишастї ва ба ў зину сохти заррин ва љомањои муасфарї. Чун ў њамеомадї, халќ пиндоштандї, ки офтоб бар замин омадааст. «Ќола-л-лазина юридуна-л-њаёта-д-дунё. – Ва њар куљо халќ будї, ки дилњошон ин љањон хостї, орзу кардандї ва гуфтандї: «Кошки моро њамчунин будї, ки Ќорунро њастї, ки ўро аз ин љањон бањрае бузург аст». «Ќола-л-лазина уту-л-илма вайлакум, савобу-л-Лоњи харун» («Ќасас»,77) – «Онон, ки илм дода шудаанд, гуф-танд: «Вой бар шумо, савоби Худо бењтар аст». Ин уламо мар омро панд доданд, гуфтанд: «Савоби Ху-дой бад-он љањон бењтар аз он ки бад-ин љањон кофиронро дињад аз зару сим». Пас дањ сол бад-ин њол андар буд ва Мўсо (а) бар дари ў шудї ва ўро ба Худои азза ва љалла хондї ва аз вай закот хостї. Мўсоро иљобат накардї ва закот берун накардї, то Мўсо аз ў ба сутўњ шуд. Ва банї Исроил бар Мўсо табоњ шу-данд ва бештар бар Ќорун гирд ома-данд ва аз ин дин њаме даст боз-доштанд. Ва чун кор ба охир омад ва фасод бисёр шуд, Ќорун тадбири он кард, ки Мўсоро ба чашми банї Исроил зишт кунад ва хор, то эшон аз дини ў даст боздоранд. Ва ба банї Исроил зане буд балоя ва хештан аз кас бознагирифтї ва ан-дар банї Исроил маъруф буд ба балокорї. Пас Ќорун ўро биёвард ва хоста дод бисёр ва гуфт: «Ман банї Исроилро гирд кунам ва Мўсоро биёварам. Ту бар сари эшон чунин гўй, ки Мўсо маро зишткорї кард, яъне зино». Ин зан Ќорунро иљобат кард. Ва Ќорун ўро бо кани-закони худ медошт . Пас мењмонии бузург бикард. Ва њама ашрофу му-луки банї Исроилро бихонд. Чун таом мехўрданд, эшонро гуфт: «Шумо донед, ки ман њамчун шумо мутобеи Мўсо будам то ў ба роњи рост буд. Акнун аз рост даст боз-дошт. Ва шумо фалон зани балояро

Ќиссаи Мўсо (а) ва Ќорун дар «Таърихи Табарї»Бояд тазаккур дод,

ки ќиссаи мазкур хеле шавќовару ибратомўз буда, хонандаро ба фикр кар-дану андеша рондан савќ медињад. Махсусан онњоеро, ки соњиби боигариву сармояи зиёде мебошанд, вале за-коти молашонро намепардо-занд, њатман ба андеша на-мудан водор месозад. Чунки дар он оќибати фољиабори ашхосе, ки закоти мола-шонро адо намекунанд, ба таври возењу равшан баён ёфтааст.

ЌИССА

Page 13: ํНаҷот №35

28 августи соли 2014 13www.nahzat.tj

1) Паёмбар (с) ба муддати чанд сол бо мушрикини Макка имзои сулњ намуда буд?

а) 10 сол;б) 5 сол;в) 3 сол.

2) Модари Паёмбар (с) дар кучо вафот намудааст?

а) Маккаи мукаррама;б) Тоиф;в) Абво.

3) Кишвари Миср дар замони кадом халифаи мусалмонон фатњ шудааст?

а) Али ибни Абитолиб (р);б) Умар ибни Хаттоб (р);в) Умар ибни Абдулазиз.

4) Дар оѓози кадом сураи Ќуръони карим “Бисмиллоњ...” зикр нашудааст?

а) Сураи Намл;б) Сураи Тавба;в) Сураи Таквир.

5) Аббосињо баъд аз расидан бар тахти хилофат кадом шањрро маркази худ ќарор доданд?

а) Баѓдод;б) Димишќ;в) Мадинаи мунаввара.

6) Давлати Сомониён аз ѓониби кї таъсис дода шуд?

а) Ањмад Ибни наср;б) Нуњ ибни Ањмад;в) Исмоили Сомонї.

7) Неругоњи барќии Норак дар кадом сол ба фаолият оѓоз кард?

а) Соли 1971-мелодї;б) Соли 1981-мелодї;в) Соли 1991-мелодї.

8) Раѓаб Тайиб Урдугон аввалин мароиба дар кадом сол нахуст вазири Туркия интихоб шуд?

а) Соли 2005 мелодї;б) Соли 2009 мелодї;в) Соли 2002 мелодї.

9) Дар шањри Ѓаззаи Фаластин кадоме аз ин имомони барѓаста ба дунё омадааст?

а) Имом Шофеъї;б) Имом Молик;в) Имом Шаъровї.

10) Поётахти Туркия кадом шањр аст?а) Истанбул;б) Антолиё;в) Анќара.

Хонандаи муњтарам, ба хотири рушду ташаккули дониши фарњангї ва тафрењи шумо нашрия тасмим гирифт, дар гўшае аз суњуфи худ суолњоеро њузуратон матрањ намояд.

Худро санљед ва бањра гиред, хонандаи арљманд! Посухи даќиќи суолњо дар шумо-раи оянда мунташир хоњад шуд.

ИМТИЊОН

ЉаВоБи суолњои шуМораи гузашта: 1)а 2)в 3)в 4)б 5)а 6)б 7)в 8)а 9)б 10)в

шиносед». Гуфт: «Ў сўи ман омадааст ва њамегўяд, ки Мўсо маро ба хона андар ка-шид ва бо ман зино кард. Ва акнун ба рўи вай андар бигўяд». Пас ба Мўсо кас фири-стод ва гуфт: «Мењтарони банї Исроил гирд омаданд ва туро њамехонанд». Мўсо андешид, ки магар ният кард, ки боз ба роњ ояд. Мўсо бархосту биёмад. Чун бини-шаст. Ќорун гуфт: «Ё Мўсо, њукми Худои таъоло чист бар касе, ки зино кунад ва фармудаст ба Таврот андар?» Мўсо гуфт: «Агар зан надорад ва на муњсин аст њаддаш бизананд ва агар зан дорад, раљмаш кунанд» Гуфт: «Эй Мўсо ва њар кї бошад, агар њама ту бошї?» Гуфт: «Оре, агар њама ман бошам». Гуфт: «Эй Мўсо, пас куштан бар ту вољиб шуд, ки фалон зан, ки маъруф аст андар банї Исроил ба балоягї наздики ман омад ва гуфт: «Ту ўро баргирифтї ба ситам ва бо ў зино кардї. Ва агар хоњї, биёрамаш, то пеши ту бигўяд». Пас Мўсо гуфт: «Биёр». Он за-нро аз хона берун оварданд. Пеши он хона халќ бар пой хост. Ќорун гуфт: «Эй зан, њарчи миёни ту ва они Мўсо будааст, њама пеши ин халќ рост бигўй ва аз кас матарс». Зан хост, ки гўяд: бо ман зино кард. Худои азза ва љалла бо ќудрату љалоли хеш забонаш бигардонид, то гуфт: «Эй банї Исроил, огоњ бошед, ки Ќорун маро хоста бисёр доду гуфт: пеши ману пеши мардумон бигўй, ки Мўсо бо ман зино кард. Ва маоза-л-Лоњ, ки пайѓамбару калими Худои азза ва љалла зино кунад. Мўсоро аз дард об аз чашм бидавид ва бархосту аз миёни эшон бишуд. Ќорун хиљил гашт аз банї Исроил. Ва андар таф-сир маънии ин оят, ки Худо гуфт: «Ё аюња-л-лазина оману ло такуну ка-л-лазина азав Мўсо фа барраању-л-лоњу миммо ќолу» - «Эй мўъминон, монанди онон ме-бошед, ки Мўсоро ранљониданд, пас Худо ўро аз он чи гуфта буданд, пок сохт» (су-раи «Ањзоб»,69), ин аст, ки гуфтам ва Ху-дой ўро аз ин барї кард. Ва гурўње гуф-танд: «Чун Њорун бимурд, Мўсоро гуфтанд: «Њорунро ту куштї». Ин оят он гоњ омад. Пас Мўсо аз бари эшон бирафт, сабр на-тавонист кард, Худои азза ва љалларо саљда кард ва бисёр бигирист ва зорї кард. Худои таоло гуфт: «Заминро фар-монбардори ту кардам, эй Мўсо, њарчи хоњї, бифармояш». Мўсо шод шуд ва боз бари эшон омад ба шитоб ва гуфт: «Эй банї Исроил, дур шавед аз ин муртад, ки Худои азза ва љалла заминро фармуд, ки ўро фурў барад». Банї Исроил донистанд, ки Мўсо рост њамегўяд, бигурехтанд ва аз Ќорун дур шуданд. Ва Ќорун аз кибр сўи Мўсо нанигарист ва бархост. Мўсо гуфт: «Ё арзу, хузињї» - «Эй замин, бигираш». Замин зери Ќорун андар як љунбидан биљунбид. Ќорун битарсиду бархост. За-мин пои ў бигрифт то шитоланг. Ќорун би-хандид ва Мўсоро гуфт: «Ин чї љодуист, ки овардї?» Мўсо гуфт: «Ё арзу, хузињї». Замин то зонуш бигирифт. Ќорун гуфт: «Ё Мўсо, заминро бигўй то маро даст дорад ва ман андар кори ту бинигарам». Мўсо гуфт: «Ё арзу, хузињї». Замин то гарда-наш бигирифт. Ќорун гуфт: «Ё Мўсо, зинњор, ба њаќќи ќаробату рањам, ки миёни мост». Мўсо гуфт: «Ё арзу, хузињї». Замин Ќорунро фурў бурду нопадид кард. Мўсо бозгашт ва ба Худои таъоло мунољот кард ва шукр кард. Худои азза ва љалла гуфт: «Он бандаи Ман Ќорун туро чандоне би-хонд ва аз ту фарёд хост. Ва ту ўро фарёд

нарасидї». Гуфто: «Ё Раб, чунин доштам, ки Туро хонад». Гуфт: «Ё Мўсо, агар ў Маро хондї, Ман туро бар ў мусаллат на-кардаме, валекин бад-ин ки кардї, њаргиз заминро фармонбардори кас накунам пас аз ту». Ва Худои азза ва љалла доно бад-он ки Мўсо кард ва илми Ў муњит аст бад-он чизњо ки буду бошад, абаду-л-обидин ва олимтар аз њама олимону оламиён аст. Ва њикмат андар ин ки Худои азза ва љалла заминро фармонбардори ў кард, аз хештан имтиноъ намуд аз фармонбардор кардан. Замин мар њељ касро нест, то Мўсо (а) бо каромати нубувват ва љалолати манзалат шарбати латома бихўрд. Ва Эзиди таъоло огоњ буд аз сафваи нияти Мўсо. Ва донист, ки он чи кард, аз бањри мавло кард. Ва њар кї чунин донад, ки Ху-дои таоло олим набуд бо он чи Мўсо кард ва мављуд наёмад ба собиќи илми Ў, ко-фир аст ба назди њама уламо. Ва олим аст – лам язал ќадиман (њанўз ќадим аст). Ва чунин бояд донистан Худойро азза ва љалла. Ва андар ин сухан бисёр аст ва агар бигўем, дароз шавад. Ва ба хабаре андар чунин аст, ки замин Ќорунро фурў бурд бо њафтод тан аз мутобеони ў, ки бо ў муртад шуда буданд ва аз дин даст боз-дошта ва то растохез њаме фурў барад њар якеро. Пас рўзи растохез ба дўзах су-порад. Ва гурўње аз банї Исроил гуфтанд, ки Мўсо Ќорунро аз бањри он ба замин фурў бурд, то хостањо ва ганљњои ў њама бардорад. Пас Мўсо чун ин хабар бишу-нид, рўзе седигар дуо кард. Ва Худои азза ва љалла заминро бифармуд, то он њама хостањо ва ганљњо фурў барад, чунон ки Худой гуфт: «Фа хасафно бињи ва би дорињи-л-арза». Гуфт: «Бо он хостањо ўро ба замин фурў бурдем ва «би дорињи-л-арза», яъне «би молињи». «Фа мо кона лању мин фиатин янсурунању» - «Ва кас набуд аз он њама сипоњу њашру мутобеони ў, ки ўро аз Худой фарёд расидї. Ва на хештан фарёд тавонист расидан». «Ва асбања-л-лазина таманнав маконању би-л-амси». – Мардумоне, ки дї таманно кар-данд, кошки мо ба љои Ќорун будеме ба бузургворї ва тавонгарї, имрўз њамегўянд: «Вайкаанна-л-Лоња ябсуту-р-ризќа ли ман яшоу мин ибодињи ва яќдиру лав ло ан манна-л-Лоњу алайно ла хасифа бино» - Худои азза ва љалла њар киро хоњад, рўзї бар ў фарох кунад ва њар киро хоњад таќдир кунад. Агар Худои азза ва љалла бар мо миннат накардї ва моро аз Ќорун нигоњ надоштї ва мо ўро мутобеъ шудї, имрўз моро низ ба замин фурў бурдї». «Вайкааннању ло юфлињу-л-кофирун». – «Валокин кори кофирон њаргиз порсо на-бошад». Маънии «вайкааннању» - валокиннању, яъне «вайкааннању-л-Лоња» - валокиннању-л-Лоња. Пас Худой гуфт: «Тилка-д-дору-л-охирату наљъалуњо ли-л-лазина ло юридуна улуван фї-л-арзи ва ло фасодан». Гуфто: «Сарои он љањон он касро дињам, ки ў андар ин љањон бузургї накунад. Ва агар Худой ўро бузургї дињад, фасод накунад». «Ва-л-оќибату ли-л-муттаќин», - «Ва бињишт мар парњезкоронрост».

Аз китоби «Таърихи Табарї»-и Абўалї Муњаммад ибни Муњаммади Балъамї, Тењрон, соли 2001, љилди 1.

Тањияи С.Шарифов

Ќиссаи Мўсо (а) ва Ќорун дар «Таърихи Табарї»ИНУ ОН

Page 14: ํНаҷот №35

www.nahzat.tj28 августи соли 201414

Афсўс, ки як ёри азиз аз бари мо рафт,

Як ёри азиз аз бари мо сўи Худо рафт.

Ў неку накў буд яке хушќаду ќомат,

Бо он ќади зебош зи дунё ба само рафт.

Дар мањфилу маљлису дар тўю тамошо,

Зебандаи он давра буду аз сари мо рафт.

Дар зиндагї алфози бад аз ў нашунидем,

Хандонлаби мо хандабалаб аз сари мо рафт.

Дар соњаи варзиш будї довари бебок,

Монанди Сиёвуш пурармон ба ѓазо рафт.

Ў рањбари авлод буду вориси мирон,

Чун мири љавон айни љавонї, ба фано рафт.

Ин хонаи зебову гулу боѓу чаманро,

Мерос зи худ мондаву бар дори баќо рафт.

Дар мањфили мо то ба абад холї бувад љош,

Аз анљумани ёру бародар ба видо рафт.

Ў дўст будї бо Шарифу Назру Диловар,

Бинмуд ба њама хайру хушу сўи Худо рафт.

Дар Русия карданд табибон-ш табобат,

Таќдир чунин аст, ки чун нуру зиё рафт.

Ў пайрави Ислом буду дини Муњаммад,

Дар синни Муњаммад чу Муњаммад ба сано рафт.

Дидору Далер асту Фаридуну Умедаш,

Рамешу Абў монду ба дил доѓи љафо рафт.

Гул буд варо духтару њам Зебиву Парвин,

Гулдухтаракон мондаву бар сўи само рафт.

Дар рўзи видояш њама кас зор гиристанд,

Иќболу Салам мондаву худ сўи Худо рафт.

Мастон, ту чаро гирйию нолї зи фироќаш,

Бењтар ту дуо кун, ки дуо бањри сафо рафт.

Мастон Самадов, сокини дењаи Бовиди ноњияи Ванљ

Марсия(Барои бародарам Зиёратшоњ)

Дина њаммањфили мо буд,Дина ў бо мо буд,Дина ў дар нигању дар дили мо буд.Сухан аз њазрати Бедил мегуфт,Сухан аз дил мегуфт.

Як баѓал мењру њавас буд,Як баѓал зиндагї буд.Нигањаш гул мерехт,Дар амал зиндагї буд.

Гарчи месўхт равонаш аз дард,Тану љонаш аз дард,Мењри зистанро дошт,Зиндагиро мехонд.Маргро бо тундї,Аз бари худ меронд.

Лек дардо, ки дар ин фитнасаро,ОдамироЧора љуз мурдан нест!

Њамчунин аст њаёт, Ин намоишхона,Сањнаи мурдану зистан дорад.Лањзањои ханда,Њам гиристан дорад...

Мо дар ин сањнаи дард,Мо дар ин сањнаи фољиа тамошобинем,Он чи аз сўзу алам мебинем,Аз ѓамаш мегирйем.

Инак ў дар бари мо нест дигар,Нест, он дидадаро, нест дигар.Нест, то њарф зи Бедил гўяд,Сухан аз дил гўяд.Нест то мањфили мо орояд,Мењри дил афзояд...

Марди рањ рафт, дареѓ,Аз нигањ рафт, дареѓ.Дигар ў дар дили мо њаст,Зинда дар хотирањо њаст...

Ањлиддин Њисорї

ЧАНД САТРИ ПАРЕШОН(Дар сугвории шодравон Љонибеки Акобир)

Дўстон, дармондаам ман дар балои хештан,Худ намедонам чињо кардам барои хештанЧун кунам ислоњ акнун ин хатои хештан:“Талхкомам аз дили пурмуддаои хештан,Мехўрам зањр аз барои ошнои хештан.”

Мављи њасрат аз дилам њар лањза меорад хурўш,Зиндагї чун писта медорад забонамро хамўшНе паёме мерасад аз ёр, не пайк аз Сурўш:“Орзуњо бар сарам оварда савдоро ба љўш,Чанд рўзе шуд намеёбам њавои хештан.”

Не њавои боѓ дорам, не њавои гулшане,Хўшаи шодї намечинад дилам аз хирманеКист њоло музтариб аз кори худ њамчун мане:“Не гиребоне руфў кардам, на чоки доманеМезанам бар сина дасти носазои хештан.”

Чашми шањлояш, ки доим љилвагар бошад маро,Шоми торик бўи њиљронаш сањар бошад маро

Бўи васлаш дар дилу љону љигар бошад маро:“Гўшаи абрўи ў мадди назар бошад маро,Кардаам аз шохи оњу, муттакои хештан.”Дўш бўи васл меовард бар ман пайки бодСабри талхам меваи ширин ба коми дил нињод.Њар ки дар роњаш чу ман дар гиряву зорї фитод:“Сарв меояд ба истиќболаш аз боѓи мурод,Ростиро њар ки месозад асои хештан.”

гул хазон гашту васли ёр нашуд..

Гул хазон гашту васли ёр нашуд,Њеч кас шоњиди бањор нашуд.

Умр бигзашту њеч мањрўе,Муниси ќалби беќарор нашуд.

Рўзи мо шуд сияњ ба рањпої,Бадтар аз ин ба рўзгор нашуд.

Эй, ки муштоќи моњрўёнї,Њосилат ѓайри интизор нашуд.

Муддаи дарди ишќ кай донад,Дили бедарди ў ѓубор нашуд.

Ишќ дард аст, дарди бедармон,Дил супурдан ба ихтиёр нашуд.

Андар ин роњ њар ки сабр надошт,Шомили лутфи Кирдигор нашуд.

Ошиќон хосагони даргоњанд,Бартар аз ишќ ифтихор нашуд.

Ин чї нурест, кї боз аз дили мо мегузарад ?Ин чї шўрест, кї дар мањфили мо мегузарад ?

Ин чї ѓавѓову чї туфону чи ошўбу фиѓон,Ин чї дарёст, кї аз соњили мо мегузарад ?

Ин чї мастиву чї пастиву чи љангасту чи нанг,Ин чї балвост, кї дар манзили мо мегузарад ?

Ин чї дунёву чї савдову чи ањдасту чи мањд,Ин чї офот, кї бар њосили мо мегузарад ?

Ин чї роз асту чи ноз асту чи рўзасту чи сўз,Ин чї ёрест, кї бо ќотили мо мегузарад ?

БЕЊРЎЗИ ЗАБЕЊУЛЛО

Mухаммас бар ѓазали сайидо

НАЗМ

Page 15: ํНаҷот №35

28 августи соли 2014 15www.nahzat.tj

Аксарияти кишварњои мусулмонї ба рушди истењсолоту воситањои истењсолї диќќати љиддї намедињанд, ки ин хидма-тест ба нафъи дигарон. Ин боис шуда, ки онњо аз сустии мо истифода бур-да, зиндагии худро бењ месозанд. Замоне кўдак будем, ин илмро њамчун илми куфр маънидод ме-карданд. То њол дар байни мо, равшанфикрон андеша њам њаст, ки ѓарбиён илми моро дуздидаанду гўё моро беилм карда бошанд.

Воќеъан дуздидани илм-ро кори савоб мегўянд ва баъзе илмро аз тариќи дуздї аз бар кардаанд. Агар њар илмеро инсон бо худ ба гўр мебарад, гуноњи азим кардааст.

Дуруст аст, ки намунањои оддии истењсолот ва

воситањои истењсолї дар кишварњои мусулмонї ба назар мерасанд, вале дар баробари њифзи чунин истењсолоти оддї, бояд њамќадами замон буд, аз воситањои истењсолоти замонавї бархурдор ва ис-тифода кард.

Ислом њељ гоњ монеъи тараќќиёт набуду нест ва нахоњад шуд. Худованд ба-рои манфиати мо замину осмон, он чї байни замину осмон ва дар зеру болои

замин њаст, мусаххар сохт. То аз онњо самаранок ис-тифода барему эњтиёљоти зиндагии худро бароварда созем.

Дар ин маврид Худованд мефармояд: «…ато на-мудем ба онон (моддаи) оњанро, ки дар он њарбу зарб ва манфиатњои дигар аст барои мардум…», (су-раи «Њадид», 25).

Пас иљозат аст, ки оњанро барои муњофизат ва дигар соњаи зиндагї истифода барем. Яъне корхонањои коркарди оњан бояд сохту мардумро бо лавозимо-ти худї таъмин кард, то онњо ватан, нангу номус, зану фарзанд, дину ойи-ни худро муњофизат на-моянд, Њамчунин оњанро барои сохтани воситањои истењсолот, дастгоњу техникањои кишоварзї,

асбобњои маданию маишї ва тиббї, умуман дар њамаи соњањо истифода бурд.

Аммо дар кишвари мо њатто корхонаи истењсоли гўгирд вуљуд надорад. Дар њоле ки барои истењсоли гўгирд олимони баландих-тисос лозим нестанд.

Ѓаризањои НафсоНїТаваљљуњи Ислом ба-

рои ќонеъ гардонидани

нафсњои мост. Ислом ме-фармояд, аз неъматњои Худованд истифода баред, боѓу бўстонњоро обод ку-нед, аз меваи он хўрока ва нўшокињои гуногун тайёр кунед.

«Ва офарид чањорпоёнро барои (манфиат) шумо, ки аз (пўсту пашми) онњо либосу пўшиш ва анвоъи манофеъи дигар ба даст оред ва (гўшти њайвоноти њалолро) мехўред», (сураи «Нањл», 5).

Худованд таъкид меку-

над, њалолро ба њаром ба-дал накунед ва њар гуна ќонунњои беасосро њам ба тасвиб нарасонед.

«Бигў кї њаром кард зина-теро (либосеро), ки пайдо кард Худованд барои бан-дагонаш ва кї њаром кард ризќу рўзии њалолро? Он пўшиданиву хўрданињои њалол барои мусулмо-нон аст дар зиндагонии дунё…», (сураи «Аъроф», 32).

Аз як меваи ангур мета-вон хўрока ва нўшока, аз ќабили мураббо, ширинї, нўшоба, афшўра ва мавизу кишмиш тайёр кард. Агар оби ангурро туруш карда, истифода барем, Худо-ванд аз кори мо норозист, зеро истеъмолаш њукми њаромро дорад.

зеБу зиНатСару либос, зебу зинат

масъалаи рўз аст. Чуноне дар боло ишора шуд, зебу зинатро њељ кас манъ на-кардааст. Худованд таъ-кид мекунад, ки меъёр ва ќонунњои Ўро вайрон на-кунем. Яъне зану мард метавонанд зебу зинат ку-нанд. Фарќ дар ин аст, ки зан зебу зинаташро барои шавњар ва љалби таваљљуњи ў анљом дињад, на барои бегонагон.

Мард бояд хона ва љомеъа намуна бошад.

Љойгоњи ятиМИслом аз ятим њимоят

мекунад. Худованд муњиби худ, паёмбарро ятим офа-рид ва ин њикмати Ўст. Па-ёмбар (с) амр карда, ки ум-мат аз ањволи ятим воќиф бошад. Албатта, ин њукм барои имрўзиён мустаќим дахл дорад.

Бубинед, дар замо-ни љоњилия мардумони нимљазираи Араб аз тарси фаќирї фарзандони худро зери хок мекарданд. Паём-бар ин амрро гуноњи азим донисту гуфт, раззоќ танњо худи Худованд аст.

«Эй инсонњо, макушед фарзандони худро аз тар-си фарќириву тангдастї. Мо ризќу рўзї медињем онњо ва шуморо. Њамоно куштани онњо гуноњи азим аст», (сураи «Бани Исро-ил», 310).

Хуллас, Ислом њимояткунандаву рањнамо, наљотдињандаву шифо-бахш ва њидояткунандаи тамоми љабњањои зиндагии мост.

«Ин Ќуръон (саропо) њидоят аст…», (сураи «Љосия»,11). Муњаммадалї

Њомидов, аз ноњияи Рудакї.

Ислом ва зиндагїБа номи Худованди бахшоянда ва мењрубон.

Иддае аз олимони дунё Исломро њамчун афюн мешуморанд, гўё он монеъи пешравї бошаду тараќќиётро боз медорад. Андешаи онњоро бояд тањаммулпазирона ќабул кард, чун њамаи ин гуфтањоро рад карда наметавон. Зеро мо, мусулмонњо ба Ислом ва гуфтањои он ба таври лозим назар намеандозем ва аз фармудањояш пурра хабардор њам нестем. Агар мебудем, сад сол пеш ба онњо љавоб медодем.

ИЛМ вА ДИН

Page 16: ํНаҷот №35

www.nahzat.tj28 августи соли 201416

Муњаррир:Њикматуллоњ

САйФУЛЛОЊЗОДА[email protected]

Телефон: 918-66-98-46

Котиби масъул:Шоњ Абдї

Хабарнигорон: Субњияи Њомид

Умед Сиддиќшоњ

Нашрия дар сомонаи

www.nahzat.tj ќобили дарёфт аст

Телефон: 625-77-28

Њафтавор тањти раќами

0104/рз дар вазорати

фарњанги

љумњурии Тољикистон

номнавис шудааст ва бо

теъдоди 4330 нусха дар

матбааи “Муаттар”-и

ЊНИТ ба чоп мерасад.

Супориши раќами 170.

Нархаш шартномавї.

Суратњисоби мо:

20402972316264,

«АМОНАТБОНК»

НИШОНИИ ИДОРА: ш. Душанбе, кўчаи Борбад, хонаи раќами 1, дафтари марказии Њизби Нањзати

Исломии Тољикистон, ТеЛ: 625-77-28

Њафтанома дар заминаи гуногунандешї маќолањоеро

низ ба нашр мерасонад, ки хилофи мавќеи ЊНИТ

ва нашрия мебошанд. Масъулияти дурустии

аснод ва далели њамагуна маводи воридшуда ба дўши

муаллифон аст.Дастхат ва аксњо

баргардонида намешаванд.«Наљот» меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистиро дар Тољикистон эътироф

намудаву менамояд. Нашрия аз гузориши

хабаргузорињои «Авесто», «Tojnews», «Азия плюс»,

«Ozodagon», «Форс», «Islamnews/ru», сомонаи

родиоњои «Озодї» ва «ввС», истифода мекунад.

аз калоМи њаќДар њаќиќат, онњое, ки кофир шуда-

анд, молњо ва фарзандонашон чизе аз азоби Худоро аз онњо дур намесозанд ва онњо, воќеан њам, сўзишвории оташ њастанд (сураи «Оли Имрон», ояти 10).

Њоли онњо монанди њоли одамони Фиръавн аст ва онњое, ки пеш аз Фиръ-авниён буданд, ки такзиб намуданд оёти Моро, пас азоб кард онњоро Худо ба сабаби гуноњашон, (ки куфру такзиб буда) ва Худо сахтуќубат аст (сураи «Оли Имрон», ояти 11).

Барои мардум муњаббат ва дил-бастагии шањватњо(ва хостањои нафс), ки аз занон,фарзандон, зару сими ба ќинторњо (ва бо фаровонї) андўхташуда, аспони парваришшуда,чањорпоён ва зиро-ат иборат мебошанд, ороста ва ди-лангез нишон дода шудаанд. Инњо бањраи зиндагонии ин дунё њастанд ва саранљоми нек дар назди Худо мебо-шад (сураи «Оли Имрон», ояти 14).

15. Бигў: Оё шуморо ба бењтар аз ин (хостањои дилангез, ки њама бањраи гу-зарои зиндагонии ин дунё мебошанд) хабар намоям? Барои онњое, ки тарс (ва таќвои Худоро) доштаанд,боѓњое дар назди Парвардигорашон дар интизор аст, ки аз зери дарахтони он нањрњои об равон мебошанд (ва онњо) љовидона дар онанд ва (низ) њамсарони покиза ва (болотар аз ин њама) хушнудие аз љониби Худо на-сиби онњо бошад. Ва Худо ба (ањволи) бандагонаш биност (сураи «Оли Им-рон», ояти 15).

аз ањоДиси шарифАз Аби Маъбад Миќдод ибни Асвад

(р) ривоят шудааст, ки гуфт: ба Паём-бар (с) гуфтам: агар бо марде аз ко-фирон бархурд кунам ва дар байни мо љанг воќеъ шавад ва ў як дасти маро бо шамшер ќатъ кунад ва сипас аз тарси ман ба дарахте паноњ бибарад ва бигўяд: ба Худо таслим шудам ва Ислом овардам, оё баъд аз ин ки инро гуфт, ўро бикушам? Фармуданд: на, ўро накуш. Гуфтам: эй Расули Худо! Як дасти маро ќатъ кард ва баъд аз ќатъ ин калимаро гуфтааст! Фарму-данд: ўро накуш, ки агар ўро бикушї, ў ба манзалаи ту дар ќабл аз ваќтест, ки ўро бикушї (мусалмон аст) ва ту ба манзалаи ў њастї дар пеш аз замо-не, ки он њарфашро бизанад (њадиси Муттафаќун-алайњ).

Аз Абўабдуллоњ ан-Нуъмон ибни Башир(р) ривоят аст, ки гуфт: аз Пайѓамбари Худо (саллаллоњу алайњи ва саллам) шунидам, ки мегуфт: «Ба дурустї њалол ошкору равшан аст ва

ба дурустї њаром ошкору равшан аст ва дар миёни њалолу њаром чизњои шубњаноке вуљуд доранд, ки онњоро бисёре аз мардум намедонанд. Пас њар кї аз чизњои шубњанок парњез ку-над, барои дину шарафи худ аз гуноњ пок шавад. Ва њар кї дар шубњањо афтад, монанди чўпонест, ки шуту-рони худро дар гирди њарими дига-рон мечаронад ва дур нест, ки дар он њарим дохил шуда бошад. Огоњ бошед, ки њар подшоњеро њаримест; огоњ бошед, ки њарими Худо дар замин чизњои њаромкардаи Ўст; огоњ бошед, ки дар бадан пораи гўште њаст, ки агар он дуруст шавад, тамоми бадан ду-руст мешавад; ва агар он вайрон ша-вад, тамоми бадан вайрон мешавад; огоњ бошед, ки он гўштпора дил аст» (њадисро Имом Бухорї ва Муслим ри-воят кардаанд).

Аз Абўњурайра Абдурањмон ибни Сахр(р) ривоят аст, ки гуфт: аз Пайѓамбари Худо(с) шунидам, ки ме-гуфт: «Он чї шуморо аз он нањй карда-ам, пас аз он дурї биљўед ва он чї шу-моро бар он амр кардаам, пас аз он њар ќадар, ки тавонистед, иљро бикунед. Ба дурустї, он умматонеро, ки пеш аз шумо буданд, саволњои бисёрашон ва ихтилофашон бар пайѓамбарон њалок кардааст». (њадисро Имом Бухорї ва Муслим ривоят кардаанд).

ќаВли ёроНи

расулуллоњ (с)Гуноњро агар љавон њам кунад, ба-

даст, аммо бадтар он ки пир кунад.Њар касе адл кунад, хуб аст, аммо

амир ва подшоњ кунад, бењтар аст (њазрати Абубакри Сиддиќ (р)).

Агар байни дањ хислати инсон нуњи он дуруст ва яки он нодуруст бошад, он як хислати нодуруст тамоми хислатњои некро ѓарќ мекунад (њазрати Умари Форуќ (р)).

Зарбаи шамшер баданро захмї мекунад ва зарбаи сухани бад рўњро маљрўњ месозад (њазрати Усмон (р)).

Худро ба кор ва кўшиш ошно кунед, њаргиз ба сустї тан надињед, то ин ки ба зўри кору кўшиш рўњатон бонишот ва сабук мешавад (њазрати Алї (р)).

ќаВли БузургоНСарсахттарин душмани Ислом му-

салмони нодон аст. Аз љињати нодо-нияш зиёдаравї карда бо амалњои нољояш Исломи сањењро зишту бадрў нишон дода аз байн мебарад ва гумон мекунад, ки ин аст Исломи воќеъї дар дунё (Доктор Ањмад Дидот (р)).

Лозим аст, ки мо табиати асри худ ва табиат ва сиришти марду-

монеро, ки дар ин аср зиндагї ме-кунанд, бишиносем ва шак ва вас-васаро аз синањояшон, ба василаи баёни њикмати Худованд дар ташри-ъот (корњои шаръї) бизудоем (берун кунем), ки бо ин шева, мардум бо ри-зоят ва осудахотирї ањкоми шаръиро мепазиранд, ки дар натиља тардидњои шаккокон аз байн меравад ва имони муъминон афзун мегардад (Доктор Юсуф Ќарзовї)

Бо ањли њавову њавас ва худпара-стон, љуз барои даъвати онњо ба сўи дин ва бо роњи рост, (рафтуомад ва њамнишинї) накун! (аз «Панднома»-и Имоми Аъзам (р)).

Ислом дини муъомала, сулњ ва инсондўстї аст, хушунат таљовуз ва зулмро дўст намедорад. Ва душмани Худо ва Расулаш касонеанд, ки бар алайњи дин ва пайравонаш љанг эъ-лон мекунанд ва таъањњуд менамоянд, ки мусаломононро аз ватанашон бе-рун кунанд (устод Сайид Абдуллоњи Нурї).

Кї метавонад сарашро дар санг би-занад ва ё оби бањрро фурў барад? Њар кї Исломро нодида мегирад ва ё мекўшад муќаддасоти онро аз байн бибарад ва мардумро аз дини Худои худ боздорад, монанд ба касест, ки мехоњад сарашро дар санг бизанад ва сангро бишканад ва ё оби бањрро ба пуррагї фурў бурда, онро хушк кунад. Кї ин корро карда метавонад? (Устод М.Њимматзода).

Ай бародар, чун ба њоли касо-не, ки хона ва кошона надошта, дар паноњгоњњо, канораи роњњо ва хаймањо умри худро сипарї мена-моянд, таваљљуњ ва тааммул намої ва аз рўи инсоф њоли худро ба њоли онон муќоиса намуда, дар тарозуи адл баркашї, онгоњ ба ќадри ма-скан ва хонаи худ мерасї ва ќимати ин неъмати гаронќадрро мешиносї (Муњаммадсолењ Ал- Мунљид аз кито-би «Чињил насињат).

Синфхонае, ки муаллим бо як чизи љузъї нороњат шавад ва худхўрї кунад ва њам рангаш таѓйир намояд, шогирди мардуд (мањрум аз тарбия) дар охири сол фаровон хоњад дошт ва ё агар па-дар тасаллут бар аъсоб надошта бо-шад, дар њамон моњњои аввал дар хона ихтилоф пайдо мешавад ва њамчунин агар модар тасаллут бар аъсоб надо-шта бошад, ќатъан нахоњад тавонист бачаи солењ таќдими љомеъа кард.

Агар ба тиљорат ё саноъат пардохтед ё даст ба кору вазифаатон шудед ва ба камоли амонату ростї, ба манзури љалби ризои Худо анљоми вазифа кар-дед, сипас саъй кардед ризќи њалол ба даст оваред ва аз њосил кардани моли њаром парњез кардед, ин касбу кўшиши шумо дар ин роњ ибодати Худои мута-ъол шинохта хоњад шуд. Бо ин ки ин корњоро ба манзури њосил кардани ризќу рўзии худатон анљом додаед (Абулаъло Мавдудї).

(Илоњо) Ба он касе, ки аќл додї, чї надодї? Ва ба он ки аќл надодї, чї додї? (Хоља Абдуллоњи Ансорї).

Фароњамсоз Муњиддин Асозода

Панду андарз Нўњ нуњсад сол даъват менамуд,Дам ба дам инкори ќавмаш мефузуд.Лек, даъват воридаст аз Кирдугор,Бо ќабулу ноќабул, ўро чї кор.

(Мавлонои Румї)

ТАъЗИЯ:Раёсати бахши ЊНИТ дар ноњияи Панљ нисбати даргузашти Њољї Муслињиддини Муњаммадшариф ва Њољї

Њайдари Абдулњай, ду узви собиќадори њизб ва барои тасаллї бахшидани дўстону наздикони ишон дуъо мекунад: Инно лиллоњї ва инно илайњи рољиъун.

НАСИЊАТ ГЎШ КУН, љОНО...