12- уми августи Овози Самаріанд · дум, бахусус, ба...

4
Овози Самаріанд ISSN 2010-6688 E-mail: [email protected] Оғози нашр: 1-уми январи соли 1990 Ватан саҷдагоҳи муқаддас аст! http://www.ovozisamarqand.uz Бисёрдони камгӯй бош, на камдони бисёргӯй. КАЙКОВУС. QR-CODE @ovozisamarqand OvoziSamarqand @OvoziSamarqand №52 (2969) 12-уми августи соли 2020, чоршанбе ДАР САМАРҚАНД МАҲДУДИЯТҲОИ КАРАНТИНӢ САБУК КАРДА МЕШАВАД Дирӯз ҷамъомади навбатии комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда оид ба мубориза бар зидди эпидемия баргузор гардид. – Рӯзҳои охир дар ҷаҳон шумораи гирифторо- ни коронавирус чанд маротиба афзуд, – гуфт ҳо- кими вилоят Э. Турдимов. – Мутаассифона, адади бемороне, ки аз коронавирус вафот мекунанд, низ рӯз то рӯз зиёд мешавад. Бинобар ин, Созмо- ни умумиҷаҳонии тандурустӣ тасмим гирифт, ки низоми ҳолати фавқулодаи байналхалқии во- баста ба пандемияи коронавирусро боз то се моҳи дигар дароз намояд. Дар ҷамъомади навбатии видеоселекторӣ, ки рӯзи 4-уми августи соли ҷорӣ зери сарварии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев доир гардид, бори дигар вазъияти эпи- демиологии мамлакат ба таври танқидиву таҳ- лилӣ баррасӣ гардида, ба роҳбарони ҳудудҳо су- пориш дода шуд, ки вобаста ба вазъияти эпидемиологии ҳудудҳо маҳдудиятҳои карантин зина ба зина сабук карда шавад ва баъзе соҳаҳо фаъолияти худро аз нав ба роҳ монанд. Зикр гашт, ки маҳдудиятҳои карантин ба мар- дум, бахусус, ба шохаҳои иқтисодиёт таъсири манфии худро мерасонад. Аз ин рӯ, дар асоси хулосаи шӯъбаҳои ҳудудии Садорати ҳифзи тан- дурустии вилоят ва Маркази осоиштагии сани- тариву эпидемиологии вилоят, дар асоси муросо бо роҳбарони секторҳо хулосаи Комиссияи вило- ятии ҳолатҳои фавқулодда оид ба мубориза бар зидди эпидемия қабул гардида, барои баъзе соҳаҳо аз 12-уми август маҳдудиятҳои карантин сабук карда мешавад. Мувофиқи хулосаи комиссия аз имрӯз ба ҳа- ракати воситаҳои нақлиётӣ бе рухсатномаи мах- сус (стикер) аз соати 06:00 то соати 23:00 иҷозат дода мешавад. M Инчунин, минбаъд объектҳои хӯрокхӯрии умумӣ низ дар асо- си риоя ба як қатор қоидаҳо, чун нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ дар байни столҳо, дар атрофи як стол ҷой надо- дани беш аз чор нафар (агар аъ- зои як оила буда, аз 10 нафар кам бошанд, мумкин аст), бо ниқоб ва дастӯшаки тиббӣ кор кардани пешхизматҳо, пас аз рафтани мизоҷон без- араргардонии сатҳи стол ва дигар таҷҳизот, аз соати 8:00 то соати 20:00 фаъолият бурда метавонанд. Дар баробари ин барои баргузории шабни- шиниҳо ва чорабиниҳои оммавӣ дар дохили онҳо иҷозат дода намешавад. Ғайр аз ин, ба фаъолияти дӯконҳое, ки бо савдои чаканаи маҳсулотҳои ғайрихӯрковорӣ машғуланд, сартарошхона ва салонҳои зебоӣ, меҳмонхонаҳо (ғайр аз хостелҳо ва меҳмонхо- наҳои оилавӣ), майдонҳои варзишӣ (бо шарти маҳдуд кардани шумораи ташрифоварандагон, манъи истифодаи хонаҳои шустушӯӣ), маҷма- аҳои варзишӣ, маҳфилҳои спортӣ, толорҳои варзишӣ ва клубҳои фитнес, марказҳои таъ- лимӣ, маҳфилҳо (бо иштироки на беш аз 10 нафар) ва корбарии ташкилотҳои таълими томактабии ғайридавлатӣ рухсат дода меша- вад. Ёдрас карда шуд, ки риоя ба қоидаҳои ка- рантин ҳангоми фаъолият аз тарафи Садорати давлатии назорати санитариву эпидемиологӣ назорат карда мешавад ва нисбат ба муассиса ва субъектҳои тадбиркорие, ки ба маҳдудиятҳо қатъӣ амал намекунанд, чораҳои зарурӣ ан- дешида мешавад. Таъкид гардид, ки минбаъд дар шифохонаи бемориҳои сироятии вилоят, диспансери кар- диология ва поликлиникаи рақами дуввуми назди Донишкадаи тиббии Самарқанд қабули беморон боздошта мешавад. Минбаъд онҳо дар доираи самти фаъолия- ти худ кор пеш мебаранд. Ҳамаи бемороне, ки дар онҳо аломатҳои бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш (пневмония) аниқ гардидааст, танҳо дар шифохонаи махсус, ки ба қарибӣ барои 1000 нафар ташкил гардидааст, табобат карда мешаванд. K Хизмати матбуоти ҳокимияти вилояти Самарқанд. ҲАР РӮЗ АЗ АХБОРИ МАМЛАКАТУ ҶАҲОН ТАВАССУТИ ШАБАКАИ МО ХАБАРДОР ШАВЕД. ДАР ХОНА ДАР ХОНА БИМОНЕД! БИМОНЕД! ЗИНДАГӢ ДАВОМ ДОРАД. АЗ ПАСИ ҒАМУ АНДӮҲ АЛБАТТА ХУРСАНДӢ МЕОЯД СТАНСИЯИ БАРҚИИ ГАРМИИ ТАХИАТОШ ДАСТУРАМАЛ ДАР БОРАИ КОР БО ВАРАҚАИ ҶАВОБҲО ВАЗОРАТ ПАДАРУ МОДАРОНРО ОГОҲ КАРД,КИ ФИРЕФТАИ ВАЪДАҲОИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ СОХТАИ ХОРИҶӢ НАШАВАНД ДАР ШАБАКАИ OVOZI.UZ МАВОДҲОИ ҶОЛИБРО ТАМОШО КУНЕД! Ба «Дафтари оҳанин» киҳо дароварда мешаванд? Эҳтиёҷмандоне, ки ба «Дафтари оҳанин» дохил карда шудаанд, чӣ хел муайян мегардад? Оё танҳо ба оилаҳои ниёзманд кӯмаки молиявӣ расонида мешавад? Оилаҳои бақайдгирифташуда кай аз рӯйхат бароварда мешаванд? «Дафтари оҳанин» барномаи «Sakhovat.argos.uz» мебошад, ки барои аз камбизоатӣ баровардани ои- лаҳо нигаронида шудааст. Ба барнома оилаҳое дохил мешаванд, ки вазъияти иҷтимоӣ ва шароити зин- дагиашон вазнин асту таҳти назорати махсуси роҳ- барони соҳа қарор доранд. Дар давраи пандемияи коронавирус оид ба фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд, ки ба «Дафтари оҳанин» дохил карда шудаанд, тибқи «Тартиби муваққатӣ» оид ба ташкили манбаи даромад барои оилаҳои дорои шароити вазнини иҷтимоӣ тадбирҳо анде- шида мешаванд. ½ БА ОИЛАҲОИ ЭҲТИЁҶМАНД ДАР ШАКЛҲОИ ЗЕРИН КӮМАК РАСОНИДА МЕШАВАД: – кӯмаки моддӣ; – таъмини ҷойи кор; – шуғл бо соҳибкорӣ. Ба рӯйхат оилаҳои эҳтиёҷманди зерин даровар- да мешавад: – оилаҳое, ки аъзоёнаш ногироӣ ва бемории ваз- нин доранд; – пиронсолони якка, бевазанон ва шахсони мӯҳтоҷ; – оилаҳое, ки 5 нафар ва ё бештар аз он фарзанд доранд; – ба шахсоне, ки дар натиҷаи чораҳои карантинӣ манбаи даромадашонро аз даст додаанд; – онҳое, ки воқеан мӯҳтоҷ, нотавон ва ба дастги- рии молиявӣ ниёз доранд. ½ ТАРТИБИ ДОХИЛШАВӢ ВА БАРОВАРДАН АЗ «ДАФТАРИ ОҲАНИН» Роҳбарони секторҳо дар якҷоягӣ бо раисони ҷамъомадҳои шаҳрвандони маҳалла ва аъзоёни сектор хона ба хона давр зада, шароити моддии зиндагии оилаҳоро амиқ омӯхта, ба базаи электро- нии «Saxovat.argos.uz» дохил мекунанд. Бо тавсияи роҳбарони сектор ва муроҷиати хат- тии сардори оила дар асоси қарори Шӯрои ноҳия- вии (шаҳрии) намояндагони халқ аз «дафтари оҳа- нин» хориҷ карда мешавад. Маълумот дар бораи баровардан аз «Дафтари оҳанин» ва ба ҷойи онҳо дохил намудани оилаҳои нав ҳамарӯза нав карда мешавад. Ҳангоми пандемия, давлат ба нақша гирифта- аст, ки ба оилаҳо ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, кӯмакҳои зерини молиявӣ расонида шавад: Аз буҷети ҷумҳуриятӣ (дар арафаи Иди Қурбон) – 150 миллиард сӯм – ба 150 ҳазор оила; Дар доираи ҳаракати миллии «Саховатмандӣ ва дастгирӣ» – 132 миллиард сӯм – ба 234 ҳазор оила; Мувофиқи Фармони Президент таҳти рақами 6038 – ба ҳар сари аҳолӣ 220 ҳазор сӯмӣ – ба 401 ҳазор оила; Аз хазинаи ҷамоатии хайриявии «Вақф» – 150 миллиард сӯм. Дар тӯли моҳҳои июл-декабри соли 2020 аз ҳи- соби маблағҳои Хазинаи давлатии кӯмакрасонӣ ба шуғли аҳолӣ ва хазинаи корҳои ҷамоатӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани 192053 нафар ба миқ- дори 433,4 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст. Аз он ҷумла: – ба воситаи ҷалбсозӣ ба корҳои ҷамоатӣ – ба 102659 нафар 231,3 миллиард сӯм; – аз ҳисоби субсидияҳо ба кооперативҳои кишо- варзӣ – ба 19843 нафар 44,2 миллиард сӯм; – ба воситаи ҷудо кардани субсидияҳо ба за- минҳои наздиҳавлигӣ – ба 28482 нафар 130 милли- ард сӯм; – бо роҳи ҷудо кардани субсидияҳо барои пар- дохти соҳибкорӣ – ба 13 001 нафар 11,5 миллиард сӯм; ба 28068 нафар шаҳрванд барои додани кӯ- макпулӣ ба миқдори 16,3 миллиард сӯм ҷудо шуда- аст. ķ Д Д УШАНБЕ УШАНБЕ РӮЗИ ҚАБУЛИ ТАДБИРКОРОН РӮЗИ ҚАБУЛИ ТАДБИРКОРОН Соҳибкори 70 сола ба чӣ гуна кӯмак ниёз дорад? Бо ташаббуси ҳокимияти вилоят дар Садо- рати ҳудудии палатаи савдову саноати вилоят қабули навбатии соҳибкорон баргузор гардид. Барои иштирок дар қабул аз ҷониби тадбиркорон 17-то муроҷиат қайд гардида, то рӯзи вохӯрӣ аксарияти онҳо аз ҷониби масъулон ҳал карда шуд. Дар қабул муроҷиати 3 нафар тадбиркор шунида шуд. Ҳокими вилоят Э. Турдимов ба муроҷиати ҳар як соҳибкор гӯш андохта, аз рӯи ҳалли онҳо ба муттасаддиёни соҳа супоришҳо дод. Тадбиркори 70 сола Фазилат Алиқулова дар маҳаллаи Наврӯзи ноҳияи Ургут барои дар асо- си шарикии хусусӣ-давлатӣ ташкил кардани ташкилоти таълимии томактабӣ аз филиали Микрокредитбанк ба миқдори 1, 02 миллиард сӯм кредити имтиёзнок гирифтааст. Аз ҳисоби ин маблағ корҳои сохтмонииро ба анҷом расо- нидааст. Ҳоло барои давом додани корҳои сох- тмонӣ боз 1 миллиард сӯм лозим шудааст. Би- нобар ин, дар қабул Фазилат Алиқулова аз ҳокими вилоят барои ҷудо кардани маблағи иловагӣ кӯмаки амалӣ пурсида, муроҷиат кард. – Имрӯз бо ҳокими вилояти Самарқанд вохӯр- да, муаммои худро оиди ҳар чӣ зудтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти таълими то- мактабӣ баён намудам, гуфт соҳибкори ургутӣ Фазилат Алиқулова. Ҳокими вилоят ба шаро- ити вазнини пандемия нигоҳ накарда, ваъда доданд, ки барои дар асоси кредити 15 фоиза ҷудо кардани 1 миллиард сӯм кӯмак мерасонанд. Аз ин хеле хурсанд шудам. Зеро, мақсади ман барои соҳибилму соҳибмаърифат шуда ба воя расидани насли наврас ҳисса гузоштан аст. Инчунин, дар қабул муроҷиати тадбиркори ургутӣ Равшан Ҳасанов баррасӣ шуд. Назар ба гуфтаи ӯ дар маҳаллаи Тераки ноҳия коперати- ви истеҳсолии хоҷагии қишлоқро ташкил на- мудааст. Аммо барои фаъолият бурдани тадбир- кор аз ҷониби кормандони идораи ҳифзи ҳуқуқи ноҳия зиддиятҳо ба амал омадааст. Таъкид гар- дид, ки ҳолати мазкур аз ҷониби прокуратураи вилоят омӯхта шуда, дар бораи хулосаҳои охирин маълумот дода мешавад. Тадбиркори дигар Аб- дураҳим Саидов аз 40 гектар замини маҳаллаи Миршикори ноҳияи Иштихон, ки барои барпои токпарварӣ пешбинӣ шудааст, дар 37 гектар токзор барпо намудааст. Тадбиркор бо мақсади ривоҷ додани фаъолияташ барои харидани ниҳолҳои ток аз филиали «Микрокредитбанк»-и вилоят ба миқдори 300 миллион сӯм кредит пурсидааст. Лекин бо чӣ сабабҳое, муроҷиати ӯ аз ҷониби кормандони бонк ҳал карда намеша- вад. Аз ҷониби маттасаддиёни бонк таъкид гар- дид, ки масъалаи мазкур дар давоми як ҳафта ҳалли худро меёбад. Масъулияти баланд дошта бошем… E Бахтиёр МУСТАНОВ Архиви ҳуҷҷатҳои шахсии ҳисоботи иқтисодии байниидора- вии шаҳри Самарқанд соли 1989 таъсис ёфта, аз 12-то бойгонӣ иборат буд. Дар он 3 нафар корманд кор мекарданду 8045-то ҳуҷҷатҳои нигаҳдорӣ пос дошта мешуд. Ҳоло дар архив 118-то бойгонӣ мавҷуд буда, ҳуҷҷатҳои қариб 40 ҳазор корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳри Самарқанд нигоҳ дошта мешавад. 9 нафар корманд ба шаҳрвандон ва шах- сони ҳуқуқӣ хизмати босифат мерасонанд. – Дар архив кор кардан ҳам аз кас масъулиятнокиро талаб мекунад, мегӯяд яке аз кормандони ҷавон Баҳора Азимова. Барои ба халқамон расонидани хизмати намунавӣ тамоми ша- роитҳо муҳайё карда шудааст. Анъанаи «Устоду шогирд» дуруст ба роҳ монда шуда, кормандони ботаҷриба маслиҳатҳои худро аз мо ҷавонон дареғ намедоранд. Мо дар асоси назорату пеш- ниҳоди онҳо нозукиҳои касби худро боз ҳам мукаммалтар ме- омӯзем.

Upload: others

Post on 16-Aug-2020

19 views

Category:

Documents


0 download

TRANSCRIPT

Page 1: 12- уми августи Овози Самаріанд · дум, бахусус, ба шохаҳои иқтисодиёт таъсири манфии худро мерасонад

Овози СамаріандISSN 2010-6688 E-mail: [email protected]Оғози нашр: 1-уми январи соли 1990

Ватан саҷдагоҳи муқаддас аст!

http://www.ovozisamarqand.uz

Бисёрдони камгӯй бош, на камдони бисёргӯй.

КАЙКОВУС.

QR-CODE @ovozisamarqand OvoziSamarqand @OvoziSamarqand

№52 (2969) 12-уми августи соли 2020, чоршанбе

ДАР САМАРҚАНД МАҲДУДИЯТҲОИ КАРАНТИНӢ САБУК КАРДА МЕШАВАД

Дирӯз ҷамъомади навбатии комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда оид ба мубориза бар зидди эпидемия баргузор гардид.

– Рӯзҳои охир дар ҷаҳон шумораи гирифторо-ни коронавирус чанд маротиба афзуд, – гуфт ҳо-кими вилоят Э. Турдимов. – Мутаассифона, адади бемороне, ки аз коронавирус вафот мекунанд, низ рӯз то рӯз зиёд мешавад. Бинобар ин, Созмо-ни умумиҷаҳонии тандурустӣ тасмим гирифт, ки низоми ҳолати фавқулодаи байналхалқии во-баста ба пандемияи коронавирусро боз то се моҳи дигар дароз намояд. Дар ҷамъомади навбатии видеоселекторӣ, ки рӯзи 4-уми августи соли ҷорӣ зери сарварии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев доир гардид, бори дигар вазъияти эпи-демиологии мамлакат ба таври танқидиву таҳ-лилӣ баррасӣ гардида, ба роҳбарони ҳудудҳо су-пориш дода шуд, ки вобаста ба вазъияти эпидемиологии ҳудудҳо маҳдудиятҳои карантин зина ба зина сабук карда шавад ва баъзе соҳаҳо фаъолияти худро аз нав ба роҳ монанд.

Зикр гашт, ки маҳдудиятҳои карантин ба мар-дум, бахусус, ба шохаҳои иқтисодиёт таъсири манфии худро мерасонад. Аз ин рӯ, дар асоси хулосаи шӯъбаҳои ҳудудии Садорати ҳифзи тан-дурустии вилоят ва Маркази осоиштагии сани-тариву эпидемиологии вилоят, дар асоси муросо бо роҳбарони секторҳо хулосаи Комиссияи вило-ятии ҳолатҳои фавқулодда оид ба мубориза бар

зидди эпидемия қабул гардида, барои баъзе соҳаҳо аз 12-уми август маҳдудиятҳои карантин сабук карда мешавад.

Мувофиқи хулосаи комиссия аз имрӯз ба ҳа-ракати воситаҳои нақлиётӣ бе рухсатномаи мах-сус (стикер) аз соати 06:00 то соати 23:00 иҷозат дода мешавад.

MИнчунин, минбаъд объектҳои хӯрокхӯрии умумӣ низ дар асо-си риоя ба як қатор қоидаҳо, чун нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ дар байни столҳо, дар атрофи як стол ҷой надо-дани беш аз чор нафар (агар аъ-зои як оила буда, аз 10 нафар кам бошанд, мумкин аст), бо ниқоб ва дастӯшаки тиббӣ кор кардани пешхизматҳо, пас аз рафтани мизоҷон без-араргардонии сатҳи стол ва дигар таҷҳизот, аз соати 8:00 то соати 20:00 фаъолият бурда метавонанд.

Дар баробари ин барои баргузории шабни-шиниҳо ва чорабиниҳои оммавӣ дар дохили онҳо иҷозат дода намешавад.

Ғайр аз ин, ба фаъолияти дӯконҳое, ки бо савдои чаканаи маҳсулотҳои ғайрихӯрковорӣ машғуланд, сартарошхона ва салонҳои зебоӣ, меҳмонхонаҳо (ғайр аз хостелҳо ва меҳмонхо-наҳои оилавӣ), майдонҳои варзишӣ (бо шарти маҳдуд кардани шумораи ташрифоварандагон, манъи истифодаи хонаҳои шустушӯӣ), маҷма-аҳои варзишӣ, маҳфилҳои спортӣ, толорҳои варзишӣ ва клубҳои фитнес, марказҳои таъ-лимӣ, маҳфилҳо (бо иштироки на беш аз 10 нафар) ва корбарии ташкилотҳои таълими томактабии ғайридавлатӣ рухсат дода меша-вад.

Ёдрас карда шуд, ки риоя ба қоидаҳои ка-рантин ҳангоми фаъолият аз тарафи Садорати давлатии назорати санитариву эпидемиологӣ назорат карда мешавад ва нисбат ба муассиса ва субъектҳои тадбиркорие, ки ба маҳдудиятҳо қатъӣ амал намекунанд, чораҳои зарурӣ ан-дешида мешавад.

Таъкид гардид, ки минбаъд дар шифохонаи бемориҳои сироятии вилоят, диспансери кар-диология ва поликлиникаи рақами дуввуми назди Донишкадаи тиббии Самарқанд қабули беморон боздошта мешавад.

Минбаъд онҳо дар доираи самти фаъолия-ти худ кор пеш мебаранд. Ҳамаи бемороне, ки дар онҳо аломатҳои бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш (пневмония) аниқ гардидааст, танҳо дар шифохонаи махсус, ки ба қарибӣ барои 1000 нафар ташкил гардидааст, табобат карда мешаванд.

K Хизмати матбуоти ҳокимияти вилояти Самарқанд.

ҲАР РӮЗ АЗ АХБОРИ МАМЛАКАТУ ҶАҲОН ТАВАССУТИ ШАБАКАИ МО ХАБАРДОР ШАВЕД.

ДАР ХОНА ДАР ХОНА БИМОНЕД!БИМОНЕД!

ЗИНДАГӢ ДАВОМ ДОРАД. АЗ ПАСИ ҒАМУ АНДӮҲ АЛБАТТА ХУРСАНДӢ МЕОЯД

СТАНСИЯИ БАРҚИИ ГАРМИИ ТАХИАТОШ

ДАСТУРАМАЛ ДАР БОРАИ КОР БО ВАРАҚАИ ҶАВОБҲО

ВАЗОРАТ ПАДАРУ МОДАРОНРО ОГОҲ КАРД,КИ ФИРЕФТАИ ВАЪДАҲОИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ СОХТАИ ХОРИҶӢ НАШАВАНД

ДАР ШАБАКАИ OVOZI.UZ МАВОДҲОИ ҶОЛИБРО ТАМОШО КУНЕД!

Ба «Дафтари оҳанин» киҳо дароварда мешаванд?

Эҳтиёҷмандоне, ки ба «Дафтари оҳанин» дохил карда шудаанд, чӣ хел муайян мегардад? Оё танҳо ба оилаҳои ниёзманд кӯмаки молиявӣ расонида мешавад? Оилаҳои бақайдгирифташуда кай аз рӯйхат бароварда мешаванд?

«Дафтари оҳанин» барномаи «Sakhovat.argos.uz» мебошад, ки барои аз камбизоатӣ баровардани ои-лаҳо нигаронида шудааст. Ба барнома оилаҳое дохил мешаванд, ки вазъияти иҷтимоӣ ва шароити зин-дагиашон вазнин асту таҳти назорати махсуси роҳ-барони соҳа қарор доранд. Дар давраи пандемияи коронавирус оид ба фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд, ки ба «Дафтари оҳанин» дохил карда шудаанд, тибқи «Тартиби муваққатӣ» оид ба ташкили манбаи даромад барои оилаҳои дорои шароити вазнини иҷтимоӣ тадбирҳо анде-шида мешаванд.

½ БА ОИЛАҲОИ ЭҲТИЁҶМАНД ДАР ШАКЛҲОИ ЗЕРИН КӮМАК РАСОНИДА МЕШАВАД:

– кӯмаки моддӣ;– таъмини ҷойи кор;– шуғл бо соҳибкорӣ.Ба рӯйхат оилаҳои эҳтиёҷманди зерин даровар-

да мешавад:– оилаҳое, ки аъзоёнаш ногироӣ ва бемории ваз-

нин доранд;– пиронсолони якка, бевазанон ва шахсони

мӯҳтоҷ;– оилаҳое, ки 5 нафар ва ё бештар аз он фарзанд

доранд;– ба шахсоне, ки дар натиҷаи чораҳои карантинӣ

манбаи даромадашонро аз даст додаанд;– онҳое, ки воқеан мӯҳтоҷ, нотавон ва ба дастги-

рии молиявӣ ниёз доранд.

½ ТАРТИБИ ДОХИЛШАВӢ ВА БАРОВАРДАН АЗ «ДАФТАРИ ОҲАНИН»

Роҳбарони секторҳо дар якҷоягӣ бо раисони

ҷамъомадҳои шаҳрвандони маҳалла ва аъзоёни сектор хона ба хона давр зада, шароити моддии зиндагии оилаҳоро амиқ омӯхта, ба базаи электро-нии «Saxovat.argos.uz» дохил мекунанд.

Бо тавсияи роҳбарони сектор ва муроҷиати хат-тии сардори оила дар асоси қарори Шӯрои ноҳия-вии (шаҳрии) намояндагони халқ аз «дафтари оҳа-нин» хориҷ карда мешавад.

Маълумот дар бораи баровардан аз «Дафтари оҳанин» ва ба ҷойи онҳо дохил намудани оилаҳои нав ҳамарӯза нав карда мешавад.

Ҳангоми пандемия, давлат ба нақша гирифта-аст, ки ба оилаҳо ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, кӯмакҳои зерини молиявӣ расонида шавад:

Аз буҷети ҷумҳуриятӣ (дар арафаи Иди Қурбон) – 150 миллиард сӯм – ба 150 ҳазор оила;

Дар доираи ҳаракати миллии «Саховатмандӣ ва дастгирӣ» – 132 миллиард сӯм – ба 234 ҳазор оила;

Мувофиқи Фармони Президент таҳти рақами 6038 – ба ҳар сари аҳолӣ 220 ҳазор сӯмӣ – ба 401 ҳазор оила;

Аз хазинаи ҷамоатии хайриявии «Вақф» – 150 миллиард сӯм.

Дар тӯли моҳҳои июл- декабри соли 2020 аз ҳи-соби маблағҳои Хазинаи давлатии кӯмакрасонӣ ба шуғли аҳолӣ ва хазинаи корҳои ҷамоатӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани 192053 нафар ба миқ-дори 433,4 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст. Аз он ҷумла:

– ба воситаи ҷалбсозӣ ба корҳои ҷамоатӣ – ба 102659 нафар 231,3 миллиард сӯм;

– аз ҳисоби субсидияҳо ба кооперативҳои кишо-варзӣ – ба 19843 нафар 44,2 миллиард сӯм;

– ба воситаи ҷудо кардани субсидияҳо ба за-минҳои наздиҳавлигӣ – ба 28482 нафар 130 милли-ард сӯм;

– бо роҳи ҷудо кардани субсидияҳо барои пар-дохти соҳибкорӣ – ба 13 001 нафар 11,5 миллиард сӯм;

ба 28068 нафар шаҳрванд барои додани кӯ-макпулӣ ба миқдори 16,3 миллиард сӯм ҷудо шуда-аст.

ķДДУШАНБЕ УШАНБЕ –– РӮЗИ ҚАБУЛИ ТАДБИРКОРОН РӮЗИ ҚАБУЛИ ТАДБИРКОРОН

Соҳибкори 70 солаба чӣ гуна кӯмак ниёз дорад?

Бо ташаббуси ҳокимияти вилоят дар Садо-рати ҳудудии палатаи савдову саноати вилоят қабули навбатии соҳибкорон баргузор гардид. Барои иштирок дар қабул аз ҷониби тадбиркорон 17-то муроҷиат қайд гардида, то рӯзи вохӯрӣ аксарияти онҳо аз ҷониби масъулон ҳал карда шуд. Дар қабул муроҷиати 3 нафар тадбиркор шунида шуд.

Ҳокими вилоят Э. Турдимов ба муроҷиати ҳар як соҳибкор гӯш андохта, аз рӯи ҳалли онҳо ба муттасаддиёни соҳа супоришҳо дод.

Тадбиркори 70 сола Фазилат Алиқулова дар маҳаллаи Наврӯзи ноҳияи Ургут барои дар асо-си шарикии хусусӣ- давлатӣ ташкил кардани ташкилоти таълимии томактабӣ аз филиали Микрокредитбанк ба миқдори 1, 02 миллиард сӯм кредити имтиёзнок гирифтааст. Аз ҳисоби ин маблағ корҳои сохтмонииро ба анҷом расо-нидааст. Ҳоло барои давом додани корҳои сох-тмонӣ боз 1 миллиард сӯм лозим шудааст. Би-нобар ин, дар қабул Фазилат Алиқулова аз ҳокими вилоят барои ҷудо кардани маблағи иловагӣ кӯмаки амалӣ пурсида, муроҷиат кард.

– Имрӯз бо ҳокими вилояти Самарқанд вохӯр-да, муаммои худро оиди ҳар чӣ зудтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти таълими то-мактабӣ баён намудам, – гуфт соҳибкори ургутӣ Фазилат Алиқулова. – Ҳокими вилоят ба шаро-

ити вазнини пандемия нигоҳ накарда, ваъда доданд, ки барои дар асоси кредити 15 фоиза ҷудо кардани 1 миллиард сӯм кӯмак мерасонанд. Аз ин хеле хурсанд шудам. Зеро, мақсади ман барои соҳибилму соҳибмаърифат шуда ба воя расидани насли наврас ҳисса гузоштан аст.

Инчунин, дар қабул муроҷиати тадбиркори ургутӣ Равшан Ҳасанов баррасӣ шуд. Назар ба гуфтаи ӯ дар маҳаллаи Тераки ноҳия коперати-ви истеҳсолии хоҷагии қишлоқро ташкил на-мудааст. Аммо барои фаъолият бурдани тадбир-кор аз ҷониби кормандони идораи ҳифзи ҳуқуқи ноҳия зиддиятҳо ба амал омадааст. Таъкид гар-дид, ки ҳолати мазкур аз ҷониби прокуратураи вилоят омӯхта шуда, дар бораи хулосаҳои охирин маълумот дода мешавад. Тадбиркори дигар Аб-дураҳим Саидов аз 40 гектар замини маҳаллаи Миршикори ноҳияи Иштихон, ки барои барпои токпарварӣ пешбинӣ шудааст, дар 37 гектар токзор барпо намудааст. Тадбиркор бо мақсади ривоҷ додани фаъолияташ барои харидани ниҳолҳои ток аз филиали «Микрокредитбанк»-и вилоят ба миқдори 300 миллион сӯм кредит пурсидааст. Лекин бо чӣ сабабҳое, муроҷиати ӯ аз ҷониби кормандони бонк ҳал карда намеша-вад. Аз ҷониби маттасаддиёни бонк таъкид гар-дид, ки масъалаи мазкур дар давоми як ҳафта ҳалли худро меёбад.

Масъулияти баланд дошта бошем… E Бахтиёр МУСТАНОВ

Архиви ҳуҷҷатҳои шахсии ҳисоботи иқтисодии байниидора-вии шаҳри Самарқанд соли 1989 таъсис ёфта, аз 12-то бойгонӣ иборат буд. Дар он 3 нафар корманд кор мекарданду 8045-то ҳуҷҷатҳои нигаҳдорӣ пос дошта мешуд.

Ҳоло дар архив 118-то бойгонӣ мавҷуд буда, ҳуҷҷатҳои қариб 40 ҳазор корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳри Самарқанд нигоҳ дошта мешавад. 9 нафар корманд ба шаҳрвандон ва шах-

сони ҳуқуқӣ хизмати босифат мерасонанд.– Дар архив кор кардан ҳам аз кас масъулиятнокиро талаб

мекунад, – мегӯяд яке аз кормандони ҷавон Баҳора Азимова. – Барои ба халқамон расонидани хизмати намунавӣ тамоми ша-роитҳо муҳайё карда шудааст. Анъанаи «Устоду шогирд» дуруст ба роҳ монда шуда, кормандони ботаҷриба маслиҳатҳои худро аз мо – ҷавонон дареғ намедоранд. Мо дар асоси назорату пеш-ниҳоди онҳо нозукиҳои касби худро боз ҳам мукаммалтар ме-омӯзем.

Page 2: 12- уми августи Овози Самаріанд · дум, бахусус, ба шохаҳои иқтисодиёт таъсири манфии худро мерасонад

12-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020, чОРШАНБЕ OvoziSamarqand @ovozisamarqand @OvoziSamarqand№52(2969)2

ķППУРСУҶӮЙИ ЖУРНАЛИСТӢУРСУҶӮЙИ ЖУРНАЛИСТӢ

E Бахтиёри ҶУМЪА

(Аввалаш дар шумораи гузашта).

½ НАРХРО ХАЛҚ МУАЙЯН МЕКУНАД

Масоҳати кишти хӯроки чорвои ноҳияи Самарқанд кам аст. Бинобар ҳамин, аҳолӣ ва баъзе хоҷагиҳои фермерӣ дар ин бобат танқисӣ ме-кашанд. Камии хӯроки чорво аз ҳи-соби вилоятҳои дигар, пеш аз ҳама аз Ҷиззаху Сирдарё пур карда меша-вад. Аз он вилоятҳо мошин- мошин коҳу беда оварда, дар ин ҷойҳо ме-фурӯшанд. Аз ин ҷост, ки дар фаслҳои тобистону тирамоҳ дар ҳар гӯшаи шаҳру ноҳия мошинҳои пур-коҳу бедаро дидан мумкин аст.

Дар баъзе ҷойҳо фурӯши ин хел маҳсулот низ мавҷуд мебошад. Яке аз онҳо дар ҳудуди маҳаллаи Шӯр-боича, дар тарафи дасти чапи даро-мадгоҳи роҳи маҳаллаи Давлатобод аст. Мо дар ин ҷо бо сарвари корхо-наи оилавии «Ӯроқов Маҳмудҷонбо-бо» Ҷасур ӮРОҚОВ вохӯрдем:

– Чандин сол пештар бо мошинҳо аз вилоятҳои дигар коҳу беда оварда, кӯча ба кӯча мегаштанд. Шабҳоро дар сари роҳҳо рӯз мекарданд. 4-5 маротиба ҳодисаи сӯхтори мошинҳо ҳам ба амал омаданд. Ин аҳволро собиқ ҳокими вилоят Зойир Мирзо-ев дида, чорабиние дида, ба тартиб овардани онро фармуданд. Дар паси молхона, ки ҷой буд, мо ҳамин хел як ҷойи фурӯши хӯроки чорво таш-кил кардем. Дар ин ҷо бо мошинҳо бор оварда, ба харидорон мефурӯ-шанд. Ба қадри ҳол барои истироҳат, буду бош ва хӯроки фурӯшандаву харидорон шароит муҳайё намудем. Ба шарофати ҳамин чорабинии мо боз 20-25 адад соҳибони мошини «УАЗик»-ҳо ҳам рӯзгузаронӣ меку-нанд.

Нарху наворо халқ муайян мена-мояд. Талабот зиёд бошад, молу маҳ-сулот қимату кам бошад, арзон ме-шавад. Ба ин мо дахолат карда наметавонем. Масалан, ҳамин па-гоҳӣ як марде аз маҳаллаи Оқмасҷид омада, ҳар як банд – пресси коҳро 9-ҳазорсӯмӣ харид. Ҳоло дар ин ҷо ҳар як банди онро 7-ҳазорсӯмӣ фурӯхта истодаанд. «Чаро нархро якбора боло кардед?» – гуфта пурсем, «ман аз пеши хонаам 10-11-ҳазор-сӯмӣ мефурӯшам» гуфта ҷавоб дод.

½ ФОИДА МЕШУД, МОШИНИ НАВ МЕХАРИДАМ

Дар ин ҷо барои фурӯш асосан коҳ, беда оварда буданд. Дар ду- се мошин қамиш ҳам ба назар мерасид.

Бо як нафари онҳо, ки аз ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах буд, сӯҳ-бат оростем. Вай бо мошини кӯҳнаи «ЗИЛ» коҳ оварда буд. Ин марди тах-минан 40-сола аз гуфтани ҷойи зисти худ ва ному фамилияаш худдорӣ кард.

– Ҳоло дар тарафҳои шумо коҳ бисёр аст? – пурсидем мо.

– Не, тамом шуд. Мумкин боз дар баъзе ҷойҳо каму беш монда бошад.

– Ҳар як банд- пресси коҳро худи шумо аз сари замин чандпулӣ меги-ред?

– Ҳозир ҳамаи корҳо ба воситаи техника иҷро карда мешаванд. Худи фермерҳо барои ғундошта пресс кар-дани ҳар як бандаш ба тракторчӣ дуҳазорсӯмӣ медиҳанд. Баъди ин қадар меҳнат даромади онҳо асосан аз болои ҳамин коҳ аст. Мо ҳозир 5-ҳа-зорсӯмӣ гирифтем. Хайр, шинос ё он тарафаш деҳқонӣ бошад, боз саҳл арзонтар карданашон мумкин.

– Бор кардан, онро бастан ва то ба ин ҷо овардан ҳам осон не. Дар роҳ гап намезананд?

– Гап мезананд. Дар постҳо до-ранд, «як чиз – ним чиз» ба дасташон медиҳем. Ҳамин хел накунем, наме-шавад. Дар акси ҳол «габарит» – «бе-рун аз борти мошин бедаву коҳ бор кард» гуфта, ҳуҷҷат тартиб диҳанд, 1-1,5 миллион сӯм ҷарима додан рост меояд.

– Аз паси ҳамин кор фоида меби-нед, орзую ҳавас гуфтани гапҳо ҳам ҳаст…

– Орзую ҳаваси чӣ? Дар ҳавлӣ як дарвозаи дурусте надорам. Кори аниқе нест. Фоидаи калон медидам, кайҳо мошини нав мехаридам. Ҳамаи ин кор барои рӯзгузаронӣ. Муҳимаш, фарзандҳо калон шаванд. Албатта, бо ин кор каму беш фоида кунем, ки за-рараш ҳам ҳаст. Масалан, ман бо-рамро дар як рӯз фурӯхта натавони-ста, ду- се рӯз монам, албатта зарар мешавад. Ба ҳамааш шукр мегӯям.

½ КУНҶОЛА БОЗ ҚИМАТ МЕШАВАД

Чорво танҳо бо алаф ва хасу хошок фарбеҳ намешавад. Барои калону фарбеҳ шудани он хӯрокиҳои серғизо зарур аст. Чорводорони пуртаҷриба бо роҳҳои гуногун хӯрокиҳои шира-дору серкалория тайёр мекунанд. Онҳо орди ҷуворимаккаро бо ҳар гуна пӯчоқу пасмондаҳои меваву сабзавот меҷӯшонанд. Коҳро тар карда, бо са-

бӯсу кунҷола меомезанд. Баъзеҳо бо ошхонаҳо гуфтугӯ карда, партови онҳоро мехаранд. Хулоса, ин кор бо таҷриба, завқи молбон, захираву им-коният ва шароити хонаводаи чорво-дорон вобастагӣ дорад. Бо вуҷуди ҳамаи ин, онҳо бояд еми чорво ха-ранд.

Ҳоло нуқтаҳои емфурӯшӣ дар ҳар як маҳалла ва ё сари роҳҳои калон ба чашм мерасанд. Мудир ва ё соҳибони онҳо ҳамчун тадбиркори тарзи якка ба қайд гирифта шудаанд. Мо ба ин гуна нуқтаҳо низ даромадем. Дар ҳама ҷо нарх қариб, ки як хел аст: 1 килограмм кунҷола 3000-3100 сӯм, як кг. шулха – 2400 сӯм, халтаи сабӯс (24-25 кг.) – 48-50 ҳазор сӯм, як кг. ҷав – 2500-2800 сӯм, дони ҷуворимакка – 4000-4500 сӯм, банд- пресси коҳ – 9 ҳазор сӯм, беда- пресс – 20000 сӯм…

Мо аз ҷумла, ба чунин нуқтаи сари роҳи маҳаллаи Гулбоғ даромадем. Соҳибаш як марди солхӯрда, ҳеҷ чиз нахаридани моро дида, таклиф кард:

– Ҳозир гиред, кунҷола боз қимат мешавад?

– Барои чӣ?– Чунки гӯшт қимат шуд…Дар ҳақиқат, кунҷола минбаъд

қимат мешавад. Зеро он аз чигити пахта дар ҷувозу заводҳои равған-кашӣ тайёр мегардад ва минбаъд масоҳати кишти пахта кам мешавад.

½ САДДИ ПЕШРАВӢ

Муаммои хӯрока ба садди пешра-вии кори хоҷагиҳои фермерии чор-

водорӣ мегардад. Ҳамаи онҳо дар ин бобат мушкилӣ мекашанд. Хоҷагии фермерии «Меҳроҷ» яке аз онҳост.

Барои 35 сар моли калон ва қариб 50 сар бузу гӯсфанд ҳамагӣ 2 гектар замини кишти зироати чорво дорад.

Роҳбари хоҷагии «Меҳроҷ» Ҳамза Салоев:

- Як навоси тайёрро поидан хоҳед, камаш чил рӯз хӯронидан даркор. Агар вазни зиндаи ҳамон гӯсола 240-250 кило бошад, дар давоми 40 рӯз бояд гӯшти тозааш 250-300 кило шавад яъне, 250 кило гӯшт дошта бошад, дар 40 рӯз 500-килоӣ гардад. Чӣ хел? Баъзе на-восҳои мепоидагӣ хароби қадаш дароз мешавад. Дар як рӯз се маротиба хӯрок медиҳед. Ҳеҷ набошад, рӯзе 2,5-3-ки-лоӣ ем медиҳед. Рӯзе агар 9 кило хӯрад, дар 10 рӯз 90 кило мешавад. Дар як моҳ, ба ғайр аз хасу хошок, 360 килоро таш-кил мекунад. Кунҷоларо бо бедаву коҳ омехта карда диҳем, ба куштан тайёр мешавад. Агар аз рӯйи вақту нақша нағз нигоҳубин накунед, вай камтар гӯшт медиҳад. Мабодо мол касалӣ до-шта бошад ҳам, дуруст фарбеҳ наме-шавад. Агар дилу ҷигари наввас тоза бошад, тез калону фарбеҳ мешаванд. Баъзе молҳоро ду моҳ мепоед, гуфтаги барин вазн намедиҳад. Молҳои маҳал-лии худамон ҳамин хел вазн мегирад. Ҳозир молҳои Голландия ё Германия-ро оварда поида истодаанд. Онҳо зуд вазн мегиранд. Лекин ман онҳоро аз таҷриба гузаронида надидаам. Он молҳо дар шароити иқлимаш салқин одат кардагӣ. Ин ҷо оварда, поидан душвор. Барои дар оғил нигоҳ доштан шароит ва хӯрока намерасад. Хасу хо-шоки ғундоштаи мо ба се моҳ мерасад. Баъд тамом мешавад. Маҷбур бояд мо ба чарронидан барорем. Молро аз оғил набароварда поем, фоидааш ду баро-бар зиёд мешавад. Дар кӯҳ мор мега-зад, касал мешавад, аз ҷар мепаррад. Барои як гов камаш 20 хол замин бо-шад, тамоми сол аз оғил набароварда поидан мумкин. Пештар ба як гов 3 гектар замин ҷудо карда мешуд. Ҳоло ин гапҳо нест. Дар оянда моли майда гирифта, поидан мехоҳам. Ташвишаш камтар аст.

(Давом дорад).

ķШШАРҲИ ҚАРОРАРҲИ ҚАРОР

Тартиби таъин гардидани нафақаҳои иҷтимоӣ тағйир ёфт

Бо мақсади татбиқи васеи технологияҳои ахборӣ- коммуникатсионии замо-навӣ дар сохтори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, созмони сохтори ягонаи ёрмандӣ ва хизматҳои иҷтимоии давлатӣ ба қабати аз лиҳози иҷтимоӣ ниёзманди аҳолӣ қарори Президенти мамлакат аз 4-уми августи соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба автоматикунонии тартибу тамоили тақдими кӯмакрасонӣ ва хизматҳои иҷтимоии давлатӣ ба аҳолӣ» имзо гардид.

Мувофиқи қарор, аз 1-уми сен-тябри соли 2020 баррасии аризаҳо дар бораи пардохти нафақаҳои иҷтимоӣ ва тартибу тамоилҳои тас-диқи онҳо зина ба зина тавассути сохтори ахбории «Реестри ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» амалӣ мегардад.

Яке аз мақсадҳои асосии тат-биқи ин сохтор баҳодиҳии объек-тивӣ ба сатҳи ниёзмандии оилаҳои камбизоат, бартараф кардани майли субъективӣ ҳангоми қабули қарорҳо ба ҳисоб меравад.

Дар асоси қарор рӯйхати ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳое, ки аз 1-уми январи соли 2021 барои тақди-ми кӯмакрасонӣ ва хизматҳои иҷти-моии давлатӣ талаб карда намеша-ванд, тасдиқ гардид.

Тавассути сохтори ахбории «Реестри ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» маълумотнома дар бораи камбизоат маҳсуб ёфтани шаҳрванд ба порта-ли ягонаи хизматҳои давлатии ин-терактивӣ тақдим карда мешавад ва дар давоми 12 моҳ амал мекунад.

Дар дастгоҳи иҷрои Хазинаи пенсияи ғайрибуҷавӣ шӯъбаи қабу-ли муроҷиатҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон доир ба таъин гардида-ни нафақаи иҷтимоӣ тавассути сох-тори ахбории «Реестри ягонаи ҳиф-зи иҷтимоӣ» ташкил мегардад.

Барои маълумот: сохтори ахбо-рии «Реестри ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» аз 1-уми октябри соли 2019 инҷониб дар вилояти Сирдарё ба тариқи таҷриба- санҷишӣ амал мекунад.

ķББОНГИ ИЗТИРОБОНГИ ИЗТИРОБ

Канӣ ҳаққи дарвоза? E Н.БОБОРАҲМАТ

Соати 5:30 пагоҳӣ. Бо нақлиёти шахсӣ таҷҳизоти худро вориди бозори Сиёб кардам. Аз дари якум ва дуюм даромада, ҷиҳозҳоро монда, берун баромадам. Дар ин байн ҳамагӣ 4-5 дақиқа вақт гузашт. Вақте ки аз дар-возаи калони бозор баромада, ба дари дуввум наздик шудам, марде дар даст ишорачӯб пайдо шуда аз ман пул талаб кард.

– Пули чӣ? – суол кардам.– Ҳаққи дарвозаро тед! – гуфт мард.

Чанд пул? пурсидам.– 3 ҳазор сӯм, ҷавоб дод. Ин ҷо бо-

зор, – истгоҳи нақлиёт не ку. Шумо чӣ хизмат кардед, ки ман ба шумо 3 ҳазор сӯм диҳам.

– Барои ман фарқаш нест, пула дароз кунед гуфт.

Ман ба ӯ фаҳмонидам, ки дар ин ҷо шумо ягон кори арзандае накардаед, ки музди кор диҳам. Мард оташин шуда гуфт: – пула намедода бошед, гашта надароед. Ман ҳеч чиз нагуфта баромада рафтам.

Ҳайрон шудам, ки наход одам маҳсулот ё ҷиҳо-зи худашро оварда, ҳаққи дарвоза диҳад. Охир бозор ҷойи савдо аст. Деҳқонҳо то вориди бозор шудан чӣ қадар сарфу хароҷот мекунанд. 3 ҳазор сӯм ҳаққи дарвоза диҳад, 5 ҳазор сӯм пули чипта диҳад, чӣ қадар фоида мебинад? Дар ин сурат маҷбур мешавад, ки маҳсулоташро қимат фурӯх-та, харҷи зиёдатии бозорро аз ҳамин ҳисоб пӯ-шонад. Пас, зиёнаш дар гардани харидор меша-

вад.Ғайр аз ин, дар паҳлӯи даромадгоҳи бозор

истгоҳи нақлиётҳо ҷой дорад, ки нақлиётҳо аз субҳ то нисфирӯзӣ ё то бегоҳирӯзӣ меистанд. Онҳо низ 3 ҳазор сӯм медиҳанд. Аҷиб, нақлиётҳо аз пагоҳӣ то бегоҳӣ 3 ҳазор сӯм медиҳанду аз дарвозаи бозор ба фурсати кӯтоҳ даромада баро-яд ҳам 3 ҳазор. Ин аз рӯи адолат нест. Ҳаминро бояд таъкид кард, ки корхонаву ташкилоте, ки аз рӯйи инсоф кор намекунад, розигии халқро намегирад, ягон хел барака намеёбад!

Имрӯз дар давраи пандемия халқ бо чӣ қадар мушкилӣ рӯзгор пеш мебарад. Мехостам, ки му-тахассисони соҳа сари ин масъала хуб фикр ку-нанд ва ба сари як мақсад биёянд. Агар ин ҳолат чунин давом кунад, ояндаи бозорҳои деҳқонӣ аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд.

чаро нархи гӯшт то рафт қимат мешавад?

Оё вайроншавии оилаҳо зиёд гардид?

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 12 810 ҳолати ҷудошавӣ ба қайд гирифта шу-дааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3115-то кам мебошад. Тақдири 0.03 фоизи оилаҳои мавҷудаи кишвар бо ҷудошавӣ анҷомид.

Дар натиҷаи вайрон гардидани оилаҳо, танҳо дар соли ҷорӣ дар саросари кишвар беш аз 8725 нафар ноболиғ аз меҳри падару модар маҳрум шуданд.

Вазорати дастгирии маҳалла ва оила то имрӯз аз 15413 то оилаҳое, ки ба ҷудошавӣ ариза додаанд, 9 980 тояшонро, яъне 60 фоизро бо ҳам оштӣ кунонидааст. Инчунин, 11 985 ҳолати ба қайд гирифта нашудани ақди никоҳ муайян карда шуда, аз онҳо 5 960 ё 57,8 фоиз қонунӣ гардонида шудаанд.

Адади оилаҳои ҷудошуда дар вилояти Самарқанд 1302-торо ташкил мекунад. K Хизмати матбуоти Вазорати дастгирии маҳалла ва оила.

Ба аҳолӣ баллонҳои безараркардашуда расонида мешавад

Дар ноҳияи Каттақӯрғон ҷамъ 48975 хонадон бо газ таъмин буда, аз он 14213 –тоаш бо гази та-

биӣ ва 34762 –тоаш бо гази моеъ таъмин карда шудааст.

Дар давраи карантин барои расонида додани гази табиӣ ба ҳудудҳои дурдасти ноҳия филиали шӯъбаи «Каттақӯрғонтумангаз»-и назди «Ҳудуд-газ Самарқанд» вазифадор мебошад.

– Дар айни ҳол расонида додани баллонҳои гази безараркардашуда дар асоси амал ба қои-даҳои карантин вазифаи муҳими идораи таъми-ноти газ ба шумор меравад. Дар ин хусус дар шӯъба як қатор корҳои амалӣ бурда истодаанд, – мегӯяд мутахассиси шӯъбаи «Каттақӯрғонту-мангаз» Шерзод Ҳайдаров. – Дар истеъмолчиёни газ 2349 –то баллонҳои гази шахсӣ мавҷуд буда, илова бар он аз ҳисоби идора дар асоси шартно-ма ба муддати муайян 36162 –дона баллонҳои гази моеъ тақсим карда шуд. Дар шахобчаи газтақсим-кунӣ ҳангоми пур кардани газ он аз рӯйхати тех-никӣ гузаронида мешавад. Ғайр аз ин, аз ҷониби идора баллонҳо аз аҳолӣ ғундошта, безарар кар-да, баъд ба аҳолӣ тақсим карда мешавад.

Баллонҳои газе, ки бо баъзе сабабҳо саривақтӣ расонида нашавад, аз тарафи мутахассисон масъ-ала мусбат ҳал гардида, эҳтиёҷи истеъмолчиён-ро қонеъ гардонида мешавад. Дар навбати худ ин амал барои фаровонӣ ва беҳсозии шароити зисти аҳолӣ хизмат мекунад.

Барои таъмин ва саривақт расонидани бал-лонҳои гази моеъ ба аҳолӣ аз ҷониби филиал 4 –то нақлиёти махсуси хизматии ISUZI ҷудо карда шудааст.

K Хизмати Матбуоти филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд»

b Мувофиқи маълумотҳо дар шаш моҳи охир корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 7551,3 миллиард сӯм маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд. Ин нишондиҳандаи ҳаҷми воқеии маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 86,4 фоиз мебошад.

Page 3: 12- уми августи Овози Самаріанд · дум, бахусус, ба шохаҳои иқтисодиёт таъсири манфии худро мерасонад

12-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020, чОРШАНБЕ OvoziSamarqand @ovozisamarqand @OvoziSamarqand№52(2969) 3

Самарқанд тумани, Янгиариқ маҳалласида жойлашган савдо дўкони учун Курбонова Розия Тошмуродовна номига берилган кадастр ҳужжати тўплами йўқолганлиги сабабли бекор қилинади.

Самарқанд шаҳрида хусусий амалиёт билан шуғулла-

нувчи нотариус Алиева Лола Заировна нотариал идора-сида марҳума Ахадова Нубуватга (2017 йил 19 февралда вафот этган) қарашли мол-мулк учун мерос иши очилмоқда. Шу муносабат билан меросхӯрлар Алиева Лола Заиров-на нотариал идорасига мурожаат этишларини сӯраймиз. Манзил: Самарқанд шаҳри, М.Улуғбек кӯчаси, 80-уй.

◢ЭЪЛОНҲО ЭЪЛОНЛАР ОБЪЯВЛЕНИЯ

ОХИРАТАШОН ОБОД БОД!Ҷамоаи кафедраи забон ва

адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи

давлатии Самарқанд аз вафоти собиқ сарвари Хона- музейи ба номи Садриддин Айнӣ, шоир

Абдукарим ҒАНИЗОДА

сахт андӯҳгин буда, дар ин рӯзҳои ҷудоӣ аз даргоҳи Худованди меҳрубон барои марҳум хонаи

ободи охират ва ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳанд.

Ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 5-и маҳаллаи Торинҷаки ноҳияи Ургут аз даргузашти зани оқила, модари меҳрубон, муаллимаи ғамхор,

ҳамсари вафодор ва бонуи кордону хоксор

Зӯҳро РАУФОВА сахт андӯҳгин буда, дуогӯи он ҳастанд, ки Худованд

хонаи охираташонро пурнур гардонад ва барои пайвандонашон сабри ҷамил ато намояд.

Зӯҳро Рауфова тӯли солҳо ба насли наврас илм омӯхт ва чун омӯзгори ботаҷрибаи синфҳои ибтидоӣ баҳри

камолоти донишомӯзон меҳнат карда, миёни ҷамоаи омӯзгорон соҳибэҳтиром буд.

Ёди чунин инсонҳои некном ва дарёдил дар саҳфаи хотирот нақши абадӣ хоҳад монд.

Устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва кафедраи забонҳои шарқи факултети

филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози

Самарқанд» нисбати даргузашти падарашон

Убайдуллоҳ РАҲМОНОВизҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Ба марҳум аз даргоҳи Худованди меҳрубон биҳишти барин ва ба

наздиконаш сабри ҷамил хоҳонанд.

Ҷамоаи рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба корманди

таҳририят, сарвари шӯъбаи реклама ва эълонҳо Дамир Нуров нисбати вафоти

тағояшон

Мизроб МАҲМУДОВизҳори ҳамдардӣ намуда,

дуогӯи он ҳастанд, ки Худованд хонаи охираташонро пурнур

гардонад ва барои пайвандонашон сабри ҷамил

ато намояд.

ķХХОТИРА МУҚАДДАС АСТОТИРА МУҚАДДАС АСТ

Дареғо, ки хирадманд мирад…

E Мирсафо КАМОЛӢ, собиқадори матбуот ва маориф

Сад дареғ, ки Самарқанди кўҳан аз фарзанди асили худ, фидоии илму адаб, посдори осори бузургон, донишманд ва тарғибгари таърихи куҳани шаҳри бостонӣ ва дилбанди асили худ ҷудо шуд.

Инсони дилёбу дидадаро, эҳёгари осор ва манзили устод Айнӣ, ба қавли аҳли илму адаб писархонди устод моро ба як умр тарк кард.

Ин ҷудоӣ барои аҳли илму адаб, баҳри онҳое, ки Абдукарим Ғанизодаро хуб мешинохтанд, бо асарҳои безаволи ў аз наздик шинос буданд, басо ҷудоии пурдарду алам аст ва чунончӣ Салим Кенҷа навиштааст, «дар фироқи ў чаш-ми мо чашма гардид…»

… Қариб бист сол пеш ба писари калониам Миршакар арўс оварда будам. Зимистон буд. Тўй дар ҳавлии навамон дар деҳаи Чунгул барпо гашт. Дар саҳни ҳавлӣ барои меҳмонони зиёд ҷой тайёр кардем. Азбаски охири моҳи декабр буд, ба ҳар эҳтимол саҳни ҳавлии бо қо-линҳои ранга орододашударо пўшидем.

Ғайри чашмдошт шабона барфи зи-ёде борид. Барфи кўрпавор…

Ҳамсояҳо ва хешу табор саҳни ҳавлӣ ва болои боми тўйхонаро аз барф тоза карданд.

Тўй дар нисфирўзӣ мебоист барпо гардад. Як гўшаи дилам сиёҳ буд…

Лек хушбахтона хуршед нур пошид. Меҳмонони зиёд кошонаи зеборо му-наввар карданд. Ташриф овардани гурўҳи аҳли илму адаби Самарқанд диламро боз равшантар намуд.

Ба тўй рўзноманигори ҷавон Озод Ҳамидзода файз мебахшид ва чун су-ханро ба устод Абдукарим Ғанизода дод, чеҳраи ҳама гулгун шуд ва устод бо са-лобати зебанда ва чеҳраи хандон ба саҳна баромада, сухан оғоз карданд.

Ман медонистам, ки имрўз хуршед

ханда мекунад ва ин барфи сафед рам-зи хушбахтии ояндаи арўсу домод ва фаровонии ризқу рўзии мост.

Устод дар бораи оилаи мо бо сами-мият сухан ронда, домоду арўсро хуш-бахтиҳо таманно намуданд ва достони «Ҷони ширин»-и устод Мирзо Турсун-зодаро аз ёд хонданд. Он қадар бо ҳиссу ҳаяҷон, чун санъаткори номӣ хонданд, ки ҳама ба ҳайрат омада, таҳсин гуф-танд.

Ман аз хурсандӣ он лаҳза гўё ба ос-монҳо парвоз мекардам…

Дар бораи мухлиси ҳақиқии рўзно-маи «Овози Самарқанд» будани устод ҳарфе нагўям виҷдонам озор медиҳад. Беқаророна ҳар як шумораи рўзномаро интизор мешуданд ва ҳафтае ду бор маро назди дарвозаашон, дар рў ба рўйи мақбараи Амир Темур худашон қабул мекарданд ва бо эҳтирос дар бораи рўз-нома навишта буданд:

Ту ҳастӣ рӯз чун шамсу шабона ҳамчу маҳтобӣ,Барои бахту тахти халқи мо ҳаргиз намехобӣ.Бихоҳам, ки ба дунё доимо нашъунамо ёбӣ,Зи ту меболаму менозам «Овози Самарқандам».Хуш овози ту ҳаст овозам, «Овози Самарқандам».Ман се сол боз рўзномаҳои тару то-

заро ба хонаашон меовардаму дуояшон-ро мегирифтам. Чунки устод аз авва-линҳо шуда ба рўзнома обуна мешуданд ва интизори шумораҳои он мени-шастанд. Ман намехостам, ки интизо-

рии устод дер тӯл кашад.Вақте фурсат доштам, таклифашон-

ро рад накарда, дар атрофи як пиёла чой сўҳбатҳои гарму самимӣ мекардем.

Аз таърихи шаҳру шахсони барўман-ди Самарқанд нақлҳои шавқовару ҷо-либро нақл мекарданд. Дар бораи устод С. Айнӣ, хонадоршавии устод, фарзан-дон ва ҳамсарашон Салоҳатбону, дар бораи Беҳбудиву Шакурӣ, Гулханиву Тамҳид ва Қурбиҳо нақлҳои аҷоиб ме-гуфтанд, аз осорашон қироат мекар-данд.

Сипас, ман бо чеҳраи болида сўйи зодгоҳ мерафтам ва боз чанд нусхаро ба мухлисон мерасонидам.

Ман устодро хеле эҳтиром мекардам ва аз самими қалб чун аҳли оила «ака-калон» мегуфтам.

Сад афсӯс, имрўз устоди эҷодкор ва донишманд дар бари мо нестанд. Лекин кору номи нек ва асарҳои безаволашон «Меҳрнома», «Кошонаи бахт», «Махзани илҳом», «Ба ҳазор дароӣ», «Ҷони ши-рин» ва асари охиринашон «Мухтасари тарҷимаи ҳолам», ки омодаи чоп буд, чун боигарии миллат ба мардуми мо, шояд ба халқҳои ҷаҳон низ хизмат хоҳад кард ва устод умри дубора хоҳанд дид. Имрўз ба пайвандони устод ва дўс-тонашон ҳамдардии худро изҳор карда мегўям:

Номатон ҷовидон бод! Боз ҳазорсо-лаҳо дар дилу дидаи мардум абадӣ би-монед, устоди киромӣ. Ҷоятон дар пешгоҳи ҷаннат бошад!

Модари ғамгусор буд…Гулҳои биҳишт соябонат модар,Як даста ситора армуғонат модар.Дигар чӣ касе чашм ба роҳам бошад,Қурбони нигоҳи меҳрубонат модар.Модар шахси муқаддас аст. Вақте

ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чаш-мони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур ме-борад. Ин нур роҳи ҳаёти ояндаамонро мунаввар месозад.

Зан- модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қиматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисоли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховат-мандона нур мепошад, ишқи поки мо-дар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизта-рин сухан ин модар аст. Маҳз модар аст, ки доим бахту камоли фарзандони худ-ро мехоҳад, доим баҳри сарбаландиву саломатии онҳо даст ба дуо мебардорад. Модари меҳрубон, бибиҷони дуогӯй, зани ҳалиму хоксор, шифокори ботад-бир Мавлуда Маҳмудова аз зумраи чу-нин бонувони дарёдил, модарони ғамгусору ғамхор ва соҳибхоназани оқила буд.

Мавлуда Маҳмудова 5-уми октябри соли 1958 дар оилаи зиёӣ таваллуд шу-дааст. Қиблагоҳи хонадон Болтақул Маҳмуд Диёрӣ аз шахсони маърифат-парвар, фарҳангдӯст ва бедорфикру бедордили замон буд. Ҳамроҳи ҳамсари шафиқу меҳрубонаш Мусаввара Гадое-ва ба масъалаи таълиму тарбияи фар-зандон эътибори алоҳида медоданд.

Доим ҳаракат мекарданд, ки дар дили даҳ нафар дилбанди хеш шамъи илму ирфонро фурӯзон нигоҳ доранд. Роҳна-моии волидон ва таъсири муҳити хо-наводагӣ, ки ҳамеша аҳли адабу фарҳанг, эҷодкору соҳибқаламон Са-марқанд ва дигар кишварҳо дар ин оила меҳмон мешуданд, ба камолоти фар-зандон бетаъсир намонд. Ҳамаи ҷигар-бандон аз айёми кӯдакӣ ба донишан-дӯзӣ ва аз бар кардани илмҳои замонавӣ шавқу рағбати зиёд доштанд. Аз ҷумла Мавлуда Маҳмудова ҳам аз вақти таҳсил дар мактаб, пайваста мекӯшид то фанҳоро хуб аз худ намояд. Дар дарсҳо фаъол иштирок мекард ва ҳамеша бо баҳоҳои хубу аъло волидони хешро мам-нун месохт.

Мавлуда Маҳмудова соли 1975 мак-таби миёнаро хатм намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд месупорад ва ба номи мубо-раки донишҷӯ мушарраф мегардад. Ҳангоми таҳсил дар факултети педиа-три бачагонаи донишкада аз устодони соҳа асрори ин соҳаро мукаммал ме-омӯзад. Соли 1982 донишкадаро хатм карда, фаъолияти меҳнатии худро дар поликлиникаи рақами 1-уми шаҳри Самарқанд оғоз менамояд ва то соли 1991 дар ин ҷо дар ӯҳдадориҳои гуногун кор мекунад.

М. Маҳмудова чун ҳамсари оқилаву кордон, модари меҳрубону ширинза-бон, якҷоя бо шавҳари худ Абдураҳмо-нака ба таълим ва тарбияи фарзандон эътибори махсус медоданд. Ин буд, ки ҳоло ҳамаи фарзандон – Муҳаммада-мин, Ғолиб, Фарида ва келинҳо Маҳзу-

на, Сафия дар ҷомеа мавқеи хоси худро доранд ва соҳибобрӯй ҳастанд.

Дунё гузарон аст ва ҳама пешу қафо рӯзе ёру дӯстон, пайванду ҷигарбандо-ни худро ба як умр тарк мекунад. Чанде пеш модари дилсӯз, модаркалони ши-ринзабони наберагон, зани солеҳа, бо-нуи хушрафтору хушгуфтор Мавлуда Маҳмудова ҳам дили дилбандони хешро аз ғами ҷудоӣ реш- реш карда, онҳоро ба як умр тарк карданд. Имрӯзҳо фарзандон, даҳ нафар набераи ширини бибиҷон, дугонаю пайвандон бо ёди ин модари хоксору ҳолдон чашм тар меку-нанд ва ҳар дам суханони мадори ҷисму ҷони худро ба хотир оварда, аз ҳар гӯ-шаи ҳавлӣ қадами мубораки модарро, симои нуронии тоҷи сарро меҷӯянд:

Эй кош ту боз оиву ман пойи ту бӯсам,Дар саҷда равам сурати зебои ту бӯсам.Ҳар ҷо, ки гузаштиву даме ҷой гирифтӣ,Он ҷо раваму гирякунон ҷойи ту бӯсам.

K Аз номи фарзандон ва хешовандон.

ķДДОНИСТАН ХУБ АСТОНИСТАН ХУБ АСТ

Санҷишҳои тестӣ кай оғоз мегардад?

a a Имтиҳони бахши магистратура ва имтиҳонҳои эҷодӣ кай гузаронида мешавад?

n n Имтиҳони дохилшавӣ ба магистратура дар муас-сисаҳои таълими олӣ ва имтиҳонҳои эҷодӣ моҳи сентябр оғоз меёбад.Дар таъмини литсейҳо бо китобҳои дарсӣ мушки-лот вуҷуд дорад. Таъмини китобҳои дарсӣ ба зим-маи Вазорати таълими халқ вогузошта мешавад. Аммо, литсейҳо ба Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус тааллуқ доранд.Агар мушкилот дар чоп ва расонидани китобҳои дарсӣ ба миён оянд, барои литсейҳо ҷорӣ кардани китобҳои дарсии ҷудогона пешбинӣ шудааст.

a a Оё соли нави таҳсил дар донишгоҳҳо фосилавӣ оғоз мешавад

n n Аз моҳи сентябр донишҷӯёни солҳои дувум, савум ва чаҳорум таҳсилро масофавӣ оғоз мекунанд.Омодагӣ ба соли нави таҳсил хеле мураккаб аст. Аз моҳи март дарсҳо ба таври фосилавӣ баргу-зор мегарданд, вале, хоҳу нохоҳ системаи онлайн наметавонад ҷои дарси маъмулиро гирад. Ба ин далел, мо ҳоло ҳамаи қуввамонро сарф мекунем, аз моҳи август донишҷӯёни соли 2, 3 ва 4 таҳ-силро фосилавӣ оғоз мекунанд. Дар моҳи октябр донишҷӯёни соли аввалро қабул мекунем ва агар вазъият беҳтар шавад, шояд ба таҳсили одатӣ бармегардем.

a a Қабули ҳуҷҷатҳо барои ихтисоси дуюм кай оғоз мешавад?

n n Квотаҳои қабул барои ихтисоси дуюм муқаррар карда нашудааст. Қабули ҳуҷҷатҳо барои ихти-соси дуюм дар соли таҳсили 2020-2021 аз 10-уми августи соли ҷорӣ оғоз меёбад. Раванди ҳуҷҷатсу-порӣ то 31-уми августи соли ҷорӣ давом меёбад. Ҳуҷҷатҳо ба тарзи онлайн қабул карда мешаванд. Муассисаҳои таълими олӣ имтиҳонҳоро дар асоси мусоҳиба, вобаста аз шумораи довталабон, мегуза-ронад. Агар шумораи довталабон кам бошад, қабул бидуни имтиҳонҳо сурат мегирад.Ҳар як муассисаи таълими олӣ иқтидори довтала-бро дар асоси меъёрҳои худ баҳогузорӣ мекунад ва шумораи қабули донишҷӯёнро муайян мекунад.

a a Довталабоне, ки коронавирус сироят кардаанд, дар санҷиши тестӣ иштирок карда метавонанд?

n n Имсол аз довталабоне, ки мубталои коронавирус шудаанд, наметавонад дар имтиҳони дохилшавӣ (санҷишҳои тест) ба донишгоҳ иштирок кунанд. Яъне, агар довталаб ҳангоми санҷишҳо бемории COVID-19 дошта бошад, наметавонад донишҷӯ шавад.Агар довталаб вақти имтиҳон таб дошта бошад, шифокорон ҳолати ӯро муайян мекунанд. Дар довталаб аломатҳои бемории коронавирус набошад, ӯ баъди тест дар имтиҳони ҷудогона иштирок карда метавонад. Агар довталаб қа-блан мубталои коронавирус шуда бошад, бояд дар бораи шифо ёфтанаш маълумотнома тақдим кунад.Ҳоло масъалаи бозгардондани пули довталабоне, ки наметавонанд бо далели бемории COVID-19 дар тест иштирок кунанд, баррасӣ мегардад.

a a Санҷишҳои тестӣ кай оғоз мегардад?

n n Имтиҳони дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ аз 2-юми сентябр оғоз шуда дар давоми ду ҳафта баргузор мешавад.Санҷишҳо дар варзишгоҳҳои кушод, дар як рӯз дар 2 баст гузаронида мешаванд.155 стадиони кишвар барои гузаронидани санҷиш омӯхта шуда, 40-тои онҳо интихоб шуданд.Вобаста аз шароити обу ҳаво, имтиҳонҳо дар вақти мувофиқи рӯз гузаронида мешаванд ва дар сурати зарурӣ довталабон бо чатрҳо таъмин мегарданд.

a a Натиҷаҳои санҷиш чӣ гуна эълон карда мешавад?

n n Ҳеҷ тағйироте дар эълони натиҷаҳо дароварда намешавад. Чун пешина пас аз як рӯзи санҷиш на-тиҷаҳо дар саҳифаи шахсии довталаб ҷойгир карда мешавад.

K Хизмати матбуоти Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон.

Page 4: 12- уми августи Овози Самаріанд · дум, бахусус, ба шохаҳои иқтисодиёт таъсири манфии худро мерасонад

12-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020, чОРШАНБЕ OvoziSamarqand @ovozisamarqand @OvoziSamarqand№52(2969)

МУАССИСОН:Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд Ovozi Samarqand - xalq deputatlari Samarqand viloyat Kengashi va viloyat hokimligining gazetasi

Рӯзнома дар Садорати матбуот ва ахбори вилояти Самарқанд 2-юми июли соли 2012 таҳти рақами 09-04 ба қайд гирифта шудааст.

Рӯзнома ҳафтае ду маротиба:рӯзҳои чоршанбе ва шанбе чоп мешавад.

Сармуҳаррир Баҳодур РАҲМОНОВ

Индекси обуна 419Рақами нашр 250Адади нашр 2846Супориши 439Ба чопаш соати21.00. 11.08.2020имзо шуд.

-мақолаи тиҷоратӣ

Рӯзнома дар маркази компутерии «Овози Самарқанд» саҳифабандӣ ва дар ҶММ «Ношир Люкс» чоп шудааст. Сифати чоп бар ӯҳдаи матбаа аст. Манзили матбаа: шаҳри Самарқанд, кӯчаи Спитамен, 270.

НИШОНИИ МО: 140100. Шаҳри Самарқанд, кӯчаи У. Турсунов, 80. Телефонҳо: Қабулхона: 233-91-71, Ҷонишини сармуҳаррир: 233-91-70, Шӯъбаи реклама ва эълонҳо: 233-91-72.E-mail: [email protected].

Муҳаррири навбатдорДилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА

НавбатдорНаврӯз БОБОАҲМЕДОВ

СаҳифабандСироҷ РАҶАБОВ Дар фурӯш нархаш озод

ISSN 2010-6688 Овози Самаріанд

4

Чунон зиндагӣ кун, ки душманонат аз афтоданат ҳам битарсанд! Коре кун, то бидонанд, ки баъди аз ҷой бархостан, қадамҳоят аз

пешина дида боз ҳам устувортару барқарортар бошанд. Доктор АЛӢ.

Таҳсил, ҷустуҷӯ, ҳаракат – калиди муваффақият

E Зебинисо ҲАМРОЕВА, омӯзгори Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд

Дар ташаккули маънавияти ҷавонон ва барои ҳангоми таътил пурмазмун ташкил кардани вақти холии онҳо, мак-табҳои ҳамагонӣ саҳм ва мавқеи алоҳи-даро соҳибанд. Аз ин рӯ, дар мактаби таълими умумии рақами 30-и ноҳияи Ҷомбой ба ин масъала эътибори алоҳи-да медиҳанд.

Ҳоло дар ин мактаб фаъолияти беш аз 40 маҳфил ба роҳ монда шудааст, ки роҳбарони маҳфилҳо дар шароити пан-демия ба хонандагон тавассути иловаи «ZOOM» ба тариқи онлайн машғулотҳо мегузаранд, аз рӯйи самтҳои эҷоди ба-деӣ ва техникӣ, экология ва кишварши-носӣ кор мебаранд. Хонандагон ба та-риқи онлайн донишҳои худро бобати истифодаи компутер такмил дода, забо-ни англисиро меомӯзанд. Инчунин, ме-

тавонанд дар маҳфилҳои «Адабиётши-носони ҷавон», «Техникҳои ҷавон», «Тарроҳи либосҳо», «Дастони моҳир», «Ошпази ҷавон» ва якчанд намудҳои варзиш, чун гимнастикаи бадеӣ, шоҳ-мот, шашка иштирок кунанд. Муассисаи таълимӣ дар ин самт бо мактаби бача-гонаи «Авлоди баркамол» низ ҳамкори-ро ба роҳ мондааст.

– Дар мактаби мо беш аз 360 нафар хонандагон таҳсил мегиранд, – мегӯяд директори мактаб Шоҳиста Юсупова. – Пас аз ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои карантин дар мамлакат хонандагони мо ҳам ба тариқи масофавӣ – дар асоси платформаи модул таҳсилро давом дода, соли хониши 2019-2020-ро бомуваффақи-ят ба анҷом расонданд. Мо барои ба ин навъи замонавии таълим гузаштан солҳо инҷониб тайёрӣ медидем ва бо тақозои шароит ин платформа дар амал татбиқ гардид. Бо саъю ҳаракати омӯз-горони пешқадам мо дар фурсати кӯтоҳ

ба тариқи онлайн ташкил кардани дарс-ҳо, машғулоти амалӣ ва дарсҳои кушод муваффақ гардидем. Албатта дар ин самт, саҳми омӯзгорони ботаҷриба хеле назаррас гардид, ки яке аз чунин омӯз-горони фаъолу ташаббускор ва соҳибис-теъдоду ӯҳдабаро Лайло Юсуфова мебо-шад.

Бояд гуфт, ки Лайло Юсуфова омӯз-гори бомаҳорати синфҳои ибтидоӣ ме-бошад. Соли 2003 факултети таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Са-марқандро хатм карда, тӯли солҳо ба насли наврас таълиму тарбия медиҳад. Муаллимаи навҷӯй ва навпардоз аст. Доим барои ҷолибу шавқовар ба таври ба худ «хос» гузаронидани дарсҳо мекӯ-шад. Чанде пеш бо ташаббуси ин муал-лимаи фидокор ва соҳибмалака дар байни аъзои гурӯҳи «Гулшани умед» дар доираи панҷ ташаббуси муҳим бо ило-ваи «ZOOM» ба тарзи онлайн озмун бар-гузор гардид. Дар он хонандагон бо риоя ба қоидаҳои карантин дар доираи панҷ ташаббус саҳначаҳо намоиш доданд дар миқёси ноҳия дар радифи даҳгонаи беҳтарин эътироф шуданд.

– Натиҷаи заҳмат ва ҳаракати омӯз-горони мактаб аст, ки хонандагон дар озмун, мусобиқа ва фестивалҳо бому-ваффақият иштирок мекунанд, – мегӯяд омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Лола Юсу-фова. – Ҷамоаи мактаб дар зинаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ниҳоии озмун- азназаргузаронии «Ғунчаҳои умед», «Зарб- доирачиҳои ҷавон», инчунин, фестивали «Бачагони эҷодкор» чанд ма-ротиба ҷойҳои ифтихориро соҳиб гар-диданд. Чанде пеш устод- мураббиёни мактаб боз ба як амали хайр даст заданд. Дар назди боргоҳи таълимӣ мактаби устоду шогирд ташкил гардида, ҳоло ба ҳар як хонанда як нафар омӯзгори бо-таҷриба вобаста карда шудааст. Албатта, ин барои инкишофи салоҳияти психо-логии донишомӯзон мусоидат мекунад.

Таҳсил, ҷустуҷӯ, ҳаракат калиди му-ваффақият мебошад. Ҳоло ҷамоаи омӯз-горони мактаби таълими умумии рақа-ми 30-и ноҳияи Ҷомбой ба соли хониши нави 2020-2021 тайёрии ҳамаҷониба мебинанд. Зеро дар пеши онҳо вазифаи муқаддас ва бузург – тарбияи насли аз ҳар ҷиҳат солим ва комил қарор дорад.

ķҲҲАНГОМАҲОИ КАРАНТИНАНГОМАҲОИ КАРАНТИН

Аз мост, ки бар мост… E Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА

Дароз шудани муддати карантин дар мамлакат дили ҳама пиру ҷавонро хира намуд. Имрӯзҳо дар чеҳраҳои мардум рӯҳафтодагиву тарсу ҳаросро мушоҳида намудан мушкил нест. Бо вуҷуди он, ҳама шукронаи замона намуда, аз пайи ташвишҳои рӯзгор мешаванд. Ҳар як давру замон воқеаву ҳодисаҳои фаромӯшнопазири худро дорад. Ҳоло қиссаҳои карантинии якчанд нафарро меоварем, ки барояшон фаромӯшнашаванда гардида, аз саҳифаи таърихи ҳаёташон ҷой гирифтааст.

– Хуб дар замонҳои тинҷу осуда ва фаровон зис-ту зиндагӣ намудем. Ҳоло дуо мекунам, ки ба фар-занду наберагонамон низ давру даврон рондан насиб кунад. Ин бало, ки бо номи коронавирус тинҷии тамоми дунёро халалдор мекунад, зудтар бадар раваду боз ба ҳаёти пешинаи муқаррарӣ бар-гардем, – гӯён даст ба дуо бардошт модаркалони 70 сола аз деҳаи Навбоғчиёни ноҳияи Самарқанд Сар-варой Тӯраева. – Чанд рӯз пеш дугонаи наздикам аз олами ҳастӣ чашм пӯшид. Бо сӯзу гудоз ба ди-дорбинии вопасин шитофтам. Аз дуру наздик ёру дӯстон, хешу ақрабо ҷамъ омаданд. Албатта, ҳама бо манаҳбанд (маска). Фаъолони маҳалла як нафар зан ва мардро дар назди дари ҳавлӣ мутасаддӣ намудаанд, ки бояд ба дастони ҳар як меҳмон воси-таҳои махсуси антисептикӣ пошида, дастпоккуна-ки тиббӣ диҳанд. Ҳамин тавр вориди ҳавлии дуго-наҷонам шудам. Сад афсӯс, ки дидорбинии охирин ҳам насиб накард. Аниқтараш нагузоштанд, ки наздаш даромада, суханҳои охиринамро гӯям. Май-итро ҳам се- чор нафар додару фарзандаш бо моши-ни боркаш ба қабристон бурданд. Мардуми ҷамъ-омада баъди хондани ҷаноза роҳи хонаашонро пеш гирифтанд. Ин ҳолатро мушоҳида намуда, беихти-ёр суханҳои дугонаҷонам ба ёдам расид, ки аз ин

қариб 10 моҳ пеш гуфта буд. «Эҳ дугонаҷон, гоҳе хубу гоҳе бад зиндагӣ намудем. Шукр мекунам. Аммо кори имрӯзаро бин, ки ба маросимҳои дафн ҳам қонуну қоида баровардаанд. Минбаъд мурда-дорӣ се рӯз будааст. Дигар рӯзҳои панҷшанбеву якшанбе маъракадори кардан манъ карда шудааст. Бист, чил ё азокушоёнро нагӯям ҳам мешавад. Инро фаҳмида шаби дароз хобам набурд, ки магар мо акнун ҳамин тавр мурда мерем…»

– Пеш аз дуюмбора эълон шудани карантин фотеҳатӯйи ҳамсоядухтарамон шуд. Фотеҳаро бо 15 нафар гузарониданд. Калонсолони ду оила хос-танд, тӯйро низ гузаронанд, аммо ду ҷавон, яъне домоду арӯс розӣ нашуданд, ки дебочаи ҳаёти на-вашон бо 30 нафар гузарад, – мушоҳидаашро баён кард истиқоматкунандаи деҳаи Чақари шаҳри Са-марқанд Наргиза Абдуллоева. – Ҳамин тавр, ду тараф ба хулосае омаданд, ки то тамом шудани карантин сабр намоянду тӯйи фарзандонашонро баъдтар бо 200-300 нафар гузаронанд. Инро бинед, ки аз нав карантин эълон гардиду ба ҳамон 30 нафар ҳам гузаронидани тӯй манъ карда шуд. Ба қарибӣ тарафи домод бо се нафар омада, арӯсро ба хонаи домод бурданд. Ҳоло онҳо аз ақди никоҳ гузашта бо ҳам зиндагӣ мекунанд.

– Се сол дар мамлакати Россия зиндагӣ ва меҳнат кардам. Моҳи феврали соли ҷорӣ ба Ватан баргашта, ба хонадор кардани писарам тараддуд дидам. Маросимҳои ошхӯракону фотеҳатӯйро хеле хуб гузаронидем, – нақл кард Мӯҳсина Болтаеваи мӯлиёнӣ. – Баъд карантин эълон гардид. Ҳама хафа шудем. Моҳи гузашта барои бо 30 нафар гузарони-дани тӯй рухсат дода шуд. Дар аввал дудила шудем, умедвор будем, ки бо гузаштани вақт ҳамааш хуб мешаваду боз чун пешина тӯй мекунем. Аммо фаҳ-мидем, ки боз карантини қатъӣ ҷорӣ мегардад. Ба гапи ҳеҷ кас эътибор надода, ҳаракати ҳар чӣ зудтар гузаронидани тӯйро кардам. Баъди ду рӯз карантин чӣ бояд кард?

MНазди қудоҳо рафтаму вазъ-иятро фаҳмондам. Гарчанд, онҳо тайёр набудани худро гуфтанд, коре карда ба гуза-ронидани тӯй розӣ намудам. Хуллас, дар як рӯз бо иштиро-ки 30 нафар писарамро хона-дор кардам. Келинамон бо ли-боси миллӣ ва ибову ҳаёи хоси аҷдодонамон ба хонадонамон қадам монд. Ҳоло рафти тӯй-ро бо табассум ба хотир ме-орем, ки чӣ хел саросемавор тӯй кардем. Аз ҳама муҳи-маш фарзандонам хушбахт ҳастанд.

– Ҳангоми карантин ба духтарбинӣ рафтем, – бо табассум лаб ба сухан кушод Замира Саъдиеваи тайлоқӣ. – Мо албатта ба қоидаҳои карантин риоя намуда ниқоб кардем. Зани бародарам, ки худ ши-фокор ҳастанд, дар дастонашон низ дастпӯшакҳои махсуси тиббӣ пӯшидаанд. Дари духтардорро кӯф-тем. Дарро модари духтарак кушоду моро дида, ҳозир гӯён қафо рафт. Мо ҳайрон ба ҳамдигар ни-гаристем. Пас аз фурсате, соҳибхоназан ҳам маска-ашро карда омад. Баъди ҳолпурсӣ ва фаҳмидани муддао моро ба хона даъват намуд. Хостем духтари қадрасро бинему ҷавонон низ бо ҳам шинос гар-данд. Бо розигии ду тараф духтарак ба наздамон чой даровард, Қошу чашмонаш сип- сиёҳ буд. Аммо аз чашм поёнаш ниқоб дошт. Ҷавонон бо якдигар шинос шуданд – бо маска. Хайрият, ки дар ҳаётамон суратҳо низ мавҷуд аст. Ҳамин тавр, ба ҷиянам арӯс интихоб намудем.

Зебуннисо – зебу зинати сухан

E Саттор ШЕРМАТОВ, шоир

Сулолаи бобуриён аз сулолаҳоест, ки натанҳо дар таърихи Шарқ, балки дар тараққиёти тамаддуни ҷаҳон ҷой-гоҳи худро дорад.

Ҳаёт ва фаъолияти бобуризодагон ба мо аз он ҷиҳат иртибот дорад, ки онҳо авлоди Заҳириддин Бобур мебо-шанд, ки «сарзамини худро монда, ба сӯйи Ҳинд» рӯ ниҳодааст. Вақте сухан аз бобуриён меравад, дар хусуси шои-раи оташзабон Зебуннисо фикр рондан бомаврид аст.

Зебуннисо духтари шаҷараи панҷу-ми бобуриён – Аврангзеби оламгир буда, моҳи феврали соли 1639 дар Шоҳҷаҳонобод таваллуд ёфтааст. Мо-дари ӯ Дилрасбону буд, духтари Бобур – Гулбаданбегим модаркалони Зебун-нисо маҳсуб меёфт.

Аврангзеби оламгир – падари Зебун-нисо дар таърихи салтанати бобуриён яке аз ҳукмдорони бузург ба шумор ме-рафт. Дар замони ҳукмдории онҳо ҳу-дуди империяи бобуриён чунон васеъ гардид, ки бобурзодагони баъдина сал-танатро то ин дараҷа ривоҷ дода ната-вонистаанд.

Аврангзебро панҷ духтар ва панҷ писар буд. Дар байни онҳо Зебуннисо аз бачагӣ бо тавону салиқаи худ ҷудо шуда меистод. Ба адабиёт таваҷҷӯҳ ва шавқи зиёд доштани духтарашро дида, Аврангзеб ба таълиму тарбияи ӯ эъти-бори алоҳида медиҳад.

Зебуннисо аз устодони пешқадами замони худ – Ҳафиза Марям Отун, Мул-ло Ҷавон ва шоир Мулло Муҳаммад Ашрафи Исфаҳонӣ сабақ гирифта, ба амиқ омӯхтани фанҳои фалсафа, ада-биёт, фалакиёт… машғул мешавад. Шо-ира дар навбати худ мутолиаи асарҳои бобояш Бобур, Навоӣ ва Хусрави Деҳла-виро дӯст медошт. Ӯ асрори санъати хаттотиро низ ба хубӣ азхуд карда буд.

Зебуннисо қисми асосии умри худро ба адабиёт, санъат ва эҷод бахшидааст.

Осори шоира, ки асосан бо забони форсӣ таълиф шудааст, зиёда аз 8 ҳазор мисраъ буда, қасида, тарҷеъбанд, му-хаммас ва ғазалҳои ӯро дар бар меги-рад. Инчунин, ӯ «Зеб- ут- тафосир» ном асарашро ба сифати шарҳ ба Қуръон навиштааст.

Баъзе сарчашмаҳо маълумот ме-диҳанд, ки ӯ доир ба тасаввуф ва фал-сафа «Зеб- ун- нашот», «Мунис- ул- арвоҳ» барин рисолаҳо навиштааст. Ашъори назмии шоира пурра то ба мо омада нарасидааст. Назар ба манбаъҳо ӯ бо тахаллуси «Махфӣ» низ эҷод кардааст.

Барелӣ («Тазкираи шоирони урду»), Шерхони Лудӣ («Миръот- ул- хаёл»), Фаз-лӣ («Маҷмӯаи шоирон»), Ҳакимхон Тӯра («Мунтахабот- ут- таворих») барин таъ-рихнигорону тазкиранависон дар асарҳои худ доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Зебуннисо маълумот додаанд.

Бино ба маълумоти баъзе манбаъҳо Зебуннисо бархе аз шоиру олимони за-мони худро мунтазам бо маош таъмин мекардааст.

Дар тазкираи «Олами ислом» оварда шудааст, ки Зебуннисо ба шӯҳрате, ки падараш бо ҳукмронӣ соҳиб нашуда буд, ба туфайли илму дониш ва одоби худ муваффақ гардид. Бародари Зебун-нисо Аъзамшоҳ низ ба адабиёт шавқи зиёд дошт ва дар хонааш зуд- зуд мушо-ираҳо барпо мекард.

Бино ба маълумоти баъзе сарчаш-маҳо мулоқот ва мушоираи шоира бо

Мирзо Абдулқодири Бедил, ки бо унво-ни «Абулмаъонӣ» машҳур буд, сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки шоира соли 1702 вафот кардааст ва ӯро дар қабристони «Зарзарӣ»-и Деҳлӣ, дар шафати қабри Низомиддин Авлиё, Амир Хусрави Деҳлавӣ барин шоиру донишмандони бузург дафн намудаанд. (Аз рӯйи баъзе манбаъҳо Зебуннисо соли 1643 таваллуд ёфта, соли 1721 вафот кардааст).

Зебуннисои дар ҳусну назокат ва фазлу фаросат беназир тамоми умр танҳо ҳаёт ба сар бурдааст.

Тахмин меравад, ки Оқилхон Розӣ ном ҷавонро, ки дар дили шоира оташи ишқу муҳаббатро афрӯхта будааст, ба қатл мерасонанд ва малика як умр ба ёри худ содиқ монда, аҳд кардааст, ки танҳо зиндагӣ мекунад.

Дар драмаи «Зебуннисо»-и Уйғун, романи таърихии Бонкимчондор Чот-топаддҳайя (1838-1894) бо номи «Раҷ Сингҳ» акс ёфтани лавҳаҳои ин досто-ни муҳаббат низ беҳуда нест.

Роҳбари давлатамон, баробари даъ-ват ба чуқур омӯхтани таърих, мероси аҷдоди бузург, такроран таъкид мена-мояд, ки ҷиҳатҳои ибратомӯз, ҳаёт ва фаъолияти шахсони бузургро, ки иф-тихори моянд, ба насли ҷавон ҳамата-рафа омӯзонем. Дар ин ҷода доир ба ҳаёт ва фаъолияти сарояндаи накӯиву инсонпарварӣ, шоираи оташнафас Зе-буннисо тадқиқоту ҷустуҷӯ бурдан, офаридани асарҳои хонданӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.

ķААЗ ЁД ДОШТҲО, МУШОҲИДАҲОЗ ЁД ДОШТҲО, МУШОҲИДАҲО

� Ӯктам ИБРОҲИМ

½ «НАВИСАНДА ОМӮЗГОР АСТ»

Пас аз дидани шарҳи устод Адаш Истад ба яке аз матолибам дар саҳифаи Фейсбук, ба Аҳсант барои фикрҳои пандомӯз. Адиб адабомӯз аст» гуфтаанд, дарёи хотирот фурӯ рафтам.

…Ман ба ном ҳикояамро ба устод Фаз-лиддин Муҳаммадиев бурда будам. Устод бо оҳанги эътироз гуфтанд:

– Шумо нависанда шуданиед?Ман дар қайди изтироб будам ва ҷавоб

гуфта наметавонистам.Устод таъкид карданд:– Барои нависанда шудан бисёр кор кар-

дан лозим..Устод боз пурсиданд:– Медонед нависанда кист?Ман боз хомӯширо ихтиёр кардам.– Нависанда омӯзгор гуфтанӣ гап аст, –

гуфтанд устод.

½ ЭҲТИРОМ БА СУХАН

Ҳангоме ки ягон ҳикоя, мақола, очерки устод дар ягон рӯзнома чоп мегардид, эшон худ ба таҳририят рафта, корректураи онро мехонданд. Ин рафтори эшонро адиби ши-нохта Адаш Истад ба тариқи зайл тавзеҳ дод:

– Ин эҳтиром ба сухан аст.

½ 7 ҲАЗОРТО ҚАЛАМИ ЯКТИНА…

Азбаски ҳусни хатам хуб нест, дар редак-сияҳо навиштаҳои маро хонда наметавонис-танд. Аз мағозаи комиссионӣ дар айёми ҷавонӣ мошинкаи хатнависиро ба 70 руб л харида, ба хонаи устод Фазлиддин Муҳам-

мадиев рафтам. Устод мошинкаро дида гуф-танд:

– Ана дар ҳамин домҳо ҳама нависанда. Ҳама менависанд. Шумо ҳам менависед. Ба 70 руб л 7 ҳазорто қалами яктина харидан мумкин. Бо онҳо бо хешу таборатон нависед ҳам, солҳои зиёд мерасад.

½ «Ӯ МЕДОНАД!»

Маротибае аз устод Ботурхон Валихоҷа-ев, ки ҳеҷ гоҳ ғайбатгӯӣ намекарданд, дар хусуси чӣ феълу хӯ доштани як ҳамшаҳра-мон пурсидам. Устоди зиндаёд ва зиндадил бо табассуми малеҳ гуфтанд:

– Дар ҳамин ҷо як Абрамов буд. Ба ҳамин гуна савол чунин посух мегуфт:

– Ӯ медонад! Ӯ медонад!

½ «ЗАМИНРО ДОШТА ИСТОДААМ»

Боре устод Фазлиддин Муҳаммадиевро дар гаражи мошинашон дидам. Устод дар хандақ истода мошини худро таъмир мекар-данд. Ва аз хандақ баромада, ҳикоятеро гуф-танд:

– Шахсе бо дастонаш заминро дошта ме-истодааст. Харакие гузашта пурсидааст:

– Шумо чӣ кор мекунед?Гуфтааст:– Заминро дошта истодаам.Харакӣ хоҳиш кардааст, ки ин амали са-

вобро ба вай ҳам вогузорад.Он шахс вайро ба ҷои худ гузошта, ба хари

вай савор шуда, бадар рафтааст.Устод ба ман, ки дари гаражро дошта,

рост меистодам, гуфтанд:– Шумо ҳам заминро дошта истодаед чӣ?

Тоза созад гулбуни умедро пайғоми дӯст. Бишкуфонад ғунчаи дилро насими номи дӯст. Гар ғубори хотире аз дӯстон бинӣ маранҷ, К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дӯст.

ЗЕБУННИСО.