53 54 2015

6
НАСИМИ Оғози нашр 24/04/1932 * * * № 53-54 (9134-9135) * * * Сешанбе, 22 декабри соли 2015 НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА ИСФАРА Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош! www.nasimisfara.com Пешвои миллат ҳадяи таърихист Иқдоми вакилони халқ оид ба Пешвои мил- лат пешниҳод намудани мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пеш аз ҳама аз ташаббус ва иродаи мардуми тоҷик сарчашма мегирад. Зеро Эмо- малӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари дурнигар, сулҳо- фарин, ваҳдатшиор ва меҳанпараст ҳанўз аз оғози фаъолияти хеш ба ҳайси роҳбари давлат нахустин иқдоме, ки пеш гирифт, такя бар эъти- мод ва боварии мардум буд. Дар баробари ин, таҷрибаи сулҳофариние, ки дар низоми таъли- моти сиёсии Сарвари давлат ҷойгоҳи махсус касб карда аст, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф шуда, ҳамчун модели оштии зидҳо маънидод мешавад. Аксарияти сиёсатмадо- рони сатҳи ҷаҳонӣ, чун Кофе Анан, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ба ин таълимоти сиёсии сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бар- хурдҳои сиёсии ҷаҳони муосир таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд. Имрўз вақте мо ба 25 солагии Истиқлолия- ти давлатӣ наздик мешавем, беихтиёр зарура- ти таваҷҷўҳ ба ин гузаштаи начандон дур пеш меояд. Маҳз, хидматҳои пешвоёнаи Роҳбари давлат буд, ки мо чун миллат муттаҳид, соҳиби давлат шудему мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор ёфтем. Наҷотхон ИСОМАДДИНОВА, директори генералии ҶДММ "Наҷот". Мулоқот дар театри ба номи Ка- моли Хуҷандӣ сурат гирифта, дар раванди он беш аз 800 нафар ишти- рок доштанд. Шаҳрдори Исфара дар баробари зикри самтҳои пешги- рифтаи мақомоти иҷроияи ҳокими- яти давлатии шаҳр оид ба тарбияи мутахассисони ҷавон қайд кард, ки бо ҷойи кор таъмин намудани 1132 нафар нафар ҷавонони Исфара- марзи айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд таҳсилдошта мушкилоте на- хоҳад буд. Зеро Исфара, ки яке аз мин- тақаҳои калони саноатӣ ва соҳаи ки- шоварзиаш рушдёбандаи мамлакат маҳсуб ёфта, дорои беш аз 50 кор- хонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, 85 муассисаи таълимӣ ва даҳҳо муас- сисаҳои тандурустӣ, хизматрасони- ву савдост. Инчунин дар рафти мулоқот Зоҳидзода Даврони Абдуқодир изҳор дошт, ки барои 10 нафар до- нишҷӯёни муваффақу лаёқатманд ибтидо аз соли 2016 стипендияи раиси шаҳри Исфара таъсис дода хоҳад шуд. Ҷойизи зикр аст, ки 30 нафар до- нишҷӯёни фаъол ва ҳам эҳтиёҷман- ди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят зим- ни мулоқот аз ҷониби раиси шаҳри Исфара қадршиносӣ ва аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ ёфтанд, ҳамчу- нон ба бошандагони хобгоҳҳо таҷҳи- зоти гармидиҳанда тақдим гардид. Бино бар гуфтори Меҳрона Са- лимбекова, донишҷӯйи соли сеюми факултаи забонҳои хориҷии До- нишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар маҷмӯъ, донишҷӯён аз ин боздид ва аз ин гуна вохӯриву мулоқоти хушо- янд бо раиси шаҳр Зоҳидзода Дав- рони Абдуқодир куллан шоду ризо- манд гаштаанд. Бо кор таъмин намудани донишчуён мушкили надорад Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара, ки дар макотиби олии вилоят таҳсил доранд, мулоқот кард. Дар Исфара ба бунёди боғҳои сиёҳолу диққати хоса дода истодаанд. Иқдоми мазкур бевосита дар заминаи пи- ёдасозии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳидоятҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ амалӣ шуда, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбиқи худро меёбад. Ин аст, ки бо ташаббуси раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир дар нуктаи такягоҳии ИИИ «Боғпарвар» шинонидани ниҳолони сиёҳолу дар майдони беш аз 1,5 гектар оғоз шуд.Раиси шаҳр зимни шинони- дани ниҳоли сиёҳолу таъкид бар он дошт, ки бояд аз таҷрибаҳои пешқадами боғбонон фа- ровон истифода бурда шавад. Бино ба гуфти сардори раёсати кишовар- зии Исфара Файёзиддин Каримов дар назар аст, ки имсол беш аз 13 гектар боғҳои сиёҳолу дар Исфара бунёд карда шаванд. Боготи сиёхолу бунёд мешавад Эмомали Рахмон - Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА аз «16» декабри соли 2015 №741 Дар бораи даъвати иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум Мутобиқи моддаҳои 12, 20 Қонуни консти- тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қа- рор мекунам: 1. Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум 28-уми декабри соли 2015, соати 9.00 дар маҷлисгоҳи калони мақо- моти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр даъват карда шавад. 2. Ба муҳокимаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум масъалаҳои зерин гузошта шаванд: * Ҳисоботи раиси шаҳри Исфара "Оид ба на- тиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфа- ра дар ёздаҳ моҳи соли 2015"; * Оид ба иҷрои буҷети соли 2014 ва тасдиқи буҷе- ти давлатии шаҳр барои соли 2016; * Дар бораи муқаррар намудани андозҳои маҳал- лӣ дар шаҳри Исфара барои соли 2016; * Дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Ис- фара дар соли 2015; * Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии "Сари Осиё", № 5 Ҷалилова Фотима дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ; * Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр. Раиси шаҳр Д.ЗОҲИДЗОДА. Қонуни қабулна- мудаи вакилони Маҷлиси намо- яндагони Маҷ- лиси Олӣ "Дар бораи асосгу- зори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои мил- лат" -ро аҳли ҷомеаи меҳнатии осоишгоҳи "Зумрад" чун дигар сокинони Исфара дар рӯҳияи баланд қабул намуданд. Тавре сарвари осоишгоҳ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд З.Олимов иброз дошт, қонун хеле муҳим ва саривақтӣ буда, дар байни кормандони осоишгоҳ ҳамо- возии амиқ пайдо кард. Дар ҳақиқат Сарвари давлати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ то ба имрӯз барои халқу миллат садоқатмандона барои руш- ди Тоҷикистон заҳмат кашидааст. Мо бояд ҳама шукргузор аз он бошем, ки дар фазои софу беғубор, дар тинҷию оромӣ ва осудагӣ умр ба сар мебарем. Бешак ҳамаи ин аз та- лош ва иқдомҳои Сарвари давлат ба даст омадааст. Мухтадил ҶӮРАЕВ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. Ҷонибдории ҷавонон Ҷавонони Исфара бори дигар истиқболи худро аз қонуни қабулнамудаи Маҷлиси намо- яндагони Маҷлиси Олӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ни- шон доданд. Ба ин хотир ҳамоиши бошукӯҳе дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳр доир гар- дид. Дар он садҳо ҷавонони шаҳру деҳоти Ис- фара ширкат варзида, бори дигар бо парафшо- нии Парчами давлатӣ ва навиштаҷоту овезаҳои тарғиби ватандӯстидошта шукргузорӣ аз рушди Тоҷикистони азиз ва роҳбарияти он намуданд. Асосгузори ваҳдат Таърих исбот намуд, ки фарзанди фарзо- наи миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми беш аз 23 соли сарварӣ як кишвари ноободу нооромро бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ба давлати мутараққӣ табдил доданд. Дар баробари тамоми соҳаҳо Президенти мӯҳтарам ба пешрафт ва тараққиёти соҳаи маориф аҳамияти беандоза медиҳанд, ки ин боиси хурсандии мо, омӯзгорон аст. Бо иқдомҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон чор сол боз аз буҷаи ҷумҳуриявӣ барои руш- ди соҳаи маориф миллионҳо сомонӣ сарф карда мешавад. Итминони комил дорем, ки дар атрофи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ муттаҳид гашта, кишварамонро боз ҳам ободтару зеботар мегардонем. Исроилхон ИБРОҲИМОВ, Бобохон САИДОВ, омӯзгорони МТМУ № 64-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ. Иқдоми саривақтӣ

Upload: -

Post on 24-Jul-2016

257 views

Category:

Documents


1 download

DESCRIPTION

 

TRANSCRIPT

Page 1: 53 54 2015

НАСИМИОғози нашр

24/04/1932 * * *

№ 53-54 (9134-9135)* * *

Сешанбе, 22 декабри соли 2015

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРАИСФАРА

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

www.nasimisfara.com

Пешвои миллат ҳадяи таърихист

Иқдоми вакилони халқ оид ба Пешвои мил-лат пешниҳод намудани мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пеш аз ҳама аз ташаббус ва иродаи мардуми тоҷик сарчашма мегирад. Зеро Эмо-малӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари дурнигар, сулҳо-фарин, ваҳдатшиор ва меҳанпараст ҳанўз аз оғози фаъолияти хеш ба ҳайси роҳбари давлат нахустин иқдоме, ки пеш гирифт, такя бар эъти-мод ва боварии мардум буд. Дар баробари ин, таҷрибаи сулҳофариние, ки дар низоми таъли-моти сиёсии Сарвари давлат ҷойгоҳи махсус касб карда аст, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир

эътироф шуда, ҳамчун модели оштии зидҳо маънидод мешавад. Аксарияти сиёсатмадо-рони сатҳи ҷаҳонӣ, чун Кофе Анан, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ба ин таълимоти сиёсии сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бар-хурдҳои сиёсии ҷаҳони муосир таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд.

Имрўз вақте мо ба 25 солагии Истиқлолия-ти давлатӣ наздик мешавем, беихтиёр зарура-ти таваҷҷўҳ ба ин гузаштаи начандон дур пеш меояд. Маҳз, хидматҳои пешвоёнаи Роҳбари давлат буд, ки мо чун миллат муттаҳид, соҳиби давлат шудему мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор ёфтем.

Наҷотхон ИСОМАДДИНОВА, директори генералии ҶДММ "Наҷот".

Мулоқот дар театри ба номи Ка-моли Хуҷандӣ сурат гирифта, дар раванди он беш аз 800 нафар ишти-рок доштанд. Шаҳрдори Исфара дар баробари зикри самтҳои пешги-рифтаи мақомоти иҷроияи ҳокими-яти давлатии шаҳр оид ба тарбияи мутахассисони ҷавон қайд кард, ки бо ҷойи кор таъмин намудани 1132 нафар нафар ҷавонони Исфара-марзи айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд таҳсилдошта мушкилоте на-хоҳад буд.

Зеро Исфара, ки яке аз мин-тақаҳои калони саноатӣ ва соҳаи ки-шоварзиаш рушдёбандаи мамлакат маҳсуб ёфта, дорои беш аз 50 кор-хонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, 85 муассисаи таълимӣ ва даҳҳо муас-сисаҳои тандурустӣ, хизматрасони-ву савдост.

Инчунин дар рафти мулоқот Зоҳидзода Даврони Абдуқодир изҳор дошт, ки барои 10 нафар до-нишҷӯёни муваффақу лаёқатманд ибтидо аз соли 2016 стипендияи раиси шаҳри Исфара таъсис дода хоҳад шуд.

Ҷойизи зикр аст, ки 30 нафар до-нишҷӯёни фаъол ва ҳам эҳтиёҷман-ди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят зим-ни мулоқот аз ҷониби раиси шаҳри Исфара қадршиносӣ ва аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ ёфтанд, ҳамчу-

нон ба бошандагони хобгоҳҳо таҷҳи-зоти гармидиҳанда тақдим гардид.

Бино бар гуфтори Меҳрона Са-лимбекова, донишҷӯйи соли сеюми

факултаи забонҳои хориҷии До-нишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар маҷмӯъ, донишҷӯён аз ин боздид ва

аз ин гуна вохӯриву мулоқоти хушо-янд бо раиси шаҳр Зоҳидзода Дав-рони Абдуқодир куллан шоду ризо-манд гаштаанд.

Бо кор таъмин намудани донишчуён мушкили надорад

Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара, ки дар макотиби олии вилоят таҳсил доранд, мулоқот кард.

Дар Исфара ба бунёди боғҳои сиёҳолу диққати хоса дода истодаанд.

Иқдоми мазкур бевосита дар заминаи пи-ёдасозии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳидоятҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ амалӣ шуда, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбиқи худро меёбад.

Ин аст, ки бо ташаббуси раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир дар нуктаи такягоҳии ИИИ «Боғпарвар» шинонидани ниҳолони сиёҳолу дар майдони беш аз 1,5 гектар оғоз шуд.Раиси шаҳр зимни шинони-дани ниҳоли сиёҳолу таъкид бар он дошт, ки бояд аз таҷрибаҳои пешқадами боғбонон фа-ровон истифода бурда шавад.

Бино ба гуфти сардори раёсати кишовар-зии Исфара Файёзиддин Каримов дар назар аст, ки имсол беш аз 13 гектар боғҳои сиёҳолу дар Исфара бунёд карда шаванд.

Боготи сиёхолу бунёд мешавад

Эмомали Рахмон - Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат

Қ А Р О Р ИРАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА

аз «16» декабри соли 2015 №741

Дар бораи даъвати иҷлосияи чорумиМаҷлиси вакилони халқи шаҳр,

даъвати панҷумМутобиқи моддаҳои 12, 20 Қонуни консти-

тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қа-рор мекунам:

1. Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум 28-уми декабри соли 2015, соати 9.00 дар маҷлисгоҳи калони мақо-моти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр даъват карда шавад.

2. Ба муҳокимаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум масъалаҳои зерин гузошта шаванд:

* Ҳисоботи раиси шаҳри Исфара "Оид ба на-тиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфа-ра дар ёздаҳ моҳи соли 2015";

* Оид ба иҷрои буҷети соли 2014 ва тасдиқи буҷе-ти давлатии шаҳр барои соли 2016;

* Дар бораи муқаррар намудани андозҳои маҳал-лӣ дар шаҳри Исфара барои соли 2016;

* Дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Ис-фара дар соли 2015;

* Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии "Сари Осиё", № 5 Ҷалилова Фотима дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ;

* Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр.

Раиси шаҳр Д.ЗОҲИДЗОДА.

Қонуни қабулна-мудаи вакилони Маҷлиси намо-яндагони Маҷ-лиси Олӣ "Дар бораи асосгу-зори сулҳу ваҳдати миллӣ

- Пешвои мил-лат" -ро аҳли ҷомеаи меҳнатии осоишгоҳи "Зумрад" ч у н дигар сокинони Исфара дар рӯҳияи баланд қабул намуданд.

Тавре сарвари осоишгоҳ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд З.Олимов иброз дошт, қонун хеле муҳим ва саривақтӣ буда, дар байни кормандони осоишгоҳ ҳамо-возии амиқ пайдо кард.

Дар ҳақиқат Сарвари давлати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ то ба имрӯз барои халқу миллат садоқатмандона барои руш-ди Тоҷикистон заҳмат кашидааст.

Мо бояд ҳама шукргузор аз он бошем, ки дар фазои софу беғубор, дар тинҷию оромӣ ва осудагӣ умр ба сар мебарем. Бешак ҳамаи ин аз та-лош ва иқдомҳои Сарвари давлат ба даст омадааст.

Мухтадил ҶӮРАЕВ, Аълочии фарҳанги

Тоҷикистон.

Ҷонибдории ҷавононҶавонони Исфара бори дигар истиқболи

худро аз қонуни қабулнамудаи Маҷлиси намо-яндагони Маҷлиси Олӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ни-шон доданд.

Ба ин хотир ҳамоиши бошукӯҳе дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳр доир гар-дид. Дар он садҳо ҷавонони шаҳру деҳоти Ис-фара ширкат варзида, бори дигар бо парафшо-нии Парчами давлатӣ ва навиштаҷоту овезаҳои тарғиби ватандӯстидошта шукргузорӣ аз рушди Тоҷикистони азиз ва роҳбарияти он намуданд.

Асосгузори ваҳдатТаърих исбот намуд, ки фарзанди фарзо-

наи миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми беш аз 23 соли сарварӣ як кишвари ноободу нооромро бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ба давлати мутараққӣ табдил доданд.

Дар баробари тамоми соҳаҳо Президенти мӯҳтарам ба пешрафт ва тараққиёти соҳаи маориф аҳамияти беандоза медиҳанд, ки ин боиси хурсандии мо, омӯзгорон аст.

Бо иқдомҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон чор сол боз аз буҷаи ҷумҳуриявӣ барои руш-ди соҳаи маориф миллионҳо сомонӣ сарф карда мешавад.

Итминони комил дорем, ки дар атрофи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ муттаҳид гашта, кишварамонро боз ҳам ободтару зеботар мегардонем.

Исроилхон ИБРОҲИМОВ,Бобохон САИДОВ, омӯзгорони МТМУ

№ 64-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ.

Иқдоми саривақтӣ

Page 2: 53 54 2015

НАСИМИ ИСФАРА2 №

53-5

4

22. 1

2. 20

15 НатичаҲИСОБОТИ

раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2015

Давоми ёздаҳ моҳи соли 2015 фаъ-олияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мутобиқи Сарқонун (Конститутсия)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти дав-латӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амру фармон, дастуру супоришҳои Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои миллию давлатӣ роҳан-дозӣ карда шуд.

Дар натиҷаи корҳои анҷомдодаи воҳидҳои сохтории мақомоти иҷро-ияи ҳокимияти давлатии шаҳр, зер-сохторҳои маҳаллии мақомоти дав-латӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, соҳибкорону аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамаи самту соҳаҳои фаъолият натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд.

Баргузории чорабиниҳои бошукӯҳи идона бахшида ба ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ - 23 – умин солгар-ди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, На-врўзи байналмиллалӣ, 18-умин сол-гарди Рўзи Ваҳдати миллӣ, 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, инчунин вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ба истифода додани иншоотҳои ҷаш-нӣ эътимоди мардумро ба сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат афзунтар намуда, таассуроти неку фаромўшнашаванда гузоштанд.

Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷти-моии шаҳри Исфара дар ёздаҳ моҳи аввали соли 2015 собит менамоянд, ки дастовардҳои меҳнаткашони мо дар ҳама самту соҳаҳои фаъолият, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтару назаррастар аст.

1. Рафти иҷрои қарорҳои Ҳу-кумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияҳо ва барномаҳои

миллӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти дав-латии шаҳри Исфара баҳри таъмини иҷрои комилу саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кон-сепсияҳо ва барномаҳои милливу дав-латӣ пайваста тадбирҷӯйӣ ва ҳамаҷо-ниба мусоидат менамояд.

Дар ин радиф, давоми ёздаҳ моҳи соли 2015 тамоми воситаю имкони-ятҳои мавҷуда баҳри татбиқи 205 лоиҳаҳои дар соли 2015 банақшаги-рифташудаи «Барномаи рушди рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» ва дар ин замина таъмини рушди воқеии иқти-содию иҷтимоии шаҳр, вусъат додани раванди созандагию бунёдкорӣ, таъ-мини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи накӯаҳволии сокинон сафарбар карда шуд.

Мониторинги Барнома нишон дод, ки агар лоиҳаҳои барномавӣ давоми солҳои 2013-2014 ба маблағи умумии 32,3 млн. сомонӣ ба иҷро расони-да шуда бошанд, танҳо давоми соли 2015 Барнома ба маблағи 42,1 млн. сомонӣ ба иҷро расидааст. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти умумӣ бошад, Барнома дар ҳаҷми 75,4 млн. сомонӣ иҷро гардидааст.

Дар доираи таъмини иҷрои қаро-ри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 514 аз 2 декабри соли 2006 оид ба «Барномаи беҳтар намудани таъми-ни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020», бо мақсади беҳтар намудани сатҳи таъминоти аҳолии шаҳр бо оби тозаи нӯшокӣ, бо дастгирии молиявии Бон-ки Аврупоии Рушд ва Таҷдид корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасонии маркази шаҳр тибқи нақша амалӣ гар-дида истодааст.

2. Фаъолияти Маҷлиси ваки-лони халқи шаҳр.

Иҷлосияҳои Маҷлиси вакило-ни халқи шаҳри Исфара (даъвати панҷум) дар сатҳи зарурӣ баргузор гардиданд.

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси ваки-лони халқи шаҳри Исфара (даъвати панҷум) масъалаҳои тасдиқи вакола-ти вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати V), Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфа-ра (даъвати V), Низомномаи комисси-яҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ташкили комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ин-тихоби ҳайати онҳо, пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботи «Суғд №2» ва оид ба рўй-ихати вакилони интихобкунандаи Маҷ-лиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати V) ба ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомотҳои намояндагии вилоят оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботи «Суғд №2» мав-риди баррасӣ қарор дода, зимнан қа-рорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар раванди иҷлосияҳои дуюм ва сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр масъалаҳои “Рафти амали-гашти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳри Исфара”, “Рафти татбиқи қа-рори раиси вилояти Суғд №267 аз 26 майи соли 2015 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъо-лияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» дар шаҳри Исфара”, раф-ти татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар шаҳри Исфара, амалигашти қарори Ҳукума-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон №602 аз 31 октябри соли 2009 «Дар бораи тат-биқи «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019»- дар шаҳри Исфара, тас-диқи нақшаи мушаххаси марҳилавӣ «Оид ба татбиқи Барномаи муқови-мат бо зуҳуроти экстремизми динӣ ва терроризм дар шаҳри Исфара барои солҳои 2015-2019», ҳисоботи ваки-ли Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Нефтобод» №12 Бобобеков Ғ.Д. «Дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ», дар бораи номгузории объектҳои ҷуғрофӣ, тас-диқи меъёри андози қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар маркази шаҳри Ис-фара ва ҷамоати деҳоти Сурх, тас-диқи қарорҳои раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар асоси ҷадвали тасдиқшуда, бо мақса-ди ҳалли мушкилоти мардум қабул ва баррасии муроҷиатҳои интихобкунан-дагонро яке аз самтҳои асосии фаъо-лияти вакилии худ қарор дода, баҳри саривақт ва холисонаю мусбӣ ҳал намудани муроҷиатҳо бо истифодаю корбурди имконоти дастрас мусоидат намуданд.

3. Вазъи иҷрои буҷет.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида-шуда давоми ёздаҳ моҳи соли равон, иҷроиши нақшаҳои пешбинишудаи даромади буҷет 87,9% иҷро гардид. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ме-боист ба буҷет 79 млн 736 ҳазор со-монӣ ворид гардад, амалан 70 млн 103 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 9 млн 632 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Мутаассифона дар маҷмӯъ нақшаи даромади андоз бо баъзе сабабҳои воқеӣ таъмин нагардид, ки масъалаи мазкур мавриди таҳлили амиқ ва кор-барии ҷиддӣ қарор дорад.

Нақшаи пешбинишудаи даромад ба буҷети маҳаллӣ бошад, ба андозаи 88,4% иҷро гардид. Дар давоми 11 моҳи сипаришуда мебоист ба буҷети

маҳаллӣ 74 млн 546 ҳазор сомонӣ во-рид гардад, амалан дар ин давра 65 млн 878 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки аз нақшаи пешбинишуда 8 млн 668 ҳа-зор сомонӣ кам мебошад.

Дар давоми 11 моҳи соли 2015 нақ-шаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Исфара ба андозаи 88,5% таъ-мин карда шуд. Дар ин давра, муво-фиқи нақша бо тағйироташ мебоист 75 млн 317 ҳазор сомонӣ хароҷот ме-шуд, амалан бошад, 66 млн 626 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки нисбати нақшаи аниқшуда ба маблағи 8 млн 691 ҳазор сомонӣ кам аст.

Ҳамзамон, дар ин давра музди меҳнати ҳисобкардашудаи муасси-саҳои буҷетӣ сари вақт ва пурра пар-дохт карда шуда, қарздорӣ аз музди меҳнат ва ҳиссаҷудокунӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ вуҷуд надорад.

4. Вазъи хусусигардонӣ ва тат-биқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ.

Давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ оид ба хусусигардонии моликияти комму-налӣ 7 қарори раиси шаҳр ба имзо расида, дар ин давра биржаи молу мулки вилоят 8 музояда баргузор на-муд, ки дар онҳо 17 иншооти гуногун ва 6 техникаи кишоварзӣ хусусӣ гардо-нида шуданд.

Аз ҳисоби хусусигардонии иншоот-ҳои мазкур ба буҷет 1 089 590 (як мил-лиону ҳаштоду нӯҳ ҳазору панҷсаду навад) сомонӣ маблағ ворид карда шудааст.

Ҷойизи зикр аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ин ҷалби бештари сармоягу-зории хориҷӣ ва истифодаи мақсад-ноки кӯмакҳои молиявии берунӣ ме-бошад.

Имрӯз раванди амалисозии тадриҷии ибтикороти эълоншудаи даҳсолаи байналмиллалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ки бо ташаббуси Тоҷикистон эълон гардида буд, рав-шану возеҳ ба мушоҳида мерасад ва натиҷаҳои хуби худро дода истодаанд. Дар доираи ғояи мазкур дар шаҳри Ис-фара лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва сани-тарияи деҳоти водии Фарғона», ки аз тарафи Котиботи байналмиллалии об - ташкилоти ғайридавлатии Канада бо маблағгузории «Агентии Швейтсария оид ба рушд» ба амал бароварда ме-шавад, оғоз гардид. Мӯҳлати амали-гашти он 4 сол буда, маблағи умумии лоиҳа 5 миллион франки Швейтсари-яро дарбар мегирад ва дар 2 ноҳияи вилояти Суғд амалӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бай-налхалқиву минтақавӣ дар ҳудуди шаҳри Исфара амалигашти 23 ло-иҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ роҳандозӣ гардид, ки дар натиҷаи пурра амалӣ намудани онҳо 13 млн. 50 ҳазор сомонӣ (1,8 млн. доллари ИМА) маблағҳои хориҷӣ азхуд наму-да хоҳанд шуд. Нишондоди мазкур, наздики 14,8%-и ҳаҷми умумии буҷе-ти шаҳри Исфараро барои соли 2015 ташкил мекунад.

5. Иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷики-

стон, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ баён доштаанд.

Иҷрои саривақтӣ ва комили дасту-ру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафарҳои кории худ ба вилояти Суғд баён доштаанд, дар асоси нақшаи чора-биниҳои тасдиқгардида таҳти назора-ти доимӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла-тии шаҳри Исфара қарор доранд.

Дар ёздаҳ моҳи соли равон ба мақо-моти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад нақшаи чорабиниҳо ворид гардида, мавриди иҷроиш мебошанд.

6. Вазъи соҳаи сохтмон ва меъморӣ.

Метавон гуфт, ки соли 2015 барои мардуми ободкори Исфара воқеан ҳам марҳилаи тозаи созандагию бу-нёдкориҳо маҳсуб меёбад, зеро айни замон сохтмони зиёда аз 60 иншоот-ҳои таъиноти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ роҳандозӣ гардидааст.

Аз ҷумла, дар доираи амалигашти «Барномаи рушди иқтисодию иҷти-моии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» сохтмони Маркази адлия, САҲШ, нотариус ва судиҷрочиёни шаҳр, бинои хизматии прокуратураи шаҳр, таъмиру азнавсозии бинои яку-ми беморхонаи марказии шаҳр тибқи нақша сурат мегиранд.

Мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Исфара, дар маркази шаҳр 7 бинои панҷ-шашошёнаи истиқоматӣ сохта шуда истодааст.

Рафти сохтмону бунёди саривақтии иншоотҳои истеҳсолӣ, марказҳои хиз-матрасонию тиҷоратӣ таҳти назорати ҷиддӣ ва доимӣ қарор дорад.

Давоми ёздаҳмоҳи соли 2015 ба маблағи 21,4 млн сомонӣ корҳои пу-дратӣ ба иҷро расиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 2,9 млн. сомонӣ зиёд аст.

7. Вазъи соҳаи кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳола-

ти мелиоративии заминҳо.

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ, ки бешубҳа омили асо-сии таъминкунандаи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - амнияти озуқа-вории кишвар, манбаи таъмини кор-хонаҳои коркарди саноатӣ бо ашёи хом, бахши ташаккулдиҳандаи иқти-дори содиротӣ ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад, дар ин муддат як сил-сила тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Дар натиҷа, давоми 11 моҳи соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ки-шоварзӣ 293,8 миллион сомониро ташкил дод, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсу-лоти кишоварзӣ ва дар сатҳи 100,01 фоиз таъмин гардидани рушди соҳа шаҳодат аз он медиҳад, ки имкони аф-зоиши бештари истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ мавҷуд аст.

Дар давоми соли 2014 ва 11 моҳи соли 2015 баҳри таъмини иҷроиши қарори раиси вилояти Суғд таҳти аз 09.12.2013,№ 287 ва қарори раиси шаҳри Исфара аз 11.12.2013, №527 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷа-гиҳои калонҳаҷми кишоварзии шаҳру вилоят» бо якҷоягии аъзоёни комис-сияи таҷдид ва азнавташкилдиҳии мақомот ва ҷамоатҳо дар маҳалҳо ва хоҷагиҳои кишоварзии калонҳаҷм ин маъракаи басо масъулиятнокро бо сарбаландӣ ба анҷом расонида, то имрӯз 12444 адад хоҷагиҳои деҳқо-нии инфиродӣ ва оилавии нав таъсис дода шуданд, ки 15761 адад саҳмдо-ронро дарбар гирифта, 103 фисади нақшаи пешбинишударо таъмин на-мудааст. Ҳамаи хоҷагиҳои мазкур бо сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин таъмин карда шудаанд.

Мувофиқи шаҳру деҳоти Исфара дар майдони 7114,3 гектар кишти зи-роатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда-аст, ки нисбати соли гузашта зиёд ме-бошад. Айни замон, дар майдони 1297 гектар кишти тирамоҳии зироатҳо су-рат гирифтааст.

Мувофиқи шаҳру деҳоти Исфара дар ҳамаи секторҳои хоҷагидорӣ зи-ёда аз 12,0 ҳазор гектар майдони боғи мевадиҳанда мавҷуд буда, аз он 10,7 ҳазор гектар боғи меваи донакдор ва 1,3 ҳазор гектар боғи меваи тухмдор мебошад.

Бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ дар самти ҷамъоварӣ ва хушку кор-кард намудани меваҳои боғоти вилоя-ти Хатлон роҳбарияти шаҳри Исфара

якҷоя бо сарварони корхонаҳои кор-карди маҳсулоти кишоварзии шаҳр ба ноҳияҳои боғпарвари вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Дар натиҷа, аз ҷониби 4 корхо-наи коркарди маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара бо хоҷагиҳои боғпарва-ри вилояти Хатлон ҷиҳати харидории мевагиҳо ва коркарди онҳо шартно-ма баста шуд, ки ин тадбир мушкили онҳоро ҷиҳати дастрасӣ ба ашёи хом саҳл гардонид.

Дар давоми мавсими ҷамъоварии зардолу зиёда аз 100 нафар соҳиб-корони инфиродии Исфара, ки чун соҳибкор дар самти тиҷорат бо меваи хушк сару кор доранд, дар навоҳии Восеъ, Фархор, Шаҳритуз, Қубодиён, Бохтар,Қумсангир ва дигар навоҳии вилояти Хатлон ба ҷамъоварӣ ва хушк кардани меваи зардолу машғул гаштанд.

Ҳамчунон, бо мақсади рӯйпуш на-мудани зарари аз офати табии расида кишоварзони Исфара соли равон ма-соҳати кишти зироатҳои кишоварзиро ба 7114 гектар расониданд. Кишовар-зон нисбати соли гузашта кишти саб-завотро 483 гектар, картошкаро 146,2 гектар ва зироатҳои техникиро 121,6 гектар зиёд карда, саъю кушиш на-муданд, ки аз ин ҳисоб низ афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулотҳои кишо-варзиро таъмин намоянд.

Ҷойизи зикр аст, ки иҷрои дурнамои рушди бунёди боғи нав соли 2014 ба итмом расида бошад ҳам, иловатан баҳори соли равон дар майдони 60,0 гектар боғҳои замонавӣ бунёд карда шуд.

Дар соҳаи чорводорӣ нишондиҳан-даҳо нисбати соли гузашта назаррас буда, истеҳсоли гӯшт 431 тонна, шир 1061 тонна, тухм 106 ҳазор дона ва пилла 3,2 тонна нисбати ҳамин дав-раи соли гузашта зиёд шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаи чорводорӣ бо қарорҳои раиси шаҳри Исфара барои ташкили 20 адад марказҳои хизматрасонии байторӣ қитъаҳои замин ва иншооти мувофиқ ҷудо гардида, марказҳои навтаъсис куллан бо сертификати истифодабарии замин таъмин карда шудаанд.

Айни замон, 6 нуқтаҳои байторӣ ба истифода дода шуда, мавриди амал қарор доранд.

Дар баробари ин, баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии за-минҳои таъиноти кишоварзии шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шуда, зимнан бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 130,0 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки дар натиҷа ҳолати мелиоративии 371 гектар за-минҳои кишоварзӣ беҳтар гардони-да шуд.

Ҳамзамон бо ислоҳоту таҷдиди соҳа, фароҳамсохти имкону ҳуқуқ ба деҳқонон ҷиҳати интихоби мустақи-лонаи кишту парвариши намудҳои гуногуни зироатҳо тамоми имкони-ятҳои воқеӣ баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи киштукори баҳорӣ, кишти такрорӣ ва гирифта-ни ду – се ҳосил аз заминҳои обӣ, боз ҳам афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот ва дар ин замина таъмин намудани фаро-вонии бозори истеъмолӣ ва рушди иқтидори содиротӣ нигаронида шу-дааст.

8. Вазъи соҳаи саноат ва энергетика.

Корхонаҳои хурду бузурги саноатии шаҳр ва муассисаву ташкилотҳои энергетика ва нақлиёт дар зарфи 11 моҳи соли 2015 фаъолиятро дар за-минаи нақшаи кории тарҳрезигарди-да, амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаҳои саноат, энер-гетика ва нақлиёт ба роҳ монда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд.

(Давомаш дар саҳ.3).

Page 3: 53 54 2015

НАСИМИ ИСФАРА3 №

53-5

4

22 . 1

2.20

15Натича

(Аввалаш дар саҳ.2). Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи

246,1 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 118,9 фисадро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда бо-шад, бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,1 млн сомонӣ зиёдтар мебошад.

Дар зарфи 11 моҳи соли равон ҶС “Шабакаҳои барқи Исфара” аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳоро бо қувваи барқ таъмин намуда, аз рӯи ҳисоби пешакӣ дар давраи ҳисоботӣ 195 млн кВт/соат қувваи барқи фоиданок ин-тиқол дод.

Маблағи ҳисобии қувваи барқи ха-роҷотшуда 26,4 млн сомонӣ буда, дар ҳаҷми 22,2 млн сомонӣ ҷамъоварӣ гардид, ки дар маҷмӯъ 83,9 фисадро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, аз тара-фи аҳолӣ 11,2 млн сомонӣ ё 86,0 фи-сади маблағи қувваи барқи истифода-бурда ҷамъоварӣ шудааст.

9. Вазъи соҳаи нақлиёт ва ком-муникатсия.

Муассисаҳои нақлиётии ҶДММ МНА-35, Танзим, Арсенал ва Наҷот дар давоми 11 моҳи соли равон фаъ-олияти худро тибқи нақшаи тарҳре-зишуда ба роҳ монда, дар ин муддат зиёда аз 16,3 млн. мусофиронро аз маконе ба маконе кашониданд. Гарди-ши мусофирон дар маҷмўъ 190,2 млн мусофир/км-ро ташкил дод.

Кашонидани бор тавассути нақли-ётҳо дар ин давра 26,1 ҳазор тоннаро ташкил дода, гардиши он 2530,4 ҳа-зор/км мебошад.

Истгоҳи исфарагии роҳи оҳан дар ҳамлу нақли борҳои эҳтиёҷоти мар-дум ва корхонаву ташкилотҳо тавас-сути роҳи оҳан мусоидат намуда, дар давраи ҳисоботӣ 560 вагон, ё ин ки ба миқдори 38070 тонна молу маҳсулоти гуногуни ниёзи мардум ва корхонаҳо-ро интиқол дод. Қабул ва холӣ карда-ни вагонҳо аз манотиқи гуногун бошад, дар ҳаҷми 69 вагон ё 3150 тонна ба роҳ монда шуд.

10. Вазъи ҳолатҳои фавқулодда.

Дар ин давра вазъи селроҳаҳои асосӣ, минтақаҳои хавфноки аҳоли-нишин мавриди омӯзиш қарор дода, маълумотномаҳои дахлдор тартиб дода шуданд.

Ба корхонаю муассисаҳо барои таъмиру барқарорсозии иншоотҳои муҳофизатӣ, ташкилкунии захираҳои моддӣ барои рафъи ҳодисаҳои нохуш супориш ва нақшаҳо дода шуданд.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2015 ду офати табиӣ расман ба қайд гирифта шуд, ки бар асари ин офатҳо ба хоҷагии халқи шаҳр ба маблағи умумии 29403127 (бисту нӯҳ миллиону чорсаду се ҳазо-ру яксаду бисту ҳафт) сомонӣ ҳисорот расонида шуд.

Аз он ҷумла, аз хунукии сахти са-наҳои 28.03-01.04.2015 ба боғоти шаҳр ба маблағи умумии 26818,7 ҳа-зор сомонӣ ва дар натиҷаи фаромада-ни тармаҳо ва баланд гаштани сатҳи оби дарёи Исфара рӯзи 07.06.2015 махсусан ба иншоотҳои гидротехникӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва хоҷагии халқи шаҳр дар ҳаҷми 2584427 сомонӣ ҳи-сорот расид.

Инчунин аз шамоли сахти санаи 23.05.2015 рухдода ба манзили ис-тиқоматии се шаҳрванди шаҳри Исфа-ра дар ҳаҷми 8354 (ҳашт ҳазору сеса-ду панҷоҳу чор) сомонӣ зарар расид.

Дар давраи ҳисоботӣ 7074 нафар аҳолии тахассусҳои гуногундошта бо омӯзиш фаро гирифта шуданд, ки ин 98,8 фоизро нисбат ба нақша ташкил дод.

Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр ба ташкил кардани манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳо-латҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ эътибори махсус медиҳад. Дар ташкилоту хоҷагиҳо ва

муассисаҳо марҳила ба марҳила за-хираҳо ташкил карда шуда истодаанд.

11. Вазъи соҳаи илм, маориф

ва фарҳанг.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти дав-латии шаҳр дар пайгирӣ аз сиёса-ти маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти саҳму нақши тақдирсози соҳаи мао-риф пайваста баҳри мустаҳкам наму-дани пойгоҳи моддию техникии муас-сисаҳои таълимӣ ва фароҳамсохти шароитҳои созгори таълиму тарбия тадбирҳои мушаххасро амалӣ мена-мояд.

Айни замон сохтмони бинои мак-таби нав дар мавзеи тозабунёди Моҳпарӣ барои 1150 хонанда, бинои нави таълимӣ дорои 240 ҷойи нишаст дар литсейи №7-и ҷамоати деҳоти Навгилем ва бинои иловагӣ дорои 120 ҷойи нишаст, хонаи омӯзгорон ва китобхона дар МТМУ №42-и ҷамоати деҳоти Хонобод мутобиқи нақша сурат мегиранд.

Дар ин давра, ҷиҳати муҷаҳҳазна-моии муассисаҳои таълимӣ бо компю-терҳои замонавӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимот низ тадбирҳои амалӣ анде-шида шуданд.

Танҳо соли равон бо иқдоми раиси вилояти Суғд аз ҳисоби буҷети вило-ятӣ 540 маҷмӯъ мизу курсии талабагӣ, бо саъю кӯшиши мақомоти иҷроия ва дастгириву сармоягузории сафора-ти Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1001 маҷмӯъ мизу курсии талабагӣ, 57 маҷмӯъ мизу курсӣ барои омӯзгорон ва 57 ададӣ ҷевону тахтаҳои синфӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои таълимӣ тақдим карда шуд.

Фаъолияти мунтазам ва босамари 84 муассисаи таълимӣ, 31 кӯдакистон, 15 марказҳои наздимактабии инкишо-фи кўдакон, хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб ва мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон зарир ва суст таҳти назари доимӣ ва дастгири-ву ғамхориҳои мақомоти иҷроияи ҳо-кимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ кумитаҳои падару модарон фаъолият дошта, волидайни толибилмон имко-ни хуб доранд, то ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандўзии фар-занд шинос шаванд ва ба пешрафти фаъолияти муассисаи таълимие, ки фарзандашон дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд.

Боиси қаноатмандист, ки толибил-мону ҷавонони Исфара ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти давлату ҳукумат дар пайи таҳсил, ин-тихоби касб ва азхуд кардани техника-ву технологияҳои замони нав талош намуда, дар дохилу хориҷи мамла-кат илму донишҳои муосир ва барои кишварамон заруриро азбар карда истодаанд.

Мувофиқи ҳисоботҳо тариқи Мар-кази миллии тестӣ 944 нафар ба мактабҳои олии кишвар ва 312 ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил шуданд.

Кашидашавӣ ба зинаи сеюми таҳ-сил дар соли гузашта 87/89% бошад, имсол 90/92 фоизро ташкил намуд, ки 3 фоиз зиёд аст.

Иштирок ва дастовардҳои макта-биёни мо дар озмуну олимпиадаҳои фанниву номии вилоятиву ҷумҳу-риявӣ низ назаррас аст. Дар даври ҷумҳуриявии се навъи олимпиадаҳо: фаннӣ, даставӣ ва номӣ хонандагони болаёқати синфҳои 11-и мактабҳои Исфара соли гузашта 16 ҷойи ифти-хорӣ гирифта бошанд, имсол ин ни-шондиҳанда ба 18 расид. Шогирдони мо соҳиби 5 медали тилло, 4 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ гардиданд.

Алҳол 8 нафар толибилмони ла-ёқатманди муассисаҳои таълимии шаҳри мо ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар ба дарёфти стипендияи раиси вилояти Суғд ва 20 нафар барои ги-рифтани стипендияи раиси шаҳри Ис-фара мушарраф гаштаанд.

Дар ин давра бо мақсади қадрши-

носию ҳавасмандгардонии ҷавонон қабули расмии раиси шаҳр бо ишти-роки 60 нафар ҷавонони лаёқатманду фаъол ташкил ва гузаронида шуд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати дурби-нона ва маорифпарваронаи Прези-денти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳта-рам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми раиси вилоят дар рӯзҳои истироҳа-ти тобистона дар қатори 100 нафар омӯзгорони вилояти Суғд 10 нафар аз шаҳри Исфара, ки дар таълиму тарбия комёбиҳои назаррас ба даст овардаанд, дар осоишгоҳи «Зумрад» ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин кумитаи иттифоқи каса-баи маорифи шаҳр дар давраи таъти-ли зимистона ба 47 нафар омӯзгор ба-рои истироҳат дар осоишгоҳи “Зумрад” роҳхат ҷудо намуд.

Бояд зикр намуд, ки самаранокии фаъолияти 45 муассисаҳои фарҳан-гии дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара мавҷудбуда - 14 муассисаи клубӣ, 22 китобхона, 5 мактабҳои cанъат ва рас-сомӣ, 3 осорхона ва гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ, инчунин ҳифзу ни-гаҳдории 109 ёдгориву обидаҳои ар-зишманди таърихии дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара мавҷудбуда таҳти та-ваҷҷуҳ ва назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қа-рор доранд.

Дар доираи тадбирҳо вобаста ба беҳбуд бахшидани вазъу ҳолати му-ассисаҳои фарҳангӣ мо корҳои зиё-деро дар самтҳои таъмиру азнавсозӣ ва ободонии иншоотҳои фарҳангӣ, таъминоти муассисаҳои фарҳангӣ бо таҷҳизоту лавозимоти соҳавӣ, инчу-нин ба таври мусбӣ дигаргун сохтани ҳаёти фарҳангии мардуми Исфара ба нақша гирифтаем.

Аз ҷумла, барои оғози корҳои таъ-миру азнавсозӣ дар клуби деҳаи Хоҷаи Аъло бо маблағи 4000 (чор ҳа-зор) сомонӣ, клуби деҳаи Навгилем бо маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ, хо-наи маданияти шаҳраки Нурафшон бо маблағи 4000 (чор ҳазор) сомонӣ ва ҷудо гардидани маблағ барои корҳои таъмирии Қасри фарҳанги шаҳр ба маблағи 150000 (яксаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо карда шуданд.

Дастоварди муҳими бахши фарҳан-ги шаҳр давоми нўҳ моҳи соли 2015 ин мақоми аввал гирифтани аҳли фарҳанги Исфара дар озмуни вилоя-тии «Сапеда», ҷойи аввал дар озму-ни «Фарҳанги оиладории ҷавонон», сазовори Диплом гаштан дар озмуни вилоятии «Родмардони Ватан», «Рақс бикун ҷоно», ҷойи ифтихорӣ дар озму-ни вилоятии «Таронаи Ваҳдат», дар сатҳи баланд баромад кардани муас-силини мактабҳои санъати шаҳр дар коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофиз мебошанд.

12. Вазъи соҳаи тандурустӣ, кор бо занон ва оила.

Дар асоси «Барномаи рушди иқти-содию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» таъмири куллии шӯъбаи амрози дил ба анҷом расони-да шуда, таъмири асосии бинои якуми беморхонаи марказӣ оғоз гардид.

Хамзамон, шўъбаҳои гўшу гулўву бинӣ, амрози занона, эҳёи кўдакона, маҷлисгоҳ бо маблағи умумии 42980 сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуданд.

Дар баробари ин, таъмири боми бинои Маркази саломатии шаҳр ба маблағи 40000 (чил ҳазор) сомонӣ, боми Маркази саломатии Чилгазӣ ба маблағи 12680 (дувоздаҳ ҳазору шаш-саду ҳаштод) сомонӣ ва Маркази са-ломатии Кулканд 50 ҳазор сомонӣ ба анҷом расиданд.

Дар муассисаҳои сохтори биста-рикунонии шаҳр 166 нафар духтурон, 887 нафар кормандони миёнаи тиб, 512 нафар кормандони хурди тиб ва 357 нафар кормандони ёрирасон фаъолият доранд.

Дар ёздаҳ моҳи сипаригашта 537 ҳазору 844 нафар шаҳрвандон дар марказҳои саломатӣ аз тарафи духту-рон қабул карда шуданд.

Ташрифот ба хона аз тарафи дух-турони марказҳои саломатӣ 94 ҳазору 152 маротиба ба ҷо оварда шуд.

Дар ин муддат дар муассисаҳои ха-дамоти госпиталӣ 1052 кати табобатӣ фаъолият дошт ва 15278 нафар бе-морон бистарӣ шуда саломатии худро барқарор намуданд.

Оиди баланд бардоштани тахас-суси кормандони тиб 6 конфронсҳои духтурӣ ва 6 конфронсҳои ҳамши-раҳои тиб гузаронида шуд.

Дар шўъбаи ҷарроҳии кўдакон усу-ли нави ҷарроҳӣ (Петривалский) ҳан-гоми крипторхизм ба роҳ монда, ду амалиёти ҷарроҳӣ бо муваффақият анҷом пазируфт.

Дар шўъбаи бемориҳои чашм боз як намуди гузоштани булураки сунъии паси гавҳарак «Т-26, апполенс, аурле-нез ейе о каре» ба роҳ монда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти дав-латии шаҳр таъмини иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бар-номаҳои милливу давлатии марбут ба мавқеъ ва мақоми занон, ҳамзамон супоришу вазифагузориҳои зимни ироаи Паёми имсолаи худ ба Маҷ-лиси Олии мамлакат баённамудаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили бартараф намудани мушки-лоти мавҷудае чун носолимии муҳити оилавӣ ва пош хӯрдани оилаҳои ҷа-вон, пешгирии ҳолати никоҳи хешо-вандони наздик, хушунати оилавӣ ва ҷинояткорӣ дар байни занон, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат-нокии занон, ҷомеа, таъмини ҳифзи саломатии занон ва солимии оилаҳо силсилаи чорабиниҳои таблиғотию мафкуравӣ ва фарҳангӣ амалӣ карда шуданд.

Имрӯз дар шаҳру деҳоти Исфара шумораи занони дар ҳайати роҳбари-кунандаи ҳамаи зинаҳои идоракунии давлатӣ зиёд шуда истодааст. Ҳоло 1 нафар зан вакили Маҷлиси намоянда-гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷики-стон, 2 нафар зан вакили Маҷлиси ва-килони халқи вилояти Суғд, 4 нафар зан вакили Маҷлиси шаҳрӣ ва аз 268 нафар вакили Маҷлиси ҷамоатҳо 55 нафар занҳо интихоб шудаанд.

Дар байни кадрҳои роҳбарикунан-даи шаҳр 1 нафар муовини раиси шаҳр, 1 нафар ба ҳайси раис, 6 нафар муовинони раис ва 4 нафар котиби ҷамоатҳо ифои вазифа дошта, 7 на-фар занон сарварии раёсату идораҳо, шӯъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба ӯҳда доранд. Дар мақомоти маҳаллии ҳоки-мияти давлатӣ аз 167 нафар хизматчи-ёни давлатӣ 60 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Боиси қайд аст, бо мақсади ҳавас-мандгардонии донишҷӯдухтарони ла-ёқатманду аълохони донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии Ҷумҳурӣ соли ра-вон 3 нафар барои гирифтани идрор-пулии президентӣ ва 15 нафар ба гирифтани идрорпулии раиси шаҳри Исфара ноил гардиданд.

13. Вазъи соҳаи варзиш, ҷавонон ва туризм.

Бо мақсади дар сатҳи баланди таш-килию сиёсӣ, маданиву оммавӣ гуза-ронидани чорабиниҳои «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар шаҳри Исфара» дар самти ташак-кули маърифати маънавию сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон мақомо-ти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр силсилаи тадбирҳоро таҳия ва амалӣ намуд.

Инчунин, баҳри бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, матонату шуҷоат ва аз наздик шинос шудани ҷавонон бо шароити қисмҳои ҳарбӣ дар қисми низомии 2199 Рӯзи дарҳои кушод баргузор карда шуд. Дар рафти Рӯзи дарҳои кушод аз ҷониби сарбозони қисми низомӣ машқҳои ҳарбӣ пеш-каши ҷавонон гардида, ҷавонон ба шароити будубош ва зисти сарбозон ошноӣ пайдо намуданд. Дар рафти чорабинӣ зиёда аз 500 нафар ҷавонон иштирок доштанд.

Дар доираи Барномаҳои «Маҷмӯи

рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Исфара барои солҳои 2012-2015», «Рушди футбол дар шаҳри Исфара барои солҳои 2012-2016» бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, оммавӣ гардо-нидани варзиш, пешгирии қонунвай-ронкуниву ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ як қатор чораби-ниҳои варзишӣ доир гардиданд.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади ом-мавӣ намудани варзиш ва пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷавонон дар ҷамоати деҳоти Чилгазӣ бо даст-гирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ варзишгоҳи ҳо-зиразамон барои 4 ҳазор ҷойи нишаст бунёд карда шуд.

Варзишгарони шаҳри Исфара да-воми 11 моҳи соли 2015 дар 62 мусо-биқаҳои шаҳрӣ, 10 мусобиқаҳои кушо-ди вилоятӣ, 11 мусобиқаҳои вилоятӣ, 10 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, 5 мусо-биқаҳои байналхалқӣ, 3 мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок намуда, соҳиби 48 медали тилло, 31 медали нуқра ва 52 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ соҳиби 131 медал гардиданд.

14. Вазъи соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Муҳоҷирати меҳнатӣ.

Давоми 11 моҳи соли 2015 оид ба шуғл 2420 нафар шаҳрвандон му-роҷиат карданд, ки 1252 нафарашон занону духтарон мебошанд. Аз онҳо 1868 нафарашон ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуданд, ки 897 нафара-шон (48%) занону духтаронанд.

Аз ҳисоби бекорони бақайдгириф-ташуда 812 нафарашон бо кори до-имӣ таъмин карда шуданд (нақшаи барномавии ёздаҳмоҳа - 761 нафар, иҷроиш 107%), ки 461 нафарашон (57%) занону духтарон мебошанд. Аз ҳисоби шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргашта 30 нафар бо кори доимӣ таъмин гаштанд.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2015 692 на-фар бекорони дар қайди раёсатбуда аз рӯи ихтисосҳои қаннод, муҳосиб, ҷомадӯз, қолинбоф, рӯзгордорӣ, опе-ратори компютер, кафшергар, барқчӣ, адрасбоф ба касбомӯзӣ фиристода шуданд.

14 маротиба (дар маркази шаҳр – 2 маротиба, дар ФМД «Маркази таъли-ми калонсолон» дар шаҳри Исфара 2 маротиба, ҷамоатҳои деҳоти Хонобод 2 маротиба, Навгилем, Ворух, Чилгазӣ, ҷамоати шаҳраки Шӯроб, МТМУ №12) ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаро-нида шуда, ба 123 нафар ба кори до-имӣ роҳхат дода шуда, 111 нафар бо корҳои доимӣ таъмин, 240 нафар ба касбомӯзӣ, 43 нафар ба корҳои ҷамъ-иятӣ номнавис карда шуданд.

Ба 71 нафар бекороне, ки хоҳиши соҳибкорӣ кардан доштанд, ба маблағи 180500 сомонӣ қарзи имтиёз-нок дода шуд, ки аз онҳо 38 нафарашон занон мебошанд (нақшаи барномавии нӯҳмоҳа – 39 нафар, иҷроиш 182%). Шумораи умумии бекороне, ки тавас-сути қарзҳои имтиёзнок бо соҳибкорӣ машғуланд 97 нафарро ташкил ме-диҳад. Маблағи умумии даргардишбу-да 182801 сомониро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, давоми ёздаҳ моҳи соли 2015 дар шаҳру деҳоти Исфара 5119 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, иҷрои нақшаи барномавӣ 100% таъ-мин карда шуд.

15. Дастгирии маъюбон, оилаҳои камбизоат, иштирок-чиёни ҶБВ ва нафарони дар

ақибгоҳ ба онҳо баробаршуда, нафақахӯрон.

Дар муддати ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 431 аризаҳои шаҳрвандон ҷиҳати да-страс намудани кўмаки моддӣ, ки ба унвони мақомоти иҷроияи шаҳр ворид шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар асоси қарорҳои ра-иси шаҳр аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба оилаҳои камбизоат 67896 сомонӣ

(Давомаш дар саҳ.4).

ҲИСОБОТИ раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир оид ба натиҷаҳои

рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2015

Page 4: 53 54 2015

НАСИМИ ИСФАРА4 № 53

-54

22. 1

2. 20

15Натича

«НАСИМИ ИСФАРА»МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА

САРМУҲАРРИРАбдумуталиб ШАРИФОВ

Ҳайати эҷодӣ:Субҳиддин САЙФИДДИНОВ,Владимир МАРТИНЕНКО,Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.

Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.

Рӯзнома ба хотири гуногу-нандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хи-лофи назараш мебошад. Масъулияти маво-ди чопшуда ба дӯши муллифон вогузор аст.

Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Дар ҶДММ "Вектор-Канд" чоп шудааст. Супориши № ____________

Нишонӣ: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10.Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57.Еmail: [email protected]

Масъули шумора: С. САЙФИДДИНОВ.Ҳуруфчин: М. ҚУРБОНОВА.

Иҷозат ба чоп: 21. 12. 2015.Адади нашр: 4550.

www.nasimisfara.com

АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР

НАДОРАНДШаҳодатномаи маълумоти миёнаи

АТ № 103709, ки МТМУ № 18 соли хо-ниши 1983-1984 ба Воҳидова Соҳиба додааст.

* * *Шаҳодатномаи маълумоти асосии

А № 445290, ки МТМУ № 18 соли хо-ниши 1989-1990 ба Эгамов Рустам додааст.

* * *Шаҳодатномаи маълумоти асосии

№ 132450, ки МТМУ № 5 соли хони-ши 2000-2001 ба Шодиев Нарзулло додааст.

* * *Дипломи № 003385, ки мувофиқи

фармоиши № 06 аз 25 августи соли 1998 ба муассисаи давлатии таъли-мии литсейи касбӣ-техникии нефт ва гази ш. Исфара дохил шуда, онро мувофиқи фармоиши № 3 аз 27 июни соли 2000 аз рӯи ихтисоси «Маши-нисти дастгоҳҳои пармагарӣ» хатм намуда, таҳти рақами бақайдгирии 1573 аз 11 июни соли 2003 ба Зокиров Насимҷон Тоирҷонович дода шудааст.

* * *Шиносномаи техникии дар бойго-

нии КДФ БММF таҳти рақами инвента-рии 156, № 149 дар суроғаи ҷамоати Хонобод ба номи Назарқулов Пай-ғамбарқул ва Назарқулов Саидҷон ба қайд гирифта шудааст.

Маъмурият ва кормандони бе-морхонаи касалиҳои рӯҳии вило-ятӣ ба духтури калони беморхона Турганбоев Ҷамолидин нисбати вафоти АММААШ ҳамдардӣ баён намуда, ба аҳли оила ва хешо-вандони марҳум сабри ҷамил ме-хоҳанд.

(Аввалаш дар саҳ.2,3).маблағ ҷудо карда, кўмаки моддии яквақта расонида шуд.

Мутобиқи қарорҳои раиси ви-лоят №20, 21, 22 аз 19.01.2015 аз 1 январи соли 2015 ба маъюбон ва иштирокчиёни ҶБВ, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқа-роркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзоёни оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида ҳар моҳ ба андозаи 100 сомонӣ, ба маъюбони бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, ба шах-соне, ки барои хизмати ҳарбии бе-нуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар ҶБВ бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар солҳои 1941-1945», «Барои ғала-ба бар Япония» ва «Барои меҳна-ти шоён дар солҳои ҶБВ солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, ҳар моҳ ба андозаи 80 сомонӣ кў-макпулӣ пардохт шуда истодааст.

16. Вазъи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҳам-бастагӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии шаҳр баҳри мубориза алайҳи ҷино-яткориҳои муташаккил, гардиши ғай-риқонунии маводи мухаддир, пеш-гирии қонуншиканӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбҳои ғайрирасмӣ, мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодааст.

Дар ҳудуди шӯъбаҳои корҳои до-хилии №1 ва №2 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар 11 моҳи соли 2015 ҳамагӣ 375 ҷиноят ба қайд ги-рифта шуд, ки нисбат ба соли пешин 23 ҷиноят кам мебошад.

87 ҷинояти вазнин, аз ҷумла, 6 ҷинояти куштор ва ё сӯйиқасд ба саломатӣ ба қайд гирифта шуда, ин ҷиноятҳои махсусан вазнин ба пур-рагӣ ошкор гардиданд. Ҳамчунин 15 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва ё бо иштироки онҳо содир гардидааст.

Фоизи ошкоршавӣ 94,5%-ро ташкил медиҳад.

17. Оид ба корҳои ободонӣ дар маҳалҳо.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти дав-латии шаҳр давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ тамоми воситаю имкониятҳои мавҷудаю дастрасро баҳри вусъати корҳои ободонӣ дар маҳалҳо равона намуд.

Аз ин ҷост, ки иҷрои нақшаи гул-зорнамоии кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мавзеъҳои фарҳангиву истироҳати барзиёд таъмин гардида, ба ҷойи 50 ҳазор метри мураббаи ба-нақша гирифташуда дар масоҳати 120 ҳазор метри мураббаъ гулзорҳо бунёд карда шуд.

18. Даъвати тирамоҳии ҷаво-нон ба хизмати ҳарбӣ.

Ҷойизи зикр аст, ки рӯҳияи ватандӯ-стонаи ҷавонони Исфарамарз пайва-ста боло гардида, шумораи ҷавонони бошарафе, ки бо хоҳиши худ ва ихти-ёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, дар шаҳри мо тадриҷан зиёд мегардад.

Маҳз натиҷаи роҳандозии дурусти корҳои мафкуравӣ ва густаришёбии рӯҳияи баланди ватандӯстона аст, ки маъракаҳои баҳорона ва тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 25-30 рӯз пеш аз муҳлат ва барзиёд таъмин карда шуд.

19. Маълумот оид ба ташкили мар-казҳои таълимии ҳунарҳои миллӣ ва хизматрасониҳои зообайторӣ.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти дав-латии шаҳри Исфара баҳри татбиқи Барномаи давлатӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №375 аз 30.06.2014 «Дар бораи қолинбо-фии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», рушд додани ҳунари адрасу атласбофии дастӣ дар вилоят ва дар ин замина бо касбомӯзониву ҷойи корӣ таъмин на-мудани занҳои хонашин ва аз ҷониби раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ «Нақшаи таъсиси Марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбо-фӣ» тасдиқ карда шудааст, як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Пеш аз ҳама бо дастгирии раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ омӯзо-нидани занону бонувони шаҳр бо ҳу-нари атласу адрасбофӣ ройгон роҳан-

дозӣ карда шуд. Айни замон, 23 нафар занону дух-

тарон аз ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳо-ти шаҳри Исфара дар маркази таъ-лимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофии «Дугонаҳо»-и ҷамоати Ҳайдар Усмо-нови шаҳри Б.Fафуров касбомӯзӣ на-муда истодаанд. Ҷоизи зикр аст, ки ҳоло дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Исфара 12 маркази таълимӣ-истеҳ-солӣ таъсис дода шуда, 37 дастгоҳи адрасбофӣ насб шудааст. 47 нафар ҳунармандони адрасу атласбоф дар марказҳои мазкур фаъолият намуда истодаанд. Теъдоди шогирдон 120 на-фарро ташкил медиҳанд, ки ҳамарӯза касби адрасбофиро омӯхта истода-анд.

20. Ҳолати воқеии пахши барномаҳои телевизион.

Пахши мавҷҳои барномаҳои теле-визионҳои марказии Ҷумҳурӣ ва теле-визиони вилояти Суғд куллан ҳудуди Исфараро фарогир ҳастанд.

Доираи пахши барномаҳои ҶДММ “Телевизиони Исфара” ва ҳам МҒД “Радиои Исфара” зиёда аз 70%-ро ташкил медиҳад.

21. Баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон.

Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти дав-латӣ» дар доираи ваколатҳо бо мақ-сади пешбурди фаъолият, таъмини иҷрои супоришҳои мақомотҳои болоӣ ва ҳамчунин ҷиҳати омода намудани масъалаҳо барои баррасӣ 553 қарор ва 180 амри раиси шаҳр ба тасвиб расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳар ҳафта рўзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷони-би раиси шаҳр ва дар дигар рўзҳои корӣ аз ҷониби муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр қабули шаҳрван-дон ба роҳ монда шуда, дар натиҷаи ташкили дурусти кор, зимни рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр 1405 муроҷиати шифоҳӣ ва 4666 муроҷиати хаттӣ саривақт баррасӣ карда шуд.

22. Аз кишварҳои хориҷӣ бозпас овардани шаҳрвандони

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ғайрирасмӣ дар муасси-саҳои таълимии динии хориҷи

кишвар таълим мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки 72 нафар ҷа-вонони донишҷӯи дар муассисаҳои таълимиии динии кишварҳои хориҷа ғайрирасмӣ таҳсилдошта ба Исфара баргардонида шуданд.

Айни замон масъалаи аз ҳама изти-робангез ва ташвишовар ин гаравиши ҷавонон ба мафкураи бегона, шомил-шавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, омилҳои пайвастани иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи ҷинояткори бо ном «Давлати Исломии Ироқу Шом» маҳсуб меёбад.

Вобаста ба масъалаҳои костагии фарҳанги гуруҳҳои алоҳидаи ҷомеа, пешгирии гароиши онҳо ба мафку-раи бегона ва шомилшавии иддае аз ҷавонон ба сафи ташкилотҳои терро-ристӣ давоми соли равон як силсила чорабиниҳои судманд амалӣ карда шуданд.

Дар ин радиф, вохӯриву мулоқотҳои раиси шаҳр бо аҳли фарҳанг, маорифу тандурустӣ, занону ҷавонон ҳадафнок ва судманд баргузор гардиданд.

Гурӯҳҳои кории таблиғотии таъ-сисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимия-ти давлатии шаҳр бо мақсади аз байн бурдани костагии фарҳанги гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа, гароиши онҳо ба мафкураи бегона ва ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аз ҷумла дар байни падару модароне, ки фарзандонашон дар сафи ташкилотҳои террористӣ меҷанганд ва ҳам дар байни воли-дайне, ки фарзандони онҳо алҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ҳа-марӯза, аз тариқи гурӯҳиву инфиродӣ корҳои мафкуравӣ мебаранд.

Дар ҳамкорӣ бо кормандони ШВКД-1 ва ШВКД-2 доираи талаботҳои Қону-ни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таъли-му тарбияи фарзанд» дар давраи ама-лигашти қонуни мазкур, санҷишҳои иштироки ноболиғон дар ибодат дар ҳама масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта гузаронида шуда, барои пешгирии ибодати ноболиғон тадбирҳо андеши-да шуданд.

Дар ҳамкорӣ бо кормандони шӯъ-баҳои корҳои дохилӣ соли 2014-ум 42 ҳолат ва дар 11 моҳи соли 2015 35 ҳо-

лати иштироки ноболиғон дар ибодат муайян ва пешгирӣ карда шуд.

23. Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳу-рии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну

маросимҳо”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти дав-латии шаҳри Исфара дар тадбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» инчу-нин, дастуру супоришҳои пайвастаи Роҳбари давлат корҳои тарғибиро ву-съат дода, беш дар ёздаҳ моҳи соли равон бо мақсади тарғибу ташвиқи меъёрҳои мазкур, пешгирии шомил-шавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайрирасмӣ, такмили донишҳои сиё-сиву ҳуқуқӣ 184 мулоқоту вохўриҳои саривақтӣ ва судманд дар ҷомеаҳои меҳнатии шаҳру деҳот баргузор намуд. Ҳамзамон, 12 машваратҳои корӣ, 216 гардишҳои муштарак, 52 санҷишҳои фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, 158 санҷишҳои фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гузаронида шуданд.

Дар иттиҳодияҳои динӣ дар намо-зи ҷумъа бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динии намоз-гузорон 312 сўҳбатҳо дар атрофи 26 мавзўъ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла-тии шаҳр ва ҳифзи ҳуқуқ доир гардид. Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара 118 адад хатнасур бо хароҷоти 190400 со-монӣ баргузор гардид, ки хароҷот ба ҳар як соҳибмаърака 1499 сомониро ташкил медиҳад.

Хароҷоти 1500 тўйҳои домодиву арўсӣ 9501161 сомониро ташкил дод, ки ба ҳар як тўй 6334 сомонӣ аст.

Ҳамин зайл, мақомоти иҷроияи ҳо-кимияти давлатии шаҳр ва меҳнатка-шони Исфара тасмим гирифтаанд, ки дар пайгирӣ ва ҷонибдории амалӣ аз сиёсати серҷабҳаву ояндасози Прези-денти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳта-рам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои мавҷударо баҳри вусъату тавсиаи дастовардҳо, ободу зебо гардонидани диёр ва беҳдошти сатҳи зиндагии мар-дум сафарбар намояд.

Қалби яке аз журналистони варзи-да, собиқадори матбуот, узви Итти-фоқи журналистони Тоҷикистон Ну-сратулло Неъматов баъд аз бемории тӯлонӣ аз задан боз монд.

Нусратулло Неъматов аз рӯи ҳуҷҷатҳои расмӣ 21 январи соли 1937 дар деҳаи Ворух, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Пас аз дарёфти маълумоти миёна ба фа-култаи забон ва адабиёт ва таъри-хи Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1963 хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии ӯ дар оғоз ҳамчун омӯзгор шурӯъ шуда, пасон дар вазифаҳои котиби масъули рӯзномаи «Мубори-

за барои пахта»-и ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) солҳои 1957-1958, муҳаррири Кумитаи дав-латии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (солҳои 1964-1966), муҳаррири ради-ошунавонии шаҳри Исфара (солҳои 1967-1979) ва дар як вақт дар мак-табҳои шабона ва ғоибона шаҳр ба ҳайси муаллим идома ёфтааст.

Аз соли 1979 то ба нафақаи пирон-солӣ баромадан дар вазифаи сардо-ри шӯъбаи шаҳрии «Тоҷикматбуот» фаъолияти пурсамар бурда, дар паҳн намудани матбуоти даврӣ саҳми шо-иста гузоштааст. Ҳамчун қаламкаш аз соли 1953 сар карда, хабару мақо-ла ва лавҳаву очеркҳояш дар рӯзно-маҳои «Ҳақиқати Ленинобод», «Ле-нинабадская правда», «Комсомолии Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», «Совет Тоҷикистонӣ», «Маориф ва маданият», «Коммунисти Исфара», маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» дарҷ гардида, дар барномаҳои радиои Ҷумҳурӣ садо додаанд.

Нусратулло Неъматов тамоми ҳа-ёти бошуронаашро баҳри инкишофи

матбуот ва радиои тоҷик бахшидааст. Аз соли 1958 аъзои Ҳизби Комму-

нист ва аз соли 1979 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, бо Ифтихорномаҳои иттиҳодияи ис-теҳсолии "Тоҷикматбуот", Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунист, нишонҳои сарисинагии рӯзномаҳои бонуфузи «Правда», «Известия», «Труд» сар-фароз гардидааст.

Мавсуф дар муомилаву муошират ниҳоят хоксору самимӣ, дар фаъоли-яти меҳнатӣ масъулиятшинос, дар оиладорӣ намунаи ибрат буд. Фар-зандони қобилу солеҳро тарбия на-муда, ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят кардааст.

Хотираи неки ин инсони комилу шоиста дар қалби собиқ ҳамкорон, ёру дӯстон ва пайвандон абадӣ боқӣ мемонад.

БАХШИ ШАҲРИИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН,

ҲАЙАТИ ЭҶОДИИ РӮЗНОМАИ «НАСИМИ ИСФАРА»

МУАССИСАИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ «РАДИОИ ИСФАРА», МАРКАЗИ

АЛОҚАИ ПОЧТАИ ШАҲР.

НУСРАТУЛЛО НЕЪМАТОВ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муовини ав-вали раиси шаҳри Исфара Со-дирхон Қосимӣ нисбати даргу-зашти БАРОДАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, ба ӯву пайвандо-ни марҳум аз даргоҳи Худованд сабру тасаллият металабад.

ҲИСОБОТИ раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир оид ба натиҷаҳои

рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2015

Page 5: 53 54 2015

РисолатЗамимаи махсуси нашрияи "Насими Исфара"

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи Исфара» дар давраи сипаришудаи сол тамоми имкониятҳои худро мувофиқи нақша ва чорабиниҳои қабулшуда баҳри кори мӯътадили хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳои барқӣ сафарбар намуд. Ин муддат корҳои таъмири асосӣ дар ҳаҷми 403515 со-монӣ ва таъмири ҷорӣ ба миқдори 634014 со-монӣ сари вақт ва хушсифат ба анҷом расонида шуданд.

Fайр аз ин нақшаҳои тадбирҳо барои омода-гӣ ва гузаронидани мавсими обхезию боришот, раъду барқ ва зимистони фарорасида ба пуррагӣ

ба иҷро расиданд. Аз ҷумла, селроҳаҳои назди зеристгоҳҳои «Кӯлканд», «Офтобрӯй», «Шӯроб», «Сурх», «Ворух» тоза, симпояҳои хавфнок му-стаҳкам, хандақҳои ноқилҳои кабелӣ болопӯш, муқовимати барқгирҳо чен, 7 адад васлакҳои равғанӣ ба васлакҳои вакуумӣ, 160 адад пояҳои фарсуда ба пояҳои оҳану бетонӣ ва шоҳинакҳои металӣ, 1,5 километр симҳои пӯлодӣ ба алю-минӣ, ноқилҳои буришашон хурд ба ноқилҳои калонҳаҷм ва ҳама барқгирҳои корношоям иваз карда шуданд.

Бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгирии соҳибко-рони олиҳиммату худи аҳолӣ бо дарназардошти ченкунии бори ҷараён 6 адад трансформаторҳои қуввагӣ иваз гардида, барои кам намудани бори истгоҳҳои трансформаторҳои мавҷуда 5 адад трансформаторҳои нав гузошта шуданд.

Дар 2491 қитъа хатҳои интиқоли ҳавоии барқ аз шоху шиппаи дарахтон тоза, дар 20 адад трансформаторҳо чаккиши равған бартараф ва то андозае талафоти нерӯи барқ кам гардид.

Барои фароҳам овардани шароитҳои мусоид ҳам ба барқчиён ва ҳам ба аҳолӣ дар деҳаҳои

Чоркӯҳу Ворух бо қувваи худӣ ба маблағи беш аз 250 ҳазор сомонӣ биноҳои нави минтақавӣ бунёд намудем, ки иншоаллоҳ дар нимаи авва-ли соли 2016 ба истифодаи умум пешкаш ме-гардад.

Дар иҷрои ҳамаи ин амалҳои нек кулли ҷоме-аи аҳлу тифоқи мо, махсусан кормандони муҳан-дисию техникӣ Ҷӯрахон Музаффаров, Усмонбой Мусоев, Румониддин Мукаррамов, Ҳайдархӯҷа Болтаев, Фарҳатҷон Ҳотамов, Орифхӯҷа Мама-дов, Абдунасим Сафаров, танзимгарон Умарҷон Иброҳимов ва Абдуҳаким Бобоев, барқкорон

Ирина Fаниева, Некбахт Зиёваддинов, Абдуқуд-дӯс Абдурафиев, Неъматҷон Мамадҷонов, Рауф Воҳидов, Одилҷон Рустамов, Холиқ Ниёзов, Со-бир Солеҳов, Довуд Амаков, назоратчиён Наира Гарифулина, Фурқонҷон Амонов, Мубина Са-меъҷонова, ронанда Нарзулло Ҳасанов, нозир Мақсудҷон Сатторов саҳми шоиста доранд.

Маъмурияти корхона аз иқдомҳои неки куми-таи иттифоқи касаба бобати ғамхории ҳамаҷо-ниба ба аҳли меҳнат, махсусан собиқадорон ва эҳтиёҷмандон, ҳавасманд гардонидани пешса-фон, муташаккилона гузаронидани маъракаҳои оммавӣ ва тозагию ободонӣ сипосгузор аст.

Барқ боигарии миллии мост. Аз ин рӯ, барои боэҳтиёт ва сарфакорона истифода бурдани ҳар як киловати он ҳар як шаҳрванд масъул буда, пардохти саривақтии маблағаш фарз мебошад. Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд бобати ғундоштани маблағи барқ аз аҳолӣ ва корхона-ву муассисаҳои алоҳида истиқболи бештареро нигаронӣ дорем.

Дар мавсими маҳдудияти реҷаи барқ баҳри бартараф сохтани садамаҳои эҳтимолӣ дар на-зди шабакаҳои барқи шаҳр гурӯҳи фаврӣ амал менамояд ва ҳар як муроҷиат беоқибат намемо-над.

Он рӯз дур нест, ки Ҷумҳурии азизи мо бо тадбирандешиҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасад. Яке аз шахсиятҳое, ки ин рӯзҳои некро бо тамоми ҳастияш мехост, баҳри расидан ба ин ормони нек азму талош ме-кард, собиқ сарвари шабака Рустамбек Фозил-беков буданд, ки имрӯзҳо бо қарори раиси шаҳр, мӯҳтарам Зоҳидзода Даврони Абдуқодир 60-со-лагии мавлуди шодравонро хотирнишон дорем.

Дар охир кормандони шабакаҳои барқи шаҳр, собиқадорони соҳа, кулли барқчиёнро бо рӯзи иди касбӣ самимона табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва файзу баракати рӯз-горро таманно менамоям.

Ид муборак, ҳамкасбони азиз!

Мансурҷон ҶӮРАЕВ, директори ҶСК «Шабакаҳои барқи Исфара».

“Энергетика дар Тоҷикистон мисли ҳар мамлакати дигар барои пешрафти иқти-соди миллӣ заминаи муҳим ва асосӣ ба шумор меравад". Эмомалӣ РАҲМОН.

Дар рохи ичрои вазифахо

22 декабр - Рӯзи энергетикҳо

Ин рисолат бо ту буду бо ту хоҳад монд боз,Нур бурдан, нур додан, эй ту халқи нурсоз.

Ҳусейнбой Алиев, раиси иттифоқи касаба.

Анварҷон Охунов,сардори ШФБ.

Ирода Пӯлодова, сардори шӯъбаи кадрҳо.

Исмонбой Мӯсоев,сартанзимгар.

Мутриба Шаҳобиддинова, назоратчӣ.

Ёқуб Рӯзиев,нозир.

Абдуҳаким Бобоев, танзимгар.

Пешсафон

Page 6: 53 54 2015

«Таърих одамонеро бузург мешуморад, ки ба халқ хизмат карда, ба мардум хуш-бахтӣ овардаанд». Эмомалӣ РАҲМОН.

САҲМИ БУЗУРГЗОҲИДЗОДА Даврони Абдуқо-

дир, раиси шаҳри Исфара;Рустамбек Фозилбеков дар давоми 32

соли фаъолияти корӣ ва 21 соли сарва-риаш, тавассути ташаббускориву кордонӣ ва соҳибтадбирии худ ба хотири таъмини пешрафту инкишофи соҳаи барқ, баҳри амалигашти иқдомоту лоиҳаҳои зиёди созандаю бунёдкоронае дар қаламрави шаҳру деҳоти Исфара бо дарки масъулият мусоидат намудааст.

Танҳо зикри он кофист, ки замони сар-варии ӯ миқдори зершабакаҳои барқи деҳот аз 5 то 20 адад ва шумораҳои нуқтаи трансформатории маҳалҳои аҳолинишин аз 110 то 500 адад афзудаанд.

Мутобиқи қарорҳои раиси шаҳри Исфара баҳри гиромидошти хотираи неки Аълочии барқи Тоҷикистон, равоншод Фозилбеков Рустамбек насб гардидани Лавҳаи ёдго-рии мавсуф дар пешгоҳи бинои маъмурии ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои барқи Ис-фара” ва гузоштани яке аз кӯчаҳои навбу-нёд ба номи ӯ ва нашри китоби ёддоштии "Зиндагии нурбахш" худ далели қадршино-сиҳои ҳукумат аст.

ДОРОИ ФАЗИЛАТҲОИ НЕК

Гулафзо САВРИДДИНОВА, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими давлатӣ:

-Ихтисоси волои техникӣ доштанд,ба соҳаи муҳими хоҷагии халқ – муассисаи барқдиҳандаи шаҳру ноҳияи Исфара сар-вар буданд. Заҳмати самимона мекарданд, пайваста кӯшиш менамуданд, ки ҳатто дар давраҳои мушкилтарини норасоии қувваи барқ дар Тоҷикистон қалби мардуми Ис-фараро бо суханони ширин ва мехрубонии хеш гарму равшан гардонанд.

Шахсан ман, роҳбари ҳамонвақтаи шаҳр ба он кас эҳтироми хоса доштам. Рустам-бек дорои фазилатҳои неки инсонӣ, инчу-нин хоксор ва ҳам роҳбари ботадбир бу-данд.

ДӮСТИ ВАФОДОРМӯъминҷон ТОШМАТОВ, собиқ

раиси шабакаҳои барқи вилояти Суғд:

-Дар дӯстӣ вафодори дараҷаи олӣ, дар кор хеле дилсоф, рафтору муносибати гарм ва забони ширин ба инсонҳо доштанд. Ман шахсан сафарҳои кориро ба Исфара танҳо ба хотири Рустамбек Фозилбеков ба назар мегирифтам, зеро худро дар ҳалқаи бародар ҳис мекардам.

"Аз одам як хубӣ ва як бадӣ дар хотир мемонад" мегуфтанд падарам. Акои Ру-стамбек ба оилаи мо бисёр наздик буданд ва қиблагоҳамро бо эҳтиром «Падар» ном мебурданд.

Вақти бемориашон падарам ҳузномез изҳор карданд, ки ин писари моба чӣ шуд? Як хабаргирӣ равем. Ҳангоми ба аёдаташон, ба бемористон омадан ҳар-чанд ба ако Рустамбек аз ҷой ҷунби-дан мумкин набошад ҳам, «Дар назди амакам хоб кардан аз рӯи одоб нест»- гӯён аз ҷойгаҳ хеста, рост истоданд ва

ҳарду якдигарро ба оғӯш гирифтанд…

ДӮСТДОРИ ВАТАНҲоҷӣ Бобоҷон НАВРӮЗ (Атобе-

ков), аъзои ИҶТ, Корманди шо-истаи Тоҷикистон:

-Дар ҳақиқат Рустамбеки ҷавонрафта Ватанро бо меҳри дилаш дӯст медошт, ӯ сипоҳи Ватан, додхоҳи Ватан ва фидо-ии меҳан буд. Барои меҳан, ободии он, некӯаҳволи мардум шабу рӯз меҳнат ме-кард. Чун вакили мардумӣ дар Маҷлиси шаҳрӣ дифои Ватан ва намояндагони ҳа-маи қишрҳоро ба ҷо меовард. Ростқавл буду дар ваъдааш меистод, дастгири корафтодагон буду ғамшарики дармон-дагон. Ҳамеша аз таҷрибаи рӯзгор баҳра мегирифту баҳри дафъи ҳаводис ба кор мебурд. Мудом кораш ҳақ буду аз ҳақ ҳи-моят меҷуст. Ҳар гоҳ, ин мисраҳоро ба за-бон меоварду ба андеша фурӯ мерафт:

Зиндагиро аз китоби рӯзгор омӯхтам,

Ишқи меҳнатро ба авҷи касбу кор омӯхтам.

Дар ҷаҳони хоксорӣ ёфтам қадри баланд,

Сархамиро аз дарахти мевадор омӯхтам.

НИҲОЯТ МЕҲНАТДӮСТНазарбек ХУДОЁРОВ, сардори

шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Зафаробод, полковники милит-сия:

-Мо дар оила 6 нафар -5 писару як дух-тар ба воя расидем. Чорсола будам, ки па-дарам вафот карданд. Бори зиндагӣ асо-сан ба гардани модарам ва акоҳоям афтод. Ин вазниниро Рустамбек аз ҳама беш дарк намуданд. Акоям гарчӣ ҳанӯз дар макта-би миёна мехонданд, пас аз машғулият ба саҳро баромада, деҳқонӣ менамуданд, алаф медаравиданд, чорво парвариш карда, ҳосил ҷамъ меоварданд. То ҳад-де мекӯшиданд, ки мо бепадариро эҳсос накунем. Рости гап ба шарофати ғамхо-риҳои бемисли акоҳоям мо хушу хуррамо-на ба воя расидем, даст ба даст гирифта, ҳамроҳ дар қӯраи зиндагӣ обутоб ёфтем.

СЕ ЛАҲЗАИ ХОТИРМОНҲакимбой ҲАБИБОВ, собиқа-

дори меҳнат:-…Тамоми довталабонеро, ки барои

тайёрӣ ба бинои асосии Институти поли-

техникӣ, ба дарси омӯзгор А. Нуридди-нов омада буданд, Рустамбек қоил кард. Дар толор беш аз 700 нафар довталабон аз тамоми гӯшаю канори Ҷумҳурӣ мени-шастанд. Дар соати тайёрӣ омӯзгор А. Ну-риддинов ба довталабон муроҷиат карда гуфтанд:

-Кадоме аз Шумо ба назди тахта барома-да, ин ду муодиларо дуруст ҳал кунад, бе имтиҳон ба донишҷӯйи курси аввал қабул мешавад.

Толорро хомӯшӣ ҳукмфармо гашт. Касе овозе намебаровард. Ҳама ба пешу қафо нигоҳ меандохт. Баъди фосилае аз қатори охирин овози ҳаяҷономезе баромад:

-Ман ҳал мекунам, агар иҷозат диҳед.Ин ҷавон Рустамбек буд. Бо иҷозати

омӯзгор Рустамбек аз байни қатори кур-сиҳо шармгинона, дастро ба пешонаи арақшораш молида-молида ба назди тахта рафту бӯрро ба даст гирифт. Як ба тара-фи довталабон ва баъд ба тарафи омӯзгор нигоҳ карду ба ҳалли масъалаҳо пардохт. Дар толор пашша пар намезад. Дақиқаҳо гузаштанд. Бӯрро аз даст монду ба тарафи омӯзгор нигарист.

-Офарин, офарин, ҷавони исфарагӣ, раҳ-мат ба устоду волидайнат. Қанд зан, ту ал-лакай донишҷӯйи курси 1.

* * *Умархон АҲМАДОВ, танзимга-

ри калони шабакаҳои барқи шаҳр:

-Солҳои 90-ум баъди ба истифода дода-ни зеристгоҳи барқии «Ворух» як рӯз ману ако Рустамбек барои номнавис кардани ЗИБ ба деҳаи Ворух рафтем. Дар бозгашт ҳамин, ки ба деҳаи Сурх расидем, дар наз-ди дарвозаи як ҳавлӣ гурӯҳи одамон қатор нишаста буданд. Се-чор кас дар бар ҷома ҳам доштанд. Дар байни нишастагон ако Рустамбек як дӯсташонро диданду моши-наро нигоҳ доштанд. Барои ба ҷо оварда-ни эҳтироми ин дӯсташон ба фотиҳахонӣ ба ҳавлӣ даромадем.

Ба хонае моро таклиф карданд, ки ҳеҷ кас набуд ба ҷуз соҳиби хона. Бо як ишо-раи сардор тиловати «Қуръон» кардам. Баъди адои омин зуд ба наздамон лаганди ошро гузоштанд. Ба ошхӯрӣ шурӯъ наму-дем. Ҳамин вақт якбора аз берун садои мусиқӣ аз тариқи магнитофон баромад. Устод Ҷӯрабек суруди «Расми хуби тоҷи-конро гум макун»-ро зам-зама мекарданд…

Ин ҷо маросими тӯйи никоҳ будааст.* * *

Нуриллохӯча МУҲИДДИНОВ, сокини шаҳр:

-Боре ба як тӯй даъват шудем. Ҳангоме, ки ба он ҷо меомадем, тахминан 50-60 метр масофа монда буд, ки ногаҳон барқи тӯйхона хомӯш шуд. Рустамбек ин вазъи-

ятро дида гуфтанд:-Хӯҷа, то барқ дарнагирад, ман ба тӯйхо-

на намедароям.Каме истода будем, ки барқ пайдо шуд.

Ба тӯйхона даромадем. Мардум баробари дидани мо хушҳолона қарсак заданд:

-Ана, раис барқро гирифта омаданд…Ба лимити барқ нигоҳ накарда, агар тӯй

ё маъракаи мотам шуда монад, Рустамбек ба Умархон мефармуданд, ки барқро ба фалон ҷо интиқол диҳед.

РУСТАМБЕКИ НАВСаидахон БОБОЕВА, қудо:-Ягон ҷашну маърака дар ҳавлии мо бе

ако Рустамбек намегузашт. Бо вуҷуди сер-кориашон фурсат ёфта, албатта меома-данд. Хеле ва хеле марди хоксор буданд. Соҳиби чор духтар бошанд ҳам, ягон ма-ротиба аз беписарӣ шикоят накардаанд. Ҳоло набераи мо соҳиби номи ин шахси бузург мебошад. Мо бо сад орзуву ният номи он касро зинда кардем.

ПАНДҲОИ ПАДАРСафро ФОЗИЛБЕКОВА, дух-

тар:-Ҳамеша падари бузургвор ба мо, духта-

рон таъкид мекарданд:-Хонед, мустақил шавед, то нонатон,

ризқу рӯзиатонро худатон ёфта тавонед. Бе надонистани забонҳо ва касбу ҳунар дар зиндагӣ ҷои худро ёфта наметавонед. Ҳаракат намоед, ки нонатон ҳалол бошад. Падарам барои мо, хоҳарон ҳам падар бу-данд, ҳам дӯст, ҳам раҳнамою ҳам устод. Мисли чароғе буданд, ки роҳи моро дар шоми тираи зиндагӣ равшан намуда, бо фарҳангу маърифати хеш бароямон дарси одамият омӯхтанд. Пандҳои бебаҳои па-дар ҳанӯз дар гӯшҳоям садо медиҳад. Мо, фарзандон аз рафтору кирдори пандомӯзи падар сабақи зиндагӣ мегирифтем.

Дар дили софашон орзуҳои калон доштанд. Мехостанд ҳар яки моро дар зин-дагӣ хушбахту сарбаланд бубинанд. Ҳатто пас аз марг ҳам рӯҳу арвоҳи падар мудом барои мо, фарзандон парешон аст. Дар лаҳзаҳои ғамолуд хотирпарешону ғамгин ва дар лаҳзаҳои хушҳолӣ хурсанд ба хоб медароянд.

Падар рафту ба мо панди падар монд,Ба дил чун шӯълаи шамсу қамар монд.Накӯ дорам, накӯ панди падарро,Ки ҳамчун тӯшаи роҳи сафар монд.

Бобе аз китоби рузгорРустамбек Фозилбеков 2-уми январи сли 1955 дар хонадони

хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1971 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 45 ба риштаи энергетикаи Донишкадаи поли-техникии Тоҷикистон дохил ва онро соли 1976 бомуваффақият хатм менамояд. Фаъолияти меҳнатии худро дар бахши исфа-рагии шабакаҳои барқтаъминкунии Ленинобод ба ҳайси устои таъмири барқ бо азму нерӯи ҷавонӣ оғоз кардааст.

Соли 1982 лаёқати баланди кордонӣ ва ташкилотчии ӯро ба инобат гирифта, муовини сардори идораи барқи Исфара таъ-ин мекунанд. Рустамбек Фозилбеков ин вазифаро ӯҳдабароё-на то соли 1987 ба иҷро мерасонад.

Соли 1987 бо назардошти қобилияти хуби корбарӣ ва ҳисси гарми масъулиятшиносӣ Рустамбек сардори шабакаҳои барқи Исфара таъин шуда,то вопасин лаҳзаҳои умр дар ин маснад босамар фаъолият дошт.

Хизматҳои пурмаҳсулу софдилонаи Рустамбек Фозилбеков бо нишони “Аълочии барқи Тоҷикистон”, Ифтихорномаву му-кофотҳои зиёд қадрдонӣ шудааст. Ӯ чаҳор маротиба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб гардида, дар пешрафти ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр саҳми арзандаву муносиб гузоштааст.

Масъулони замима рӯзномани-горон Судуриддин Маҳкамов ва Субҳиддин Сайфиддинов.