aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК...

327
3 ЊОЉЇ АКБАР ТУРАЉОНЗОДА ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ Душанбе - 2011

Upload: others

Post on 06-Sep-2020

5 views

Category:

Documents


0 download

TRANSCRIPT

Page 1: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

3 ЊОЉЇ АКБАР ТУРАЉОНЗОДА

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ

Душанбе - 2011

Page 2: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

2

ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон:

М.Диноршоев, академики АИ ЉТ А.Имомов, устоди њуќуќшиносии ДМТ М.Умаров, ходими калони илмии АИ ЉТ

Муњаррир: Ќиёмиддин Сатторї

ЊОЉЇ АКБАР ТУРАЉОНЗОДА ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ. Душанбе. «Шуљоиён», 2011, 320 сањ.

Рисолаи мазкур ба мавзўи хеле њассоси љомеаи Тољикистон, яъне љойгоњи зан дар таълимоти исломї бахшида шудааст, ки доманаи он хеле фарох мебошад.Муаллиф воќеъбинона њадди мавзўъро мањдуд сохта, фаќат ба муайян намудани љойгоњи зан дар Ислом кўшиш кардааст. Ва хонандагони арљманди рисола худ ќазоват хоњанд кард, ки мањз бо њамин роњу усул муаллиф тавонистааст, ки маќоми шоистаи занро дар Ислом боварибахш ва фањмо нишон бидињад.

Китоб ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

ISBN 978-99947-69-59-9

© Њољї Акбар Тураљонзода, 2011

Page 3: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

شده است.دانلود دهيكتابخانه عقاز سايت كتاب نايwww.aqeedeh.com

[email protected] آدرس ايميل:

هاى مفيد سايت

www.nourtv.net www.sadaislam.com www.islamhouse.com www.bidary.net www.tabesh.net www.farsi.sunnionline.us www.sunni-news.net www.mohtadeen.com www.ijtehadat.com www.islam411.com www.videofarsi.com

www.aqeedeh.com www.islamtxt.com www.ahlesonnat.com www.isl.org.uk www.islamtape.com www.blestfamily.com www.islamworldnews.com www.islamage.com www.islamwebpedia.com www.islampp.com www.videofarda.com

Page 4: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

3

Мундариља

Муаррифии китоб…………………………………….. 6 Муќаддима…………………………………………. 10 Боби якум: Љойгоњи зан дар оила аз назари Ислом

15 Бахши 1: Баробарии фитрии зан ва мард аз назари

Ислом………………………………………………….. 16 Оё зан ва мард баробар офарида шудаанд?.........16 Бахши 2: Назари Ислом ба њуќуќ ва љойгоњи зан

дар оила………………………………………...............28 Њуќуќ ва љойгоњи модар дар шариати исломї 1.Назаре ба љойгоњи модар дар Ќуръони карим ..29 2.Нигоње ба љойгоњи модар дар суннати Пайѓам-

бари Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам. …………33 Њуќуќ ва љойгоњи духтар аз назари Ислом…….. .42 Љойгоњи њамсар дар таълимоти Ислом…………..47 Бахши 3: Издивољ ва муносибатњои оилавї дар

Ислом Ислом ва озодии интихоби њамсар……………......50 Љойгоњ ва муњити оила аз назари Ислом……….. 56 Њуќуќи занон дар назди мардон …………………. 60 Масъалаи мањрия ………………………………….. 60 Таъмини нафаќаи оила ва фарзандон…………….67 Муомилаи нек бо њамсар………………………….. 74 Таъмини эњтиёљоти љинсии зан………………… 79 Њифзи асрори заношўї……………………………. 82 Њуќуќњои шавњар дар назди њамсар…………….. 84 Масъалаи итоат аз шавњар ва сарпарастии

оила……………………………………………………. 84 Таъмини ниёзњои љинсии шавњар………………….92 Иљрои корњои хона ва омода намудани хўрок…..95

Page 5: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

4

Боби дуюм: Љойгоњи зан дар љомеа аз назари Ислом

101 Бахши 1: Тањсил ва илмомўзии занон аз назари

Ислом………………………………………………….102 Љойгоњи илм ва илмомўзї дар Ислом ……….....102 1.Нигоње ба љойгоњи илм дар Ќуръони карим… 102 2.Масъалаи омўхтани илм дар њадисњои Паёмбари

Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам …...................110 3. Мавзўи илму таълим дар фармудањои сањобагон

ва бузургони исломї ...............................................126 Назари шариати исломї дар бораи таълим ва

тањсили занон………………………………………….133 1. Занон ва касби илму дониш дар садри Ислом.134 2.Чаро занону духтарон бояд њатман илму дониш

биёмўзанд?................................................................141 3. Баъзе талаботи шаритаи исломї барои тањсилу

таълими занон… 146 Бахши 2: Назари Ислом ба фаъолияти кории занон 1.Дидгоњи куллии Ислом дар масъалаи кори

занон………………………………………………….. 149 2.Шароити кор ва фаъолияти мењнатии занон аз

назари Ислом …………………………………………155 Бахши 3: Зан ва фаъолиятњои сиёсию љамъиятї 1. Назари усулии Ислом дар бораи њуќуќи

фаъолияти љамъиятию сиёсии зан…………………167 2.Масъалаи сардори давлат ва вазир шудани зан аз

назари Ислом…………………………………………175 3.Назари Ислом дар бораи њуќуќи зан барои

интихоб кардан ва интихоб шудан дар њукумати ќонунгузор……………………………………………..190

Page 6: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

5

4.Назари шариати исломї дар мавриди ба маќоми ќозии додгоњ ё додситон интихоб шудани зан…....201

Боби сеюм: Баъзе масъалањои хоссаи њуќуќи

зан дар Ислом ………………………………………… 205

1.Масъалаи чандњамсарї дар Ислом…………… 206 Оё бисёрзаниро Ислом ба бор овард ва он хосси

Ислом аст?................................................................ 207 Назари куллии Ислом дар мавриди бисёрзанї

чист?..........................................................................210 Ислом дар кадом њолатњо гирифтани беш аз як

занро иљозат медињад?.............................................211 2.Масъалаи талоќ дар Ислом……………………..221 3.Масъалаи њиљоб дар Ислом…………………… 253 4.Масъалаи сањми зан аз мерос…………………. 290 Манбаъњо ва адабиёти илмию соњавї ……….. 315

Page 7: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

6

МУАРРИФИИ КИТОБ

Рисолаи мазкур ба мавзўи хеле њассоси љомеаи Тољикистон бахшида шудааст, ки мазмуну мўњтавои он хеле фарох мебошад, аммо муаллифи мўњтарам воќеъбинона њадди мавзўъро мањдуд сохта, фаќат ба муайян намудани љойгоњи зан дар Ислом кўшиш кардааст. Ва хонандагони арљманди рисола худ ќазоват хоњанд кард, ки мањз бо њамин роњу усул муаллиф тавонистааст, ки маќоми шоистаи занро дар Ислом боварибахш ва фањмо таълиф намояд.

Тафаккури исломии латхўрдаи љомеаи тољик имрўз аз њарваќта њарчї бештар ба омўзиш ва дарки тањкурсии динии худ эњтиёљ дорад. Сатњи пасти фарњанги љомеа имкон намедињад инсон дарк намояд, ки бе эътиќоди худошиносї ва риояи аркони дини Ислом ў наметвонад ба худшиносии миллї ва шинохти асли хеш ноил гардад, зеро ќисми људонопазир ва мўњтавои аслии фарњанги тољик эътиќоди устувор ба Худованди мутаъол ва ќудрати беинтињояш мебошад. Хонандаи китоб, хусусан, занону духтарон ба бисёр саволњои худ дар хусуси одобу ахлоќи њамидаи зан дар љомеа, оид ба мавќеи ў ба даъвати ваќту замон ва нозукињои њассоси давр љавоб ёфта метавонад.

Рисола се ќисм дошта, њар яки он аз се-чор боб иборат аст ва њар яки онњо ба масъалањои мухталифи

Page 8: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

7

љойгоњи зан дар Ислом равшанї андохтаанд. Муаллифи мўњтарами рисола донанда ва муњаќќиќи шинохтаи таълимоти исломї, дар китоб асоснок нишон додааст, ки моњияти асосии таълимоти Ислом дар масъалаи зан иборат аз он аст, ки ин дини мубин тамоми вижагињои табиї, биологї, физиологї, љисмї, љинсї, њиссї, равонї ва њамчунин, наќши башарї, иљтимої ва љамъиятии занро ба таври комил дар назар гирифта, ањкоми худро мањз бо таваљљўњ ба ин воќеият танзим намудааст.

Тамоми мундариљаи китоб дар асоси зарофати ояњо ва сурањои Ќуръони карим ва чидањо аз Суннати набавї бо дарки воќеияти замону ваќт, такя ба сарчашмањои боэътимоди алломањои исломї, фаќењони бузургвори ањли суннат ва љамоат навишта шудааст.

Дар ќисми аввали рисола љойгоњи зан дар оила аз назари Ислом, масъалањои мубрами баробарии фитрии зан ва мард, њуќуќ ва љойгоњи зан дар хонавода, њуќуќ ва љойгоњи модар, њуќуќ ва љойгоњи духтар, љойгоњи њамсар аз назари Ислом тадќиќ гаштааст. Инчунин, ба масъалањои издивољ ва муносибатњои оилавї дар Ислом, озодии интихоби њамсар, њуќуќи занон дар назди мардон, њуќуќњои шавњар дар назди њамсар равшанї андохта шудааст.

Дар ќисми дуюми рисола љойгоњи зан дар љомеа аз назари Ислом оид ба тањсил ва илмомўзии занон, фаъолияти кории занон, фаъолияти сиёсию љамъиятии занон аз назари Ислом маълумоти амиќи боэътимод дода шудааст, ки барои дарки амиќи вазъи занон дар љомеаи муосир хеле муњим мебошад. Муаллифи рисола бо ояњои ќуръонї ва Суннати набавї бо далелњои эътимоднок њуќуќи занро ба

Page 9: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

8

маълумотгирї, шуѓли илм ва ишѓоли касбу вазифањои ба шаъну шарафи зан муносиб дар Ислом дастгирї ёфтанро нишон додааст. Ин амал барои бартараф кардани аќидаи хурофотие, ки ќобилияти занро ба шуѓли тањсил ва илм зери шубња мегузорад, љавоби муносиб аст. Дар ин ќисм кўшиш карда шудааст, ки дар ќиёс умумияти баъзе арзишњои исломї, байъат бо интихоботи вакилони халќ ва интихоботи Президенти Љумњурї нишон дода шуда, сазовории зан ба мансаби сарвари њукумат, раиси љумњур, вазирї, вакилии халќ асоснок карда шавад.

Дар ќисми сеюми рисола ба баъзе масъалањои хоссаи њуќуќи зан дар Ислом ва масъалањои сатњи оиладорї ва дарки њуќуќњои фитрии зан бо мисолњои таърихї равшанї андохта шудааст. Аз љумла, таърихи пайдоиши омили чандњамсарии мард, талоќ, мањр, њиљоб, сањми зан аз мерос ва ѓайрањо хеле даќиќ нишон дода шуда, моњияти иљтимоии онњо дар марњалаи њозира воќеъбинона нишон дода шудааст.

Дар рисола ба чандин масъалае, ки аз самти Ќуръони карим ва Суннати набавї ба онњо кайњо равшанї андохта шудааст, вале дар замони муосир ба мавзўъњои хеле љиддии ихтилофи на фаќат динию аќидатї, балки сиёсию ѓоявии сатњи љањонї табдил дода шудааст, љавобњои боэътимод пайдо кардан мумкин аст. Барои дарки мазмуну моњияти онњо зарурати аќлу идрок ва тафаккури исломї доштан таъкид карда шудааст. Хусусан, дар масъалањои баробарии зану мард, моњияти иљтимоии мањр, шарту шароити талоќ, мерос, њиљоб, фаъолияти кории зан, ишѓоли мансаби давлатию љамъиятї, донишомўзї ва интихоб кардану интихоб шудани зан ва ѓайрањо. Бо таассуф ќайд кардан лозим аст, ки дар ватани мо њам шиорњои бадномсозии арзишњои

Page 10: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

9

исломї, ки тарѓибгарони ѓарбї пахш мекунанд, гоње аз тарафи баъзе сиёсатмадорон, мансабдорон ва зиёиён дастгирї меёбад. Дар рисолаи мазкур бепоягии ин шиорњо ва хусумати мањз будани онњо асоснок нишон дода шудааст ва тибќи Ќуръони карим ва Суннати набавї таъкид шудааст, ки занон аз назари гавњар, сифат, маводи офариниш, шарофату арзиши инсонї њамвора баробар бо мардонанд.

Ба њамин тариќ, дар рисолаи мазкур мавзўи хеле муњимми њаёти фардии инсон дар мисоли љойгоњи зан дар Ислом асоснок, бо пояњои мантиќї ва сарчашмањои боэътимод бо дарки воќеияти имрўзї ва сатњи тафаккури исломии љомеа содаю фањмо тадќиќ шудааст. Нашр гардидани чунин рисолаи муфид барои равшанї андохтан ба мавзўи мазкур ва ба њамватанони арљманд фањмо гаштани асли моњияти назари исломї ба љойгоњи зан дар љомеа, сиёсат, маориф, њаёти иљтимої, дар оила ва рўзгордорї ва ѓайра ёрї мерасонад. Дар хотима ба муаллифи арљманди рисола аз Худованди мутаъол орзумандем, ки дар кору зиндагияшон пирўзї ато намояд ва бо килки равони худ ва андешањои мутафаккирона рисолањои навро иншо кунанд, то ки ба раванди худошиносии мусалмонони љумњурї мусоидат намояд.

Бо дуои нек, Њољї Ашўрбой Имомов,

устоди факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи Миллии Тољикистон,

собиќ раиси Кумитаи назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Page 11: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

10

МУЌАДДИМА

Бисмиллоњи-р-Рањмони-р-Рањим Бо дуруду салом ба рўњи поки Паёмбари Ислом,

алайњи-с-салоту ва-с-салом

Масъалаи љойгоњ ва њуќуќи зан яке аз муњимтарин ва њассостарин бахшњои таълимоти шариати исломї мебошад. Ин масъала дар тамоми даврањои густариши дини мубини Ислом на танњо њамчун як мавзўи фиќњї, балки чун як мавзўи бисёр муњимми фарњангию иљтимої ва љамъиятию сиёсї низ мавриди таваљљўњи љиддї будааст.

Аз он љо, ки дини мубини Ислом як дини фитрї буда, ањкоми он аз сўи Худованди мутаъол бо дар назар гирифтани табиат ва сиришти инсон муќаррар гардидааст, нигоњи Ислом ба масъалаи њуќуќ ва љойгоњи зан низ хусусиятњои хосси худро дорад. Моњияти асосии таълимоти Ислом дар масъалаи зан иборат аз он аст, ки ин дини мубин тамоми вижагињои табиї, биологї, физиологї, љисмї, љинсї, њиссї, равонї ва њамчунин, наќши башарї, иљтимої ва љамъиятии занро ба таври комил дар назар гирифта, ањкоми худро мањз бо таваљљўњ ба ин воќеият танзим намудааст. Аз назари Ислом, муносибати љомеа нисбат ба зан бояд мањз бо дар назар гирифтани ин зарофату вижагињо ташаккул

Page 12: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

11

ёбад, зеро фаќат дар њамин сурат метавон наќш ва љойгоњи баланду шарифи занро, чунон ки бояд, шинохт ва таъмин намуд.

Омўзиши манбаъњои асили дини мубини Ислом, яъне Ќуръони карим ва Суннати набавї, нишон медињад, ки Ислом занро дар баландтарин дараљаи эњтиром ва ѓамхорї гузошта, васеътарин маљмўи њуќуќу ихтиёротро барои зан пешбинї мекунад.

Ба таври мисол, Ислом танњо динест, ки мардро шаръан (ќонунан) вазифадор мекунад, то дар тамоми марњалањои зиндагии зан ўро аз њар назар таъмин ва нигоњубин намояд. Ё, масалан, Ислом аз тариќи пешбинї кардани мањрияи зан ва ќарордоди аќди никоњ бењтарин ва комилтарин механизми њифзи иљтимоии занонро ба вуљуд овардааст, ки дар сурати риоят шудани шартњои он марди мусалмон њаргиз наметавонад занро дар њолати вобастагї ва ниёзмандии молию моддї ќарор бидињад.

Вале бо вуљуди ин, дар дањсолањои охир ба сабаби коњиши шадиди маърифати динии мардум ва тањољуми фарњанги ѓарбии зиддиисломї дар љомеаи мо чунин тасаввури козиб ва нодурусте ба вуљуд омадааст, ки гўё Ислом њуќуќи занонро мањдуд сохта, боиси аз зиндагии хушбахтона ва аз њуќуќи тањсил, кор ва фаъолияти љамъиятию сиёсї мањрум гаштани онњо мешавад. Дар натиља, як бахши бузурги љомеаи мо чунин мепиндорад, ки Ислом њуќуќи занро дар оила поймол намуда, илова бар ин, барои занон њуќуќи тањсил, кор, иштироки сиёсї ва ѓайраро пешбинї накарда, наќши занро фаќат дар хонанишинї мањдуд месозад. Мухолифони Ислом дар дохили кишвар низ ин андешаи бепояро ба таври сунъї ба зењни љомеа ва хусусан, ба зењни занони мусалмон бо њар васила талќин мекунанд.

Page 13: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

12

Аз сабаби пеш омадани чунин холигии маърифатї, имрўз дар љомеаи мо дар масъалаи њуќуќи занон дар Ислом як силсила саволњои љиддї ба миён омадаанд, ки бисёре аз хоњарону модарони мусалмон мехоњанд дар мавриди онњо посухњои шаръиро дар ихтиёр дошта бошанд. Аз љумла, дар бисёр мулоќотњо хоњарону модарони мо аз уламои исломї чунин саволњо мекунанд: Оё аз назари Ислом занону мардон баробаранд? Чаро писарон ду баробари духтарон мерос мебаранд? Оё мувофиќи шариат духтарон низ дар интихоби њамсар озоданд? Оё фаќат мард метавонад сардори оила бошад? Чаро Ислом ба мардон њуќуќи доштани чанд занро додааст? Чаро шариати исломї дар масъалаи никоњ додани мањрро (ќалинро) вољиб гардонидааст? Оё аз назари шариат анљом додани корњои хона барои зан њатмист? Ва умуман, њуќуќу вазифањои мардон дар баробари занон дар чист ва ѓайра...

Илова бар ин, солњои охир хоњарони мусалмон як силсила саволњои марбут ба фаъолияти зан дар љомеаро матрањ мекунанд, ки низ бояд ба онњо посух гуфт. Аз љумла: Оё дар Ислом зан њуќуќи тањсили илм дорад? Оё духтарони мусалмон метавонанд дар донишгоњњо тањсил намоянд? Оё аз назари Ислом зан њаќќи якљо бо мардон кор кардан дар корхонањо ва идораю муассисањоро дорад? Оё зан њаќќи иштирок дар фаъолиятњои љамъиятию сиёсиро дорад? Оё аз нигоњи шариат зан метавонад ќозии додгоњ (судя) ё вакили парлумон бошад? Ва нињоят, оё аз назари Ислом зан метавонад сардори давлат бошад?

Ба такрор матрањ шудани ин саволњои марбут ба масъалањои оилавї ва љамъиятї боис шуд, ки банда бо њисси масъулияти шаръию љамъиятї ва ба

Page 14: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

13

хотири кумаки коршиносї ба хоњарону модарони мусалмон ба тадвини ин рисолаи мухтасар дар мавриди њуќуќи занон дар Ислом ва хусусан, њуќуќи зан дар оила ва њуќуќи он ба тањсил, кор ва фаъолияти иљтимої аз назари Ислом бипардозам. Яъне, ин китоб ба таври мухтасар ба масъалањои баробарии фитрии зану мард, љойгоњи зан дар оила, њуќуќу вазифањои мутаќобилаи зану шавњар дар баробари њамдигар, тањсили занон дар мактабу донишгоњњои муосир, кору фаъолияти мењнатии занон дар корхонаву муассисањо ва масъалањои фаъолияти љамъиятию сиёсии занон дар сатњи љомеа пардохта, нигоњи шариати исломиро ба ин мавзўъњо рўшан ва муаррифї месозад.

Дар поён бояд ќайд намоям, ки ин китоб аввал дар теъдоди њамагї чанд нусха омода шуда, барои ошної ба мутахассисон ва олимони шинохтаи соњањои гуногуни кишвар пешнињод шуд, то онњо китобро мутолиа намуда, фикру мулоњизањои худро дар борааш баён кунанд. Аз љумла, барои арзёбии љанбаи илмї ва фалсафии китоб он ба доктори илмњои фалсафа, академики АИ ЉТ, устод ва соњибназари гиромї Мўсо Диноршоев, барои баррасии љанбањои њуќуќии китоб он ба устоди факултаи њуќуќшиносии ДМТ, собиќ раиси Кумитаи назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон, њуќуќшиноси барљастаи кишвар Ашўрбой Имомов, љињати баррасии љанбањои адабию забонї ва диншиносии китоб он ба ходими калони илмии Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии АИ ЉТ, донишманди улуми исломї Муњаммадљон Умаров ва шахсиятњои дигари илмию динию адабї пешнињод гардид. Ќобили зикр аст, ки ин шахсиятњои бисёр мўътабари илмию фарњангии

Page 15: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

14

кишвар китобро ба таври бисёр муфассал мутолиа намуда, њар яке дар мавриди он мулоњизоти воќеъбинонаи худро ба таври хаттї ироа доштанд, ки њам љанбањои мусбат ва њам нуќсонњои китобро баён мекарданд. Аз ин рў, мутобиќи изњори назар ва эроду мулоњизањои устодони номбурда ва дигар дўстоне, ки китобро мутолиа карданд, матн ва дастгоњи илмии он бори дигар такмил карда шуда, хатоњои имлоиву услубии он бартараф гашт. Бо ташаккур аз устодони гиромї, матни таќризњои онњоро бе њељ таѓйир дар охири ин китоб љой додем, то хонандагон ва муњаќќиќони мўњтарам низ бо он ошно шаванд.

Бо умеди тавфиќи илоњї,

Њољї Акбар Тураљонзода апрели 2011

Page 16: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

15

Боби якум

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ОИЛА АЗ НАЗАРИ

ИСЛОМ

Page 17: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

16

Бахши 1

Баробарии фитрии зан ва мард аз назари Ислом

***

Оё зан ва мард баробар офарида

шудаанд?

Яке аз муњимтарин ва бунёдитарин масъалањо дар шинохти љойгоњ ва њуќуќи зан дар Ислом чигунагии назари дини муќаддаси Ислом ба мавзўи офариниши зан аст. Яъне, оё аз назари дини мубини Ислом занон баробари мардон офарида шудаанд ва оё дар таълимоти исломї онњо аз назари фитрат, љавњари инсонї ва шарофату каромат бо њам баробаранд? Ё Ислом низ мисли динњои яњудию масењї занонро мављуди дараљаи дуюм шуморида, фитрату љавњари онњоро дар назди Худованд нисбат ба фитрату љавњари мардон пасттар мешуморад?

Додани посухи сањењ ва возењ ба ин саволи усулї пеш аз њама барои он зарур аст, ки мо ба нигоњи усулии Ислом ба масъалаи зан ва љойгоњи инсонии он ошної пайдо намоем, зеро тамоми ањкоми дигари исломї, ки љанбањои гуногуни масъалаи занро дар шариати Ислом танзим мекунанд, мањз аз таълимоти

Page 18: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

17

усулии Ислом дар ин мавзўъ сарчашма мегиранд. Аз ин хотир, зарур мешуморам, ки омўзиш ва шарњу тавзењи масъалаи љойгоњи зан дар Исломро мањз аз баррасии мухтасари њамин мавзўъ оѓоз намоям.

Аз њамин ибтидо бояд гуфт, ки ин масъала то имрўз низ мавриди омўзиш ќарор гирифта, хусусан, дар адабиёти мухталифи илмию таърихї ва фалсафию каломї ба таври васеъ матрањ гаштааст. Вале, чи дар баррасии ин мавзўъ ва чи дар бахшњои баъдии китоб равиши кори мо ин аст, ки ба масъалањои гузошташуда, пеш аз њама, аз худи сарчашмањои асили исломї, яъне аз Ќуръони карим ва Суннати набавї посух гирифта, дар зимн, барои шарњи бештари мавзўъњо аз манобеи мўътабар ва эътирофшудаи ањли суннат ва љамоат ва хусусан, мазњаби њанафї, истифода намудем.

Дар оѓоз мехоњем рўшан намоем, ки сарчашмаи љовидонаи таълимоти исломї, яъне Ќуръони азимушшаън масъалаи офаридани занро чї гуна матрањ менамояд. Худованди мутаъол дар Ќуръони карим аз ин масъала, аз љумла, дар ояи якуми сураи «Нисо» ва ояи 189-уми сураи «Аъроф» ба таври бисёр возењ чунин хабар медињад:

Матни оя:

⌧ ☯

Page 19: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

18

Тарљума: Эй мардум, битарсед аз Парвард-горатон, он, ки шуморо аз нафси ягонае биофарид ва аз њамон нафс њамсари ўро ва аз он љуфт мардону занони бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое, ки бо савганд бо номи Ў аз якдигар чизе мехоњед ва зинњор аз хешовандон мабуред. Зеро Худованд њамеша муроќиби шумост!

Сураи «Нисо», ояи 1 Матни оя:

☺ ☺ ⌧ ☺ ☺

☺ ☺

Тарљумаи оя: Ўст, ки њамаи шуморо аз нафси

ягона биёфарид ва аз он љуфташро (њамсарашро) низ биёфарид, то ба ў оромиш ёбад. Чун бо ў даромехт, ба боре сабук борвар шуд ва муддате бо он сар кард. Ва чун бор сангин гардид, он ду ба Аллоњ, яъне ба Парвардгори хеш нидо карданд, ки агар моро фарзанде солењ дињї, аз сипосгузорон хоњем буд!

Сураи «Аъроф», ояи 189

Агар ин ду ояи Ќуръониро аз назари забон ва маънї тањлил намуда, мазмуни онро бо такя ба тафсирњои мўътабари исломї рўшан намоем, ба

Page 20: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

19

таври возењ мебинем, ки Ќуръони карим пеш аз њама аз ягонагї ва баробарии гавњарї ва сириштии мард ва зан сухан мегўяд. Худованди мутаъол дар ин ояњо ба таври мушаххас хабар медињад, ки мард ва зан аз як гавњар офарида шуда, аз ин љињат аз њамдигар фарќе надоранд.

Тавре ки мебинем, Худованд дар ин ояњои муборака ибораи «нафси воњида»-ро ба кор гирифтааст, ки мазмуни он гавњари ягона ва дар баъзе тафсирњо, моддаи ягона ва тани ягона аст. Гарчї њамин тасрењи Худованд барои дарки њамгавњарї ва баробарии зотии зану мард кифоят мекунад, вале ба хотири боз њам возењтар гаштани масъала Худованд пас аз ибораи «нафси воњида» дар ояи аввал љумлаи «ва халаќа минњо зављањо» ва дар ояи дуввум «ва љаъала минњо зављањо»-ро таъкидан овардааст, ки њар ду ба маънои «ва аз њамон (нафси воњида) љуфти ўро низ офарид» мебошанд. Яъне ба иборати дигар, Худованд дар Ќуръон хабар додааст, ки зан ва мардро аз њамон як гавњар ва як хамир сохтаем ва аз ин назар њељ яке аз онњо дар назди Худованд бар дигаре бартарї надоранд.

Аз ин рў, Ќуръон дар масъалањои марбут ба офариниши инсон ва љойгоњи ў дар назди Худованд ва бисёр масоили усулии дигар мард ва занро баробар мавриди хитоб ќарор дода, онњоро аз назари ањаммият ё дараља аз њамдигар људо намекунад. Ќуръони карим занону мардонро якљо дар зери мафњумњои куллии «инсон» ва «нос» (мардум) мадди назар гирифтааст ва њамаи ањкоми ќуръоние, ки бо мурољиат ба «инсон», «нос» ва «ё айюњал-лазина оману» ворид шудаанд, барои мардон ва занон баробар мебошанд.

Page 21: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

20

Масалан, ваќте ки Худованд дар ояи 9-уми сураи «Саљда» дар мавриди ба љисми Одам дамида шудани даме аз рўњи Худо хабар медињад, зану мардро ба таври баробар дар назар дорад. Ва ё ваќте ки Худованд дар ояи 30-уми сураи «Баќара» инсонро халифаи худ дар рўи замин меномад ва ё љои дигар бо офаридани мављуде чун инсон ифтихор меварзад (сураи «Мўъминун», ояњои 12-14), ин ахбору ањком њам мард ва њам занро шомил мешавад.

Албатта, бояд иќрор кард, ки дар тўли садсолањо зењни аксари мусалмонон, чи мардон ва чи занон, то љое одат кардааст, ки њар гоње мо иборањои «инсон халифаи Худост» ё «инсон амонатдори Худованд дар рўи замин аст» ва ѓайраро мешунавем, пеш аз њама, мардон пеши назарамон меоянд ва чунин мепиндо-рем, ки мањз мардон халифаи Худо њастанд. Вале матни ояњои ќуръонї, ки зикрашон болотар омад, бидуни њељ шубњае нишон медињанд, ки Худованд њамаи инсонњо, чи занон ва чи мардонро халифа (љойнишин) ва амонатдори худ донистааст. Пас, мутобиќи фармудаи Ќуръон, занони мўъмину ботаќво низ дар рўи замин халифаи Худо ва амонатдори Худованд мебошанд. Ин нуктаи муњим ва азимест, ки бояд шинохти љойгоњ ва њуќуќњои зан дар Ислом аз он оѓоз гардад.

***

Масъалаи муњимми дигаре, ки ба баробарии

фитрии занон ва мардон дар таълимоти исломї далолат мекунад, баробарии онњо дар масоили имонї ва диндорї дар назди Худованд аст. Худованд дар Ќуръони карим занон ва мардонро аз назари имон, эътиќод, бандагї, подош ва аљри

Page 22: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

21

гуноњу савобашон баробар дониста, дар мавридњои зиёде ин матлабро ба таври возењ зикр мекунад. Аз назари Ќуръон, њамон гуна, ки мард барои ибодат, бандагї, камол ва саодат офарида шудааст, зан низ бо њамин њадаф офарида шудааст. Назари Ислом чунин нест, ки мард барои бандагию камол офарида шуда бошад ва зан њамчун васила ва асбоби ба камол расидани ў бошад, балки зан ва мард дар ин роњ ва дар ин масъулият њамкор ва мусоиди њамдигар њастанд. Чунон ки дар Ќуръони карим омадааст:

Матни оя: ☺ ☺

☺ ☺

Тарљума: Мардони мўъмин ва занони мўъмин дўст

ва ёвари якдигаранд. Ба некї даъват мекунанд ва аз корњои ношоиста бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медињанд ва аз Худову Паёмбараш итоат мекунанд. Худо ононро рањмат хоњад кард, Худо пирўзманду њаким аст!

Сураи «Тавба», ояи 71 Аз ин рў, Ислом њаргиз чунин намегўяд, ки мард

барои амали некаш аљри бештар аз зан мегирад ва ё

Page 23: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

22

дараљаи савоби ибодати мард аз савоби ибодати зан бештар бошад. Масалан, агар ба ояи зерини ќуръонї таваљљўњ намоем, мебинем, ки Худованд дар мавриди њамаи амалњои неке, ки дар он омадааст, мардон ва занонро ба таври баробар зикр мекунад ва подоши худро барои онњо баробар ваъда медињад:

Матни оя: ☺ ☺

☺ ☺ ☺ ☺

☺ ☺

☺ ☺

Тарљума: Худованд барои мардони мусалмону занони мусалмон ва мардони мўъмину занони мўъмин ва мардони ањли тоъату занони ањли тоъат ва мардони ростгўву занони ростгўй ва мардони

Page 24: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

23

сабркунанда ва занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садаќадињандаву занони садаќадињанда ва мардони рўзадору занони рўзадор ва мардоне, ки шармгоњи худро(аз бесатрї ва зино) њифз мекунанд ва заноне, ки шармгоњи худро (аз бесатрї ва зино) њифз мекунанд ва мардоне, ки Худоро њамвора ёд мекунанд ва заноне, ки Худоро њамвора ёд мекунанд, омурзиш ва музде бузург омода кардааст!

Сураи «Ањзоб», ояи 35

Ин таълими Ислом дар бораи баробарии

мардону занон дар бандагиву ибодат ва дар аљру подоши илоњї дар ояи 97-уми сураи «Нањл» низ ба таври возењ омадааст:

Матни оя: ☺ ☯

Тарљума: Њар марду зане, ки коре некў анљом дињад, дар њоле ки аз ањли имон бошад, зиндагии хушу покизае (дар дунё) бад-ў хоњем дод ва подоше бисёр бењтар аз кирдорашон (дар охират)ато хоњем кард.

Сураи «Нањл», ояи 97 Чунин башорати Худованд дар мавриди ин

баробарї њамчунин дар ояи 195-уми сураи «Оли Имрон», ояи 124-уми сураи «Нисо» ва ѓайра таъкид шудааст. Дар кулл, муњаќќиќони Ќуръони карим маълум намудаанд, ки дар ин китоб Худованд дар 32 ояти карима баробарии занону мардонро дар фитрату ибодат ва дар бандагию аљру савоб ба таври

Page 25: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

24

возењу мушаххас зикр карда, дар садњо ояти дигар ин баробариро дар зимни сиѓаи љамъи музаккар баён намудааст, ки ба таври баробар шомили њоли мардон ва занон мебошад.

Њамин тавр, Худованд меъёри аслии арзиш ва каромати инсонњоро на мард ё зан будан, балки имону таќвои бештар доштани онњо медонад. Чунон ки мегўяд:

Матни оя:

Тарљума: Эй мардум, ба дурустї, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ќавмњо ва ќабилањо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед. Бидуни шак, гиромитарини шумо назди Худо парњезгортарини шумост. Худо донову кордон аст!

Сураи «Њуљурот», ояи 13 Пас, меъёри иззату бартарии инсонњо аз назари

Ислом на мард будан ё зан будани онњо, балки имону таќво ва покию парњезкории онњо мебошад. Ин аст назари усулии Ислом дар мавриди љойгоњи инсонњо дар назди Худованд. Яъне, тавре ки дида мешавад, Ислом зан ва мардро аз назари љавњар, сиришт, инсоният, арзиш ва ањаммият ва њадафи офариниш комилан яксон ва баробар дониста, њељ якеро муњимтар ва ё заруртар аз дигаре намешуморад. Ќуръон таълим намедињад, ки мард асл ва њадафи аслии офариниш буда, занон барои истифодаи мард

Page 26: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

25

дар ин роњ офарида шудаанд. Балки назари Ислом ин аст, ки дар ин масъалањо занон ва мардон њамчун инсон комилан барбар буда, аз назари ањаммият ва зарурат барои њамдигар дар мартабаи баробар ќарор доранд. Яъне, њамон гуна, ки оромиш, камол ва идомаи насли занон бидуни мардон номумкин аст, оромиш ва идомаи насли мардон низ бе занон имкон надорад.

Шояд, мањз бо дар назар гирифтани њамин баробарии љавњарї ва сириштии марду зан, аз љумла, баробарии сањму наќши онњо дар идомаи насли башарї Ислом мардро «волид» ва занро «волида» номидааст. Њамин тавр, дар таълимоти исломї, зан ва мард аз назари љойгоњ ва офариниш на мављудоти гуногундараља, балки такмилкунандаи њамдигар мебошанд.

***

Ин назари сарењи Ќуръон дар мавриди офариниши мард ва зан ва баробарии гавњарии онњо дар њадисњои Паёмбари гиромии Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, низ баён шуда, тафсиру тавзењи бештар ёфтааст. Он Љаноб бар баробарї ва наздикии занон ва мардон таъкид намуда, аз љумла, дар њадиси машњури худ фармудаанд:

Аз матни њадис: »إنما النساء شقائق الرجال …«

Тарљума: Занон хоњарони хунии мардонанд. «Сунани Абудовуд», китоби «Тањорат», њадиси 236

Яъне, Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва

саллам, эълом доштаанд, ки чунон ки ду фарзанде, ки аз як падару модар ба дунё меоянд ва нисбат ба њамдигар њељ фарќу имтиёзи зотї ва гавњарї надоранд, занон ва мардон низ шаќиќ (њамхун) ва баробари њамдигар њастанд.

Page 27: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

26

Тавре ки дида мешавад, суннати Паёмбари гиромии Ислом низ бар баробарии гавњарї ва инсонии зан ва мард таъкид мекунад. Вале дар ин масъала бояд зикр намуд, ки бисёре аз шарќшиносон бо ишора ба як њадиси машњури набавї дар бораи аз устухони ќабурѓаи чапи мард офарида шудани зан изњор медоранд, ки гўё Ислом занонро нисбат ба мардон мављуди дараљаи дуюум медонад.

Чун ин њадиси набавї аз њамон ибтидо байни мусалмонон машњур буда, дар тўли садсолањо адибону достоннависони гуногун онро бо ќиссањои мухталиф омехта, ривоятњои адабию фолклории офариниши занро эљод кардаанд, ин ривоят дар зењни мардум љойгоњи бисёр ќавї пайдо кардааст. Илова бар ин, дар канори шарњњои мўътабар, бар ин њадис шарњњои авомонаву ѓаразноке низ ба вуљуд омадаанд, ки мазмуну моњияти онро тањриф мена-моянд. Аз ин рў, зарур медонам, ки бар сари санад ва маънии ин њадис андаке таваќќуф намоем.

Матни комили ин њадиси машњур чунин аст:

ؤمن با yالنبي نعن أبي هريرة ع« ان ي ن آ وم اآل قال م ه والي ال لل ر ف خ ...يؤذي جاره

لع وإن أع ن ض ن م إنهن خلق را ف اء خي وا بالنس ي واستوص يء ف وج شال لع أع رته وإنالض ه آس ت تقيم إن ذهب وا ه ف وج فاستوص زل أع م ي ه ل ترآت .»بالنساء خيرا

Тарљума: Сањобии бузург Абўњурайра гўяд: Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, гуфтанд: Касе, ки имон ба Худо ва рўзи ќиёмат дорад, набояд њамсояи худро озор дињад…

Ва шуморо ба некўкорї ва хушрафторї бо занон супориш менамоям, ки занњо аз ќабурѓаи сина ба вуљуд омадаанд ва каљтарин ќисмати ќабурѓа тарафи болои он аст, агар бихоњї онро рост намої, шикаста

Page 28: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

27

мешавад, агар онро ба њолати худ бигузорї, њамин тавр ба сурати каљ боќї мемонад, пас, амр ва тавсияи маро дар мавриди некї ва хушрафторї бо занон ќабул кунед.

«Сањењи Бухорї», китоби «Никоњ», њадиси 5185 ва 5186 ва «Сањењи Муслим», китоби «Ризоъ», њадиси 3537

Пеш аз њама бояд зикр кард, ки ин њадис аз назари санад ва дараља аз љумлаи њадисњои сањењ буда, њам дар «Сањењи Бухорї» ва њам дар «Сањењи Муслим» ривоят шудааст.

Агар ба мазмуни ин њадис нигарем, он аз оѓоз то охир дар мавриди ањаммият ва маќоми зан буда, Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар он мусалмононро ба шинохти ќадру ќимати зан ва некўкорию хушрафторї нисбат ба занон амр ва супориш мекунад. Яъне дар кулл, ин њадис на поинкунандаи љойгоњи зан, балки баёнгари амри сарењи Ислом бар некию эњтирому хушрафторї нисбат ба занон мебошад.

Албатта, дар баробари ќудрати Худованде, ки ин оламро аз нестї ба вуљуд овардааст, аз устухони ќабурѓа ва ё аз њар чизи дигаре ба вуљуд овардани инсони дигаре њељ мушкиле надорад. Аммо, бо таваљљўњ ба матни ояњои ќуръонї, ки дар боло оварда шуданд ва низ бо таваљљўњ бо њадисњои дигаре, ки Љаноби Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар мавриди љойгоњу моњияти зан хабар додаанд, метавон гуфт, ки маънии аз љинси устухони ќабурѓаи чапи болои дил халќ шудани занон пеш аз њама ишорат ба нозукию борикию зарофат ва ањаммияту наздикии онњо ба дил мебошад. Зеро дар њаќиќат, чунон ки дар худи матни ин њадис шарњ шудааст, занон мисли њамон устухони болоии ќабурѓаи болои дил нозуканд ва агар мардон бо

Page 29: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

28

онњо рафтори хашин ва номењрубонї бикунанд, онњоро мешикананд.

Аз ин рў, бар мардон вољиб аст, ки занонро ба монандаи устухони ќафаси синаи худ наздик донанд ва эњтиёт намоянд. Пас, ин њадиси шариф дар њар сурат ба дуюмдараља будани занон далолат накарда, баръакс, ба ањаммият ва њамгавњарї ва наздикии занон бо мардон далолат мекунад.

Њамин тавр, манбаъњои асили исломї, яъне Ќуръони карим ва Суннати набавї дар њељ љо занро махлуќи дараљаи дуюм надониста, занонро аз назари гавњар, сиришт, маводди офариниш, шарофату арзиши инсонї њамвора баробар бо мардон медонанд.

Ин аст назари усулии Ислом дар масъалаи зан!

Page 30: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

29

Бахши 2

Назари Ислом ба њуќуќ ва љойгоњи зан дар оила

***

Њуќуќ ва љойгоњи модар дар шариати исломї

Њуќуќи зан дар хонавода бахши муњим ва

њассоси масъалаи љойгоњи зан дар шариати исломї буда, дини мубини Ислом дар ин бахш таълимоти комилеро ироа намудааст. Тавре ки дар муќаддимаи рисола зикр шуд, Ислом мардонро амалан вазифадор гардонидааст, ки занонро дар тамоми марњалањои њаёташон зери таъмин ва ѓамхории худ дошта бошанд. Ин њуќуќи занон ва ин вазифаи мардон пеш аз њама дар чорчўби робитањои оилавї амалї мешаванд. Яъне, аз назари Ислом, занон дар давраи хурдї ва нављавонї њамчун духтар ва ё хоњар ва дар даврони баъдї њамчун њамсар ва дар айёми миёнасолї ва пирї њамчун модар њамеша мавриди њимоят, ѓамхорї ва таъмину кафолати падар, бародар, њамсар ва ё фарзандони худ мебошанд.

Аз сабаби он, ки ин бахш аз њуќуќи занон ба зиндагии њамарўзаи онњо марбут мешавад ва мутаассифона, дар аксари мавридњо аз ноогоњии занону мардон аз ин таълимоти исломї, духтарон, њамсарон ва модарони мо пеш аз њама дар оилањо

Page 31: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

30

мавриди фишору мањрумиятњо ќарор мегиранд, баррасии људогонаи ин масъала аз ањаммияти зиёди амалї низ бархурдор аст. Аз ин рў, дар ин бахш љойгоњ ва њуќуќи занон њамчун модар, духтар ва њамсар дар таълимоти исломї ба таври људогона баррасї ва муаррифї мегардад.

***

1. Назаре ба љойгоњи модар дар Ќуръони карим Бузургии мафњуми модар ва гиромї донистани

он фаќат як бузургдошти хаёлї ва рамзї ва эњтиромї нест, балки модар дар њаќиќат аз офаридањо ва неъматњои бузурги Худованд аст. Дар як баррасии куллї метавон гуфт, ки тамоми њаёти як модар њама ќањрамонї, исор ва азхудгузаштагист. Модар њар бор шадидтарин мушкилу дарду машаќќатњоро тањаммул мекунад, то фарзандеро њамл кунад ва њар бор бо марги воќеї рўбарў мешавад, то фарзандеро ба дунё оварад.

Дар вуљуди модар муњаббати фитрие нињода шудааст, ки новобаста ба муносибати фарзанд нисбати модар, дар њар сурат љорї ва боќист. Ин муњаббати фитрии бепоён боис мешавад, ки модар омода аст, то барои фарзанд тамоми сарвату дорої ва ќуввату тавоноии худро сарф намояд ва аз љумла, љони худро барои рушду саодату наљоти фарзанд фидо кунад.

Илова бар ин, фитрати модар чунин аст, ки он ба њузур, њамнишинї ва хидмати фарзанд эњтиёљи фитрї дорад. Њатто агар тамоми шароити зиндагї муњайё бошад, боз њам модар орзу дорад, балки ниёз дорад, ки фарзанд дар канораш бошад. Вале фарзанд барои модар то ин андоза вафодору исоргар нест ва чун ба зиндагии мустаќил расад, дар пайи хона-

Page 32: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

31

водаву фарзанд ва кору фаъолияти худ мешавад ва дар аксари мавридњо нисбат ба модар камтаваљљўњї менамояд. Дар љомеањое, ки аз фарњанги исломї ва маънавияти инсонї дур мебошанд, модар барои фарзанд њатто ба бори зиёдатї табдил мешавад ва фарзанд ўро тарк намуда ва ё дар бењтарин сурат, ба ѓарибхонаву хонањои калонсолон бурда мепартояд. Масалан, имрўз мо дар кишварњои ѓарбї шоњиди он њастем, ки њазорон падару модар аз сўи фарзандони худ тарк шудаанд ва зиндагии танњо ба сар мебаранд ва ё ба ѓарибхонањо супорида шудаанд. Чунин падару модарони пирсол, њатто онњое, ки зиндагии хубе доранд, бо шадидтарин азоби рўњї гирифторанд, зеро онњо пеш аз њама ба њузури фарзандон ва ба зиндагї дар муњити муњаббати онњо ниёзу эњтиёљ доранд. Аз ин рў, тарк кардани падару модар ва танњо гузоштани онњо бузургтарин гуноњ аз тарафи фарзандон дар њаќќи волидайн мебошад.

Мутаассифона, ин амали зишту нангин, яъне тарк кардан ва танњо гузоштани падару модар имрўз дар љомеањои мусалмоннишин низ мушоњида мешавад ва баъзе фарзандони ноогоњ аз таълимоти исломї нисбат ба падару модари худ ин гуноњу ин љиноятро раво медоранд. Ва бисёре аз маводди матбуот дар ин мавзўъ нишон медињад, ки бахше аз сокинони ѓарибхонањову хонањои пирсолони Тољикистон низ афроде мебошанд, ки фарзандони зиндаву солим ва соњиби касбу маќом доранд. Ба ростї, чунин амал њам аз назари таълимоти исломї ва њам аз назари фарњангу арзишњои миллии мо нангин ва норавост.

Ин аст, ки дар миёни динњои љањонї Ислом ба хотири пеш наомадани хории падару модар ва арљгузорї ба наќш ва хидматњои бузурги онњо ба зарурати эњтиром ва гиромидошти онњо бисёр таъкид намуда, эњтироми волидайнро љузъи

Page 33: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

32

вазифањои динї ва аќидатии инсон ќарор медињад. Аз ин рў, иззату эњтиром нисбат ба модар, ќадрдонї аз зањматњои ў, хидмати беминнат ва риояти хотири модар аз љумлаи таълимот ва амрњои таъкидшудаи шариати исломї ба мўъминон мебошад.

Дар оѓоз бояд бубинем, ки масъалаи модар ва љойгоњи ў дар Ќуръони карим чї гуна матрањ шудааст. Худованди мутаъол дар Китоби худ мусалмононро борњо ба эњтироми падару модар амр намуда, аз љумла, чунин мегўяд:

Матни оя:

☺ ☺ ⌧ ⌧ ☺

☺ ☺ ☺

☺ ☺ ⌧ ☺⌧

Тарљума: 23.Ва Парвардгори ту њукм кард, ки ба љуз Худаш дигареро ибодат накунед; ва ба падару модар некўкорї бикунед; агар яке аз онњо, ё њар ду назди ту ба калонсолї бирасанд, пас, ба онњо «уф» магў ва бар онњо бонг назан ва ба онњо сухани некў бигў. 24.Ва аз љињати мењрубонї бозуи фурўтаниро барояшон паст кун ва бигў: «Эй Парвардгори ман, бар онњо бибахшой,чунончи маро дар хурдсолї парвариш карданд.»

Page 34: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

33

Сураи «Исро», ояњои 23-24 Ё љои дигар Худованди мутаъол фармудааст: Аз матни оя:

...

Тарљума: Танњо Худоро ибодат кунед ва њељ чизеро шарики Ў накунед ва бо падару модари худ некї кунед...

Сураи «Нисо», аз ояи 36

Имом Ибни Касир њангоми тафсири ин оя зикр

мекунад: «Њаќќи Худованди Бузург ин аст, ки зоти ягонааш, ки њељ шарик ва њамтое надорад, ибодат шавад. Баъд аз он њаќќи бандагонаш меояд, ки муњимтарин ва авлотарини онњо њаќќи падар ва модар аст ва ба њамин далел Худованд њаќќи падару модарро њамрадифу баробари њаќќи худ ќарор медињад».

«Тафсири Ибни Касир». љ. 1, сањ. 494-495

Ќуръони карим ба зањматњои бузурги модар дар

њамл ва парвариши инсон арљ гузошта, бар инсонњо супориш менамояд, ки ќадри онро дониста, ба волидайни худ шукргузор бошад. Ин амри Худованд дар ояи 14-уми сураи «Луќмон» чунин таъкид гаштааст:

Матни оя:

Page 35: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

34

Тарљума: Ва ба инсон амр намудаем, ки падар ва модарашро эњтирому хидмат намояд. (Зеро) модараш ўро њамл намуд, бо заъфе бар болои заъфе(бо тањаммули марњалањои вазнини њамлу зоиш) ва ду сол ўро шир дод. Пас, ба ў супориш кардем, ки барои Ман ва падару модарат шукргузор бош ва бозгашти њама ба сўи ман аст.

Сураи «Луќмон», ояи 14 Амри Худованд дар мавриди хубию эњсон нисбат

ба падару модар дар ояти 15-уми сураи «Ањќоф» ба лафзи боз њам сарењтар чунин омадааст:

Аз матни оя:

... Тарљума аз оя: Мо ба инсон тавсия менамоем, ки

бо падар ва модари худ ба хубї рафтор намояд. Зеро ки модараш бо ранљ ва зањмат ўро њамл карда ва бо ранљ ва машаќќат ба дунё овардааст ва даврони њомилагї ва ширхорагии ў сї моњ ба тўл меанљомад...

Сураи «Ањќоф», ояи 15 Аз ин мисолњои рўшани ќуръонї метавон дид, ки

Худованди мутаъол эњтироми падару модарро бар мўъминон њамчун як амри ќатъї супориш карда, эњсону некї дар њаќќи онњоро љузъи вазифањои шаръии инсон ќарор додааст. Пас, дар таълимоти Ислом эњтироми падару модар ва хусусан, ќадрдонию шукргузорї аз зањматњои модар на танњо як арзиши ахлоќї, балки як фаризаи динї буда,

Page 36: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

35

беэњтиромї нисбати онњо саркашї аз амри Худованд ба њисоб меояд. Ин аст назари Ќуръони карим нисбат ба модар!

2. Нигоње ба љойгоњи модар дар суннати

Пайѓамбари Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам. Шакке нест, ки аз миёни тамоми паёмбарон

Пайѓамбари Ислом њазрати Муњаммад, саллаллоњу алайњи ва саллам, волотарин суханонро дар бораи занон ва модарон фармуда, љиддитарин таълимот ва таъкидњоро дар бораи модар ба уммати худ ба љой мондаанд. Љаноби Пайѓамбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, љойгоњи модарро он ќадре боло гузоштаанд, ки њатто љаннатро зери ќудуми онњо хондаанд. Ин њадиси зебо ва пурмазмуни Ишон то ба имрўз низ болотарин сухан дар мавриди љойгоњи модар ба њисоб меравад: «Њуќуќи модаратро баљо биёр, зеро бињишт зери пойи модарон аст!»(Ниг.: «Сунани Нисої», китоби «Љињод», њадиси 3101).

Ин њадиси машњур аз сўи адибони бузурги форсу тољик ба тариќањои мухталиф ба назм кашида шуда, вирди забони мардуми мусалмони тољик гаштааст:

Љаннат, ки ризои мо дар он аст, Дар зери ќудуми модарон аст. Ё: Сухан аз сарвари пайѓамбарон аст, Ки љаннат зери пойи модарон аст. Эњсону некї дар њаќќи модар дар таълимоти

исломї њатто нисбат ба некї дар њаќќи падар муќаддамтар буда, Паёмбари гиромї ин нуктаро дар њадиси сањењи зерини худ ба таври возењ таълим додаанд:

Матни њадис:

Page 37: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

36

ه عن أبي هريرة رضي الله عنه ق« ا yال جاء رجل إلى رسول الل ال ي فقال بتيابحسن صحرسول الله من أحق الناس ك ق قال أمك قال ثم من قال ثم أم

» ثم من قال ثم أبوك ثم من قال ثم أمك قالТарљума: Абуњурайра(р) ривоят мекунад, ки

марде назди Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, омад ва гуфт: Эй Паёмбари Худо, дар њамнишинї ва эњсону некўкорї чї касе бештар аз њама бар ман њаќќ дорад? Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Модарат. Он мард гуфт: Пас аз ў кї? Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дубора фармуданд: Модарат. Он мард гуфт: Пас аз ў кї? Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, бори сеюм низ фармуданд: Модарат. Боз он мард гуфт: Баъд кї? Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ин бор фармуданд: Падарат.

«Сањењи Бухорї», китоби «Адаб», њадиси 5971 ва «Сањењи Муслим», китоби «Бирр, сила ва одоб», њадиси 6395

Дар мавриди ин њадис Имом Санъонї мегўяд:

«Ин њадис баёнгари муќаддам намудани ризояти модар бар ризояти падар мебошад». Ибни Баттол дар ин бора мегўяд: «Манзури њадис ин аст, ки бояд хушрафторї бо модар се баробари падар бошад ва изофа мекунад, ки ба далели мушкилот ва сахтињои даврони бордорї, таваллуд ва ширдодан...».

Ниг: Муњаммад ибни Исмоили Санъонї. «Субулу-с-салом», љилди 4, сањ. 1462

Ишон дар идома барои шарњи њадиси боло

њадисеро аз њазрати Оиша (р) наќл мекунад:

Матни њадис: ما أخرجه أحمد والنسائي وصححه الحاآم من حديث عائشة سألت …«ي رأة ق y النب ى الم ا عل م حق اس أعظ ال أي الن ى الرجل ق ت فعل ا قل ال زوجه »أمه

Page 38: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

37

Тарљума: Њазрати Оиша(р) аз Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, пурсид, ки чї касе бузургтарин њаќро бар гардани зан дорад? Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Шавњараш. Боз пурсидам: Ва чї касе бузургтарин њаќро бар гардани мард дорад? Фармуданд: Модараш.

«Субулу-с-салом», љилди 4, сањ. 1463 ва«Сунани Нисоии Кубро», љилди 5, сањ. 363, њадиси 9148

Дар њадиси дигар Паёмбари Худо, саллаллоњу

алайњи ва саллам, хушнудии Худоро дар хушнудии падару модар дониста мефармояд:

Матни њадис:

ا عن النبي وعن عبد اهللا بن عمرو بن العاص « ال y رضي اهللا عنهم ق »اهللا في رضا الوالدين وسخط اهللا في سخط الوالدين ارض

Тарљума: Абдуллоњ ибни Амр мегўяд: Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Хушнудии Худо дар хушнудии падару модар аст ва хашми Худо дар хашми падару модар аст.

«Сунани Тирмизї», китоби «Бирр ва сила», њадиси 1907 ва Муњаммад ибни Исмоили Санъонї. «Субулу-с-салом», љилди 4,

сањ. 1461 Дар идома Имом Санъонї пас аз зикри њадиси

боло мегўяд: «Ин њадис далел бар вољиб будани дарёфти ризояти падару модар ва њаром будани барангехтани хашми онон аст. Пас, дар мавриди аввал Худованд хушнуд шуда ва дар мавриди дуюм боиси хашми Ў мегардад».

Ниг: Муњаммад ибни Исмоили Санъонї. «Субулу-с-салом», љилди 4, сањ. 1462

Хубї ва эњсон нисбат ба модар ба маънои

эњтиром, ќадрдонї, дастбўсї, муомилаи хуб, фармонбардорї ва касби ризояти ў дар тамоми корњо мебошад. Њатто агар дар њолате, ки љињод

Page 39: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

38

фарзи кифоя бошад, рафтан ба љињод низ бо ризояти модар раво мебошад. Дар ин замина аз Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, њадиси зерин омадааст:

Матни њадис: ي « ى النب اء إل ة ج لمي أن جاهم ة الس ن جاهم ة ب ن معاوي ا yع ال ي فق

ال م ق ال نع رسول الله أردت أن أغزو وقد جئت أستشيرك فقال هل لك من أم ق »فإن الجنة تحت رجليها فالزمها

Тарљума: Муовия ибни Љоњимаи Саламї ривоят мекунад, ки падараш назди Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, омад ва гуфт: Ё Расулаллоњ, азми љињод дорам ва барои машварат назди Шумо омадаам. Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Оё модар дорї? Он мард гуфт: Бале. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Хидмати модаратро баљо биёру бо ў бош, њамоно бињишт зери пойи модарон аст.

«Сунани Нисої», китоби «Љињод», њадиси 3101

Дар њадиси дигар низ Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, аљри некиву эњсон ба падару модар ва нигањдорї аз онњоро аз љињод бартар шумурда, мефармояд:

Матни њадис: ال y عن أبي سعيد الخدري أن رجال هاجر إلى رسول اهللا« يمن فق من ال

ك ق ا ل ال أذن واي ق ا فاستأذنهما هل لك أحد باليمن قال أب ال ارجع إليهم ال ال ق »فإن أذنا لك فجاهد وإال فبرهما

Тарљума: Абусаъиди Хударї ривоят мекунад, ки

марде аз Яман барои љињод ба назди Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, омад. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба ишон гуфт: Оё касеро дар Яман дорї? Он кас гуфт: Падар ва модарам. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, пурсид: Оё ба ту иљоза додаанд? Гуфт: На. Паёмбар, саллаллоњу

Page 40: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

39

алайњи ва саллам, гуфт: Ба наздашон бозгард ва аз онон иљозат бигир, агар ба ту иљозат доданд, љињод кун, вагарна ба онон хидмат ва эњсон кун.

«Сунани Абудовуд», китоби «Љињод», њадиси 2530

Бо њамин мазмун Паёмбари Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар њадиси дигар мефармоянд:

Матни њадис: ال ا yقال سألت النبي … « ه ق ى الل ب إل ا اللص أي العمل أح ى وقته ة عل

»…قال ثم أي قال ثم بر الوالدين قال ثم أي قال الجهاد في سبيل الله Тарљума: Абдуллоњ ибни Масъуд(р) мегўяд, ки аз

Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, пурсидам. Кадом яке аз амалњои мо бењтарин ва бартарин аст? Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Адои намоз дар ваќти таъйиншудааш. Боз пурсидам, ки баъд аз он кадом амал? Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Некию хидмат ба падару модар. Боз пурсидам, ки баъд аз он кадом амал? Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуд: Љињод дар роњи Худо.

«Сањењи Бухорї», китоби «Адаб», њадиси 5970 ва «Сањењи Муслим», китоби «Имон», њадиси 154

Хидмат ба модар ва ба даст овардани ризояти ў

аз назари таълимоти исломї он ќадр муњим аст, ки Худованди мутаъол ба шарофати хидмат ба модар гуноњњои инсонро мебахшад. Паёмбари гиромии Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар ин бора чунин башорат медињад:

Матни њадис: ي « ال ي yعن ابن عمر أن رجلا أتى النب بت فق ي أص ه إن ول الل ا رس

م الذنبا عظيما فهل لي توبة قال هل لك من أم قال ال نع ة ق ن خال قال هل لك م »قال فبرها

Page 41: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

40

Тарљума: Абдуллоњ ибни Умар(р) ривоят мекунад, ки марде назди Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, омад ва гуфт: Ё Расулаллоњ, ман дучори гуноњи бузурге шудаам, оё роње барои тавба дорам? Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Оё модарат дар ќайди њайёт аст? Он мард гуфт: Не. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Оё хола дорї? Он мард гуфт: Бале. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Нисбат ба ў некї кун (иншоаллоњ, Худо тавбаатро ќабул мекунад).

«Сунани Тирмизї», китоби «Бирр ва сила», њадиси 1911

Нуктаи дигаре, ки дар ин њадиси набавї љолиби

таваљљўњ аст, ин аст, ки аз баракати модар бастагони ў, яъне хола ва таѓоњо низ бояд мавриди эњтироми комил ќарор бигиранд ва Паёмбари акрам некўкорї дар њаќќи холаро низ боиси ќабули тавба ва бахшида шудани гуноњон донистаанд.

Љойгоњи модар дар таълимоти исломї то љое баланд аст, ки њатто дар сурати аз назари аќидатї кофир ё мушрик буданаш низ эњтиром ва хидмати ў вољиб мемонад. Ин матлаб дар њадиси набавї чунин омадааст:

Матни њадис:

ي « دمت عل ت ق ا قال ه عنهم ي الل ر رض ي بك ت أب ي عن أسماء بن أمه ول الل د رس ي عه رآة ف ي مش ه yوه ه علي لى الل ه ص ول الل تفتيت رس فاس

»وسلم قلت وهي راغبة أفأصل أمي قال نعم صلي أمكТарљума: Асмо духтари Абубакри Сиддиќ(р)

гўяд: Модарам, ки дар замони Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, мушрик буд, пеши ман омад ва аз Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар мавриди модарам пурсидам, ки ў мушрик аст, интизор дорад чизеро ба ў бидињам, оё нисбат ба ў эњсон ва некї анљом бидињам? Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва

Page 42: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

41

саллам, фармуданд: Дар њаќќи модарат некї кун ва силаи рањм (пайванди хешовандї)- ро баљо биёвар!

«Сањењи Бухорї», китоби «ал-Њибати ва фазлињо ва-т-тањризи алайњо», њадиси 2620

ва «Сањењи Муслим», китоби «Закот», њадиси 2214

Ва нињоят, нуктаи дигаре, ки дар масъалаи

њуќуќи модар дар Ислом муњимм аст, ин аст, ки таълимоти исломї бо дар назар гирифтани њуќуќ ва отифаи модарии зан, дар сурати вайрон шудани оила ва људоии зану шавњар њаќќи сарпарастии кўдаконро ба ихтиёри модар гузоштааст. Яъне агар модар бихоњад, ки пас аз људо шудан фарзандаш бо ў бимонад, Ислом ин њаќро аввал ба модар додааст, модоме ки шавњари дигар накунад:

Матни њадис: ان « ذا آ ي ه ه إن ابن ول الل ا رس عن عبد الله بن عمرو أن امرأة قالت ي

ي وأراد أن اه طلقن واء وإن أب ه ح ري ل قاء وحج ه س ديي ل اء وث ه وع ي ل بطن »أنت أحق به ما لم تنكحي yينتزعه مني فقال لها رسول الله

Тарљума: Абдуллоњ ибни Амр(р) гўяд, ки зане ба Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, гуфт: Ё Расулаллоњ, ин фарзанди ман аст, шикамам љойгоњ ва пистонњоям барояш нўше гуворо ва оѓўшам осоишгоњи ў будааст, падараш маро талоќ додааст ва мехоњад ўро аз ман бигирад. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Чунончи ќасди издивољ надорї, њаќќи ту ба сарпарастии ў авлотар аст.

«Сунани Абудовуд», китоби «Талоќ», њадиси 2276 ва «Муснади Имом Ањмад», њадиси 6420

Имом Хаттобї дар шарњи ин њадис мефармояд:

«Мазмуни ин њадис далолат бар эњтироми бештари модар дорад. Зеро баъд аз шаклгирии љанин, њамл, таваллуд ва парвариши кўдак бар ўњдаи модар аст ва аз он љо, ки падар дар ин корњо наќш надорад, модар

Page 43: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

42

њангоми ба миён омадани ихтилоф ба сарпарастии кўдак дар авлавият аст».

( Ниг: Юсуф Ќарзовї. «Марказу-л-маръати фи-л-њаёти-л-исломияти». Ќоњира: «Мактабату Вањба». 1416 њ.ќ. (1996) сањ.

70-71)

Њамин тавр, омўзиш ва тањлили маќом ва љойгоњи модар аз назари Ќуръони карим ва Суннати набавї нишон медињад, ки дини мубини Ислом таълимоти бисёр комилеро дар мавриди модар ироа намуда, бењтарин мактабу андешаи ќадрдониву арљгузорї аз модарро ба вуљуд овардааст. Шариати исломї на танњо масъалањои отифию ахлоќие чун дўст доштану эњтиром кардани модар, балки масъалањои њуќуќию иљтимоие чун касби ризояти модар дар корњо, њатто дар љињод ва таъмини харљњои зиндагї ва нафаќаи модарро барои фарзанд њатмї эълон намудааст.

Бо таваљљўњ ба ин, бояд гуфт, ки имрўз дар љомеаи мо на њамагон ќадри модарро ба дурустї шинохта, хидмати ўро ба таври шоиста ба љой меоранд. Тавре ки дар аввал зикр шуд, мутаассифона, гоње аз тариќи телевизон хабар медињанд, ки баъзе аз фарзандон модарони худро дар њолати мушкил рањо намуда, баъзеи дигар модарони худро њатто ба ѓарибхонањо ва хонањои пирсолон бурда мондаанд. Ин рафтор нисбати модар аз назари шариати исломї гуноњи бузург ба њисоб рафта, њељ фарзанди огоњ аз таълимоти исломї нисбат ба модари худ онро раво намебинад. Зеро, тавре ки аз сарчашмањои исломї маълум аст, мувофиќи таълимоти Ислом таъмини харљи зиндагї, нафаќа ва хидмати модар ба дўши фарзандон аст.

Ин аст, ки агар мо фармудањои дини мубини Исломро нисбат ба модарони худ ба љой оварем,

Page 44: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

43

модарони мо хушбахттарин модарони љањон хоњанд буд ва мо низ аз даргоњи илоњї аз савоби хидмат ба модар бањраманд хоњем гашт. Зеро њамаи хидмату талоши мо дар баробари маќому зањматњои МОДАР бисёр ночиз аст:

Якшаба он ранљ, ки модар кашид, Бо ду љањонаш натавон баркашид! Њуќуќ ва љойгоњи духтар аз назари Ислом

Давраи духтарии занон, яъне аз замони таваллуд то шавњар кардани онњо, як давраи бисёр њассос буда, мањз дар њамин марњалаи зиндагї имону эътиќод, илму савод, одобу ахлоќ ва шахсияти зан ташаккул меёбад. Бинобар ин, дар ин марњала духтарон ба шароиту муњити солим ва таваљљўњу ѓамхории махсус ниёз доранд, то дар оянда њамчун занони солењ ва солим барои љомеа тарбият ёбанд. Аз ин сабаб, шариати исломї ба масъалаи љойгоњу њуќуќи духтарон дар оила ањаммияти махсус дода, рўи ин мавзўъ таъкиди зиёд намудааст.

Аввалин масъалае, ки Ислом дар мавриди духтарон ба миён гузоштааст, баробарии онњо бо писарон дар оила ва дар њаќќи фарзандї мебошад. Тавре ки аз таърих маълум аст, дар даврони пеш аз ислом арабњо таваллуд шудани фарзанди духтарро барои оилаи худ нангу ор дониста, онро аломати бадбахтї ва нањсият мешумориданд. Аз ин сабаб, онњо бисёр берањмона духтаронро зинда ба зери хок гўр мекарданд, ки љузъиёти он дар тамоми осори таърихии марбут ба ин давра сабт ёфтааст.

Дини мубини Ислом баробари зуњури худ ба ин одати вањшиёна муќобил баромада, онро мањкум ва мамнўъ эълон намуд. Чунон ки дар Ќуръон омадааст:

Page 45: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

44

Матни оя:

☺ Тарљума: Ва њар гоњ яке аз ишон хабар ёбад, ки

соњиби духтар шуд, чењрааш сиёњ мегардад, гарчи ѓазаби худро фурў мебарад. Аз шумии он хабар аз ќавми худ рўй мепўшонад (ва меандешад, ки) оё ўро бо хорї нигањ дорад ё зери хокаш намояд?! Ва ин гуна инсонњо чї бад доварї мекунанд.

Сураи «Нањл», ояњои 58-59

Худованд куштан ва зинда ба гўр намудани духтаронро, ки миёни арабњои пеш аз Ислом маъмул буд, гуноњи бисёр бузург шуморида, дар Ќуръони азимушшаън таъкид менамояд, ки чунин инсонњо дар рўзи Ќиёмат аз ин гуноњашон пурсида мешаванд, яъне барои ин амал љазои сахт мебинанд:

Матни оя:

Тарљума: Ва он гоњ (дар рўзи Ќиёмат), ки аз

духтари зиндабагўршуда мепурсанд, ки ба кадомин гуноњ кушта шудааст?

Сураи «Таквир», ояњои 8-9

Page 46: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

45

Њамин тавр, Ислом баробари зуњураш яке аз дањшатноктарин одатњои арабњои љоњилия, яъне безорї аз духтарон ва занда ба хок кардани онњоро мањкум сохта, онро ба куллї аз байн бурд.

Мувофиќи таълимоти Ислом, чи духтар ва чи писар неъмат ва њадяи Худо барои волидайн буда, онро ба њар касе, ки бихоњад, медињад ва ба њар касе, ки раво надорад, намедињад:

Матни оя: ☺

☺ ⌦

Тарљума аз матни оя: ... Ба њар кас бихоњад фарзанди духтар ва ба њар кас бихоњад, фарзанди писар мебахшад. Ё онњоро писарон ва духтарони якљо мебахшад ва њаркиро бихоњад, аќим(бенасл) месозад. Ўст донои тавоно.

Сураи «Шўро», ояњои 49-50

Њатто дар ин ояи муборака низ Худованди бузургвор аввал духтарро зикр намуда, сониян аз фарзанди писар ёдовар мешавад, ки ин низ нишонаи гиромї доштани духтар ва баландии маќоми ўст.

Аз ин рў, норозигї аз неъмати Худованд, чи аз фарзанди духтар ва чи аз фарзанди писар, барои шахси мусалмон љоиз нест, зеро интихоби духтар ё писар будани фарзандон ирода ва ќудрати Худост.

Page 47: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

46

Паёмбари гиромии Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, низ дар мавриди таваљљўњ ва тарбияти духтарон таъкиди зиёде намуда, падару модаронро вазифадор кардаанд, ки бо духтарон муомилаи нек дошта бошанд ва дар тарбияти онњо талоши бештар намоянд. Ишон тарбияти солим ва ба воя расонидани духтарро масъулияти муњим ва савоби бузург дониста, барои касоне, ки ин масъулиятро ба љой овардаанд, бињишти љовидониро башорат медињанд:

Матни њадис: ه « ول الل ا yعن أنس بن مالك قال قال رس ى تبلغ اريتين حت ال ج ن ع م

»ة أنا وهو وضم أصابعهجاء يوم القيامТарљумаи њадис: Анас ибни Молик(р) гўяд:

Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Касе, ки ду духтарро ба тарзи шоиста тарбият (бо имону ахлоќу њаёву илму касб) ва таъмин намуда, ба воя расонад, рўзи Ќиёмат монанди ин ду ангушт дар бињишт дар канори њам хоњем буд.

«Сањењи Муслим», китоби «Бирр, сила ва одоб», њадиси 6590

Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам,

хусусан, ба масъалаи риоят намудани баробарии духтарон ва писарон дар њаќќи фарзандї таъкид намуда, дар оила аз писарон кам донистани духтар ва тањќири онњоро раво намешуморад ва хабар медињад, ки риояти адолат байни писарон ва духтарон дар оиларо савоби бузург ва аз сабабњои ба бињишт расидани волидайн хоњад буд:

Матни њадис: ه عن ابن عب« م yاس قال قال رسول الل دها ول م يئ ى فل ه أنث ت ل ن آان م

»يهنها ولم يؤثر ولده عليها قال يعني الذآور أدخله الله الجنة

Page 48: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

47

Тарљума: Абдуллоњ ибни Аббос(р) гўяд: Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Касе, ки духтар дошта бошад ва ўро мавриди бемењрї ва тањќир ќарор надињад ва фарзандони писарро бар ў тарљењ надињад, Худованд ўро дохили бињишт хоњад кард.

«Сунани Абудовуд», китоби «Адаб», њадиси 5146 ва «Муснади Имом Ањмад», њадиси 1856

Худи Расули акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам,

аз духтари худ њазрати Фотима(р) ифтихор намуда, мегуфтанд: «Фотима пораи тани ман аст ва ман бо шодии ў шод ва бо норањотии ў нороњат мешавам».

Матни њадис: ني ما يقبضها ويبسطني فاطمة بضعة مني يقبض y قال رسول اهللا«

»ما يبسطها Муњаммад ибни Абдуллоњ, китоби «ал-Мустадрак ала-с-

Сањењайн», љилди 3, сањ. 172, њадиси 4747

Хулоса, дини мубини Ислом маќому љойгоњи

духтарро дар оила бисёр баланд ва муњим дониста, аз падару модарон талаб менамояд, ки бо духтарон муомилаи бењтарин дошта бошанд, онњоро њаргиз аз писарон камтар надонанд, дар тарбияту ташаккули шахсияти онњо таваљљўњ ва талоши махсус дошта бошанд. Бар тибќи таълимоти Ислом доштани духтар на танњо нангу ор нест, балки баракату ифтихор аст ва тарбияти солими духтар мояи савоби бузург ва сабаби дарёфти бињишт мебошад.

Ва шояд ин амал низ бисёр рамзї ва пурњикмат бошад, ки Паёмбари Худо аз худ њељ писаре бар љой нагузоштанд ва насли Ишон то имрўз аз насли духтари гиромиашон Њазрати Фотима(р) идома ёфтааст.

Page 49: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

48

Назм: Машав ѓамгин, агар духтар бизодї, Ки дар духтар бувад пайваста шодї. Басе духтар, ки соњибтољ гардад, Ба пешаш сад писар мўњтољ гардад.

Љойгоњи њамсар дар таълимоти Ислом Љойгоњи зан њамчун њамсар аз муњимтарин ва

васеътарин масъалањои бањси њуќуќ ва љойгоњи зан дар таълимоти исломї мебошад. Агар ба ин масъала ба таври куллї назар афканем, пеш аз њама бояд гуфт, ки Худованди мутаъол бино бар њикмати худ инсонро дар љуфти нарина ва модина халќ карда, дар вуљуди онњо мењру улфати фитрї ва табиї нисбат ба њамдигарро љой намудааст. Дар ин маврид Худованд дар Ќуръони карим мефармояд:

Матни оя:

⌧ Тарљума: Ва аз нишонањои ќудрати Ўст, ки

бароятон аз љинси худатон њамсароне офарид, то бо ишон оромиш ёбед ва миёни шумо дўстиву мењрубонї нињод. Дар ин ибратњоест барои мардуме, ки тафаккур мекунанд.

Сураи «Рум», ояи 21

Page 50: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

49

Аз ин сабаб, майл доштан ба њамсар ва ба зиндагии муштараки хонаводагї аз љумлаи хоњишњои фитриву табиии инсон буда, њељ мард ё зани солим аз ин ѓариза мањрум нест ва онро инкор намекунад. Хусусан, барои инсони мусалмон издивољ ва ташкили хонавода љузъи вазифањои динї ба њисоб рафта, он замонате барои њифзи саломатии рўњию љисмии инсон ва давом ёфтани насли башарї мебошад. Бо таваљљўњ ба ин таълимоти исломї, Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, никоњ ва ташкили хонаводаро суннати худ эълон карда, рафтори касонеро, ки аз издивољ ва хонадорї рў метобанд, радд намудааст:

Матни њадис: ي « ن أب د ب ا حمي ر أخبرن ن جعف حدثنا سعيد بن أبي مريم أخبرنا محمد ب

ى الك رضي الله عنه يقول جاء ثحميد الطويل أنه سمع أنس بن مال ط إل ثة رهي ي yبيوت أزواج النب ادة النب ن عب ألون ع ا yيس أنهم تقالوه روا آ ا أخب فلم

دهم قد غفر له ما تقدم من yفقالوا وأين نحن من النبي ال أح أخر ق ذنبه وما تدهر و ا الأما أنا فإني أصلي الليل أبدا وقال آخر أنا أصوم ال ر أن ال آخ ر وق أفط

ذا إليهم فقال yأتزوج أبدا فجاء رسول الله الأعتزل النساء ف أنتم الذين قلتم آد الوآذا أما والله إني لي وأرق ر وأص وم وأفط ي أص ه لكن اآم ل ه وأتق خشاآم لل

»وأتزوج النساء فمن رغب عن سنتي فليس منيТарљума: Анас ибни Молик(р) мегўяд: Се гурўњ ба

хонаи Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, омаданд то аз њамсаронашон аз чигунагии ибодати Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, пурсон шаванд. Онњо ваќте љавоби пурсишњои худро шуниданд, ибодати худро бо ибодати Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ќиёс намуда, ки ба назарашон кам намуд ва гуфтанд: Мо куљо ва Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, куљо (киноя аз бузургии маќоми Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, аст), дар њоле ки Худованд тамоми камбудњои Ўро бахшидааст, ин ќадар зиёд ибодат мекунад. Яке аз ишон гуфт: Пас,

Page 51: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

50

ман минбаъд тамоми шабро ибодат мекунам. Дигаре гуфт: Ман њар рўз рўза мегирам. Ва сеюмї гуфт: Пас, ман аз занон дурї мекунам ва њаргиз издивољ нахоњам кард. Њангоме ки Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, ташриф оварданд, фармуданд: Оё шумо касоне њастед, ки чунин ва чунон гуфтед? Ба Худо ќасам, ки ман худотарстарин ва парњезкортарини шумо њастам. Намоз мехонам, хоб њам меравам, баъзе рўзњо рўза мегирам ва баъзе рўзњо ифтор мекунам ва издивољ мекунам. Ин суннати ман аст. Касе, ки аз суннати ман дурї кунад, аз ман нест.

«Сањењи Бухорї», китоби «Никоњ», њадиси 5063 ва «Сањењи Муслим», китоби «Никоњ», њадиси 3293

Дини мубини Ислом доштани зани солењаро аз

љумлаи бузургтарин неъматњои дунё шумурдааст, ки дар ин бора Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, чунин хабар медињад:

Матни њадис: قال الدنيا متاع وخير متاع yعن عبد الله بن عمرو أن رسول الله «

»الدنيا المرأة الصالحةТарљума: Дунё пур аз неъматњост ва бењтарини

неъматњои он зани некўкор ва покдоман аст. «Сањењи Муслим», китоби «Ризоъ», њадиси 3533,

«Сунани Нисої», китоби «Никоњ», њадиси 3229

Њамин тавр, Ислом издивољ ва њамсардориро

љузъи табиати инсон дониста, ин амри некўро таш-виќу тарѓиб менамояд. Вобаста ба ин дар таълимоти исломї маљмўаи васеи арзишњо, фармудањо ва муќаррароти шаръию ахлоќию њуќуќї дар боби интихоби њамсар, шароити издивољ, вазифањои њамсарон дар баробари њамдигар ва ѓайра омадааст, ки бино бар вусъати масъала онро дар бахши алоњида меоварем.

Page 52: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

51

Назм: Зани хуби фармонбари порсо Кунад марди дарвешро подшо. Киро хона ободу њамхоба дўст, Худоро ба рањмат назар сўи ўст.

Бахши 3

Издивољ ва муносибатњои оилавї дар Ислом

***

Ислом ва озодии интихоби њамсар

Page 53: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

52

Масъалаи интихоби њамсар дар таълимоти исломї мавриди таваљљўњи зиёд ќарор гирифтааст ва Ислом њам барои мард ва њам барои зан озодї ва дастуроти бисёр даќиќу муфидеро дар амри интихоб намудани њамсари њаётии худ додааст. Ањаммияти ин масъала дар он аст, ки ташкили як оилаи солим аз бисёр љињатњо ба муносиб будани ду љониб бо њамдигар ва ризоияти њар ду тарафи издивољ аз њамдигар бисёр вобаста аст.

Яке аз нуктањои муњимме, ки шариати исломї дар масъалаи интихоби њамсар ва ташкили оила фармудааст, њуќуќи комили занон дар интихоби њамсар ва шарт будани ризояти зан дар никоњ ва издивољ мебошад. Бар хилофи тасаввуре, ки гўё духтарон дар Ислом њаќќи интихоби озодонаи шавњарро надошта бошанд, шариати исломї ризояти духтарро аз љумлаи шартњои асосии никоњ ва издивољ медонад. Аз ин рў, падару модар ё сарпарасти духтар њаќ надоранд, ки ўро маљбуран ва бар хилофи хоњишаш ба њамсарии касе бидињанд.

Њамсари гиромии Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, њазрати Оиша(р) дар ин масъала њадиси зеринро аз он Љаноб овардаанд:

Матни њадис: ي « اء ف عن عائشة رضي الله عنها قالت قلت يا رسول الله يستأمر النس

»تها إذنهاوأبضاعهن قال نعم قلت فإن البكر تستأمر فتستحيي فتسكت قال سكТарљума: Њазрати Оиша(р) гўяд: Паёмбари Худо,

саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Барои аќди издивољи духтар бояд аз худи ў иљоза гирифта шавад. Гуфтам: Ё Расулаллоњ, агар аз духтар иљоза пурсида шавад, вай аз љавоби мусбат додан шарм намуда, сукут мекунад. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Сукуту хомўшии ў ба маънои ризояти ў мебошад.

«Сањењи Бухорї», китоби «Икроњ», њадиси 6433,

Page 54: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

53

«Сањењи Муслим», китоби «Никоњ», њадиси 2544

Дар ин масъала бояд гуфт, ки агар духтар сукут

кунад ва илова бар он, њадяњои љониби домодро ќабул фармояд ва барои тўю издивољ сару либос дўзонад, ин амалњо нишон аз розигии ўст. Аммо агар њадяњоро волидайн ќабул кунанд ва онњо аз тарафи худ омодагї бинанд, ин њанўз нишони ризояти духтар нест.

Шариати исломї њаќќи интихоби озоди њамсар ва њатмї будани розигии занро на танњо барои духтарони дўшиза, балки барои зани бева низ шарт мешуморад, ки ин масъала дар њадиси зерин собит шудааст:

Матни њадис: ي « رة أن النب ي هري ن أب ال yع تأم الق ى تس أيم حت نكح ال نكح الر وت ت

» البكر حتى تستأذن قالوا يا رسول الله وآيف إذنها قال أن تسكتТарљума: Аз Абуњурайра(р) ривоят шудааст, ки

Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Зани бева, бидуни машварат ва иљозати худи ў ва духтари дўшиза бидуни ризояти худи ў ба аќди издивољи касе намедароянд. Аз Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, пурсиданд, ки иљозаи ў чї гуна аст. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Иљозаи ў сукути ўст.

«Сањењи Бухорї», китоби «Никоњ», њадиси 5136 ва «Сунани Тирмизї», китоби «Никоњ», њадиси 3362

Њукми њатмї будани гирифтани розигии

духтарон ва занони бева дар масъалаи издивољ њанўз дар худи замони Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, амалї гашта, Ишон чандин аќди никоњеро, ки бе розигии духтар анљом шуда бошад, ботил ва беќурб эълон намуданд:

Матни њадис:

Page 55: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

54

ي « ا yعن ابن عباس أن جارية بكرا أتت النب ا زوجه ه أن أباه ذآرت ل ف »… yوهي آارهة فخيرها النبي

Тарљума: Абдуллоњ ибни Аббос ривоят мекунад, ки духтари дўшизае назди Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, омада, арз кард, ки падарам маро ба аќди издивољи марде даровардааст, дар њоле ки ман аз ин кор норозї буда ва онро намеписандам. Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Ўро(духтарро) мухайяр ва озод гузоред, то худаш тасмим бигирад.

«Сунани Абудовуд», китоби «Никоњ», њадиси 2096 ва «Сунани Ибни Моља», китоби «Никоњ», њадиси 1875

Ин масъала дар њадиси дигаре бо ривояти

њазрати Оиша(р) чунин омадааст: Матни њадис:

ه إن yعن عائشة قالت جاءت فتاة إلى رسول الله « ول الل ا رس ت ي فقالزت د أج إني ق أبي زوجني ابن أخيه يرفع بي خسيسته فجعل األمر إليها قالت ف

» باء من األمر شيءلم النساء أن ليس لآلكن أردت أن تعما صنع أبي ولТарљума: Њазрати Оиша(р)гўяд: Духтаре назди

Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, омада, гуфт: Падарам маро ба аќди издивољи бародарзодааш даровардааст, то ин ки ба воситаи ман ба эътибори худаш биафзояд. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ўро дар интихоб озод гузошт (яъне, агар розї набошї, аќди анљомшуда ботил аст). Сипас он духтар гуфт: Акнун он чиро, ки падарам анљом дода ва дар њаќќи ман раво дошта, пазируфтам. Њадафи ман аз ин шикоят дар назди Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба он хотир буд, то ба занон эълом кунам, ки падарон бидуни иљозаи онон њаќќ надоранд духтарони худро ба аќди издивољи касе дароваранд.

«Муснади Имом Ањмад», њадиси 23892 ва «Сунани Нисої», китоби «Никоњ», њадиси 3266

Page 56: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

55

Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, њатто издивољи маљбурии занони бевамондаро иљозат надода, чунин њодисањоро радд намудаанд. Дар ин бора њадиси зерин шањодат медињад:

Матни њадис: ك األ خنساء بنت خذام عن« نصارية أن أباها زوجها وهي ثيب فكرهت ذل

» …فرد نكاحه yفأتت رسول الله Тарљума: Аз Хансоа духтари Хизоми Ансорї

ривоят шудааст, ки падараш ўро, ки бева буд, ба аќди издивољи касе даровард. Хансоа аз ин аќди издивољ норозї буд. Бинобар ин, ба назди Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, омада, њодисаро ба Ишон наќл кард. Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, аќди издивољи ўро бекор намуданд.

«Сањењи Бухорї», китоби «Никоњ», њадиси 5138, «Сунани Нисої», китоби «Никоњ», њадиси 3265

Аз миёни фаќењони бузурги исломї Имом

Абуњанифа(р) ва Имом Абуюсуф(р) ба духтари болиѓи оќил њаќќи мустаќилона бастани аќд, аз љумла, аќди никоњ ќоил мебошанд. Гарчи онњо дар масъалаи издивољ розигии волидайн ё валии духтарро мустањаб мешуморанд, вале ба назари онњо волидайн наметавонад духтарро бе розигии худаш ба шавњар бидињад. Ин ќавли Имоми Аъзам(р) бо фармудањои Ќуръони карим, аз љумла, ба ояњои 230 ва 232 сураи «Баќара» асос ёфтааст. Илова бар ин Имоми Аъзам(р) дар масъалаи авлотар будани њаќќи духтар дар интихоби шавњар ба ин њадиси набавї такя намудаанд:

Матни њадис: يم أحق بنفسها من وليها والبكر قال األ yعن ابن عباس أن رسول الله «

»ها صماتهاتستأذن في نفسها وإذنТарљума: Абдуллоњ ибни Аббос аз Паёмбар,

саллаллоњу алайњи ва саллам, ривоят мекунад, ки Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд:

Page 57: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

56

Зани бешавњар барои тасмимгирї дар масъалаи издивољ њаќќи бештар аз валии худ дорад ва аз духтари бокира (дар масъалаи издивољ) иљозат пурсида мешавад ва розигии ў сукути оромонааш аст.

«Сунани Тирмизї». Китоби «Никоњ», њадиси 1110 ва «Сањењи Муслим». Китоби «Никоњ», њадиси 3367

Имом Абуњанифа(р) ва шогирдонашон дидгоњи

худ дар масъалаи њаќќи интихоби мустаќилонаи шавњарро доро будани духтарон бо далелњои аќлию мантиќї низ исбот намудаанд. Дар ин мавзўъ онњо аз љумла чунин меоранд:

1. Дар шариати исломї духтари болиѓ њаќќ дорад, ки дар корњои молии худ мустаќил бошад ва аз љумла, бо дигарон ќарордодњои молї бандад ва дар ин масъала розигии падари (валии) духтар лозим нест. Байни ин ду амр дар њаќиќат фарќе вуљуд надорад. Зеро сабаби ба духтар иљозат шудани тасарруфи молї рушд ёфтан ва комил шудани аќли ўст ва дар масъалаи издивољ низ ба њамин сабаб иљозат дода мешавад.

2. Писарон пас аз расидан ба булуѓ ва камоли аќлї дар масъалаи издивољ фарди мустаќил ба њисоб меоянд, аз ин рў духтарон низ баъди расидан ба булуѓ ва камоли аќлї бояд ин салоњиятро дошта бошанд.

3. Фард фаќат дар њолати нотавонї ва норасоии аќлї тањти вилоят ва сарпарастии каси дигар ќарор мегирад, вале чун аз аќли комил бархурдор бошад, далеле барои таъйини валї ва сарпараст нест. Бинобар ин, дар масъалаи издивољи духтарони болиѓ ва комилаќл далеле барои таъйини њатмии валї нест.

Албатта, њазрати Имом Абуњанифа(р) дар боби издивољи мустаќилонаи духтарон як масъалаи људогонаро истисно мекунанд: Агар духтаре бе

Page 58: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

57

иљозати падар ё сарпарасти худ издивољ намояд ва мањрияи ў камтар аз мањрияњои њамонандаш бошад ва ё марди интихобшуда њамшаън ва муносиби духтар набошад, падар ё валии духтар њаќ дорад, ки нисбат ба ин издивољ эътироз намуда, талаб намояд, ки аќди никоњи онњоро ќозї фасх намояд.

Дар ин маврид ниг: Њусайни Мењрпур. «Њуќуќи зан аз манзари њуќуќи дохилї, мабонии фиќњї ва мавозини

байналмилалї». сањ. 58-59 ва Муњаммад Абузањра. «ал-Ањволу-ш-шахсия». Нашри «Дору-л-фикри арабї». Ќоњира: 1957. сањ.

128-130

Љойгоњ ва муњити оила аз назари Ислом

Дини мубини Ислом дар таълимоти худ ба љойгоњи оила ё хонавода ањаммияти бисёр љиддї ќоил аст. Омўзиши фармудањои сарчашмањои исломї нишон медињад, ки ин дини мубин тамоми љанбањои шаръї, маънавї, ахлоќї, њуќуќї, отифї, равонї, љинсї ва моддию иљтимоии нињоди оила ва зиндагии оилавиро дар назар гирифта, нисбат ба он таълимоти бисёр табиї ва бисёр мукаммалеро пешнињод менамояд.

Пояи зиндагии оилавї аз назари Ислом аќди никоњ ё паймони издивољ аст. Ин паймон аз аќду ќарордодњои дигар бисёр фарќ дошта, Худованд онро дар Ќуръони карим њамчун «паймони пойдор ва устувор» ёд мекунад:

Матни оя: ⌧

Page 59: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

58

Тарљума: Ва чї гуна он молро бозпас мегиред ва њол он ки њар як аз шумо аз дигаре бањраманд шудааст ва занон аз шумо паймоне устувор гирифтаанд.

Сураи «Нисо», ояи 21

Истилоњи «мисоќ», ки Худованд нисбат ба

паймони издивољ истифода намудааст, маънои ањду савганди содиќона ва нашиканандаро дошта, аз сари масъулияту муњаббат ва бо нияти давом ёфтани насли одамї баста мешавад. Ин паймон бо амри Худованд ва бо номи Худованд баста шуда, њељ мард ва зани мўъмин бояд онро осон нагирад ва онро њамчун арзиши муќаддаси њаёти худ риоят намояд. Мањз њамин нигоњи масъулона ва мўъминона ба паймони издивољ устувории оила ва саодату баракати њамсаронро таъмин менамояд.

Пайванде, ки дар натиљаи баста шудани паймони издивољ ба вуљуд меояд, зан ва мардро то андозае ба њамдигар наздик месозад, ки онњо дар айни фард будан дар њам љамъ гашта, мафњуми ягонаи оила ва њамсарро ба вуљуд меоранд. Ин аст, ки дар Ислом нисбат ба њар яке аз тарафњои ин паймон истилоњи «зављ» истифода мешавад. Зављ ба маънои љуфт буда, пайванди амиќи зану мард ва ба як мафњум табдил гаштани онњоро мефањмонад. Яъне, гарчи зан ва мард њар яке фард њастанд, вале мафњуми зављ ё љуфт, ки пас аз паймони издивољ нисбат ба њар яки онњо истифода мешавад, омезиши тамоми зиндагии онњо, муштарак гаштани тамоми масъулият ва ѓаму шодии онњоро нишон медињад. Ин аст, ки Худованд дар Ќуръони карим зану шавњарро њамчун нигањдоранда, пўшиш ва либоси њамдигар таъбир намудааст.

Page 60: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

59

Аз он љо, ки ободї ва устувории оила сабаби саодати зану мард ва сабаби саодати тамоми башар аст, Ислом барои нигањдории оила дастуру таълимоти зиёдеро ба башар пешнињод намудааст. Дар ин таълимоти васеъ пеш аз њама ба асли муњаббату рањмат таъкид гаштааст, ки он ба маънои мењрубонию эњтирому вафодории њамсарон нисбати њамдигар мебошад. Зеро мањз муњаббат боис мегардад, ки зану мард аз њамдигар хурсанд буда, аз њаёти оилавї розї гарданд ва хонаводаи устувор ва зиндагии ором дошта бошанд:

Матни оя:

⌧ Тарљума: Ва аз нишонањои ќудрати Ўст, ки

бароятон аз љинси худатон њамсароне офарид, то бо ишон оромиш ёбед ва миёни шумо дўстиву мењрубонї нињод. Дар ин ибратњоест барои мардуме, ки тафаккур мекунанд.

Сураи «Рум», ояи 21.

Тавре ки аз ин ояи карима дида мешавад, Худованди мутаъол зану мардро ба хотири оромиш ёфтан аз њамдигар офарида, дар замири онњо муњаббату рањмату љозиба нисбат ба њамдигарро нињодааст. Аз ин рў, њар фарди мўъмине, ки фитрати ў поку солим бошад, аз неъмати муњаббат нисбат ба њамсари худ бархўрдор мебошад.

Таълими дигари Ислом барои устувор нигоњ доштани оила асли «маъруф» аст. Истилоњи «маъ-

Page 61: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

60

руф», ки Ќуръони карим дар масъалаи муносибати њамсарон бо њамдигар борњо ба он таъкид намудааст, ба маънои муносибати нек, шоиста ва сазовор дар доираи одоби инсонї ва таълимоти шаръї мебошад. Яъне, мањз ахлоќи некў ва муносибати шоиставу сазовори њамсарон ба њамди-гар боиси устуворї ва нигањдории оила мегардад. Ба таври мисол, ин амри илоњї дар Ќуръони карим ба сурати зерин омадааст:

Аз матни оя: ☺

Тарљума: Ва миёни њамдигар ба некўї

мувофиќат намоед. Сураи «Талоќ», ояи 6

Ё ояи дигар:

☺ Тарљума: Бо занони худ бо некўї ва шоистагї

зиндагї кунед. Сураи «Нисо», ояи 19

Бахши бештари ояњои ќуръонї дар бораи пеш

гирифтани рафтори сазовор нисбат ба њамсарон ба мардон хитоб шудааст, зеро устувории оила ва саодати он аз мавќеъ ва рафтори мардон вобастагии зиёдтар дорад. Ахлоќу рафтори некўи мард боиси дар оила љорї гаштани ин навъи ахлоќ ва ба тамоми аъзои оила, чи зан ва чи фарзандон таъсири амиќ гузоштани он мегардад. Таљрибаи башарї нишон додааст, ки њатто агар мард њамаи масъулиятњои ои-лавии худ, аз љумла, таъмини хўрок, пўшок ва ман-зилро ба љой оварад, боз њам дар сурати надоштани ахлоќи некў ва писандида наметавонад сабаби

Page 62: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

61

рушду оромиши оилаи худ бошад. Ин аст, ки Ислом ба ахлоќи некў гаштаву баргашта таъкид менамояд.

Зиндагї ва ахлоќи Паёмбари гиромии Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, худ намунаи бењтарини муносибати як мард бо њамсар ва оила будааст. Дар ин бора, аз љумла, њадиси зерин шањодат медињад:

Матни њадис: هلي هله وأنا خيرآم ألخيرآم خيرآم أل yعن عائشة قالت قال رسول الله

Тарљума: Њазрати Оиша(р) гўяд: Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Бењтарини шумо онњое њастанд, ки бо зан ва фарзандони худ бењтарин рафторро дошта бошанд. Ва ман барои хонаводаам аз њамаи шумо бењтарам.

«Сунани Тирмизї», китоби «Маноќиб», њадиси 3921, «Сањењи Ибни Њиббон», љилди 9, сањ. 491, њадиси 4186

Ё њадиси дигари Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва

саллам, аз Абуњурайра ривоят шудааст, ки дар он мефармоянд:

«Ба шумо тавсия менамоям, ки бо њамсарони худ ба хубї рафтор намоед...»

«Сањењи Бухорї». Китоби «Никоњ», њадиси 5186 ва «Сањењи Муслим». Китоби «Ризоъ», њадиси 3537

Ва ин тавсияи Паёмбари гиромии Ислом,

саллаллоњу алайњи ва саллам, ки сабаби нигањдорї ва баракати њар хонадон мегардад, бояд њамеша дар гўши њар фарди мўъмин садо бидињад ва аз он пайравї намояд.

Њуќуќи занон бар мардон Масъалаи мањрия

Page 63: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

62

Тавре ки зикр гашт, барои устувор боќї мондани нињоди оила ва ба саъодат расидани башар Ислом маљмўаи њуќуќу вазифањои муайянеро барои занон ва мардон таъйин намудааст. Дар ин миён, яке аз аввалин ва муњимтарин вазифањои мардон њангоми издивољ бо занон пардохт намудани мањрия мебошад. Гарчи масъалаи мањрия ва маънову зарурати он дар таълимоти исломї бисёр мушаххас аст, вале ба сабаби дар љомеаи мо дуруст дарк нашудани ин таълим ва шарњњои нодуруст ёфтани моњияти он, зарур мешуморем, ки ин асли муњимми исломї дар масъалаи издивољро ба таври мухтасар шарњ намоем.

Аввалин нуктае, ки донистани он дар масъалаи мањрия зурур аст, ин аст, ки мањрия фармудаи мустаќими Худованди мутаъол дар Ќуръони карим аст. Яъне, он на урфи тољику араб ё на хостаи Пайѓамбар ва уламову фаќењон, балки дастури худовандї дар масъалаи издивољ мебошад. Чунон ки дар Ќуръон омадааст:

Аз матни оя:

☺ ...

Тарљума: Ва ба занон мањрашонро ба хушдилї бидињед …

Сураи «Нисо», ояи 4

Илова бар ин, масъалаи мањрия дар ояњои

дигари ќуръонї, дар Суннати набавї ва њамчунин, аз тариќи иљмои уламо собит гаштааст. Аз ин рў, хулосаи аввалин ин аст, ки њељ мусалмоне асли мањрияро зери савол намебарад ва дар бораи зарурат доштан ё надоштани он масъала намегузорад. Балки

Page 64: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

63

барои дарки моњият ва њикмати ин дастури худовандї талош менамояд.

Аммо моњият ва фалсафаи мањрия дар чист? Барои дарки возењи ин масъала ба чанд нуктаи зерин мурољиат менамоем:

Мањрия миќдоре пул ба њисоби наќдї ё ба њисоби тило ё њар чизи арзишманди мондагор аст, ки мард онро дар ваќти аќди издивољ бо тавофуќи тарафайн ба зан пардохт менамояд. Њамин ихтиёрї будан ва бо камоли майл пардохт намудани мањрия яке аз шартњоест, ки Ќуръони карим муайян намудааст. Калимаи «нењла», ки дар Ќуръон нисбат ба мањр истифода шудааст, мањз ба маънои њадя ва ато мебошад. Яъне мањрия дар воќеъ пуле барои «харидан»-и зан нест, балки њадяест, ки мард онро њамчун рамзи ризояти худ аз издивољ ва ќадрдонии худ аз пайванди устувор бо њамсараш мепардозад. Ба ин восита, пардохтани мањр пеш аз њама нишонаи майлу раѓбат ва ризояти шавњар нисбат ба њамсари интихобнамудааш мебошад.

Истилоњи «دقات ки дар ояи ,(садуќот) «صзикршудаи ќуръонї ба маънои мањрия истифода шудааст, низ ишора ба ин дорад, ки мањрия аз сўи шавњар содиќона пардохта шуда, рамзи садоќату љиддияти ў дар масъалаи издивољ бо њамсари худ мебошад. Фаќењи бузургвори њанафї Мулло Алии Ќорї дар китоби «Мирќот» ин масъаларо чунин шарњ намудааст:

Мазмун: Ба мањрия аз он љињат садоќ мегўянд, ки аз он тамоюли содиќонаи шавњар ба сўи зан зоњир мегардад.

Мулло Алии Ќорї. «Мирќоту-л-мафотењ шарњи «Мишкоту-л-масобењ», боби «Судоќ», љилди 6, сањ. 325

Page 65: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

64

Илова бар ин, мањрия ба маънои љиддї будани ањду паймони издивољ аз љониби шавњар аст. Яъне, илова бар баёни лафзї, шавњар бо пардохти мол собит мекунад, ки ин издивољи ў на њаваси муваќќат, балки як тасмими љиддї ва пойдор буда, ў омодааст барои њифзи он моли худро харљ намояд.

Дар шариати исломї паймони мард дар мавриди пардохти мањрия то њадде љиддї гирифта мешавад, ки њатто дар сурати пеш аз њамхоба шудан бо зан шикаста шудани паймони издивољ низ мард вазифадор аст, нисфи он маблаѓи муайяншударо ба зан пардохт намояд:

Аз матни оя: ☺

...

Тарљума: Агар барояшон мањре муайян кардаед ва пеш аз њамхобагї талоќашон мегўед, нисфи он чи муќаррар кардаед, бипардозед; магар он ки ишон худ ё касе, ки аќди никоњ ба дасти ўст, онро бибахшад…

Сураи «Баќара», ояи 237

Ин ояи карима нишон медињад, ки дар шариати

исломї пардохтани мањр ба маънои додани њаќќи истифода ва лаззат бурдан аз зан набуда, дар сурати баста шудани аќди никоњ њатто дар сурати њамхобагї накардан бо зан низ мард вазифадор аст, њангоми шикастани ин аќд нисфи мањрияи таъйиншударо бипардозад.

Page 66: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

65

Дар канори ин, мањр моњияти муњимми иљтимої дошта, яке аз механизмњои исломии њимояи њуќуќи занон мебошад. Бар тибќи таълими ќуръонї, мањрия молест, ки мањз ба худи зан тааллуќ дорад ва тавре ки дар ояи зикршуда омад, Худованд мањз ба худи занон додани мањрияро таъкид намудааст. Аз ин рў, бидуни ризояти ихтиёрии зан на волидайн, на вакилу сарпарасти духтар ва на шавњар њаќ надоранд, ки ба мањрияи ў тасарруф намоянд. Дар айни замон, ваќте ки мард занро талоќ медињад, ў маљбур аст, маблаѓи боќимондаи таъйиншудаи мањрро дар ихтиёри зан гузорад. Ба ин восита, зан дар сурати талоќ шудан њамроњи худ як миќдор мол дошта, метавонад то замони сохтани оилаи нав эњтиёљоти худро таъмин намояд.

Дар шариати исломї мањр ба ду бахш таќсим мешавад: мањри муъаљљал )معجل( ва мањри муаљљал

)مؤجل ( . Мањри муъаљљал, яъне таъљилї, мањрест, ки њангоми издивољ пеш аз хилват ва якљо шудан ба зан пардохта мешавад. Мањри муаљљал, яъне ба таъхир гузошташуда, мањрест, ки дар сурати талоќ додани зан мард ба зан пардохт менамояд. Пардохти мањри муаљљал то љое барои мард вољиб аст, ки агар ў вафот намояд, боз њам аввал аз моли меросии ў мањри муаљљали зан пардохта мешавад, сипас мерос таќсим мегардад ва аз он низ зан сањми худро њамчун яке аз меросбарон дарёфт менамояд.

Мањри муаљљал фаќат дар њолате пардохта намешавад, ки талоќу људої бо талаби зан сурат гирад ва мард њељ гуна айбу нуќсони љисмонї ё рўњї надошта бошад. Вале агар мард бемории љинсї дошта бошад ва ё нуќсонњои љиддии мутанаф-фиркунандае дошта бошад, дар ин сурат њам мањри муаљљал ба зан пардохта мешавад.

Page 67: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

66

Маъмулан миќдори мањри муъаљљал нисбат ба мањри муаљљал хеле камтар аст. Масалан, агар мањри зане њангоми издивољ 20 000 доллари ИМА таъйин гардад, метавон 5 000 онро мањри муъаљљал (таъљилї) ва 15 000 онро мањри муаљљал (таъхирафтода) ќарор дод.

Ањаммияти ин асл ва фалсафаи амиќи ин таълими исломї хусусан, дар рўзгори мо ба рўшанї маълум гаштааст. Аз сабабе, ки дар љомеаи мо ин асли исломї амалан тарк шуда, ба таври расмї ва дуруст истифода намешавад, ду мушкили бисёр љиддии иљтимої пеш омадааст:

1.Нињоди оила заиф гашта, баъзе аз мардон бе њеч њисси масъулият ба осонї занонро талоќ медињанд. Агар мардон медонистанд, ки дар сурати бе сабаби воќеї талоќ додани зан бояд боќимондаи мањрияи ўро пардохт намоянд, бо њар сабабу бањонаи андак ва ё фаќат ба хотири њавою њаваси худ занонашонро ба ин осонї талоќ намедоданд. Ин омил њатман боиси пойдории бештари оилањо мегашт.

2.Заноне, ки бо њар сабаб талоќ дода мешаванд, бидуни дар даст доштани њељ гуна молу имкон аз хона берун карда мешаванд ва аксари онњо ба љуз либоси тан ва чанд кўрпа дороии дигаре надоранд. Ин боис мешавад, ки занони бевамонда якбора ба рўзгори мушкил рўбарў гашта, дар њолати ногувор ќарор мегиранд. Ин аст, ки баъзе аз онњо зиндагии худро таъмин карда натавониста, гоње ба касбу корњои бисёр сангин ва номуносиб барои занон ва гоње њатто даст ба аъмоли ношоиста ва фоњишагї мезананд ва ё худкушї мекунанд.

Ин воќеияте, ки имрўз мушоњида мешавад, бори дигар нишон медињад, ки таъйини мањр барои занон

Page 68: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

67

як таълими пурњикмати илоњї буда, занро зери њимояи васеи њуќуќї ва иљтимої ќарор медињад. Аз ин рў, бисёр муносиб аст, ки имрўз дар љомеаи мо мањрия барќарор гашта, он дар сатњи ќонунгузории Тољикистон њамчун ўњдадории мардон њангоми издивољ пазируфта шавад. Чунин иќдом њам боиси дуруст иљро гаштани як таълими исломї ва њам боиси боз њам бењтар таъмин гаштани њуќуќи занон дар кишвари мо мегашт. Зеро, агар мањри муаљљал дар шартномаи никоњ сабт ва нишон дода шавад, талоќ дар оилањо камтар мешавад.

Дар айни замон, дини мубини Ислом њамчун дини сабукиовар ба мусалмонон таълим додааст, ки дар масъалаи мањрия осонгирї бикунанд ва барои издивољ мањрияњои гарону сангин таъйин нанамоянд. Ин таълим хусусан, ба духтарон ва волидайни онњо хитоб шуда, онњоро ба осонгирї дар мањр ташвиќ менамояд. Расули Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар ин маврид мефармоянд:

Матни њадис: » قال إن أعظم النكاح برآة أيسره مؤنة yعن عائشة أن رسول الله «

Тарљума: Оиша(р) гўяд: Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Бобаракаттарин занон касоне њастанд, ки мањрияи онон камтар бошад.

«Муснади Имом Ањмад», њадиси 23388 ва 23338

Ин таълими исломиро худи Паёмбари акрам,

саллаллоњу алайњи ва саллам, дар амал анљом доданд, то њамчун намунаи љовидоние барои мусалмонон боќї бимонад. Ишон њангоми ба шавњар додани духтари дўстдоштаашон њазрати Фотима(р) дар масъалаи мањр бисёр осонгирї карда, миќдори онро њамагї 300 дирњам таъйин намуданд, ки бо нархи 30 гўсфанд дар он замон баробар буд. Аз ин рў, агар

Page 69: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

68

дар љомеа ва ќонунгузории мо мањри муъаљљал (фаврї) кам ва осон гирифта шуда, мањри муаљљал љиддї таъйин шавад, аз як сў оилањо ба осонї ташкил шуда, аз сўи дигар талоќ бисёр коњиш меёбад.

Сабаби дигари таъкиди Ислом ба осонгирї дар масъалаи мањр дар он аст, ки издивољ як амри дуљониба буда, занон низ аз баракату пайомадњои он бањраманд мегарданд. Издивољ боис мегардад, ки занон соњиби оила шаванд, ба имконоти бештари моддиву маънавї бирасанд, аз њаёти заношўї лаззат баранд ва барои идомаи насл, ки як ѓаризаи фитриву табиї ва як рисолати шаръии инсон аст, имкон пайдо намоянд. Аз ин рў, занон низ бояд дар издивољ манфиат ва саодати худро дида, бо таъйин намудани мањрияњои сангину боло монеи издивољ ва ташкили оила нашаванд.

Њамин тавр, мањрия аввалин вазифаи мард дар баробари зан буда, Худованди бузургвор онро барои њифзу пойдории нињоди оила ва њимояи иљтимоии занон 1400 сол пеш барои башар таълим додааст.

Таъмини нафаќаи оила ва фарзандон

Масъулияти дигари мардон дар баробари занон аз назари шариати исломї таъмини нафаќа мебошад. Истилоњи «нафаќа» дар таълимоти шаръї нисбат ба истилоњи нафаќа дар забони муосири тољикї тафовут дошта, он на ба маънои кумакпулии (пенсияи) давраи пирсолї ё маъюбї, балки ба маънои таъмини тамоми эњтиёљоти моддию иљтимоии њамсар ва оила мебошад. Яъне «таъмини нафаќаи њамсар» дар шариати исломї ба маънои

Page 70: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

69

таъмини хўрок, либос, макони зиндагї, шароити муносиби зист, њимояту амнияти зарурї, асбоби рўзгор ва ѓайра барои зан аз љониби шавњар аст.

Масъалаи таъмини нафаќаи њамсар аз тарафи мардон дар сарчашмањои асили исломї ва пеш аз њама, дар Ќуръон ва Суннати набавї комилан собит гашта, ба таври бисёр рўшану мушаххас баён гаштааст. Ќуръони карим дар ин масъала, аз љумла, чунин амр намудааст:

Матни оя:

Тарљума: Њар љо ки худ сукунат гузинед,

занонатонро низ дар њамон љо макон дињед. Ва аз роњи озор додан ба онњо фишор наоваред. Ва агар њомила буданд, то замони таваллуд нафаќаашонро таъмин кунед. Ва агар фарзанди шуморо шир медињанд, муздашонро бидињед ва ба ваљње некў бо якдигар тавофуќ кунед. Ва агар ба тавофуќ нарасидед, аз зани дигар бихоњед, ки кўдакро шир дињад.

Сураи «Талоќ», ояи 6.

Page 71: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

70

Гарчи ин оя њатто дар давраи идда (яъне, марњалаи пас аз талоќ) барои мардон вољиб будани таъмини нафаќаи занро таъкид мекунад, вале табиист, ки дар замони њамсарї ба дўши мард масъулияти боз њам бештар аст. Дар ояи дигар Худованд сарпарастии оиларо ба дўши мард гузошта, яке аз сабабњои онро мањз бар ўњдаи мард будани таъмини нафаќаи оила мехонад:

Аз матни оя:

☺ ⌧

... Тарљума: Мардон аз он љињат, ки Худо баъзеро

бар баъзе бартарї додааст ва аз он љињат, ки аз моли худ нафаќа медињанд, бар занон сарварї доранд...

Сураи «Нисо», ояи 34. Ин масъулияти мардон дар баробари занонро

Паёмбари гиромии Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар њадиси мубораки хеш чунин баён намудаанд:

Матни њадис: ال « يري ق ة القش ده معاوي ن ج ه ع عن سعيد بن حكيم بن معاوية عن أبي

ه ول الل أآلون yأتيت رس ا ت وهن مم ال أطعم ائنا ق ي نس ول ف ا تق ت م ال فقل ق »تقبحوهن التضربوهن و الو واآسوهن مما تكتسون

Тарљума: Муовияи Ќушайрї гўяд: Ба хидмати Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, расидам ва пурсидам: Назари Шумо дар мавриди њамсарони мо чист? Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Аз њамон ѓизое, ки мехўред, ба онњо бидињед ва аз њамон порчае, ки либоси худро тањия

Page 72: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

71

мекунед, либоси онњоро њам тањия намоед. Ононро мавриди лату кўб ќарор надињед ва бо гуфтору кирдори зишт ва нописанд бо онњо рафтор нанамоед.

Сунани Абудовуд, китоби «Никоњ» њадиси 2144 ва Сунани Ибни Моља, китоби «Никоњ», њадиси 1850

Тавре ки аз матни ин њадиси набавї маълум

мегардад, Ислом на танњо таъмини нафаќаи занро ба дўши мард мегузорад, балки ба риояти адолат дар ин масъала низ таъкид мекунад. Яъне, мард наметавонад, ки худ аз имконоти васеъе истифода намуда, занро аз истифодаи он мањрум гардонад, балки ў бояд њам дар масъалаи хўрок, њам дар масъалаи либос ва њам дар масъалаи шароити зиндагї занро дар њолати бо худ баробар ва одилона ќарор дињад.

Нуктаи бисёр муњимме, ки дар таълимоти Ислом дар ин масъала бояд ба он таваљљўњ шавад, ин аст, ки Ислом таъмини нафаќаи оила аз тарафи мардро на танњо вазифаю масъулият, балки њамчунин кори савоб ва ибодат медонад. Яъне, бо таъмини нафаќаи хонавода мард на танњо масъулияти худро иљро мекунад, балки аљру савоби ин амалро назди Худованд дарёфт менамояд. Аз ин сабаб, дар чандин њадиси набавї таъмини нафаќаи хонавода дар њисоби хайру эњсон ва садаќа дохил карда шудааст:

Матни њадис: ع « ي مس ن الن ود األعن أب ت ع اري فقل ي نص ن النب ال ع ي فق ال إذا yب ق

»أنفق المسلم نفقة على أهله وهو يحتسبها آانت له صدقةТарљума: Абумасъуди Ансорї(р) гўяд: Паёмбар,

саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Њар ваќт мусалмоне ба манзури ризои Худо ва анљоми таклифи шаръї, ки бар ўњда дорад, чизеро барои зан ва фарзандону хонаводааш харљ кунад, Худованд онро ба унвони хайр ва эњсон аз ў ќабул менамояд.

Page 73: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

72

«Сањењи Бухорї», китоби «Нафаќот», њадиси 5351 ва «Сањењи Муслим», китоби «Закот», њадиси 2211

Ин нукта дар њаќиќат як нуктаи ноби таълимоти исломист, ки барои њифзи хонавода ва барои таъмини њуќуќи зану фарзанд мусоидати бисёр љиддї мерасонад. Ислом харљи мол барои таъмини нафаќаи оиларо аз навъњои дигари садаќа ва хайру эњсон боло дониста, савоби харљи як динор барои нафаќаи оиларо аз савоби харљи ин пул барои озодии як фард ё барои кумак ба ниёзмандон бештар медонад. Ин мазмуни олї дар њадиси Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, чунин омадааст:

Матни њадис: ار yقال رسول الله عن أبي هريرة قال« ه ودين دينار أنفقته في سبيل الل

ك ى أهل ه عل ار أنفقت كين ودين ى مس ه عل دقت ب ار تص ة ودين ي رقب ه ف أنفقت »أعظمها أجرا الذي أنفقته على أهلك

Тарљума: Аз Абуњурайра(р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Диноре дар роњи Худо додаї ва диноре барои озодии фарде пардохтаї ва диноре ба ниёзманде бахшидаї ва диноре барои нафаќа ва харљи хонаводаат додаї, бештарин аљр ба диноре тааллуќ мегирад, ки барои нафаќа ва харљи хонаводаат додаї.

«Сањењи Муслим», китоби «Закот», њадиси 2200 ва «Муснади Имом Ањмад», њадиси 9736

Ањаммияти таъмини нафаќаи хонаводаро

Паёмбари гиромии Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, аз харљи мол дар роњи љињод њам болотар гузошта, дар њадиси дигари худ фармудаанд:

Аз матни њадис: ه yعن ثوبان قال قال رسول الله « ار ينفق ل دين ه الرج ار ينفق ل دين أفض

»…على عياله

Page 74: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

73

Тарљума: Аз Савбон(р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Бењтарин диноре, ки як мард ба масраф мерасонад, он аст, ки барои хонаводааш пардохтааст...

«Сањењи Муслим», китоби «Закот», њадиси 2199 ва «Сунани Тирмизї», китоби «Бирр ва сила», њадиси 1973 Бо чунин мазмун аз Расули Худо, саллаллоњу

алайњи ва саллам, њадисњои дигаре ворид гаштаанд, ки њамагї бар хайру эњсон ва садаќаву ибодат њисоб шудани таъмини нафаќаи ањли оила гувоњї медињанд.

Омўзиши бофти оила ва анъанањои оиладории тољикон дар садсолањои охир нишон медињад, ки ин таълимоти исломї ба тадриљ ба яке аз аслњои муњимми оиладории тољикон табдил гашта, мардони тољик таъмини нафаќаи оилаи худро вазифаи муњим ва аввалиндараљаи худ медонистанд. Албатта, ин њисси масъулият имрўз низ дар миёни мардони мусалмони ботаќвои кишвари мо њамчунон барпой мебошад, вале мутаассифона, солњои охир ба мушоњида мерасад, ки бо ворид гаштани баъзе арзишњои фарњангњои бегона имрўз дар љомеаи мо мардони зиёде пайдо шудаанд, ки нисбат ба оила ва таъмини нафаќаи он бемасъулиятї зоњир менамоянд.

Ин раванд хусусан, дар миёни баъзе аз мардоне, ки ба муњољирати мењнатї рафта, таъмини оилаи худро фаромўш менамоянд, ба мушоњида мерасад. Ба таври мисол, дар солњои охир ба мо садњо номаю мурољиати шифоњие мерасад, ки дар онњо љавонзанони тољик аз бемасъулиятии шавњаронашон дар таъмини нафаќаи оила шикоят карда, дар бораи чигунагии њалли ин масъала фатвои шаръї мепурсанд.

Page 75: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

74

Аз ин рў, бисёр муносиб аст, ки љавонони тољик аз хурдсолї ин таълимоти муњимми Исломро фаро гирифта, ба таври возењ бидонанд, ки аз назари дини мубини Ислом таъмини нафаќаи зану фарзанд барои мард њам масъулияти њатмии шаръї ва њам ибодату савоби бузург аст. Дарки ин таълими Ислом аз сўи мардон боиси боз њам устувортар гаштани оилањо ва боиси њарчї бењтар њимоя шудани њуќуќи занон ва кўдакон мегардад.

Њамчунин, агар хоњарони мо низ ќабл аз издивољ њуќуќњои исломии худро хуб медонистанд, ба баъзе душворињое, ки имрўз бо он рўбарўянд, гирифтор намешуданд. Падару модарон низ метавонанд ба хотири таъмин шудани ин њаќќи исломии духтаронашон ќабл аз издивољ таъмини нафаќаи духтаронро аз домодњо ба таври хаттї талаб намоянд.

Њангоми бањс дар мавриди таъмини нафаќаи зан аз тарафи шавњар баъзан аз сўи хонандагон масъалаи њаљму миќдори нафаќа ба миён гузошта мешавад. Дар ин маврид бояд гуфт, ки уламои исломї бо дар назар гирифтани шароити имрўзаи зиндагии башар дар бораи навъу миќдору њудуди нафаќаи зан хулосаи шаръии худро ироа намудаанд. Дар шароити имрўза нафаќаи зан мавридњои зеринро дар бар мегирад: хонаи зист бо ошхонаву њаммом, маводди хўрокї, либоси кофї, воситањои шустушўй ва дар сурати тавоної, хидматгор. Дар масъалаи барои зан гирифтани хидматгор бояд гуфт, ки тибќи таълимоти исломї, агар зан тавоноии иљрои корњои хонаро надошта бошад, шавњар набояд ўро ба анљоми њамаи корњо маљбур намояд. Дар чунин сурат мард бояд барои зан хидматгореро кироя карда, пули хидмати онро аз њисоби худ

Page 76: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

75

бипардозад. Дар ин масъала ва умуман, дар масъалаи њаљм, миќдор ва анвои нафаќа барои занон фаќењи машњури ањли суннат ва љамоат Вањба Зуњайлї тањќиќи муфассалеро анљом додааст, ки барои маълумоти бештар метавон ба он ва манбаъњои дигари мўътабар мурољиат намуд.(Ниг: Вањба Зуњайлї. «Фиќњи хонавода дар љањони муосир». сањ. 150-151 ё Холид Абдуррањмон Алъак. «Одоби зиндагии заношўйї дар партави Ќуръон ва Суннат», сањ. 292-295).

Муомилаи нек бо њамсар Асли дигари оиладорї, ки таълимоти исломї

риояти онро барои шавњар зарур сохтааст, њусни муошират ё муомилаи нек бо њамсар мебошад. Дар канори ин, ки Ислом мусалмононро дар њамаи њолатњо ба ахлоќи нек ва муомилаи некў њидоят мекунад, дар таълимоти ин дини мубин масъалаи муомилаи нек бо њамсар ба таври хосса зикр ва таъкид гаштааст. Муомилаи нек ба маънои риоят намудани эњтироми њамсар, озор надодани ў, хушзабониву хушахлоќї дар гуфтору муомила ва ѓайра буда, риояти он нисбат ба њамсар дар Ќуръони карим амр шудааст:

Аз матни оя:

☺ ☺ ⌧

Page 77: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

76

Тарљума: … Ва бо занон ба ваљњи писандида зиндагонї кунед, зеро агар онњоро нописанд кунед, пас, шояд шумо чизеро написандед, ки Худо дар он хайри бисёрро пайдо кунад.

Сураи «Нисо», ояи 19

Муомилаи нек бо њамсар дар таълимоти исломї

яке аз аломатњои имон ва яке аз сабабњои дар назди Худо бењтар дониста шудани банда ба њисоб меояд. Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар њадиси мубораки худ ахлоќи некро нишонаи камоли имон хонда, мардонеро, ки бо занонашон муомилаи хуб доранд, бењтарини мардон номидаанд:

Матни њадис: رة ق « ي هري ن أب ه ع ول الل ال رس نهم yال ق ا أحس ؤمنين إيمان ل الم أآم

»…خلقا وخيارآم خيارآم لنسائهم خلقاТарљума: Абуњурайра(р) гўяд: Паёмбари Худо,

саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Мўъминоне имонашон комилтар аст, ки ахлоќашон бењтар бошад. Ва бењтарини шумо онњое њастанд, ки бо њамсарони худ бењтарин рафторро дошта бошанд.

«Сунани Тирмизї», китоби «Ризоъ», њадиси 1165 ва «Муснади Имом Ањмад», њадиси 9725

Худи љаноби Пайѓамбар, саллаллоњу алайњи ва

саллам, ба унвони намунаи ахлоќи исломї, бо зану фарзандони худ некўтарин муомила дошта, ин таълимоти муњимми исломиро дар зиндагии худ амалан нишон дода буданд. Њамсари гиромии Ишон њазрати Оиша(р) дар ин маврид чунин њадиси муборакро ривоят намудаанд:

Матни њадис: ن ع« ة ع ه ائش ول الل ال رس ت ق رآم yقال ا خي ه وأن رآم ألهل رآم خي خي

»…هلي أل

Page 78: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

77

Тарљума: Оиша(р) гўяд: Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Бењтарини шумо онњое њастанд, ки бо зан ва фарзандони худ бењтарин рафторро дошта бошанд. Ва ман бо хонаводаам аз њамаи шумо рафтори бењтарро дорам.

«Сунани Тирмизї», китоби «Маноќиб», њадиси 3830, «Сунани Доримї», китоби «Никоњ», њадиси 2160

ва «Сањењи Ибни Њиббон», љилди 9, сањ. 491, њадиси 4186

Фармудањои Ислом дар мавриди зарурати

муомилаи нек ва рафтори њасана бо њамсарро хулоса намуда, фаќењи машњури ањли суннат ва љамоат Вањба Зуњайлї чунин мегўяд: «Мард дар рафтор бо њамсараш аз бењтарин калимот ва писандидатарин кирдор истифода кунад. Ва ба њељ ваљњ бо гуфтор ва рафтори худ ўро мавриди азият ва озор ќарор надињад ва ба каромат, шахсият ва манзалати ў беэњтиромї нанамояд ва бо хашм ва хушунат бо ў бархўрд накунад. Ва дар мавриди махориљи зиндагї ўро дар њадди тавон розї нигоњ дорад ва аз хасисию бахилї парњез кунад ва дар њузури ў аз занони дигар таъриф ва тамљид нанамояд».

Ниг: Вањба Зуњайлї. «Фиќњи хонавода дар љањони муосир». сањ. 139-140

Ба ин восита, аз фармудањои Ќуръони карим, њадисњои набавї ва хулосањои фуќањои бузурги исломї метавон ба рўшанї мушоњида намуд, ки дини мубини Ислом рафтору муомилаи нек бо њамсарро барои мардон вољиб сохта, ба он њамчун ба яке аз шартњои муњимми оиладорї таъкид менамояд. Агар мо рафтору муомилаи имрўзи аксари мардон бо занони худро дар партави таълимоти исломї дар бораи муомилаи нек бо њамсар арзёбї намоем, мебинем, ки мутаассифона, мардони љомеаи мо аз ин таълимоти исломї бисёр

Page 79: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

78

дур рафтаанд. Имрўзњо дар љомеаи мо њазорон мавриди хушунат ва муомилаи дурушту берањмонаи мардон нисбат ба занон ба назар мерасад, ки ин рафторњо њаргиз ба таълимоти исломї мутобиќ нестанд.

Вале дар айни замон боиси таассуф аст, ки баъзе аз созмонњои њимояи њуќуќи занон ва баъзе аз воситањои ахбори умумї муѓризона љой доштани рафтори хашину золимонаи мардон нисбат ба занонро ба таври мустаќим ва ё ба таври пардапўшона ба дини мубини Ислом рабт доданї мешаванд ва дар зењни љомеа чунин талќин мекунанд, ки гўё чунин рафтори бади мардон нисбат ба занон ба таълимот ва суннатњои исломї вобаста бошад. Вале муќоисаи ин рафтори мардон бо таълимоти исломї дар бораи муомила бо зан нишон медињад, ки баръакс, сабаби ин рафторњо мањз дур шудани мардон аз таълимоти исломї дар ин масъала мебошад.

Аз ин рў, роњи муносиби кам кардани хушунат дар оила ва бењтар кардани вазъияти занон дар оилањо ин аст, ки созмонњои њимояи њуќуќи занон ва воситањои ахбори умумї оилањои тољикро ба омўзиши амиќи таълимоти Ислом дар мавриди усул ва ахлоќи оиладорї ташвиќ намоянд ва бештар аз ин, ин таълимотро ба мардону занон омўзонанд. Он гоњ бунёди оилањои тољик бисёр устувортар ва вазъияти занон дар онњо бисёр бењтар хоњад буд. Агар чунин намекунанд, пас, худи њадафи воќеии ин созмонњои њимоятгари њуќуќи занон зери савол меояд. Зеро дар њоле, ки роњи њимояти њуќуќи занон маълум аст, онњо аз рў овардан ба ин таълимот худдорї менамоянд. Ин масъала низ љойи савол ва тааммул дорад.

Page 80: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

79

Дар бораи баъзе аз созмонњои ѓарбгарои ба истилоњ њимояи њуќуќи зан бояд гуфт, ки онњо пеш аз њама дар заминаи бењуќуќии воќеии зан дар дунёи масењият пайдо шудаанд, зеро бар тибќи урфу таълимоти масењї занон аз бисёре аз њуќуќњои асосї ва инсонї, аз љумла, аз њаќќи моликият ва њаќќи мерос мањрум буданд. Ин созмонњо дар марњалаи аввал барои касби баъзе њуќуќњо барои занони масењї сањми муайян гузоштанд, вале баъдан зери њимояти яњудиён ќарор гирифта, бар зидди Ислом ва арзишњои исломї нигаронида шуданд. Онњо бо пеш гирифтани ин шиор, ки Ислом њуќуќи занро поймол мекунад, ба тахриби арзишњои исломї оѓоз карданд ва ба тадриљ ба яке аз абзорњои фишори ѓарб бар зидди кишварњои исломї табдил шуданд. Имрўз низ баъзе аз чунин созмонњо бо номи иљрои барномањои гендерї бофти оилањои исломии тољик ва умуман, бофти љомеаи моро вайрон мекунанд, ки он барои фарњанги миллї ва барои солимии љомеаи мо оќибатњои бисёр ногувор хоњад дошт.

Ва нињоят, асли ќатъии ќуръонї, ки эњтироми занро барои мардон зарур гардонидааст, худи асли мўњтарам будани инсон аз назари Ислом аст. Худованди мутаъол дар Ќуръони карим тамоми бани башарро мўњтарам ва соњибэњтиром эълон намуда, ба ин восита эњтироми инсонро њамчун як асли таълимоти исломї барои њамагон вољиб намудааст. Ин асли исломї таълим медињад, ки инсон бояд нисбат ба њамагон, чи њамсар, чи аъзои оила, чи хешу табор, чи атрофиён ва чи ањли љомеа рафтори нек ва боэњтиромона дошта бошад, зеро Худованд фармудааст:

Аз матни оя: ⌧

Page 81: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

80

Тарљума: Ва дар воќеъ мо насли Одамро мўњтарам ва гиромї доштаем.

Сураи «Исро», ояи 70

Бо илњом аз ин фармудаи усулии ќуръонї алломаи бузургвор Иќболи Лоњурї чунин овардааст:

Одамият эњтироми одамї, Бохабар шав аз маќоми одамї. Бале, дар њаќиќат, эњтироми инсонњо яке аз

нишонањои аслии Инсон будани њар инсон аст. Ва як мусалмоне, ки аз таълимоти Ислом бохабар аст, наметавонад нисбат ба њамсар ва атрофиёни худ беэњтиром бошад.

Таъмини эњтиёљоти љинсии зан Вазифаи дигаре, ки шариати исломї бар гардани

мардон вољиб гардонидааст, таъмини эњтиёљоти љинсии њамсар мебошад. Мардон набояд тасаввур намоянд, ки робитаи љинсї бо занон фаќат барои таъмини эњтиёљу ѓаризаи љинсии мард аст, зеро ба таври табиї, занон низ ба робитаи љинсї эњтиёљ доранд ва таъмини он љузви вазифањои муњимми шавњар аст.

Бо таваљљўњ ба ин, шариати исломї мардонеро, ки дар таъмини ниёзи љинсии њамсаронашон камањаммиятї менамоянд, сарзаниш намуда, бидуни узр тарк кардани ин амалро гуноњ мењисобад. Паёмбари гиромии Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, њатто ба мардоне, ки мехостанд шабу рўз ба тоату ибодат машѓул гашта, аз њамбистарї бо занонашон худдорї намоянд, ба ин кор иљозат надода, таъкид кардаанд, ки њамсаронатон низ бар шумо њаќќ доранд ва бояд он њаќќро таъмин намоед:

Матни њадис:

Page 82: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

81

ه « ول الل ي رس عن عبد الله بن عمرو بن العاص رضي الله عنهما قال لy ه ول الل ا رس ى ي ت بل ل فقل وم اللي يا عبد الله ألم أخبر أنك تصوم النهار وتق

ا تفعل صم القال ف ك حق ك علي ا وإن لعين ك حق دك علي وأفطر وقم ونم فإن لجس »...وإن لزوجك عليك حقا

Тарљума: Аз Абдуллоњ ибни Амр(р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармудаанд: Эй Абдуллоњ, шунидаам, њамаи рўзњоро рўза мегирї ва бисёре аз ваќти шабро ба намози шаб мепардозї, оё дуруст аст? Гуфтам: Бале, дуруст аст, ё Расулаллоњ. Паёмбар, саллаллоњу алай-њи ва саллам, фармуданд: Ин корро накун. Гоње бархе аз рўзњоро рўза бигир ва бархе рўзњо не, бархе аз шабро намоз бихон ва дар ќисмати дигараш бихоб. Зеро љисм, чашмон ва њамсарат њар кадом њаќќ ва њуќуќе бар гардани ту доранд ва њаќќи њар кадомро ба хубї адо кун ...»

«Сањењи Бухорї», китоби «Савм», њадиси 1975 ва «Сањењи Муслим», китоби «Сиём», њадиси 2618

Њамбистарии њалолу мураттаб бо зан на танњо боиси бароварда шудани ниёзњои љинсии зану шавњар мешавад, балки муњаббати дуљонибаро афзуда, боиси тањкими оила ва њамчунин, боиси ба роњи њаром нарафтани њамсарон мегардад. Аз ин рў, дар шариати исломї њамбистарї бо њамсар њамчун ибодат ва кори нек дониста шуда, анљоми он боиси аљри илоњї ва савоб мегардад. Чуноне ки дар ин бора дар њадиси шариф омадааст:

Аз матни њадис: دنا وفي بضع أحدآم صدقة قالوا يا رسول ال …عن أبي ذر « أتي أح له أي

ا ه فيه ان علي رام أآ ي ح عها ف و وض تم ل ال أرأي ر ق ا أج ه فيه شهوته ويكون ل »ل آان له أجراالوزر فكذلك إذا وضعها في الح

Тарљума: Абузари Ѓиффорї(р) гўяд: Аз Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, шунидам, ки фармуданд: Њамбистарии шумо бо њамсарони худ

Page 83: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

82

эњсон ва садаќа аст. Хидмати Ишон гуфта шуд: Ё Расулаллоњ, мо ки ба хотири таъмини ѓаризаи шањвонии худ бо њамсаронамон њамбистар мешавем, боз савобу подоши ухравї њам хоњем гирифт? Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Агар аз роњи њаром ин корро анљом медодед, магар гунањкор ва мавриди азоби Худованд ќарор намегирифтед? Ва адои ин масъулият аз тариќи њалол (никоњ)њам дорои аљр ва савоб аст».

«Сањењи Муслим», китоби «Закот», њадиси 2218 ва «Муснади Имом Ањмад», њадиси 20508

Аз рўзгори халифаи бузурги мусалмонон њазрати

Умар(р) низ наќл шудааст, ки ишон бар риояти њуќуќи њамсар дар ин масъала таъкиди љиддї доштаанд. Дар ривояте, ки Каъб онро овардааст, чунин омадааст: «Боре њазрати Умар(р) миёни зан ва шавњаре доварї мекард, ба шавњари он зан фармуд: Ин зан бар ту њаќ ва њуќуќе дорад, агар мехоњї, њаќќи ўро муроот кунї ва адолатро риоят намої, њадди аќалл њар чањор рўз як бор бо ў њамбистарї кун ва аз мушкилот ва нороњатии ў пешгирї бинамо».

(Ниг: Вањба Зуњайлї. «Фиќњи хонавода дар љањони муосир». сањ. 143-145)

Албатта, њадди аќалл дар чањор рўз як бор

њамбистарї кардан барои мардони миёнсол ва пирсол кифоят мекунад, вале барои мардону занони љавон бењтар аст, ки бештар њамбистарї намоянд. Ин амал њам барои рўњияи онњо бисёр муфид аст ва њам ба ин восита савоби бештар низ мегиранд.

Фаќењони исломї низ дар пайравї аз ин таълимоти исломї дар ин маврид фатвою хулосањои ќатъї содир намудаанд. Аз љумла, фаќењи бузурги ањли суннат ва љамоат Ибни Ќудома дар ин масъала

Page 84: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

83

мегўяд: «Њар гоњ мард узри воќеї надошта бошад, њамбистарї бо њамсараш бар ў вољиб аст». Њазрати Имом Молик(р) низ њамин назарро дорад.

Ба ин восита шариати исломї таъмини ниёзњои љинсии занро низ љузви вазифањои њатмии мард дар оила эълон намуда, ба риояти ин њуќуќ аз тарафи мардон таъкид менамояд. Барои ошноии бештар ба назари Ислом дар мавриди њукми заношўї ва њамбистарї бо њамсар метавон ба манбаъњои зерин нигоњ кард: Имом Муњаммади Ѓаззолї, «Эњёу улуми-д-дин», љилди 2, сањ. 50; Ибни Ќайим, «Зоду-л-маъод», љилди 4, сањ. 249-250; Юсуф Ќарзовї, «Дидгоњњои фиќњии муосир», љилди 1, сањ. 604-615 ва ѓ.

Њифзи асрори заношўї

Ва нињоят, вазифаи дигаре, ки дар таълимоти

исломї мард дар баробари њамсари худ дорад, њифз намудани сирри оила ва хусусан, асрори заношўї мебошад. Яъне, шариати исломї ба мардон манъ кардааст, ки баъди њамбистарї бо занонашон дар бораи масъалањои хусусию оилавии худ назди дигарон сухан гўянд ва ба дигарон чизе наќл кунанд. Паёмбари Акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, ин гуна мардонро аз љумлаи мардони дўзахї хонда, дар ин бора дар њадиси шарифи худ чунин хабар додаанд:

Матни њадис: ال « ول ق دري يق عيد الخ ا س معت أب ال س عد ق ن س رحمن ب د ال دثنا عب حى yالله رسول إن من أشر الناس عند الله منزلة يوم القيامة الرجل يفضي إل

»امرأته وتفضي إليه ثم ينشر سرهاТарљума: Аз Абусаъиди Хударї(р) ривоят

шудааст, ки Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Бадтарин љойгоњи рўзи Ќиёмат

Page 85: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

84

мутаалиќ ба мардоне аст, ки бо њамсарони худ њамбистар мешаванд ва сипас асрори њамбистариро ба дигарон бозгў менамоянд.

«Сањењи Муслим», китоби «Никоњ», њадиси 3432, «Сунани Абудовуд», китоби «Адаб», њадиси 4870

ва «Муснади Имом Ањмад», њадиси 11228

Агар ба фарњанги анъанавии мардуми тољик дар масъалаи оиладорї таваљљўњ намоем, метавон мушоњида намуд, ки ин таълими исломї дар фарњанги мардуми мо ба таври амиќ љой гирифта, аз тарафи аксари мардони мусалмони баномуси тољик риоят мешуд. Дар урфи тољикї мардон њаргиз дар њузури дигарон дар бораи хусусиятњои њамсари худ њарф намезаданд ва њатто аз гирифтани номи њамсарашон худдорї менамуданд. Мардони баномус на танњо дар бораи айбу нуќсони њамсаронашон, балки дар бораи њусну сифатњои хуби онњо низ дар њузури мардони дигар сухан намегуфтанд.

Ин суннат дар фарњанги мардони тољик то љое амиќ аст, ки онњо њатто њангоми ба зарурат сухан гуфтан дар бораи њамсарашон аз истилоњњое чун «оилаам», «очаи бачањо», «модари кўдакон» ва њатто «кампир» истифода менамоянд. Масалан, гуфта мешавад: Имрўз бо «бачањо» ба шањр рафтем. Ё имрўз њамроњи «кампир» ба бозор рафтам. Истифо-даи ин истилоњњо њаргиз ба маънои ор кардан аз ёдоварии зани худ ё тањќири ў нест, балки гўянда ба таври зарифе талош мекунад, ки таваљљўњи шунавандаро ба њамсари худ љалб накунад. Фаразан, агар мард дар њузури дигарон гўяд, ки имрўз бо зани љавону зебою нозанинам ба шањр рафтам, ба таври равонї таваљљўњи шунавандагон ба њамсари ў љалб мешавад. Вале дар суннати тољикон марди баномус њаргиз чунин намекунад, зеро њамсар њамчун хазина

Page 86: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

85

ва сирри бузурги мард аст ва марди њаќиќї тамоми талошашро барои њифзи ў анљом медињад.

Дар тўли садсолањо ин таълимоти исломї ба фарњанги рўзмарра ва одии мардуми тољик табдил гашта, одатан ба таври нохудогоњ иљро мешавад. Вале, мутаассифона, имрўз дар љомеаи мо мардоне пайдо шудаанд, ки ба њифзи њарими занону худ чандон таваљљўње надоранд ва њатто, аз мавриди диди дигарон ќарор гирифтани бадани нимаурёни занњояшон парвое намекунанд. Аммо, Худоро шукр, аксарияти мардуми мусалмони тољик суннати исломї дар мавриди њифзи њариму эњтироми занони худро риоят менамоянд, ки ин як суннати нек ва яке аз сабабњои устувории оилањои мусалмонон мегардад.

Њуќуќњои шавњар дар назди њамсар

Ба ин восита, дар бахши пешин маълум гашт, ки

шариати исломї ба дўши мардон як силсила вазифаю ўњдадорињои мушаххасеро нисбат ба њамсарони худ гузоштааст. Табиист, ки риояти ин вазифањо аз сўи мардон боиси хушбахтї ва устувории оила хоњад буд. Дар айни замон, дини мубини Ислом барои занон низ як силсила вазифаю масъулиятњоеро таъйин намудааст, ки бояд нисбат ба шавњарони худ ба љой оваранд. Яъне, дар таълимоти исломї мардон низ як силсила њуќуќи мушаххасе доранд, ки риояти он аз тарафи занон њатмї мебошад. Дар ин ќисмат њамин њуќуќњои мардон нисбат ба занон ва ё вазифаю масъулияти занон дар баробари мардонро ба таври бисёр мухтасар баррасї менамоем.

Page 87: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

86

Масъалаи итоат аз шавњар ва сарпарастии оила

Нахустин ва муњимтарин њуќуќе, ки мутобиќи

таълимоти исломї мард дар хонавода дорад, роњбарї ва сарпарастии оила мебошад. Мард дар таълимоти исломї масъул аст, ки хонаводаро дар чорчўби шариати исломї роњбарї, таъмин, њимоят ва тарбият намояд, шароити рушду иззату амнияту оромиши онро фароњам оварад. Ин њуќуќ ва масъулияти мард њам дар Ќуръони карим, њам дар њадисњои набавї ва њам дар таълимоти мактабњои фиќњии исломї ба таври возењ омадааст.

Вале аз сабаби он, ки ин масъалаи бисёр муњимм маънову фалсафа ва чорчўбу нозукињои хосси худро дорад, пањлўњои гуногуни он чи дар адабиёти фиќњї, чи дар адабиёти илмии исломшиносї ва чи дар адабиёти таблиѓии шарќиву ѓарбї мавриди бештарин бањсу баррасињо ќарор гирифтааст. Сабаби роњбари оила донистани мард чист, њокимияти мард бар зан дар кадом њадд аст, оё фармонбардории зан аз мард њатмист, њукми роњбарии мард фаќат ба оила марбут аст ё ба тамоми зиндагиву фаъолияти зан? Инњо саволњоеанд, ки борњо гузошта шуда, борњо садо медињанд. Хусусан, дар замони муосир, ки фаъолияти созмонњои њуќуќи занон дар љомеањои мо низ љоннок гаштааст, ин саволњо гоње ба таври табиї ва бисёр ваќтњо ба таври ѓаразнок матрањ мегарданд.

Масъалаи сарварї ва тасаллути мардон нисбати занон дар Ќуръони карим чунин омадааст:

Page 88: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

87

Аз матни оя:

☺ ⌧

... Тарљума: Мардон аз он љињат, ки Худо баъзеро

бар баъзе бартарї додааст ва аз он љињат, ки аз моли худ (ба занон) харљ мекунанд, бар занон сарпарастї доранд.

Сураи «Нисо», ояи 34

Ин ояи карима муњимтарин далелест, ки наќши мардонро нисбат ба занон таъйин ва эълом мекунад. Аз ин рў, фањми дурусти он маъно ва пањлўњои гуногуни масъалаи сарварии мардон бар занонро рўшан месозад. Љињати фањми дурусту рўшани ин оя бояд ба нуктањои зерин мурољиат шавад:

1. Калимаи «قوامون» (ќаввомун), ки дар ин оя истифода шудааст, љамъи калимаи «ќаввом» буда, аз решаи ќиём ба маънои ќиёмкарда, яъне истода мебошад. Ин калима вобаста ба љои истифодааш метавонад маъноњои гуногун гирад, вале маънои маъмултарини он масъулият, сарпарастї, идора намудан, ба дўш доштани раёсати корњо ва ўњдадорї мебошад. Масалан, ваќте ки дар мавриди Худованд сифати ќайюм истифода мешавад, он ба маънои устувор бар зоти худ ва нигоњдорандаи низоми њастї аст.

Бо таваљљўњ ба ин, маънои куллии ибораи ќуръонии «мардон бар занон ќаввомият доранд» ин

Page 89: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

88

аст, ки мардон бар занон сарпарастї доранд, масъули умури занон ва вазифадори нигањдорї ва таъмини занон њастанд. Ва чун як маънои калимаи «ќаввом» устуворист, метавон гуфт, ки мардон бењтарин ва устувортарин масъул, сарпараст ва пуштибон барои занон њастанд.

2. Дар айни замон, яке аз муњимтарин ќоидањои усулии таълимоти исломї иборат аз он аст, ки њељ бандае бар бандаи дигаре њукумат ва тасаллути мутлаќ надорад. Яъне, њукумату тасаллути њељ инсоне бар инсони дигар мутлаќ нест. Ислом дар ин њадиси сањењи набавї њадди болотарини итоати як инсон аз инсони дигарро чунин муайян намудааст:

Матн: » طاعة في معصية إنما الطاعة في المعروفال …«

Тарљума: «Дар кори гуноњу маъсият итоат мумкин нест,

балки итоат фаќат дар кори хубу маъруф аст». «Сањењи Бухорї», китоби «Ахбори оњод», њадиси 7257 ва

бо њамин мазмун ниг: «Сањењи Муслим», китоби «Иморат», њадиси 4658, «Муснади Имом Ањмад», њадисњои 1041 ва 19732 ва

«Сунани Байњаќии Кубро», љилди 3, сањ.121, њадиси 5085

Пас, итоати зан аз мард низ мафњуми мутлаќ

набуда, фаќат дар доираи фармудаи Худованд аст ва ба ибораи дигар, њукумату тасаллути мард бар зан низ моњияти мутлаќ надошта, дар доираи шариати исломї мањдуд мешавад. Аз ин рў, ин њукми шаръї њаргиз маънои њукумати мутлаќи мардон бар занон ва итоати мутлаќи занон аз мардонро намедињад. Яъне, мард наметавонад дар коре ѓайришаръї итоати занро талаб намояд ва ё зан наметавонад ва

Page 90: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

89

набояд аз хоставу фармони ѓайришаръии мард итоат бикунад. Масалан, мард наметавонад занро аз хондани намоз ё пўшидани њиљоб манъ кунад ва ё зан низ вазифадор нест, ки аз чунин фармонњои зиддишаръии шавњараш итоат намояд. Хулоса, масъалаи њукумату сарварии мардон бар занон фаќат дар доираи шариати исломї муайян шудааст.

3. Аксари муфассирони гиромии Ислом маънои ќаввомият ё њукумати мард бар занро ба маънои масъулият ва љавобгарии мард нисбат ба вазъияти зан донистаанд. Чи матни ин ояи карима ва чи матни ояву њадисњои дигар бар дўши мардон як силсила вазифањоеро нињодаанд, ки дар кулл, масъулияти бисёр калону љиддї доштани мардон дар баробари занонро ифода мекунанд. Худи ояи 34-уми сураи «Нисо», ки мавриди тањлил аст, яке аз сабабњои асосии бар занон ќаввомият ё сарпарастї доштани мардонро дар масъули таъмини нафаќаи зан будани мард медонад. Яъне, чун мард масъули аз њисоби моли худ таъмини намудани нафаќаи зан аст, ў дар нисбати зан масъулият ва сарпарастї дорад.

Бисёре аз муфассирон ин нуктаро то андозае муњим донистаанд, ки ба ќавли онњо, дар сурати аз ўњдаи таъмини нафаќа набаромадан, мард њаќќи сарпарастии худ бар занро аз даст медињад. Масалан, муфассири бузургвори ањли суннат ва љамоат Имом Ќуртубї дар ин маврид мефармояд: «Њар гоњ мард аз пардохти нафаќа ва адои масъулиятњои худ нотавон бошад, њаќќи сарпарастї нисбат ба занро аз даст медињад.»

Муњаммад ибни Ањмади Ќуртубї. «Тафсири Ќуртубї» , љилди 5, сањ. 169

Page 91: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

90

Дар ин њолат, зан њаќќ дорад, ки ба додгоњи

шаръї мурољиат намуда, бекор кардани никоњро талаб намояд.

Имом Табарї низ дар тафсири бузурги худ сабаби ќаввомияти мардон бар занонро чунин шарњ додааст: «Имтиёзи мардон ба иллати пардохти мањрия ва нафаќа ва бар дўш гирифтани масъулияти хонавода аст».

Муњаммад ибни Љарир. «Тафсири Табарї», љилди 5, сањ.57

Ин наќши масъулонаи мард дар хонавода дар

Суннати набавї низ мушаххасан таъкид гаштааст, ки аз љумла, њадиси зерин далели он аст: «Њамаи шумо масъул њастед ва дар муќобили мардум масъулият доред. Њар роњбаре нисбат ба мардуми мамлакати худ масъулият дорад ва њар марди хонавода дар баробари аъзои оилаи худ масъул аст ва њар зан низ масъулияти нигањдории манзили шавњар ва фарзандонро бар зимма дорад ва њар зердаст масъули нигањдории молу сарвати соњибмулкаш аст. Бидонед! Њамаи шумо масъул њастед ва дар баробари зердастони худ масъулият доред.

«Сањењи Бухорї», китоби «Итќ» њадиси 2554 ва «Сањењи Муслим», китоби «Имора», њадиси 4617

4. Сабаби дуюми нисбат ба зан сарпарастї ё

ќаввомият доштани мардро ин ояи ќуръонї нисбат ба зан баъзе бартарињо ва нуктањои ќувват доштани мард донистааст. Ин бартарињо пеш аз њама дар ќудрату ќувваи љисмонии бештар, љуръату љасорат, њисси талошу муборизаи бештар доштани мард ифода мегардад, ки аз назари илми муосир низ дар ин маврид њељ бањсу шакке нест. Табиист, ки мард бо

Page 92: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

91

ин бартарињои табиии худ барои њимояи оила аз тањдиду хатарњо, њалли мушкилоти гуногуни зиндагї, таъмини маоши хонавода, таъмини хонаву сарпаноњ ва дар кулл, таъмини амнияту оромиши оила имконоти бештар дорад. Ин аст, ки Худованди мутаъол ин имконоту бартарињои мардро ба вазифаву масъулияти ў табдил дода, мардро масъули сарпарастї ва таъмини маошу оромиши зан таъйин намудааст. Бо таваљљўњ ба ин воќеият, занон ин наќши табиии мардонро дар хонавода бояд љиддї бигиранд ва ќабул намоянд, вагарна оила вайрон ва зиндагї зиндон хоњад буд. Чунон ки Шайх Саъдии бузургвор фармудааст:

Саодат барафтад аз он хонадон, Ки бонги хурўс ояд аз мокиён. Дари хуррамї бар сарое бубанд, Ки бонги зан аз вай барояд баланд.

5. Дар айни замон, бояд таваљљўњ намуд, ки дар

ин ояи карима Худованд дар бораи фазилати баъзе бар баъзе сухан мегўяд, ки онро метавон њамчун фазилату бартарињои дуљонибаи зан ва мард фањмид. Дар ин оя Худованд ба таври мушаххас намегўяд, ки мардон бар занон бартарї доранд, балки мањз ибораи «баъзе бар баъзе»-ро истифода менамояд. Яъне, метавон гуфт, ки чунон ки мардон нисбат ба занон бо баъзе сифатњои мардонаи худ бартарї доранд, занон низ нисбат ба мардон бо баъзе сифатњои хосси занонаи худ афзалият доранд. Масалан, сифатњои чун мењр, њусн, отифа, эњсос, зебоишиносї, назокат, сабр ва ѓайра дар занон басе барљастатар аз мардон мебошанд ва љое, ки ин сифатњо коромад доранд, њатман занон нисбат ба

Page 93: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

92

мардон бартарї хоњанд дошт. Аз ин рў, занон низ ба таври табиї ва фитрї нисбат ба мардон як силсила бартарињо доранд. Вале тањлилу муќоисаи маљмўи ин тафовуту бартарињои дуљониба низ далолат ба он мекунад, ки мардон дар корњои хонавода наќши масъул ва сарпарастро дошта бошанд, то маошу амнияти хонавода таъмин бошад ва зан дар оромишу осудагї ба сар барад.

6. Дар канори њамаи бањсњои овардашуда асли дигаре, ки бар тибќи таълимоти исломї муносибати марду занро дар оила танзим мекунад, асли шўро ва машварат аст. Ин асли исломї чи дар умури хонавода ва чи дар умури давлатдорї барои мусалмонон таъкид гашта, яке аз равишњои бењтарини њалли масъалаву мушкилот ба њисоб меравад. Худованд машварат кардан бо њамдигарро яке аз сифатњои ањли имон муаррифї намуда, мефармояд:

Аз матни оя:

Тарљума: Онњо корњояшонро бо машварат њаллу

фасл менамоянд. Сураи «Шўро», ояи 38

Њамин тавр, дар оилае, ки зану шавњар бо

њамдигар машварат намоянд, ихтилоф њарчї камтар гашта, масъалањо бо ризояти њамдигар њал мешаванд ва чунин оила устувор аст. Санадњои бешумори таърихї гувоњанд, ки бар тибќи ин дастури ќуръонї Паёмбари гиромии Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар корњо бо асњоб ва њамсарони худ машварат менамуд. Маъмулан, занони оќилу бофарњанг мушовирони хубу беѓарази њамсарони худ мебошанд ва ин гуна занон ба хотири

Page 94: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

93

њифзи назми хонавода ва љомеа талош намуда, бо машваратњои некўи худ њам љомеа ва њам фарзандонашонро ба хубї тарбият мекунанд.

Масалан, бар тибќи таълими исломї (сураи «Баќара», ояи 228), мардон бояд дар масъалаи шир додан ва ё аз шир људо кардани фарзанд ва њатто, дар њолати талоќ будани зан, дар масъалаи сарнавишти кўдак бо њамсарашон машварат намоянд ва дар ин масъала назари якљонибаи зан ё шавњар дар алоњидагї эътибор надорад. Модоме ки Ислом њатто бо зани талоќшуда машварат намудани мардро таъкид мекунад, табиист, ки машварат бо зани дар никоњ будааш боз њам њатмитар аст. Умуман, дар таълимоти исломї оила як шўрои хурдест, ки зану фарзандон аъзои соњибњуќуќи ин шўро буда, мард наќши раиси шўроро ба ўњда дорад. Бале, дар фаъолияти њар шўро лањзањои њассос ва сарнавиштсозе њастанд, ки раиси шўро бояд тасмими ќатъї бигирад, вале аксари умур аз тариќи машварат њаллу фасл мегарданд. Ин аст тарзи фаъолият ва танзими як оилаи исломї.

Њамин тавр, аз маљмўи нуктањои овардашуда

метавон хулоса гирифт, ки мафњуми ќаввомият ё сарпарастии мардон бар занон як мафњуми мутлаќ набуда, он пеш аз њама дар њудуди таълимоти шариати исломї ва дар доираи хонавода ва робитањои оилавї амал мекунад. Илова бар ин, ќаввомият навъе масъулият буда, як силсила вазифаю ўњдадорињои љиддиро ба дўши мард мегузорад. Зарурати ќаввомият, сарпарастї ва масъулияти мард нисбат ба зан ба фитрату хусусиятњои табии марду зан низ мувофиќ буда, дар кулл, ба дўши мардон ќарор доштани сарпарастї

Page 95: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

94

пеш аз њама ба нафъи занон аст. Ва агар занони мо тамоми фалсафа ва љанбањои муфиди ин масъаларо ба дурустї дарк намоянд, худ њатман барои татбиќи ин амри ќуръонї талош хоњанд кард.

Таъмини ниёзњои љинсии шавњар

Вазифа ва масъулияти дигаре, ки зан дар

баробари шавњар дорад, таъмини ниёзњои љинсии ў мебошад. Дини мубини Ислом талабот ва ниёзњои љинсиро эътироф намуда, чунон ки мардро барои таъмини ниёзњои љинсии зан вазифадор мекунад, занро низ барои баровардани ниёзњои љинсии мард вазифадор намудааст.

Аз ин рў, таъмини ниёзњои љинсї яке аз њуќуќњои мард дар баробари зан ба њисоб меояд ва аз ин назар зан вазифадор аст, ки ин њуќуќи њамсарашро риоят ва таъмин намояд. Дар њадиси набавї дар ин бора аз љумла омадааст:

Матни њадис: در عن قيس « حدثنا هناد حدثنا مالزم بن عمرو قال حدثني عبد اهللا بن ب

ال رسول اهللا ال ق ي ق ن عل ه طلق ب ه y بن طلق عن أبي ا زوجت إذا الرجل دع »…لحاجته فلتأته وإن آانت على التنور

Тарљума: Њар гоњ марде аз њамсараш дархости њамхобї кунад, зан бояд њарчанд дар сари танўр њам бошад, ба ў посухи мусбат дињад.

«Сунани Тирмизї», китоби «Ризоъ», њадиси 1163

Бо таваљљўњ ба ин, шариати исломї занонро аз

беэътиної ба талаботи љинсии шавњарашон манъ намуда, бидуни узр таъмин накардани онро гуноњи азим мешуморад, зеро ин амал метавонад боиси сардии робитаи оилавї ва ба роњњои инњирофї ва ѓайришаръї рафтани шавњар гардад. Паёмбари

Page 96: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

95

акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар њадиси мубораки худ дар ин бора мефармоянд:

Матни њадис: إذا دعا الرجل yعن أبي هريرة رضي الله عنه قال قال رسول الله «

»…ئكة حتى تصبح الامرأته إلى فراشه فأبت فبات غضبان عليها لعنتها المТарљума: Абуњурайра(р) гўяд: Паёмбари Худо,

саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Њар гоњ марде ба њамсараш пешнињоди њамхобагї намояд ва зан онро радд кунад ва мард хашмнок шабро рўз намояд, фариштагон то сањар ба ин зан лаънат мефиристанд.

«Сањењи Бухорї», китоби «Бадаа-л-халќ», њадиси 3237

ва «Сањењи Муслим», китоби «Никоњ», њадиси 3431

Албата, ин талабот ба њолате дахл дорад, ки зан

узри шаръї (њайз ё нифос) надошта бошад ва ё бемор набошад.

Тибќи таълимоти исломї риоят ва таъмини ин њуќуќи мард аз тарафи занон то дараљае њассос ва муњим аст, ки њангоми дар хона будани мард зан њатто њаќ надорад, ки бе иљозати ў рўзаи нофила бигирад. Гарчи доштани рўзаи нафл, яъне рўзаи ѓайрифарзии берун аз моњи Рамазон низ ибодат ва кори савоб аст, вале барои занон савоби риоят ва таъмини њуќуќи љинсии шавњарашон нисбат ба савоби рўзаи нофила болотар аст. Ин њукми шариат дар њадиси зерин баён шудааст:

Аз матни њадис: رأة القال yعن أبي هريرة رضي الله عنه أن رسول الله « يحل للم

»…بإذنه الأن تصوم وزوجها شاهد إТарљума: Абуњурайра(р) гўяд: Паёмбари Худо,

саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Зан њангоме

Page 97: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

96

ки шавњараш дар хона њузур дорад, бидуни иљозаи ў рўза (рўзаи нафлї) нагирад.

«Сањењи Бухорї», китоби «Никоњ», њадиси 5195 ва «Сањењи Муслим», китоби «Закот», њадиси 2259

Дар канори њамаи ин, дар таълимоти исломї

њамбистарї бо њамсар ва аз ин роњ бароварда намудани ниёзњои љинсии якдигар навъе ибодат њисоб шуда, њамсарон барои ин амал аљру савоби бузург мегиранд.

Аз матни њадис:

ال « أتي … yي النبق ه أي ول الل ا رس الوا ي دقة ق دآم ص ع أح ي بض وفه ان علي رام أآ ي ح عها ف و وض تم ل ال أرأي ر ق أحدنا شهوته ويكون له فيها أج

»أجرا ل آان لهالفيها وزر فكذلك إذا وضعها في الحТарљума: Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва

саллам, фармуданд: Њамбистарии шумо бо њамсарони худ эњсон ва садаќа аст. Аз Ишон пурсиданд: Ё Расулаллоњ, мо ки ба хотири таъмини ниёзи табиии худ бо њамсаронамон њамбистар мешавем, подоши ухравї њам хоњем дошт? Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Агар аз роњи њаром ин корро анљом медодед, магар мавриди љазо ќарор намегирифтед? Ва адои ин масъулият аз тариќи њалол ва раво њам дорои аљр ва подош аст.

«Сањењи Муслим», китоби «Закот», њадиси 2218 ва «Муснади Имом Ањмад», њадиси 20508

Иљрои корњои хона ва омода намудани хўрок

Яке аз бањсњои бисёр васеъ ва љиддие, ки дар

масъалаи њуќуќи зану шавњар нисбати њамдигар матрањ аст, анљоми корњои хона мебошад. Яъне, кї бояд корњои хонаро анљом дињад, зан ё мард?

Page 98: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

97

Мувофиќи суннати исломї ва назари аксари фуќањои исломї, таќсими масъулияту корњо байни зану мард дар оила чунин аст, ки мардон аксаран корњои беруни хонаро анљом дода, занон бештар корњои даруни хонаро ба дўш мегиранд. Ба ин корњо хусусан, нигоњубини кўдакон дар хона, тозаву озода нигоњ доштани хона, шустани либосњо ва омода намудани хўрок дохил мешаванд.

Чун ин масъала хусусан, дар олами муосири исломї мавриди бањсњои васеъ ќарор гирифтааст, зарур аст, ки дар атрофи он чанд нуктаи мушаххасро ироа намоем:

1. Аксари олимони исломї ба ин назаранд, ки дар Ќуръони карим оя ва санади мустаќими далолаткунада бар таќсими корњои даруну беруни хона байни зану мард наомадааст. Вале баъзе аз фаќењони исломї асоси чунин таќсимро пеш аз њама дар матни ояи 228-уми сураи «Баќара» медонанд, ки дар он чунин омадааст:

Аз матни оя:

Тарљума: Занон њуќуќњои муайяне доранд, њамон

гуна ки масъулиятњои муайяне низ доранд. Сураи «Баќара», ояи 228

2. Вале гарчи ояи зикршудаи ќуръонї ба таври

мустаќим таќсими корњои хона ва беруни хонаро байни занон ва мардон баён накунад, дар суннати набавї ин масъала ба таври мушаххас баён шудааст. Масалан, бар тибќи санадњои таърихї, ваќте Њазрати Фотима(р)-ро ба шавњар доданд, Расули акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар рўзи дуюми зиндагии мустаќили онњо ба манзили онњо рафта,

Page 99: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

98

зану шавњарро канори њам нишонда, ба онњо чунин фармуданд, ки бояд корњои даруни хонаро Фотима(р) ва корњои берун аз хонаро Алї(р) анљом бидињад. Ин таќсими корњо байни зан ва шавњар, ки Паёмбари гиромї фармуданд, асоси устувори шаръї дар њалли ин масъала мебошад. (Дар ин маврид метавон ба китоби Юсуф Ќарзовї. «Дидгоњњои фиќњии муосир», љилди 1, сањ. 595-597 мурољиат намуд)

3. Чунин таќсими кор байни зану мард дар оила ба адолат наздиктар аст, зеро тибќи таълимоти шариати исломї мардон дар оила сарпарастї дошта, аз љумла, вазифадоранд, ки нафаќа ва тамоми харљи зиндагии зан ва оиларо таъмин намоянд. Иљрои чунин масъулият аксаран таќозо мекунад, ки мард аз хона берун рафта, дунболи касбу кор шавад ва барои дарёфт ва таъмини нафаќаи оила талош намояд. Дар чунин сурат, агар корњои зикршудаи даруни хона низ бар ўњдаи мард мебуд, аксари онњо иљро нашуда мемонд, зеро чунон ки гуфта шуд, мард маљбур аст, ки барои анљом додани масъулияти шаръї ва оилавии худ берун аз хона кор кунад. Аз ин рў, аз тарафи зан иљро шудани корњои даруни хона њам ба адолат мутобиќ буда, њам боиси ободии хонадон ва имконпазир гаштани идомаи зиндагии оилавї мегардад.

4. Таќсими корњои дарун ва беруни хона байни зан ва мард ба фитрат, истеъдод ва имконоти табиии зан ва мард низ мувофиќ мебошад. Зеро аксари корњои берун аз хона корњои сангину зањматталаб буда, анљом додани онњо нирўи љисмонии бештар мехоњад, ки машѓул шудани занон ба он чандон писандида нест. Бар хилофи ин, корњои даруни хона, бо вуљуди мушкил буданашон, истеъдодњои хосси

Page 100: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

99

занона мисли зебоишиносї, покизагї, латофат ва сабру њавсалаи зиёдро талаб мекунанд, ки дар ин масъалњо занон бисёр тавонотар аз мардон мебошанд. Аз ин рў, ваќте ки корњои хона аз тарафи занон анљом мешавад, он бо сифати бисёр бењтар ба анљом мерасад.

Албатта, имрўз дар љомеањои ѓарбї баъзе мардон корњои хона, мисли шустани либос, зарфшўї, рўбучини манзил, нигоњубини кўдак ва ѓайраро анљом медињанд. Баъзе аз занони тољик низ ин корњоро аз тариќи телевизон мушоњида намуда, аз мардњои худ талаб мекунанд, ки чунин рафтор намоянд ва ин амал боиси ихтилофњои зиёд дар оилањои мо мегардад.

Вале хоњарони мусалмони мо набояд ба таври кўркўрона ба шеваи зиндагии ѓарбиён таќлид намоянд, зеро дар натиља тамоми суннатњои бењтарин ва арзишманди оиладории миллї ва исломиро аз даст хоњем дод. Хоњарони мусалмони мо дар масъалањои оиладорї бояд пеш аз њама ба Њазрати Хадиљаи Кубро(р), Њазрати Оиша(р) ва Њазрати Фотимаи Зањро(р) пайравї намоянд, ки онњо бењтарин намунањои фарњанги оиладорї ва ахлоќи занонаро аз худ ёдгор гузоштаанд. Чунон ки Аллома Иќбол дар васфи Њазрати Батул, яъне Фотимаи Зањро(р) мефармоянд:

Мазраи таслимро њосил Батул, Модаронро усваи комил Батул. Нуреву њам оташе фармонбараш, Гум ризояш дар ризои шавњараш. Фаќењи бузургвори ањли суннат ва љамоат Вањба

Зуњайлї дар мавриди ин масъала ба таври иљмолї

Page 101: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

100

чунин мефармояд: «Адолати исломї инро таќозо мекунад, ки корњо ва масъулиятњои рўзмараи зиндагї бар асоси фитрат, табиат ва тавоноии хосси њар як, миёни онњо таќсим шавад. Дар њамин робита аст, ки корњои берун аз хонаро ба мардон ва корњои даруни хонаро ба занон супурдааст ва инро аз рафтори Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар мавриди њазрати Алї ва њазрати Фотима метавон фањмид....».

Ниг: Вањба Зуњайлї. «Фиќњи хонавода дар љањони муосир», сањ. 361

5. Аммо бар тибќи таълими шариати исломї ин таќсими кор байни зан ва мард дар оила мутлаќ набуда, он бояд дар асоси њамдигарфањмї ва муоширати нек анљом бишавад. Зану шавњар метавонанд ва бояд бино бар имконот ва заруратњои оилавї дар иљрои вазифањои њамдигар ёрї ва мусоидат намоянд. Яъне, набояд гирифтори чунин зењният шуд, ки тамоми корњои дохили хона корњои моњиятан занона буда, мардон набояд ба он машѓул бошанд. Мављудияти чунин тафаккур, ки аз љумла, миёни бахше аз мардони тољик низ мушоњида мешавад, аз љумлаи таълимоти исломї набуда, навъе пиндори хурофї мебошад. Масалан, агар мард дар хона бошад, метавонад њангоми ба рўфтани хона ва ё пухтани хўрок машѓул шудани зан, кўдакро нигоњубин намояд. Ё агар њунари онро дошта бошад, метавонад дар омода намудани хўрок ба зан ёрї расонад. Чунин њамкорї ва кумак на танњо шаъни мардро кам намекунад, балки пайванду муњаббати оиларо боз њам устувортар менамояд.

6. Вале ба ўњдаи зан будани корњои даруни хонавода ба он маъно нест, ки зан њамчун хидматгор тамоми ваќти худро сарфи ин корњо намуда, осеби

Page 102: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

101

рўњї ва љисмї бинад. Мард низ бояд риоят намояд, ки корњои хона аз тавони зан бештар набошанд. Масалан, агар мард шахси љўрабоз буда, њар рўз дўстонашро ба мењмонї ба хона оварад ва аз зан бихоњад, ки барои мењмонони ў хўрок тайёр кунад, дар натиља корњои зан бисёр зиёд ва тоќатфарсо хоњад шуд. Дар чунин сурат мард аз салоњияти худ берун рафтаст ва зан њаќќ дорад, ки аз анљом додани ин кор, аз љумла, аз омода намудани зиёфат барои мењмонњои њамарўзаи шавњараш даст кашад.

7. Илова бар нуктањои зикршуда, дар сурати доштани имконоти кофї мард метавонад барои анљом додани корњои хона барои зани худ ёвар ё хидматгор киро бикунад. Ё агар худи зан сарват ва имконоти кофї дошта бошад, худаш метавонад барои худаш хидматгор гирифта, харљи онро пардохт намояд. Вале агар вазъияти оилавї инро тањаммул накунад ва аз љумла, на мард ва на зан имкони пардохтани харљи хидматгорро надошта бошанд, зан вазифадор аст корњои маъмулии хонаро анљом дињад. Дар њар сурат, ин масъалањо бояд бо маслињат ва ризояти тарафњо ва дар доираи шариати исломї њалли худро пайдо бикунанд. Дар шарњи ин масъала метавон ба китоби Холид Абдуррањмон Алъак. «Одоби зиндагии заношўї дар партави Ќуръон ва Суннат», сањ. 294-295 мурољиат намуд.

Page 103: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

102

Page 104: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

103

Боби дуюм

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ЉОМЕА АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

Бахши 1

Page 105: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

104

Тањсил ва илмомўзии занон аз назари ислом

***

Љойгоњи илм ва илмомўзї дар Ислом

1. Нигоње ба љойгоњи илм дар Ќуръони карим Назари Ислом дар масъалаи тањсили илму дониш

аз тарафи занон пеш аз њама аз таълимоти куллии ин дин дар мавриди илм ва омўзиши он сарчашма мегирад. Аз ин рў, барои рўшан гаштани назари Ислом ба масъалаи таълиму тањсили занон зарур аст, ки дар оѓоз назари куллии Ислом дар мавриди илм ва зарурати омўзиши онро аз сарчашмањои асили исломї тањќиќ ва ба таври мухтасар муаррифї намоем. Хушбахтона, мутолиаи манбаъњои асили исломї, хусусан, Ќуръони карим ва њадисњои набавї нишон медињад, ки назари Ислом дар ин масъала бисёр муфассал, рўшан, возењ ва ќатъї буда, љои њељ шакку инкорро боќї намегузорад. Аз ин сабаб, муаррифии мустаќими назару фармудањои ин манбаъњои исломї дар масъалаи илм аз як сў, худи мусалмонони азизро бо назари Ислом дар ин масъала ошно месозад ва аз сўи дигар, барои касоне, ки аз сари бехабарї назари илмдўстонаву маориф-парваронаи Исломро инкор менамоянд, далели ќатъї мегардад.

Page 106: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

105

Омўзиши Ќуръони карим нишон медињад, ки калима ва мафњумњои илм, олим, таълим, хондан, навиштан, омўхтан, донистан, фањмидан ва ѓайра аз љумлаи муњимтарин мафњуму истилоњоти ќуръонї буда, худи ин китобро њамчуни дастуре барои омўхтани илму маърифат муаррифї менамояд. Робитаи Ислом бо мафњуми илм ва омўхтан аз нахустин ояи нозилшудаи ќуръонї, яъне аз ояи аввали сураи муборакаи «Алаќ» оѓоз меёбад. Ин оя бо калима «иќраъ», яъне «бихон» оѓоз мешавад ва чун ин калима дар ин оя ба сиѓаи ќатъии амрї омада, дар ояњои дигари ин сура низ ба њамон сабк такрор шудааст, метавон гуфт, ки нахустин амру супориши Ислом ба башарият мањз амри хондан ва омўхтан аст. Њамин тавр, Ислом динест, ки дар љавњари худ моњияти рўшангарї дорад ва мањз бо амри хондану омўхтан оѓоз мешавад:

Матни ояњо:

Тарљума: Бихон ба номи Парвардгорат, ки офаридгори (тамоми мављудот) аст. Парвардгоре, ки офарид инсонро аз алаќ (хуни баста). Бихон ва Парвардгорат арљмандтарин аст. Он ки таълим дод (ба инсон) ба воситаи ќалам. Омўхт бар инсон, он чизеро ки ў намедонист.

Сураи «Алаќ», ояњои 1-5

Page 107: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

106

Агар ба матни ояњои боло таваљљўњ намоем, мебинем, ки илова бар амри хондан, Худованд дар онњо воситаи дигари омўхтани илм, яъне ќаламро, ки асбоби асосии навиштор ва сабту китобати илм аст, низ зикр менамояд. Пас, аз ин ояњо чунин бармеояд, ки Ислом аз њамон оѓози пайдоиши худ њар ду равиши аслии омўзиши илм, яъне њам мутолиаву хондан ва њам китобату навиштанро дар назар гирифтааст.

Муфассирони Ќуръони карим ба ин масъала таваљљўњи љиддї намуда, таъкиди Худованд ба љойгоњи ќалам ва навиштанро ба таври муфассал шарњ намудаанд. Муаллифи тафсири «Анвору-л-Ќуръон» дар тафсири ин се оя чунин меорад:

«Худованд ба воситаи ќалам ба инсон нависандагї ва дониш омўхт. Пас, ќалам неъмати бисёр бузурге аз љониби Худо барои инсон аст. Агар ќалам намебуд, на дине пойдор мегардид ва на зиндагие сару сомон меёфт. Бинобар ин, Худованд мардумро ба василаи ќалам аз торикии љањлу нодонї ба сўи нури илм њидоят кардааст. Ва илмњо тадвин нагардида, ањком мураттаб нашуда, ахбор ва суханони пешиниён ва китобњои нозилшудаи илоњї ба забт ва сабт нарасида, магар ба василаи ќалам ва навиштан. Агар битавонем љањонеро дар фикри худ тасаввур кунем, ки дар он на ќаламе бошад, на навиштан ва на китобе, бе шакк, он љањон љањоне хоњад буд, ки љањл дар он дар њама љо ва њама сў таноб афганда ва сояи сиёњи шуми худро густарондааст… »

Ишон ањаммияти ќалам ва навиштанро дар њифз ва абадї шудани илм, одоб ва тамоми дастовардњои тамаддуни башарї муњим дониста, менависад: «Дар чунин бистар ва заминаест, ки тамаддунњо сар бароварда ва рушд мекунанд, фикрњо ва андешањо

Page 108: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

107

рушд ва иртиќо ёфта ва динњо њифз мешаванд ва њидоят интишор пайдо мекунад. Аз ин рў, тааљљуббарангез нест, ки Худованд даъвати Исломро бо даъват ба сўи хондан ва навиштан ва баёни ин њаќиќат, ки хондан ва навиштан ду нишонаи бузург аз нишонањо ва ояњои Ў дар халќаш мебошанд ва аз хони рањмати Ў фуруд оварда шудаанд, оѓоз намудааст».

Ниг.: «Тафсири Анвору-л-Ќуръон».- Турбати Љом: Шайхулислом Ањмади Љом, 1381 њ.ш. љилди 6, сањ.676-677

Муаллифи «Тафсири Ќуртубї» низ дар мавриди

маънию паёми ин ояњо бањси муфассале намуда, ќаламро неъмате аз љониби Худованд ва омили муњимме барои рушди дину дунёи инсонњо медонад:

Тарљума: «Он ки таълим дод ба воситаи ќалам», яъне хат ва навиштанро, яъне ба инсон хатро ба воситаи ќалам омўхт. Ва Саъид аз Ќатода ривоят кардааст, ки мегўяд: Ќалам неъмати бузурге аз љониби Худованди таъоло аст. Агар ин неъмати бузурги Худованд намебуд, њеч як дине устувору пойдор намебуд ва њеч як зиндагии дурусте намешуд. Пас, ин бар камолу пуррагии мењрубонии Парвардигор далолат мекунад, зеро Ў ба бандагонаш ончиро ки намедонистанд, биомўхт. Ва онњоро аз торикии љањлу нодонї ба сўи нури илму дониш овард ва онњоро аз фазилати илми китобат(навиштан)огоњ кард, ки дар вай судњои бисёр бузурге њаст, ки фаќат илми Худованд онњоро фаро мегирад. Ва агар навиштан намебуд, илмњо тадвин намешуданд ва њикматњо ба ќайд гирифта намешуданд ва ахбору маќолањои гузаштагон боќї намемонданд. Ва Худованд оятњои нозилшударо мањз ба воситаи китобат (навиштан)навишт ва агар китобат намебуд, умури дину дунё устувору пойдор намемонд...»

«Тафсири Ќуртубї», љилди 20, сањ. 120

Page 109: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

108

Дар кулл, масъалаи ќалам ва навиштан дар Ќуръон як мавзўъи бисёр муњимму људогона буда, мавќеи онњо то ба њадди олї бузургу гиромї дошта мешавад. Муњимтарин далели бузургии хатту ќалам дар таълимоти Ислом он аст, ки Худованди Бузург дар Ќуръони карим бо онњо њамчун бо падидањои азим ќасам ёд мекунад:

Матни оя:

Тарљума: Нун. Ќасам ба ќалам ва ба он чи

менависанд. Сураи «Ќалам», ояи 1.

Нуктаи дигаре, ки дар Ќуръони карим ба

ањаммияти илму дониш дар таълимоти исломї ишорат мекунад, эътирофи маќоми баланди ањли илм дар ин китоби илоњист. Худованди мутаъол илмро яке аз аломатњои фазилати инсонњо дониста, ба таври сарењ инсонњои босаводу донишмандро нисбат ба касоне, ки аз ин неъмат мањруманд, дар дараљи бисёр болотар мегузорад. Ин маќоми ањли илм дар сураи «Зумар» чунин омадааст:

Аз матни оя:

☺ ⌧

Тарљума: Бигў, оё баробаранд касоне, ки медонанд бо касоне, ки намедонанд? (Албатта, не). Фаќат хирадмандонанд, ки панд мегиранд.

Сураи «Зумар», ояи 9

Page 110: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

109

Агар дар ояи боло дараљаи баланди ањли илму маърифат дар назди Худованд аз тариќи савол матрањ гашта бошад, дар ояи 11 сураи «Муљодала» Худованд ин дараљаро ба таври ќатъї эълом дошта, чунин мефармояд:

Матни оя:

☺ ⌧

☺ Тарљума: Эй ононе, ки имон овардаед (ба

Худованд), чун гуфта шавад ба шумо, ки: Кушод бинишинед дар маљлисњо, пас, васеъ кунед љойро(барои бародари худ), то кушода кунад Худованд барои шумо (њар мушкилеро). Ва чун гуфта шавад: Бархезед (аз љой), пас, бархезед. Баланд кунад Худованд мартабањо барои ононе, ки имон овардаанд аз байни шумо ва ба ононе, ки ато карда шудааст ишонро илм (яъне олимон). Ва Худованд ба он чи мекунед, огоњ аст.

Худованд касоне аз шуморо, ки имон овардаанд ва касонеро, ки илм дода шудаанд, дар дараља ва маќом боло ќарор медињад.

Сураи «Муљодла», ояи 11 Маънии ин бахш аз ояи мазкур дар тафсири

«Анвору-л-ќуръон» чунин шарњ шудааст: «Худованд касоне аз шуморо, ки имон ва илм дода шудаанд ба

Page 111: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

110

дараљоти олї ва баланде аз каромат дар дунё ва подоши охират, рафъату маќоми баланд медињад. Бо фароњам кардани бањраи онон дар ин ду саро ва аз љумлаи ин дараљот ва маротиб, боло нишондани вай (олим) дар маљолис аст».

Ниг.: «Тафсири Анвору-л-Ќуръон», љилди 6, сањ. 172 Маќоми ањли илм дар таълимоти исломї то љое

баланд аст, ки дар сураи муборакаи «Оли Имрон» Худованд онњоро дар канори малоик ё фариштагон зикр менамояд:

Матни оя: ⌧

☺☺

Тарљума: Гувоњї дод Худованд (яъне ошкор сохт),

ки љуз Ў њељ маъбуде нест. Ва њамчунин, гувоњї доданд фариштагон ва соњибони илм (яъне олимон) дар њоле, ки Худованд тадбиркунандаи олам аст ба адлу инсоф, ки љуз Ў њељ маъбуде нест, Ѓолибу Устуворкор аст.

Сураи «Оли Имрон», ояи 18 Дар тафсири «Анвору-л-Ќуръон» дар боби

маънии ин оя чунин омадааст: «Гувоњии олимон ба маънии имонашон ба ягонагии Худованд ва баёни ин њаќиќат ба мардум бо забон аст. Ва дар ин ки Худованд номи олимонро бо номи худ ва фариштагони хеш маќрун сохтааст, фазилат ва фахру шарафи бузург барои ањли илм аст».

Ниг.: Тафсири «Анвору-л-Ќуръон», љилди 1, сањ.385-386

Page 112: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

111

Њамин тавр, аз нигоњи мухтасаре ба матни Ќуръони карим метавон дид, ки Ислом масъалаи илму дониш ва омўхтани онро дар маркази таваљљўњи худ ќарор дода, аз сўи Худованд њамчун дини илму хирад барои башар ироа шудааст. Ин бахшро метавон бо суханони мутафаккири шинохташудаи ањли суннат ва љамоат доктор Муњаммадсаид Вакил љамъбаст намуд, ки мегўяд:

«Дар аввалин бомдоди вањй, паёми Худо аз се калима иборат буд: бихон, илм ва ќалам, ки ба ањаммияти илм ва абзори тањсил барои кумак ба амри омўзиш ишора мекунад. Дар ин бора андаке диќќат кунем, чї мефањмем? Љуз исрору пофишории Ислом бар аз байн бурдани бесаводї дар миёни уммати худ ва пешрафти дараљаи илмї барои наљоти мардум аз торикї ва нодонї ба сўи нури илм ва маърифат, чизи дигаре намефањмем. Ва бо ин тарзи тафаккур ва бо ин тањлил метавонем ба рози вољиб будани илм дар Ислом бар тамоми мусалмонон пай бибарем ва кашф кунем, ки чаро Ислом бо исрор ба љои фидя1 ба асирони Бадр пешнињод намуд, ки њар яке аз онњо дањ нафар аз фарзандони мусалмонро таълим дињанд, то аз асорат озод гарданд. Бинобар ин, Ислом дар бомдоди тулўъи худ кўшиш кард, ки фазои омўзишї ва пешрафти илмиро бигустаронад, зеро муњити табиї, ки Ислом дар он ба рушду шукуфої ноил мешавад, њамон муњити бедор, њушманд ва огоњ аст, ки фазои илмї бар он соя афканда бошад».

Ниг.: Муњаммадсаид Вакил. «Ислом ойини рушд ва тараќќї».-Тењрон: Эњсон, 1379 њ.ш. сањ. 137

Ва нињоят, чун илм неъмати бузурге аз неъматњои

Худовандист ва касби он боиси боло рафтани

1 Чизе, ки дар ивази он асиронро озод мекунанд.

Page 113: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

112

дараљаи инсон њам дар дунё ва њам дар охират мебошад, барои њар фарди мўъмин дар канори талоши пайваста барои касби илм њамчунин зарур аст, ки аз даргоњи Худованд афзоишу боло рафтани илми худро талаб намояд. Аз ин рў, яке аз муњимтарин дуоњое, ки Худованд дар Ќуръони карим барои инсон таълим додааст, дуои талаби афзудани илм мебошад:

Аз матни оя: ☺

Тарљума: Ва бигў: Парвардгоро, бар илму дониши

ман бияфзой. Сураи «Тоњо», ояи 114

Ва мо низ тибќи фармудаи ин ояи ќуръонї аз

даргоњи Илоњї илтиљо мекунем, ки Худованд неъмати илмро барои њамаи мо арзонї дошта, бар илми мо ва бар илми њамаи бародарону хоњарони мусалмон биафзояд, омин ё Рабба-л-Оламин.

2. Масъалаи омўхтани илм дар њадисњои

Паёмбари Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам Тавре ки дар бахши пешин собит гашт, манбаи

аввали шариати Ислом, яъне Ќуръони карим ба масъалаи илм ва омўхтани он таваљљўњи бисёр љиддї кардааст. Ин паём ва рўњи илммењвар ва маорифпарвари Ќуръон дар манбаи дуюми шариати исломї, яъне њадисњои Паёмбари бузургвор, саллаллоњу алайњи ва саллам, низ идомаи мантиќї пайдо кардааст. Аз он љо, ки љаноби Расули Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар њадисњои зиёди худ ба мавзўъи илму маърифат баргашта, назари

Page 114: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

113

Исломро дар ин масъала ба таври бисёр рўшану васеъ баён сохтааст, зарур аст, ки онро дар чанд зербахш муаррифї намоем:

1. Вољиб будани омўхтани илм барои мусалмонон Маљмўаи њадисњои Паёмбар, саллаллоњу алайњи

ва саллам, дар ин маврид бори дигар нишон медињанд, ки мавќеи илм дар таълимоти исломї нињоят баланд буда, Ислом динест, ки омўхтани илмро ба дараљаи ибодат бардошта ва онро барои мусалмонон вољиб гардонидааст. Тавре ки маълум аст, вољиб ба амале гуфта мешавад, ки аввалан, анљоми он њатмист ва сониян, дар натиљаи анљоми он фард савоби бузург мегирад ва сеюм, дар натиљаи тарки он фард гунањкор мешавад. Яъне, ваќте Ислом омўхтани илмро барои мусалмонон вољиб мегар-донад, илова бар фоидаи бузурге, ки инсон аз омўхтани илм дармеёбад, ба сабаби анљом додани як вољиби динї савоби бузурги илоњиро низ соњиб мешавад ва дар сурати наомўхтани илм (ба њамон миќдоре, ки анљоми ибодат ба ў љоиз мегардад ва фарќ байни њалолу њаромро мешиносад) њамчун тарккунандаи як вољиби исломї гунањгор мешавад. Ин љиддитарин таваљљўњест, ки дини Ислом ва Паёмбари он нисбати илм зоњир менамояд. Ин њукми ќатъї ва пурифтихори Ислом дар њадиси зерини љаноби Расули акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, чунин омадааст:

Матни њадис: ه :قال عن أنس بن مالك« ول الل ال رس م فريض yق ب العل ل طل ى آ ة عل »…مسلم

Тарљума: Анас ибни Молик(р) мегўяд: Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Талаби илм барои њар як фарди мусалмон фарз аст.

Page 115: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

114

«Сунани Ибни Моља», китоби «ас-Суннат», њадиси 224 ва «Муснади Шањоб», љилди 1, сањ. 135, њадиси 174

Дар њадисњои дигаре, ки бар фарзияти омўхтани

илм далолат мекунанд, Расули акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, талаби миќдори андаки илмро њатто аз миќдори зиёди ибодат бењтару болотар дониста, аз љумла чунин мефармоянд:

Матни њадис: د« ا ع عن عب رو رضي اهللا عنهم ن عم ال yن رسول اهللا اهللا ب ل :ق قلي

المرء جهال د اهللا وآفى ب ا إذا عب المرء فقه العلم خير من آثير العبادة وآفى ب »إذا أعجب برأيه

Тарљума: Абдуллоњ ибни Амр(р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Илми кам бењтар аст аз ибодати бисёр. Аломати соњибилм будани инсон ин аст, ки Худои худро ибодат бикунад ва нишонаи љоњилии инсон он аст, ки дар банди кибру ѓурури худ бошад.

Абдулазим ибни Абдулќавии Мунзирї. «ат-Тарѓиб ва-т-тарњиб мина-л-њадиси-ш-шариф», љилди 1,

сањ.50 Њамин мазмун дар њадиси дигар ба таври

сарењтар чунин омадааст: Матни њадис:

موت لطالب العلم وهو على هذه الحالة إذا جاء ال y قال رسول اهللا « …مات وهو شهيد

Тарљума: Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Њар гоњ толибилме агар дар њолати илмомўзї аз дунё даргузарад, маќоми шањидро касб хоњад кард.

Абдулазим ибни Абдулќавии Мунзирї. «ат-Тарѓиб ва-т-тарњиб мина-л-њадиси-ш-шариф», љилди 1,

сањ.54

Page 116: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

115

Нуктаи муњимме, ки дар њадиси боло ба маќоми ибодатро доро будани илм дар Ислом ва савоби бузург доштани омўхтани он далолат мекунад, ба сатњи шањид бардошта шудани љойгоњи толибил-мест, ки дар њолати илмомўзї вафот карда бошад. Тавре ки маълум аст, шањид дар таълимоти исломї маќоми нињоят баландест, ки асосан нисбати муљоњидони кушташуда дар роњи Њаќќ истифода мешавад. Аммо ваќте ки Ислом маќоми вафотшудагон дар роњи илмро ба маќоми шањидон баробар медорад, далели он аст, ки Ислом худи раванди омўхтани илмро њамчун як набард ва љињоде дар роњи Худованд эътироф ва муаррифї менамояд. Ин эътироф ва баробарї як баробарии рамзї ва маљозї нест, зеро Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар њадиси дигари худ касонеро, ки дар роњи илм талош меварзанд, ба таври сарењ муљоњидони роњи Худо медонад:

Матни њадис: ذا :يقول yمعت رسول الله س :عن أبي هريرة قال« جدي ه اء مس من ج

اء اليأته إلم ن ج ه وم بيل الل ي س لخير يتعلمه أو يعلمه فهو بمنزلة المجاهد ف »غيرهلغير ذلك فهو بمنزلة الرجل ينظر إلى متاع

Тарљума: Абуњурайра мегўяд, ки аз Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, шунидам, ки мегуфтанд: Касе, ки ба масљиди ман омад ва омаданаш фаќат ба хотири ин буд, ки илме биёмўзад ва ё илме биомўзонад, ў маќоми касеро дорад, ки дар роњи Худо љињод мекунад. Ва њар касе, ки бо маќсаде ѓайр аз ин омада бошад, ў мисли мардест, ки моли дигаронро тамошо мекунад.

«Сунани Ибни Моља», китоби «Муќаддима», њадиси 227 ва «Муснади Имом Ањмад», њадиси 9051

Аз ин њадиси набавї ба таври рўшан бармеояд,

ки аз назари Ислом роњи илм роњи Худованд аст ва омўхтани он љињод аст ва омўзандаи он муљоњид. Аз

Page 117: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

116

ин рў, барои љавонони мусалмону боимоне, ки гоње аз сари ихлос дар бораи љињод бисёр мепурсанду бисёр мегўянд, бояд гуфт, ки ин љост майдони љињоди акбар ва ин аст фурсату имкони муљоњидат. Агар ба дунболи касби савоб ва касби ризояти Худованд ва ризояти Расули Ў бошед, нирўи љавонии худро сарфи омўхтани илм намоед ва имрўз љињоди акбари шумо њамин аст!

2. Зарурати талаби илм Мувофиќи њадисњои Паёмбари бузургвор,

саллаллоњу алайњи ва саллам, фарди мусалмон бояд дар њама љо илмро љустуљў намояд ва фаро гирад. Илмљўйии фарди мусалмон бояд то ба њадде мудовим ва љиддї бошад, ки гўё ў тамоми ваќт чизи азизи гумшудаи худро љустуљў менамояд. Ин аст, ки Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба њамин маънї фармудаанд:

Матн: ال « ن أسلم ق ا yال رسول اهللا ق :عن زيد ب ة ضالة المؤمن حيثم الحكم

»وجد المؤمن ضالته فليجمعها إليهТарљума: Зайд ибни Аслам мегўяд: Паёмбари

Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Њикмату дониш гумшудаи мўъмин аст, њар ваќте ва њар љое, ки гумшудаашро пайдо кард, аз худ менамояд.

Муњаммад ибни Салома. «Муснади Шањоб», Бейрут: 1407 њ.ш. Љилди 1, сањ. 118, њадиси 146.

Фарди мусалмон бояд дар тамоми тўли умр ва

дар тамоми љойњои дастрас аз омўхтани илм ва таљриба худдорї накунад. Масъалаи њатмияти омўзиши илм дар тамоми тўли умри мусалмон дар ривояти машњуре ба таври бисёр сарењ таъкид гаштааст: «Аз гавњора то гўр (яъне, тамоми умр) дониш биомўзед.»

Page 118: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

117

Ин маънии баланд ва амри муњимми исломї дар адабиёти форсии тољикї ба шаклњои мухталиф ба назм кашида шуда, вирди забони мардуми форсзабон гаштааст:

Чунин гуфт Пайѓамбари ростгўй: Зи гањвора то гўр дониш биљўй. Масъалаи аз назари маконї номањдуд будани

талаби илм дар њадиси зерин омадааст, ки он низ бисёр машњур мебошад:

Матни њадис: و بالصين اطلبوا الع yرسول اهللا قال :عن أنس ابن مالك قال« م ول ل

»ة على آل مسلمضفإن طلب العلم فريТарљума: Анас Ибни Молик мегўяд, ки Паёмбари

Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Илмро талаб намоед, агарчи дар Чин бошад, зеро талаби илм барои тамоми мусалмонон фарз аст.

Ањмад ибни Њусейни Байњаќї. «ал-Мадхал ила-с-Сунани-л-кубро»,

љилди 1, сањ. 241, њадиси 324 Таърихи зиндагї ва фаъолияти бузургони Ислом

низ нишон медињад, ки онњо њамеша дар љустуљўи илм буда, барои касби он сафарњои зиёде анљом додаанд. Ба таври мисол, сањобии бузургвори Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, Абдуллоњ ибни Масъуд гуфтааст: «Агар медонистам касе аз ман донотар ба китоби Худо, Ќуръон бошад, ба сўяш сафар мекардам»; њамчунин, яке аз тобиини гиромї наќл мекунад: «Мо илмро аз асњоби Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар шањри худ мешунидем, аммо ба он басанда накарда ва ба сўи он асњобе, ки дар шањри мо набуданд, сафар менамудем, то аз онон илм биёмўзем»; Саид ибни Мусайяб низ мефармояд: «Рўзњо ва шабњо дар талаби як њадис сафар мекардам».

Page 119: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

118

Ниг.: Шайх Муњаммадалии Холидї, «ал-Маъолим фи-л-одоби-л-мутааллим ва-л-олим»,

сањ. 34-36 3. Паёмбари Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам,

њамчун омўзгор Дар канори зарурату фарзияти омўхтани илм,

масъалаи таълим ва ба дигарон омўзонидани илму дониш низ дар маркази таваљљўњи таълимоти исломї ќарор дорад. Њамон гуна ки омўхтани илм дар Ислом ба дараљаи ибодат бардошта шудааст, омўзонидани он низ ибодат буда, њамчун садаќа барои ин амал савоби бузурги илоњї таъйин шудааст. Ин матлаб дар њадиси зерини Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, чунин таъкид мешавад:

Матни њадис: لم :قال yي هريرة أن النبي عن أب« رء المس تعلم الم دقة أن ي ل الص أفض » م يعلمه أخاه المسلمعلما ث

Тарљума: Абуњурайра мегўяд, ки Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Бењтарин садаќа барои мусалмон касби илм ва омўзондани он ба бародари мусалмонаш аст.

«Сунани Ибни Моља», китоби «ас-Суннат», њадиси 243 Дар баробари ташвиќи нашру омўзонидани илм,

Ислом пинњон доштан ва бар дигарон наёмўхтани илмро мањкум ва сарзаниш менамояд. Ин аст, ки Ислом барои он соњибони илм, ки дониши худро ба дигарон намеомўзанд, дар рўзи Ќиёмат љазои сахте ваъда намудааст:

Матни њадис:

Page 120: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

119

ه yقال رسول الله :عن أبي هريرة قال م آتم ه ث م علم ن عل ئل ع ن س م ألجم يوم القيامة بلجام من نار

Тарљума: Абуњурайра мегўяд, ки Паёмбари Худо,

саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Шахсе, ки дунболи илм биравад ва онро биёмўзад, вале онро ба мардум омўзиш надињад, дар Ќиёмат лаљоме аз оташи љањаннам бар дањонаш зада мешавад.

«Сунани Тирмизї», китоби «Илм», њадиси 2658 ва «Сунани Абудовуд», китоби «Илм», њадиси 3658

Зарурати омўхтан ва омўзонидани илм дар

таълимоти исломї то њаддест, ки Паёмбари гиромии Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, шахсан худро њамчун омўзонандаи илм ё муаллим муаррифї намудаанд. Њадиси зерин нишон медињад, ки Ишон наќши худро омўзгорї барои башарият ва аз љањлу беилмї ба сўи илму маърифат њидоят намудани инсонњо дониста, барои њамнишинии худ њалќаи ањли илмро интихоб намудаанд:

Матни њадис: ال « رو ق ن عم ه ب د الل ن عب ه :ع ول الل رج رس ض yخ ن بع وم م ذات ي

ه حجره فدخل المسجد فإذا دعون الل رآن وي رءون الق داهما يق ين إح و بحلقت هؤ yعلمون فقال النبي خرى يتعلمون وياألو رآن الآل على خير ه رءون الق ء يق

نعه اء م ؤال م وويدعون الله فإن شاء أعطاهم وإن ش ت ه ا بعث ون وإنم ء يتعلم »معلما فجلس معهم

Тарљума: Абдуллоњ ибни Амр(р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, рўзе аз хона берун омад ва ба масљид дохил шуд, дид, мардум дар ду њалќа нишастаанд. Мардуми як њалќа Ќуръон мехонанд ва дуо мекунанд ва мардуми њалќаи дигар дониш меомўзанд ва таълим медињанд, яъне ќисме аз онон ба зикр машѓуланд ва гурўњи дигар ба таълим. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам,

Page 121: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

120

фармуданд: Њамаи мардуми ин ду њалќа дар роњи хайранд. Гурўње Ќуръон мехонанд ва дуо мекунанд ва аз Худо хоњиш мекунанд, агар Худо бихоњад, медињад ва агар нахоњад, намедињад. Ва гурўњи дигар, ки донишомўз ва омўзгоранд ва Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, бо онон нишаста фармуданд: Ман барои омўзгориву муаллимї фиристода шудаам.

«Сунани Ибни Моља», китоби «ас-Суннат», њадиси 229 Ин аст, ки аз назари Ислом омўзгорї ва

муаллимї як касби бисёр арљманд ба њисоб меравад. Аз ин рў, баъзе тўњматњои таблиѓотии солњои 90-ум, ки гўё муллоњо касби муаллимиро радд намуда, њатто нони муаллимро њаром эълон карда бошанд, њељ рабте ба таълимоти исломї надорад. Њатто агар шахсе аз сари ноогоњии худ чунин суханро гуфта бошад, ин назари шахсии ў буда, таълимоти Ислом нест. Зеро назари Ислом дар мавриди муаллим ва касби омўзгорї бояд аз сарчашмањои асили исломї гирифта шавад, на аз забони шахсони ноогоњ.

Аз сўи дигар, сабаби ба баъзе аз муаллимони давраи Советї назари нек надоштани мардуми мусалмон ва уламои исломї дар он буд, ки дар њаќиќат, Њукумати Советї ба дўши муаллимон илова бар таълими илму дониш, њамчунин таблиѓи аќидањои атеистии зиддидинї ва мубориза бо динро низ мегузошт. Дар натиља, баъзе аз муаллимон дар он давра дар синфхонањо Худою Паёмбарро ошкоро тањќиру дашном намуда, муќаддасоти исломї ва ахбори ќуръонї дар бораи љаннату дўзахро ошкоро дурўѓ эълон мекарданд ва Ќуръони азимушшаънро њамчун китоби илоњї ќабул надоштанд. Банда худ чунин суханонро аз забони муаллимони мактаби миёна дар он солњо борњо шунидаам. Аз ин рў, агар муллое дар он замон нисбат ба ин гуна «муаллимон»

Page 122: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

121

сухане гуфта бошад, он навъе радди феъл ё аксуламали онњо будааст.

Вале, тавре ки аз манбаъњои исломї исбот гашт, дар таълимоти асили исломї касби муаллимї (ба шарте, ки зидди ислом таблиѓ накунад) љойгоњи баланд дошта, худи Паёмбари Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, худро муаллим ва омўзгор номидаанд. Аз ин рў, аз назари Ислом муаллимї касби шариф ва пешаи анбиёст.

4. Маќоми баланди олимон дар Ислом Масъалаи дигаре, ки ањаммияти болои Ислом ба

илму таълимро собит месозад, назари хоссаи Ислом ба уламо ва ањли илм мебошад. Фармудањои Ислом дар мавриди маќому љойгоњи ањли илм бисёр васеъ буда, омўзишу баррасии он як мавзўи људогона аст. Аз ин рў, дар ин бахш фаќат баъзе аз фармудањои Расули гиромии Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, њамчун намуна ба таври мухтасар оварда мешаванд.

Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, олимонро њамчун ситорагони дурахшони рўи замин дониста, дар бораи онњо чунин мегўяд:

Матни њадис: ك ول عن أبي حفص حدثه أنه سمع أنس بن مال ي :يق ال النب ل yق إن مث

ر ر والبح العلماء في الأرض آمثل النجوم في السماء يهتدى بها في ظلمات الب فإذا انطمست النجوم أوشك أن تضل الهداة

Тарљума: Аз Анас ибни Молик ривоят аст, ки Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Ба тањќиќ, масали олимон дар рўи замин монанди масали ситорагон дар осмон аст, ки ба воситаи онњо роњнамої карда мешавад дар торикињои барру (хушкиву) бањр, пас ваќте, ки рўшноии ситорагон

Page 123: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

122

нопадид мешавад, ќариб мешавад, ки роњравон роњгум зананд.

«Муснади Имом Ањмад», њадиси 12139

Маќоми олимон дар таълимоти исломї то њадде бузург аст, ки љаноби Расулуллоњ, саллаллоњу алайњи ва саллам, љойгоњи ишонро болотар аз обидон мегузоранд ва хабар медињанд, ки тамоми мављудот барои муаллим дуруду саловот мефиристанд:

Матни њадис: ال « اهلي ق ة الب ي أمام ن أب ه :ع ول الل ر لرس د الرج yذآ دهما عاب ن أح

م فضل العالم على العابد آ :yلله والآخر عالم فقال رسول ا فضلي على أدناآم ثي الإن الله وم :yقال رسول الله ة ف ئكته وأهل السموات والأرضين حتى النمل

»جحرها وحتى الحوت ليصلون على معلم الناس الخيرТарљума: Абуумомаи Боњилї мегўяд, ки дар назди

Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, аз ду мард ёдоварї карда шуд, ки якеи он обид буду дигараш олим. Пас Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Фазилати олим бар обид (дар мартаба ва маќом дар назди Худо) монанди фазилати ман бар камтарини шумо(сањобагон) мебошад. Баъд аз он Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Худованд ва фариштагони вай ва ањли осмонњо ва заминњо, њатто мўрча дар хонааш ва њатто моњї дар об бар муаллими мардумон, ки хайр (илми нофеъ) меомўзонад дуруду салавот мефиристанд.

«Сунани Тирмизї», китоби «Илм», њадиси 2694 ва «Сунани Доримї», китоби «ас-Суннат», њадиси 294

Мувофиќи фармудаи дигари Расули акрам,

саллаллоњу алайњи ва саллам, олимон ворисон ва меросбарони паёмбарон ба њисоб меоянд, зеро ягона мероси онњо, ки илму маърифат ва рўшангарист, мањз насиби олимон мегардад ва олимон шарафи идома додани ин фаъолиятро доранд:

Page 124: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

123

Аз матни њадис: ال « يس ق ن ق ر ب ن آثي دردا :ع ي ال د أب ا عن ت جالس ال …ء آن إ :ق ني ف

ول ال معت رس ه س ول yل ه :يق ه ل هل الل ا س ه علم تمس في ا يل لك طريق ن س مئكة لتضع أجنحتها رضا لطالب العلم وإن طالب العلم الطريقا إلى الجنة وإن الم

ماء واألرض ي الس ن ف ه م الم يستغفر ل ل الع اء وإن فض ي الم ان ف ى الحيت حتب إن ائر الكواآ ى س ر عل ل القم اء إن على العابد آفض ة األنبي م ورث اء ه العلم

»م فمن أخذه أخذ بحظ وافردرهما إنما ورثوا العل النبياء لم يورثوا دينارا واألТарљума: Абудардо мегўяд, ки аз Паёмбар,

саллаллоњу алайњи ва саллам, шунидам, ки фармуданд: Њар касе роњи илмро пеш гирад, Худованд роњи љаннатро ба ў њамвор менамояд ва фариштагон болњояшонро пеши ќадамњои толиби илм бо камоли ризоят мегустаранд ва њама мављудоти осмону замин ва њатто моњињо дар об барои толибилм аз Худованд омурзиш металабанд. Ва фазилати олим бар обид монанди фазилати моњтоб бар ситорагон мебошад. Олимон меросбарони Паёмбаронанд: Паёмбарон динору дирњаме мерос нагузоштаанд, балки илмро аз худ ба мерос мондаанд, пас, касе, ки илм њосил менамояд, ба насиби васеъу фарох ноил мегардад.

«Сунани Ибни Моља», китоби «ас-Суннат», њадиси 223, «Суннани Тирмизї», китоби «Илм», њадиси 2691 ва

«Суннани Абудовуд», китоби «Илм», њадиси 3641

5. Илм бояд манфиатовар бошад

Дар баробари ситоиши маќоми илм ва фарз гардонидани омўзиши он, Ислом худи илмро ба ду даста таќсим мекунад: илми нофеъ, яъне фоидарасон ва илми музирр, яъне холиву зараровар. Ба гурўњи илмњои нофеъ њамаи илмњое дохил мешаванд, ки барои рушди моддию маънавии инсон ва љомеаи инсонї, барои ободии дунёву охирати шахс судманд

Page 125: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

124

бошанд. Аз ин рў, аз назари Ислом, бандаи мусалмон бояд аз даргоњи Худованд њамеша афзун шудани илм ва барояш муфиду судманд гаштани онро талаб намояд, чунон ки Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, чунин мефармуданд:

Матни њадис: ي :يقول yآان رسول الله :عن أبي هريرة قال« ا علمتن ي بم اللهم انفعن

»…ني علما وعلمني ما ينفعني وزدТарљума: Абуњурайра мегўяд, ки Паёмбари Худо,

саллаллоњу алайњи ва саллам, мегуфтанд: Парвард-горо, он донише, ки ба ман арзонї доштї, онро бо манфиат гардон (дар дунё ва охират) ва маро илме, ки манфиатовар аст, биёмўз ва илми манро зиёд гардон.

«Сунани Тирмизї», китоби «Даавот», њадиси 3610 ва «Сунани Ибни Моља», китоби «ас-Суннат», њадиси 251

Ба гурўњи илмњои зараровар донишњое дохил

мешаванд, ки боиси сарфи бењудаи умр, расидани осеб ба мардум, эљоди мушкилоту бадбахтї дар љомеа ва ё афзудани гуноњу барбод рафтани охирати инсон мегарданд. Машњуртарин намунаи илми зараровар аз назари Ислом амалњое чун фолбинї, сењру љодугарї, мањорати ќиморбозї ва њамчунин, илмњое мебошанд, ки инсонро аз Худои холиќи худ ѓофил ва аз дини Ислом дур мегардонанд. Ин илмњо на танњо дар дунё барои инсон бадбахтї меоранд, балки дар охират низ боиси сарзаниш ва љазои ў мешаванд, зеро Худованд дар Ќуръони карим онњоро шадидан нањй кардааст. Доштани илми беманфиат ва гирифторї ба шуѓле, ки њам дар ин дунё ва њам дар охират боиси бадбахтии инсон мешавад, мисли гирифторї ба балоест, ки инсон бояд аз он ба даргоњи Худованд паноњ љўяд. Аз ин сабаб, Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам,

Page 126: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

125

мусалмононро аз ин гуна илму амалњо парњез дошта, худ низ аз он ба даргоњи Худованд паноњ мељустанд, ки њадисњои зерин инро собит месозанд:

Матни њадис: م إني أسألك :يقول yعت رسول اهللا سم :عن جابر بن عبد اهللا قال« الله

»علما نافعا وأعوذ بك من علم ال ينفعТарљума: Љобир ибни Абдуллоњ гўяд: Ман аз

Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, шунидам, ки мегуфтанд: Бор Илоњо, ман аз Ту илми нафърасонро хоњонам ва манро аз илми беманфиат дар паноњи худ нигоњ дор.

«Сањењи Ибни Њиббон», љилди 1, сањ. 283, њадиси 82 Матни њадиси дигар:

ول :ريرة يقولعباد بن أبي سعيد أنه سمع أبا ه« ان رس ه آ ول yالل :يقس الينفع ومن قلب الاللهم إني أعوذ بك من الأربع من علم ن نف اليخشع وم

»معيس التشبع ومن دعاء Тарљума: Ибод ибни Абисаъид мегўяд, ки аз

Абуњурайра шунидам, ки ишон мегуфт: Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, мегуфтанд: Парвардгоро, ба Ту аз чањор чиз паноњ мебарам: Аз илми беманфиъат ва диле, ки дар он тарси Ту ва фурўтанї нест ва нафсе, ки серї надорад ва дуое, ки иљобат намешавад..

«Сунани Нисої», китоби «Истиоза», њадиси 5477 ва «Сунани Абудовуд», китоби «Салот», њадиси 1548

Бар тибќи ин дастури исломї мо низ бояд аз

Парвардгори худ илми нофеъу судманд дархост намуда, аз илми зараровар ва аз шарри он ба даргоњи Худованд паноњ љўем.

6. Оё илм фаќат «илмњои динї» аст?

Page 127: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

126

Чун назари дини мубини Ислом нисбат ба илм ва омўзиши он ба таври ќатъї рўшан шуд, бояд ба як саволи бисёр муњимме таваљљўњ намоем, ки оё фармудањои Худованд ва Паёмбари Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар бораи илм ва фазилати он махсуси «илмњои динї» аст ва ё њамаи илму донишњоро дар бар мегирад? Албатта, барои касоне, ки аз мавќеи Ислом дар мавриди илм ба хубї ошно њастанд, чунин пурсиш маъно надорад, вале чун ин савол дар бисёр сўњбатњо ба миён гузошта мешавад, зарур аст, ки ба он то љое рўшанї андозем.

Маљмўаи фармудањои ќуръонї ва њадисњои набавї дар масъалаи илм ва њамчунин, назари аксари уламо ва бузургони исломї нишон медињад, ки Ислом дар мавриди илм чунин таќсимотро ќабул надошта, илму донишро ба «илмњои динї» ва «илмњои дунявї» људо намекунад. Албатта, илмњое њастанд, ки аз назари мавзўъ мањз чигунагии масъалњои шаръию имонї ва иљрои амалии фароиз ва ибодотро шарњу баён месозанд, вале ин њаргиз ба он маъно нест, ки фаќат њамин илмњо «илмњои динї» бошанд ва мусалмонон бояд фаќат онњоро биомў-занд. Ислом омўхтани тамоми илмњои нофеъро зарур дониста, ба истифодаи њамаи навъи донишњо дар рушди инсон ва љомеа таъкид менамояд.

Донишманди муосири эронї Муњаммадтаќии Љаъфарї, ки дар ин масъала тањќиќи људогонаи амиќеро анљом додааст, хулосаи нињоии худро чунин меорад: «Баъзе аз мардуми бехабар аз мабонї ва муњтавиёти Ислом гумон мекунанд, ки маќсуд аз илм дар ояњои ќуръонї фаќат илм ба аќоид ва ањкоми динї аст ва шомили илмњои табиї ва риёзї ва дигар донишњои муфиди башарї намебошад. Ин гумони беасос, тибќи ояњои фаровоне, ки Ќуръон дастури

Page 128: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

127

акид ва зиёде ба тафаккур ва тадаббур дар олами табиат ва мављудияти инсон медињад, комилан мардуд аст».

Аллома Муњаммадтаќии Љаъфарї. «Илм ва дин дар њаёти маъќул».- Тењрон, 1384 њ.ш. сањ. 74

Дар њаќиќат, агар мо ба матну мазмуни худи

Ќуръони карим ва њадисњои набавї њамчун ба сарчашмањои аслии исломї нигарем, мебинем, ки дар канори масъалањои сирф шаръї дар онњо масъалаву донишњои зиёде дар бораи иќлиму табиат, љирмњои осмониву коинот, инсону љомеа, фарњангу маънавиёт, сиёсату давлат ва ѓайра матрањ гаштаанд, ки имрўз онњо мавзўъњои илмњои гуногуне чун табиатшиносї, љуѓрофиё, астрономия, фарњангши-носї, психология, њуќуќшиносї, сиёсатшиносї ва ѓайра њастанд. Аз ин рў, бе донистани ин илмњо на танњо пешрафти моддии љомеа, балки дарки комилу дурусти худи таълимоти исломї низ номумкин мебошад. Вале тафовути муњимми назари Ислом дар масъалаи илм дар он аст, ки Ислом омўхтани њамаи илмњоро бо нияти хайр, барои њаракат дар роњи Худованд ва барои расонидани нафъ ба љомеа тавсия мекунад.

Ин бањсро метавон бо андешаи мутафаккири шинохташудаи исломї доктор Муњаммадсаид Вакил љамъбаст намуд, ки ў низ ба «динї» ва «дунявї» таќсим намудани илмњоро хосси таълимоти исломї надониста, дар ин бора чунин мегўяд: «Ислом њамон гуна ки фаќењро аз назари моддї ва маънавї таъмин мекунад, пизишкро низ таъмин мекунад. Ва њуќуќи муњандисро камтар аз њуќуќи муњаддис дар назар намегирад ва аз физикдонон ва шимидонон истиќболу ќадрдонї мекунад, њамон тавр ки аз муфассирони Ќуръон истиќболу ќадрдонї менамояд. Ба шарте, ки

Page 129: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

128

њадафи њамаи онон касби ризояти Худо ва хидмат ба башарият ва ниёзмандон бошад. Шикофтани илм ва таќсими он ба динї ва ѓайридинї як кори исломї нест, балки он бо тавтиаи душманони дин ва дугонагии илмї ва омўзишї эљод шудааст…

Ин таќсим бо вањдате, ки Ислом ба он амр кардааст, мухолифат дорад. Чаро ки эљоди ду љинси мухолиф дар таълим ба эљоди ду даста аз олимони мухталиф меанљомад, ки њар як аз он ду аз дигаре дурї мељўянд ва монанди ду хатти баробар ба якдигар намерасанд. Сардамдор ва пуштибони ин тафриќа истеъморгарони ѓарбї ва пайравони онон њастанд. Чунончи байни ду гурўњ оташи тафриќа барангех-таанд ва ба ањли дин чунон фањмондаанд, ки дониш-мандоне, ки дар ѓайри илмњои динї фаъолият мекунанд аз доираи дин берун рафтаанд ва ба донишмандони ѓайри илмњои динї чунон фањмондаанд, ки ањли дин афроди иртиљої ва аќибмондаанд».

Ниг: Муњаммадсаид Вакил. «Ислом ойини рушд ва тараќї», сањ. 139-140

3. Масъалаи илм ва таълим дар фармудањои

бузургони исломї Ќуръони карим ва Суннати Паёмбари бузургвор,

саллаллоњу алайњи ва саллам, назари Исломро ба илм ва пањлўњои мухталифи масъалаи илму таълим баён намуда, усулњои асосии таълимоти Ислом дар ин мавзўъро муайян сохтаанд. Аз ин рў, таваљљўњ ба илму дониш њамчун яке аз муњимтарин бахшњои таълимоти исломї аз љониби сањобагони Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, имомони мазњабњои фиќњї, фаќењону донишмандони исломї њам дар

Page 130: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

129

сатњи назарї ва њам дар сатњи амалї идома ёфтааст. Бузургони исломї мавќеи Исломро дар ин масъала шарњу тафсили бештар дода, њамаи пайравони худро бо роњњои гуногун бар ањаммияти илм ва зарурати фарогирии он њидоят намудаанд.

Яке аз манбаъњое, ки дар канори назари Ќуръону Суннат назари бисёре аз бузургони исломї дар мавриди илм ва илмомўзиро гирдоварї намудааст, китоби машњури Имом Ғаззолї «Эњёу улуми-д-дин» мебошад. Имом Ғаззолї(р) дар оѓози љилди якуми ин китоб масъалаи љойгоњи илмро матрањ намуда, фармудањои Хулафои Рошидин, сањобагони Паём-бари Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, муњад-дисони шинохта ва имомони мазњабњои фиќњиро ба таври даќиќ баршумурдааст, ки њамагї нишонгари эњтироми болои онњо ба илм ва таъкиди љиддии онњо бар омўхтани он мебошад. Аз ин рў, барои рўшан гаштани масъала овардани чанд намуна аз онњоро зарур мешуморем:

1. Њазрати Умар(р), халифаи дуюми мусал-монон, маќоми олимонро аз маќоми обидон боло гузошта, чунин мефармояд:

Матн: ه« ر رضي اهللا عن ال عم ار :وق ل صائم النه ائم اللي د ق ف عاب وت أل م

»أهون من موت عالم بصير بحالل اهللا وحرامهТарљума: Њазрати Умар(р)мегўяд: Марги њазор

обиди ибодатгузори шаб ва рўзадори рўз ба марги олими ботаќво ва огоњ аз њалолу њароми Худо баробар шуда наметавонад.

Имом Ѓаззолї. «Эњёу улуми-д-дин», љилди 1, сањ. 9

2. Халифаи чањоруми мусалмонон, њазрати Алї(р) дар боби маќому фазилати илм чунин мегўяд:

Матн:

Page 131: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

130

ر من !يا آميل :فقد قال علي بن أبي طالب رضي اهللا عنه لكميل م خي العل …المال العلم يحرسك وأنت تحرس المال والعلم حاآم والمال محكوم

Тарљума: Эй Кумайл, илм аз мол бењтар аст, чун илм туро муњофизат мекунад ва баръакс ту молро муњофизат мекунї. Ва илм њоким аст ва мол мањкум...

Имом Ѓаззолї. «Эњёу улуми-д-дин», љилди 1, сањ. 7 3. Сањобаи бузургвори Паёмбар, саллаллоњу

алайњи ва саллам, Абдуллоњ ибни Аббос(р) маќоми илмро болотар ба молу мулк гузошта, гуфтааст:

Матн: خير سليمان بن داود عليهما السالم :عنهما وقال ابن عباس رضي اهللا«

ه ك مع ال والمل أعطي الم م ف ار العل ك فاخت ال والمل م والم ين العل ن ب ال اب وق »تذاآر العلم بعض ليلة أحب إلي من إحيائها :عباس رضي اهللا عنهما

وآذلك عن أبي هريرة رضي اهللا عنه وأحمد بن حنبل رحمه اهللا Тарљума: Абдуллоњ ибни Аббос(р) гўяд: Худованд

њазрати Сулаймон ибни Довуд, алайњимуссаломро барои ихтиёр кардани байни илм, мол ва подшоњї озод гузошт. Њазрати Сулаймон, алайњиссалом, илмро интихоб кард ва Худованд бино бар ин интихобаш давлату мулку молро низ ба ишон дод. Ва дар љои дигар Абдуллоњ ибни Аббос фармудааст: Посе аз шабро дар мубоњисаи илмї сипарї кардан бењтар аз шабзиндадорї аст. Ва њазрати Абуњурайра ва Имом Ањмад низ онро зикр кардаанд.

Имом Ѓаззолї. «Эњёу улуми-д-дин», љилди 1, сањ. 7

4. Сањобии бузургвор Абудардо(р) дар мавриди фазилати донистан ва пурсидани илм мегўяд:

Матн: ه « ام :وقال أبو الدرداء رضي اهللا عن ي من قي م مسألة أحب إل ألن أتعل

و آن عالما أو متعلما أو مستمعا وال تكن الرابع فتهلك :ليلة وقال أيضا وقال أبعلم ليس بجهاد فقد نقص من رأى أن الغدو إلى طلب ال :الدرداء رضي اهللا عنه

»في رأيه وعقله فضيلة التعليمТарљума: Абудардо(р) мегўяд: Пурсидану

донистани масъалае боарзиштару дўстдоштатар аз

Page 132: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

131

ќиём ва ибодати шаб аст. Ва њамчунин мегўяд: Олим бош ва ё толибу љўяндаи илм ва ё шунавандаи илм ва аз гурўњи чањорум набош, ки њалок мешавї. Ва њамчунин ишон дар љои дигар дар мавриди фазилати талаби илм мегўяд: Касе, ки эътиќод дошта бошад ба ин ки талаби илм ба андозаи љињод арзиш надорад, ба дурустї дар назар ва хирадаш нисбат ба фазилати илм нуќсон дорад.

Имом Ѓаззолї. «Эњёу улуми-д-дин», љилди 1, сањ. 9 Фаќењону донишмандони дигари исломї низ

фарњанги аљргузорї аз илмро идома дода, аз љумла, масъалањои шаръї ва амалии омўхтани илмро ба таври даќиќ рўшан сохтаанд. Масалан, фаќењи бузургвори њанафї Аллома Ибни Обидин масъалаи њукми шаръии шахсеро, ки барои илм сафар карда ва дар ин роњ аз дунё гузашта бошад, матрањ намуда, фатво додааст, ки маќоми чунин шахс баробари маќоми шањид аст.

«Њошияи Ибни Обидин», љилди 2, сањ. 252

Ишон дар љои дигари «Њошия»-и машњури худ овардааст, ки агар нийяти шахси омўзандаи илм нияти нек бошад, яъне ў илми нофеъ ё барои худ ва барои љомеа фоидаоварро биёмўзад, савоби он аз савоби тамоми корњои нек болотар аст:

Матн: ال « وفي البزازية طلب العلم والفقه إذا صحت النية أفضل من جميع أعم

ا لكن بشرط أن ال ا لبر وآذا االشتغال بزيادة العلم إذا صحت النية ألنه أعم نفع .»يدخل النقصان في فرائضه وصحة النية أن يقصد بها وجه اهللا

Тарљума: Ва дар «Баззозия» омадааст, ки талаби илму дониш, ба шарте, ки ният сањењ бошад, бењтар аст аз тамоми корњои нек. Ва њамчунин машѓул шудан барои афзоиши илм, ба шарте, ки ният сањењ(холис) бошад, бењтар аст аз тамоми корњои нек, барои он ки нафъ ва фоидаи машѓул шудан барои

Page 133: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

132

афзоиши илм аъам(омтар) аст, лекин ба шарте, ки дар иљрои фарзњояш (яъне дар адои намозу рўза) нуќсон ва дар нияташ камбуде дохил нашавад. Ва маънои сињњати ният ин аст, ки маќсад ва њадаф фаќат барои Худованд бошад.

«Њошияи Ибни Обидин», љилди 6, сањ. 407

Дар китоби «Фатовои Њиндия», ки фатвоњои фаќењони шинохтаи мазњаби њанафиро дар бар мегирад, чунин омадааст, ки агар шахсе њатто бидуни гирифтани иљозати падару модараш барои талаби илм биравад, амали ў аз назари шаръї дуруст мебошад:

Матн: ه « أس ب ه فال ب ر إذن والدي آذا في المحيط رجل خرج في طلب العلم بغي

ه ولم يكن هذا عقوقا قيل هذا إذا آان ملتحيا فإن رد صبيح الوجه فألبي ان أم آ »…أن يمنعه من ذلك الخروج

Тарљума: Њамчунин дар «Муњит» омадааст: Марде барои талаби илм бидуни иљозати падару модараш барояд, боке надорад ва барои ин амалаш оќи волидайн намешавад. Ва гуфта шудааст, ки ба шарте, ки ин шахс ришдор (яъне болиѓ) бошад. Ва агар ба синни булуѓ нарасида бошад, падару модараш њаќќ доранд, ки ўро аз ин роњ манъ кунанд.

«Фатовои Њиндия», љилди 5, сањ. 366

Фаќењи дигари ањли суннат ва љамоат Имом Шамсуддини Сарахсї низ дар мавриди касби илм фармудааст, ки агар он илм илми нофеъ бошад ва фоидаи он барои умуми мардум бирасад, савоби омўхтани он аз савоби ибодат низ бештар аст ва ин амал дорои баландтарин мартаба мебошад:

Матн: ع « ر الناس من ينف ه السالم خي ه علي وما آان أعم نفعا فهو أفضل لقول

ك الناس ولهذا آا ة ذل ن االشتغال بطلب العلم أفضل من التفرغ للعبادة ألن منفع »…أعم

Page 134: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

133

Тарљума: Ва он чизе, ки нафъу фоидааш омтар аст, пас, бењтар аст, ба ќавли Расули Худо, алайњиссалом: «Бењтарини инсон касест, ки ба мардум нафъу фоида мерасонад» ва аз ин сабаб, машѓул будан ба талаби илм бењтар аст аз машѓулият дар ибодати нофила, зеро манфаъати он(талаби илм) омтар аст.

Имом Шамсуддини Сарахсї. «ал-Мабсут», љилди 30, сањ. 252 ва 260

Донишманди бузургвори исломї Муњаммад ибни Абубакри Заръї асари хоссеро бо номи «Мифтоњу дори-с-саода ва маншуру вилояти-л-илм ва-л-ирода» дар боби љойгоњи илм тањия намуда, аз тањќиќи васеи худ дар ин мавзўъ чунин хулоса гирифтааст:

«Ба тањќиќ, касе ки дар талаб кардани илм мекўшад, њамонанди касоне, ки дар роњи Худо талошу кўшиш мекунанд, арзиш дорад, зеро пойдории Ислом ба илм ва љињод вобаста аст ва пойдории дин низ ба он ду вобаста аст. Ва љињод ду навъ аст, яке љињоди бо дасту шамшер ва ќудрати баданї, ки дар он афроди зиёде иштирок менамоянд ва дигар љињод бо далелу баён. Ва ин љињоди хоссон аст аз пайравони Расули гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, ки онро олимон бар ўњда доранд ва ин љињод аз аввалї бењтар аст, зеро фоидааш афзунтар ва душманонаш бештар аст.»

Ниг.: Муњаммад ибни Абубакри Заръї. «Мифтоњу дори-с-саода ва маншуру вилояти-л-илм ва-л-ирода».- Бейрут: Дору-л-

кутуби-л-илмия. љилди 1, сањ. 70

Ишон дар ин асари худ, аз љумла, назари

имомони ањли суннат ва љамоатро дар бораи илм тањќиќ намуда, мегўяд:

«Бисёре аз имомон ба ин амр тасрењ кардаанд, ки бењтарин амалњо пас аз фароиз талаби илм аст. Имом Шофеї гуфтааст: «Чизе болотар аз талаби илм баъд

Page 135: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

134

аз фаризањо вуљуд надорад». Ва њамчунин, бо ин гуфта имомони дигар њамонанди Сафёни Саврї ва Имом Абуњанифа ќоиланд».

Ниг.: Муњаммад ибни Абубакри Заръї, «Мифтоњу дори-с-саода ва маншуру вилояти-л-илм ва-л-

ирода», љилди 1, сањ. 155

Ишон дар љои дигар пас аз зикри њадиси «Талаби илм барои њар фарди мусалмон фарз аст», фарзияти талаби илмро ба фарзи айн ва фарзи кифоя таќсим менамояд. Дар фарзи айн омўхтани илмњои усули дин, донистани њалолу њаром ва ањкоми муошират ва муомила дохил мешаванд. Дар фарзи кифоя омўхтани илмњои тиб, њисоб, њандаса, љуѓрофиё, сохтмонсозї, кишоварзї, дўзандагї ва ѓайра, ки ниёзњои љомеаро бартараф кунад ва боиси рушду шукуфоии он шавад, дохил мегарданд.

Ниг.: Муњаммад ибни Абубакри Заръї. «Мифтоњу дори-с-саода ва маншуру вилояти-л-илм ва-л-ирода», љилди 1,

сањ. 156-157

ХУЛОСА Њамин тавр, то ин љо масъалаи љойгоњи илм ва

илмомўзї дар Ислом ба таври куллї аз манбаъњои аслии исломї, яъне Ќуръону Суннат ва њамчунин, аз осору фармудањои бузургони дини мубини Ислом омўхта шуд. Баррасии ин масъала нишон медињад, ки:

1. Ислом моњиятан як дини маорифпарвар ва рўшангар буда, манбаъњои асили исломї масъалаи илм ва омўхтани онро дар маркази таваљљўњи худ ќарор додаанд.

2. Дини мубини Ислом омўхтани илмро ба дараљаи ибодат бардошта, онро бар мусалмонон

Page 136: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

135

фарз гардонидааст, ки ин болотарин арљгузорї ба илм аст.

3. Ислом ба олимон ва омўзандагони илм маќоми баландтарин ќоил гашта, онњоро њамчун бењтарин ва арљмандтарин инсонњо муаррифї менамояд.

4. Ислом илмњоро ба «динї» ва «дунявї» људо накарда, омўхтани њамаи илмњои нофеъро барои мусалмонон лозим медонад.

5. Аз куллияти таълимоти исломї дар бораи илм маълум мегардад, ки њар мусалмоне, ки аз илму дониш дур мондааст, дар њаќиќат яке аз муњимтарин фармудањои дини худро ба љой наовардааст.

6.Ба ин тариќ метавон гуфт, ки агар як љомеаи мусалмоннишин аз фармудањои Ислом дар бораи илму таълим ба таври амалї пайравї намояд, он њатман як љомеаи огоњ, рўшан, босавод ва пешрафта хоњад буд.

Назари шариати исломї дар бораи таълим

ва тањсили занон Масъалаи таълиму тањсили занон яке аз бахшњои

муњимми мавзўи љойгоњ ва њуќуќи зан дар Ислом буда, мавриди таваљљўњи њамешагии мутафаккирони исломї ќарор доштааст. Тавре ки маълум аст, таълимот ва фармудањои Ислом дар бораи фарзияту зурурати омўхтани илм хусусияти омм дошта, њам мардон ва њам занонро ба таври баробар фаро мегирад. Аз ин назар, бояд гуфт, ки дар таълимоти исломї омўхтани илм барои занон низ фарзу зарур аст ва он масъалањое, ки дар бахши аввал оварда шуданд, ба занон низ комилан марбут мебошанд.

Дар таќвияти ин фикр бояд гуфт, ки муњаќќиќи машњури исломї доктор Љамол Муњаммадфаќии

Page 137: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

136

Расул дар китоби «Зан дар андешаи исломї» ба мавзўи таълиму тањсили занон аз назари Ислом пардохта, бо баррасии ояњо ва њадисњо дар мавриди талаби илм ва фазилати соњибони илм чунин хулоса мегирад: «Тамоми далелњо умумианд ва шомили зану мард мешаванд. Чун хитоб ба сиѓаи музаккар шомили зан низ мешавад, магар ин ки дар љои хоссе бар асоси насс ва иљмоъ ва ё зарурати табиї онро истисно кунад. Чун занон аз назари таклиф шаќоиќ ва њамонанди мардонанд ва дар ин хилофе нест, ки њар гоњ занон ва мардон дар њукме бо њам шарик бошанд, хитоб ё хабар ба сурати таѓлиб ба сиѓаи музаккар меояд».

Љамол Муњаммадфаќии Расул. «Зан дар андешаи Исломї», тарљумаи доктор Мањмуди Иброњимї.- Тењрон, Эњсон: 1382 њ.ш.

сањ. 192

Аммо, бинобар ањаммияти хоссаи занон дар

ташаккули фард ва љомеаи инсонї, шариати исломї илова бар фармудањое, ки њукми онњо мардону занонро ба таври баробар фаро мегирад, ба масъалаи илмомўзии занон таваљљўњи махсус зоњир намуда, дар мавридњои гуногуне ба он таъкид кардааст. Ин таваљљўњ боис гаштааст, ки масъалаи илмомўзии занон боз њам рўшантар маълум гашта, тамоми одоб ва љузъиёти он ба таври даќиќ мушаххас гардад. Аз ин рў, омўхтани ин масъала бори дигар ањаммияти махсуси Ислом ба таълиму саводомўзии занонро ба таври бисёр рўшан нишон медињад.

1.Занон ва касби илму дониш дар садри

Ислом

Page 138: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

137

Тавре ки аз таърих маълум аст, яке аз падидањои маъмул ва нангини даврони љоњилияти тоисломї мањрумияту бењуќуќии занон буд. Ин бењуќуќї аз љумла, масъалаи тањсили илму донишро дар бар гирифта, то омадани Ислом дар љомеаи љоњилияи араб омўхтани илму дониш низ аз њуќуќњои истисноии мардон ба њисоб меомад. Аммо бо омадани Ислом занон њуќуќи баробари илмомўзиро доро гашта, бо дарёфти маќоми хоссаи худ дар љомеа ба бахши таъсиргузори он табдил гаштанд. Кўшишу фаъолиятњои занон дар фарогирии илму дониш дар садри Ислом нишон медињад, ки Ислом аз оѓози зуњури худ илмомўзии занонро ба таври њамаљониба ташвиќу дастгирї намудааст.

Яке аз муњимтарин намунањои илмомўзии занон дар садри Ислом муносибати худи њамсарони Расули акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, бо илм ва таълим будааст. Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба саводомўзии њамсарони худ таваљљўњи љиддї дода, ба онњо на танњо доштани дониши шифоњї, балки фарогирии саводи хаттию навишторї ва њатто хушнависиро низ амр фармудаанд. Чунончи дар «Таърихи Балозурї» омадааст, ваќте он Њазрат, саллаллоњу алайњи ва саллам, бо Њафса(р) хонадор шуданд, аз мураббиязане, ки пештар ба ў хондану навиштанро меомўзонид, хоњиш намуданд, ки хаттотї ва хушнависиро низ ба ў биёмўзонад.

Ањмад ибни Яњёи Балозарї. «Футуњу-л-булдон», - Бейрут: Дору-л-кутуби-л-илмия. 1403 њ.ќ. љилди 1, сањ. 458

Аммо, бидуни шакк, болотарин намунаи зани огоњ ва соњибилм дар садри Ислом њамсари Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, њазрати Оиша(р) мебошад. Санадњои зиёди таърихї нишон медињанд, ки њазрати Оиша(р) бо дониши васеи худ

Page 139: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

138

дар соњањои мухталифи илм, аз љумла фиќњ, адабиёт, илми тибб ва ѓайра дар замони худ эътироф гашта, роњнамо ва марљаи пурсиши бисёре аз олимони он давр ќарор гирифта будааст. Мутафаккири бузургвори муосири мисрї Муњаммад Ғаззолї санадњои таърихии марбут ба маќоми илмии ишонро љамъ оварда, онњоро чунин баршумурдааст:

«Урва ибни Зубайр мегўяд, ки њељ занеро надидам, ки дар масъалањои пизишкї, фиќњї ва адабї аз Оиша огоњтар бошад. Дар «Табаќоти Ибни Саъд» омада-аст, ки Оиша бузургтарин олим буд ва бузургони сањоба дар масъалањои гуногун аз ў суол мекарданд. Аз Абусалама ривоят шудааст: Њељ фарде огоњтар аз Оиша ба суннати Расулуллоњ, саллаллоњу алайњи ва саллам, надидам. Њамчунон ки дар дониши фиќњї ва асбоби нузул њељ касе бартар аз ў наёфтам ва чунонки касе дар ин заминањо суоле дошт ба ў мурољиа мекард. Дар даврони хилофати Умар ва Усмон фатво медоданд, то ин ки умри гаронќадрашон поён ёфт. Дониши Оиша аз њадди фатво додан фаротар буд ва илова бар он ба тасњењ ва радди хатоњои пањншуда мепардохт ва аз он љое, ки дар улуми ќуръонї, Суннати набавї ва адабиёти араб мањорат дошт, марљаъи боэътимод ва мутмаине барои њамеша ба шумор меояд».

Ниг.: Муњаммад Ѓаззолї. «Масоили занон байни суннатњои куњан ва љадид», сањ. 109-110

Маќоми њазрати Оиша(р) дар фиќњ ва иљтињодро, аз љумла, Шайх Юсуф Ќарзовї низ мавриди тањќиќ ќарор дода, эшонро њамчун олими бузурги фиќњї ва муљтањиди исломї зикр ва муаррифї намудааст: «Дар воќеъ њазрати Оиша(р) яке аз муљтањидон ва соњибназарони асњоб буд ва бо бисёре аз олимони асњоб ба мубоњиса ва гуфтугў пардохта, ки мазмуни он дар китобњое монанди «ал-Иљоба ли истидрокоти Оиша

Page 140: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

139

ала-с-сањоба»-и Имом Заркашї љамъоварї гардида ва Имом Суютї онро дар китоби «Айну-л-исоба» хулоса намудааст»

Ниг.: Доктор Юсуф Ќарзовї. «Фиќњи сиёсї», тарљумаи Абдулазизи Салимї.- Тењрон: Эњсон. 1379 њ.ш. сањ. 284

Аммо масъалаи саводомўзии занон дар садри Ислом танњо ба хонавода ва њамсарони Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, мањдуд нашуда, тамоми занони хоњишмандро фаро гирифта буд. Худи љаноби Расулуллоњ, саллаллоњу алайњи ва саллам, њамчун муаллими бузург бо хоњиши занон рўзи дарсии махсусеро барои онњо људо намуда, ба онњо илму маърифат меомўхтанд, ки дар ин бора њадиси сањењи зерин шањодат медињад:

Аз матни њадис: ل y النساء للنبي عن أبي سعيد الخدري قالت« ال فاجع غلبنا عليك الرج

» …لنا يوما من نفسك فوعدهن يوما لقيهن فيه فوعظهن وأمرهن Тарљума: Абусаиди Хударї(р) ривоят мекунад, ки

занони мусалмон ба Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, мурољиат намуданд: Ё Расулаллоњ, мардон тамоми ваќти Шуморо гирифтаанд. Пас, Шумо барои мо низ рўзеро мушаххас кунед, ки он чиро, ки Парвардгори бузург ба Шумо омўхтааст, ба мо омўзиш дињед. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, рўзеро барои онњо таъйин намуданд ва дар он рўз бо онњо вохўрї карда, илм омўзонданд ва амр ба маъруф карданд.

«Сањењи Бухорї», китоби «Илм», њадиси 101

Њадиси боло бо зикри љузъиёти бештари ин њодиса дар «Сањењи Муслим» низ ворид шудааст. Ниг.: «Сањењи Муслим», китоби «Бирр, сила ва одоб», њадиси 6594

Њазрати Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба масъалаи огоњии занон то љое таваљљўњи хосса доштанд, ки агар дар баъзе намозњои љамоат бо

Page 141: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

140

сабаби зиёд будани одамон ва дар сафњои охир ќарор доштани занон, онњо аз шунидани хутба ва суханронии Ишон мањрум мемонданд, он њазрат ба сафи занон наздик омада, махсусан, барои огоњ шудани занон суханони худро дубора такрор менамуданд. Яке аз бузургтарин ровиёни њадисњои набавї Љобир ибни Абдуллоњ дар ин маврид њадиси зеринро овардааст: «Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба назди заноне, ки дар паси љамоати бузург ва сафњои зиёди мардон ќарор доштанд ва овози Ишонро намешуниданд, рафтанд, то ба хотири адои њаќќи таълим ва тарбият, бо онон сўњбат кунанд ва ба њуќуќ ва вазифањои исломиашон ошно созанд...»

Ниг.: Холид Абдуррањмон Алъак. «Одоби зиндагии заношўї дар партави Ќуръон ва Суннат», сањ. 522

Њамин таваљљўњи љиддии Расули акрам,

саллаллоњу алайњи ва саллам, ба саводомўзии занон ва гароиши васеи занон ба омўзиши илму дониш боис гашт, ки дар садри Ислом теъдоди бузурги занони босавод ва соњибназар тарбият ва ташаккул ёбанд. Њофиз ибни Асокир, ки аз ровиёни шинохташудаи њадисњои набавист, зикр мекунад, ки бештар аз њаштод нафар аз шайхон ва устодон, ки њадисро ривоят кардаанд, зан њастанд.

Ниг.: Абдуллоњ Носењ Алвон. «Чї гуна фарзандони худро тарбият кунем». љилди 1, сањ. 269

Аллома Ибни Њаљари Асќалонї дар китоби «ал-

Исоба фи тамйизи-с-сањоба» беш аз 1551 зани муњаддисро ёдовар шудааст, ки баъзе аз онњо олимону соњибназарони мўътабари соњањои њадис, тафсир, фиќњ, адабиёт ва ѓайра ба шумор мерафтаанд.

Ниг.: Ањмад ибни Алї ибни Њаљари Асќалонї. «ал-Исоба фи тамйизи-с-сањоба»,

Page 142: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

141

- Бейрут, 1412 њ.ќ. љилди 7, сањ. 473 ва љилди 8, сањ. 325

Ин воќеият боис гаштааст, ки занони боилму

босаводи садри Ислом дар интиќоли суннатњои исломї ба наслњои баъдї наќши бисёр љиддї иљро намуда, бахши муњимме аз њадисњои Паёмбари Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, њодисаву воќеањои давраи ташаккули љомеаи исломї аз тарафи занњои боилм сабт ва интиќол гаштааст. Имом Шавконї ин наќши таърихии занони босаводи садри Исломро махсусан зикр намуда, чунин меорад: «Аз њељ яке аз олимон наќл нашудааст, ки њадис ё ривояте, ки ровї ва наќлкунандаи он зан будааст, ба њамин сабаб радд шуда ё ба он амал нашуда, ё мавриди кабул ќарор нагирифта бошад. Зеро бисёре аз суннатњо, кирдор ва рафтори Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ки уммати мусалмон дарёфт намуда ва пазируфтаанд ва ба он амал кардаанд, ба воситаи занони сањоба ривоят шудаанд ва ин воќеиятест, ки њар кас камтарин огоњї аз илми њадис ва суннат дошта бошад, мункири он намешавад».

Ниг.: Муњаммад ибни Алии Шавконї. «Нилу-л-автор», Дору-љ-љиял. 1973, љилди 7, сањ. 106-107

Ислом њаќќи занонро дар омўзиши илму дониш

то њадде љиддї медонад, ки њатто дар яке аз муњимтарин ва њассостарин масъалањои шаръї, яъне масъалаи иљтињод ва додани фатво ба занон њаќќи комил додааст. Яъне дар шариати исломї агар зан бо омўзиши илму дониш салоњияти кофии илмии шаръиро ба даст орад, мисли њар олими дигари босалоњият њаќќи иљтињод ва содир намудани фатворо низ доро мегардад. Ин масъалаи муњиммро шайх Юсуф Ќарзовї чунин шарњ медињад:

Page 143: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

142

«Боби иљтињод дар шариати исломї њам бар рўи мардон ва њам бар рўи занон кушода аст. Ва њангоми баёни шароити иљтињод, њељ як аз олимони илми усул нагуфтаанд, ки яке аз шартњои он мард будан аст ва занон њаќќи иљтињодро надоранд. …Дуруст аст, ки кори иљтињодї дар миёни занон ба андозаи мардон густардагї наёфтааст ва ин мавзўъ ба камбуди омўзиш ва таълими занон ба хотири шароити хосси мављуд дар он замонњо будааст, бар хилофи замони њозир, ки занон ва духтарони омўзишдида њељ камие аз мардону писарон надоранд. Ва дар миёни занон нобиѓањое ёфт мешаванд, ки дар муќоиса бо бисёре аз мардон аз дараљоти дониш ва њикмати бештаре бархурдоранд, зеро нубуѓ ва касби мањоратњои илмї фаќат хосси мардон нест. Чї басо, Худованд ба зане истеъдодњо ва тавоноињоеро бахшида бошад, ки дастёбии мардон ба он мароњил ва дараља кори осоне набошад».

Ниг.: Юсуф Ќарзовї. «Фиќњи сиёсї», сањ. 284 Бо таваљљўњ ба таълимоти мушаххаси Ислом дар

бораи илмомўзии занон, Муњаммад Ѓаззолии Мисрї касонеро, ки бо истинод ба баъзе њадисњои заифу мавзўъ (бофташуда) занонро аз омўзишу таълим манъ менамоянд, интиќод намуда, мегўяд: «Њадис-њое, ки занонро аз саводомўзї боз медоранд, дурўѓанд. Ва њар сухане, ки аз арзиши илм ва дониш дар Ислом бикоњад, ќобили бовар ва мавриди эътимод нест... Мардон ва занон бояд аз њар фурсати ба даст омада љињати афзоиши фарњанг ва дониши худ дар њамаи илмњо ва фанњо истифодаи комил намоянд».

Ниг.: Муњаммад Ѓаззолї. «Масоили занон байни суннатњои куњан ва љадид», сањ. 37

Ва њамин мутафаккири шањир дар идома чунин

хулоса мекунад, ки дар поёни матлаб овардани он

Page 144: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

143

бисёр бамаврид аст: «Мантиќи љањл теъдоди бешуморе аз мардумро фаро гирифтааст ва чунин мепиндоранд, ки рафтани зан ба масљид бидъати нописандест ва омўхтани фарњангу донишњои гуногун ба ў таќлид аз бегона аст ва даст ёфтанаш ба маълумоти умумї бењуда ва мардуд аст. Зане, ки чунин чашму гўш баста бошад, чї гуна метавонад хонаро идора кунад ва фарзандони нек парвариш дињад?»

Ниг.: Муњаммад Ѓаззолї. «Масоили занон байни суннатњои куњан ва љадид», сањ. 86

2.Чаро занону духтарон бояд њатман илму

дониш биёмўзанд? Тавре ки дида шуд, манбаъњои аслии дини

мубини Ислом ба масъалаи илмомўзии занон диќќати бисёр љиддї дода, дар сатњи амалї низ аз талошњои занон барои фарогирии илму дониш аз тарафи Ислом њамаљониба дастгирї шудааст. Њатмияти саводомўзии занон дар таълимоти исломї то њаддест, ки Расули акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, ин амалро на танњо барои занони озод, балки њатто барои занони каниз, ки дар он давра њам мављуд буданд, зарур донистааст. Бар тибќи фармудаи Ишон, њар касе агар канизе дорад, ўро таълиму тарбияти хуб дода, сипас озод намояд, аљру савоб мегирад:

Матни њадис: ده yقال رسول الله :حدثني أبو بردة عن أبيه قال « ت عن ل آان ا رج أيم

ه ا فل ا وتزوجه م أعتقه ا ث ن تأديبه ا فأحس ا وأدبه وليدة فعلمها فأحسن تعليمه »…أجران

Page 145: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

144

Тарљума: Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Њар марде, ки канизеро дар хонаи худ дошта бошад ва ўро ба хубї таълими илм ва тарбият дињад, сипас озодаш кунад ва ўро ба издивољ дароварад, соњиби ду аљр мегардад.

«Сањењ Бухорї», китоби «Никоњ», њадиси 5083 Аммо бо вуљуди ин мавќеи сарењи Ислом, гоње

баъзе аз падару модарони ноогоњ ва њатто баъзе аз муллоњои камсавод ва дорои назари мањдуд саводомўзии занону духтаронро лозим надониста, бо иборањои ѓайриисломии «зан чию хонданаш чї?» бо тањсили духтарон мухолифат менамоянд. Албатта, маводу далелњои рўшане, ки дар боло оварда шуд, бидуни њељ шакке хилофи назари Ислом будани чунин мавќеъњоро нишон медињад ва он њељ љои бањсеро боќї намегузорад.

Донишманди исломї Љамол Муњаммадфаќии Расул чунин мешуморад, ки дар љомеањои исломї ташаккул ёфтани дидгоњњои зидди тањсил ва иштироки љамъиятии занон, ки боиси бесаводмонии занони мусалмон гаштааст, навъе инњироф ва дур рафтани ошкор аз таълимоти асили исломї мебошад. «… Ин ки имрўз мебинем, ки љањлу нодонї ва дурї аз илму маърифат дар миёни занони мусалмон ривољ дорад, нашъатгирифта аз инњирофи мусалмонон аз таълимњо ва усулест, ки Ислом дар бораи амри таълиму тарбият барои занон нињодааст. Ва њамчунин, нашъат гирифта аз заъфи сатњ ва дараљаи илмии мардони мусалмон баъд аз фурўпошидани давлати Аббосї аст».

Доктор Љамол Муњаммадфаќии Расул. «Зан дар андешаи исломї», сањ. 192-193

Муњаќќиќи маъруфи мисрии масъалаи њуќуќи

занон дар Ислом хонум доктор Њабба Рауф андешаи

Page 146: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

145

мухолифат бо илмомўзии занонро навъе бозгашти дидгоњњои љоњилонаи тоисломї медонад: «Љои шакк нест, ки заифї ва аќибмондагие, ки пас аз давраи Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, мусалмонон бо он рўбарў гаштанд, бар вазъияти занон низ таъсири манфии худро гузошт. Дар натиља, баъзе одату суннатњои гузаштаи муносибат бо занон дубора эњё шуданд ва бар љомеа њоким гаштанд. Матни шаръї ба сурати љузъї ва бидуни таваљљўњ ба дидгоњи куллї ва маќосиди шариат мавриди истинбот ва тафсир ќарор гирифт. Аввал занон аз рафтуомад ба масљид манъ шуданд. Ин кор боиси коњиши огоњињо ва мањдуд шудани фаъолияти љамъиятию сиёсии занон гашт. Сипас, баъд аз давраи хулафои рошидин шўро фаромўш шуд ва фазои сиёсии истибдодї бар љомеа њоким гашт, ки ин ба вазъияти гурўњњои мухталифи иљтимої, аз љумла, занон таъсири манфї гузошт».

Ниг.: Њабба Рауф. «Мушорикати сиёсии зан», сањ. 83-91 Вале барои боз њам рўшантар гаштани масъала

дар зер ба ин савол посух мељўем, ки дар њаќиќат, дар шароити имрўз соњиби илму маърифат гаштани занони мусалмон чї зарурат дорад?

Якум: Занон бо омўзиши илму дониш яке аз

фармудањои муњимтарини Худованд ва Расули Ўро анљом медињанд. Чунон ки аз бахшњои ќаблї маълум гашт, Ислом ба таври ќатъї аз мусалмонон, аз љумла, аз занон талаб кардааст, ки барои омўхтани илму дониш талош намоянд. Ислом омўхтани илми нофеъро ибодат дониста, ба подоши он аљру савоби бузургро муќаррар намудааст. Аз ин рў, аввалин фоидаи занон аз омўхтани илму маърифат иљрои амри Ислом ва дарёфти савоби илмомўзї мебошад.

Илова бар ин, имрўз мањз ба воситаи омўхтани илму дониш занон метавонанд маърифати

Page 147: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

146

диниашонро боло бурда, имону маънавияти худро комил созанд. Чунончи аллома Юсуф Ќарзовї дар ин маврид мегўяд: «Замоне баъзе аз олимон бо омўзиши занон ва дохил шудани онон ба мадраса ва донишгоњ бар асоси асли «садди зариъа» мухолифат мекарданд. Њатто баъзе аз онон мегуфтанд, ки зараре надорад, ки занон хонданро ёд гиранд, вале чун имкон дорад, ки ќалами худро барои навиштани мактубњои ошиќина истифода баранд, набояд навиштанро биёмўзанд. Аммо љараёни мухолифи онњо пирўз шуд, бо ин истидлол, ки омўзишу савод ва маълумот на танњо дар зоти худ бад нест, балки мумкин аст њар касеро бар ављи арзишњои имонї ва инсонї бирасонад».

Ниг.: Юсуф Ќарзовї. «Дидгоњњои фиќњии муосир», љилди 3, сањ. 79.

Дуюм: Яке аз муњимтарин наќши занон иљрои

вазифаи модарї, яъне таваллуд ва парвариши фарзанд мебошад. Аз назари дини мубини Ислом тарбияти дурусти фарзанд яке аз вазифањои аслии модарон аст. Фарзанд дар батни модар бисёре аз хусусиятњои маънавї ва ахлоќии ўро фаро гирифта, дар даврони кўдакї аксари хислатњои инсонии худро аз модар меомўзад. Наќши модар дар ташаккули љанбањои ахлоќї ва илмии шахсияти фарзанд низ таъйинкунанда буда, умуман, ояндаи њар инсон ба чигунагии ташаккули ў дар даврони бачагиаш бисёр вобаста мебошад. Аз ин рў, табиист, ки фаќат модари дорои саводу маърифати баланд метавонад ин сифатњоро ба фарзанди худ интиќол бидињад. Баръакси ин, зане, ки худ аз ахлоќу маърифат ва илму савод бањраманд набошад, ќодир нест, ки фарзанди худро ба ин роњ њидоят намояд. Њамин тавр, дар канори модари бесаводу бемаърифат аксаран фарзанди бемаърифат ба воя мерасад. Таъсири саводу маърифати модарон хусусан, ба

Page 148: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

147

ояндаи духтарон, ки дар тамосу наздикии бештар бо модари худ ба воя мерасанд, бисёр бузургтар мебошад:

Сирати фарзандњо аз уммањот, Љавњари сидќу сафо аз уммањот.

Пас, худи њамин вобастагии љиддии тарбияту

ояндаи фарзанд ба саводу маърифати модар кофист, ки мо илмомўзии занонро њатмї ва зарурї бидонем, њамон гуна ки Ислом онро зарурї донистааст.

Сеюм: Зане, ки илму маърифат меомўзад, аз

њуќуќ ва масъулиятњои шахсї, хонаводагї, динї, иљтимої ва сиёсии худ ба дурустї огоњ буда, њаргиз на ба њаќќи дигарон таљовуз мекунад ва на ба касе иљозат медињад, ки њуќуќашро поймол бикунад. Зани тањсилкардаи мусалмон њаргиз як зани ољиз, вобаста, асир ё ѓулом набуда, дар доираи њуќуќњои шаръию ќонунии худ худро идора ва муњофизат мекунад. Ин гуна зан њам дар хонавода ва њам дар љомеа рафтори дуруст дошта, шахсияти инсонии худро њамчун зан њифз менамояд. Ин зарурат низ таъкид мекунад, ки занон бояд дорои илму маърифати баланд бошанд.

Чорум: Вазъияти љамъиятии зани тањсилкарда низ комилан фарќ мекунад. Зани дорои илму ихтисос љойгоњи худро дар љомеа пайдо намуда, сањми худро дар рушди љомеаи худ мегузорад. Бо ворид шудани занон ба сањнаи фаъолияти илмию фарњангї ва иљтимоию љамъиятї нирўи зењнию тахассусии љомеа ду баробар мешавад, зеро онњо метавонанд хусусан, дар соњањои илм, маориф, фарњанг, тибб, коргузории давлатї ва ѓайра наќши бисёр фаъъол гузоранд. Оё имрўз ин соњањоро бе њузури занон тасаввур кардан мумкин аст? Албатта, не! Ислом низ аз чунин сањмгузории занон дар њаёти љомеаи худ бо риояти

Page 149: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

148

одоби исломї ва њифзи њиљоб љонибдорї мекунад ва табиист, ки чунин фаъолияти занон бе фарогирии илму дониш имконпазир нест.

Панљум: Омўзиши илму маърифат боис мешавад, ки зан аз фарњанги баланди бењдоштї ва оиладорию хонадорї низ бархурдор шавад. Саломатии як зани бофарњангу босавод бештар њифз мешавад, зеро ў дониши нигоњдории саломатии худ, аз љумла, дониши танзими саломатии гигиении занонаи худро дорост. Аз ин рў, бисёр ваќтњо мањз занони камсавод ба мушкилоти мухталифи гигиенї ва бењдоштии занона рўбарў мегарданд. Зани бофарњангу бомаърифат дар оила низ сатњи дигар дошта, њатто хонадорї ва дастархони ў фарќ мекунад.

3. Баъзе талаботи шариати исломї барои тањсилу таълими занон

То ин љо њатмият ва ањаммияти саводомўзии

занон аз назари Ислом маълум гашт. Аммо барои комилтар баён гаштани таълимоти исломї дар ин маврид бояд ба масъалаи шароити илмомўзии занон аз назари Ислом низ рўшанї андозем. Баррасии манбаъњои аслии исломї ва осори илмии мухталифе, ки дар ин мавзўъ дастрас шудаанд, нишон медињад, ки аз назари Ислом њангоми саводомўзї ва маърифатгирии занону духтарон бояд шароити зерин риоят гарданд:

1. Риояти муќарароти шаръї, аз љумла, иффату њаё ва сатру пўшиши исломї аз тарафи занон. Ин нукта дар таълимоти исломї љойгоњи љиддї дошта, ба њељ шарте ва ба њељ арзише иваз намешавад. Барои амалан иљро шудани ин талабот роњу равишњои мухталифи илмомўзии занон мављуд аст,

Page 150: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

149

ки яке аз маъмултарини онњо ба таври људогона тањсил намудани писарон ва духтарон мебошад. Гарчи имрўз чунин равиш дар љомеаи мо маъмул нест, вале бояд гуфт, ки он дар тамоми кишварњои исломї ва мусалмоннишин маъмул буда, балки дар баъзе аз љомеањои пешрафтаи ѓарбї низ истифода мешавад. Бисёре аз мутахассисони соњаи педаго-гикаи Ѓарб бо омўхтани таљрибаи ин гуна мактабњо муњити онро бисёр муносибтар барои илмомўзии њам духтарон ва њам писарон донистаанд. Вале дар љомеањое, ки амалї кардани ин асл имкон надорад, духтарон метавонанд бо риояти сатри исломї дар синфњои омехта бо писарон тањсил намоянд. Дар ин сурат уламои исломї фатво доданд, ки духтарон људо аз писарон бинишинанд.

Ниг.: Аллома муфтї Худоназар. «Мањмуду-л-фатово», љилди 4, сањ. 239-240

2. Занон бояд асосан он илмњо ва он касбу

њунарњоеро омўзанд, ки аз як тараф ба њолати табиии занонаи онњо мухолифат накунанд ва аз тарафи дигар, ба табиати онњо муносиб бошанд. Аз ин рў, љалби занон ба соњањои илм, њунар, фарњанг, маориф, тибб, фаъолияти љамъиятї ва ѓайра бисёр муносибтар аст, зеро дар ин соњањо занон метавонанд бо њифзи хусусиятњои табиї ва отифии худ фаъолияти кориашонро идома бидињанд.

3. Занон бояд ба омўхтани илму касбњои вазнин,

ки хилофи табиати латифи занонаи онњост, љалб нашаванд. Ба таври мисол, ба соњањои низомї ва интизомї, ё ба касбњои сангине чун ангишткан, тракторчї, бинокорї, кишоварзї ва ѓайра, ки боиси азияти љисмонии онњо мегардад, ё ба касбњое чун пешхидмати ошхонаю тарабхонањо, кўчарўб ва ѓайра, ки боиси осеб дидани назокату иффати

Page 151: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

150

занонаи онњо мешавад, љалб намудани занон муносиб нест. Дар њар сурат, њам худи духтарон ва њам волидайни онњо бояд пеш аз њама касбу соњањоеро интихоб намоянд, ки барои њифзи латофат, иффат ва шахсияти занонаи онњо мусоидат менамояд. Зеро зан пеш аз њама њамчун зан бо њамон латофату назокати худ маъно дорад.

ХУЛОСА

Аз баррасии мухтасари масъалаи тањсилу илмомўзии занон аз назари Ислом метавон хулосањои зеринро ироа намуд:

1.Фармудањои Ислом дар бораи зарурати омўхтани илм хусусияти омм дошта, ба занон низ ба таври баробар дахл доранд. Аз ин рў, аз назари Ислом омўхтани илм барои занон фарзу зарур мебошад.

2.Дар садри Ислом занони мусалмон ба омўзиши илму маърифат таваљљўњи зиёд дошта, дар бахшњои гуногуни илмї ба дастовардњои боло ноил гашта буданд.

3.Андешањое, ки бо илмомўзии занон мухолифат доранд, бо таълимоти исломї дар ин масъала мувофиќ набуда, натиљаи инњироф аз усулњои асили исломї ва ё бозгашту ѓалабаи баъзе дидгоњњои љоњилонаи хурофї ва ё тоисломї мебошанд.

4.Имрўз низ омўзиши илму дониш ва ихтисосњои зарурї боис мегардад, ки занони мусалмон аз њуќуќу масъулиятњои худ огоњ гашта, њам дар оила ва њам

Page 152: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

151

дар љомеа љойгоњи табиї ва муносиби худро пайдо бикунад.

5.Аз назари Ислом тањсили занон бояд бо риояти њиљобу одобу муќаррароти шаръї сурат гирифта, занону духтарон бояд ба фарогирии илму ихтисосњои муносиб бо табиат ва иффати занона љалб карда шаванд.

Бахши 2

Назари Ислом ба фаъолияти кории занон

***

1. Дидгоњи куллии Ислом дар масъалаи

кори занон Мавќеъ ва таълимоти шариати исломї дар

масъалаи соњиби касбу ихтисос будан ва дар љомеа кор кардани занони мусалмон низ бахши муњимми масъалаи њуќуќи занон дар Ислом мебошад. Гарчи

Page 153: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

152

њангоми баррасии мавзўи тањсилу илмомўзии занон ба масъалаи касбу кори онњо низ ишорањо шуд, вале њассосият ва ањаммияти хосси ин масъала боис мегардад, ки он ба таври људогона тањќиќ ва муаррифї гардад.

Тавре ки маълум аст, занон низ аз назари Ислом њамонанди мардон дар тамоми заминањо аз њуќуќи баробар бархурдоранд. Ин њуќуќи занон ба њаќќи доштани касбу кори муносиб дар љомеа низ дахл дорад. Вале шариати исломї дар масъалаи касб ва фаъолияти кории занон назари хосси худро дорад, ки пеш аз њама бо таваљљўњ ба хусусиятњои табиї ва инкорнопазири љисмї, рўњї, љинсї ва њиссию отифии онњо шакл гирифтааст. Аз ин рў, дидгоњњои вижае, ки Ислом дар баробари ќоил будани њаќќи кору фаъолият барои занон ба риояти онњо таъкид намудааст, асосан, хусусияти сабукї ва њимоятї дошта, мањз барои њифз шудани њолат ва маќому манзалати зан њамчун мављуди њассосу латиф муќаррар гаштааст.

Њадафи аслии ин муќараррот дар он аст, ки мабодо кору фаъолияти номуносиби зан барои анљоми муњимтарин вазифаи ў, яъне тарбияти фарзанду њифзи оила ва дар кулл, њифзи насли башар монеа эљод накунад. Бинобар ин, дар сурати набудани чунин хатар ва дар сурати риоят намудани одобе, ки Ислом муайян намудааст, занони мусал-мон метавонанд берун аз хона ба кору фаъолият машѓул шаванд ва дар њадди тавону истеъдоди худ ба љомеа кумак расонанд ва дар пешрафту шукуфоии он сањмгузор бошанд.

Баррасии манбаъњои аслии шариати исломї низ нишон медињад, ки бар хилофи баъзе тасаввуру тўњматњо Ислом њаргиз тарафдори мањдудият ва

Page 154: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

153

бекорию хонанишинии занон набуда, онњоро дар баробари мардон њамчун љузъи фаъоли љомеа дар назар мегирад. Ислом барои занон ба таври мустаќим њаќќи касб ва њаќќи моликият ќоил буда, дар Ќуръони карим сарењан мефармояд:

Аз матни оя:

Тарљума: Мардон бар он чизе, ки аз тариќи касб

ба даст меоранд, соњибњаќќ њастанд ва занон низ бар он чизе, ки касб мекунанд, њаќќ доранд.

Сураи «Нисо», ояи 32 Тавре ки зикр рафт, 1400 сол пештар ќоил

гаштани њаќќи моликият барои занон яке аз иќдомоти инќилобии Ислом дар масъалаи њуќуќи зан будааст, зеро ба таври мисол, занони аврупої ин њуќуќро фаќат дар асри X1X ва аввалњои асри XX соњиб гаштанд. Њамчунин, тавре ки дар бахши аввали ин рисола оварда шуд, дар садри Ислом занони зиёде ба омўзиши илму дониш машѓул гашта, ба дараљањои баланди фазилат расида буданд. Њамзамон бо ин, мисолњои зиёди таърихї нишон медињанд, ки дар садри Ислом занон дар кору фаъолияти иљтимої низ сањми муносиби худро доштаанд.

Ба таври мисол, наќши занон дар таъмини ѓалабањои мусалмонон дар садри Ислом хеле муњимм будааст. Онњо аз роњи дармони захмиён, пухтани таъом, дўхтани либос, овардани об ба љабња ва ѓайра барои лашкариёни Ислом кумак менамуданд, ки мавридњои зиёди он дар њадисњои набавї сабт

Page 155: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

154

шудаанд. Барои намуна ба чанд њадиси зерин нигаред:

Њадиси 1: ان :عن أنس بن مالك قال« ه آ ول الل ن y رس وة م ليم ونس أم س زو ب يغ

.»ين الماء ويداوين الجرحىالأنصار معه إذا غزا فيسقТарљума: Анас ибни Молик гуфт, ки Паёмбар,

саллаллоњу алайњи ва саллам, Умми Сулайм ва заноне аз ансорро бо худ ба љанг бурда буд, ки ба љанговарон об медоданд ва захмиёнро табобат менамуданд.

«Сањењи Муслим», китоби «Љињод ва сияр», њадиси 4575 Њадиси 2:

ليم … :عن أنس بن مالك قال« ر وأم س ي بك ت أب ة بن ت عائش د رأي ولقنق ه الوإنهما لمشمرتان أرى خدم سوقهما ت م تفرغان ا ث ى متونهم رب عل ن الق

»…نها ثم تجيئان تفرغانه في أفواه القوم الي أفواههم ثم ترجعان فتمفТарљума: Анас ибни Молик гўяд, …ки Оиша

духтари Абубакр(р) ва Умми Сулаймро дидам, ки дар љабњаи љанг машки обро бар пушти худ бардошта, он-ро ба дањони љанговарон мерехтанд, сипас бармегаштанд ва дубора машкњоро пур аз об мекарданд ва њамон кори аввалро такрор менамуданд...

«Сањењи Бухорї», китоби «Маноќиб», њадиси 3811 ва «Сањењи Муслим», китоби «Љињод ва сияр», њадиси 4576

Њадиси 3:

ت عن الر« وذ قال ت مع ع بن ي :بي ع النب ا م ى yآن داوي الجرح قي ون نس »ونرد القتلى إلى المدينة

Тарљума: Рубайй духтари Муъаввиз мегўяд, ки мо бо Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар љињод иштирок мекардем, муљоњидонро об медодем ва табобати маљрўњон ва овардани шањидон ба Мадинаро бар ўњда доштем.

«Сањењи Бухорї», китоби «Љињод ва сияр», њадиси 2882 ва «Муснади Имом Ањмад», њадиси 25775

Page 156: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

155

Дар он замон занон њатто дар амалиёти љангї иштирок намуда, дар ѓалабаи мусалмонон сањми худро мегузоштанд:

Матни њадис: و « ا أب ا فرآه ان معه را فك ين خنج وم حن ذت ي ليم اتخ س أن أم س ن أن ع

ا !يا رسول الله :طلحة فقال ر هذه أم سليم معه ه خنج ول الل ا رس ال له :yفقه :ا هذا الخنجر قالتم …اتخذته إن دنا مني أحد من المشرآين بقرت به بطن

.»يا أم سليم إن الله قد آفى وأحسن :yفقال رسول الله Тарљума: Анас ибни Молик ривоят мекунад, ки

Умми Сулайм дар љанги «Њунайн» бо худ ханљаре дошт. Ва Абуталња ўро дида ба Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, гуфт, ки Умми Сулайм бо худ ханљаре дорад. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба ў гуфт, ки ин ханљар барои чист? Ў гуфт, ки онро бо худ дорам, ки агар яке аз мушрикон ба ман наздик шавад, шикамашро пора мекунам. ...Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, хитоб ба ў гуфт: Эй Умми Сулайм, Худо худаш басанда аст, вале офарин бар ту.

«Сањењи Муслим», китоби «Љињод ва сияр», њадиси 4573 ва «Муснади Имом Ањмад», њадиси 13538

Њамин тавр, аз мисолњои боло маълум мегардад,

ки занон дар садри Ислом хонанишин набуда, дар фаъолиятњои љамъиятї дар канори мардон иштирок менамуданд. Албатта, бино бар сабаби рух додани силсилаи љангу набардњо дар он давра аксари ривоятњои расида ба иштироки занон дар маъракањои вобаста ба њодисањои љангї марбутанд. Вале дар давраи осуда низ занон бо фаъолиятњои гуногуни берун аз хона, ки дар он давра маъмул бошад, машѓул будаанд. Ба таври мисол, санадњои зиёде дар бораи дар садри Ислом берун аз хонаи худ дар вазифањои омўзгорї, табибї, ошпазї, мўњтасибї

Page 157: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

156

ва њатто раиси бозор кор кардани занон омада расидаанд. Чанд мисоли зерин онро собит месозад:

1.Мисоли хўрок пухтан ва ба мардум додани занон:

Сањл ибни Саъд мегўяд, ки дар миёни мо зане буд, ки дар заминаш бар канори љўи об силќ (гиёњест баргаш дарозу мулоим ва решааш дар зери замин) кошта буд. Рўзњои љумъа решањои силќро меканд ва њамроњ бо орди љав дар дег меандохт ва шўрбое мепухт, ки ба љои гўшт решаи силќ дар он меандохт. Мо њар ваќт, ки аз намози љумъа бармегаштем, бар вай салом мекардем ва ў ин хўрокро дар пеши мо мегузошт ва мо низ онро мехўрдем…

«Сањењи Бухорї», китоби «Љумъа», њадиси 938 Намунаи дигари фаъолияти кории занон дар

садри Ислом мансабњои мўњтасибї, њисобдорї ва њатто раисии бозорро гирифтани Шифо бинти Абдуллоњ дар замони хилофати њазрати Умар(р) мебошад. Дар ин давра, њамчунин зане бо номи Самарро бинти Нањики Асадї дар бозор амр ба маъруф ва нањй аз мункар карда, хилофкоронро худаш љазо медод. Ё тавре ки дар бахши пешин омад, баъзе аз занони босаводу соњибмаърифат, хусусан, занони Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар садри Ислом ба нашри илму дониш машѓул буда, аз љумла фатво медоданд.

Њамин тавр, аз баррасии сарчашмањои исломї маълум мегардад, ки Ислом дар кулл, мухолифи соњиби касбу кор гаштани занон набуда, иштироки сазовори занон дар рушди љомеаи худро њамаљониба ташвиќ ва дастгирї менамояд. Яке аз муњаќќиќони ин масъала доктор Муњаммад Мустафо Мухтор низ бо омўхтани назари манбаъњои исломї дар мавриди фаъолияти кории занон чунин хулоса гирифтааст: «Дидгоњи Ислом нисбат ба кор кардани занон аз

Page 158: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

157

назари доштани њаќќи кор айнан њамон назарест, ки нисбат ба кори мардон дорад. Ањкоми њалол ва њаром ва мубоњи Ислом дар њамаи заминањо яксон аст. Њамчунин, дар корњои муљоз ба фаъолияти иќтисодї пардохтани занон низ њељ эроде надорад. Дар мавридњои иљоза дода шудани кор ва касб дар њељ љои шариат гуфта нашудааст, ки ин кор барои баъзе раво ва барои дигарон њаром аст. Љуз њамон мавридњое, ки Худованд кореро бар марду зан ба таври баробар њаром карда бошад».

Ниг.: Муњаммад Мустафо Мухтор. «Њиљоб дар нигоње нав» // «Пажўњишњои ќуръонї», 1380 њ.ш., №25-26.- сањ. 201-202

2. Шароити кор ва фаъолияти мењнатии

занон аз назари Ислом Тавре ки гуфта шуд, Ислом бо кору

фаъолияти занон мухолиф нест, вале дар айни замон, дар масъалаи кори занон аз сўи онњо ва аз сўи тамоми љомеа риоят шудани як сислсила меъёрњои заруриро пешнињод мекунад. Ин шартњо, ки дар маљмўъ одоби исломии кору фаъолияти занонро ташкил медињанд, асосан моњияти њимоятї ва сабукибахшї дошта, маќсади асосии онњо њифзи иффату эњтиром ва отифаю назокати занон ва имконпазир сохтани иљрои наќши муњимми модарї ва тарбиятгарї аз љониби онњо мебошад. Чун ин мавзўъ густардагии зиёд дорад, дар ин љо шартњои кори занон дар беруни хонаро ба таври мухтасар бармешуморем:

1. Агар дар њаќиќат зан ба кор ва даромад ниёз

дошта бошад

Page 159: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

158

Аз матолибе, ки дар боби якуми ин маљмўа омада буд, рўшан гашт, ки Ислом занро дар тамоми марњалањои њаёташ зери њимояти њамаљониба, аз љумла, зери њимояти моддиву иљтимої гирифта, мардонро вазифадор намудааст, ки занонро дар њамаи марњалањои зиндагии эшон таъмину хидматгузорї бикунанд. Дар таълимоти исломї мардон вазифадоранд, ки занонро дар даврони хурдї њамчун духтар ва хоњар, дар даврони пас аз издивољ њамчун њамсар, дар даврони пирсолї њамчун модар таъмину парасторї намоянд. Яъне, Ислом занонро зери њимоят ва таъминоти доимї ќарор дода, ба дўши онњо вазифаи таъмини зарурат ва харољоти моддии хонаводаро намегузорад. Ин вазифа дар Ислом пеш аз њама ба дўши мардон аст.

Аз назари Ислом, дар њолати будани оилаи комил, хусусан, дар сурате, ки зан дар хонавода бо мањрамони худ, яъне падар, бародар, шавњар ё писарони болиѓаш зиндагї бикунад, зан вазифадор нест, ки барои таъмини оила дар берун кору фаъолият намояд. Аз ин сабаб, шарти аввали ба кор ё фаъолияти кории берун аз хона машѓул гаштани занон эњтиёљи воќеии худи зан ва ё аъзои ниёзманди оилааш мебошад.

Ин эњтиёљ ба кори зан метавонад бо сабабњои мухталиф пеш ояд: масалан, имкон дорад, ки гоње оила камбизоат буда, даромади мард барои таъмини заруратњои оила, аз љумла, хўрондану пўшонидан ва тањсилу табобати фарзандон кифоят накунад; дар натиљаи беморї, маъюбї ва корношоямии марди хона оила аз сарпарасти таъминкунанда мањрум гардад; дар натиљаи вайрон шудани оила масъулияти таъмини эњтиёљоти худ ва фарзандон ба дўши худи зан афтад ва ѓайра. Дар чунин суратњо

Page 160: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

159

зани мусалмон метавонад барои таъмини заруратњои худ ва оилаи худ бо риояти сатри исломї ба фаъолияти кории берун аз хона машѓул гардад.

2. Агар ба кори зан дар љомеа эњтиёљи воќеї

мављуд бошад Аз сабаби он ки занон дар њамаи љомеањо нисф ё

аз он бештари теъдоди ањолиро ташкил медињанд, мувофиќи њисобњои сирф арифметикї, ба фаъолияти корї пардохтани онњо боиси ду баробар гаштани нирўи корї дар љомеа мегардад. Бо дар назар доштани ин, баъзе аз љомеашиносон ба фаъолияти корї пардохтани занонро яке аз омилњои афзоиши ќувваи корї ва пешрафти љомеа дониста, онро њамаљониба ташвиќ намудаанд. Чунин мутахассисон яке аз омилњои рушд наёфтани баъзе аз љомеањои мусалмоннишинро мањз дар пурра истифода нашудани панљоњ дарсад аз нирўи љисмонї ва зењнии љомеа, яъне нирўи занон медонанд. Вале тавре ки болотар зикр шуд, Ислом ба занон њамчун нирўи корї нигоњ намекунад ва мардонро вазифадор месозад, ки барои њифзи асолат ва саломати љомеаи инсонї занонро гиромї дошта, то њадди имкон худ барои онњо хидмат намоянд.

Вале модоме ки занони мусалмон дорои касбу ихтисосњои зарурї барои љомеа бошанд ва љомеа низ ба њунару ихтисоси онњо ниёз дошта бошад, Ислом њаргиз мухолифи истифода шудани њунару истеъдоди онњо нест, агар худи онњо инро хоњанд. Масалан, агар зане дорои ихтисоси духтурї бошад ва дар љомеа эњтиёљи воќеї ба хидмати ў вуљуд дошта бошад, ў метавонад барои сањмгузорї дар рушди љомеа ба касби духтурї машѓул гардад. Ё

Page 161: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

160

агар зане дорои саводи баланд ё ихтисоси омўзгорї бошад ва дар мактабњо ба чунин муаллима эњтиёљ бошад, ў метавонад ба касби омўзгорї машѓул шавад. Њамин тавр, шарти дигари фаъолияти кории занон мављуд будани талабот ва зарурат ба кори онњо дар љомеа мебошад.

3. Кори занон бояд ба табиат ва сиришти онњо

мувофиќ бошад Яке аз хусусиятњои муњимми Ислом дар он аст,

ки ин дини мубин табиат ва сиришти занро ба таври комил дар назар гирифта, ањкоми шаръии мансуб ба занонро аз ин нигоњ танзим намудааст. Ин вижагии Ислом, аз љумла, дар масъалаи кору фаъолияти иљтимоии занон низ ба рўшанї мушоњида мешавад. Чунон ки илмњои муосир низ собит сохтаанд, Худованд сиришти занро дар баробари истеъдодњои васеъ саршор аз хусусиятњое чун мењр, муњаббат, отифа, њаё, эњсосњои латиф, зебоишиносї ва ѓайра офаридааст. Дар айни замон, љисми зан низ нисбат ба мард латифу нозуктар буда, пайкару бозувони он барои анљом додани мењнати сангини љисмонї созгор намебошад. Аз ин рў, яке аз шартњои муњимми дигари кори занон аз назари Ислом, ба табиат ва сиришти онњо мувофиќ будани касбу кори онњост.

Мафњуми «кори мувофиќ бо табиату сиришти занон» пеш аз њама ба он маъност, ки аввалан, он кор бояд аз назари љисмонї сангин набуда, боиси ранљи љисмонї ва хастагию афсурадгии доимии занон нагардад. Масалан, заноне, ки дар саноати вазнин, корњои бинокорї ва ё соњаи кишоварзї фаъолият мекунанд, дучори фишору афсурдагии

Page 162: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

161

шадиди љисмонї мегарданд. Љомеае, ки нисбати зан чунин муносибатро раво мебинад, њануз ба умќи назари Ислом дар бораи љойгоњи зан нарасидааст. Сониян, касбу кори зан бояд аз назари рўњї ва отифї низ ба табиати латифи зан мухолифат надошта бошад. Масалан, барои занон чандон муносиб нест, ки бо корњое чун ќассобї, шикорчигї, чўпонї, посбонї, шуѓлњои љангии њарбї ва ѓайра машѓул гарданд, зеро вазифањои њатмии хидматие, ки дар ин корњо бояд анљом дињанд, ба рўњи латиф ва отифаи поки онњо латма мезананд.

Ё, масалан, модарону хоњарони мусалмони мо ба њељ ваљњ бояд ба касбњое чун кўчарўбї ва пешхидматии ошхонаю тарабхонањо машѓул нашаванд. Ин навъи фаъолияти занон дар љомеањои мусалмоннишин мушоњида намешавад ва илова бар ин, дар кишварњои аврупої низ, ба истиснои Русия, аксари занон њаргиз розї нестанд, ки касби пешхидматии ошхонањоро ихтиёр намоянд. Зеро љойгоњи занон бисёр шарифтар аз ин аст.

Инчунин, дар торикии шаб пеш аз бомдод ба рўфтани кўчањои шањрњо њозир шудани хоњарону модарон ё бо белу каланд гулгаштњо ва канори хиёбонњои шањрњоро побел кардани занон, ки яке аз падидањои маъмули љомеањои пасазшўравист, аз њар љињат мухолифи сиришти нозуку љойгоњи гиромии занон буда, дар айни замон, нишондињандаи камоли берањмии мардони ин љомеањо нисбат ба занон мебошад.

Дар кулл, тањќиќоти муосири илмї низ нишон додаанд, ки агар касбу кори занон дар њаќиќат ба табиат ва сиришти онњо муносиб набошад, яъне аз назари љисмонї сангин ва ё аз назари рўњию отифї номуносиб бошад, машѓул шудан ба чунин касб дар

Page 163: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

162

дарозмуддат боиси аз байн рафтани бисёре аз хусусиятњои табиии занон мегардад. Ин аст, ки дар љомеашиносии муосири ѓарбї дар нисбати чунин занон истилоњи «љинси сеюм»-ро истифода намудаанд, ки маънои он занони дар натиљаи корњои номуносиб аз хусусиятњои латифи занонаи худ мањрумшуда мебошад.

Албатта, банда шахсан мухолифи истифодаи ин истилоњи даѓал нисбат ба занон њастам, вале дар њар сурат, ин фољиаи бузурги як љомеа аст, ки ба сабаби нигоњи сирф моддию корию истењсолї нисбат ба занон, онњоро аз њолати латифу шарифи табиию отифиашон бегона созад. Пеш омадани чунин вазъи ногувор нисбат ба занон, ки Ислом бо он комилан мухолиф аст, имрўз боиси ташвиши љомеаи љањонї низ гаштааст ва, аз љумла, Созмони љањонии тандурустї дар гузориши махсуси худ дар ин бора изњори нигаронї намудааст.

Фаќењ ва мутафаккири машњури муосир Шайх Юсуф Ќарзовї дар масъалаи касбу кори занони мусалмон аз назари шариати исломї тањќиќи муфассале анљом дода, аз љумла, ба оќибатњои ногувори ба корњои номуносиб машѓул гаштани занон таваљљўњи махсус намудааст. Ў оќибатњои зиёди ин вазъиятро баршуморидааст, ки хулосаи баъзе аз онњо чунин аст:

1. Аввалин ќурбонии ин навъи муносибат худи занон њастанд, зеро дар натиља хусусиятњои табиї ва фитрии худро аз даст дода, аз оромиши манзил ва унсу муњаббати фарзандон ва шавњар мањрум мешаванд. Њатто бисёре аз занони машѓул ба корњои номуносиб ба мушкили нозої ё бенаслї дучор мегарданд.

Page 164: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

163

2. Ќурбонии дуюми ин муносибат мардон мебошанд, зеро дар натиљаи тањрифи латофату асолати табиии зан, мард аз неъматњои бузурге чун унс, зебої, ишќ, шавќ, муњаббат, мењрубонї ва ѓайра мањрум мегардад. Хастагию афсурдагии кории занон аз корњои номуносиб боис мешавад, ки муносибати зан ба мард ва дар кулл, бо оила таѓйир меёбад.

3. Сеюмин ќурбонии ин муомила фарзандон њастанд, зеро њељ мактабу мураббие наметавонад љои мењру муњаббату сарпарастии модарро барои фарзандон бигирад. Модаре, ки аксари ваќти худро дар кори сангин ва бархўрдњои корї гузаронида, бо љисми хаста, рўњи афсурда ва асаби парешон ба хона бармегардад, чї гуна метавонад манбаи унсу муњаббат барои њамсар ва фарзандонаш бошад ва конуни оиларо гарм нигоњ дорад?

4. Чун занон ба сабабњои табиї њолату вазъиятњои хоссе чун касалии моњонаи занона, њомилагї, таваллуди фарзанд, ширдењї ва ѓайраро аз сар мегузаронанд ва дар ин даврањои зарурї имкони идомаи фаъолияти короии онњо хеле мањдуд мешавад, кори онњо низ сурати номуназзам гирифта, дар бисёр мавридњо масъулиятњои онњо нотамом мемонад.

5. Дар сурати аз сиришту њолати шарифи табиии худ берун гаштани занон худи низоми табиии љомеа низ зиёни бузург дида, идомаи њаёти солими он ва хусусан, идомаи солими насли инсонї халали љиддї мебинад.

Ниг.: Юсуф Ќарзовї. «Марказу-л-маръати фи-л-њаёти-л-исломияти», сањ. 157-159

Дар муќобили ин навъи нигоњ, Ислом занонеро,

ки ба кору фаъолияти иљтимої машѓуланд, ба иљрои корњои аз назари физикї сабуку безарар ва аз назари

Page 165: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

164

рўњию отифї поку беолоиш њидоят менамояд. Дар љомеаи имрўзи мо намунаи ин гуна касбњои муносиб пеш аз њама машѓул шудани занон дар соњаи илму тањќиќот, маорифу омўзгорї, фарњангу матбуот, бахши алоќаю технологияи компютерї, сиёсату хидмати давлатї, савдою хидматрасонии маишї ва ѓайра мебошад. Илова бар ин, заноне, ки ба гирифтани маълумоти олии касбї ноил нагаштаанд, метавонанд ба корњое чун њунарњои дастї, ошпазию ќаннодї, дўзандагию бофандагї ва ѓайра машѓул гарданд. Имрўз дар тамоми бахшњои номбурда эњтиёљи бисёр зиёд ба кору фаъолияти занон мављуд буда, хоњарони мусалмоне, ки мехоњанд корманд бошанд, метавонанд озодона ба ин касбњо машѓул гарданд. Масалан, бисёр зарур ва муносиб аст, ки барои табобати занон, хусусан, муоинаву табобати беморињои махсуси занона дар љомеа теъдоди кофии духтурони зан мављуд бошанд.

Донишмандони муосири исломї масъалаи кори занон ва зарурати шуѓли муносиб доштани онњоро ба таври муфассал омўхта, бо такя ба манбаъњои асили исломї ба њамин хулоса расидаанд, ки занон метавонанд озодона ба корњои муносиби табиату сиришти худ машѓул шаванд: Ба таври мисол, донишманди муосири исломї Муњаммад Ѓаззолї назари Исломро дар ин бора чунин баён кардааст: «Зан набояд дар корњое, ки муносиб бо табиати ў нест, фаъолият кунад ва дар корњои саноатии мух-талиф ё корњои тоќатфарсо ширкат кунад. Замина-њои корї, ки барои занон муносиб бошад, зиёд ва гуногун аст. Зан метавонад дар корњое чун муаллимї, духтурї, парасторї, нависандагї, нашрияњо ва ѓайра фаъолият кунад. Ва илова бар инњо метавонад бо

Page 166: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

165

риояти виќор ва арзишњои исломї дар бозор њузур ёфта, ба касби тиљорат машѓул гардад».

Муњаммад Ѓаззолї. «Масоили занон байни суннатњои куњан ва љадид», сањ. 46-56

Ин матлабро метавон бо суханони мутафаккири муосири исломї Холид Абдуррањмон Алъак хулоса намуд, ки дар китоби «Одоби зиндагии заношўї дар партави Ќуръон ва Суннат» чунин меорад: «Ислом мухолифи он нест, ки зан касбњое чун тољир, духтур, муаллим ва ё њар шуѓл ва касби дигареро, ки барои таъмини ризќу рўзии њалол ва идомаи зиндагї зарур бошад, интихоб намояд. Зан бояд шуѓли муносиб ва мўътадилтаринро интихоб кунад ва њангоми кор бояд одоб ва ахлоќи исломиро комилан риоят намояд».

Ниг.: Холид Абдуррањмон Алъак. «Одоби зиндагии заношўї дар партави Ќуръон ва Суннат», сањ. 269

4. Кори зан бояд монеи иљрои вазифаи њамсарї ва модарии ў нагардад

Тавре ки маълум аст, муњимтарин ва бузургтарин

коре, ки фаќат зан ќудрати иљрои сазовори онро дорад, тарбияти фарзанд, иљрои вазифаи њамсарї ва нигоњ доштани оила мебошад. Ислом ба ин ќудрати истисноии занон ањаммияти бисёр љиддї ќоил буда, њама гуна фаъолияти занро фаќат дар њолате раво ва машрўъ медонад, ки агар ба иљрои ин наќш ва вазифаи авалиндараљаи ў монеъ нагардад. Бинобар ањаммияти фавќулодаи ин масъала, Ислом анљоми вазифаи модарї ва њамсариро барои занон як амонат ва рисолат хонда, иљрои сазовори онро љињод ва ибодат донистааст.

Аз ин хотир, агар зан тамоми шароитро дошта бошад ва ниёзи воќеї ба кори ў дар берун набошад, барои ў бисёр бењтар аст, ки ба тарбияти фарзандонаш машѓул гардад, зеро ин кор низ амале

Page 167: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

166

бисёр муњимм буда, каси дигаре чун модар наметавонад аз фарзандон бо муњаббату самимият нигоњубин намояд. Тавре ки адибон низ гуфтаанд, домони модар мактабест, ки агар дуруст омода шавад, як миллати асилро тарбия ва омода мекунад. Чунон ки Фирдавсии бузург фармуда буд:

Занонро њамин бас бувад як њунар, Нишинанду зоянд шерони нар! 5. Њангоми фаъолияти кории занон бояд одоби

исломї риоят шавад Шарти дигар ва бисёр муњимми кору фаъолияти

занон аз назари Ислом риояти одобу ахлоќи исломї ва талаботи шариати исломї мебошад. Риояти ин одобу талабот њам аз тарафи худи занон ва њам аз љониби онњое, ки дар муњити муштарак бо занон њамкорї мекунанд ва њам аз тарафи касоне, ки занонро ба кор мегиранд, њатмї ва зарурист. Мафњуми одоби исломї ва талаботи шаръї нисбат ба занон маљмўаи меъёру муќаррароти мушаххасеро дар бар мегирад, ки бо маќсади њифз гаштани муњити покизаи кору њамкорї ва њимоят гаштани љойгоњи баланду шариф ва иффату назокати занон дар муњити корї ва љамъиятї дар назар гирифта шудаанд. Он пеш аз њама риояти шарму њаё, эњтироми занон, риояти одоби сўњбату мошират бо занон, то њадди имкон фароњам овардани муњити кории озод ва занона барои занон, риоят шудани сатр ва пўшиши исломї ва ѓайра мебошад.

Тарзи рафтори занони мусалмон дар муњитњои умумї ва омехта аз тарафи шариати исломї бо тамоми љузъиёташ танзим шуда, аз сўи њамагон риоят гаштани он њифзи иффату њайсият ва љойгоњи

Page 168: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

167

баланди занонро кафолат медињад. Худованди мутаъол дар Ќуръони карим, аз љумла одоби роњ рафтан ва одоби сухан гуфтани занон дар муњитњои омехтаро ба танзим дароварда, чунин мефармояд:

Аз матни оя:

Тарљума: Ва (занон) чунон пой бар замин нагузоранд, ки он зинатњо, ки пинњон кардаанд, маълум гардад (андомњои худро дар роњ рафтан наларзонанд).

Сураи «Нур», ояи 31 Аз матни оя:

⌧ ☺

Тарљума: Пас ба нозу карашма сухан нагўед,

то он марде, ки дар ќалби ў маразе њаст, ба тамаъ наафтад. Ва сухани боиффатона бигўед (сухани барангезандаи шањват нагўед).

Сураи «Ањзоб», ояи 32 Фароњам овардани муњити занона дар љойњои

кори занон ба он маъност, ки дар сурати имкон мизњои корї ва ё њуљрањои кори занон алоњида бошад, то онњо тавонанд озодона бо њам гуфтугў намоянд ва озодона њаракат кунанд. Омору назарсанљињои муосир нишон додаанд, ки њатто дар кишварњои аврупої занон пас аз солњои њамкорї дар муњитњои омехта бо мардон, ба хулосае расидаанд, ки кор дар муњити занона барояшон бењтар мебошад

Page 169: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

168

ва онњо дар њуљрае, ки њамкоронашон занон бошанд, худро озодтару роњаттар эњсос менамоянд.

Масъалаи риояти њиљоб ё тарзи пўшиши занон низ як масъалаи бисёр васеъ ва муњимми таълимоти исломї дар мавриди занон буда, моњият, ањаммият, меъёр ва љузъиёти он дар боби сеюми ин китоб ба таври људогона оварда мешавад. Аммо дар ин љо ба таври мухтасар ёдовар мешавем, ки масъалаи њиљоб ё риояти сатри исломї як асли ќуръонї буда, он дар матни Ќуръони карим ба таври сарењ муќаррар гаштааст. Аз ин рў, дар таълимоти исломї риояти њиљоб як масъалаи ихтиёрї набуда, иљрои он аз занони мусалмон ба таври њатмї талаб карда мешавад. Ин аст, ки дар масъалаи тањсил ва кори занон берун аз хона, ки њатман дар муњити љамъиятї ва дар якљоягї бо мардони номањрам сурат мегирад, Ислом риояти сатр ё њиљобро аз занон талаб намудааст.

Дар шароити Тољикистон риояти њиљоб илова бар либосњое, ки аз кишварњои исломї меояд, дар чорчўби либоси миллии тољикї низ имконпазир буда, риояти он бо пўшидани куртаи васеи остиндароз (то банди даст) ва рўймоле, ки мўйи сар, гардан, гўш ва пеши бари занонро пўшонад, комилан таъмин мешавад. Дар ин сурат занони мусалмон метавонанд озодона дар љомеа њузур ёфта, дар муассисаву ташкилотњои мухталиф кору фаъолият намоянд.

Баъзе љанбањои дигари масъалаи аз тарафи занони корманд риояти шудани одоби исломї дар муњити корї дар маљмўаи мўътабари фатвоњои муосири мазњаби њанафї, ки бо номи «Мањмуду-л-фатово» аз тарафи Муфтї Худоназар танзим шудааст, ба таври муфассалтар омадаанд, ки

Page 170: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

169

хоњишмандон метавонанд ба он мурољиат намоянд. Ниг.: Аллома Муфтї Худоназар. «Мањмуду-л-фатово», љилди 4, сањ. 245-247

Бахши 3

Зан ва фаъолиятњои сиёсию љамъиятї

Page 171: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

170

1. Назари усулии Ислом дар бораи њуќуќи

фаъолияти љамъиятию сиёсии зан Илова бар масъалањои њаќќи тањсил ва њаќќи

кор, яке аз муњимтарин ва печидатарин масъалањои њуќуќи зан дар Ислом масъалаи фаъолияти љамъиятї ва иштироки сиёсии занон аст. Чун ин мавзўъ пеш аз њама ба масъалањое чун њузури љамъиятии занон ва ба маќомоти масъули идорї ва роњбарии сиёсї расидани онњо дахл дорад, дар тамоми тўли таърихи Ислом аз ањаммият ва њассосияти хоссе бархурдор будааст. Оё аз назари Ислом зан метавонад раиси давлат бошад? Оё аз назари Ислом зан метавонад вазир, вакили маљлиси шўро, намояндаи порлумон, додситон ё ќозии додгоњ бошад? Ин саволњо дар фиќњи исломї ба таври бисёр васеъ матрањ гашта, њар яке посухи муносиби худро доштааст, ки дар ин бахш ба таври мухтасар баррасї мешавад.

Тавре ки пештар зикр шуд, Худованд ба љуз мавридњои људогонае, ки ба таври алоњида ба занон ё мардон марбут бошад, њангоми хитоб ба инсонњо ањкоми худро ба занону мардон ба таври баробар фармудааст. Калимаи «инсон», ки дар Ќуръон њангоми мурољиат ба башар истифода шудааст, тамоми фарзандони Одам, чи мард ва чи занро шомил мешавад. Аз ин сабаб, њукму фармудањои Худованд, ки дар онњо бо иборањои фарогире чун «ё айюњаннос» (эй инсонњо), «ё айюњаллазина оману» (эй онњое, ки имон овардаед) ва ѓайра ба башар мурољиат мешавад, ба таври баробар ба мардону занон дахл доранд.

Page 172: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

171

Илова бар ин, Худованд дар мавридњои зиёде ба таври баробар ва бидуни истисно ба мардону занон марбут будани ањкоми худро зикр намудааст, ки ма-салан, ояњои зерини ќуръонї ба он далолат доранд:

1.Аз матни оя:

⌧ ☺

Тарљума: Парвардгорашон дуояшонро иљобат фармуд, ки ман кори њељ коргузореро аз шумо, чи зан ва чи мард - њама аз якдигаред, зоеъ намесозам ...

Сураи «Оли Имрон», ояи 195. 2.Матни оя:

☺ ☯

☺ Тарљума: Њар зану марде, ки кори некў анљом

дињад, агар имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае бад-ў хоњем дод ва подоше бењтар аз кирдорашон ато хоњем кард.

Сураи «Нањл», ояи 97 3.Матни оя:

Page 173: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

172

Тарљума: Эй мардум, мо шуморо аз як марду як зан офаридем. Ва шуморо љамоатњо ва ќабилањо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини шумо назди Худо парњезгортарини шумост. Албатта, Худо Донову Кордон аст!

Сураи «Њуљурот», ояи 13 Намунањои расида аз садри Ислом низ нишон

медињанд, ки сањобањои Паёмбари гиромї, алайњис-салом, аз љумла сањобиязанон низ њукми чунин ояњоро мањз њамин тавр, яъне фарогири занону мардон мефањмидаанд. Масалан, ваќте ки Умми Салама(р) шунид, ки Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, бо нидои «Ё айюњаннос» (эй мардум) даъвати худро оѓоз кард, корњои худро гузошта, бо шитоб ба сўи ў рафт. Канизаш ба ў гуфт, ки Паёмбар мардонро садо мекунанд, на занонро. Умми Салама(р) љавоб дод: Ман њам аз љумлаи мардум њастам (ва ин даъват ба ман низ марбут аст)!

Ниг.: «Сањењи Муслим», китоби «Фазоил», њадиси 4247 ва «Муснади Имом Ањмад», њадиси 22335

Яке аз чунин ањкоми ќуръонї, ки ба мардону

занон ба таври баробар тааллуќ мегирад, масъалаи халифаи Худованд дар рўи замин будани инсон аст. Ин унвони баланд ба инсон њам шарафу каромати бузург ва њам вазифаю масъулияти муњиммеро дода-аст. Тањќиќ дар мазмуни ояњои ќуръонї нишон медињанд, ки ин маќому масъулияти бузург низ фаќат хосси мардон набуда, занонро њам фаро мегирад. Модом ки занон низ дар баробари мардон масъулияти баланди халифаи Худованд дар рўи замин буданро доранд, пас аз силсилаи њуќуќњои сиёсию иљтимої барои анљоми ин масъулият низ

Page 174: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

173

бархурдор мебошанд. Яъне, ин маќоми муштарак масъулияти муштаракро низ њамроњ дорад, тавре ки Ќуръони карим мефармояд:

Матни оя: ☺ ☺

☺ ☺

Тарљума: Мардони мўъмин ва занони мўъмин

дўсту ёвари якдигаранд. Ба некї њамдигарро амру даъват мекунанд ва њамдигарро аз корњои ношоиста бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медињанд ва аз Худову Паёмбараш фармонбардорї мекунанд. Худо ба онон рањму шафаќат хоњад кард, Худо Пирўзманду Дурусткор аст!

Сураи «Тавба», ояи 71

Њадисњои Паёмбари гиромии Ислом ва муноси-бати Ишон бо љойгоњи сиёсию иљтимоии занон низ нишон медињад, ки Ислом ба ин навъи фаъолияти занон нигоњи мусбат дошта, онро дар доираи шариати исломї љоиз медонад. Њадиси машњури Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар бораи баробарии усулии зану мард гўёи он аст, ки Ислом дар тамоми арсањо, аз љумла дар самти

Page 175: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

174

сиёсию иљтимої барои занон љойгоње баробар бо мардон ќоил аст.

Расули акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар ин маврид мефармоянд:

Матни њадис: »إنما النساء شقائق الرجال … yسئل رسول الله :عن عائشة قالت«

Тарљума: Њазрати Оиша(р) гўяд: Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: «Занон бо мардон њамрадиф ва баробаранд».

«Сунани Абудовуд», китоби «Тањорат», њадиси 204 ва «Сунани Тирмизї», китоби «Тањорат», њадиси 113

Фаќењи номдори њанафї Бадруддини Айнї дар

китоби худ «Умдату-л-ќорї шарњи «Сањењи Бухорї»» њадиси болоро чунин шарњ додааст:

Матн: ائر اء نظ ى أن النس و داود والمعن ال رواه أب قائق الرج اء ش ا النس إنمالرجل وأمثالهم في األخالق والطباع آأنهن شققن منهن وحواء خلقت من آدم ه وه ألبي و أخ ل وه قيق الرج ه ش قيقة ومن ع ش قائق جم الم والش ا الس عليهم

…أمه ويجمع على أشقاء أيضا وТарљума: «Занон бо мардон њамрадиф ва

баробаранд», ки онро Абудовуд дар «Сунан»-и худ ривоят кардааст, ба ин маъност, ки занон низ дар ахлоќ ва табъашон монанди мардон мебошанд, зеро онон аз мардон иншиќоќ шудаанд. Ва њазрати Њавво аз ќисмати бадани Одам, алайњимассалом, халќ шудааст. Ва «шаќоиќ» љамъи «шаќиќа» аст, аз љумла, бародари мард, ки аз як падар ва модар бошанд. Ва љамъ карда мешавад ба «ашиќќо» низ, ки бо ташдиди ќоф аст ва насабест, ки ба зан низ ихтисос дорад…

«Умдату-л-ќорї шарњи «Сањењи Бухорї», љилди 3, сањ. 235

Муносибати амалии љаноби Расулуллоњ,

саллаллоњу алайњи ва саллам, бо ин масъала низ

Page 176: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

175

баёнгари њамин усули таълимоти Ислом дар мавриди љойгоњи зан дар љомеа ва сиёсат мебошад. Ин мавзўъро метавон дар мисоли ду масъалаи муњим, яъне байъат ва амон ба хубї собит намуд.

1. Иштироки занон дар байъат. Байъат дар таълимоти исломї навъе изњори назари сиёсї дар мавриди роњбари давлат буда, дар садри Ислом њар фарди мусалмон бо эъломи байъат ё бо худдорї аз байъат мавќеи сиёсии худро нисбати њокимият ва шахси њоким муайян менамуд. Ба иборати дигар, байъат навъе интихобот буда, ширкат дар он ба маънои иштироки бевосита дар интихоботи сиёсї мебошад.

Суннати Расули Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар ин маврид нишон медињад, ки дар садри Ислом занон дар байъатњо ба таври мустаќим иштирок карда, ба ин тариќ дар баробари мардон њуќуќи интихоботии худро амалї менамудаанд. Њадиси зерине, ки њазрати Оиша(р) ривоят намудаанд, дар ин бора чунин маълумот медињад:

Матни њадис: ة « روة أن عائش ي ع ي الل أخبرن ي رض ا زوج النب ه أن yه عنه أخبرته م yالله رسول اجر إلي ن ه تحن م ذه اآل آان يم ات به ه ن المؤمن ول الل ة بق ي

اءك ال " ي إذا ج ا النب ا أيه كي ات يبايعن ه "مؤمن ى قول يم"إل ور رح ال "غف قات :قالت عائشة :عروة ن المؤمن ه .فمن أقر بهذا الشرط م ول الل ا رس ال له ق

y: ا ط في المباوالله ما مست يده يد امرأة ق وال ماقد بايعتك آال ايعهن يعة م يب »بقوله قد بايعتك على ذلك إال

Тарљума: Урва аз Оиша(р) - њамсари Паёмбар,

саллаллоњу алайњи ва саллам, – наќл мекунад, ки Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, занњои мусалмонеро, ки ба назди ў њиљрат мекарданд, тибќи њамин оят имтињону озмоиш мекард – ба ќавли Худованд – «Эй Паёмбар, агар занњои мўъмин назди

Page 177: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

176

ту оянд, то бо ту байъат кунанд… Худо Омурзандаву Мењрубон аст». Урва аз Оиша мегўяд: Касе, ки аз ин занњои мўъмин ин шартро ќабул мекард, Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ўро мегуфт: Ман байъати туро ќабул кардам, бо сухан. Оиша мегўяд, ки ќасам ба Худо, дар ваќти байъат бо занон, њаргиз дасти Паёмбар дасти занеро ламс нанамудааст (яъне дасти Ишон ба дасти зани номањраме нарасидааст) ва дар њолати байъат бо онњо фаќат ин суханро мегуфт: Ман байъати туро ќабул кардам, бо њамин (шартњо)...

«Сањењи Бухорї», китоби «Тафсиру-л-Ќуръон», њадиси 5288 ва «Сањењи Муслим», китоби «Имора», њадиси 4727

Њамчунин, Имом Табарї дар таърихи машњури

худ дар бораи иштироки занон дар маросими байъат бо Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар рўзи фатњи Макка чунин маълумот медињад:

Матн: ا … م فيم ى اإلسالم فجلس له ثم اجتمع الناس بمكة لبيعة رسول اهللا عل

ن الخطاب تحت رسول اهللا أسفل من مج لسه يأخذ بلغني على الصفا وعمر ب .على الناس فبايع رسول اهللا على السمع والطاعة هللا ولرسوله فيما استطاعوا

رغ ا ف الم فلم ى اإلس اس عل ن الن ول اهللا م ايع رس ن ب ه لم ت بيعت ذلك آان وآ …رسول اهللا من بيعة الرجال بايع النساء

Тарљума: ... Ќатодаи Садусї наќл мекунад, ки ... рўзи фатњи Макка мардум барои байъат бо Расули Худо дар Макка љамъ шуданд ва Паёмбар барои байъати онњо дар мавзеи Сафо нишаст ва аз онњо ба ќадри имконашон ба итоату фармонбардории Худо ва Расулаш байъатро ќабул кард ва њамин тавр буд байъати Паёмбар бо касоне, ки бо ў байъат мекарданд бар Ислом. Ва њангоме ки Расули Худо аз байъати мардон фориѓ шуданд, байати занњоро ќабул карданд…

Ниг.: «Таърихи Табарї», љ. 2, сањ. 161-162

Page 178: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

177

2. Эътироф шудани њаќќи амонат барои занон.

Санадњои таърихї нишон медињанд, ки Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар замони худ нисбат ба занон њамчунин яке аз муњимтарин ва њассостарин њуќуќњои сиёсї, яъне њуќуќи ба шахсе додани паноњандагї, аз љумла паноњандагии сиёсиро расмият бахшиданд. Ин масъала, ки дар садри Ислом бо номи «амон додан», яъне паноњандагї додан маъруф буд, то он замон фаќат хосси мардон ба њисоб мерафт, вале чандин санади таърихї расидааст, ки Расули акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, паноњ ва амони занонро эътироф намудаанд ва њатто мухолифонеро, ки аз сўи зани мусалмоне паноњ ва амон ёфта бошанд, дар амон гузоштаанд, яъне аз љазо доданашон даст кашиданд.

Масалан, Расули Худо амони духтарашон Зайнаб ба шавњараш Абулъос, амони Умми Њаким бинти Њорис ба шавњараш Икрима ибни Абуљањл ва амони Умми Њонї ба яке аз куффор ва мухолифони Исломро пазируфта буданд. Умми Њонї дар рўзи фатњи Макка яке аз мушрикони мухолифро паноњ дод ва бародараш Њазрати Алї хост, ки он мардро бикушад. Аммо Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд:

Аз матни њадис: ن أم :قلت … ا رسول اهللا زعم ب ن ي ه فالن ب د أجرت ل رجال ق ه قات ي أن …د أجرنا من أجرت يا أم هانئ ق y اهللا رسول :فقال .هبيرة

Тарљума: Умму Њонї гуфт: Эй Расули Худо, писари модарам (яъне, бародараш Њазрати Алї (р) мехоњад касеро, ки ман амонаш додаам, бикушад. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва салам, гуфтанд: Эй Умми Њонї! Касеро, ки ту паноњ додаї, мо низ паноњаш додем.

Page 179: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

178

«Сањењи Бухорї», китоби «Салот», њадиси 357 Њамин тавр, аз ибтидо бояд донист, ки Ислом ба

таври усулї занонро низ дар баробари мардон соњиби љомеа ва масъули љомеа дониста, ба онњо дар баробари мардон њам њуќуќњои бисёр васеи анљоми фаъолиятњои љамъиятию сиёсї ва њам масъулиятњои љиддї дар њифзу пешрафти љомеа пешбинї намудааст. Њуќуќи фаъолияти љамъиятї ва иштироки сиёсии занон низ пеш аз њама аз њамин масъулияти онњо дар баробари љомеа бармеояд. Гарчи дар фиќњи таърихии исломї дар масъалањои фаъолияти љамъиятї ва иштироки сиёсии занон назару фатвоњои мухталиф вуљуд доранд, вале ба таври куллї, Ислом бо иштироку фаъолияти сиёсии занон мухолиф нест. Аз ин рў, бояд гуфт, ки он аќидањое, ки гўё аз назари Ислом зан доимо хонанишин бошад ва дар љомеа фаъъол набошад, њељ асоси илмию шаръї надоранд. Ислом фаъолияти љамъиятии занонро иљозат дода, љанбањои фиќњию шаръии онро ба танзим даровардааст, ки дар бахшњои зерин онро мавриди баррасї ќарор медињем.

2. Масъалаи сардори давлат ва вазир шудани зан аз назари Ислом

Муќаддимаи мантиќї Масъалаи ба маќоми роњбари давлат расидани

занон дар шариати исломї яке аз масъалањои бисёр љиддї буда, чи дар садри Ислом ва чи дар таърихи густариши Ислом њамвора мавриди мулоњиза ва баррасињои мухталиф ќарор доштааст. Аз њамин

Page 180: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

179

оѓоз бояд гуфт, ки дар њаќиќат гурўње аз фаќењони босалоњият бо такя ба манбаъњои мўътабари исломї хулоса гирифтаанд, ки аз назари шариати исломї ба маќоми роњбари давлат расидани занон дуруст намебошад. Ин назари фиќњї маъмулан дар аксари мактабњои фиќњии исломї ва дар аксари даврањои таърихи мусалмонон назари ѓолиб будааст. Дидгоњу фатвои ин уламои бузургвор ќобили эњтиром мебошанд. Аз ин рў, мо низ ба ин гуна хулосањои шаръї, ки бо нигоњи нек ва бо нияти холис ба вуљуд омадаанд, камоли эњтиром ќоил њастем ва маќсади бањси зерин низ мухолифат бо онњо ва ё радди онњо нест.

Вале тањќиќи масъалаи роњбари давлат шудани занон дар сарчашмањо ва осори исломї нишон медињад, ки дар баробари назарњои мављудаи мухолиф бо роњбарии занон дар љомеа, назарњои таъйидкунандаи ин масъала низ љой доранд. Бахше аз фаќењони мўътабари ањли суннат ва љамоат бо овардани далелњои аќлию истењсонї собит намудаанд, ки дар сурати риоят шудани баъзе шартњои муайян, роњбари давлат шудани занон дар љомеаи мусалмоннишин аз назари шариати исломї имконпазир мебошад. Њамин тавр, аввалин хулоса дар бораи назари шариати исломї дар масъалаи роњбари давлат шудани зан ин аст, ки ин масъала чи дар байни мазњабњои фиќњї ва чи дар байни фаќењони бузурги як мазњаб як мавзўи ихтилофї мебошад. Њатто дар замони муосир низ дар ду кишвари њанафимазњаби љањони ислом, ки дар он љо мактабу марказњои бузурги њанафї фаъолият доранд, яъне кишварњои Покистон ва Бангладеш, чанд муддат занон вазифаи Сардори њукуматро иљро

Page 181: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

180

намуданд ва уламои исломии ин љомеањо ба ин масъала мухолифати усулї накарданд.

Нуктаи муњимме, ки аз тањќиќи фатвоњои манъкунандаи раёсати зан бар љомеа бармеояд, ин аст, ки аксари онњо њолати суннатии љомеањо ва умуман, ба фаъолияти љамъиятию сиёсї машѓул набудани занонро дар назар гирифтаанд. Вале имрўз бо таѓйир ёфтани наќши занон дар љомеањои мусалмоннишин ва дар њамаи бахшњои љомеа фаъъол будани занон, он назари куллї дар бораи манъи фаъолияти љамъиятию сиёсии занон акнун мавзўияти худро гум кардааст. Аз ин рў, имрўз дар њоле ки занон дар њаёти љомеа ба таври фаъъол њузур доранд, масъалаи чигунагии назари шариати исломї дар бораи ба вазифаи роњбари давлат расидани зан дубора таваљљўњи муњаќќиќонро љалб намудааст. Ин аст, ки ин љо кўшиш мешавад дидгоњи Ислом дар ин масъала бо таваљљўњ ба шароити нави пешомада дар љомеањои мусалмоннишин тањќиќу муаррифї шавад.

Пеш аз баррасии назари манбаъњои исломї дар ин масъала зарур аст, ки ба як мавзўи бисёр сода, вале бисёр муњимм, яъне таѓйир ёфтани моњият ва тарзи идоракунии љомеањо дар замони муосир таваљљўњ намоем. Шинохти дурусти ин масъала боис мешавад, ки ба мавзўи имкони роњбари давлат шудани зан аз назари шариат низ нигоњи даќиќтаре андохта шавад.

Моњияти масъала дар он аст, ки наќш ва маќоми роњбари давлат дар љомеањои муосир аз наќшу маќоми он дар љомеањои гузаштаи суннатї бисёр тафовут кардааст. Имрўз роњбари як давлати муосири мардумсолорї (демократї) як фарди тасмимгирандаи мутлаќ ва авторитарї набуда, дар асл идоракунандаи мутлаќи љомеа нест. Яъне, дар

Page 182: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

181

љомеаи муосир роњбари давлат тобеъ ва иљроку-нандаи ќонунњои тасдиќшуда аз љониби ќувваи ќонунгузор ва њамчунин, пойбанди барномањои дар рафти интихобот эълоншудаи њизби худ мебошад. Фаъолияти ў аз љониби шохањои дигари њокимият, ки бояд дар мустаќилият ќарор дошта бошанд, назорат ва санљида мешавад ва тасмимгирињои љиддии ў низ ба тасвиби шохањои дигари њокимият, хусусан, парлумон бисёр вобаста аст. Фаъолияти ў њамчунин, моњияти шаффоф дошта, аз сўи њизб ё эътилофи њоким, њизбњои мухолиф ва воситањои ахбори умум ва љомеаи шањрвандї пайгирї ва назорат мешавад.

Илова бар мањдудиятњои ќудратї аз тариќњои зикршуда, роњбари давлат дар љомеањои муосири исломї маќоми пешвои диниро низ доро нест. Албатта, бар тибќи назари ањли суннат ва љамоат ба истиснои Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дигар њељ амире њамчун сардори давлат ќадосати шаръї ва маќоми мазњабї надоранд ва фаќат Хулафои Рошидин дар давраи њукумати худ њамчун пешвоёни динии љомеа низ амал мекарданд. Дар чунин сурат, халифа илова бар наќши роњбарии давлат наќши имоми љомеаро низ ба дўш дошт, ки ин вазъият доираи салоњият ва эътибори њукумати онро бисёр боло мебурд.

Вале, дар љомеањои муосири демократї (албатта давлатњои диктатурї ва авторитариро дар назар надорем) роњбари давлат ин ду ањроми муњимро дар даст надорад:

1.Њокимияти муталаќи сиёсї ва њаќќи тасмимгирињои усулии фардї.

2. Маќоми имомат ё пешвои динии љомеа.

Page 183: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

182

Ин воќеияти нав дар кулл моњияти њукумат ва идораи љомеа дар замони муосирро таѓйир дода, он фарзу тасаввури аввалия дар бораи маќоми халифа, амир ва ё роњбари давлатро аз байн мебарад. Бо таѓйири ин моњияти давлат аксари далелу шартњое, ки дар гузашта барои роњбари давлат дар назар гирифта мешуд, моњият ва мавзўияти худро аз даст медињанд.

Дар мавриди њокимияти сиёсии зан ин масъала аз он назар ќобили таваљљўњ аст, ки бахши зиёде аз фатвоњои манъкунандаи роњбарии сиёсии занон ба њамин моњияти суннатии роњбарї ва наќши суннатии роњбар такя доштаанд. Тавре ки маълум аст, дар сурати дар ихтиёри як шахс гузоштани роњбарї ва њукумати љомеа тамоми сарнавишти он ба ирода, хоњиш ва тасмимгирии шахси роњбар вобаста мегардад. Аз ин сабаб, соњибони ин фатвоњо бино бар баъзе хусусиятњои табиию отифии занон, ба ихтиёри шахсии зан гузоштани њукумат ва тасмимгирии мутлаќи љомеаро љоиз намедонистаанд. Аммо дар сурате, ки акнун дар љомеањои муосир роњбари љомеа дорои чунин ќудрат ва салоњияти мутлаќ нест, ин далели анъанавї моњияти худро аз даст медињад.

Аз сўи дигар, шариати исломї имом ё пешвои динии тамоми љомеаи мусалмонон будани занро љоиз намедонад. Ин масъала дар шариат ба таври рўшан њал шуда, дар мавриди он бањси хоссе вуљуд надорад. Пас, агар чунин фарз шавад, ки яке аз наќшњои халифа ё роњбари давлат имомат ва пешвої дар корњои динии мусалмонон аст, занон намета-вонанд ин наќшро ифо намоянд, зеро занон наметавонанд имоми динї бошанд. Ин нукта яке аз ќавитарин далелњо барои имконнопазир будани

Page 184: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

183

роњбарии зан дар љомеаи мусалмонон ба њисоб меравад ва албатта, асоси сањењи шаръї дорад. Аммо бино бар таѓйири моњияти роњбарї ва њукумат дар љомеањои муосир, аз љумла, акнун бар дўши роњбари давлат набудани масъулияти имомї, ин далел низ дар шароити нав мавзўияти худро аз даст додааст.

Њамин тавр, хулосаи ин бањс чунин аст, ки агар дар љомеаи мусалмоннишин њокимияти мутлаќи сиёсї ва имомати динии мардум дар дасти роњбари давлат љамъ омада бошанд, муфовиќи шариати исломї дар чунин сурат роњбари давлат шудани зан љоиз нест. Аммо, дар сурате, ки роњбарияти сиёсї ин ду сифати зикршударо надошта бошад, ба симати роњбари давлат дар љомеаи мусалмоннишин интихоб гаштани зан љоиз мебошад.

Пас, пурсише пеш меояд, ки оё хулосаи баъзе аз фаќењони мўътабари пешин дар бораи аз назари шариати исломї дуруст набудани роњбарии зан бар љомеа ѓалат будааст? Посухи банда ин аст, ки ин назарњо ба њељ ваљњ ѓалат набудаанд, зеро дар сурате, ки роњбари давлат њамчун шахси яккатас-мимгирандаи мутлаќ ва низ, њамчун имоми динии љомеа дар назар гирифта шавад, аз дидгоњи шариати исломї ба дўши зан гузоштани ин масъулият дуруст нест. Дар дасти як фард љамъ шудани ин доираи ихтиёротро дар фиќњи исломї «вилояти кубро» ё «вилояти омм» номидаанд, ки ба маънои масъулияти азим ва сарнавиштсоз аст. Мањз дар њамин сурат фаќењони исломї ба роњбарии љомеаи мусалмонон мансуб гаштани занро љоиз надонистаанд. Вале дар њолате, ки имрўз дигар роњбари давлати демократї он ихтиёрот ва он наќшро ќонунан доро нест, масъалаи имкони ба ин маќом расидани занон аз назари фиќњи исломї ниёз ба як бознигарии љиддї дорад. Ин аст, ки фаќењони мўътабари муосир бо дар

Page 185: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

184

назар гирифтани таѓйири моњияти роњбарї ва давлатдории муосир, аз тариќи тањќиќу иљтињод дар ин масъала ба љоиз будани роњбарии сиёсии зан фатво додаанд.

Назари Ќуръон ба масъалаи

раёсати сиёсии зан Дар муќаддимаи мантиќие, ки оварда шуд,

зарурати бознигарии нигоњи маъмулгашта ба мавзўи роњбарии сиёсии занон бино бар сабаби таѓйири моњияти роњбарї ва њукумат дар замони муосир матрањ гашт. Вале барои собит шудани чунин масъалаи љиддию печидаи шаръї фаќат овардани чунин муќаддима кофї нест. Аз ин сабаб, барои рўшан шудани ин мавзўъ бояд ба манбаъњои аслии шариати исломї рў оварем ва пеш аз њама назари Ќуръони каримро дар ин масъала баррасї намоем. Мањз дар он сурат метавон гуфт, ки асосу пояи шаръии љоиз будани роњбарии сиёсии занон дар љомеаи мусалмоннишин кадом аст.

Аввалин ва муњимтарин далеле, ки мухолифони њукумати сиёсии зан аз матни Ќуръони карим ба он такя менамоянд, ояи 34-уми сураи муборакаи «Нисо» мебошад, ки Худованд дар он мефармояд:

Аз матни оя:

☺ ⌧

Page 186: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

185

☺ ⌧

Тарљума: Мардон аз он љињат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарї додааст ва аз он љињат, ки аз моли худ нафаќа медињанд, бар занон сарварї доранд. Пас, занони шоиста фармонбардору нигањдорандаанд молу мулк ва обрўи шавњарро (дар набудани он) ба нигоњдошти Худо...

Сураи «Нисо», ояи 34 Ибораи аввали ин оя « آء ى النس ون عل яъне ,« الرجال قوام

«мардон бар занон тасаллут доранд», дар тамоми даврањо њамчун далели ќуръонии њокимияти мардон бар занон ва хусусан, њамчун далели аслии имкон надоштани њокимияти сиёсии занон истифода мешавад. Албатта, љои њељ шакке нест, ки агар ин ибораро аз матни оя ва аз матни умумии Ќуръони карим људо тафсир намуда, њамчунин, фаќат ба зоњири он басанда намоем, он мањз њамин маъноро медињад, ки «мардон бар занон њокимият доранд». Вале аз асрњои нахустини Ислом то имрўз дар фањму тафсири ин ояи муборака ду масъалаи аслї вуљуд доштааст:

1. Маънои воќеии калимаи «ќаввом», ки дар ин оя истифода шудааст, чист?

2. Ин оя бо таваљљўњ ба мазмуни ояњои дигари сураи «Нисо» ва бо таваљљўњ ба ањкоми дигари ќуръонї дар ин маврид чї маъно медињад?

Аз ин сабаб, баъзе аз муфассирон ва муњаќќиќони мўътабари исломї ба зоњири ин оя кифоя накарда, маънои воќеии онро бо таваљљўњ ба ин ду нуктаи зикршуда љустуљў намудаанд.

Дар мавриди маънои «ќаввомият» Ќозї Абдулазиз ибни Баррољ (400-481 њ.ќ) дар китоби «ал-Муњаззиб» чунин мегўяд: «Маънои ибораи «Ар-риљолу ќаввомуна ала-н-нисои» он аст, ки мардон

Page 187: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

186

вазифадоранд, то њуќуќњоеро, ки занон њамчун њамсар бар гардани онњо доранд, иљро намоянд». Ибни Ман-зур дар «Лисону-л-араб» овардааст, ки «калимаи «ќиём» баъзан ба маънои нигањдорї ва ислоњ истифода мешавад, аз љумла, дар ояи муборакаи ى ون عل ال قوام الرجآء ا ва ояи шарифаи النس ه قائم ت علي ا دم Дар чунин . إال مмавридњо калимаи «ќоим» ба маънои мулозим ва муњофиз аст».

Ниг.: Ибни Манзур. «Лисону-л-араб», љилди 12, сањ. 497 Њамчунин, Зубайдї дар «Тољу-л-арўс» дар ин

бора меорад: «Ба навиштаи Љавњарї калимаи «ќаййим» ба маънои сарвар ва гардонандаи амр аст ва ба зан «ќаййимата» гуфта мешавад. Дар бархе забонњо «ќайим-ул-маръати» ба маънои њамсари ў аст, зеро ба такаффули корњо ва ниёзмандињои ў мепардозад... Фарроъ мегўяд: «Ќаввом», яъне масъули иљрои корњо».

Ниг.: Муњаммад Зубайдї. «Тољу-л-арўс», љилди 33, сањ. 305-321

Муњаммад ибни Ањмади Ќуртубї дар тафсири

машњури худ маънои ин калима ва дар кулл, маънои ин ояро чунин шарњ додааст: «Ар-риљолу ќаввомуна ала-н-нисои» мубтадо ва хабар аст, яъне мардон сарф ва харљи зиндагии занон ва нигањубини онњоро мепардозанд».

Ниг.: Муњаммад ибни Ањмади Ќуртубї. «Тафсири ал-Љомеу-л- ањкоми-л-Ќуръон», љилди 5, сањ. 168

Бо таваљљўњ ба маъное, ки луѓатдонон ва

муфассирони мўътабар аз маънои «ќаввомият» додаанд ва бо таваљљўњ ба мавридњои дигаре, ки Ќуръони карим ба ин масъала ишорат кардааст, маълум мегардад, ки ќаввомият ё сарпарастии мустаќими мардон бар занон пеш аз њама ба оила ва муносибатњои оилавї тааллуќ дорад. Яъне, дар ин оя

Page 188: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

187

ќаввомият ба маънои масъул, муњофиз ва сарпараст буда, пеш аз њама, ба он ишорат дорад, ки мардон вазифадоранд дар оила занонро њам аз назари амният ва њам аз назари эњтиёљоти моддию молї таъмин намоянд. Ин масъулият мардонро масъул ва сарпарасти оила мегардонад, ки ин амре табиї ва сањењ аст.

Аз ин сабаб, дар нињоят чунин бармеояд, ки ин оя пеш аз њама њимоякунадаи њуќуќи занон аст. Вале ин њокимият ва сарпарастии мардон нисбат ба занон мањз дар оила буда, ба таври мутлаќ ба љомеа марбут намешавад, зеро наќши муњофиз ва таъминкунанда ва сарпарастї нисбат ба занро мардон мањз дар оила ба дўш доранд ва анљом медињанд. Яъне ин оя мустаќиман далолат намекунад, ки дар умури љамъиятию сиёсї низ мардон бар занон тасаллут ва њокимият доранд.

Барои рўшантар шудани ин фикр метавон ба ду нуктаи зерин таваљљўњ намуд:

1. Агар мо ин ояро чунин тафсир намоем, ки мардон дар тамоми заминањо ва дар тамоми масъалањо ба таври мутлаќ бар занон тасаллут доранд, чунин фањмиш ба мазмуни ояи машњури сураи «Њуљурот», ки дар он Худованди мутаъол меъёри бартарии инсонњо бар якдигарро фаќат таќвою покї гузоштааст, созгор намеояд. Ин яке аз муњимтарин аслњои таълимоти исломист, ки Худованд меъёри бартарии инсонњоро на дар љинсияту ќавмияту миллияту сарват, балки мањз дар покию таќво муќаррар намудааст:

Матни оя:

Page 189: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

188

Тарљума: Эй мардум, ба дурустї, ки шуморо аз як

марду як зан офаридем ва шуморо ќавмњо ва ќабилањо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед. Њароина гиромитарини шумо назди Худо парњезгортарини шумост; Худо Донои Хабардор аст!

Сураи «Њуљурот», ояи 13 Њамчунин, бояд таваљљўњ намуд, ки дар ин оя

Худованд аввал аз мардону занон офарида шудани инсонњоро зикр менамояд, вале мањз меъёри бартарии онњо аз якдигар набудани љинсиятро нишон дода, илова мефармояд, ки меъёри бартарии инсонњо покию парњезгорист. Пас, мард будан як тафовут аст, вале як бартарии зотї ва мартабаї нисбат ба зан нест. Ба ин эътибор, дар назди Худованд ва низ дар љомеа зани парњезгор бењтар аз марди бепарњезу фосиќ аст.

2. Нуктаи дигаре, ки бояд њангоми фањм ва ба масъалаи њокимияти сиёсии занон марбут донистани ин оя ба он таваљљўњ намуд, таѓйир ёфтани моњияти роњбарї ва њокимият дар љомеањои муосир мебошад. Тавре ки пештар шарњ шуд, имрўз њукумат доштан дар љомеаи демократї ба маънои роњбари мутлаќи љомеа будан нест. Аз ин рў, он навъи њукумати мустаќилу шаръиеро, ки мард дар оила дорад ва њамчун соњиби оила тасмимгирї ва амал менамояд, наметавон ба њукумати як фарди роњбар бар кулли љомеа нисбат дод, зеро акнун њоким будан дар љомеа ба маънои тасаллути комил доштан бар он нест. Њамин тавр, њатто агар ќаввомиятро ба маънои

Page 190: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

189

тасаллут бигирем, боз њам бино бар сабаби таѓйири моњияти њукуматњо, имрўз раиси давлат шудани занон ба маънои ќаввомият бар мардон ё тасаллут бар мардонро соњиб гаштани онњо намешавад. Зеро, роњбари давлат дар љомеањои муосир ногузир дар доираи ќонунњои таъйиншуда, бо машварату њамоњангї бо шохањои дигари њокимият ва зери назорати љомеа фаъолият менамояд.

Ояи дуввуме, ки мухолифони ба роњбарии сиёсї расидани занон онро аз Ќуръони карим далел меоваранд, ояи 228-уми сураи «Баќара» мебошад. Дар ин оя Худованд мефармояд:

Матни оя: ☺

Тарљума: Бояд, ки занони талоќшуда то се бор пок

шудан аз шавњар кардан бозистанд. Ва агар ба Худо ва рўзи Ќиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Худо дар рањмњои онон офаридааст, пинњон доранд. Ва дар он айём агар шавњаронашон ќасди ислоњи оиларо дошта бошанд, ба бозгардониданашон

Page 191: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

190

сазовортаранд. Ва барои занон њуќуќе шоиста аст њамонанди вазифае, ки бар ўњдаи онњост (яъне занонро болои мардон њаќќ аст, мисле, ки мардонро болои занон), вале мардонро бар занон дараљаест. Ва Худо Пирўзманду Њаким аст!

Сураи «Баќара», ояи 228

Ќисмате, ки маъмулан аз ин оя барои исбот намудани ин фикр истифода мешавад, ибораи « وللرجالة يهن درج ,«яъне «мардонро бар занон дараљаест ,«علмебошад. Ба назар мерасад, ки ба таври мутлаќ фањмидани ин оя, яъне ба маънои дар њамаи заминањо ва корњо нисбат ба занон дар дараљаи бартар ќарор гирифтани мардњо донистани он, баъзе мушкилоти дигарро ба вуљуд меоварад. Аввалан, дар ин сурат маънои ин оя низ ба ояи 13-уми сураи «Њуљурот» созгор намеомад, зеро дар он оя Худованд меъёри бартариро на љинсият, балки покию таќвои инсонњо донистааст. Илова бар ин, калимаи «дараља» дар ин оя ба шакли якка омадааст, ки он маънои хосс ва ба як масъалаи мушаххас, яъне масъалаи талоќу бозгашт ва робитаи заношўї тааллуќ доштани ин дараљаро мефањмонад. Мавзўъ ва мазмуни куллии ин оя низ ба њамин далолат мекунад. Њамин тавр, аз баррасии мазмуни ояњои ќуръонї маълум мегардад, ки њељ яке аз онњо ба таври мустаќим маънои мамнўъ будани ба маќоми њокими сиёсї ё роњбари давлат расидани занонро ифода намекунад.

Дар айни замон, метавон аз Ќуръони карим мисолњоеро овард, ки роњбарии занон бар љомеаро таъйид менамояд ва ё њадди аќалл, аз мазмуни он метавон барои ин масъала њамчун ишораи мусбат истифода намуд. Муњимтарин мисоли ќуръонї дар ин мавзўъ наќл шудани таърихи подшоњии маликаи

Page 192: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

191

Сабо Билќис дар Ќуръон аст. Билќис занест, ки бар тибќи иттилои Ќуръон дар мулки Сабо њукумат дошта, бо хираду заковати худ боиси оромиш ва наљоти он љомеа гаштааст. Ќуръон аз равишњои њукмронии ў бо назари мусбат хабар дода, хусусан, истифодаи ў аз асли шўро ва машварат бо мардумро таъкид менамояд. (Ниг.: Сураи «Намл», ояњои 28-44)

Шояд баъзе аз бародарон барои канор рафтан аз ин мисоли возењ чунин далел пеш оранд, ки Билќис роњбари љомеаи мусалмонон набудааст. Дар посух бояд гуфт, ки аз сабабе, ки Ќуръони карим наќли онро барои мусалмонон оварда ва онро радд накардааст ва дар њадисњои Паёмбари Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, низ таъриху амали ў радд нашудаанд, мисоли њукумати ўро метавон њамчун мисоли њукумати як зан аз Ќуръон истидлол намуд.

Мисоли дигаре, ки дар умури љомеа масъулияти баробар доштани занону мардонро баён мекунад, ояи 71-уми сураи «Тавба» мебошад, ки Худованд дар он мефармояд:

Матни оя: ☺ ☺

☺ ☺

Page 193: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

192

Тарљума: Ва мардону занони мўъмин корсози якдигаранд: ба кори писандида мефармоянд ва аз кори нописандида манъ мекунанд ва намозро барпо медоранд ва закотро медињанд ва ба Худову Расули Ў фармонбардорї мекунанд. Худо бар онњо рањм хоњад кард. Ба дурустї, ки Худо Ѓолиби Дурусткор аст.

Сураи «Тавба», ояи 71

Аз мазмуни ин оя низ чунин бармеояд, ки дар

канори масъулиятњои дигари муштарак, барои дар љомеа роиљ гаштани некўї ва аз байн рафтани фасоду мункар занону мардон ба таври баробар масъул мебошанд. Аз ин лињоз наметавон гуфт, ки Ќуръони карим масъулияти роњбарии сиёсии љомеаро ба дўш гирифтани занро манъ намудааст. Ин аст, ки дар таърихи Ислом чандин нафар аз занон ба маќоми роњбарии љомеа расидаанд. Масалан, Урво бинти Ањмади Сулайњї баъд аз марги шавњараш дар Яман ба тахти салтанат нишаст ва ё Шаљаратуддур, модари Халили Солињия низ ба маќоми њукумат расида буд.

Ниг.: Муњаммадфаќии Расул. «Зан дар андешаи исломї», сањ. 516

****

Аммо бо тафовут аз масъалаи сарвари сиёсии љомеаи мусалмонон шудани зан, масъалаи ба масъулиятњои вазирї ва дигар маќомоти њукуматї расидани зан дар шариати исломї мавзўи чандон бањснок нест. Далелњое, ки дар боло оварда шуд, бидуни њељ шакку тардиде нишон медињанд, ки аз назари Ислом занон метавонанд дар вазифаи вазирї ва дигар масъулиятњои муњимми њукуматї фаъолият намоянд.

Page 194: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

193

Илова бар далелњои фаровони шаръию таърихї, дар замони муосир дигар шудани моњияти кору фаъолияти давлатї низ барои љоиз будани кори занон дар ин масъулиятњои муњимм замина фароњам намудааст. Ин аст, ки аксари уламои исломї, аз љумла, андешамандони шинохташудае чун Мањмуд Шалтут, Рамазон Бутї ва ѓайра интихоб шудани занро ба ин маќом дуруст медонанд. Масалан, Аллома Рамазон Бутї дар ин маврид мегўяд: «Барои зане, ки шоистагии ишѓоли яке аз мансабњои сиёсиро дорад ва метавонад рафтори худро дар доираи муќаррароти динии содиршуда аз сўи Парвардгор ба роњ гузорад, фаќат ба сабаби зан буданаш њељ монеаи шаръии гирифтани ин вазифа вуљуд надорад. Зеро дар ин маврид мамнўъияте аз сўи шариати исломї вуљуд надорад ва бањсњои овардашуда фаќат дар мавриди хилофат ё раёсати љумњурї аст. Ва чунон ки медонем, то мамнўъияте аз љониби шариат набошад, асл ва ќоида дар тамомии чизњо мубоњ будани онњо аст ва ин масъала низ дар њамин асл ќарор дорад».

Ниг.: Рамазон Бутї. «Зан дар миёни шаффофияти шариати илоњї ва тирагии фарњанги Ѓарб», сањ. 71

3. Назари Ислом дар бораи њуќуќи зан барои интихоб кардан ва интихоб шудан дар њукумати ќонунгузор

Оё аз назари шариати исломї зан метавонад дар

интихоботњо ба унвони интихобкунанда ё интихобшаванда иштирок намояд? Оё аз назари Ислом зан метавонад вакил ё намояндаи мардумї дар парлумон бошад? Ин саволњоест, ки бисёр ваќт аз сўи занони мусалмон ба миён гузошта мешавад ва дар баъзе аз љомеањои исломї яке аз масъалањои асосии њуќуќи занон ба њисоб меояд.

Page 195: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

194

Барои дарки дурусти њуќуќи зан, барои интихоб намудан ва интихоб шудан бояд пеш аз њама ба яке аз муњимтарин аслњои таълимоти исломї, яъне асли шўро ва машварат таваљљўњ намоем. Шариати исломї шўроро яке аз аслњои бунёдии низоми исломї муќаррар намуда, ба мусалмонон амр намудааст, ки дар масъалањои муњимми љомеа байни худ машварат ва њамкорї намоянд. Ин амри Худованд дар Ќуръони карим ба таври зерин омадааст:

Матни оя: ☺ ☺

⌧ ⌧

☺ Тарљума: Ба василаи рањмате аз љониби

Парвардгор бо онон нармиш доштї ва агар тундхў ва сангдил мебудї аз атрофи ту пароканда мешуданд. Пас, ононро бибахшой ва барояшон талаби омурзиши гуноњон кун ва дар корњо бо онон машварат кун ва њаргоњ тасмим гирифтї (баъди машварат дар он кор) пас, ба Худо таваккул кун. Њаройина Худо таваккулкунандагонро дўст медорад.

Сураи «Оли Имрон», ояи 159 Љойгоњи шўро дар Ислом то андозае муњим аст,

ки Худованд дар Ќуръони карим сураи људогонаеро бо номи «Шўро» оварда, доир намудани шўро ва бо

Page 196: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

195

њамдигар машварат оростанро яке аз сифатњои аслии мусалмонон медонад.

Матни оя:

Тарљума: (Мўъминони њаќиќї) касоне њастанд, ки даъвати Парвардгорашонро лаббайк гуфтанд ва намозро барпо медоранд ва корашон (доимо) бар асоси машварат дар байни худ аст (яъне бе маслињати якдигар кореро анљом намедињанд) ва аз он чи ки ризќу рўзї ба онон додаем, инфоќ ва хайру эњсон мекунанд.

Сураи «Шўро», ояи 38 Аз маљмўи ояњои ќуръонї дар мавриди шўро ва

машварат дида мешавад, ки Худованд дар ин масъала мардонро аз занон људо надошта, ба њамаи онњо баробар мурољиат мекунад ва њамаи онњоро ба иштирок дар машварат амр менамояд.

Илова бар ин, суннати Паёмбари гиромии Ислом ва Хулафои Рошидин низ собит намудааст, ки онњо дар бисёр корњо бо занон машварат намуда ва ё фикру маслињати занонро ба назар мегирифтаанд. Ба таври мисол, Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар рўзи сулњи Њудайбия назди њамсараш Умми Салама(р) омада, машварат пурсид, ки ба ёронаш куштани њайвонњои њадяшуда ва тарошидани сарњояшонро дастур додааст, вале онон аз иљрои ин амр худдорї намуда, ба ин восита яке аз маносикро анљом надодаанд. Умми Салама(р) ба он Љаноб чунин машварат дод: Ё Расулаллоњ! Оё

Page 197: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

196

мехоњї, ки пайравонат ин дастурро анљом бидињанд? Пас, берун шав ва бо њељ яке аз онњо сухане нагуфта, худат шутури худро забњ бикун ва аз касе хоњиш намо, ки мўи саратро битарошад. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, берун омаданд ва машварати Умми Саламаро амалї намуданд. Ёронашон ин амали Ишонро дида, њамагї ба он пайравї карданд.

Ниг.: «Сањењи Бухорї», китоби «Шурут», њадиси 2731 ва 2732

Ё њамчунин, дар бораи баъзе машваратњое, ки

Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, бо њамсарашон Оиша(р) анљом додаанд, санаду ривоятњои зиёди таърихї бар љой мондааст. Љойгоњ ва андешаи њазрати Оиша(р) дар садри Ислом то андозае боло буд, ки пас аз вафоти Расули Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, баъзе аз сањобањо дар корњои муњимми љамъиятию сиёсї бо ишон машварат менамуданд ва, аз љумла, дар масъалањои шаръї низ аз ишон фатво мепурсиданд. Фаќењи бузургвори исломї Ибни Њаљари Асќалонї санадњои таърихї дар бораи љойгоњ ва соњибназарии њазрати Оишаро чунин баршумурдааст:

«Шаъбї мегўяд: Њар гоње Масруќ аз Оиша(р) ривоят мекард, чунин оѓоз мекард, ки Содиќа (ростгўй) духтари Сиддиќ (Абубакр(р)), дўсти дўсти Худо (Паёмбар), маро гуфт… Ва аз Абуззуњо ривоят аст, ки Масруќ гуфтааст: Ман сањобањои бузурги Расули Худоро дидам, ки фароизро аз Оиша(р) мепурсиданд. Ва Ато ибни Абирабоњ мегўяд: Дар кулл, Оиша(р) фаќењтарин ва донишмандтарин ва некўтарини мардум дар раъй буд.

Ва Њишом ибни Урва аз падараш наќл мекунад, ки мегуфт: Касеро донотар аз Оиша(р) дар фиќњ ва дар

Page 198: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

197

тиб ва дар шеър надидаам. Ва Абубурда ибни Абумўсо аз падараш наќл мекунад, ки мегуфт: Ваќте ки дар коре ё ќазияе барои мо ишколе пайдо мешуд, мо аз Оиша(р) мепурсидем ва ў дар он масъала маълумоти хуб дошт. Ва Зуњрї мегўяд: Агар илму дониши Оиша(р) ва илму дониши тамоми модарони мўъминњо ва илму дониши тамоми мардум љамъ карда шавад, илми Оиша(р) бартар ва сазовортар мебошад...

Ибни Њаљари Асќалонї. «ал-Исоба фи тамйизи-с-сањоба», љ. 8, сањ. 18

Њамин тавр, санадњои таърихї аз садри Ислом

нишон медињанд, ки Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба назар ва машварати занон, аз љумла, дар корњои муњимм таваљљўњи љиддї зоњир намуда, њангоми зарурат бо онњо низ машварат мекардаанд. Имом Шофеї(р) дар бораи мавридњои аз занон машварат пурсидани Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, аз ќавли Њасани Басрї(р) чунин овардааст, ки он Њазрат дар фаъолияти худ аз машварат бо мардум ё занон бениёз буданд, вале бо ин корашон мехостанд, то пас аз Ишон чунин амал дар миёни њокимони мусалмон суннат гардад ва онњо ин равишро идома бидињанд.

Матн: ال الحسن « ال الشافعي ق يق ان النب ه y إن آ ا عن مشاورتهم ولكن لغني

.»أراد أن يستن بذلك الحكام بعدهИмом Шофеї. «ал-Умм». љ. 7, сањ. 95

Аз њамаи овардањои боло чунин хулоса мешавад,

ки аз назари Ислом асли шўро ва машварат танњо бо мардон мањдуд нашуда, занонро низ дар бар мегирад. Аммо бо васеъ гашатани љомеаи исломї ва рушди низоми давлатдорї дар кишварњои мусалмоннишин шўро низ шакли нињодї ва сохторї

Page 199: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

198

гирифта, дар шакли сохтори доимоамалкунанда ва таъсиргузор дар идораи љомеа фаъолият менамояд.

Имрўз муњимтарин шакли фаъолияти шўро маљлиси вакилони сатњњои гуногун, аз љумла, парлумон мебошад. Маљлисњои вакилони шањрию ноњиявї ва вилоятию љумњуриявї нињодњое мебошанд, ки дар онњо вакилони мардум дар бораи муњимтарин масъалањои њаёти љомеа бо њам машварат намуда, хулосаву тасмимњои нињої ќабул менамоянд. Асли машварат ва шўро низ мањз дар њамин аст, ки мусалмонон дар тасмимгирињои худ бо њамдигар машварат намоянд ва тасмимњои муштарак бигиранд. Аз сабабе, ки имрўз барои машварат дар корњои муњимми љомеа ва давлатдорї дар як љой љамъ омадани њамаи мардум имконпазир нест, онњо ин амалро аз тариќи намояндагони худ дар шўроњо анљом медињанд. Њамин тавр, дар замони муосир, асли исломии шўро дар шакли институти (нињоди) маљлиси вакилони халќ ё парлумон амалї мегардад.

Чун амри Худованд дар мавриди шўро бар занону мардон ба таври яксон дахл дорад, аз назари Ислом занон низ бе њељ шакке дорои њуќуќи интихоби вакил ба шўро ва њамчунин, њуќуќи интихоб шудан ба вакилии шўро ё парлумон мебошанд. Ин далели аслии ќуръонї ва аќлонї барои њуќуќи ба органњои њукумати ќонунгузор интихоб кардан ва интихоб шудани занон аз назари Ислом мебошад. Чунон ки Аллома Рамазон Бутї низ мефармояд, ки «дар амри шўро ва машварат дар шариати исломї занон низ њамонанди мардон аз њуќуќи баробар бархурдоранд ва онон метавонанд дар фаъолияти шўро ё маљлиси намояндагон ширкат кунанд».

Ниг.: Рамазон Бутї. «Зан дар миёни шаффофияти шариати илоњї ва тирагии фарњанги Ѓарб», сањ. 66-71

Page 200: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

199

Илова бар ин, Ќуръони карим дар мавридњои

зиёди дигаре низ ба њуќуќи зан барои иштирок дар фаъолияти љамъиятию сиёсї, аз љумла, дар амри шўро ва машварат ишора менамояд. Тавре ки дар бахшњои пешин зикр шуд, Ислом ин њуќуќи занонро, аз љумла, ба воситаи иштироки занон дар байъат ё ба ибораи дигар, иштироки занон дар интихоботњо барои интихоби роњбари љомеа пешбинї менамояд. Ба ин њуќуќи зан дар Ќуръони карим, аз љумла, чунин ишора шудааст:

Матни оя:

⌧ ☺

⌦ ⌧

Тарљума: Эй Паёмбар, агар занони мўъмин назди ту биёянд, то бо ту байъат кунанд, бад-ин шартњо, ки њељ касро ба Худо шарик накунанд ва дуздї накунанд ва зино накунанд ва фарзандони худро накушанд (аз сабаби фаќр) ва фарзандеро, ки аз они шавњарашон нест, ба дурўѓ ба ў нисбат надињанд ва дар корњои нек нофармонии ту накунанд, пас, бо онњо

Page 201: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

200

байъат кун ва барояшон аз Худо омурзиш бихоњ, ки Худо омурзандаву мењрубон аст!

Сураи «Мумтањана», ояи 12 Ва ё дар ин масъала метавон боз њам ба ояи 71

сураи «Тавба» ишора намуд, ки дар он занони мусалмон дар баробари мардони мусалмон масъули љомеаи худ дониста шудаанд. Табиист, ки бидуни доштани њаќќи интихоб намудан ва њаќќи интихоб шудан, занон наметавонанд ин масъулиятеро, ки Худованд ба дўши онњо низ гузоштааст, ба дурустї анљом бидињанд:

Матни оя: ☺ ☺

☺ ☺

Тарљума: Мардони мўъмин ва занони мўъмин

дўстони якдигаранд. Ба некї фармон медињанд ва аз ношоиста бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медињанд ва аз Худову Паёмбараш фармонбардорї мекунанд. Худо ба онон рањму шафќат хоњад кард, Худо пирўзманду дурусткор аст!

Сураи «Тавба», ояи 71

Page 202: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

201

Яке аз машњуртарин мисолњои њуќуќи амалии занони садри Ислом барои иштирок дар машваратњо ва изњори назар дар њузури роњбари давлат, њодисаи дар масъалаи миќдори мањрияи занон бо халифаи дуюми мусалмонон њазрати Умар(р) ба мубоњисаи мустаќим пардохтани яке аз занони мусалмон мебошад. Мувофиќи њадисе, ки Имом Ањмад ибни Њанбал ва Абуяъло ва Абусаъид ибни Мансур ривоят мекунанд, рўзе Умар(р) дар Масљиди набавї дар масъалаи мањрияи занон, аз љумла, чунин гуфт: «Эй мардум, дар мањри занонатон зиёдаравї наку-нед… Њар кї дар мањри занон як уќќия аз дувоздањ уќќия ва ё дањ дирњам аз чањорсад дирњам зиёда мекунад, њамоно ман он маблаѓњои зиёдатиро меситонам ва дар байтулмоли муслимин менињам».

Њангоме ки ишон аз рўи минбар мефаромаданд, яке аз занони дар сафи масљид нишаста, ки аз ќабилаи Ќурайш буд, аз љои худ баланд шуд ва ба оњанги эътироз ба њазрати Умар(р) гуфт: Эй амири мўъминон, Шумо њаќќ надоред, ки мањрияи занонро мањдуд созед. Њазрати Умар(р) пурсиданд, ки чаро? Он зани мўъмина гуфт: Зеро Худованди азза ва љалл дар Ќуръони азимушшаън дар ин робита фармудааст: «Агар Шумо, эй мардњо, моли бисёр (ва номањдуде) ба унвони мањр ба њамсарони худ дода бошед (баъд аз хилвати сањења ва талоќ), дигар њаќќ надоред, ки он мањри худро аз ишон бозпас бигиред!»

Чун Умар(р) ин ояро аз забони он зан шунид, ошкоро аз раъйи худ баргашту гуфт: Эй Худо, аз хатоям даргузар! Мардум дар илми шариат аз ман олимтару донотаранд. Ин зан рост мегўяд, ман хато кардам. Дар ривояти Имом Ањмад омада, ки ишон аз

Page 203: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

202

роњи худ баргаштанд, дубора рўи минбар омаданд ва гуфтанд: Њар мард њар ќадар, ки мехоњад, ба арўсаш мањр бидињад.

Мутафаккири мусалмон Љамол Муњаммадфаќии Расул дар шарњи ин њодисаи таърихї чунин мегўяд: «Пас, метавон гуфт, ки аз назари Ислом зан мета-вонад намояндаи маљлис бошад ва дар ќабулу тасвиби ќонунњо ширкат намояд. Зеро ў њаќ дорад, ки ба масљид биравад ва масљидњо дар он рўз њукми парлумони уммати исломиро доштанд, њамон гуна ки он зан дар масљид ба халифаи мусалмонон эътироз кард».

Ниг.: «Зан дар андешаи исломї», сањ. 481

Илова бар далелњои мушаххасе, ки аз Ќуръони карим ва Суннати набавї зикр шудаанд, барои исботи њуќуќи занон ба интихоб кардан ва интихоб шудан ва њамчунин, барои исботи њуќуќи комили занон барои анљоми вазифаи вакилии мардум дар парлумон метавон ба чанд далели аќлию мантиќї аз матни шариати исломї низ мурољиат намуд.

Далели аввал: Дар шариати исломї ва хусусан, дар мазњаби Имом Абуњанифа(р) фарди мусалмон метавонад дар корњои гуногун занеро аз тарафи худ вакил ва васї таъйин намояд. Мувофиќи сарчашмањои фиќњии њанафї зан метавонад дар масъалаи моликият, тиљорат, шањодат, кафолати ятим ва ѓайра аз љониби дигарон, аз љумла, аз љониби мардон вакил таъйин шавад ва ё васию намояндаи онњо бошад. Дар замони муосир ваколат дар парлумон низ навъе вакилї аз мардум аст. Пас, модоме ки дар шариати исломї зан њуќуќи вакилї дар корњои дигарро дорад, табиист, ки њуќуќи вакилии мардум дар парлумонро низ дорад. Мардум аз тариќи додани овоз ва изњори боварии худ ўро

Page 204: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

203

метавонанд вакили худ дар шўро ё парлумон таъйин намоянд, то ба намояндагї аз онњо њуќуќу манофеи онњоро њимоя бикунад.

Далели дуюм: Дар шариати исломї зан њуќуќ дорад муљтањид ва соњиби фатво бошад. Дар масъалаи њуќуќи муљтањиди соњибфатво будани зан иљмоъи уламои исломї њосил шудааст ва бузургтарин намунаи аз назари Ислом љоиз будани ин амр дар маќоми соњиби иљтињод ва фатво ќарор доштан ва эътироф гаштани њазрати Оиша(р) мебошад. Модоме ки дар таълимоти исломї зан дар чунин масъалаи муњимму њассос, яъне содир намудани фатвои шаръї салоњият дорад, њаќќу салоњияти иштирок ва раъй додани ў дар ќабули ќонунњо дар парлумон ба таври табиї собит мешавад. Зеро, дар канори дигарон раъй додан дар парлумон нисбат ба содир намудани фатвои шаръї кору масъулияти басе осонтару содатар аст. Пас, агар зан сатњи зарурии маърифати њуќуќї ва салоњияти илмию сиёсии вакилї дар парлумонро дошта бошад, аз назари Ислом вакили парлумон шудан ва дар ќабули ќонунњо ширкат доштани ў њељ мушкиле надорад.

Далели сеюм: Тавре ки дар бахшњои боло зикр шуд, дар шариати исломї масъалаи ба «вилояти кубро» расидани зан, яъне масъулияти роњбарии мутлаќи сиёсї ва имомати динии љомеаро ба дўш гирифтани зан мавриди бањс ќарор дорад. Бо таваљљўњ ба ин, баъзе аз фаќењони исломї иштирок дар ќоунгузориро њамчун дар даст доштани вилоят бар мусалмонон шумурда, аз иштироки занон дар кори парлумон истиќбол накардаанд. Вале ин далел низ дар мавриди парлумон сањењ нест, зеро дар парлумон њељ як вакил њукумат ва вилояти фардї бар

Page 205: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

204

тамоми љомеа надошта, ќонунњо дар он фаќат дар сурати ба даст овардани раъйи аксарият ба тасвиб мерасанд. Њатто дар кишварњое, ки парлумон маќоме баландтар аз њокимияти иљроия дорад, ин эрод дуруст намебошад, зеро дар њар сурат, мавќеъ ва назари парлумон як назари фардї набуда, назари љамъї мебошад, ки аз тариќи шўро ва раъйдињї ба даст омадааст. Аз ин назар низ иштироки занон дар фаъолияти парлумон хељ мушкиле надорад.

Њамин тавр, дар канори мисолњо аз Ќуръону Суннат, далелњои аќлию мантиќии зикршуда низ нишон медињанд, ки масъалаи вакилии занон дар парлумон аз назари Ислом мушкиле надорад. Яъне, агар зан салоњияти илмию сиёсии ин корро дошта, одоб ва њиљоби исломиро риоят намояд, шариати исломї бо вакилї ва намояндагии ў дар шўро ва парлумон њељ мухолифате надорад. Ин аст, ки бисёре аз мутафаккирони муосир ва шинохтаи исломї дар мавриди он хулоса ва фатвоњои мусбат содир намудаанд.

Хулоса, дар фиќњи исломї ва аз назари фаќењон ва мутафаккирони муосири исломї масъалаи њуќуќи интихоб кардан ва интихоб шудани зан ва хусусан, масъалаи вакилии занон дар парлумон њалли мусбати худро пайдо кардааст.

4. Назари шариати исломї дар мавриди ба

маќоми ќозии додгоњ ё прокурор интихоб шудани зан

Масъалаи ба вазифањои ќозї (судя) ё додситон

(прокурор) интихоб ва таъйин гаштани зан низ яке аз масъалањои муњимми њуќуќи зан дар Ислом

Page 206: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

205

мебошад. Аз сабаби он ки ин масъала дорои баъзе зарофатњост, дар атрофи он байни фаќењони исломї баъзе бањсњо ва ихтилофи назарњо мављуданд. Вале, бо вуљуди ин, омўзиши манбаъњои асили исломї нишон медињад, ки дар шариати исломї њељ њукми ќатъие, ки занонро ба таври усулї аз ишѓоли вазифањои ќозигї дар додгоњ ё додситонї манъ намояд, ворид нашудааст.

Аз миёни мазњабњои фиќњї хусусан, мазњаби њанафї, ки мусалмонони Тољикистон пайрави он њастанд, ба ин масъала нигоњи мусбат дошта, ба вазифањое чун ќозї ва додситон расидани занонро љоиз медонад. Далелњо ва љузъиёти ин масъала дар мазњаби њанафї дар шакли зер аст:

1. Мазњаби Имом Абуњанифа шањодат додани занро дар тамоми масъалањои маданї ва шањрвандї љоиз медонад. Модоме ки шањодат додани зан љоиз бошад, ќазоват кардани ў низ љоиз аст.

2. Ќазоват кардан дар додгоњ моњиятан ба масъалаи содир намудани фатвои шаръї яксон аст. Яъне, ќозии додгоњ њангоми содир намудани њукми худ маводди ќонунро амиќ омўхта, хулосаи худро дар доираи ќонун њамчун њукми додгоњ ироа мекунад. Муљтањид низ њангоми судури фатво маводи сарчашмањои шаръиро омўхта, хулосаи шаръии худро дар шакли фатво содир менамояд. Аз он љо, ки дар шариати исломї занони босалоњият њаќќи комили содир намудани фатворо доранд, бо ин ќиёс њаќќи ќозигї ва ќазоватро низ доранд. Бо таваљљўњ ба ин, баъзе аз фаќењони њанафї њаќќи ќозї будани занро дар тамоми ањком ба таври мутлаќ эътироф намудаанд. Аз љумла, фаќењ ва муфассири бузургвор Ибни Љарири Табарї мўътаќид аст, ки «додани мансаби ќозигї ба зан ба таври мутлаќ љоиз

Page 207: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

206

аст, зеро ќазоват аз њар љињат монанди фатво аст. Ва аз он љо, ки вогузор шудани вазифаи фатво ба зан ба иљмоъи уламои исломї љоиз мебошад, ќазовати зан низ љоиз ва њукми вай дар корњои ќазої ќобили иљро аст».

Ниг.: Рамазон Бутї. «Зан дар миёни шаффофияти шариати илоњї ва тирагии фарњанги Ѓарб», сањ. 72-73

Илова бар ин, гурўњи дигари уламо ва

андешамандони исломї чун Ибни Њазми Зоњирї, Ибни Тарози Шофеї, Ибни Ќосим ва ѓайра низ ќазовати занро дар тамоми корњо љоиз медонанд.

4. Тавре ки болотар зикр рафт, дар садри Ислом зане бо номи Шифо бинти Абдуллоњи Адавї аз тарафи њазрати Умар(р) њамчун роњбари бозор ва мўњтасиб таъйин шуда буд. Кори мўњтасиб фаъолиятест, ки, аз љумла, назорат ва содир намудани њукмро низ дар бар мегирад. Аз ин рў, модоме ки зан њаќќи муњтасиб шудан дорад, њаќќи ќозї шуданро низ дорад, зеро њар далеле, ки барои мўњтасиб шудани зан кифоят кунад, барои ќозї шудани зан низ кифоят мекунад.

Ниг.: Муњаммадфаќии Расул. «Зан дар андешаи исломї», сањ. 526

Фаќењони мўътабари мазњаби њанафї низ

ќозигии занро ба љуз дар масъалаи ќисоси хун ва љорї намудани њудуд раво дониста, ба ин маънї фатвоњои мушаххаси худро додаанд, ки ба чанд мисоли он рў меорем:

1. Дар китоби «Њидоя» омадааст:

ارا دود والقصاص اعتب ي الح يء إال ف ل ش ي آ رأة ف اء الم وز قض ويج …بشهادتهما فيهما

Page 208: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

207

Тарљума: Ва љоиз мебошад ќазовати зан дар њар чиз ба љуз дар масъалаи њудуд ва ќисос, ба сабаби ќабул набудани шањодати зан дар ин ду масъала.

«ал-Њидоя шарњи «Бидояту-л-мубтадї», љ. 3, сањ. 107

2. Дар «Шарњи «Фатњу-л-ќадир» низ омадааст:

وأما الذآورة فليست بشرط إال للقضاء في الحدود والدماء فتقضى المرأة جواز قال المصنف وقد مر الوجه يعني وجه … في آل شيء إال فيهما

قضائها وهو أن القضاء من باب الوالية آالشهادة والمرأة من أهل الشهادة فتكون من أهل الوالية

Тарљума: Мард будани ќозї шарт нест ба љуз њангоми ќазоват дар масъалаи њудуд ва ќисоси хун, пас, зан метавонад дар њар чиз ба љуз дар ин ду масъала ќазоват кунад… Ва мусанниф мегўяд, ки сабаби љоиз будани ќазовати зан гузашт ва сабабаш ин аст, ки ќазоват аз боби вилоят монанди шањодат аст ва зан аз ањли шањодат аст. Пас, зан аз ањли вилоят низ њаст.

«Шарњи «Фатњу-л-ќадир», љ. 7, сањ. 253 ва 297-298

Њамин тавр, дар маљмўъ, мавќеи мазњаби њанафї

дар масъалаи ќозї шудани зан чунин аст, ки занон дар сурати доштани салоњияти илмї, ба ѓайр аз масъалаи ќисос ва њудуд, дар њамаи масъалањои дигар метавонанд ба унвони ќозї (судя) фаъолият намоянд.

Аммо, ќобили зикр аст, ки баъзе аз фаќењони бузургвори њанафї дар сурати риоят шудани ду шарт ќазовати занро дар масъалаи њудуд ва ќисос низ љоиз донистаанд. Шарти аввал ин аст, ки ин њукм ба шакли љамъї содир шавад, яъне бо иштироки ќозии дигаре муштаракан содир гардад ва шарти дуюм ин аст, ки худи зан масъули иљрои ин њукм набошад, яъне њукми содиршуда аз тарафи мард иљро шавад.

Page 209: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

208

Ин мазмун дар «Њошия»-и Ибни Обидин чунин омадааст:

رى … و قضيت بالحدود والقصاص وأمضاه قاض آخر ي قال العيني ولاع ان يجوز شهاد …جوازه جاز باإلجم إن شريحا آ ة النساء مع رجل في ف …الحدود والقصاص

Тарљума: ... Айнї мегўяд, ки агар зан дар масъалаи њудуд ва ќисос ќазоват намояд ва ќозии дигари дорои салоњият онро амалї кунад, љоиз аст ба иљмоъ... Ва Шурайњ гувоњии занњоро бо як мард дар масъалаи њудуд ва ќисос низ љоиз медонист.

«Њошияи Ибни Обидин», љ. 5, сањ. 441

Page 210: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

209

Боби сеюм

БАЪЗЕ МАСЪАЛАЊОИ ХОССАИ ЊУЌУЌИ

ЗАН ДАР ИСЛОМ

          1. Масъалаи чандњамсарї аз дидгоњи

Ислом Масъалаи дигаре, ки њангоми бањс дар боби

њуќуќи занон дар Ислом њамчун масъалаи њассосе

Page 211: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

210

матрањ аст, назари Ислом ба чандњамсарї ё бисёрзанї мебошад. Ба таври куллї, дини мубини Ислом бо таъйин намудани шарту муќаррароти муайян ба мардони мусалмон иљозат медињад, ки аз як то чањор зан дошта бошанд. Ин нукта, ки моњият ва њикмати онро поинтар баён хоњем кард, аз тарафи мухолифони Ислом њамчун як мисоли бењуќуќии зан ва поймол шудани эътибори ў аз тарафи Ислом ќаламдод мешавад. Мутаассифона, баъзе аз мусалмонњо њам зери таъсири ин гуна таблиѓоти бегона монда, бидуни доштани огоњї аз талабот ва њикмати ин дастури илоњї, ба ин масъала мухолифат варзида, барои иљро нашудани он талош мекунанд. Дар натиља, дар ин замина як силсила мушкилоти њуќуќї, иљтимої ва њатто сиёсие ба бор омадаанд, ки дар сурати табиї барои як љомеаи мусалмоннишин хос нестанд.

Дар канори ин, бино бар набуди маърифати васеи исломї дар љомеаи мо, назари мушаххаси Ислом ба падидаи бисёрзанї ва талаботу њикмати он њамарўза байни худи мардуми мусалмонон низ мавриди бањсу гуфтугў буда, бисёре аз мардону занони мусалмон дар фурсатњои гуногун аз уламои исломї моњият ва баъзе љузъиёти ин масъаларо пурсон мешаванд. Бо таваљљўњ ба зарурати пайдо шудани як љавоби мушаххас барои мардум ва љомеаи имрўз дар фањми ин масъала, дар ин бахш талош менамоем, ки пањлўњои гуногуни онро ба таври бисёр сода ва мухтасар баён намоем.

1. Оё бисёрзаниро Ислом ба бор овард ва

он хосси Ислом аст?

Page 212: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

211

Ин нахустин саволест, ки њангоми баррасии мавзўи бисёрзанї дар Ислом дар зењнњо матрањ мешавад. Нигоњи мухтасаре ба таърихи фарњангу тамаддунњои тоисломї ва дину оинњои дигари љањонї нишон медињад, ки шояд Ислом динест, ки бо иљозат додани њадди аксар чор нафар зан барои мард дар ин масъала мањдудияти аз њама бештарро ќоил шудааст. Зеро ривоятњо ва санадњои таърихї нишон медињанд, ки назари фарњангу таълимотњои дигар ба ин масъала бисёр васеътар аз Ислом будааст ва њаст.

Ба таври мисол, дар даврони љоњилият дар фарњанги арабњо теъдоди заноне, ки як мард метавонист бигирад, њељ мањдудияте надошт. Фаќат пас аз омадани Ислом ва нозил шудани ояи марбут ба ин масъала Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба мардони араб амр намуданд, ки њар касе беш аз чор зан дорад, онњоро озод намояд.

Падидаи бисёрзании бемањдудият хусусан, дар фарњанги Эрони Бостон ба таври васеъ доман густарда, њар касе мувофиќи имконаш бо њар теъдоде аз занон, ки бихоњад, издивољ мекард. Муњаќќиќи машњури аврупої Кристенсен дар бораи ин масъала дар Эрони Сосонии зардуштї, аз љумла чунин мегўяд: «Бисёрзанї асоси ташкили оила (дар Эрони замони Сосониён) ба шумор мерафт. Дар амал, теъдоди заноне, ки мард метавонист дошта бошад, ба тавоноии ў вобаста буданд. Зоњиран, мардони камбаѓал ба таври куллї беш аз як зан надоштанд. Раиси оила аз њаќќи раёсати дудмон бањраманд буд. Яке аз занони баргузида соњиби њуќуќи комила мањсуб шуда ва ўро «подшоњзан» ё зани мумтоз мехонданд. Аз ў пасттар зане буд, ки унвони хидматкорї дошт ва ўро зани хидматкор мегуфтанд. Њуќуќи ќонунии ин

Page 213: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

212

ду навъ њамсар, мухталиф буд. Зоњиран, канизони зархарид ва занони асир љузви табаќаи чокар-занон(хизматгорон) буданд...»

Файласуфи шинохташудаи асри Эњё Монтескю дар китоби «Рўњи ќонунњо» овардааст, ки «дар замони Жустенин чанд нафар аз файласуфони римї, ки намехостанд дини масењиро ќабул кунанд, аз тарафи масењиён тањти фишор ќарор гирифта, ба Эрон, ба дарбори Хусрави Парвиз паноњ оварданд. Дар он љо чизе, ки бештар боиси њайрати онњо шуд, ин буд, ки на танњо бисёрзанї роиљ буд, балки мардњо бо занњои дигарон низ њамхобї мекарданд».

Дар ин бора ниг.: Муртазо Мутањњарї. «Низоми њуќуќии зан дар Ислом», сањ. 295

Муњаќќиќи бузурги исломї доктор Љамол

Муњаммадфаќии Расул низ дар китоби «Зан дар андешаи исломї» дар масъалаи вазъияти чандзанї дар дину љомеањои тоисломї меорад: «Дар матнњои Талмуд (китоби муќаддаси яњудиён) омада-аст, ки барои тўдаи мардум то чањор адад ва барои султонњои яњуд ба ќиёс бо малик Довуд то 18 зан мубоњ аст... Ошуриён низ ба далели моддаи 46 аз Лавњи аввал, ки аз издивољ бо њамсари падар баъд аз вафоти ў сухан мегўяд, бисёрзаниро ќабул доштаанд. Њар гоњ зани падар зани дуюм ва бидуни фарзанд бошад, бояд бо яке аз фарзандони шавњараш сукунат гузинад... Дар Њинди ќадим низ бисёрзанї ба ададе мањдуд намешуд, вале яке аз онњо раиси дигарон буд... Оини лекии Чин бисёрзаниро то 130 тан иљоза додааст ва яке аз подшоњони ќадими Чин дар њудуди 3000 зан доштааст... Дар Миср сарватмандон ва бавижа амирон ва хонаводањои салтанатї дар бисёрзанї исроф мекарданд ва њадде барои он ќоил набуданд ва бад-он меболиданд, то љое, ки Рамсиси

Page 214: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

213

дуюм ифтихор мекунад, ки аз занони гуногунаш 160 фарзанд доштааст. Валекин як зан зани аслї ба њисоб мерафт ва баќияи занон дараљаи дуюм ба њисоб мерафтанд...»

Дар ин маврид ба таври муфассал Ниг: Љамол Муњаммадфаќии Расул. «Зан дар андешаи исломї», сањ. 173-177

Ривоятњои мављуда дар мавриди умматњои

гузашта низ нишон медињанд, ки падидаи чандзанї дар байни онњо бисёр роиљ буда, њатто дар ин маврид њељ мањдудияте вуљуд надоштааст. Ба таври мисол, дар китобњои бостонї омадааст, ки њазрати Довуд, алайњиссалом, сад њамсар дошта ва Сулаймон, алайњиссалом, њафтсад њамсар ва сесад каниз доштааст.

Ниг: Доктор Юсуф Ќарзовї. «Дидгоњњои фиќњии муосир», љилди 1, сањ. 670

Њамин тавр, фаќат баршумурдани ин далелњои таърихї нишон медињанд, ки бисёрзанї як падидаи хосси Ислом ва ё ихтирои Ислом набуда, ин падидаро Ислом барои башарият наовардааст. Балки ин падида то ислом дар шаклњои бисёр номањдуд вуљуд дошт ва Ислом аз бисёрзании бемањдуд ва беќайдубаст пешгирї намуда, ин масъалаи муњимми инсонї ва иљтимоиро ба низом даровардааст. Аз ин рў, Исломро бояд на дини таъйидкунандаи бисёрзанї, балки бояд дини мањдудкунанда ва ба тарзи аќлонї танзимкунандаи ин масъала донем.

2.Пас, назари куллии Ислом дар мавриди

бисёрзанї чист?

Page 215: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

214

Њукми ин масъала дар Ислом пеш аз њама дар ояи 3-юми сураи «Нисо» омадааст, ки Худованд дар он чунин мефармояд:

Матни оя:

Тарљума: Аз љумлаи заноне, ки шуморо писанд афтад, ду, се ва чањорро ба никоњ дароваред. Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танњо як зан бигиред…

Сураи «Нисо», ояи 3.

Тавре ки аз матни ин ояи карима бармеояд, дини

мубини Ислом ба мардон доштани то чор занро иљозат медињад. Бо нозил шудани ин оя Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба мардони мусалмон амр намуд, ки њар кадоме аз онон бештар аз чањор њамсар дошта бошад, аз байни онон чањор њамсарро интихоб кунад ва баќияро ба хушї рањо кунад. (Барои ошноии бештар бо тафсири ин оя ниг: «Тафсири Кабир», љилди 9, сањ. 139-146, «Тафсири Ибни Касир», љилди 1, сањ. 450-453, «Тафсири Бањру-л-муњит», љилди 3, сањ. 170-174 ва «Тафсири Ќуртубї», љилди 5, сањ. 11-23)

Аммо тафаккур дар матни ин оя ва ояту њадисњои дигаре, ки ба масъалаи издивољ ва теъдоди њамсар бахшида шудаанд, нишон медињад, ки масъалаи чандњамсарї дар Ислом дорои љанбањои хоссе мебошад, ки мањз дарки он моњияти ин мавзўъро рўшан месозад:

Аввалан, маљмўи таълимоти исломї нишон медињад, ки Ислом чандњамсариро ташвиќ накарда,

Page 216: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

215

онро њамчун њукми шариат тањмил намекунад. Яъне, дар њоле, ки издивољ ва доштани як њамсар дар Ислом зарур аст, вале доштани беш аз як зан барои мардон вазифаи шаръї набуда, Ислом ин амалро фаќат иљозат медињад.

Дуюм, маљмўаи таълимоти Ќуръон ва Суннат дар ин масъала нишон медињад, ки Ислом асли издивољро ба доштани як зан гузошта, доштани занони дуюм ё сеюму чорумро фаќат дар сурати пеш омадани заруратњое ва бо риоят шудани шартњои бисёр сахт иљозат медињад.

Пас, маълум мегардад, ки мавќеъ ва таблиѓоти касоне, ки ин дини мубинро дини ташвиќкунандаи бисёрзанї мехонанд ва чунин талќин мекунанд, ки гўё Ислом њуќуќи занро поймол намудааст, асосе надошта, фаќат ба хотири сиёњ кардани чењраи Ислом гуфта мешавад.

3. Ислом дар кадом њолатњо гирифтани

беш аз як занро иљозат медињад? Тавре ки гуфта шуд, Ислом аслро бар доштани як

њамсар гузошта, доштани зани дуюмро фаќат бо иљрои шартњое иљозат медињад. Аз назари шариати исломї њолатњое, ки дар сурати пеш омадани он мардон метавонанд беш аз як зан бигиранд, аз љумла чунинанд:

1. Бефарзанд ё нозо будани зан ва хоњиши фарзанд доштани мард. Яъне, агар пас аз муддате зиндагии оилавї маълум гардад, ки зан нозо буда, имкони њамл ва таваллуди фарзандро надорад, мард метавонад барои доштани фарзанд ва идомаи насли худ зани дуюм бигирад. Дар ин маврид мард набояд ба таври шитобзада тасмим гирифта, бо хулосањои беасосе занро нозо эълон кунад. Балки, зарур аст, то

Page 217: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

216

аввалан, чанд сол сабр намуда, барои табобати ин нуќсони зан талоши кофї намояд ва сониян, аз назари љинсї солим будани худи мард ва нозо ва безурриёт будани зан аз тарафи духтурони босалоњият тасдиќ карда шавад.

Њангоми пеш омадани чунин њолатњо баъзе мардон аз љазои дузанї тарсида, зани аввалро, ки бефарзанд буд, талоќ дода, бо умеди ёфтани фарзанд зани дигар мегиранд. Дар чунин сурат, зани аввалї бидуни гуноњи воќеї бевазан шуда, дар шароити мушкили рўњию иљтимоию иќтисодї ќарор мегирад, ки он аз рўи инсоф нест. Аз ин сабаб, аз назари Ислом бењтар аст, ки дар чунин њолат мард зани аввалро, агар он зан розї бошад, дар никоњи худ њифз намуда, зери таъмини худ нигоњ дорад ва дар айни замон, бо нияти ёфтани фарзанд зани дуюм бигирад.

2. Дар бадани зан пайдо шудани бемории доимие, ки њамхобагї бо шавњар ва идомаи њаёти заношўиро номумкин гардонад. Масалан, агар зан ба баъзе касалињои доимии занона, беморињои гузарандаи пўст ва ё бемории сил, саратон, СПИД ва ѓайра дучор шавад ва дигар барои мард њамхобагї бо ў имкон надошта бошад, шариати исломї ба мард иљозат медињад, ки зани дуюм гирад. Зеро, агар мард солим бошад, идомаи њаёти љинсї барои ў зарур аст. Ин љо низ бењтар аст, ки мард аз сари мардонагию инсондўстї зани якумро, ки бемор шудааст, рањо накунад ва таъмини нафаќаи ўро идома бидињад, вале дар канори он, барои таъмини ниёзи љинсии худ ба роњњои ѓайришаръї (зино) нарафта, бо риояти шартњои исломї зани дуюм бигирад.

3. Таъмин нашудани талаботи љинсии мард бо доштани як зан. Дар љомеаи инсонї мавридњое пеш

Page 218: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

217

меоянд, ки баъзе мардон аз назари љисмї ва љинсї бисёр ќавї буда, талаботи љинсии онњоро як зан таъмин намекунад. Талаби шадид ва доимии љинсии чунин мардон метавонад сабаби озору азияти њамсарашон гардад. Аз ин рў, дар чунин њолат шариати исломї ба мард иљозат медињад, ки бо риояти шароити исломї зани дуюм бигирад.

4. Пеш омадани нобаробарии демографї дар љомеа, яъне нобаробарии теъдоди мардон ва занон дар љомеа. Чунин њолатњо метавонад њам дар натиљаи нобаробарии табиии таваллуди писарону духтарон ва њам дар натиљаи пеш омадани љанг ба вуљуд ояд. Хусусан, дар љомеањои баъдиљангї, ки теъдоди зиёди љавонмардонро талаф додаанд, ин нобаробарї албатта, ба вуљуд меояд. Дар чунин њолат теъдоди занон нисбат ба мардон зиёд шуда, ба дарсади муайяни онњо шавњар намерасад ва онњо аз доштани оила ва фарзанд мањрум мемонанд. Бахше аз чунин занон ё ба хотири таъмини рўзгор ва ё таъмини ниёзи љинсии худ ба роњњои ѓайришаръї (зино) рўй меоваранд. Аз ин сабаб, дар чунин њолатњо низ мардон метавонанд зани дигар бигиранд, то ин масъалаи демогарфї њалли худро пайдо кунад.

5. Пеш омадани зарурати инсондўстона. Яъне, дар баъзе њолатњо занони бева бо фарзандони ятими худ дар таъмини зиндагияшон бо мушкилоти зиёд рўбарў мешаванд. Дар чунин њолат мардон метавонанд чунин занонро бо риояти шартњои исломї ба издивољи худ дароварда, таъмини нафаќаи ў ва фарзандони ятимашонро ба ўњда гиранд. Ин амал њам аз назари шаръї ва њам аз назари иљтимої кори нек буда, боиси аз мушкилоти зиндагї рањо шудани занони бевамонда ва хусусан, фарзандони ятими онњо мегардад.

Page 219: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

218

Тавре ки дида мешавад, мавридњои зикршуда њељ кадоме поймолкунии њуќуќи зан ва ё фаќат таъмини њавою њаваси мард набуда, њар яке мавридњои зарурї ва воќеъбинона мебошанд. Барои иттилои бештар дар ин маврид метавон ба китоби устод Љамол Муњаммадфаќии Расул «Зан дар андешаи исломї» (сањ. 180-181 ва 319) мурољиат намуд.

4. Шартњои асосии шариат барои

гирифтани беш аз як зан чист? Њамон гуна ки гуфта шуд, илова бар мавридњои

зикршуда, шариати исломї дар масъалаи гирифтани зани дуюм ва ањёнан, сеюму чорум, дар назди мардон шарту талаботи љиддиро низ гузоштааст. Аввалин шарти исломї дар ин масъала риояти адолат аст. Тавре ки оварда шуд, Худованд дар ин бора дар Ќуръони карим фармудааст, ки фаќат дар сурате, ки тавоноии риояти адолатро дошта бошед, метавонед ду ё се, ё чањор зан бигиред.

Мафњуми адолат, ки шарти аввалин ва асосї барои доштани беш аз як зан аст, мафњуми бисёр љиддї ва васеъ мебошад. Тибќи ин дастури илоњї, марде, ки мехоњад беш аз як зан дошта бошад, бояд тавоноии онро дошта бошад, ки байни онњо дар њамаи масъалањо адолату баробариро риоят намояд. Ин баробарї бояд дар масъалаи таъмини хўрок, пўшок, макони зиндагии алоњида, харљњои рўзгор ва њамчунин, њамхобагї таъмин гардад.

Уламои исломї бо пайравї ба фармони Худо ва Расули он, саллаллоњу алайњи ва саллам, масъалаи адолатро шарњу тафсир намуда, бидуни риояти он доштани беш аз як занро барои мард њаром донистаанд. Ба таври мисол, Шайх Юсуф Ќарзовї дар мавриди риояти адолат чунин мегўяд: «Марде, ки

Page 220: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

219

ду зан дорад, бояд њатто ваќтњои худро байни онњо таќсим кунад ва шабе, ки махсуси хонаи яке аз онњост, љуз барои зарурат монанди беморї, њаром аст ба хонаи зани дигараш биравад ва њатто дар рўз њам њаром аст пеши зани дигараш биравад, магар барои хабаргирї ё бартараф кардани як ниёзи оила, то ваќти њеч кадом аз онњоро фидои дигаре накунад. Чунончї дар ваќти яке аз онњо ба хонаи яке аз онњо рафт ва зиёд намонд, ќазо лозим нест. Аммо чунончи, зиёд бимонад ва ё њамхобї кунад, бояд њатман онро барои зане, ки њаќќаш зоеъу поймол шуда, дар ѓайри ваќти худ љуброн намояд, то ба њељ кадом аз занњо, зулм нашавад. Фаќењон адолати байни ду занро чунин баён намудаанд».

Ниг: Юсуф Ќарзовї. «Марказу-л-мараъти фи-л-њаёти-л-исломияти», повараќии сањ. 119

Албатта, мард њаќќи онро дорад, ки дар ќалбаш

яке аз занњояшро нисбат ба дигараш бештар дўст дорад, зеро дўст доштан як њисси табиї буда, бештар ба иродаи худи инсон вобаста нест. Ин аст, ки Худованди Њаким дар мавриди майли ќалбии инсон дар Ќуръон чунин мефармояд:

Матни оя:

⌧ ☺ ☺ ⌧

☺ ⌧

⌧ ⌧ ☺

Тарљума: Њарчанд бикўшед њам, њаргиз натавонед, ки (дар муњаббату дўстдорї) миёни занон адолат

Page 221: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

220

намоед. Ва якбора ба сўи яке аз онњо майли зиёд карда, дигареро бетаваљљўњ ва бесарнавишт рањо насозед. Агар аз дари оштї дароед ва парњезгорї кунед, Худо Омурзанда ва Мењрубон аст!

Сураи «Нисо», ояи 129 Бале, таъмини муњаббати баробар як амри ќалбї

буда, њолати дили инсон аксаран дар ихтиёри инсон нест. Њатто Расули Акрам, саллаллоњу алайњи ва салам дар ин масъала ба Худованд чунин мурољиат намуда буданд:

Матни њадис: يقسم فيعدل ويقول اللهم هذا قسمي yعن عائشة قالت آان رسول الله «

»أملك قال أبو داود يعني القلب التلمني فيما تملك و الفيما أملك فТарљума: Њазрати Оиша(р) гўяд: Паёмбар,

саллаллоњу алайњи ва саллам, нисбат ба занонашон таќсими баробар ва адолатро риоят намуда, боз њам мефармуданд: Худоё, ин таќсимест, ки анљоми он дар ихтиёри ман буд ва аз он чизе, ки дар ихтиёри ман нест,(яъне, барои майли ќалбї) маро муохиза накун (љавобгар макун).

«Сунани Абудовуд», китоби «Никоњ», њадиси 2134

Тавре ки муњаддисон ва фаќењон дар шарњњои ин њадис овардаанд, Расули Акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар таќсими молу имконоту њамхобагї байни њамсаронашон адолати комилро риоят намуда, аммо зери ибораи «он чизе, ки дар ихтиёри ман нест», мањз ќалб ва муњаббату тамоюли ќалбиро дар назар доштаанд. Яъне, инсон њарчанд талош намояд, адолати мутлаќро риоят карда наметавонад, зеро майли ќалби инсон дар ихтиёри ў нест. Масалан, Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар ќалби худ нисбат ба њазрати Оиша(р) муњаббати бештаре

Page 222: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

221

доштанд, аммо дар байни занонашон дар тамоми масъалањо адолати комилро риоят менамуданд.

Ниг.: Вањба Зуњайлї. «Фиќњи хонавода дар љањони муосир», сањ. 94

Вале тавре ки аз њадиси зикршуда низ бармеояд, мард, њатто дар сурати дар ќалбаш бештар дўст доштани яке аз занњояш низ вазифадор аст, ки байни онњо дар таъмини нафаќа ва њамхобагї адолатро риоят намояд. Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, ки худ намунаи олии риояти адолат дар ин масъалањо буданд, њатто њангоми сафарњояшон байни занонашон ќуръапартої менамуданд ва номи кадоме, ки барояд, онро бо худ ба сафар мебурданд:

Њамин тавр, риояти адолат шарти асосии Ислом дар масъалаи чандњамсарї буда, бидуни риояти он марди мусалмон њаќќ надорад, ки беш аз як њамсар дошта бошад. Зеро таъмин накардани адолат дар байни њамсарон гуноњи бузург ба њисоб рафта, шариати исломї барои он љазои сахти илоњиро ваъда додааст. Чунон ки Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармудаанд, «Марде, ки шавњари ду зан бошад ва нисбат баке аз онњо беадолатї карда бошад, рўзи Киёмат дар њоле, ки як тарафаш фалаљ аст, ба майдони ќиёмат меояд». Пас, касе, ки ба тавоноии худ дар таъмини адолат байни њамсаронаш боварї надорад ва ё аз ўњдаи ин кор намебарояд, барои ў гирифтани зани дуюм иљозат нест, балки ба фатвои уламои исломї, њаром аст. Зеро Худованд дар Ќуръони карим ба лафзи рўшан амр намудааст:

Аз матни оя:

Тарљума: Ва агар бими он доред, ки ба адолат

рафтор накунед, танњо як зан бигиред! Сураи «Нисо», ояи 3.

Page 223: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

222

Шарти дуюми иљозат шудани гирифтани беш аз як зан тавоноии таъмини нафаќа аст. Тавре ки дар бахшњои дигар омада буд, шариати исломї зери мафњуми нафаќа таъмини тамоми шароити зиндагї, аз љумла, таъмини хўрок, либос, љои зиндагї ва харљњои дигари рўзгорро дар назар дорад. Фарќи ин масъала аз шарти якум, яъне риояти адолат, дар он аст, ки мард пеш аз издивољ на танњо бояд хоњиши адолат, балки имкони молию моддии таъмини нафа-ќаи зани дуюмро дошта бошад.

Аз ин рў, шариати исломї дар ин масъала њатто пешбинї менамояд, ки ќозї метавонад њангоми бастани аќди никоњи мард бо зани дуюм дар бораи тавоноии молию моддии вай барои таъмини нафаќаи зани дуюм пурсон шавад. Агар маълум гардад, ки мард имкони таъмини нафаќа ва шароити зани дуюм ва фарзандони онро умуман надошта бошад, ќозї метавонад аз бастани аќди никоњ байни онњо худдорї намояд. Зеро, агар ќозї ба марде, ки шароит ва имкони молии таъмини ду занро надошта бошад, ба гирифтани зани дуюм иљозат дињад, ин кор боиси хории њарду зан ва фарзандони онњо мешавад.

Ба њамин ќиёс, дар шароити имрўза давлат низ метавонад ин масъаларо ба танзим дароварад, то њар касе, ки шароити зикршударо дошта бошад, тавонад беш аз як зан бигирад. Зеро, дар як љомеаи мусалмоннишин давлат набояд ин иљозати илоњиро ќатъан манъ кунад, балки дар ин масъала ба риояти њатмии адолат ва доштани имкони воќеии таъмини адолат таъкид намояд. Он гоњ њам њукми илоњї, њам адолати иљтимої ва њам њуќуќи занон риоят мешаванд.

Албатта, дар љомеањое, ки фасод ва робитањои љинсии номашрўъ (зино) озод аст, сухан гуфтан аз манъ кардани доштани зани дуюми шаръї ва ќонунї

Page 224: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

223

бисёр ѓайримантиќї менамояд. Доктор Юсуф Ќарзовї дар ин маврид мисолеро наќл мекунад, ки чунин аст: «Марди мусалмоне дар яке аз кишварњои арабии Африќо (Тунис) ниёз ба гирифтани зани дуюм дошт, аммо дар ќонуни он кишвар бисёрзанї манъ карда шуда буд. Ў пинњонї зани дуввум гирифта, бо ў аќди урфї ва шаръиро ба тамоми шартњояш анљом дод, аммо наметавонист дар дафтари издивољ онро сабт кунад. Зеро дар ќонуни онњо доштани беш аз як зан мамнўъ буд ва љазои ќонунї дошт. Мард ваќтњоеро муайян намуда буд, ки ба назди зани дуюмаш равад, аммо пулис нисбат ба ин рафтори ў шакк карда, ўро ба љурми доштани ду зан ва мухолифат бо ќонун боздошт карда ва ба додгоњ бурд. Ин марди мусалмон дар додгоњ ва бозљўї зиракї карда гуфт: Ман бо ў издивољ накардаам, балки ў дўст ва маъшуќаи ман аст ва гоњ-гоње ба назди ў меравам. Бинобар ин, бозпурсони додгоњ эњтироман аз ў узрхоњї намуда, гуфтанд: Бибахшед, ин љо нофањмие пеш омадааст, зеро мо намедонистем, ки ин зан маъшуќа ва дўсти шумост, балки гумон кардем, ки Шумо ба ў издивољ намудед. Пас ин мардро озод карданд. Зеро ў эътироф накард, ки ба сурати шаръї он занро аќд карда, балки иброз дошт, ки маъшуќаи ў аст ва дар ќонуни онњо дўстии њаром ва робитањои байни ошиќ ва маъшуќа ва зино љузъи озодињои шахсї аст ва ќонун аз он њимоят мекунад».

Ниг: Юсуф Ќарзовї. «Марказу-л-маръати фи-л-њаёти-л-исломияти», сањ. 140-141

Ин мисоле, ки аллома Ќарзовї овардааст, ба

шароити кишвари мо сад дар сад мувофиќат мекунад.

Аз ин рў, агар мардон ба љои маъшуќабозї ва

робитањои љинсии ѓайришаръї ва ѓайримасъулона, ки имрўз бисёр озод ва маъмул аст, бо риояти њамаи

Page 225: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

224

шартњои исломї њамсари дуюм бигиранд, дар он сурат таъмини нафаќа ва рўзгори ин зан низ ба дўши мард буда, ба ин тариќ бисёре аз занони ниёзманд аз мушкилоти таъмини нафаќаи худ рањо мешаванд. Аз њама муњимм, фарзандоне, ки аз онњо ба дунё меояд, соњиби падари шаръї ва ќонунї мешаванд, ки доштани падари шаръї барои ин фарзандон дар оянда аз назари равонї ва шаъни иљтимої хеле муњимм аст.

***

Аз маљмўаи нуктањои дар ин боб зикршуда чунин бармеояд, ки чандњамсарї дар Ислом як масъалаи сода набуда, шариати исломї онро фаќат бо риояти шартњои шадид иљозат додааст. Аз ин рў, бар тибќи таълимоти исломї фаќат касоне, ки ин заруратњо ва ин шартњоро доранд, метавонанд зани дуюм бигиранд.

Аз тарафи дигар, маълум гашт, ки муљоз будани гирифтани зани дуюм њикмату фалсафаи худро дошта, он њамчун яке аз механизмњои машрўъи њалли як силсила масъалањои инсонї ва иљтимої дар назар гирифта шудааст. Аз ин рў, мухолифати ноогоњона нисбат ба он дуруст нест, балки бояд рўи он таъкид карда шавад, ки мардон фаќат дар сурати риояти шартњои мушаххаси исломї ва пеш аз њама риояти адолат ва таъмини нафаќа, метавонанд ба ин кор даст зананд.

Ва нињоят, мухолифати усулї ва мутлаќ бо ин кор мухолифати ошкоро бо њукми Худованд аст, ки фарди мусалмон њаќ надорад, ки њам худро мусалмон номаду њам њукми возењу ошкори Худоро инкор намояд.

Барои мутолиа ва ошноии бештар дар мавриди чандњамсарї дар Ислом ва шароити он метавон ба

Page 226: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

225

манбаъњои зерин мурољиат намуд: Љамол Муњам-мадфаќии Расул, «Зан дар андешаи исломї», сањ. 173-189 ва 285-323, Юсуф Ќарзовї, «Марказу-л-маръати фи-л-њаёти-л-исломияти», сањ. 118-141, Муњаммад Фатњуллоњи Зиёдї, «Таамуллот фи ќазойи-л-марата-л-муслимата», сањ. 93-113 ва ѓайра.

2.Масъалаи талоќ дар Ислом Тавре ки дар бобњои пешин шарњ шуд, маќсад аз

бастани аќди никоњ ташкили хонавода ва њифзи он ва ба ин восита расидан ба оромиш ва даст ёфтан ба як силсила њадафњои пешгузоштаи шариати исломї мебошад. Аз ин рў, устувор ва гиромї доштани аќди никоњ ва пойдор доштани оила яке аз вазифањои асосии занон ва мардон буда, бояд дар ин роњ нињояти талоши худро анљом бидињанд. Аммо, дар њар сурат, зиндагии инсонї раванди бисёр мураккаб буда, дар марњалањои гуногуни худ метавонад зери таъсири омилу воќеиятњои зиёде ќарор гирад, ки инсонро ногузир ба ќабули ќарорњои нохоста ва ѓайриихтиёрї водор мекунад. Яке аз чунин ќарорњое, ки инсон дар баъзе аз лањзањои вазнини зиндагии оилавии худ ночор ба он рў меоварад, талоќ аст.

Худи калимаи талоќ дар луѓатномањо ба маънои рањо шудан, озод кардан ва аз ќайд рањо кардан омадааст. Аммо маънои истилоњии талоќ, ки аз љумла, дар матнњои фиќњии исломї истифода мешавад, кушодан ё бекор кардани аќди никоњ мебошад. Масалан, ибораи «њамсарашро талоќ дод» ба маънои «аќди никоњ бо њамсарашро бекор кард» меояд. Яъне, дар матнњо ва илмњои динї ва умуман, дар љомењои мусалмонї, истилоњи талоќ махсус дар

Page 227: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

226

масъалаи рањо кардани њамсар ва бекор кардани аќди никоњ ба кор меравад.

Барои ошноии бештар бо шарњи маъноњои луѓавї ва истилоњии калимаи талоќ метавон ба сарчашмањои мўътабаре чун Ибни Обидин, «Радду-л-муњтор ало дурри-л-мухтор» (љилди 3, сањ. 226-227), Абдуррашиди Таррез, «Талоќ аз дидгоњи Ислом» (сањ. 42-43), «ал-Бањру-р-роиќ» (љилди 3, сањ.252) ва ѓайра мурољиат намуд.

Ќобили зикр аст, ки падидаи талоќ то Ислом низ роиљ буд, вале он њељ гуна назму тартиб ва њадду њудуд надошт. Масалан, дар байни арабњо мард метавонист зани худро њар ваќт ва чанд маротибае, ки бихоњад, талоќ дињад ва боз онро пас гирад. Дар чунин мавридњо зан њаќќ ва имкони њељ гуна эътироз ва интихоб надошт. Аммо бо омадани дини мубини Ислом ин масъала назму њудуди худро пайдо намуд. Дар ин бора њадиси зерин чунин хабар медињад:

Матни њадис: عن عائشة قالت آان الناس والرجل يطلق امرأته ما شاء أن يطلقها «

وهي امرأته إذا ارتجعها وهي في العدة وإن طلقها مائة مرة أو أآثر حتى قال آويك أبدا قالت وآيف ذاك قال الأطلقك فتبيني مني و الل لامرأته والله رج

أطلقك فكلما همت عدتك أن تنقضي راجعتك فذهبت المرأة حتى دخلت على yفأخبرته فسكت النبي yت عائشة حتى جاء النبي عائشة فأخبرتها فسكتق مرتان فإمساك بمعروف أو تسريح بإحسان قالت الحتى نزل القرآن الط

».ومن لم يكن طلق ق مستقبلا من آان طلقالعائشة فاستأنف الناس الطТарљума: Њазрати Оиша(р) мегўяд: Дар даврони

љоњилият мард занашро талоќ медод ва агар мехост, дар даврони идда боз ба зани худ бармегашт. Ва барои талоќ адади муайяне набуд ва агар мехост, ўро садњо бор талоќ медод. То ин ки марде ба занаш гуфт: Ќасам ба Худо, туро талоќ намедињам, ки аз ман људо шавї ва њаргиз назди ту нахоњам омад. Зан пурсид: чї гуна? Мард гуфт: Туро талоќ медињам ва њар гоњ

Page 228: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

227

иддаи ту наздик ба тамом шудан бошад, бармегардам (туро дубора ба аќди худ медарорам). Зан назди Оиша(р) омад ва саргузашти худро ба ишон баён кард. Њазрати Оиша(р) ин амрро ба Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, расонд. Ва Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, сокит монд, то ин ки дар ин бора ояи ќуръонї нозил шуд (ояи 229 сураи Баќара, ки матни он чунин аст): «Талоќ ду бор аст, (пас аз он) ё ба хушї зиндагї кардан ё ба хубї људо шудан аст». Оиша(р) мефармояд: «Ва пас аз нозил шудани ин оя мардум дар масъалаи талоќ мутобиќи он амал намуданд».

«Сунани Тирмизї», китоби «Талоќ», њадиси 1196

Пас, зарурат ва њикмати талоќ аз назари Ислом

дар чист? Дини мубини Ислом талоќро њамчун чораи нињої дар назар гирифта, онро фаќат дар њолатњое, ки идомаи зиндагии якљояи зану шавњар имконпазир набошад, иљозат медињад.

Масалан, дар њолатњое чун ба њам мутобиќ наомадани табъ ва ахлоќи зану шавњар, њамшаъни њамдигар набудани онњо, рафтори ношоистаи яке аз онњо нисбат ба дигаре, хиёнати яке аз онњо, ба ягон бемории беилољ ва ё гузарандае гирифтор шудани яке аз онњо, исбот шудани бенаслии яке аз онњо миёни зану шавњар сардї ба вуљуд омада, он метавонад ба низоъњои давомдори оилавї табдил шавад. Ин сардию низоъ зиндагии зану шавњарро бисёр мушкил карда, њаёти оилавии онњоро талху ногувор мегардонад.

Дар чунин њолатњо маъмулан се роњи њалл вуљуд дорад:

Роњи якум, зану шавњар ба хотири њифзи оила ва нигоњ доштани обрў њамдигарро ночор тањаммул карда, зиндагии муштаракашонро идома медињанд.

Page 229: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

228

Чунин оила бе муњаббату мењрубонї ва дар як дилсардию низои њамешагї умр ба сар бурда, дар њаќиќат аз лаззати воќеии њаёти оилавї ва зиндагии заношўї мањрум аст. Фарзандони чунин оила низ дар муњити носолим бузург шуда, аз назари равонї ва ахлоќї ноќис ба бор меоянд. Гарчи зану шавњар дар њар сурат барои тањаммули њамдигар ва њифзи оила савоби бузург мегиранд, вале чунин оилаи нохушбахт барои фард як навъ зиндон ва азиятхона мебошад. Чунончи Саъдї дар ин бора мегўяд:

Ба зиндони ќозї гирифтор бењ, Ки дар хона дидан ба абрў гирењ.

Роњи дуюм, зану шавњар аќди никоњро њифз

намуда, вале дар амал зиндагии муштараки заношўиро ќатъ карда, аз њамдигар људо зиндагї мекунанд. Албатта, ин роњ низ дар њаќиќат роњи њалл набуда, як силсила масъалаву мушкилоти навро ба вуљуд меорад. Масалан, дар кишварњои ѓарбї дар сурати аз њамдигар розї набудани зану шавњар онњо бе додани талоќ аз њамдигар људо зиндагї карда, ба хотири њифзи моликият ва ё пеш наомадани баъзе масъалањои њуќуќї њар яке барои худ маъшуќу маъшуќа гирифта, бо роњи њарому ѓайришаръї њаёт ба сар мебаранд. Чун инсон ба таври табиї ѓаризаи љинсї дошта, онро бояд аз тариќе таъмин намояд, табиист, ки зиндагии људо аз њам зану шавњарро ба чунин роњњои ѓайрињалол далолат мекунад. Пас, ин роњи њалл низ дар њаќиќат роњи њалл набуда, навъе бадтар шудани вазъияти зану шавњар ва фарзандони онњо мебошад ва Ислом ин «роњи њалл»-ро комилан ќабул надорад ва чунин зиндагї дар Ислом њаром аст.

Page 230: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

229

Роњи сеюм талоќ аст. Яъне, агар ихтилоф ё масъалаи љиддии пешомада байни зану шавњар њељ роњи њалли худро пайдо накунад ва идомаи зиндагии солиму табиии оилавї байни онњо имконпазир набошад, шариати исломї бо риояти як силсила шарту талабот талоќро иљозат медињад. Яъне, талоќ аз назари Ислом фаќат дар њолатњои истисної ва боќї намондани њељ роњи дигари њифзи оила љоиз дониста мешавад. Аз ин рў, бар тибќи таълимоти Ислом талоќ на дар њар ваќти хостан ва њавас кардани њамсарон, балки фаќат дар њолатњои ночорї љоиз мешавад. Ба ибораи дигар, талоќ ба мисли амали љарроњиест, ки он бисёр дарднок ва ногувор аст, вале агар роњи дигаре барои эњёи саломатї ва идомаи њаёт боќї намонда бошад, инсон ногузир ба он розї мешавад.  

Бо вуљуди ин, шариати исломї талоќро ташвиќ накарда, онро њамчун «танњо кори мубоње, ки ѓазаби Худоро ба вуљуд меорад», муаррифї менамояд. Дар чунин сурат, талоќ ягона роњест, ки зану шавњар бо роњи њалол ва шарафмандона аз њамдигар људо шуда, њар яке метавонад зиндагии нави худро бисозад.

Дар бораи љузъиёти ин масъала метавон ба адабиёте чун Вањба Зуњайлї «ал-Фиќњу-л-исломї ва адиллатуњу» (љилди 7, сањ. 358), Абдуррашиди Таррез «Талоќ аз дидгоњи ислом» (сањ. 30-31), китоби маъруфи Саййид Собиќ «Фиќњу-с-сунна» (љилди 2, сањ. 218) ва ѓайра мурољиат намуд.

***

Аммо барои фањми дурусттари љанбањои гуногуни масъалаи талоќ дар таълимоти исломї

Page 231: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

230

зарур аст, ки ба чанд нуктаи муњимм дар мавриди он таваљљўњ шавад:

1. Марњалањои талоќ Омўзиши таълимоти шариати исломї дар

масъалаи талоќ нишон медињад, ки дини мубини Ислом бо вуљуди дар њолатњои истисної њалол ва раво донистани талоќ, тамоми таълимоти худро бар њифзи оила ва то њадди имкон роњ надодан ба фурўпошии он гузоштааст. Аз ин рў, дар масъалаи талоќ низ шариати исломї чанд марњалаи муайянро пешбинї намудааст, ки фаќат пас аз тай намудани он мард метавонад њамчун чораи нињої ба талоќ рў оварад.

Аввалин марњалаи њалли ихтилофи пешомада миёни зану завњар аз назари Ислом насињат аст. Ваќте ки мард аз сўи њамсари худ беэњтиромї, саркашї ва ё њар амали номаќбули дигареро мушоњида мекунад, ў набояд дар аввалин маротиба бо ў бархўрди шадид намуда, ўро озор дињад ва ё талоќ дињад. Балки мард бояд ба таври ором ва бо камоли хунсардї ба зан фањмонад, ки ин амали ў дуруст нест ва барояш хушоянд намебошад. Дар чунин мавридњо мард ба занаш аз Ќуръону њадис, фармудањои бузургони дину ахлоќ ва ѓайра мисолњо оварда, ўро ба сўи ахлоќи нек њидоят намояд. Албатта, мард набояд ба таври мудовим ва беш аз њадд ба гўши зан насињат хонад, зеро он натиљаи баръакс хоњад дод. Вале бо риояти њудуд ва дар лањзањои таъсирбахш ба зан фањмонидани њуќуќу вазифањои ў ва њидояти ў ба ахлоќи нек аз вазифањои аввалиндараљаи мард аст.

Ин марњалаи њалли низоъ дар оила ањаммияти бисёр љиддї дорад, зеро басе заноне њастанд, ки дар

Page 232: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

231

сурати шунидани насињати дуруст ва муассир ахлоќи худро ислоњ мекунанд ва ба ин восита ихтилофи байни зану шавњар рафъ мешавад. Худованд дар Ќуръони карим мардону занонро ба рафъи ихтилофот ва оштиву тањаммули њамдигар даъват намуда, аз љумла, чунин мефармояд:

Аз матни оя:

☺ ☺ ☯

⌧ Тарљума: Агар зане аз шавњараш хавфи саркашї ё

рўгардонї дошта бошад, пас, бар онњо боке нест, ки дар миёни худ ба навъе сулњ оранд ва сулњ кори бењтар аст.

Сураи «Нисо», ояи 128 Вале агар марњалаи аввал, яъне панду насињат ва

талоши ислоњу оштї натиљае надињад, мард метавонад њамчун чораи љиддитар ба хотири ба худ омадан ва ислоњ шудани зан бистари худро аз ў људо кунад. Яъне, муддате бо ў њамхобагї накарда, ба ин тариќа изњор намояд, ки нисбат ба рафтору ахлоќу муносибати зан эътироз дорад. Ин иќдом марњалаи дуюм аст.

Дар сурати натиља надодани марњалањои якум ва дуюм, шариати исломї иљозат медињад, ки мард фаќат ба хотири ислоњ ва адаб занашро ба таври сабук танбењ бидињад. Ин се марњалаи муносибат бо зани бадахлоќ ва озордињанда дар Ќуръони карим чунин омадааст:

Аз матни оя:

Page 233: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

232

⌧ ⌧

Тарљума: … ва он занонеро, ки аз нофармонияшон

бим доред, нахуст панд бидињед ва (агар ислоњ нашуданд) аз бистарашон дурї кунед ва (агар ин низ таъсир надошт), онњоро бизанед. Агар итоат кунанд, дигар бар онњо роњи ситамро наљўед. Ва Худо Баландмартабаю Бузургќадр аст!

Сураи «Нисо», ояи 34

Дар масъалаи танбењи баданї ё задани зан Ислом

мавќеи бисёр ќатъї дошта, њаргиз иљозат намедињад, ки мард бо истифода аз нирўи бартари љисмонии худ занро берањмона бикўбад. Манзур аз задани зан бо зарби андаке тарс додани ў ва ба ин восита њифз кардани муњити солими оила ва зиндагии муштарак бо ў мебошад. Аз ин рў, дини мубини Ислом задан бар рўи зан, ё зарба задан ба љойњои њассоси бадани ў ва ё зарба задан бо ягон ашё ва асбобро комилан манъ намуда, уламои исломї фаќат задан бо рўёмол ва ё чўби мисвокро, ки ба андозаи ќалам аст, иљозат додааст. Пас, ин љо њадаф аз задан расонидани дард ё зарари физикї нест, балки маќсад танбењи психологї ё таъзир аст.

Паёмбари гиромии Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, мардони мусалмонро аз задани њамсаронашон манъ намуда, дар ин маврид чунин мегўянд:

Page 234: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

233

Матни њадис: يجلد أحدآم امرأته جلد العبد القال yن عبد الله بن زمعة عن النبي ع«

»ثم يجامعها في آخر اليومТарљума: Абдуллоњ ибни Замъа ривоят мекунад, ки

Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Њељ як аз шумо иљозат надорад занашро њамчун ѓуломон бизанад, пас аз он дар поёни рўз бо ў њамхобагї кунад.

«Сањењи Бухорї», китоби «Никоњ», њадиси 5204 ва «Муснади Имом Ањмад», њадиси 15629

Худи Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва

саллам, дар ин маврид намунаи олии муносибати мард бо зан буда, тибќи њадисњои расида дар тамоми муддати умр њељ яке аз занон ё хидматгорони худро назада буданд. Дар њадиси зерин омадааст:

Аз матни њадис: الامرأة و الشيئا قط بيده و yعن عائشة قالت ما ضرب رسول الله « » …خادما

Тарљума: Њазрати Оиша(р) гўяд: Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, њаргиз бо дасти худ касеро назадааст, аз љумла, зан ва хидматгореро.

«Сањењи Муслим», китоби «Фазоил», њадиси 5944 ва «Сунани Абудовуд», китоби «Адаб», њадиси 4786

Барои огоњии бештар дар ин мавзўъ метавон ба

манбаъњои мўътабаре чун «Тафсири Ќуртубї» (љилди 5, сањ. 170-174), «Тафсири Кабир» (љилди 10, сањ. 73-74) ва ѓайра мурољиат намуд.

Ин се марњалаи њалли низоъ миёни зану мард

бояд ба таври махфї сурат гирад ва марду зан ба дигарон ошкор накунанд, ки миёни онњо ихтилоф ва нофањмињо вуљуд доранд. Вале агар бо тай шудани се марњалаи зикршуда, муносибати марду зан бењбуд

Page 235: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

234

наёбад ва низоъ идома ёфта, хавфи фурўпошии оила њамчунон боќї монад, маълум мегардад, ки њалли ин масъала аз тавони ин зану мард берунтар аст. Дар ин сурат марњалаи чорум, яъне марњалаи миёнравию доварї оѓоз меёбад.

Худованд дар ин маврид дар Ќуръони карим мефармояд:

Матни оя:

☯ ☺

⌧ ☺

Тарљума: Агар аз људоии зану шавњар битарсед, доваре аз хешони мард ва доваре аз хешони зан равон кунед. Агар (доварон) сулњро бихоњанд, албатта Худо байни зан ва шавњар мувофиќат падид меоварад, ки Худо Донову Огоњ аст!

Сураи «Нисо», ояи 35 Моњияти марњалаи миёнравї дар он аст, ки зану

мард аз њисоби хешу табори наздик ва афроди бонуфузу ботаљрибаи мавриди боварии худ чанд нафарро хоњиш менамоянд, ки дар масъалаи робитањои онњо доварї намоянд. Масъулияти асосии ин доварон бо камоли адолат ва бо нияти њифзи оила омўхтани назари зан ва шавњар дар мавриди мушкилот ва вазъияти пешомада ва њамчунин ёфтани роњи њалли муносибе барои тафоњум ва идомаи зиндагии оилавии онњо мебошад. Доварон бояд њам зан ва њам мардро дар алоњидагї ба таври

Page 236: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

235

муфассал пурсида, ба хулосаи холисона расида, дар мавриди вазъияти пешомада доварї намоянд. Онњо бояд ба зану мард дар бораи њуќуќу вазифањояшон сўњбат намуда, ба онњо зарурати њифзи оила ва гузашту њамдигарфањмиро талќин намоянд. Дар ин кор онњо низ бояд аз матни Ќуръону њадис ва аз фарњангу ахлоќи исломї намунањо оварда, зану мардро ба сўи ислоњу салоњ роњнамої кунанд.

Ва агар ин њама марњалањо ва ин њама талошњо боиси њалли муносибатњои зану шавњар шуда натавонанд, он гоњ онњо метавонанд ба људої ё талоќ рўй оваранд. Яъне, дини мубини Ислом талоќро пас аз тай шудани ин њама марњалањо ва пас аз анљом додани талошњои фаровон љињати њифзи оила иљозат медињад. Ин аст, ки бар тибќи таълимоти исломї, талоќ фаќат њамчун чораи ночорї ва иќдоми охирин њалол мебошад. Ва чун гирењи ихтилоф кушода нашуд, Худованд талоќро љоиз медонад, чунон ки дар Ќуръони карим фармудааст:

Матни оя: ⌧

⌧ ⌧

☺ Тарљума: Ва агар он ду аз якдигар људо шаванд,

Худо њар дуро ба камоли фазли хеш бениёз созад, ки Худо Кушоишдињанда ва Њаким аст!

Сураи «Нисо», ояи 130. Њамин тавр, агар мард њамаи ин марњалањо ва

талаботро риоят намуда, ночор рў ба талоќ оварад, талоќи ўро талоќи суннат меноманд, яъне талоќе, ки бо риояти њамаи фармудањои шариат анљом шудааст. Дар ин сурат, мард барои ин талоќ гунањкор

Page 237: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

236

намешавад. Вале агар мард бе доштани њељ далели ќатъї барои талоќи фаврї ва ё фаќат барои хуш надоштани занаш ва ё бо њаваси гирифтани зани дигар бе риояти ин марњалањои таъйиннамудаи шариат ўро талоќ бидињад, дар ин сурат низ талоќи ў воќеъ мешавад, вале ин талоќ талоќи бидъат ном дошта, мард барои ин амал гунањгор мешавад.

2. Масъалаи идда Дини мубини Ислом барои заноне, ки аз шавњари

худ људо шудаанд, пас аз талоќ муддати муайянеро бо номи идда таъйин намудааст. Маънои луѓавии калимаи «идда» шумориш ё њисоб кардан аст, вале дар истилоњи фиќњї идда ба замоне гуфта мешавад, ки зан аз рўзи талоќ ва ё аз рўзи вафоти шавњараш њамон миќдорро сабр намуда, бояд шавњар накунад. Муддати идда дар Ислом чор моњу дањ рўз барои занони шавњарашон вафоткарда ё ба миќдори гузаштани се њайзи одатии моњона мебошад.

Аз назари њукми шаръї риояти идда барои занон вољиб буда, он аз тарафи Худованд, аз љумла дар ояњои 228 ва 234 сураи «Баќара» ва ояи 49 сураи «Ањзоб» амр шудааст. Масалан, дар ояи 228 сураи «Баќара» чунин омадааст:

Аз матни оя: ☺

Page 238: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

237

Тарљума: Бояд, ки занони талоќшуда то се бор пок шудан аз шавњар кардан бозистанд. Ва агар ба Худо ва рўзи Ќиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Худо дар рањми онон офаридааст, пинњон доранд. Ва дар он айём агар шавњаронашон ќасди ислоњ дошта бошанд, ба бозгардониданашон сазовортаранд…

Сураи «Баќара», ояи 228 Ё дар бораи иддаи заноне, ки шавњарашон вафот

карда бошад, Худованд чунин мефармояд: Матни оя:

☺ ☺

☺ ☺

Тарљума: Касоне, ки аз шумо бимиранд ва заноне бар љой гузоранд, он занон бояд, ки чањор моњу дањ рўз интизор кашанд ва чун муддаташон ба сар омад, агар баъд аз он дар нисбати хеш (мустаќилона) дар доираи шариат тасмиме гирад, шумо (валиён) дигар масъулияте надоред ва Худо ба корњое, ки мекунед, огоњ аст!

Сураи «Баќара», ояи 234

Ќобили зикр аст, ки идда дар Ислом пеш аз њама

ба сабабњои зерин риоят мешавад:

Page 239: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

238

1. Ин муддат барои зану шавњар фурсати муносиберо барои фикр кардан пеш меорад, ки агар онњо аз људо шудани худ пушаймон гарданд ва агар роњи шаръии бозгашти онњо мављуд бошад, оилаи худро дубора барќарор намоянд.

2. Дар ин муддат њомила будан ё набудани зан ба таври возењ маълум мегардад ва агар зан њомила бошад, насаби фарзанди ў мушаххас мешавад. Зеро дар сурати пас аз талоќ зуд ба издивољи каси дигар даромадани зан, имкони он мављуд аст, ки ў аз шавњари пешинааш њомила бошад ва насаби фарзанди ў нодуруст муайян гардад.

3. Агар шавњари зан вафот карда бошад, нигоњ доштани идда илова бар муайян шудани њомила будан ё набудани зан, рамзи эњтирому вафодории зан ба шавњари вафотёфтаи худ низ мебошад. Зеро, зане ки шавњари худро дўст дорад, дар сурати вафоти ў ниёз ба як давраи барќарории рўњї дорад ва наметавонад ба зудї ба издивољи марди дигаре дарояд. Аз ин рў, Ислом фаќат ба занон иљозат додааст, ки барои шавњаронашон њамин миќдор азодорї намоянд.

4. Њатмї будани риояти идда боис мешавад, ки издивољу талоќњои бетартиб ва зуд-зуд рух надињанд ва хусусан, аз имкони рў овардани занон ба фасоди љинсї то њадди имкон пешгирї шавад.

Ин аст, ки идда њамзамон аз маънои тиббию инсонї ва мазмуни иљтимоиву ахлоќї бархурдор аст.

3. Њуќуќи зан баъд аз талоќ Гарчи бо содир шудани талоќ мањрамият ва

робитаи заношўии марду зан ќатъ мегардад, вале шариати исломї дар давраи пас аз талоќ низ барои њимояти њуќуќи зан як силсила муќаррарот ва

Page 240: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

239

талаботро муайян намудааст, ки риояти он барои мард ва барои валии зан њатмист. Яъне, мувофиќи шариати исломї, мард наметавонад ба мањзи талоќ додан занро аз хона берун ронад ва ўро аз тамоми њуќуќњояш мањрум созад, зеро бо гирифтани талоќ зан фаќат аз њуќуќи заношўї ё њамхобагї ва мањрамият мањрум мешавад, вале њуќуќњои дигари ў, аз љумла, њуќуќ ба нафаќа ва манзил, то поёни давраи иддаи зан боќї мемонад.

Шарњу баёни ин масъала аз он љињат муњимм аст, ки мутаассифона, дар љомеаи мо аксари занон ва мардони мусалмон аз ин љанбаи таълимоти исломї дар боби талоќ огоњї надошта, ба мањзи доир шудани талоќ тамоми њуќуќњои занро ќатъ намуда, онро аз нафаќа ва аз њаќќи зиндагї дар манзили шавњараш фавран мањрум менамоянд. Ин дар њолест, ки ба таври мисол, шариати исломї дар масъалаи њуќуќи зан пас аз талоќ муќаррароти зеринро муайян намудааст:

1. Агар талоќ раљъї бошад, зан дар тамоми давраи идда њанўз њукми њамсарро дорад ва дар ин давра тамоми њуќуќњои он њамчун њамсар мањфуз мемонанд. Дар ин давра таъмини нафаќаи зан ва таъмини зан бо манзили зист барои шавњар вољиб аст.

Талоќї раљъї, яъне талоќи мурољиатшаванда ва баргарданда, ба талоќе гуфта мешавад, ки зану шавњар, агар майли зиндагии муштарак дошта бошанд, метавонанд пеш аз тамом шудани идда бе никоњи нав ба зиндагии заношўї баргарданд. Ин фаќат дар њолест, ки агар мард ба лафзи сарењ, яъне калимаи талоќ ё як талоќ занро талоќ дода бошад.

2. Агар дар ваќти талоќ додан зан њомила бошад, ў то давраи таваллуди фарзанд дар идда њисоб

Page 241: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

240

мешавад ва дар тамоми ин давра, яъне дар давраи идда, таъмини нафаќа ва таъмини манзили зан бар мард вољиб аст. Ин њукми илоњї дар ояи 6-уми сураи «Талоќ» дарљ гаштааст.

3. Тибќи мазњаби њанафї мард вазифадор аст, ки њатто нафаќаи занеро, ки талоќи бойин дода шудааст ва дар давраи идда ќарор дорад, таъмин намояд. Аммо дар мазњаби моликї ва шофеъї илова бар нафаќа, таъмини макони зисти зан низ дар ин давра бар шавњар вољиб аст. Ин ањком низ бар асоси ояи 6-уми сураи «Талоќ» таъйин шудаанд.

Талоќи бойин, яъне људої ё талоќи комил, ба талоќе гуфта мешавад, ки дар он шавњар занро бо лафзи сарењи «се талоќ» рањо кунад. Њамчунин, дар сурате, ки мард бо нияти талоќ бо лафзњои киноие мисли «аз бањрат гузаштам», «сарат додам», «љавобатро додам» ва ѓайра занро рањо кунад, як талоќи бойин воќеъ мешавад ва ба мањзи гуфтани ин сухан зан комилан аз никоњи мард мебарояд. Ва агар раѓбати бозгашт дошта бошанд, фаќат бо никоњи нав бо якдигар бозмегарданд.

4. Пас аз талоќ додан мард њуќуќ надорад, ки аз зан мањрия ва бахшишу харљњои худро талаб намояд. Дар ин бора Худованд дар ояи 229 сураи «Баќара» ба мардон чунин амр фармудааст: «Барои шумо раво нест, ки аз ончи ба занон додаед, (пас аз талоќ) чизе бозситонед».

5. Илова бар ин, бар тибќи шариати исломї занон њаќќ доранд, ки дар сурати бо ибтикори мард талоќ шудан аз мард илова бар мањрияи муъаљљала мањрияи муаљљаларо низ талаб намояд (агар дар аќди никоњаш зикр шуда бошад), ки ояти 241 сураи «Баќара» ба ин далолат менамояд.

Page 242: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

241

6. Мард њаќќ надорад, ки баъд аз талоќ додани зан нисбат ба ў рафтори ношоиста намояд ва, аз љумла, њаќќ надорад, ки нисбат ба зан њарфњои ќабењ гуфта, алайњи ў таблиѓоти манфї кунад ва айбњои ўро фош намояд.

7. Тибќи таълими Ислом, пас аз талоќ додани зан низ таъмини нафаќаи фарзандони якљояи онњо аз гардани мард соќит намешавад. Мард бояд фарзандони зани талоќшудаашро то замони ба балоѓат расидани онњо таъмин намояд.

8. Њамчунин, Ислом аз мард талаб менамояд, ки агар занро бо ташаббусу хоњиши худ талоќ дод, ба зан кумак ё пардохти иловагие бо номи «мутъаи талоќ» бидињад, то зан ба мањзи талоќ дар тангдастии молї ва иљтимої ќарор нагирад. Ин меъёр бар асоси ояи 241 ва 236-уми сураи «Баќара» таъйин гардидааст.

(Барои шарњи бештари ин нукот њамчунин метавон ба китобњои Юсуф Ќарзовї «Дидгоњњои фиќњии муосир», љилди 3, сањ. 56-57 ва «Марказу-л-маръати фи-л-њаёти-л-исломияти», сањ. 110-111 мурољиат намуд.)

9. Ислом дар сурати талоќ ва људо шудани марду зан њаќќи њамроњї ва сарпарастии тифлони хурдсолро ба модар додааст, зеро тифл аз назари отифї ва нигоњубин дар хурдсолї пеш аз њама ба модар ниёз дорад ва људої аз фарзанди хурдсол барои модар бисёр мушкилтар аз падар аст. Аз ин рў, фаќат дар сурате, ки модар худ аз сарпарастии фарзанди хурдсол даст кашад, њамроњи падар гузоштани онњо љоиз аст.

Њамин тавр, аз нуктањои зикршуда метавон гуфт, ки Ислом њуќуќи занро дар марњалаи баъд аз талоќ низ ба суратњои гуногун њимоят намуда, иљозат

Page 243: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

242

намедињад, ки ба мањзи гирифтани талоќ зан аз њуќуќњои худ мањрум гашта, ба вазъияти мушкили рўњию моддию иљтимої гирифтор шавад. Бахше аз фармудањо ва тавсияњои дини мубини Ислом дар бораи рафтори мардон нисбат ба занон пас аз талоќ, хусусан, дар ояњои 1-ум то 7-уми сураи муборакаи «Талоќ» бисёр рўшан баён шудаанд, ки мазмуни мухтасари онњо чунин аст:

«(Эй Паёмбар), агар занонро талоќ медињед, ба ваќти идда талоќашон дињед ва муддати иддаро риоят намоед ва аз Худои якто - Парвардгоратон битарсед. Ва (пас аз талоќ)ононро аз хонањояшон берун накунед. Ва аз хона берун нараванд, магар он ки ба ошкоро муртакиби коре зишт шаванд. Инњо ањкоми Худованд аст ва њар кї аз он таљовуз кунад, ба худ ситам кардааст. Ту чї донї, шояд Худо аз ин пас амре тоза падид оварад.

Ва чун ба поёни идда расиданд, ё ба ваљње некў нигоњашон доред ё ба ваљње некў аз онњо људо шавед ва ду тани одил аз худатонро ба шањодат гиред. Ва барои Худо шањодатро ба ростї адо кунед...

Њар љо, ки худ сукунат доред, онњоро низ ба ќадри тавоноии худ макон дињед. Ва бар онњо фишор наёваред ва онњоро наозоред. Ва агар (дар ваќти талоќ) њомила буданд, нафаќаашонро бидињед, то замоне, ки таваллуд кунанд. Ва агар фарзанди шуморо шир медињанд, муздашонро бидињед ва ба ваљње некў бо якдигар тавофуќ кунед. Ва агар ба тавофуќ нарасидед, аз зани дигар бихоњед, ки кўдакро шир дињад…»

4.Оё зан низ метавонад талоќ дињад? Тибќи таълимоти Ислом талоќ додан пеш аз

њама њаќќи мард аст ва шариати исломї онро мањз дар ихтиёри мард ќарор додааст. Бо вуљуди ин, дар

Page 244: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

243

аксари мавридњо чунин суол гузошта мешавад, ки чаро шариат њаќќи талоќро мањз ба мард вогузор намудааст ва оё зан низ метавонад талоќ бидињад ва ѓайра. Аз ин рў, дар ин бахши рисола рўшанї андохтан ба ин саволи њамешагии мурољиаткунан-дагони азиз низ бисёр зарурї мебошад.

Дар мавриди бахши аввали савол, яъне дар мавриди он, ки чаро шариати исломї њаќќи талоќро мањз дар ихтиёри мард ќарор додааст, бояд гуфт, ки ин дастури илоњї сабабњои зиёд дорад. Пеш аз њама, мард бунёдгузори оила ва мудиру нигоњдорандаи хонавода ва сарпарасти фарзандон буда, дар ин роњ тамоми нирў, имконот ва умри худро сарф менамояд. Аз ин рў, мард њамеша ба талоќ майли камтар дорад ва дар аксари мавридњо барои њифзи хонавода меандешад. Њамчунин, мард дар баробари мушкилот ва фишорњои берунии зиндагї сабри бештар дошта, дар аксари мавридњо асаб ва эњсосоти худро метавонад контрол намуда, аз аќлу тафаккур истифода кунад.

Вале, Худованд занонро бо табиати бисёр латиф, њассос ва отифї офаридааст, ки албатта, ин имтиёзи занон дар баробари мардон аст. Аммо, онњо дар баъзе лањзањои тасмимгирии љиддї бино бар њамин табиати отифї ва эњсосии худ метавонанд тасмимњои эњсосї ќабул кунанд ва, аз љумла, ба талоќ рўй оваранд. Аз ин рў, агар њаќќи талоќ бевосита дар ихтиёри зан мебуд, бунёди оила заиф ва шикананда мегашт ва бисёр оилањо ба осонї вайрон мешуданд. Вале Ислом ба њар роње масъалањоро ба нафъи устуворї ва њифз шудани хонаводањо њал намудааст.

Илова бар ин, ба дасти мард дода шудани њаќќи талоќ ба раванд ва табиати ташаккули як оила низ мутобиќат дорад, зеро дар кори ташкили оила мањз

Page 245: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

244

мард ташаббускор буда, мањз ў ба суроѓи зан меравад ва занро хостгорї мекунад ва ба никоњи худ медарорад. Илова бар ин, мард барои издивољ бо зан харљи зиёд мекунад ва мањрия мепардозад ва ўро аз њисоби худ бо нафаќа таъмин менамояд. Ва зан низ ин харољот ва мањрия ва нафаќаро мепазирад ва истифода менамояд. Аз ин рў, дар масъалаи њифз ва сарнавишти ин издивољ низ мард масъулияти бештар дорад.

Далели дигари дар ихтиёри мард ќарор гирифтани талоќро фаќењони исломї чунин зикр кардаанд, ки њангоми доир шудани талоќ зан њељ гуна зарари молї намебинад ва баръакс, агар талоќ ба ташаббуси мард шавад, зан дар низоми њуќуќии исломї бо дарёфти боќимондаи мањрия аз љониби мард даромади калони молию иќтисодї низ мегирад. Вале мард аз додани талоќ на танњо хонавайронию зарари маънавї, балки зарари љиддии моддию молї низ мебинад. Ин харољотњо мардро водор мекунанд, ки ба осонї ба талоќ рўй наоварад ва ба њифзи оила талош намояд.

Хулоса, ин ва дигар сабабу њикматњо боис гаштааст, ки шариати исломї бо маќсади устувортар намудани нињоди хонавода њаќќи талоќро дар ихтиёри мард гузоштааст.

Вале, ин ба он маъно нест, ки дар Ислом талоќ њаќќи истисноии мард аст ва зан дар њељ сурат наметавонад ташаббускори талоќ бошад. Шариати исломї як силсила мавридњои истисноиеро пешбинї менамояд, ки зан низ метавонад соњиби њаќќи талоќ гашта, ташаббускори талоќ бошад. Ба хотири ворид нашудан ба як боби дигари мураккаби фиќњї ин мавридњоро ба таври бисёр мушаххас ва рўшан баён менамоем:

Page 246: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

245

1. Хулъ ё ба ивази пардохт њуќуќи талоќ пайдо кардани зан. Шариати исломї дар њолатњое, ки зан дигар ба њељ ваљњ ба рафтори ношоиста ва носазои шавњараш сабру тоќат карда натавонад, хулъро пешбинї менамояд. Хулъ њолатест, ки зан метавонад ба шавњари худ маблаѓеро ба унвони њаќќи талоќ пардохт намуда, аз шавњар талоќ гирад ва аз ў људо шавад. Дар чунин сурат мард метавонад боќимондаи мањрияи занро, яъне мањри муаљљалро, ки њангоми никоњ муќаррар шуда буд, назди худ њифз намояд ва илова бар ин, бахшиш ё њазинаи иловагие аз зан дарёфт бикунад. Њамчунин, дар сурати хулъ, агар мард талаб намояд, зан вазифадор аст, ки он бахш аз мањрияро, ки дар тўли зиндагии муштарак ба ў дода шудааст, ба мард баргардонад.

Хулъ њамчун њолати ба ихтиёри зан гузаштани њаќќи талоќ ва људошавї аз шавњар њам дар Ќуръони карим, њам дар ањодиси набавї ва њам дар фатовои уламои гиромии исломї ба таври возењ баён шудааст. Худованд дар ояти 229-уми сураи «Баќара», аз љумла, чунин мефармояд:

Аз матни оя:

⌧ ☺

Тарљума: Ва агар битарсед аз он, ки ин њар ду

ањкоми Худоро барпо надоранд, пас бар онњо гуноње нест, ки зан (ба ивази худ) фидя бидињад. Ин њадњои (муќарраркардаи) Худо аст…

Сураи «Баќара», ояи 229 Ин њукми ќуръонї дар њадиси сањењи набавї бо

мисоли рўшан шарњ ёфтааст: Матни њадис:

Page 247: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

246

عن ابن عباس رضي الله عنهما قال جاءت امرأة ثابت بن قيس بن « الخلق إ الالت يا رسول الله ما أنقم على ثابت في دين وفق yشماس إلى النبي

فتردين عليه حديقته فقالت نعم فردت عليه yأني أخاف الكفر فقال رسول الله »وأمره ففارقها

Тарљума: Абдуллоњ ибни Аббос мегўяд: Њамсари Собит ибни Ќайс ба назди Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, омад ва ба Ишон гуфт: Эй Паёмбари Худо! Собит ибни Ќайс мардест, ки наметавонам аз назари динї ва ахлоќї аз ў эроде бигирам, вале ба андозае аз ў нафрат дорам, ки аз имонам метарсам. Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба ў фармуданд: Оё боѓчаи ўро ба ў бармегардонї? Ишон гуфт: Бале бармегардонам. Ва онро баргардонд. Ва Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дастур дод, ки ишон аз њам људо шаванд.

«Сањењи Бухорї», китоби «Талоќ» њадиси 5276 ва «Сунани Нисої», китоби «Талоќ», њадиси 3460

Масъалаи хулъ дар осори фиќњии уламои исломии пешин ва муосир низ ба сурати муфассал баён гашта, моњият, шароит ва ќоидањои он шарњу тавзењ ёфтаанд. Масалан, Имом Њофиз ибни Касир њангоми тафсири ояи 229-уми сураи «Баќара» дар ин бора чунин овардааст: «Њар гоњ зану шавњар бо њам носозгорї дошта бошанд ва зан њуќуќи шавњарро ба љо наёвард ва аз ў мутанаффир бошад ва ба њељ ваљњ натавонад, ки бо ў зиндагї кунад, зан метавонад барои рањоии худ ончиро, ки аз мард гирифтааст, ба ў бозгардонад ва амали хулъ анљом гирад. Ва додани мол аз љониби зан ба шавњар њељ ишколе надорад, њамон гуна ки ќабули зан. Дар њолати чунин иваз хулъ мушкиле надорад…» (Ниг: «Тафсири Ибни Касир», љилди 1, сањ. 273-274)

Page 248: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

247

Аз фаќењони муосири ањли суннат ва љамоат Аллома Вањбаи Зуњайлї дар китоби «Фиќњи хонавода дар љањони муосир» дар мавриди хулъ ва шароити он тањќиќи муфассалеро анљом дода, дар ин маврид чунин хулоса менамояд: «Хулъ, сулњ ва ё фидя ба маънои поён додан ба робитаи заношўї дар баробари молест, ки зан онро ба шавњараш мепардозад ва ё мањрия, љињоз ва ѓайраро, ки дарёфт кардааст, ба ў пас медињад».

Ишон дар идомаи бањси худ дар мавриди њукми фиќњии хулъ чунин мегўяд: «Аксарияти олимон назарашон бар љоиз будани хулъ аст. Зеро мардум ба он ниёз пайдо мекунанд ва гоње зан аз шавњараш нафрат пайдо мекунад ва ба сабаби тањаммул накардани ахлоќ, рафтор ва диёнат ва ё ба далели пирї, нотавонї ва беморї намехоњад зиндагии заношўиро бо ў идома бидињад. Ба њамин хотир, дар муќобили њаќќи шавњар дар мавриди талоќ, шариати Ислом ин њаќќро ба занон додааст, ки дар ивази пардохти миќдоре мол ё сарфи назар кардан аз мањрия ва љањизия ба зиндагї бо шавњари худ поён бидињад, то дучори зиён ва нороњатии идомаи зиндагї бо ў нашавад ва муртакиби нофармонии Худованд нагардад…

Њанафињо бар ин боваранд, ки чунончи зан хоњони људої аз шавњари худ бошад, мустањаб аст, ки мард ин хостаи ўро бипазирад, аммо чунончи зан бидуни далел аз шавњараш бихоњад ўро дар баробари бахшидани мањрия ё пардохти моле талоќ бидињад, кароњият дорад..» (Ниг: Вањба Зуњайлї. «Фиќњи хонавода дар љањони муосир», сањ. 395-398)

Барои шарњу фањми бештари масъалаи хулъ

метавон ба манбаъњои исломие чун «Њидоя, шарњи «Бидояту-л-мубтадї»-и Имом Марѓелонї (љилди 2, сањ.13-15), «Радду-л-муњтор ало «Дурри-л-мухтор»-и

Page 249: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

248

Ибни Обидин (љилди 3, сањ. 439- 465), «Зан дар миёни шаффофияти шариати илоњї ва тирагии фарњанги Ѓарб»-и Муњаммад Рамазон Бутї (сањ. 130), «Дидгоњњои фиќњии муосир»-и Юсуф Ќарзовї (љилди 3, сањ. 67-69) ва ѓайра мурољиат намуд.

2. Дар ваќти аќди никоњ ба ихтиёри зан гузоштани њаќќи талоќ. Роњи дигари ба ихтиёри зан гузошта шудани талоќ, ки шариати исломї онро пешбинї менамояд, њангоми бастани аќди никоњ муќаррар намудани чунин њаќќ барои зан мебошад. Яъне, агар њангоми никоњ зан барои никоњ чунин шарт гузорад ва шавњаршаванда ќабул намояд, ки зани ў њаќќи талоќ доданро дошта бошад, шариат иљозат медињад, ки зан соњиби чунин ихтиёр шавад. Фаќењи муосири ањли суннат ва љамоат Доктор Муњаммад Рамазон Бутї дар шарњи ин масъала чунин мегўяд:

«Агар зан бихоњад њаќќи худро дар талоќ ба таври мустаќим, яъне бидуни талоќи додгоњ аз шавњараш дарёфт кунад, дар ин сурат метавонад дар њамон рўзи аввали аќди издивољи худ роњи машрўъ ва ошкори онро пеш гирад. Ба ин шакл, ки дар ваќти аќди никоњ бо шавњараш шарт кунад, ки бояд исмати никоњаш дар дасти худаш бошад. Бинобар ин, њар гоњ шавњар дар баробари он мувофиќат кард, дигар занаш њар ваќт хост метавонад, бидуни миёнљигарии додгоњ аз њаќќи талоќ истифода намояд». (Ниг.: Рамазон Бутї. «Зан дар миёни шаффофияти шариати илоњї ва тирагии фарњанги Ѓарб», сањ. 130)

Дар шарњи ин масъала бояд гуфт, ки агар мард

бино бар талаби зан дар ваќти никоњ розї шавад, ки зани ў њаќќи талоќ доданро дошта бошад, боз њам ин амал ба он маъно нест, ки мард аз њаќќи талоќ мањрум гардад. Дар чунин сурат њам мард ва њам зан

Page 250: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

249

њаќќи талоќ доданро доро мебошанд ва метавонанд њангоми зарурат аз ин њаќќи худ истифода намоянд.

Шарњи муфассалтари ин масъала дар манбаъњои исломие чун «Фатовои Њиндия» (љилди 1, сањ. 273), «Аниси занони покдоман»-и Абдуррањим Фирўзи Њиравї (сањ. 149-151) ва ѓайра ќобили дастрасї мебошад.

3.Мавридњои мушаххасе, ки ба зан иљозат

медињад, то барои талоќ аз тариќи ќозї (додгоњ) ташаббус намояд. Ду мавриди аввал ба зан иљозат медоданд, ки бевосита, яъне бидуни њукми ќозї ва додгоњ худ даст ба талоќ занад ва ба зиндагї бо шавњараш хотима дињад. Вале, илова бар ин, шариати исломї як силсила шароит ва мавридњоеро муайян намудааст, ки дар сурати пеш омадани онњо зан метавонад барои гирифтани талоќ ба ќозї ё додгоњ мурољиат намояд. Дар сурати исбот шудани даъвои зан ќозї ё додгоњ вазифадор аст, ки онро ќаноатманд созад.

Муњимтарин намунањои њолатњое, ки фаќењони исломї дар ин маврид мушаххас намудаанд, чунинанд:

o Ба муддати беш аз шаш моњ ба таври огоњона таъмин нашудани нафаќаи зан аз тарафи шавњар;

o Пеш омадани айб ё нуќсони љиддї дар мард, мисли нотавонии комили љинсї, бемории рўњї, песї, беморињои табобатнашавандаю гузаранда, мисли СПИД ва ѓайра;

o Бадрафторї ва бадахлоќии доимии шавњар, мисли майзадагии доимї ва ё озору азияти доимї ва зарбу латти доимии зан;

Page 251: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

250

o Ба муддати тўлонї бенишон шудани ва ё зиндонии тўлонї шудани шавњар;

o Аз Ислом хориљ шудани зан ё шавњар; o Исбот шудани хиёнати оилавии яке аз

онњо. Дар сурати пеш омадани чунин вазъиятњо ва

дигар шароитњое, ки барои зан тоќатфарсо мебошад, шариат ба занон иљозат додааст, ки барои гирифтани талоќ ба ќозї ва додгоњ мурољиат намоянд. Ва додгоњ вазифадор аст, ки дар њолати исбот шудани даъво ин њаќќи шаръии занро амалї гардонад. Дар чунин суратњо, агар ќозї ё додгоњи шаръї аќди никоњи зан ва шавњарро бекор кунад, дигар эњтиёљ ба талоќи шавњар нест ва зан бо њамин њукми додгоњ озод мешавад ва баъд аз тамом шудани иддаи шаръї метавонад шавњар кунад.

Барои шарњи бештари ин масъалањо метавон ба осоре чун Муфтї Худоназар «Мањмуду-л-фатово» (љилди 3, сањ. 17-273), Вањба Зуњайлї «Фиќњи хонавода дар љањони муосир» (сањ. 399-410), Абдуррашиди Таррез «Талоќ аз дидгоњи Ислом» (сањ. 126-131) ва ѓайра руљўъ намуд.

5. Рањнамудњои Ислом барои пешгирии талоќ

Гарчи шариати исломї ањком ва шароити

талоќро муайян намудааст, вале асли таълимоти Ислом бар њифзи оила ва пешгирї аз талоќ аст. Аз ин рў, дар сарчашмањои исломї барои пешгирии талоќ ва ба вуљуд наомадани њолатњои водоркунанда ба талоќ як силсила тавсия ва рањнамудњое омадаанд, ки риояти онњо барои њифзи саломатии

Page 252: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

251

њар оила бисёр муњимм мебошад. Асоситарин тавсияњои исломї дар ин самт чунинанд:

1.Интихоби зан аз рўи дину ахлоќ Дар масъалаи интихоби њамсар Паёмбари

гиромии Ислом ба мусалмонон чунин тавсия додаанд:

Матни њадис: قال تنكح المرأة لأربع yعن أبي هريرة رضي الله عنه عن النبي «

»لمالها ولحسبها وجمالها ولدينها فاظفر بذات الدين تربت يداكТарљума: Аз Абуњурайра(р) ривоят шудааст, ки

Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Занон ба хотири чањор чиз барои издивољ интихоб мешаванд: мол, мавќеият, зебої ва дин. Ту соњиби динро интихоб кун, чаро ки мояи хайр ва баракат аст.

«Сањењи Бухорї», китоби «Никоњ», њадиси 5090 ва «Сањењи Муслим», китоби «Ризоъ», њадиси 3525

Тибќи ин њадиси набавї њангоми интихоби зан

бояд пеш аз њама ба дин ва ахлоќи ў таваљљўњ намуд ва зани бодину боахлоќро интихоб кард. Табиист, ки зани диндор боиси покиву осудагии муњити оилавї ва таќвияти пайванди хонавода мегардад.

2. Њамдигарро дидани зану мард пеш аз никоњ

Ислом тавсия медињад, ки зану мард бояд пеш аз издивољ якдигарро бинанд ва дар бораи чигунагии њамдигар тасаввурот пайдо намоянд. Дар ин дидор онњо бояд ба њамдигар бо диќќат нигоњ кунанд ва боварии комил пайдо намоянд, ки аз издивољи ояндаи худ розиянд.

Дар ин маврид аз Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, чунин њадисе ба љой мондааст:

Матни њадис:

Page 253: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

252

أنظرت y عن المغيرة بن شعبة قال خطبت امرأة فقال لي رسول اهللا« »قال فانظر إليها فإنه أحرى أن يؤدم بينكماإليها قلت ال

Тарљума: Муѓайра ибни Шаъба мегўяд, ки ман хостам занеро ба никоњи худ дароварам, Паёмабари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, аз ман пурсиданд, ки оё ман ўро дидаам. Ман гуфтам, ки на. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Бирав, ўро нигоњ кун, зеро нигоњи пеш аз никоњ паёмрасони унс ва муњаббат аст.

«Муснади Имом Ањмад», љилди 4, сањ. 246, њадиси 18179 Тавре ки дида мешавад, дидори пеш аз издивољ

аз љумлаи тавсияњои исломист, вале мутаассифона, имрўз дар баъзе минтаќањои кишвар дидори писару духтар пеш аз никоњро айбу нанг медонанд. Аз ин рў, духтарону писаронашон њамдигарро фаќат шаби љуфтшавї бори аввал мебинанд ва агар ба њамдигар писанд наоянд њам, дигар чорае надоранд. Вале ин нукта низ љолиб аст, ки бисёре аз ин духтароне, ки волидайни онњо дидори пеш аз никоњ бо домодшавандаро дуруст намешуморанд, худашон донишљў ё корманд буда, озодона ба донишгоњу коргоњњо мераванд ва њамагон онњоро мебинанд. Вале њамин духтарњо ва волидайни онњо дидор бо домодшавандаро айб медонанд, ки ин навъе рафтори ѓайриисломї ва ѓайримантиќист. Албатта, дидори писару духтар пеш аз издивољ набояд мулоќоти муфассал ва хилватнишинї бошад, аммо онњо бояд имкон пайдо намоянд, ки њамдигарро бинанд ва ба њамдигар бо диќќат нигоњ кунанд ва баъзе саволу љавобњои муќаддимотї намоянд.

3. Таваљљўњи љониби зан ба ахлоќ, дин ва

маънавияти мард

Page 254: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

253

Имрўз дар љомеаи мо ваќте ки дар бораи издивољ сўњбат мекунанд, маъмулан љониби мардро њамчун интихобгар тасаввур намуда, ба ў дар бораи чї гуна интихоб намудани зан тавсияњо медињанд. Вале Ислом њар ду љониби издивољро тарафњои соњиби њуќуќи интихоб дониста, ба љониби зан низ тавсия медињад, ки њангоми интихоби мард ба дин, ахлоќ, оила ва муњити ў диќќат дода, марди барои худ муносибро интихоб намояд. Ислом ба волидайн тавсия медињад, ки агар марде соњиби дину ахлоќ барои хостгории духтаратон ояд, хостгории ўро ќабул намоед. Дар ин маврид Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармудааст:

Аз матни њадис: إذا أتاآم من ترضون خلقه ودينه yرسول الله عن أبي هريرة قال قال«

»…فزوجوه Тарљума: Абуњурайра гўяд: Паёмбари Худо, алай-

њиссалом, фармуданд: Агар марде соњиби дин ва ахлоќ ба хостгории духтаратон омад, ба издивољашон розї шавед.

«Сунани Ибни Моља», китоби «Никоњ», њадиси 1967 ва «Сунани Тирмизї», китоби «Никоњ», њадиси 1086

Тавре ки пештар зикр шуда, Ислом дар издивољ

розигии занро њатмї медонад ва никоње, ки бе ризояти зан баста шуда бошад, аз назари Ислом ботил дониста мешавад.

4. Ризояти сарпарастон ва ањли хонаводаи духтар

ва писар Гарчї барои издивољи писар ва духтари болиѓ

ризояти њар дуи онњо кифоят мекунад, вале Ислом тавсия медињад, ки пеш аз издивољ ризояти волидайн ё сарпарасти писар ва духтар гирифта шавад. Ин як амри мустањаб буда, риояти он пайомадњои хуби

Page 255: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

254

амалї барои њифз ва тањкими хонаводаи навташкил дорад. Зеро хусусан, дар таљрибаи љомеаи мо дида мешавад, ки бахше аз оилањои љавон фаќат ба сабаби аз ин издивољ розї набудани волидайн ва ё ба сабаби пеш омадани ихтилоф байни волидайн ва келин ё домоди нави онњо пароканда мешаванд. Ин аст, ки агар волидайни њар ду тараф аз издивољи фарзандонашон розї бошанд, ин боиси таќвияти оилаи љавон ва устувории он мегардад.

5. Риояти ахлоќи исломї пас аз издивољ Ислом тавсия мекунад, ки зану шавњар њифзи

оила ва эњтироми номусу шарафи њамдигарро дар дараљаи аввал ќарор дода, дар њаёти оилавии худ њамеша усулњое чун риояти одоби шаръї, бархўрди мўъминона, покиву таќво ва таъмини њуќуќи якдигарро риоят намоянд. Тибќи мазмуни ояи 228-уми сураи муборакаи «Баќара» њам занон ва њам мардон дорои њуќуќњои муайян буда, дар айни замон, дорои вазифа ва масъулиятњои муайян низ мебошанд, ки риояти онњо барояшон њатмист. Таљрибаи оилањои асили исломї нишон додааст, ки риояти дурусти њуќуќ ва вазифањое, ки Ислом њам барои мард ва њам барои зан таъйин намудааст, боиси пойдории оила мегардад.

Аммо агар зану шавњар њамдигарро эњтиром накунанд ва њамеша бо њам дар бањсу љидол бошанд, ин рафтор заминаро барои талоќ ва парокандагии оила муњайё месозад. Чунон ки Мавлоно Румї фармудааст:

Паркандагї аз нифоќ хезад, Пирўзї аз иттифоќ хезад. Ту ноз кунию ёри ту ноз, Чун ноз ду шуд, талоќ хезад.

Page 256: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

255

6.Масъулияти атрофиён ва љомеа барои њифзи оилањои љавон Дар канори тавсияву масъулиятњое, ки ба дўши

худи зану шавњар ва волидайни онњо гузошта шудааст, Ислом ба љомеа низ тавсия менамояд, ки барои њифзи оилањо ва таќвияти онњо эњсоси масъулият намояд. Дар ин масъала њам хешу табор, њам шўрои мањалла, њам ташкилотњои љамъиятї ва њам нињодњои давлатї метавонанд барои бештар сабуру тањаммулпазир шудани зану шавњар ва боло рафтани фарњанги оиладории онњо мусоидат намоянд. Зеро њар оилаи вайрон, њар зани танњову бесарпараст ва ва њар фарзанди ятим худ як масъалаи иљтимоист, ки ба вазъи умумии љомеа таъсири амиќи манфї мерасонад. Ин аст, ки њифзи оила на як масъалаи шахсии зану шавњар, балки як масъалаи муњимми љамъиятї ва давлатист.

Хулоса ё њукми шаръии талоќ Агар тамоми бањсу масъалањоеро, ки дар боби

талоќ оварда шуданд, хулоса намоем ва аз он натиљагирї кунем, мебинем, ки дини мубини Ислом талоќро фаќат дар њолатњои истисної ва дар сурате, ки дигар њељ роњи њалле барои идомаи њаёти оилавї боќї намонда бошад, пешбинї менамояд. Дар њолатњои дигар, Ислом бар мусалмонон таъкид мекунад, ки њаргиз ба талоќ рўй наоваранд ва аз он дурї љўянд.

Фаќењони исломї дар бораи њукми шаръии талоќ бањсу тадќиќотњои зиёде намуда, аксаран ба ин хулоса расидаанд, ки аз назари Ислом талоќ бидуни далел ва зарурати воќеї мамнўъ ва њаром мебошад. Фаќењи бузургвори њанафї Ибни Обидини Шомї дар «Њошия»-и машњури худ дар ин масъала овардааст: «Њукми аслии талоќ њазар (манъ будан)

Page 257: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

256

аст. Яъне, талоќ дар асл мамнўъ буда, ба хотири зарурат ва ниёз ба он иљоза дода шудааст». (Ниг: Ибни Обидин, «Радду-л-муњтор ало «Дурри-л-мухтор», љилди 3, сањ. 226-227)

Муаллифони «Фатовои њиндия» дар ин маврид чунин хулоса гирифтаанд: «Назар ба асли талоќ, талоќ мањзур(мамнўъ) аст, вале бо таваљљуњ ба њољат ва ниёз мубоњ мебошад». (Ниг: «Фатовои њиндия», љилди 1, сањ. 348)

Ибни Таймия низ ин масъаларо њамаљониба баррасї намуда, дар фатвои худ мегўяд: «Њукми аслии талоќ њазар (манъ, худдорї кардан) аст, вале ба хотири ниёз ва ба миќдори ниёз иљоза дода шудааст... Аммо Худованди бузург ба хотири рањмати бекаронаш онро бар бандагон, ки гоње ба он ниёз пайдо мекунанд, мубоњ намудааст». (Ниг: «Фатовои Ибни Таймия», љилди 3, сањ. 16)

Фаќењи муосири исломї Шайх Юсуф Ќарзовї дидгоњњои фиќњии мављуда дар бораи њукми шаръии талоќро хулоса намуда, чунин меорад: «Соњиби «Њидоя» аз фаќењони мазњаби њанафї гуфтааст: Талоќ ќатъкунандаи никоњест, ки тазминкунандаи дин ва дунёи инсон аст. Соњиби китоби «ал-Муѓнї», аз фаќењони њанбалї (Ибни Ќудома) низ гуфтааст: Талоќ ба маслињати зан ва шавњар нест ва дар сурате, ки барои талоќ далели ќонеъкунанда ва шаръї вуљуд надошта бошад, зан ва шавњар дучори зиёнњои моддї ва маънавї хоњанд шуд. Бинобар ин, чунин талоќ њамчун талаф кардани мол ва дорої њаром аст... Ва Ибни Обидин низ дар ин маврид мегўяд: Ваќте ки талоќ ва муторика бидуни сабаб ва зарурат бошад, тављење барои он вуљуд надорад ва даст задан ба он нобихрадї ва сафоњат (камаќлї) ва куфрони неъмат ва азияту озор нисбат ба зан ва фарзандон талаќќї мегардад. Бинобар ин, ваќте ки талоќ аз

Page 258: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

257

муљиботи ибоњаи шаръии он холї бошад, њукми он ба асли њурмат боз хоњад гашт». (Ниг: Юсуф Ќарзовї. «Дидгоњњои фиќњии муосир», љилди 1, сањ. 164-165)

Њамин тавр, њукми шаръии талоќ дар Ислом

бисёр нозук ва зариф буда, ин амал фаќат дар сурати пеш омадани вазъият ва далелњои бисёр ќатъии шаръї иљозат дода мешавад. Вале дар ин сурат низ, шариати исломї талоќро «бадтарин њалол» номидааст, ки њатто Худованд аз он нафрат дорад. Ин њукми талоќ дар њадиси Паёмбари акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, чунин дарљ гаштааст:

Матни њадис: » قالل إلى الله تعالى الطالقال أبغض الح yعن ابن عمر عن النبي «

Тарљума: Абдуллоњ ибни Умар(р) аз Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ривоят мекунад, ки Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуданд: Манфуртарин њалол назди Худованд талоќ аст.

«Сунани Абудовуд», китоби «Талоќ», њадиси 2177 ва 2178 ва «Сунани Ибни Моља», китоби «Талоќ», њадиси 2018

Ин аст њукми шаръии талоќ аз назари дини

мубини Ислом. Ва дар охир дуо мекунем, ки Худованди мутаъол оилањои мусалмони кишвари моро дар паноњи лутфи худ нигоњ дорад ва њељ яки онњо ба офати љонсўзи талоќу људої рўбарў нашаванд. Омин, ё Рабба-л-оламин!

3.Масъалаи њиљоб дар Ислом 

Сухани муќаддимавї Масъалаи дигаре, ки дар шинохти љойгоњ ва

њуќуќи зан дар таълимоти исломї ањаммияти бисёр љиддї ва мењварї дорад, масъалаи иффат ва либосу

Page 259: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

258

њиљоби зан мебошад. Ин масъала, ки њамеша яке аз мувзўъњои васеъ ва зарифи фиќњи исломї будааст, имрўз ба як мавзўи бузурги на танњо динию аќидатї, балки сиёсию идеологию байналмилалї табдил шудааст. Дар ин бањси бузурге, ки дар дањсолаи охир дар атрофи масъалаи њиљоб дар љомеањои мусалмонию ѓайримусалмонї пеш омадааст, њар ду тарафи бањс як њаќиќатро ба хубї дарк намудаанд, ки мањз њиљоб рамзи ќудрат ва сирри њифз шудани на танњо зани мусалмон, балки дар кулл, љомеаи мусалмонї ва арзишњои исломї мебошад. Ин аст, ки љонибдорон ва ихлосмандони арзишњои исломї барои њифзи ин арзишњо ба масъалаи њиљоб таъкиди аввалиндараља менамоянд ва дар айни замон, мухолифини арзишњои исломї низ пеш аз њама ба масъалаи њиљоб мухолифати шадид мекунанд. Њамин тавр, имрўз њиљоб ба як масъалаи арзишї, ба як рамз, ба як љабња ва рамзи номуси динї табдил гаштааст.

Аз ин рў, дар ин бахши китоб ба масъалаи њиљоб ба унвони яке аз масъалањои муњимми аќидатї ва фиќњии исломї ва низ ба унвони яке аз масъалањои мењварии њуќуќи зани мусалмон пардохта мешавад. Зарурати рў овардан ба ин масъала аз он низ бармеояд, ки мо дар фаъолияти илмию динии худ њамарўза бо саволњои бепоён дар бораи њиљоб, моњият, њукм ва ањаммияти он рўбарў њастем.

Вале, бо вуљуди ба таври сунъї ба масъалаи бисёр печидаи сиёсию идеологї табдил гаштани «масъалаи њиљоб», банда мехостам, ки дар ин китоб на ба ин љанбаи масъала, балки ба назари дини мубини Ислом ба ин мавзўъ ва дидгоњи сарчашмањои асили исломї, яъне Ќуръони карим ва Суннати набавї нисбати њиљоб рўшании комил андозам.

Page 260: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

259

Ањаммияти чунин равиши кор дар он аст, ки љомеаи мусалмон бояд ба маводде дастрасї дошта бошад, ки дар он назари Худованд ва Расули барњаќќаш дар нисбати масъалаи њиљоб ба таври рўшан, асоснок, ќатъї, вале бо забони содаю фањмо ва сарењ баён шуда бошад.

Яъне, мардуми мусалмон, хусусан, хоњарони мусалмон бояд маводдеро дар ихтиёр дошта бошанд, ки дар он њукми илоњї дар ин масъала ба таври возењ баён шуда бошад. Ва банда фикр мекунам, ки тањияи чунин мавод ва дар ихтиёри хоњишмандони гиромї гузоштани он дар шароити имрўз бењтарин кумак барои касонест, ки аз бањсњои сиёсию матбуотї хаста шуда, мехоњанд аз асли масъала огоњї пайдо кунанд.

Дар мавриди ин масъаларо ќабул кардан ё накардан, аз он пайравї кардан ё накардан, ба он мухолифат кардан ё накардани ин ё он шахс ва ин ё он гурўњ, бояд гуфт, ки ваќте ки назари Худову Расули Худо дар ин масъала ба таври возењ ва фањмо гуфта мешавад, интихобу пайравї, ќабулу ноќубул ва мухолифату мувофиќат ба он кори фардии њар шахс ва гурўњ аст. Ба ин восита, њар шахс ва њар гурўњ бо муайян намудани мавќеи худ дар ин масъала, дар асл мавќеи худро нисбат ба манбаъ, сарчашма ва соњиби ин њукм муайян менамояд, ки мо дар ин масъала доварї намекунем. Балки, њар кас ё њар гурўњ бо муайян намудани мавќеи худ дар асл худ дар мавриди худ доварї намудааст.

Аз ин рў, банда њамчун хидмате барои касоне, ки мехоњанд назари дини мубини Ислом дар масъалаи њиљобро аз манбаъњои асили исломї бидонанд, дар ин бахши китоб ба баъзе љанбањои аслии он рўшанї андохтаам. Умедворам, мавриди истифодаи холисо-наи ниёзмандон ва алоќамандон ќарор гирад.

Page 261: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

260

Нигоње ба масъалаи њиљоб дар дину тамаддунњои љањонї

Оё њиљоб ва сатри занон ихтирои Ислом аст ва оё

фаќат Ислом барои занон њиљобро фарз медонад? Ин аввалин пурсишест, ки шинохти масъалаи њиљобро аз он оѓоз менамоем.

Омўзиши таълимоти динњои дигари љањонї ва осори тамаддунњои бузурги башарї нишон медињад, ки иффати ахлоќї ва пўшидагии бадани зан дар дину таммаддунњои тоисломї низ як масъалаи бисёр љиддї ба њисоб мерафтааст. Ин масъала хусусан, дар динњои осмонии тавњидї, яъне яњудият ва масењият, ки аз як манбаъ нозил шудаанд, як бахше аз эътиќод ва амалияи диниро ташкил медодааст.

Дар дини яњудї, ки шариати онро њазрати Мўсо, алайњиссалом, барои Бани Исроил, яъне яњудњо, расонидааст, риояти њиљоб ва пўшиши зан ба таври бисёр љиддї таъкид гашта, дар сурати аз тарафи зан риоят нашудани он, мард њаќќ дошт, ки занро фавран талоќ дињад. Муаллифи асари машњури «Таърихи тамаддун» Вилл Дюрант дар ин бора чунин маълумот медињад:

«Агар зане ќонунњои яњудиро наќз карда, бе њиљоб дар байни мардум пайдо мешуд ва ё дар кўчаи умумї нах мебофт, ё ба мардон дарди дил мекард ё овозаш он ќадр баланд мешуд, ки њамсояаш онро бишнавад, дар он сурат мард њаќ дошт бе пардохти мањрия ўро талоќ дињад».

Вилл Дюрант. «Таърихи тамаддун», љилди 12, сањ.30

Дар ин маврид мутафаккири исломї Аббос Мањмуд Аќќод намунањои зиёдеро аз «Таврот» гирдоварї намудааст, ки њамаи он ба зарурат ва

Page 262: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

261

њатмияти пўшиш ва њиљоби занон дар дину оини яњудї ишорат доранд. Ў, аз љумла, матни исњоњи сеюми сифри «Ашъиё» аз «Таврот»-ро наќл кардааст, ки дар он чунин омадааст: «Худованд ба зудї духтарони Сањюнро ба хотири бењиљобї ва фахрфурўшї ва ба хотири баланд шудани овози зангулањои пой ва намоён гаштани зинатњои дигарашон љазо ва азоб медињад.»

Ниг.: Аббос Мањмуд Аќќод. «ал-Марата фи-л-Ќуръон», нашри «Дору-л-њилол»-и Миср.-сањ. 62-67

Ин муаллиф бо овардани намунањои фаровон аз китобњои осмонии тоисломї дар масъалаи њиљоб чунин хулоса менамояд: «Њиљоб њамчун ќонун ва меъёри пўшиши занон пеш аз зуњури Ислом маъруф ва расм будааст ва барои исботи ин њељ ниёзе ба овардани намунањои бештари таърихї ва васеътар намудани бањс нест, зеро китобњои динии мардумони ѓайримусалмон он ќадар ба зарурати рўбанд, рўсарї, дастор ва салла таъкид кардаанд, ки дар Ќуръони карим ба он андоза шадид ва сахтгирона нест. Масалан, Ќуръон пўшидани рўбанд ва пўшондани чењраро барои занон амр нафармудааст».

Муњаќќиќони аврупої Љин Њолм ва Љон Букер дар китоби «Зан дар адёни бузурги љањон» дар бораи масъалаи њиљоб дар дини яњудї чунин овардаанд: «Дар Талмуди Фаластинї (Суто, боби 16) зикр шудааст, ки дар мазњаби шаммої, ки фаќат зино боиси талоќи зан мешавад, агар зане бе пўшиши сар дар берун зоњир шавад, шавњараш метавонад дархости талоќ дињад. Ба ибораи дигар, бе њиљоб берун рафтани зан баробари бевафоии ў ба шавњараш (њамонанди зино) талаќќї мешавад. Дар дини яњудї… арўс њангоми издивољ ва баъд аз он то замоне ки

Page 263: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

262

шавњардор буд, дар муќобили номањрамон мўйњои худро мепўшонд…»

Ниг: Љин Њолм ва Љон Букер. «Зан дар адёни бузурги љањон», тарљумаи Алии Ѓаффорї. Интишороти «Амир Кабир».

Тењрон: 1384 њ.ш. сањ. 211-212 Дар дини зардуштї ва ойини Эрони Бостон низ

пўшиши зан як амри њатмї ва зарурї ба њисоб меомад. Дар ин давра хусусан, занони табаќањои миёна ва болої маљбур буданд, ки њиљоби комилро риоят намоянд ва иљозати онро надоштанд, ки љуз дар тахти равони рўпўшдор аз хона берун бароянд. Ба онњо њаргиз иљозат дода намешуд, ки ошкоро бо мардон омезиш пайдо кунанд. Занони шавњардор њаќ надоштанд њељ мардеро, агарчи падар ё бародарашон бошад, бинанд. Муаллифи «Таърихи тамаддун» Вил Дюрант дар ин бора маълумотњои фаровонро ироа намуда, чунин хулоса мекунад: «Дар наќшу нигорњое, ки аз Ирони Бостон бар љой мондаанд, њељ сурати зан дида намешавад ва номе аз онон ба назар намерасад...»

Вилл Дюрант. «Таърихи тамаддун», љилди 1, сањ.552

Њамин тавр, мисолњои мухтасре, ки оварда

шуд, ба хубї нишон медињанд, ки њиљоб ва пўшиши зан дар дину тамаддунњои дигар низ њамчун як амри њатмї вуљуд доштааст ва хусусан, динњои осмонї ба масъалаи иффат ва њиљоби зан таваљљўњи зиёде намудааст. Аз муќоисаи њукми њиљоб дар ин динњо бо њукми њиљоб дар Ислом метавон хулоса гирифт, ки:

1. Њиљоб падидае нест, ки фаќат Ислом онро ихтироъ намуда, барои занон муќаррар карда бошад, балки ин масъала дар динњои дигари осмонї ва дар тамаддунњои машњури љањонї низ роиљ будааст.

Page 264: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

263

2. Њиљоб дар Ислом нисбат ба њамаи динњои тоисломї сабуктар ва осонтар буда, аз назари мазмун низ Ислом њиљобро на њамчун нишонаи мањдудият ва тањќири зан, балки њамчун рамзи иффат ва иззати зан муќаррар намудааст.

Њиљоб ва пўшиши занон дар Ислом Нигоње ба маънои калимаи «њиљоб» Барои шинохти бењтари масъалаи њиљоб тањќиќе

дар калима ва истилоњи «њиљоб» низ холї аз ањаммият нест, зеро хусусан, дар таълимоти исломї њар вожаю истилоњ маъно ва фалсафаи амиќи худро дорад. Калимаи «њиљоб» пеш аз њама ба маънои пўшиш ё пардае, ки пушти он чизе пинњон бошад, истифода мешавад. Яъне, њиљоб парда ё монеае барои дидани он чизест, ки пушти парда ё пушти њиљоб нињон аст. Он чизе ки пушти њиљоб ќарор мегирад, мањљуб номида мешавад. Чунон ки Њофиз мефармояд:

Њиљоби дидаи љон мешавад ѓубори танам, Хушо даме, ки аз ин роз парда барфиканам. Яъне, бадани хокии ман њиљоб ё монеаи дидани

љон мебошад ва хуш он рўзе, ки аз ин парда озод шавам ва он сўи онро бубинам...

Дар луѓатномаи машњури Дењхудо калимаи «њиљоб» аз назари луѓавї ва истилоњї чунин шарњ шудааст: «Калимаи њиљоб њам ба маънои пўшидан аст ва њам ба маънои парда ва њољиб, бештар истеъмолаш ба маънои парда аст. Истеъмоли калимаи «њиљоб» дар мавриди пўшиши зан, истилоње нисбатан нав аст. Дар ќадим ва махсусан, дар истилоњи фаќењон аз калимаи «сатр», ки ба маънои пўшиш аст, истифода шудааст. Фаќењон чи дар китоби «Салот» ва чи дар китоби

Page 265: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

264

«Никоњ», ки баёнгари ин матлаб аст, аз калимаи «сатр» истифода кардаанд, на аз калимаи «њиљоб».

Ниг: Доирату-л-маорифи «Дењхудо», зайли калимаи «њиљоб».

Албатта, дар таълимоти динї ва ирфонї њиљоб метавонад маънои пардаи воќеии зоњирї (физикї) ва ё пардаи маънавию ботиниро дошта бошад. Худи њиљоби зоњирї низ ду навъ аст: њиљоби комил, ки тамоми њастии мањљубро мепўшонад ва њиљоби љузъї, ки ќисматњои муайяни онро пинњон мекунад. Дар истилоњи фиќњии шаръии исломї дар масъалаи њуќуќи зан њиљоб мањз ба њамин маъно истифода мешавад, яъне пўшиш ё сатре, ки ќисматњои аз тарафи Худованд мушаххасшудаи бадани занро мепўшонад. Фарќ гузоштан байни маънои луѓавї ва маънои истилоњию фиќњии њиљоб аз он назар зарур аст, ки дар таълимоти исломї њиљоб ба маънои комилан пушти парда ва аз назарњо дур ќарор додани зан набуда, ба маънои истилоњї истифода мешавад.

Дар ин маврид ниг: Муњаммад Фатњуллоњи Зиёдї. «Тааммулот фи ќазойи-л-марату-л-муслима», сањ. 51-56

Мавлавї Абдуссамади Ѓиёсї низ дар таърифи њиљоб ва фарќи маънои луѓавї ва маънои истилоњии он овардааст, ки «њиљоб дар луѓат маънои њоил шудан, пўшондан ва монеъ шуданро медињад, вале аз назари истилоњї ба маънои пўшиши махсуси занон аст».

Мавлавї Абдуссамади Ѓиёсї. «Њиљоби зани мусалмон». Нашри «Шайхулислом Ањмади Љом». Турбати Љом, 1385 њ.ш. сањ.

21 Вале бо вуљуди пањн гаштани маънои истилоњии

њиљоб, яъне, асосан маънои пўшиши исломии занонро гирифтани он, дар Ќуръони карим, ки

Page 266: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

265

манбаи аслии исломист, њиљоб ба ин маъно истифода нашуда, балки асосан маънои аввалияи худ, яъне парда, њоил ва монеаро медињад. Муњаќќиќон баршуморидаанд, ки дар њашт љои Ќуръони карим калимаи «њиљоб» мањз ба њамин маъно ба кор рафтааст, ки намунањои он сурањои «Аъроф» (ояи 46), «Ањзоб» (ояи 53), «Сод» (ояи 32), «Фуссилат» (ояи 5), «Шўро» (ояи 51), «Исро» (ояи 45), «Марям» (ояи 17) ва «Мутаффифин» (ояи 15) мебошанд.

Бо ин нигоњ ба истилоњи «њиљоб» метавон гуфт,

ки ба маънои пўшиши занон истифода шудани ин калима падидаи нисбатан љадид аст, зеро дар матнњои пешини исломї дар ин маврид калимаи «сатр» ва «пўшиш» истифода шудаанд. Имрўз њам дар сурати имкон ба љои истилоњи њиљоб истифода намудани истилоњи «сатр» ё «пўшиши занон» бењтар мебуд. Вале чун дар забони тољикї ва форсии имрўз калимаи «њиљоб» ба маънои пўшиши зан бисёр роиљ шудааст, ба хотири ба хонандагон фањмотар гаштани матн ва матлаб, мо низ аз истифодаи он ба ин маъно љои гурез надорем.

Њукми Ќуръон ва Суннат дар масъалаи њиљоб Тавре ки дар сухани муќаддимавї зикр шуд,

њадафи аслии ин навишта пеш аз њама баёни даќиќ ва фањмои њукми њиљоб дар сарчашмањои асили исломї, яъне дар Ќуръону њадис мебошад, то њар хоњишманде тавонад бо он ба таври даќиќ шинос гардад. Аз ин рў, дар ин ќисмат ба ин савол посух мељўем, ки њукми Худованд дар масъалаи њиљоб дар Ќуръон чї гуна омадааст? Ё ба ибораи содатар, назари Ќуръон дар масъалаи њиљоб чист, яъне Ќуръон дар масъалаи њиљоб чї мегўяд?

Page 267: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

266

Барои он ки њукми Ќуръон дар бораи њиљоби зани мусалмон рўшан бошад, онро ба ду бахш људо менамоем:

1. Ањкоме, ки махсус барои занони Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, омадаанд.

2. Ањкоме, ки барои тамоми занони мусалмон таъйин шудаанд.

Тавре ки баён шуд, бахше аз ањкоми ќуръонї дар

масъалаи њиљоб пеш аз њама ба занони Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дахл дошта, аз тарафи Худованд мањз барои онњо таъйин гаштааст. Аввалин њукми њиљоб барои занони Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дар сураи «Ањзоб» баён шудааст, ки матни ояњои он чунин аст:

Матни ояњо:

⌧ ☺

Page 268: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

267

Тарљума: Эй занони Паёмбар, шумо њамонанди дигар занон нестед, агар аз Худо битарсед. Пас ба таври љалбкунанда ва шањватангез сухан нагўед, то он марде, ки дар дилаш бемориест, ба тамаъ наафтад. Ва сухани писандида бигўед. Ва дар хонањои худ бимонед ва чунон ки дар замони љоњилият мекарданд, зинатњои худро ошкор накунед. Ва намоз бигузоред ва закот бидињед ва ба Худову Паёмбараш итоат кунед. Эй ањли байт, Худо мехоњад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок дорад.

Сураи «Ањзоб», ояњои 32-33

Њамчунин, дар ояњои 53-юми ин сураи муборака

Худованд ба мўъминон дастур медињад, ки бидуни иљоза ба хонањои Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, дохил нашаванд ва њамчунин, бо занони он Њазрат фаќат аз пушти парда сухан гўянд:

Матни оя:

⌫ ☺

Page 269: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

268

☺ Тарљума: Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонањои

Паёмбар дохил нашавед, магар шуморо ба хўрдани таъоме даъват кунанд, дохил шавед ва чун таъом хўрдед, пароканда гардед. На он ки барои саргармї сухан оѓоз кунед. Њароина ин корњо Паёмбарро озор медињанд ва ў низ аз шумо шарм медорад. Вале Худо аз гуфтани њаќќ шарм намедорад. Ва агар аз занони Паёмбар чизе хостед, аз пушти парда бихоњед. Ин кор њам барои дилњои шумо ва њам барои дилњои онњо покдорандатар аст. Барои шумо раво нест, ки Паёмбари Худоро биёзоред ва раво нест, ки занњояшро баъд аз вай ба занї гиред. Ин корњо дар назди Худо гуноње бузург аст.

Сураи «Ањзоб», ояи 53

Вале ин ањком хоссаи занони Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, буда, занони дигари мусалмонро фаро намегирад. Масалан, њукмњои ќуръоние чун фаќат аз паси парда сухан гуфтан ва ё љоиз набудани ба занї гирифтани он занон фаќат хоссаи занони Расули акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, мебошад.

Аммо бахши дигари ањкоми ќуръонї дар бораи њиљоб ва пўшиш ба њамаи занони мусалмон дахл доранд, ки риояти он барои тамоми онњо њатмист. Њукми умумии њиљоб пеш аз њама дар ояти 59-уми сураи «Ањзоб» ба таври зер баён гаштааст:

Матни оя:

Page 270: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

269

⌧ ⌧

⌧ ☺ Тарљума: Эй Паёмбар, ба занони худ ва

духтарони худ ва занони мўъминон бигў, ки чодарњои худро бар худ фурў гузоранд! Ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд; пас, ба онњо озор дода нашавад. Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

Сураи «Ањзоб», ояи 59 Муаллифи тафсири «Анвору-л-Ќуръон» зимни

тафсири ин оя ањодиси расида, ќавлњои гуногуни муфассирин ва назарњои фаќењонро баён намуда, аз љумла чунин меорад: « …фурў пўшидани чодарњо ба хотири он аст, ки бинанда ин занонро бишиносад ва бидонад, ки онњо аз љумлаи занони озод ва пок ва вораста њастанд, бинобар ин, онњоро аз канизон фарќ кунонанд ва мавриди озор ќарор надињанд. Ибни Касир аз Судї наќл мекунад, ки дар Мадина гурўње аз фосиќон ва авбошон буданд, ки чун дар шаб њаво торик мешуд, ба кўчањо берун омада ва ба занон њуљум мекарданд, вале агар медиданд, ки зане њиљоб дорад, мегуфтанд, ки ин зан озод аст ва каниз нест, бинобар ин, аз ў даст бармедоштанд…

Умми Салама(р) мегўяд: Чун ин оя нозил шуд, занони ансор, ки аз хонањои худ берун меомаданд, чунон бовиќор ва оромї роњ мерафтанд, ки гўї бар сари онон парандае нишастааст, дар њоле ки љомањои сиёње пўшида буданд».

Page 271: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

270

Ниг: Абдуррауф Мухлис. «Тафсири Анвору-л-Ќуръон», љилди 4, сањ. 685

Дар ояи 31-уми сураи «Нур» низ Худованд пўшидани њиљобро барои занони мусалмон ба таври рўшану возењ амр фармудааст, ки матни он чунин аст:

Матни оя: ☺

Page 272: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

271

Тарљума: Ва (эй Паёмбар) ба занони мўъмин бигў, ки

чашмони хеш фурў гиранд (ба замин нигоњ кунанд) ва шармгоњи худро њифз намоянд ва зинатњои худро љуз он миќдор, ки равост, ошкор накунанд ва рўймолњои худро то гиребон фурў гузоранд ва зинатњои худро ошкор накунанд, љуз барои шавњари худ ё падари худ ё падари шавњари худ ё писари худ ё писари хоњари худ ё занони њамкеши худ ё бандагони худ ё мардони хидматгузори худ, ки раѓбат ба зан надоранд, ё кўдаконе, ки аз шармгоњи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, ки он зинат, ки пинњон кардаанд, дониста шавад. Эй мўъминон, њамагон ба даргоњи Худо тавба кунед, бошад, ки растгор гардед.

Сураи «Нур», ояи 31 Тавре ки дида мешавад, дар ин оя ба иловаи

муќаррар намудани пўшиши занон, доираи афроди мањраме, ки зан метавонад дар њузури онњо бењиљоб пайдо шавад, нишон дода шудааст. Доираи ин гуна ашхос дар ояи 55-уми сураи «Ањзоб» боз њам даќиќтар омадааст:

Матни оя:

⌧ ☺

Page 273: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

272

⌧ ⌧ ⌧

Тарљума: Занонро гуноње нест, агар дар назди падару писар ва бародару бародарзода ва хоњарзодаву занони њамдин ё канизони худ бењиљоб бошанд. Ва бояд аз Худо битарсед, ки бар њар чизе нозиру шоњид аст.

Сураи «Ањзоб», ояњои 55

*** Масъалаи њиљоби зани мусалмон дар њадисњои

Паёмбари гиромии Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, боз њам возењу рўшантар омада, дар он илова бар њукми њиљоб, масъалаи њадду меъёри он низ ба таври даќиќ баён шудааст.

Дар њадисе, ки аз Паёмбари Акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, аз тариќи њамсари гиромияшон Њазрати Оиша(р) ривоят шудааст, Ишон таъкид намудаанд, ки њар зани болиѓ бояд ба љуз чењра ва дастонаш њамаи љои баданашро аз номањрамон бипўшонад.

Матни њадис: ول « ى رس عن عائشة رضي الله عنها أن أسماء بنت أبي بكر دخلت عل

ه ه yالل ول الل ا رس أعرض عنه اق ف اب رق ا ثي ماء إ yوعليه ا أس ال ي ن وقا إ رى منه لح أن ي م تص يض ل ت المح رأة إذا بلغ ى الالم ار إل ذا وأش ذا وه ه

»وجهه وآفيهТарљума: Њазрати Оиша(р) ривоят мекунад, ки

ваќте ки хоњараш Асмо ба хонааш дохил шуд, дар танаш либоси нозуке буд, ки барљастагињои баданаш намоён мешуд. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба ў мурољиат намуда, фармуданд: «Ваќте ки зан ба синни булуѓ мерасад, бояд баданаш пўшида бошад, ба љуз рў ва ду дасташ». Ва он љойњоро ишора намуда, ба ў фањмонданд».

Page 274: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

273

«Сунани Абудовуд», китоби «Либос», њадиси 4104 Њадиси дигаре, ки низ Њазрати Оиша(р) ривоят

намудааст, гувоњї медињад, ки дар садри Ислом занони мусалмон њиљобро пазируфта, ин њукми илоњиро комилан иљро менамудаанд:

Матни њадис: اء yول الله أن عائشة قالت لقد آان رس « ه نس هد مع يصلي الفجر فيش

» من المؤمنات متلفعات في مروطهن ثم يرجعن إلى بيوتهن ما يعرفهن أحدТарљума: «Оиша, разияллоњу анњо, мегўяд: Расули Худо,

саллаллоњу алайњи ва саллам, намози бомдодро мехонд ва гурўње аз занони мусалмон њам, дар њоле ки худро бо чодарњо печида буданд, дар намоз ширкат мекарданд ва баъд аз намоз њангоме ки ба хонањояшон бармегаштанд, касе онњоро намешинохт.

«Сањењи Бухорї», китоби «Салот», њадиси 372 ва «Сањењи Муслим», китоби «Масољид ва мавозеъи

салот», њадиси 1342 Суннати Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам,

њамчунин барои занони мусалмон дар њузури номањрамон пўшидани либосњои танг, нозук ва њарирро манъ намудааст ва ин њукм низ дар замони Ишон ба иљро расидааст:

Матни њадис: د « ت عب ة بن ت حفص ت دخل ا قال ه أنه ن أم ة ع ي علقم ن أب ة ب عن علقم

ي ة زوج النب ى عائش ة yالرحمن عل قته عائش ق فش ار رقي ة خم ى حفص وعل »ا آثيفاوآستها خمار

Тарљума: Алќама ибни Абуалќама аз модари худ ривоят мекунад, ки гуфт: «Њафса бинти Абдуррањмон ба хонаи Оиша - њамсари Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, дохил шуд ва дар баданаш чодари нозук дошт ва њазрати Оиша чодари нозукро гирифта, ба ў чодари ѓафс дод».

«Муватто», китоби «Либос», њадиси 1643

Page 275: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

274

Њамин тавр, аз оёти ќуръонї ва њадисњои набавї

ба таври рўшан дида мешавад, ки њиљоби зани мусалмон яке аз меъёрњои муњим ва таъкидшудаи шариати исломї буда, дар ду манбаи аслии Ислом, яъне Ќуръон ва Суннат, ба таври возењ њукм ва таъйин шудааст. Аз ин рў, ин воќеият бояд меъёри асосии муносибати њар мард ва њар зани мусалмон дар масъалаи њиљоб бошад.

Њадди њиљоби зани мусалмон чї ќадар аст?

Тавре ки то ин љо собит гашт, Ќуръон ва Суннат

барои зани мусалмон риояти њиљобро фарз гардонида, њукми куллии онро ба таври возењ баён намудааст. Дар баробари ин, ояњои зикршудаи ќуръонї, хусусан, ояи 31-уми сураи муборакаи «Нур» ва бахше аз њадисњои набавї ба чигунагї ва њадду њудуди њиљоби зан низ ишора намудаанд. Вале бо вуљуди ин, масъалаи њадди њиљоби зан аз сўи уламои исломї дар ду шакл фањмида ва шарњу тафсир карда шудааст:

1.Баъзе аз уламо аз матни ояњои ќуръонї ва њадисњои набавї чунин хулоса гирифтаанд, ки њиљоби исломї бояд тамоми бадани занро фаро гирад. Яъне зан илова бар тану сару гардан, бояд рўй ва дастони худро низ бо ниќоб ё чодар аз номањрамон бипўшонад.

2.Аксари уламои исломї аз ањкоми Ќуръону Суннат чунин хулоса гирифтаанд, ки њиљоби зани мусалмон бояд тамоми бадан, ба истиснои чењра ва панљаи дастони ўро фаро гирад. Яъне барои зан вољиб аст, ки тамоми тани худро аз номањрамон

Page 276: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

275

бипўшонад, вале љоиз аст, ки рўй ва панљаи дастони худро кушода гузорад.

Албатта, тавре ки мебинем, њељ гурўње ё фарде аз уламои исломї дар бораи фарз будани њукми њиљоби зани мусалмон шакку шубњае надоранд, балки фаќат дар бораи ба њудуди зери њиљоб, яъне ба мафњуми «аврат» дохил шудани рўй ва панљаи дастони зан байни онњо тавофути назар мављуд аст. Њар ду љониб дар ин масъала далелњои наќливу аќлї оварда, онро собит намудаанд.

Дар миёни машњуртарин олимони исломии муосир, ки тарафдори пўшида будани тамоми бадани зан, аз љумла, пўшида будани чењраи ў мебошанд, метавон аз шахсиятњое чун Аллома Мавдудї, Абдуллоњ Носењ Алвон ва Мавлавї Абдуссамади Ѓиёсї ном бурд, ки ин масъаларо дар осори зерини худ овардаанд: Абулаъло Мавдудї, «Њиљоб», тарљумаи Неъматуллоњи Шањронї, Тењрон, 1377 њ.ш. (сањ. 233-258), Абдуллоњ Носењ Алвон, «Чї гуна фарзандони худро тарбият кунем», тарљумаи Абдуллоњи Ањмадї, Тењрон, нашри «Эњсон», 1381 њ.ш. (сањ.190-196), Мавлавї Абдуссамади Ѓиёсї, «Њиљоби зани мусалмон», интишороти «Шайхулислом Ањмади Љом», 1385 њ.ш.(сањ.51-120) ва ѓайра.

Аммо, муќоисаи далелу њуљљатњои наќлї ва аќлии љонибдорони пўшиши тамоми бадани зан, аз љумла, рўй ва дастњо ва далелу њуљљатњои љонибдорони боз будани чењра ва дастони занон нишон медињад, ки далелњои олимони гурўњи дуюм бисёр даќиќ, асоснок аз Ќуръону Суннат ва ќавию мантиќї мебошанд. Аз ин рў, мо низ ба њамин назар мувофиќем. Илова бар ин, назари мазњаби њанафї низ чунин аст, ки поинтар ба он ишора хоњад шуд.

Page 277: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

276

Пас, бо чї далелњо кушода будани рўй ва дастони занон иљозат мебошад?

Тавре ки баён шуд, ояи аслие, ки дар он њукм ва

њадди њиљоби зани мусалмон муќаррар шудааст, ояи 31-уми сураи «Нур» аст, ки дар он аз љумла, омадааст:

Аз матни оя: ☺

.. Тарљума: Ва ба занони мўъмин бигў, ки чашмони

хешро фурў гиранд ва шармгоњи худро нигањ доранд ва зинатњои худро љуз он миќдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва рўймолњои худро то гиребон фурў оваранд…

Сураи «Нур», ояи 31

Мањз бо такя ба њамин оя аксари муфассирон ва фаќењони исломї кушода будани рўй ва панљаи дастони занро аз назари Ислом љоиз донистаанд. Ин оя њам аз тарафи Паёмбари гиромї ва њам аз тарафи асњоби Ишон, ки шоњиди аз љониби Расули Акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, тафсир ва татбиќ шудани њукми Ќуръон дар бораи њиљоб будаанд, мањз ба њамин маъно шарњ шудааст. Дар аксари тафсирњо муфассирон мазмуни ин ояро мањз бо такя ба ањодиси набавї ва шањодати асњоби Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, ба таври муфассал шарњ додаанд, ки барои намуна баъзе аз онњоро аз тафсири Имом Суютї меорем: «…Ибни Абишайба,

Page 278: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

277

Абд ибни Њамид, Ибни Абињотим ба наќл аз Ибни Аббос ривоят мекунанд, ки манзур аз ا ر منه ا ظه إال مчењра, кафи дастњо ва ангуштар аст. Абдурразоќ, Абд ибни Њамид ба наќл аз Ибни Аббос дар бораи ояи ا ر منه ا ظه ривоят кардаанд, ки манзур њинои кафи إال مдастњо ва ангуштар аст. Ибни Абишайба, Абд ибни Њамид ва Ибни Абињотам ба ривоят аз Ибни Аббос гуфтаанд, ки дар ояи ا ر منه ا ظه манзур симои чењра إال مва ботини кафи дастњо аст. Ибни Љарир ба наќл аз Саъид ибни Љубайр ривоят мекунад, ки манзур аз ояи ا ر منه ا ظه чењра ва кафи даст аст. Ибни Љарир ба إال مнаќл аз Ато ривоят мекунад, ки дар ояи ا ر منه ا ظه إال مманзур кафи дастон ва чењра аст. Абдурразоќ ва Ибни Љарир аз Ќатода ривоят мекунанд, ки дар ояи ر إال ما ظها .манзур халхол, ангуштар ва сурма мебошад منهЌатода мегўяд: Аз Паёмбари Худо, саллаллоњу алайњи ва саллам, дарёфтаам, ки фармудааст: «Барои зане, ки ба Худо ва рўзи Ќиёмат имон дошта бошад, ошкор намудани дастон љоиз нест, магар то ин љо» ва (барои нишон додани њадди он) нисфи банди дасти худро баст... Оиша(р) мегўяд: Духтари бародари модариям назди ман омад ва дохили хонаи Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, шуд ва Расули Акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, рўи худро аз ишон баргардонд. Ман гуфтам: Ишон духтари бародарам ва њоло љавон аст. Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, фармуд: «Њар духтаре, ки ба ин синну сол расид, љоиз нест, ки андомаш ошкор гардад, ба љуз чењра ва поинтар аз ин» ва Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, (барои нишон додани њадди он) банди дасти худро баст ва кафи дастонашро боќї гузошт.

Ниг: Љалолуддини Суютї. Тафсири «ад-Дурру-л-мансур», љилди 6, сањ. 179-181.

Тавре ки дида мешавад, аксари њадисњои набавї ва ќавли сањобагон, ки дар ин масъала то имрўз

Page 279: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

278

расидаанд, ин ояи муборакаи ќуръониро ба њамин маъно тафсир намудаанд, ки њиљоби зани мусалмон тамоми бадани ўро фаро гирифта, дар айни замон, кушода будани рўй ва панљаи дастони ўро љоиз медонад.

Муфассири машњури ањли суннат ва љамоат Имом Замахшарї дар тафсири «Кашшоф» дар шарњи ин оя аз љумла, чунин меорад: «Агар пурсида шавад, ки чаро ба таври мутлаќ пўшондани тамоми зинати зоњири зан њукм нашуда, кушода гузоштани бахшњое аз он љоиз шумурда шудааст, дар љавоб гуфта мешавад, ки пўшондани чењра ва панљаи даст барои зан мушкил пеш меоварад. Зеро чорае нест, ки зан бояд бо дасти худ ашёро љо ба љо кунад ва табиист, ки барои муайян кардан ва љобаљоии онњо ниёзманд ба намоёндани чењраи худ мебошад, махсусан, њангоми масъалањои муњимме чун шањодат, муњокима ва аќди никоњ ва њамчунин, ба њангоми роњ рафтан дар гузаргоњои пурљамъияти умумї ва ночор шудан ба ташхиси роњ ва љои по… ва бояд донист дар миёни аъзои дигари бадани зан ба ин далел иљозаи напўшондани чењра ва панљаи дастњо дода шудааст, ки ин ду узв дар анљоми тамоми корњо дахил мебошанд. Ва њамчунин, дар рафтуомадњо ва муоширатњо бо мардум зарурї мебошанд. …Ва низ табиат ва сиришти инсон аз сухан гуфтан ва рў ба рў шудан бо наздикон ва ошноён бо чењраи пўшида нафрат дорад ва аз њама муњимтар ин ки зан дар сафарњо ва савору пиёда шудан аз воситањои наќлиёт ва таъмини умури зарурї ва фаъолиятњои љамъиятї ниёзманд ба сўњбат кардан ва рў ба рў шудан бо дигарон мебошад».

Ниг: Мањмуд ибни Умари Замахшарии Хоразмї. «Тафсири Кашшоф», љилди 3, сањ. 236

Page 280: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

279

Илова бар њадису ќавлњое, ки бевосита ба љоиз будани кашфи чењра ва дастони зан далолат мекунанд, њамчунин, як силсила оёт, ањодис ва санадњои таърихии дигар низ мављуданд, ки ба таври аќлонї ва мантиќї дар њамин њадд муайян шудани њиљоби зани мусалмонро собит менамоянд, ки баъзе аз онњо чунинанд:

1. Худованд дар ояи 31-уми сураи «Нур» мефармояд:

Аз матни оя:

Тарљума: ...Ва занон бояд сарандозњои худро бар гиребонњои худ фурў гузоранд (яъне гардани худро бо сарандоз (рўймол) бипўшонанд)…

Сураи «Нур», ояи 31

Тавре ки дида мешавад, Худованд пўшидани рўймол то гиребон ва пеши барро ба таври мушаххас амр мефармояд, вале дар бораи пўшидани руй ба таври мушаххас намегўяд. Бисёре аз муфассирон ба ин назаранд, ки агар пўшидани рўй фарз мешуд, дар ин оя он низ ба таври мушаххас зикр мегашт. Масалан, Ибни Њазми Зоњирї мефармояд: «Худованд ба фурў андохтани рўсарї ба гиребонњо дастур фармуда ва ин худ насси ќатъї бар сатри аврат, гардан ва синаро дорад ва бар мубоњу дуруст будани намоёндани чењра далолат дорад. Чунин истинботе љуз ин имкон нахоњад дошт».

Ниг: Ибни Њазми Зоњирї. «ал-Мањаллї», љилди 3, сањ.216

2. Худованд дар ояи 30-юми сураи «Нур» ба мардон дастур медињад, ки чашмони худро аз нигоњи занони бегона боздоранд. Ё Расули акрам,

Page 281: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

280

саллаллоњу алайњи ва саллам, дар чандин њадиси худ мардон ва љавононро амр фармудаанд, ки чашми худро аз тамошои занон њифз намоянд ва ба ин восита гунањгор нашаванд. Тибќи мантиќ, агар пўшидани чењра ва даст, яъне пўшидани тамоми бадани зан фарз мебуд ва он пўшида мебуд, пас, Ислом тамошои чї чизеро манъ ва нањй кардааст? Аз ин рў, мављуд будани чунин оя ва њадисњо низ ба он далолат дорад, ки рўй ва дастони занон боз мебошанд ва он имкони љалби назари мардонро дорад.

Шайх Юсуф Ќарзовї низ ин ояњо ва ањодисро баршумурда, чунин хулоса гирифтааст: «Агар тамоми чењраи занон пўшида ва њамаи онон бо ниќоб ва рўбанд бошанд, тављиње барои ин ки чашмони мутаањилин (зандорон) аз назар ба номањрам мањфуз мемонд, намедошт. Ва њангоме ки чењраи занњо боз ва ошкор набошад, то дар он сурат имкони фитна ва љазби хоњишњо фароњам гардад, дигар чашмњо чї чизеро метавонанд бубинанд? Яъне, њангоме ки тамоми рў ва бадани зан пўшида бошад, гуфтани ин ки издивољ боиси њифзи чашмон мегардад, чї мафњуме хоњад дошт?»

Ниг: Юсуф Ќарзовї. «Дидгоњњои фиќњии муосир», љилди 2, сањ. 685-686

Њамин тавр, бар пояи оёти ќуръонї, ањодиси набавї, ќавли сањобагони киром ва тафсирњое, ки аксари муфассирони исломї таълиф намудаанд, маълум мегардад, ки њадди њиљоби исломї чунин аст: аз чашми номањрамон пўшида будани тамоми бадани зан вољиб аст, вале кушода будани чењра ва панљаи дастони ў иљозат мебошад.

Њиљоби зан дар мазњаби њанафї

Page 282: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

281

Албатта, њукми масъалањои шаръї дар мазњаби

њанафї низ аз сарчашмањои аслии Ислом, яъне аз Ќуръону Суннат истинбот шуда, дар асоси ин ду сарчашма таъйин шудаанд. Вале, аз сабабе, ки аксари мардуми кишвари мо пайравони мазњаби Имоми Аъзам Абуњанифа(р) њастанд, табиист, ки дар тамоми масъалањои динї њукми мазњаби њанафиро низ ба таври алоњида љўё мешаванд. Бинобар ин, ки рўи сухани мо низ бештар ба хонандагони тољикистонист, дар ин бахш назари мазњаби њанафї ба масъалаи њиљоби зани мусалмонро низ ба таври мухтасар зикр менамоем.

Фаќењи бузургвори њанафї Абдуллоњ Мусаллии Њанафї дар китоби «ал-Ихтиёр ли-т-таълили-л-мухтор», ки яке аз китобњои машњур дар фиќњи њанафї мебошад, дар мавриди сатри зан аз назари мазњаби њанафї чунин мегўяд: «Чашми мард бояд ба љуз рў ва кафи дастони зани озодаи номањрам ба љои дигаре аз бадани ў нарасад, албатта, он њам њангоми эмин будан аз шањват ва фитна. Аз Имом Абуњанифа ривоят шудааст, ки пойро њам љузви истисноњо ќарор додааст ва ин истисно ба хотири он аст, ки зарурат дар харид ва фурўш ва шиносоии ашхос аз тариќи чењра њангоми доду гирифт бо бегонагон њукмфармо мебошад, ба далели вуљуд надоштани касе, ки ниёзмандињои ўро фароњам созад... Имом Абуњанифа дар мавриди пой мегўяд, ки пой мутлаќан аврат нест, зеро дар роњ рафтан ошкор шудани он зарурї аст. Ва дигар ин ки нигоњи шањватангез дар чењра ва даст аз пой бештар аст…»

Ниг: Абдуллоњ ибни Мањмуди Мусаллии Њанафї. «ал-Ихтиёр ли-т-таълили-л-мухтор», љилди 4, сањ.156

Page 283: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

282

Ин назар, ки аз Абдуллоњ ибни Мањмуди Њанафї оварда шуд, дидгоњи мазњаби њанафї дар масъалаи њиљоби занро ба таври куллї баён мекунад ва китобњои дигари њанафї низ онро айнан ё ќисман такрор намудаанд. Вале ба хотири комилан собит гаштани назари мазњаби њанафї чанд ќавли дигареро аз фаќењон ва китобњои мўътабари ин мазњаб меоварем:

1.Имом Муњаммад ибни Њасани Шайбонї, яке аз шогирдони машњури Имом Абуњанифа дар мавриди пўшиши занон ва иљозаи боз будани чењра ва ду даст чунин мегўяд:

Матн: ر والكف وال بأس بأن ينظر إلى وجهها وإلى آفها وال ينظر إلى شيء غي

ات يغضضن ذلك منها وهذا قول أبي حنيفة وقال اهللا تبارك وتعإلى وقل للمؤمنتهن إال دين زين روجهن وال يب ن ف ارهن ويحفظ ن أبص ا م ر منه ا ظه ر م ففس

ة اتم زين ة الوجه والخ اتم والكحل زين المفسرون أن ما ظهر منها الكحل والخ الكف فرخص في هاتين الزينتين وال بأس بأن ينظر إلى وجهها وآفها

Тарљума: Ва назар кардан бар каф ва рўйи зан иљозат аст, аммо ба чизе љуз ин ду аъзо назар кардан љоиз нест. Ин ќавли Имом Абуњанифа аст. Худованди мутаъол мефармояд: Ва ба занони мўъмин бигў, ки чашмони хешро фурў гиранд ва шармгоњи худро нигањ доранд ва зинатњои худро љуз он миќдор, ки пайдост, ошкор накунанд… ва муфассирон зинати зоњирро ба зинати сурма ва ангуштар таъбир кардаанд, яъне сурма зинати рўй ва ангуштар зинати даст аст ва назар дар ин ду зинат рухсат дода шудааст.

Муњаммад ибни Њасани Шайбонї. «ал-Мабсут», љилди 3, сањ. 57-59

2. Имом Марѓелонї дар китоби машњури «ал-

Њидоя шарњи «Бидояту-л-мубтадї», назари Ибни Аббос ва Имом Абуњанифа ва шогирдашон Имом

Page 284: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

283

Абуюсуфро дар мавриди сатри занон ва иљозаи боз будани чењра ва ду даст то банди онро зикр карда, мегўяд:

Матн: ه ا لقول ا وآفيه ى وجهه ة إال إل ى األجنبي قال وال يجوز أن ينظر الرجل إل

الى ت تع دين زين ا وال يب ر منه ا ظه اس رضي اهللا هن إال م ن عب ي واب ال عل قعنهما منها ظهر منه الكحل والخاتم والمراد موضعهما وهو الوجه والكف آما ه والكف ضرورة داء الوج ي إب ذآورة موضعها وألن ف ة الم راد بالزين أن الم

لحاجتها إلى المعاملة مع الرجال أخذا وإعطاء وغير ذلك Тарљума: Гуфт: Ба мард назар кардан ба љуз рўй

ва кафи зани бегона љоиз нест. Ба далели гуфтаи Худованд: зинатњои худро љуз он миќдор, ки пайдост, ошкор накунанд. Алї ва Абдуллоњ ибни Аббос (разияллоњу анњумо) дар ин маврид гуфтаанд: чизњои зоњиршаванда иборатанд аз сурма ва ангуштар ва мурод љои ќарор гирифтани онњост ва он рўй ва даст аст, њамчунон ба назар мерасад, ки мурод аз он зинати зикршуда мавзеи онњост, зеро дар кушода будани каф ва рўй заруратест барои муомила бо мардон дар доду гирифт ва ѓайра…

Имом Марѓелонї. «ал-Њидоя шарњи «Бидояту-л-мубтадї», љилди 4, сањ. 83-84

3. Аз фаќењони муосири њанафї аллома Вањбаи

Зуњайлї мафњуми «аврат» ва њудуди њиљоби зани мусалмонро ба таври зерин баён мекунад: «Аз назари шаръї «аврат» ба ќисматњое аз бадани инсон гуфта мешавад, ки пўшонидани он вољиб аст ва зану мард њар як бо таваљљуњ ба табиати худ мањдудаи авраташон аз њамдигар фарќ мекунад. Њаё ва адаб сатр ва пўшидани авратро лозим мешуморанд. Аврати мардон аз ноф то зонуњост ва аврати занон, ки набояд онро дар њузури мардони бегона ва номањрам кашф намоянд, њамаи бадани онон, ба љуз панљаи њар ду даст ва чењраи онон».

Page 285: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

284

Ниг: Вањба Зуњайлї. «Фиќњи хонавода дар љањони муосир». сањ.339

Илова бар ин, мазњаби њанафї таъйин мекунад,

ки либоси зани мусалмон дар берун аз хона бояд шартњои зеринро низ дошта бошад:

- он ќадр њарир ва тунук набошад, ки бадани зан аз пушти он намоён гардад;

-он ќадр танг ва ба бадан часпида набошад, ки андом ва барљастагињои бадани зан маълум шавад;

-либоси болоии зан он ќадр ороишї ва пурљило набошад, ки таваљљўњи атрофиёнро ба зан љалб намояд.

Дар ин бора низ ниг: Вањба Зуњайлї. «Фиќњи хонавода дар љањони муосир», сањ.347-348

Хулоса, аз баррасии нуктањо ва иќтибосњое, ки

дар мавриди назари мазњаби њанафї дар масъалаи сатр ва њиљоби занон оварда шуд, метавон хулоса гирифт, ки дар мазњаби њанафї сатри зан дар асоси Ќуръон ва Суннат ва дигар сарчашмањои шариати исломї, мисли иљмоъ ва ќиёс, чунин муайян гаштааст: пўшидани тамоми бадани зан дар њузури номањрамон фарз аст, ба истиснои чењра, панљаи дастон ва пойњо то буљулак. Яъне, занони мусалмон вазифадоранд, ки тамоми бадани худ, аз љумла, сару гўшу гардан ва мўйи худро низ ба таври комил пўшонанд ва фаќат кушода будани рўй, панљаи дастњо ва пойњои онњо то буљулак љоиз мебошад. Ин аст њукм ва њудуди њиљоби зани мусалмон аз назари мазњаби њанафї, ки аксари мардуми Тољикистон пайравони он мебошанд.

Нигоње ба фалсафа ва зарурати њиљоб

Page 286: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

285

То ин љо њукми Худованд дар масъалаи њиљоби зани мусалмон аз сарчашмањои аслии исломї муайян гашт ва њадду меъёри он низ баён шуд. Вале бо вуљуди барои бисёрињо маълум будани њукм ва андозаи њиљоб, дар аксари маврид ин савол гузошта мешавад, ки фалсафа ва зарурати њиљоб барои зани мусалмон дар чист? Яъне, чї зарурате будааст, ки Худованд риояти њиљобро барои занон фарз гардонидааст?

Дар посух ба ин савол бояд гуфт, ки агар ба ин масъала аз назари имонї нигоњ шавад, яъне, агар инсон ба Худованд ва Ќуръони карим ва Паёмбари акрам ва њаќќонияти онњо бовар дошта бошад, љавоби ин пурсиш барояш бисёр равшан ва сода аст: риояти њиљоб ба он сабаб зарур аст, ки Худованд онро дар Ќуръони карим амр кардааст ва Паёмбари гиромї дар њадисњои худ риояти онро дастур фармудаанд. Ин посухи ќонеъкунанда барои њамаи касонест, ки ба ин масъала нигоњи имонї ва эътиќодї доранд. Яъне, муњимтарин сабаб, далел, фалсафа ва зарурати риоят кардани њиљоб барои зани мусалмон ин аст, ки он њукми Худованд аст.

Аммо бо вуљуди ин, шарњи фалсафа ва зарурати њиљоб низ барои рўшан шудани моњияти ин масъала ба хоњишмандон кумаки зиёд хоњад кард ва илова бар ин, аз шарњи он маълум хоњад гашт, ки дини мубини Ислом чї њикмати бузургеро дар масъалаи њиљоб дар назар гирифтааст. Аз ин рў, дар ин бахш бо такя ба таљрибаву фармудањои мутафаккирони исломї чанд нуктаи мантиќию аќлонї дар бораи ањаммият, моњият ва зарурати њиљоб ба таври мухтасар ироа мегардад.

Аввалин далеле, ки зарурати њиљобро аз назари аќлию мантиќї ва аз назари табиату таљрибаи

Page 287: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

286

љомеаи инсонї собит менамояд, таъмини эњтиром ва каромати зан мебошад. Яъне, бо ба бар кардани њиљоб ва пўшонидани ќисмати аз тарафи Худованд муайяншудаи бадани худ зани мусалмон дар баробари мард ваљњаи бисёр гиромї ва боэњтиром ва њифзшударо мегирад. Соњиби каромат ва эњтиром будан яке аз сифатњои аслии занони мўъмина аст, зеро Худованд дар Ќуръони карим ба занон амр кардааст, ки њангоми њаракат љиддию матин бошанд ва бо виќор роњ раванд ва худро дар баробари мардон ба намоиш нагузоранд, то ба ин восита ба эњтиромашон афзуда шавад. Аз тариќи њиљоб зан аз маќоми як шахсияти дастрас ва мавриди нигоњњои њайвонию шањвонї, ба як шахсияти њифзшуда ва гиромї табдил мегардад. Тани зан њамчун њарими поку арзишманди ў бо пўшида будан арзиши боз њам болотар мегирад. Чунон ки доктор Њаддоди Одил дар ин маврид овардааст: «Либос барои инсон як њарим аст, ба манзалаи девор ва дижи мустањакаме, ки танро аз дастбурд мањфуз медорад ва каромати ўро њифз мекунад. Либос барои он аст, ки тањрики љинсиро кам кунад, на он ки бар ќудрати тањрик бияфзояд. Либос пўсти дуюми инсон нест, балки хонаи аввали ўст».

Ниг: Ѓуломалии Њаддоди Одил. «Фарњанги барањнагї ва барањнагии фарњангї». сањ. 30

Њамин тавр, агар мо ба ин масъала аз нигоњи манфиати худи зан ва манфиати воќеии тамоми љомеа нигоњ кунем, пўшидани бадани зан на мањдудият, балки њифозат ва масунияти он аст. Дар њаќиќат, чунин вуљуди гаронбањо арзиши онро дорад, ки бисёр некў њифз шуда бошад:

Хоњар, зи ту аз Фотима ин гуна хитоб аст: Арзандатарин зинати зан њифзи њиљоб аст!

Page 288: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

287

Далели дигаре, ки зарурати пўшида будани бадани занро собит месозад, эњсосоти латиф ва шарму њаёи занона аст. Худованд табиати занро чунон офаридааст, ки агар бар асари шароит ва таблиѓоти нодуруст фитрати ў вайрон нашуда бошад, њамеша шарму њаёро њамчун яке аз латифтарину ќавитарин эњсосоти худ риоят мена-мояд. Аслан, тасаввур намудани зани солими бењаё имконпазир нест, зеро агар фитрати зан њанўз солим бошад, пас, њатман саршор аз њаёст. Мањз њамин њаё намегузорад, ки зан бадани худро ба намоиши номањрамон гузорад ва аз ин рў, худи зани солимфитрат њамвора талош менамояд, ки бадани ў, яъне њарими гиромии ў, аз назари дигарон пўшида бошад.

Вале, дар айни замон бояд гуфт, ки бар хилофи баъзе пиндорњо, шарму њаё на нишонаи заъфу нотавонии зан, балки нишонаи ќудрат ва тавоноии ў мебошад. Ваќте ки мард мехоњад бо бартарии нирўи љисмонии табиии худ бар зан фазилат љўяд, зан наметавонад дар муќобили он нирўи љисмониро ба кор гирад. Аз ин рў, нирўи бисёр зариф ва ќавитаре, ки зан дар баробари мард дар ихтиёр дорад, нозу шарму њаёи ўст ва њељ марди асиле наметавонад дар баробари ин силоњи зан зўрозмої намояд. Марди солим дар баробари њаёи зан чорае љуз таслим надорад. Зане, ки аз асрори ин ќудрат огоњ аст, зане ќудратманд ва сарбаланд аст.

Фаќењи муосири њанафї Вањбаи Зуњайлї дар мавриди нигоњи Ислом ба ин масъала мефармояд: «Дини мубини Ислом пўшондан ва сатри авратро љузви лавозими шарм ва њаё дониста ва њаёву шармро бахше аз имон ба њисоб овардааст. Пўшондани љисм хислате табиї ва фитрї аст. Шайтонњо мехоњанд,

Page 289: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

288

њамчунон ки пўшиши Одам ва Њавворо аввалин бор бардоштанд, бо истифода аз њамаи воситањои имрўзї чун филм, навор, сурату плакатњо ва ѓайра занони мусалмонро бо он бегона намоянд».

Ниг: Вањба Зуњайлї. «Фиќњи хонавода дар љањони муосир», тарљумаи Абдулазиз Салимї.

Тењрон: «Эњсон». 1382 њ.ш. (сањ.238)

Хулоса, агар духтарони мо аз хурдсолї дар муњити поку боњаё тарбият ёбанд ва дар давраи рушди худ дар доираи арзишњои њаёмењвар бузург шаванд, њисси табиии њаё дар онњо боз њам ќавитар гашта, онњо занони поку тавоное хоњанд буд. Њамин тавр, метавон гуфт, ки њаё аз муњимтарин ва гиромитарин сифатњои зан аст, балки њаё зевари зан, силоњи зан ва ќудрати бузурги зан аст:

Гарчи гул дар нозукї машњур дар бањру бар аст, Хотири шарму њаё аз барги гул нозуктар аст.

Далели сеюми таљрибї ва аќлоние, ки метавон

барои зарурати њиљоб ва пўшиши зан зикр намуд, зарурати оромиши равонї ва фикрии зан ва мард њангоми кору фаъолият аст. Тавре ки дар бобњои пешин зикр шуд, Ислом њаргиз хонанишинї ва гўшагирии занро амр нанамуда, занро њамчун шахси фаъъоли хонавода ва љомеа муаррифї менамояд. Њангоми иљрои ин наќш ва дар зиндагию фаъолияти иљтимоии худ зан њамеша дар муњитњои омехтае ќарор мегирад, ки дар он мардони номањрам низ њузур доранд. Чунин муњит метавонад дар роњ, наќлиёти љамъиятї, мактабу донишгоњ, корхонаву идора ва ѓайра пеш ояд. Дар чунин вазъият агар зан бадани худро бо њиљоб напўшида бошад ва чунон ки дар љомеањои ѓарбї ва ѓарбзада мебинем, бахше аз

Page 290: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

289

тани ў урён ва дар маърази нигоњи дигарон бошад, њам худи зан ва њам мардони њамроњу њамкори ў наметавонанд оромиши комили равонию фикрї дошта бошанд.

Зеро ваќте ки бадани зан, хусусан, гардану сари сина ва ронњову дасту пойњои ў урён бошанд, яъне либоси имрўзи ѓарбї ба бар дошта бошад, њангоми кору бархўрду фаъолият хоњ нохоњ мавриди нигоњи мардони атроф ќарор мегирад ва илова бар масъалаи гуноњу савоб, боиси тањрики шањвонии атрофиён мегардад. Дар чунин муњит, мардон ва хусусан, љавонмардон наметавонанд бо камоли оромиши фикрию зењнї кору фаъолият намоянд ва ин вазъият ба натиљаи кори онњо низ зарари љиддї мерасонад.

Њатто тадќиќоти илмию сотсиологие, ки дар солњои охир дар кишварњои ѓарбї анљом шудааст, нишон медињад, ки беш аз 70% аз заноне, ки дар муњитњои омехта бо мардон кор мекунанд, худро дар чунин муњит ноором ва нороњат њис мекунанд. Аксари занони аврупої муќобили он њастанд, ки дар идорањои корї дар як њуљра (кабинет) бо мард нишаста бошанд. Чунин занон, бо вуљуди ин, ки шахсияти динї надоштаанд, изњор намудаанд, ки аз чунин муњити корї бисёр хаста ва дилгир шудаанд, зеро то љое зери таъсири мањдудияти он њастанд, ки њатто наметавонанд њангоми зарурат љое аз бадани худро даст зананд ва ё бихоранд ва ё њангоми зарурат ба сўи њољатхона раванд.

Аммо, агар зан дар муњити умумї бо бадани пўшида зоњир шавад, ин њолат ба ў иљозат медињад, ки дар љомеа озодона кору фаъолият намояд. Чунон ки алломаи бузурги исломї Муњаммад Рамазон Бутї мефармояд: «Худованди Субњон њиљоб ва пўшиши исломиро воситае барои иштироки зан бо мард дар

Page 291: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

290

ростои ташкили љомеа ва корњои гуногуни он ќарор додааст. Ва низ аз он абзоре сохтааст, ки дар мумкин сохтани њамёрии амалии зан ва мард дар арсањои илмї, фарњангї ва дигар фаъолиятњои маданї ва инсонї таъсиргузор аст».

Ниг: Доктор Рамазон Бутї. «Зан дар миёни шаффофияти шариати илоњї ва тирагии фарњанги Ѓарб». Интишороти

«Курдистон», Љ.И.Э. Санандаљ: 1382 њ.ш. сањ.147 Бо дар назар гирифтани таъсири бади муњити

омехта ба сифати тањсили толибилмон, мактабњои бењтарин ва ашрофии кишвари Британия њанўз њам розї нестанд, ки дар синфњои онњо писарону духтарон якљо тањсил кунанд ва аз ин рў, тањсили људогонаи писарон ва духтарон дар мактабњои људогонаро њамчун яке аз роњњои бисёр самараноки таълиму тарбият њифз намудаанд. Ва дар њаќиќат, шогирдони ин мактабњо њам аз назари дониш ва њам аз назари ахлоќ нисбат ба шогирдони мактабњои омехта сатњи бисёр болотар доранд.

Далели дигаре, ки зарурати пўшидагии бадани зан ва аз чашмрасу дастраси дигарон эмин будани онро собит месозад, коњиши фисќу фасод ва устувории оилањост. Бешубња, занони нимаурён дар муњитњои омехта яке аз омилњои афзоиши фасод буда, пўшишу рафтори тањрикомези онњо худ яке аз барангезандагони майли мардон ба фасод мешавад. Зеро, тавре маълум аст, њиссу хоњиши шањвонї як нирўи азим ва ќавии инсонист, ки њарчї муњити муносибтар ёбад ва њарчї шароити бештар фароњам шавад, боз њам бештар тањрику фаъъол мешавад ва дар нињоят, оромиши соњиби худро аз байн мебарад ва онро ба роњи фасод њидоят менамояд. Аз ин рў, агар бадани занон пўшидаву њифзшуда бошад, ангезаву шароит барои майл ба фасод бисёр камтар

Page 292: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

291

мешавад ва љомеа солимтар ва оилањо устувортар боќї мемонанд.

Таъсири дигари њиљоби зан бар устувории оила дар он аст, ки ваќте ки зан бо њиљоб ба берун меравад ва кору фаъолият мекунад, шавњари ў низ ба вазъияти њамсари худ бештар эътимоду боварї дорад ва дар натиља кору фаъолияти зан мавзўи бањси зану шавњар ва дар нињоят сабаби ихтилофи оилавї намегардад.

Муњаќќиќ ва равоншиноси исломї доктор Мансурнажод ба љанбаи дигари ин масъала ишорат намудааст, ки он низ хеле љолиб аст. Ў мазмунан мегўяд: «Агар марде њамеша бадани нимабарањна ва чењрањои зебои ину он занро бинад, дигар чандон майл ва раѓбате ба њамсари худ дар хона нахоњад дошт ва умуман, арзиши занаш пеши ў пойин меояд. Дар айни замон, агар зане њар рўз бадани худро пеши дигарон арза дорад ва мавриди таваљљўњ, лабханд, калимот ва суханони дигарон ќарор гирад, дигар шавњар барои ў чандон љаззобият нахоњад дошт. Яъне, дар натиљаи ба осонї дастраси њамагон гаштани зебоии занон хонаводаи босафо, љаззоб ва ором осебпазир гашта, ба муњите сард ва берўњ ва пур аз ошўб табдил мешавад, ки натиљаи табиии он људоињо ва шикофњост, на пайвандњо ва висолњо».

Ниг.: Муњаммади Мансурнажод. «Масъалаи зан, ислом ва феминизм». сањ. 103

Албатта, дар бораи ањаммият ва зарурати њиљоб муфассирону муњаќќиќони исломї нуктањои бисёр зиёди дигареро баршумурдаанд, ки њар яки он моњияти ин амр ва ин њикмати илоњиро боз њам рўшантар собит менамояд. Аз љамъбасти њамаи овардањои олимони киром метавон хулоса намуд, ки њиљоби исломї барои зан на мањдудият, балки

Page 293: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

292

кафолати озодию эњтирому шарофат аст. Яъне, бо таъйин намудани њиљоб барои занон Ислом барои яке аз муњимтарин ва печидатарин масъалањои љомеаи инсонї њалли муносибтарин пайдо намудааст, ки бар тибќи он, њам занон метавонанд дар љамъият озодона кору фаъолият намоянд ва њам љомеа метавонад аз тањрику фасоду инњироф эмин бимонад. Ин аст, ки њиљоб бењтарин роњи њалл барои мушкилтарин масъалаи љомеа аст!

ХУЛОСА

Њамин тавр, дар ин бахши китоб яке аз муњимтарин ва печидатарин масъалањои њуќуќи зан дар Ислом, яъне масъалаи њиљоб ва сатри занро ба таври бисёр мухтасар баррасї намудем. Њангоми кори тањќиќї бори дигар маълум гашт, ки дар њаќиќат, масъалаи њиљоби зани мусалмон њамеша яке аз мавзўъњои марказї ва ќобили таваљљўњи њам уламои мусалмон ва њам муњаќќиќони ѓайриисломї буда, дар ин масъала теъдоди бисёр бузурги китобу рисола, тањќиќу маќола ва назару фатвоњо тањия гаштаанд, ки фаќат мутолиаву муќоисаи онњо метавонад моњњо идома ёбад. Вале чун маќсади аслии мо на баррасии њамаи китобу рисолаву назару фатвоњо, балки пеш аз њама, баёни сарењу фањмои назари сарчашмањои дини мубини Ислом дар ин масъала буд, мо низ бештар ба њамин љанбаи мавзўъ таваљљўњ намудем.

Бо баррасиву бозрасии мухтасари тамоми нуктаву матлабњое, ки то ин љо баён гашт, зарур аст, ки дар масъалаи њиљоби зани мусалмон хулосањои зерин ироа шаванд:

Page 294: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

293

1. Њиљоби зани мусалмон фикру мулоњиза ё ихтирои њеч муфтиву мулло набуда, он ба таври возењ њам дар матни Ќуръони карим, њам дар њадисњои набавї ва њам дар иљмоъ ва фатвои тамоми уламои исломї ворид шудааст. Аз ин рў, масъалаи њиљоби зани мусалмон њамчун њукми илоњї бахши муњимми аќида ва таълимоти исломї мебошад ва табиист, ки њељ фарди мусалмоне, ки ба матни Ќуръон ва ба матни њадисњои сањењи Пайѓамбари Ислом, саллаллоњу алайњи ва саллам, имон ва бовар дорад, масъалаи њиљобро зери савол намебарад ва онро инкор намекунад.

2. Мутобиќи таълимоти Ќуръон ва Суннат ва низ, хулосаи уламои исломї аз матни ин сарчашмањо, барои њар зани мусалмон фарз аст, ки тамоми бадани худро, аз љумла, сар, гўш, гардан, пешобар ва мўи сари худро аз чашми номањрамон пўшида нигоњ дорад ва фаќат рўй ва панљањои дасти худро кушода гузорад.

3. Мазњаби њанафї, ки аксарияти мардуми мо пайрави онанд, низ меъёри њиљобро дар асоси Ќуръон ва Суннат њамин ќадр муќаррар намуда, њамчунин, кушода мондани пойи занон то буљулаки пойро низ љоиз медонад.

4. Илова бар ин, ки њиљоб њукми бебањси илоњист, аз назари аќлонї ва мантиќї низ собит гаштааст, ки он яке аз муносибтарин роњњои њал барои њамзамон таъмин намудани њам кору фаъолияти озоди љамъиятии занон ва њам эминии љомеа аз фисќу фасод, яъне аз марги тадриљї мебошад. Пас, њиљоб дар воќеъ на мушкилу мањдудият, балки имтиёз ва роњи њалл аст, роњи њалл барои яке аз печидатарин масъалањои љомеаи башарї.

5. Ваќте ки њукми Худованд дар масъалаи њиљоби занон ба таври возењ, рўшан, мушаххас ва фањмо

Page 295: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

294

баён мешавад, ба њамагон муяссар мегардад, ки муносибати худро нисбат ба он озодона муайян намоянд. Дар чунин сурат онњое, ки њиљобро риоят мекунанд, даќиќан медонанд, ки чї њукмеро риоят мекунанд ва онњое, ки њиљобро тарк мекунанд, медонанд, ки чї њукмеро тарк кардаанд ва низ онњое, ки бо њиљоб мухолифат мекунанд, ба таври возењ медонанд, ки бо чї ва бо њукми кї мухолифат доранд. Худованд моро аз мухолифат бо ањкоми шариат нигањ дорад!

Ва дар нињоят, барои боз њам равшантар шудани манбаъ ва моњияти њукми илоњї дар бораи њиљоби зани мусалмон, матни ояи 59-уми сураи «Ањзоб» ва бахше аз матни ояи 31-уми сураи «Нур» аз Ќуръони каримро њамчун њусни анљоми ин матлаб меорем, ояњое, ки њар зану марди мусалмон бояд болои он биандешад:

Матни ояи 59-уми сураи «Ањзоб»:

⌧ ⌧

⌧ ☺ Тарљума: Эй Паёмбар, ба занони худ ва

духтарони худ ва занони мўъминон бигў, ки чодарњои худро бар худ фурў гузоранд! Ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд; пас, ба онњо озор дода нашавад. Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

Аз матни ояи 31-уми сураи «Нур»:

Page 296: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

295

☺ ..

Тарљума: Ва ба занони мўъмин бигў, ки чашмони хешро фурў гиранд ва шармгоњи худро нигањ доранд ва зинатњои худро љуз он миќдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва рўймолњои худро то гиребон фурў банданд…

Ин аст њукми Ќуръони карим дар масъалаи

њиљоб! 4. Масъалаи сањми зан аз мерос Масъалаи назари шариати исломї дар бораи

сањми зан дар мерос аз љумлаи он масъалањоест, ки њам дар худи фиќњи исломї ва њам берун аз он мавриди омўзиш ва бањсу баррасињои бисёр зиёде ќарор гирифтааст. Ин аст, ки дар ин бора китобу рисолањои зиёди људогона навишта шуда, пањлўњои гуногуни ин мавзўи њассос шарњу тавзењ гаштааст ва њатто барои шинохти пањлўњои гуногуни ин масъалаи печида илми људогонае ба вуљуд омадааст, ки онро илми фароиз меноманд.

Вале бо вуљуди фаровонии адабиёт, њанўз идома доштани бањсњо дар атрофи масъалаи сањми зан дар мерос нишон медињад, ки зарурати баёни сода ва барои љомеаи имрўзи мо фањмои ин масъала њамчунин боќї мемонад.

Page 297: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

296

Аз тарафи дигар, бисёре аз мухолифини Ислом чунин таблиѓ мекунанд, ки гўё Ислом дар масъалаи мерос њуќуќи занро комилан поймол намуда, барои мардон ду баробари занон сањм ќоил мебошад. Боиси таассуф аст, ки ваќтњои охир ин фикри бепоя дар зењни мусалмонони аз ањкоми исломї ноогоњи мо низ пайдо шуда, дар онњо тасаввури нодурустеро нисбат ба ин таълимоти шариати исломї ба вуљуд овардааст. Барои рафъи ин нофањмї зарур аст, ки имрўз назари Ислом дар масъалаи сањми занон дар мерос ба таври даќиќ, мухтасар, сода ва фањмо баён карда шавад. Бо ин маќсад, ин љо пањлўњои гуногуни онро ба таври мушаххас шарњ менамоем:

1.Бар хилофи тасаввурњои мављуда, дини мубини Ислом на танњо мањдудкунандаи њуќуќи зан дар мерос нест, балки Ислом дар ин масъала инќилоб ва пешрафти бузурге намуда, умуман, худи мафњуми мерос гирифтани зан ва њаќќ доштани ў дар мероси хешовандони наздикашро ба вуљуд овард. Зеро санадњои таърихї нишон медињанд, ки дар љомеаи љоњилияи тоисломии араб ва љомеањои зардуштиву яњудиву насронї занон њаќќи гирифтани мерос надошта, аз моли боќимондаи наздиконашон ва њатто аз моли шавњарашон чизе мерос гирифта наметавонистанд. Илова бар ин, дар љомеањои ѓайриисломї худи занон њамчун мол љузъи мерос њисоб шуда, миёни меросхўрони мард таќсиму тарака мешуданд.

Мувофиќи одате, ки пеш аз Ислом њоким буд, меросбари шахси вафоткарда фаќат писарони болиѓи ў, ки тавони савор шудани асп ва иштирок дар љангро дошта бошанд, шуда метавонистанд. (Ниг: «Тафсири Руњу-л-маъонї», љилди 4, сањ. 210)

Вале агар марди вафотёфта писари болиѓе намедошт, мероси ў байни хешовандони мардаш таќсим шуда, на танњо ба зану фарзандонаш аз он

Page 298: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

297

чизе намерасид, балки худи зан ва фарзандони ноболиѓаш низ њамчун моли мерос байни хешовандони мардаш таќсим мешуданд.

Вале бо омадани Ислом дар љомеањои мусалмоннишин ин ќоидаи нангин барњам хўрда, занон њуќуќи дарёфти меросро ба даст оварданд. Мувофиќи сарчашмањои таърихї, дар замони Расули акрам, саллаллоњу алайњи ва саллам, чунин њодисае пеш омад: Авс ибни Собит(р) вафот намуд ва њамсараш бо ду духтар ва як писари ноболиѓ боќї монданд. Тибќи одати ќадимаи љоњилият тамоми молу сарвати Авс ибни Собитро ду писарамаки ў соњиб шуда, ба зану фарзандони ў чизе надоданд. Њамсари Авс ба хотири таъмини ояндаи духтаронаш пешнињод кард, ки ин ду писари амак бо духтарони ў издивољ кунанд, вале онњо ин пешнињодро радд карданд. Он зан ночор ба назди Паёмбар, саллаллоњу алайњи ва саллам, рафта, воќеаро баён карда, аз мањрумияти худ ва фарзандонаш шикоят намуд. Мањз дар њамин замон барои Паёмбари гиромї, саллаллоњу алайњи ва саллам, ояи мерос аз тарафи Худованд нозил гашт, ки тибќи он зану фарзандони ноболиѓ соњиби сањмияи худ дар мерос шуданд. Тибќи ин таълимот аз як њашт њиссаи мерос ба њамсари Авс ибни Собит(р) дода шуда, баќияи он байни як писар ва ду духтари ў чунин таќсим шуд, ки нисф ба писар ва нисфи дигараш ба ду духтар тааллуќ гирифт ва писарони амаки Авс ибни Собит(р) аз мероси ў мањрум шуданд.

Ниг: Тафсири «Руњу-л-маъонї», љилди 4, сањ. 210 ва тафсири «Маорифу-л-Ќуръон», љилди 3, сањ. 380-382

Ин аввалин мавриде буд, ки бо омадани Ислом

ќонуни нангини љоњилият шикаста, занон, духтарон ва фарзандони ноболиѓ соњиби њаќќи гирифтани мерос ва соњиби сањми худ аз мерос шуданд. Њамин тавр, бо нузули ояњои ќуръонї дар ин масъала,

Page 299: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

298

таълимоти Ислом дар бораи таќсими мерос миёни бозмондагон такмил шуда, як низоми пурмаънї ва одилонаи њалли ин масъала ба вуљуд омад. Ва яке аз муњимтарин бахшњои ин таълимоти исломї тибќи дастури илоњї фарз ва њатмї шудани додани сањми занон ва духтарон дар мерос мебошад.

Њамчунин, тибќи њамин оёти ќуръонї, аз мерос мањрум намудани фарзандон, чи духтар ва чи писар, низ манъ карда шудааст. Яъне, дар Ислом њељ падаре наметавонад касе аз фарзандонашро аз њаќќи гирифтани мерос мањрум намуда, мероси худро ба фарзанди дўстдоштааш ва ё ба касе дигар васият намояд. Тавре ки медонем, имрўз дар Аврупо баъзе сарватмандон дороии худро ба таври расмию ќонунї ба шахсони дигар, ба маъшуќа ва ё гоње ба њайвони дўстдоштаашон мерос гузошта, фарзандони худро аз мерос мањрум месозанд, ки ин амал инњирофи ошкор аз табиати инсонї мебошад. Вале дини мубини Ислом ба шахс иљозат намедињад, ки њатто дар сурати хостанаш њам фарзандонашро аз мерос тамоман мањрум созад.

2.Назари мушаххаси шариати исломї дар масъалаи сањми занон ба мерос чист? Дар ин бора бояд гуфт, ки њаќќи занон бар гирифтани мерос дар Ќуръони карим њам ба таври усулї ва њам ба таври мушаххас эълон шудааст. Худованди мутаъол дар ояи 7-уми сураи «Нисо» дар ин масъала чунин мефармояд:

Матни оя:

☺ ⌧

☺ ⌧

Page 300: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

299

☺ ⌧

Тарљума: Аз њар чї падару модар ва хешовандон мерос мегузоранд, мардонро насибест. Ва аз он чї падару модар ва хешовандон ба ирс мегузоранд, чи андак ва чи бисёр, занонро низ њаќќест, њаќќи муайяне.

Сураи «Нисо», ояи 7. Тавре ки аз ин ояи карима бармеояд, Ислом

барои занон ба таври њатмї ва бидуни бањс сањми муайянеро аз мерос таъйин кардааст.

Дар мавриди таќсими мушаххаси мерос миёни ворисон, аз љумла писарон ва духтарон Худованд чунин дастур фармудааст:

Матни оя:

⌧ ☯

⌧ ⌧

☺ ☺ ⌧

Page 301: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

300

⌧ ☺ ☺

Тарљума: Худо дар бораи фарзандонатон ба

шумо амр мекунад, ки сањми як писар (аз мерос) баробари сањми ду духтар аст. Ва агар ду ё зиёда духтар бошанд, аз се ду њиссаи мерос (66,66%) аз онњост. Ва агар як духтар бувад, нисфи меросро (50%) барад ва агар маййитро фарзанде бошад, падару модари ў њар яке аз як шаш њиссаи меросро (13,5%) барад. Ва агар фарзанде надошта бошад ва меросбарони ў танњо падару модар мебошанд, дар ин сурат модар як сеюми дороиро (33,33%) мегирад (ва боќимондаро падар мегирад.) Аммо агар (шахси вафоткарда) бародарон дошта бошад, сањми модар пас аз анљоми васийяти маййит ва пардохти ќарзњои ў, як шашум (13,5%) мебошад. Ва шумо намедонед, ки аз падарону модаронатон кадом яке шуморо судмандтар аст. Инњо њукми Худост, ки Худо Донову Њаким аст!

Сураи «Нисо», ояи 11. Аз мазмуни ин оя бармеояд, ки шариати исломї

сањми њар як меросбарандаро ба таври мушаххас таъйин намуда, аз љумла, муќаррар кардааст, ки њангоми боќї мондани мерос аз падар ва таќсими он байни фарзандон, сањмияи писар як баробар бештар аз сањмияи духтар мебошад. Мањз њамин нуктаи масъалаи мерос, яъне њангоми таќсими мерос байни фарзандон ду баробари сањми духтарон будани сањми писарон, миёни афроди зоњирбин боиси бањсњои гуногун гашта, аз тарафи баъзе мухолифини Ислом њамчун мисоли поймол шудани њуќуќи зан дар Ислом муаррифї мешавад. Вале дар нуктањои

Page 302: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

301

баъдї хоњем дид, ки ин гуна гумону иттињомњо пеш аз њама аз надонистани њикмати бузурги ин дастури илоњї пеш меоянд.

3. Дар њаќиќат њикмати ин таќсими ќуръонї дар чист? Ё чаро Ислом њангоми таќсими мерос сањми духтарро як баробар камтар аз сањми писар таъйин намудааст? Барои фањми моњияти ин масъала ва дарки маънои ин таќсими ќуръонї бояд пеш аз њама ба тамоми њуќуќу љойгоњи зан дар таълимоти исломї таваљљўњ шавад, зеро њукми Ислом дар масъалаи мерос як љузъи мушаххасе аз таълимоти љомеъ ва комили исломї дар масъалаи зан мебошад.

Тавре ки дар бахшњои пешин, хусусан, дар ќисми аввали ин рисола шарњ шуд, шариати исломї барои зан як силсила њуќуќњои истисної пешбинї намудааст, ки яке аз муњимтарини онњо дар тамоми марњалањои њаёти зан ба дўши мард будани масъалаи таъмини нафаќа ва эњтиёљоти ў мебошад. Яъне, тибќи таълимоти исломї таъмини тамоми нафаќаи зан дар даврони хурдї (то издивољ) њамчун духтар ба ўњдаи падар ё њамчун хоњар ба ўњдаи бародар, пас аз издивољ њамчун њамсар ба ўњдаи шавњар ва дар даврони пирсолї њамчун модар бар ўњдаи фарзандон вољиб мебошад. Яъне, тибќи шариати исломї, мард вазифадор аст, ки дар њама њолат нафаќа ва тамоми эњтиёљоти рўзмарраи занро таъмин намояд, агарчи зан худ соњиби дорої бошад. Аз ин рў, њангоми таќсими мерос байни фарзандон ин асл ба назар гирифта шуда, барои писарон, ки вазифаи таъмини нафаќаи занонро ба дўш доранд, як сањми комил ва барои духтарон, ки нафаќаи онњоро шариат ба дўши мардон гузоштааст, нисфи сањм дода мешавад.

Ин тарзи таќсими мерос бисёр одилона буда, њам њуќуќи занон ва њам њуќуќи мардонро бо дар назар гирифтани масъулият ва ўњдадорињои шаръї ва

Page 303: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

302

оилавиашон ба хубї таъмин менамояд. Ваќте ки Ислом ба писар аз мерос ду баробари духтар сањм медињад, ба ин восита писарро барои таъмини нафаќа ва эњтиёљоти занони дигар, яъне хоњар, њамсар ва модараш масъул мекунад.

Ин тарзи таќсими мерос, ки шариати исломї муайян намудааст, њуќуќи занонеро, ки чи дар замони таќсими мерос ва чї дар оянда нафаќаашон ба дўши мардон меафтад, таъмин менамояд. Њамин тавр, ин тарзи таќсими мерос дар асл таъмини њуќуќи занонро фароњам овардааст, ба ин маъно, ки духтар њам сањми худро аз мерос мебарад ва њам, илова бар ин, нафаќаи ў аз тарафи писар (бародар) таъмин мешавад. Агар духтар шавњар дошта бошад, њам њаќќашро аз мероси падар мегирад, њам аз тарафи шавњараш таъмин мешавад.

4. Аммо ба њар њол, пурсида мешавад, ки оё нисфи сањми писар гирифтани духтар аз мерос њуќуќи ўро помол намекунад ва ё вазъи моли ўро бад намесозад? Дар посух ба ин савол бояд гуфт, ки дар сурати риоят шудани таълимоти шариати исломї духтар дар њар сурат аз назари нафаќа таъмин мебошад ва баръакси писар, дар оянда дар вазъияти бењтари молї ќарор мегирад. Зеро илова бар ним сањми меросе, ки ба ў тааллуќ мегирад, духтар соњиби чанд имтиёзи дигар низ мешавад:

1. То замони издивољ нафаќаи духтар бар зиммаи бародаронаш аст, яъне дар ин давра ў маљбур нест, ки аз мероси гирифтааш чизе барои зиндагии худ харљ кунад.

2. Баъд аз издивољ нафаќа ва таъмини эњтиёљоти духтар комилан ба дўши шавњараш мегузарад ва духтар боз њам маљбур нест, ки аз он сањми мероси гирифтааш харљ намояд.

3. Илова бар ин, духтар њангоми издивољ мањрия дарёфт мекунад, ки он низ бар тибќи шариати

Page 304: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

303

исломї њаќќи шахсии духтар аст ва касе њаќќи тасарруф дар онро надорад.

Њамин тавр, духтар дар љамъ, илова бар сањме, ки аз мерос мегирад, њамчунин, аз таъмини нафаќа аз тарафи бародар ва пас аз издивољ аз мањрия ва нафаќаи њатмии шавњар бархурдор мешавад. Вале баръакси ин, писар бо он як сањме, ки аз мерос мегирад, дар оянда бояд:

1. Барои издивољ ба њамсараш мањрия бидињад. 2. Нафаќаи њамсар ва дигар наздиконаш, мисли

хоњар ва модарро таъмин намояд. Њамин тавр, масъулият ва зарурати молии писар

бисёр зиёдтар аз духтар буда, ў барои иљрои вазифаи шаръии худ дар таъмини њуќуќи (нафаќаи) њамсар, хоњар ва модараш ба харљи бисёр бештар аз духтар ниёз дорад.

Барои шарњи бењтари ин масъала метавон ба мисоли зерин мурољиат намуд: Агар падаре баъди вафоташ маблаѓи 15000 сомонї мерос гузорад ва фаќат як духтару як писари меросхўр дошта бошад (њамсар надошта бошад), тибќи ќонуни шариат аз ин маблаѓ ба писар 10 000 сомонї ва ба духтар 5000 сомонї сањм дода мешавад. Дар идомаи зиндагї писар барои издивољ 5000 сомонї харљи њадя ва мањрия мекунад ва аз сармояи ў 5000 сомонї боќї мемонад, дар њоле ки хоњараш шавњар карда, масалан, ба маблаѓи 2500 сомонї мањрия мегирад, ки сармояи ў ба 7500 сомонї мерасад. Илова бар ин, писар масъулияти таъмини нафаќаи њамсар ва оилаашро дорад, вале баръакси ин, нафаќаи хоњараш аз тарафи шавњараш бояд комилан таъмин гардад. Пас, сармояи писар дар њоли масрафшавї аст, вале сармояи духтар дар њоли захирашавї. Оё, дар натиља, духтар дар вазъияти молии бењтар аз писар ќарор намегирад?

Page 305: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

304

Албатта, ин мисол то њадде сода аст ва зиндагї бисёр мураккабтар аз ин мебошад. Вале маќсад аз овардани мисол дар он аст, ки њикмат, маънї ё фалсафаи ин навъи таќсими мерос дар Ислом дарк шавад ва рўшан гардад, ки он њаргиз ба маънои наќзи њуќуќи зан дар мерос нест.

5. Илова бар ин, чунин тасаввур дуруст нест, ки бар тибќи назари Ислом дар њар сурат сањми мардон аз мерос нисбат ба сањми занон як баробар бештар аст. Таќсими зикршуда, яъне ду баробари духтар сањм бурдани писар танњо ба фарзандон ва баъзе бародарону хоњарон тааллуќ дошта, дар мавридњои дигар ин ќоида љорї намешавад. Баръакс, дар баъзе мавридњо бар тибќи дастури исломї сањми занон дар таќсими мерос бо мардон баробар буда, дар баъзе мавридњо њатто бештар аст.

Барои мушоњидаи мавридњое, ки дар онњо сањми зан ва мард аз мерос баробар аст, чанд мисоли мушаххас меорем:

- агар падар ва модаре фарзандашон аз дунё гузарад ва шахси вафоткарда як писар аз худ бар љой монда бошад, падару модар њар яке аз мероси вай ба андозаи аз як шаш њиссаи (13,5%), яъне ба таври баробар сањм мебаранд. Дар чунин маврид ислом нагуфтааст, ки чун падар мард аст, бояд ду баробари модар, ки зан аст, аз мероси писараш сањм бигирад. Худованди мутаъол дар ин маврид мефармояд:

Аз матни оя:

☺ ☺ ⌧ ⌧

Page 306: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

305

Тарљума: Ва агар вафоткардаеро фарзанде бошад, падару модар њар яке як шашуми меросро барад.

Сураи «Нисо», ояи 11. -агар шахси бефарзанд ва бепадар бимирад ва

бародарону хоњарони модариаш меросхўри ў бошанд, дар чунин сурат, њам бародарон ва њам хоњарон аз мероси ў сеяки молашро (33,33%) байни худ таќсими баробар мекунанд, яъне њар яке сањми баробар мегирад. Ин љо низ таќсими мероси ў бар тибќи писар будани бародарон ва духтар будани хоњарон сурат намегирад, балки ин ворисон новобаста ба љинсияти худ аз ин мерос сањмияи баробар дарёфт мекунанд. Худованд дар ин маврид мефармояд:

Аз матни оя: ⌧

Тарљума: Ва агар мард(-и мурда), ки аз вай мерос мебаранд, ё зан(-и мурда) калола бошад (падару фарзанд надошта бошад) ва ўро бародаре ё хоњаре бувад аз модар, пас, шашяк (13,5%) аз они њар яке аз онњо аст; ва агар зиёда аз ин бошанд, пас, онњо дар сеяк (33,33%) бо њам шариканд.

Сураи «Нисо», ояи 12. - агар фарде аз дунё гузарад ва фаќат як

бародари модарї ва ё як хоњари модарї аз ў ба љой монад, аз мероси ў ба бародару хоњараш як шашуми сањм (13,5%) мерасад. Ин љо низ мард будани

Page 307: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

306

бародар ва зан будани хоњарро дар назар намегиранд, балки сањми онњо баробар аст. Њукми ин масъала дар ояи 11-уми сураи «Нисо» омадааст.

Илова бар ин, дар илми фароиз, ки илми ќоидањои таќсими мерос аст, баъзе мавридњое њастанд, ки њангоми таќсими мерос сањми зан бештар аз сањми мард мебошад. Барои рўшан шудани ин масъала ба чанд мисоли мушаххас таваљљўњ намоед:

- агар зани соњибмоле аз дунё гузарад ва шавњар, бобо ва модараш ба љой монанд, аз мероси ў ба шавњар як дуввум (50%), ба модар як севвум (33,3%) ва ба бобо як шашум (13,5%) тааллуќ мегирад. Яъне дар чунин маврид модари ў нисбат ба бобояш сањми бештар мегирад.

- агар зане аз дунё гузарад ва шавњар, модар ва ду бародари шаќиќ(аз як падару модар) ва як хоњари модарї дошта бошад, хоњари модарї як шашуми комил (13,5%) сањм мебарад ва ду бародари шаќиќ љамъан як шашум (13,5%) ирс мебаранд. Пас, дар ин сурат, њар яке аз бародарони шаќиќ ба андозаи ними сањми хоњари модарї мерос мегиранд.

- агар зане вафот карда, шавњар ва як духтар аз худ ба љой гузорад, аз мероси ў ба духтараш нисфи мол (50%) ва ба шавњараш фаќат як чањоруми мол (25%) тааллуќ мегирад. Пас, дар ин мисол, духтар ду баробари шавњари модараш мерос мегирад, яъне зан ду баробари мард мерос мегирад.

Ќобили зикр аст, ки фаќењи бузургвори ањли суннат ва љамоат аллома Рамазон Бутї дар масъалаи мерос бурдани занон бањсу тањќиќи доманадоре анљом дода, ба аксари эроду ишколњои мухолифини ин бањс посухњои бисёр ќавї ва равшан ироа намудааст. Номбурда ин матлабро аз љумла, чунин љамъбандї мекунад: «Мунтаќидон ояи ирсро як ќонуни умумї ва љорї дар тамоми ањкоми ирс талаќќї мекунанд ва њатто ба хаёли онњо ва бисёре аз

Page 308: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

307

мардумони авомфиреб, њукме, ки дар ин оя омадааст, на танњо марбут ба ањкоми ирс, балки ба андозаи як ќонуни мутлаќи иљтимої талаќќї менамоянд, ки Ислом онро дар тамоми њолатњо ва дар мавриди њамаи ќазияњо ва мушкилот мавриди таваљљўњ ќарор хоњад дод. Аммо дар асл, ин оя фаќат дар хусуси ирси фарзандон нозил шудааст ва на ѓайри ишон. Ва аммо, ворисони дигари маййит, марду зан ањкоми дигаре доранд, ки дар аксари онњо сањми ирси зан ва мард яксон аст».

Ниг: Рамазон Бутї «Зан дар миёни шаффофияти шариати илоњї ва тирагии фарњанги Ѓарб», сањ. 99

ХУЛОСА

Аз маљмўи нуктањои бисёр мухтасари овардашуда дар бораи сањми зан аз мерос метавон чунин хулоса гирифт:

1. Як баробар зиёд будани сањми мардон нисбат ба занон дар таќсими мерос як ќоидаи умумии Ислом дар таќсими мерос набуда, фаќат ба фарзандони маййит ва баъзе бародарону хоњарон тааллуќ дорад.

2. Дар мавридњои дигар сањми меросбарон бар тибќи зан ё мард буданашон муайян намешавад ва дар баъзе мавридњо сањми меросхўрони зан ва меросхўрони мард баробар аст. Дар мавридњои алоњида сањми меросхўри зан аз меросхўри мард бештар мебошад.

3. Њангоми таќсими мерос байни фарзандон бештар будани сањмияи писарон маъно ва њикмати худро дошта, ба вазифањои оилавї, иљтимої ва

Page 309: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

308

шаръии писарон дар таъмини нафаќаи њамсар ва хоњару модарашон вобаста мебошад.

4. Ќоидањои амалкунанда дар таќсими мерос ба бахшњои дигари њуќуќ ва фаъолияти занон њељ иртиботе надошта, муайянкунандаи вазъият ва љойгоњи куллии зан дар таълимоти исломї нест.

5. Андешањои ѓаразноке, ки нобаробарии таќсими мерос байни фарзандонро њамчун намунаи наќзи њуќуќи занон дар Ислом дониста, онро ба кулли љанбањои њуќуќи зан дар Ислом мансуб медонанд, њељ асосе надошта, ё аз сари бехабарї аз њикмати ин таќсимоти исломї ва ё ба таври махсус ба хотири доѓдор кардани чењраи дини мубини Ислом аз тарафи душманони он садо медињанд.

6. Бар хилофи фарњанги имрўзи ѓарбї, ки шахс метавонад мероси худро ба маъшуќа ё њайвони дўстдоштааш гузорад, Ислом динест, ки мањрум кардан аз меросро манъ кардааст. Яъне, шахс наметавонад касеро аз фарзандонаш аз њаќќи гирифтани мерос мањрум кунад ва ба ин восита Ислом њуќуќи фарзандонро њимоя мекунад.

7. Таълимоти исломї дар масъалаи таќсими мерос ба њар тариќ њуќуќи занонро комилан њимоят намуда, њуќуќи онњоро њаргиз поймол намекунад. Агар ин ва дигар мавридњои таълимоти шариати исломї дар масъалаи њуќуќи занон дар љомеаи мо батамом дарк ва дар ќонунгузории мо амалї шаванд, занон на танњо аз назари њуќуќї, балки аз назари молию моддї низ бисёр таъмин ва њимояшуда мегарданд.

Вассалому алайкум ва рањматуллоњи ва баракотуњу

Page 310: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

309

Таќризњои илмии соњибназарон ба ин китоб

Тањќиќи комил ва пухта

(Таќриз ба китоби Њољї Акбар Тураљонзода «Љойгоњи зан дар ислом»)

Занон њамеша нисфи зиёди ањли башарро ташкил медоданд ва медињанд. Сањми онњо дар рушди љомеаи инсонї, хусусан, тавлиди навъи башар, омўзишу парвариш ва љомеапазир намудани он, ташкил ва такомули оила ва оиладорї, иљрои вазифањои муњимми иљтимої-сиёсї ва фарњангї басе бузург ва назаррас аст. Аз ин сабаб њама равияњои афкори иљтимої ва динї ба масъалаи таъйини љойгоњи зан дар њаёти љомеа таваљљўњи хосса зоњир кардаанд. Ин масъала хусусан, дар дини мубини ислом мавриди баёни муфассал ќарор гирифтааст. Дар Ќуръони маљид ва ањодиси ќудсии набавї љињатњо ва пањлўњои гуногуни он ба таври сарењ ёд шудаанд. Аммо ба сабаби камсаводию каммаърифатии динии љомеаи кунунии Тољикистон пиромуни ин масъала хурофот ва тањрифоти зиёд муќаррар гаштааст, ки амнияти љомеаро халалдор мекунанд, њам дини мубини исломро доѓдор менамоянд. Њол он ки ба гуфти Сайид Љамолуддини Афѓонї - яке аз озодандештарин мутафаккирони мо:

Ислом ба зоти худ надорад айбе, Њар айб, ки њаст, дар мусалмонии мост. Бо дарки ањаммияти нињоят зиёди масъала барои

љомеаи кунунии Тољикистон Њољї Акбар Тураљонзода китобе бо номи «Љойгоњи зан дар Ислом» таълиф кардааст, ки дар заминаи истифодаи маводди фаровони ќуръонї ва њадисњои набавї

Page 311: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

310

навишта шудааст. Ин китоб аз чанд љињат дорои ањаммияти бузург аст:

Якум, ањаммияти китоби Њољї Акбар Тура-љонзода аз он иборат аст, ки дар заминаи далелњои кофї ва басанда - оёти Ќуръони маљид ва ањодиси набавї - беасос ва бебунёд будани яке аз хурофотњои роиљ дар байни мардум - аќидаи нобаробарии фитрии занон бо мардонро равшан ва возењ собит менамояд. Исботи баробарии фитрии мардону занон чи аз рўи табиат ва чи аз рўи имон омили бисёр муњимми истиќрори равобити њасанаи байни онњо ва тањкими оиладорї ва амнияти љомеа аст.

Дуюм, Њољї Акбар Тураљонзода дар китоби худ бо такя ба оёти Ќуръони карим ва ањодиси набавї мавќеи занро дар оила ва њам дар љомеа ба сароњати том нишон додааст. Бар асоси оёти Ќуръони маљид ва њадисњои набавї мавќеи зан њам дар оила ва њам дар љомеа ба хубї муайян карда шудааст. Дар бештари тадќиќот, ки ба ин масъал бахшида шудаанд, танњо масъалаи заношўї матрањ мешавад ва тањлили њуќуќњои зан бо нишон додани љойгоњи зан дар оила мањдуд мегардад. Муаллифи асари мазкур доираи ин масъаларо густарда гирифта, исбот мекунад, ки ислом њаёти занро бо чорчўби њаёти оилавї мањдуд намекунад ва иштироки занро дар њаёти љамъиятї манъ намесозад ва ин бесабаб нест: зан дар баробари њамсар, модар ва кадбонуи хонадон буданаш, узви љамъият низ мебошад ва шахсияти ў низ эњтиёљ ба такомулу рушд дорад, ки ин дар рафти иштирок дар корњои љамъиятї муяссар мегардад. Зан, модар, ки тарбиятгари фарзанд мебошад, мебоист њамрадифи замонааш бошад, то фарзандони дорои мафкура, дониш, малака ва љањонбинии васеъ тарбия намояд ва онњо тавонанд њамќадами замона бошанд ва дар ин љомеа мавќеи худро дарёбанд. Хусусан, даст задани муаллиф ба

Page 312: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

311

масъалаи таълим ва тањсили занон аз назари ислом боиси тањсин аст, зеро он яке аз масъалањои њалталаби љомеаи мост.

Сеюм, љињати хосси ин китоб аз он низ иборат аст, ки дар он мавќеъ ва њуќуќњои модар мавриди баррасї ќарор гирифтаанд, ки бешубња ањаммияти бузурги тарбиявї дорад. Зеро, мутаассифона, на њамаи љавонони имрўза нисбат ба волидайни худ вазифаю ўњдадорињои фарзандияшонро иљро мекунанд. Аз ин љињат, хеле хуб аст, ки муаллиф дар асоси оёти ќуръонї ва ањодиси набавї таъкид менамояд, ки эњтиромии волидайн, хусусан, модар љузъи муњимми вазифањои динии фарзандон аст.

Чањорум, муаллиф њуќуќ ва љойгоњи духтарро аз назари ислом људогона нишон додаст ва бо далелњо аз Ќуръони карим ва ањодиси набавї баробарии писару духтарро дар оила ва дар њаќќи фарзандї исбот намудааст. Гумон мекунам, ки баёни ин масъала барои истиќрори равобити хешутаборї ва муносибати њасана дар оила ва љомеа бебањс аст.

Бояд ќайд намуд, ки љомеаи имрўзаи мо гирифтори падидаи бисёрзанї шудааст. Вале бемаърифатии исломии занон ва мардони љомеаи мо боиси он шудааст, ки онњо бе риояи шарт ва талаботе, ки дин ва шариати ислом дар ин маврид муќаррар кардааст, ба ин кор даст бизананд. Бо ин рафтор онњо решаи муносибатњои оилавиро хароб менамоянд ва зиёда аз ин, ба муносибатњои заношавњарии аз љињати шариат макрўњ роњ медињанд.

Муаллифи китоб дар баробари тањлили дигар масоил ба ин масъала низ равшанї андохта, бе бањси зиёд шартњоеро, ки ба гирифтани беш аз як зан иљозат медињад, номбар кардааст. Донистани ин шартњо барои ташкили оилаи солим ва барпо кардани сулњу салоњи оилавї ањаммияти хосса дорад.

Page 313: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

312

Масъалаи муњимми дигар барои љомеаи мо масъалаи талоќ мебошад. Таљриба нишон медињад, ки дар ин масъала низ њам занон ва њам мардони тољик маълумоти кофии динї надоранд ва аз шарту њолатњои талоќ бехабаранд. Муаллиф бо сароњат таъкид менамояд, ки шариати исломї «талоќро ташвиќ накарда, онро њамчун танњо кори мубоње, ки ѓазаби Худоро ба вуљуд меорад» муаррифї менамояд. Ќайд кардан зарур аст, ки муаллиф тамоми нозукињои талоќ ва инчунин, њуќуќњои занро баъд аз талоќ шарњ додаст.

Бо назардошти он чї баён шуд, метавон гуфт, ки китоби Њољї Акбар Тураљонзода тањќиќоти илмии љомее аст, ки љойгоњи занро дар ислом, дар оила, дар љомеа ба таври боварибахш муайян мекунд. Мутолиа ва аз бар кардани нукоти он камсаводию каммаърифатии љомеаи моро дар масъалаи љойгоњи зан дар ислом бегумон рафъ хоњад кард.

Зимни арзёбии мусбати китоби Њољї Абар Тураљонзода «Љойгоњи зан дар ислом» баъзе андешањои бањснок ва норасоињои онро низ бояд зикр кард:

Якум, муаллиф истилоњи «нафси воњид»-ро ба маънои «гавњари ягона», «моддаи ягона», «тани ягона» (с.18) гирифтааст, ки чандон сањењ нест. «Нафси воњид» љавњар аст, вале на љавњари моддї ва баданї, бал, љавњари рўњонї. Тибќи таълимоти Ќуръонї ва баъзе назариёти фалсафї инсон аз ду љавњар - љавњари рўњонї, ки њамон нафс аст ва љавњари моддї, ки бадан ё тан аст, халќ шудааст. Вале асли инсон на тани ў, балки нафси ўст. Бинобар ин «нафси воњид»-ро танњо љавњари рўњонї таъбир бояд кард.

Дуюм, дар матни китоб баъзе калимот нодуруст истифода шудааст. Масалан, муаллиф дар бисёр љойњои китобаш калимаи «розї» ро ба маънои

Page 314: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

313

«ризо», «ризоият» истифода мекунад, ки хато аст. Дар ин маврид муаллиф фирефтаи хатои ом шудааст.

Сеюм, дар бисёр мавридњо ба љои пешояндњои «нисбат ба», «доир ба», «оид ба» шаклњои «нисбати…», «доири…», «оиди…» истифода шудааст. Ин тарзи истифодаи пешояндњои мазкур дар замони мо аз охирњои солњои 80-уми асри ХХ маъмул шудааст, ки хатои ом аст.

Вале бояд гуфт, ки ин навоќиси сабкї арзиши илмии китоби Њољї Акбар Тураљонзодаро ба њељ ваљњ коста намекунанд. Њамчунин, ќобили зикр аст, ки асари мазкур хусусияти таблиѓотї, яктарафа ва ифротї надошта, муаллиф дар он бо усули тидаќиќотию илмї ва бо гуфтори мантиќию мўътадил масъалањои ба миён гузоштаро муњокима ва исбот менамояд. Китоб зимни нигоњдошти сабки илмї ба забони фасењи тољикї навишта шудааст ва барои њама хонадагон дастрас мебошад.

Чор пешнињоди зеринро низ мехоњам иброз дорам:

1) Хуб мешуд дар нашрњои ояндаи китоб тањлили татбиќии назароти ислом ва дигар динњо дар ин мавзўъ анљом дода шавад, то афзалияти ислом дар шарњи ин масъала равшан гардад. Дар ин маврид метавон аз тањќиќоти шарќшинсон, аз љумла, шарќшиносони ѓарбї истифода кард.

2) Агар китоб ба забонњои русї ва англисї тарљума ва чоп шавад, судманд хоњад буд.

3) Ба хатти ниёгон чоп кардани китоб низ ањаммияти бузурги фарњангї дорад.

4) Агар дар нашрњои ояндаи китоб дастгоњи илмї, яъне, фењристи адабиёт, истилоњоти мавзўї, номњои ашхос ва љуѓрофї илова шавад, салиќаи илмии он баландтар хоњад гашт.

Мўсо Диноршоев, доктори илмњои фалсафа,

академики Акдемияи Илмњои

Page 315: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

314

Љумњурии Тољикистон 19.03.2011

Таќриз ба китоби Њољї Акбар Тураљонзода

«Љойгоњи зан дар ислом» (Душанбе, 2011)

Раванди пажўњиш ва тадќиќоти илмї дар

мавзўоти улуми исломї аз љониби худи уламои исломї дар Тољикистон бо ѓалабаи Инќилоби Октябр (1917) ќатъ гардида буд. Баъди ба даст омадани истиќлолият ин раванд дар шакли нашри китобњои даврони классикї, баргардони китобњои нави дар хориљи кишвар навишташуда ба хатти кунунии тољикї, тарљумаи чунин китобњо, Ќуръони карим ва ањодиси набавї ба забони тољикї ва ѓайра аз нав ба роњ нињода шуд. Дар ин мобайн ба нудрат бошад њам, дар хусуси аркони Ислом (ба вижа ибодот) баъзе таълифоти оригиналї низ ба майдон омаданд. Ва ба ѓайр аз рисола, монография ва китобњои воќеан бар мабнои илм ва объективона таълифёфта боз ду навъи дигари таълифот ба дасти хонандагон мерасид, ки ба њукми «душмани доно бењ аз дўсти нодон» навишта шудаанд. Яъне, аз тарафи душманони ошкори дохилию хориљии Ислом бо ѓаразњои мухталиф таълиф ёфта, дар љумњурї пањн карда мешуд.

Дар ин навиштањо ањкоме, ќонуниятњое, хусусиятњое аз љониби худи муаллифон ё доирањою созмонњои зиддиисломї бофта ва сохта ва ба Ислом нисбат дода мешуданд, аз ќабили «Ислом-ривољдињандаи терроризм», «Ислом-монеаи пешрафти илмї-техникии љомеањои шарќи

Page 316: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

315

мусалмон» ва ѓайра. Ва бархе дигар аз тарафи «дўстони нодон» дар маќола, рисола ва китобњои навишта ё аз минбарњои баланди ватанию байналмилалї гуфта мешуданд, ки низ барои Ислом ва мусалмонон безарар набуданд, зеро муаллифони онњо ањком ва њаќќу њуќуќи Исломро бо эњсосоти зиёд, бо муболиѓаю иѓроќњое ќаламдод мекарданд, ки аќли солим онњоро ќабул надорад. Аммо масъалањои мубрами Ислом, муносибати љомеањои мухталифи таърихию кунунии љањон ба Ислом, муносибати Ислом ба љомеа, давлат, сиёсат, иќтисод, фарњанг, љанбањои иљтимої, илмї, аќоидї, идеологї, равоншиносии Ислом камокон матрањ ва њанўз мунтазири њалли худ буданду њастанд. Дуруст аст, ки дар ин миён, махсусан, дар зимни чорабинињои доир ба бузургдошти 1310 солагии Имоми Аъзам(р) чанде таълифот дар ин соња навишта, тарљума ва ба хатти кириллї баргардон карда шуданд. Масъалањои марбут ба зан, љойгоњу маќоми ў дар љомеа, оила, њаќќу њуќуќу вољиботи ў аз нигоњи Ислом низ нигарони њалли худ мебошанд.

Дар зењнњои оммаи мардуми тољик њанўз њам бештар њамон чизњое њаст, ки аз тарассуботи идеологии атеистии моњиятан зиддиисломии даврони Шўравї боќї мондааст. Ва аз тарафи дигар, аз навиштањои шарќшиносону исломшиносони аксар яњудитабори Ѓарб аз навишта, гуфта, намоишдода ва ба навору диск гирифтаи созмонњо, мазњабу љараёнњои сершумори исломситез, ки дар телевизион, радио, интернет, матбуот ва ѓайра тасаллути сиёсию молї доранд, фароњам омадааст. Ба њар таќдир, маъракањои «фаранљипартої» ва «фаранљисўзї»-и солњои сиюми асри ХХ, ки дар архивњою наворњо мањфуз мондаанд, аз ёди мардуми љумњурињои мусалмоннишини собиќ Шўравї њанўз

Page 317: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

316

сутурда нашудаанд. Аксари авоми ин мардум аз тамоми масъалањои марбути зан ва љойгоњу њаќќу њуќуќи ў аз нигоњи ислом фаќат фаранљї (сатр ва ё њиљоб)-ро медонанд ва маънои онро мањрумият аз озодї, канизї, зулм мефањманд. Ба сабаби њамин коњиши шадиди маърифати динї, бахусус, набудани огоњии комил дар бораи њаќиќати масъалаи муносибати ислом ба зан чанд сол пеш дар љумњурї фатвои на чандон дурандешона содир гардид, ки ба масљид омадани занонро манъ мекард ва ин фатво дар дохилу хориљи кишвар эътирозоти маъќул ва начандон маъќулро барангехта буд.

Лекин, дар ду дањсолаи охир ќисмати умдаи мардуми Тољикистон, бахусус, љавонон рў ба исломи њаќиќї оврада, азм бар он нињодаанд, ки воќеан мусалмон бошанд. Ва онњо дар масъалањои аќоид, ибодот ва муомилоти ислом пурсишњои зиёд доранд, ки донистани онњо барои њар як мусалмон шарти зарурї аст. Ва аз тарафи дигар дар доирањои академї ва донишгоњї ба тадќиќоту тањќиќоти амиќи илмии ин масъалањо шурўъ кардаанд ва ин амр таќозо мекунад, ки тамоми маълумоти сарчашмањои ќадим ва натиљањои пажўњишњои навин дар дастраси онњо ќарор дода шавад.

Инак, донишманди маъруф Њољї Акбар Тураљонзода тайи чанд сол аст, ки барои ќонеъ гардонидани талаботи маърифатии оммаи мусалмонон ва таќозои муњаќќиќону пажўњишгарон ба маълумоти асили исломї њиммат ба навиштани асарњои комилан илмї гуморидааст. Ва бояд гуфт, ки тавфиќ њам ёфтааст. Сабаби муваффаќият ва ба доирањои васеъи хонандагон роњ пайдо намудан ва хуш пазирої ёфтани асарњои ў пеш аз њама аз назари мо, дар он аст, ки муаллиф дар таълифоти худ усули нигориши классикї ва усули тадќиќоту пажўњиши муосирро тавонистааст, ки дар заминаи тањлилу

Page 318: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

317

натиљагирињои мунсифона якљо оварда, ба њам созгор гардонад.

Аз рўи ин сабку услуб ў дар аввали баёни њар як мавзўъ доир ба он тамоми оятњо, њадисњо, нуќтаи назарњои олимони мўътарафи гузаштаву муосирро оварда, баъди он ва мабнї бар он масъаларо њамаљониба тањлил намуда, сипас, хулосањои худашро ироа медорад. Ва ин усули кор дар ин монограияи нави муаллиф - «Љойгоњи зан дар Ислом» низ комилан риоя шудааст.

Дар натиљаи зањмати бешумор, тадќиќу тањлили амиќу даќиќ, истинботњо муаллиф њамчун хидмате барои мардум, ки мехоњанд назари дини мубини ислом дар масъалаи зан, маќому љойгоњ, њаќќу њуќуќи ў дар љомеаро аз манбаъњои асили исломї бидонанд, дар китоби худ ба тамоми љанбањои аслии ин мавзўъ равшанї андохтааст. Яъне, ба ў муяссар шудааст, ки њам ба саволњои оммаи мусалмонон, ки дар доираи ин масъала матрањ кардаанд, бо сабки содаву фањмо посух бидињад ва њам як монографияи комиле, ки њамин як мавзўъро њаматарафа тањќиќу тадќиќ карда бошад, дар ихтиёри муњаќќиќону пажўњишгарони соњањои исломшиносї, љомеашиносї, њуќуќшиносї бинињад.

Ин китоб монанди «Заруриёти диния»-и устод Айнї ё «ал-Њидоя»-и Имом Марѓелонї китоби дарсї ё таълимї нест, зеро фаќат як мавзўъро бо усули тадќиќоти илмї баррасї кардааст, яъне асари пажўњишї ва монография аст. Ва аз сўи дигар ин асар ба њељ ваљњ наметавонад њамчун китоби тарѓиботї талаќќї шавад, зеро њељ як муаллифи њанафимазњаб барои мардуми њанафимазњаб дар доираи мазњаби њанфї як чизи тарѓиботї наменависад. Дар акси њол, бењуда гови нар медўшад ё ба таъбири русї «ба даре, ки њар ду табаќааш

Page 319: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

318

кушода аст, бо шикастану зўроварї даромаданї мешавад».

Ин асар њатто монанди китоби «Меъёру-т-тадайюн»-и Ањмад Махдуми Дониш њам нест, ки он нисбат ба тањќиќу пажўњиши илмї бештар бо маќсади њимояи мазњаби Имоми Аъзам(р) аз тањољуми мазњабњои дигар навишта шудааст. Дар ин хусус, дар бораи ин аср ягона њамин чизро гуфтан љоиз аст, ки маълумот ва хулосањои ин монографияро, ки сирфан илмї ва пажўњишї аст, метавон бар зидди тањољум, њаракату таълимотњои тарѓиботї ва даъватњои дину мазњабњои гуногуни бегона ва дар аксари мавридњо - харобкор, њамчун далелњои раднопазири илмї ба кор бурд.

Камбуде, ки дар ин китоб ба назари мо расид, ѓалатњои вобаста ба забони он мебошад. Муаллифи китоб, ончунон ки аз навиштањои собиќаш бармеояд, на танњо њамчун як донишманди пухтакори даќиќназар, балки њамчун як муњаррир, веростор, соњибќалами устуворкори хушсалиќа низ маъруфиият дорад. Ва ин китоби худро ба њамин назари даќиќ дар пояи баланди илмї навишта бошад њам, вале ба чї сабаб бошад, ки онро аз назари тањрир ва тасњењи нињої нагузаронидааст. Дар натиља як идда ѓалатњо ба забони нигориши китоб роњ ёфтааст ва дар ин љо ба тариќи мисол ба чанде аз ин ѓалатњо ишора мешавад: имлои ягонаи «мусулмон» (с.259, 260, 261, 262 в ѓ.) ё «мусалмон» (с.14, 67, 256, 263 в ѓ.) риоя нашудааст; иборањо, љумлањо (бештар номњои китобњо)-и арабї аз рўи ќоидаи ягонаи транскрипсия (=овонигорї) ба хатти кириллї бозгардонида нашудаанд. Аз оврадани мисол, ки теъдоди он зиёд аст, худдорї мекунем.

Ѓалатњое низ љой доранд, ки њангоми њуруфчинї дар компютер сар задааст ва будани онњо њусни китобро мекоњад. Фаќат ба як-ду мисол

Page 320: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

319

иктифо мекунем: «Ислом» њама љо бо «И»-и калон, вале баъзан (масалан дар с.220) бо «и»-и хурд чоп шудааст; дар с.239 «Фатвои Њиндия» дар с.246 «Фатовои њиндия»; дар с.252 «Мухтаср» (ба љои «Мухтасар») њуруфчинї шудааст. Бояд гуфт, ки ѓалатњо зиёд нестанд ва бо як бор хондани муњаррири масъули илмї аз матн бартараф мешаванд.

Боз ду нуктаи дигар аст: Бо таъкид бояд бигўем, ки ин ду нукта ѓалат нестанд, вале анљом додани онњо кори хонандаро осон мекунад. Яке ба шакли китоб тааллуќ дорад. Бадењї, чунин як тадќиќоти амиќи илмї, монография, бе љалб, иттико ва истифодаи манбаъњо, китобу рисолањои ќадиму љадид навишта намешавад. Муаллифи ин китоб њам ба таври фаровон аз ин манбаъњо, китобу рисолањо истифода бурда, онњоро барои тасдиќ ё радди фикри дигарон, исботи фикру хулосањои худаш њамчун далелу шоњид иќтибос овардааст ва дар њама љо ба онњо ишора кардааст, ки ин комилан љавобгўи талаботи корњои илмї аст. Вале, барои пурра ба ин талабот љавоб додан бояд рўйхати ин манбаъњо, китобу рисолањо дар охири китоб аз рўи ќоидањои библиография оварда мешуд.

Нуктаи дигарро фаќат дар мисоли «Сањењи Бухорї» нишон медињем. «Сањењи Бухорї», ки љамъан шомили 97 китоб ва 7563 њадис аст, дар нусхањои ќадими худ њељ гуна шуморагузорї надорад, вале дар нашрњои асри навин ба китобњо, бобњо ва њадисњои он шумора гузоштаанд. Ин шуморагузорї дар оѓоз ошуфтагињо дошт ва дар нашрњои нави академии он ба китобњо ва њадисњои «Сањењ» аз оѓоз то охир ба як тартиб ва ба бобњои дохили њар китоб алоњида шуморагузорї карда шудааст. Шуморагузории нусхае, ки муаллифи китоб аз он истифода бурдааст, ба шуморагузории

Page 321: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

320

нашрњои нави академї мувофиќат надорад: с.25: 4787-5185; с.33: 5514-5971; с.36: 5513-5970; с.38: 2427-2620. Ва бад-ин минвол то охири китоб. Ва имрўз барои хонандаи китоб бештар нусхањои нави академии «Сањењ» дастрас мебошанд, ки њам бо тиражи зиёд, њам бо шакли чоп ва њам ба нархи арзонтар сањлу-л-вусуланд.

Чунон ки дидем, китоб ду њадаф дорад: посух

додан ба саволњои зиёди оммаи мусалмонон ва дастрас кардани маълумоти асил ва даќиќи илмї ба муњаќќиќону пажўњишгарон. Ва њамчунон дидем, ки ба њарду њадаф бо муваффаќият тањаќќуќ бахшида шудааст, яъне, доираи хонандагони китоб, ки њам омманду њам олим, баѓоят васеъ аст ва тиражи 2000 нусха, ки чопи китоб дар назар гирифтааст, барои ин доира кифоят намекунад.

Ва-л-Лоњу Ааълам. Ва-с-салому ало мани-ттабаъа-л-њудо.

Муњаммадљон Умаров, ходими калони илмии

Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии АИ ЉТ

05.03.11

Манбаъњо ва адабиёти илмию соњавї:

1. Муњаммад ибни Исмоил ал-Бухорї. Сањењу-л-Бухорї. -Бейрут: Дору-л-фикр, 1424 њ.ќ. (2003).

Page 322: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

321

2. Муслим ибни Њаљљољ ан-Найсобурї. Сањењу Муслим. -Бейрут: Дору-л-фикр, 1421 њ.ќ. (2000).

3. Муњаммад ибни Исо ат-Тирмизї. Сунану-т-Тирмизї. -Бейрут: Дору-л-фикр, 1422 њ.ќ. (2002).

4. Сулаймон ибни Ашъас. Сунану Абидовуд. -Бейрут: Дору-л-фикр, 1425-1426 њ.ќ. (2005).

5. Ањмад ибни Шуайб. Сунану-н-Нисої. -Бейрут: Дору-л-фикр, 1421 њ.ќ. (2001).

6. Ањмад ибни Њанбал. ал-Муснад.-Бейрут.-Дору-л-фикр, 1411 њ.ќ. (1991)

7. Муњаммад ибни Язид. Сунану Ибн Моља. -Бейрут: Дору-л-фикр, 1421 њ.ќ. (2001).

8. Абдуллоњ ибни Абдуррањмон. Сунану-д-Доримї. -Бейрут: Дору-л-фикр, 1421 њ.ќ. (2000).

9. Молик ибни Анас. ал-Муватто. Ќоњира: Мактабату-с-Сафо. 1422 њ.ќ. (2001).

10. Муњаммад ибни Исмоил ас-Санъонї. Субулу-с-Салом шарњу «Булуѓи-л-маром». -Бейрут: Дору-л-фикр, 1421 њ.ќ. (2000).

11. Муњаммад ибни Абдуллоњ. ал-Мустадрак ала-с-Сањењайн.-Бейрут: «Дору-л-кутуби-л-илмия», 1411њ.ќ. (1990).

12. Ањмад ибни Њусейни Байњаќї. Сунану-л-Байњаќии-л-Кубро.- Маккату-л-мукаррама: «Мактабату Дору-л-Боз», 1414 њ.ќ.(1994).

13. Юсуф Ќарзовї. Марказу-л-маръати фи-л-њаёти-л-исломия.- Ќоњира: «Мактабату Вањба», 1416 њ.ќ.

14. Юсуф Ќарзовї. Дидгоњњои фиќњии муосир, тарљумаи Ањмади Неъматї. -Тењрон: «Эњсон», 1382 њ.ш.

15. Юсуф Ќарзовї. «Фиќњи сиёсї». Тарљумаи Абдулазизи Салимї.- Тењрон: Эњсон. 1379 њ.ш.

16. Муњаммад Ѓаззолї. Масоили занон байни суннатњои куњан ва љадид.- Тењрон: «Эњсон», 1381 њ.ш.

17. Алї ибни Султон (Мулло Алии Ќорї). Мирќоту-л-мафотењ шарњи «Мишкоту-л-масобењ».-Бейрут: «Дору-л-кутуби-л-илмия», 1422 њ.ќ. (2001).

Page 323: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

322

18. Холид Абдуррањмон Алъак. Одоби зиндагии заношўї дар партави Ќуръон ва Суннат, тарљумаи Муњаммадсолењ Саидї.-Санандаљ: «Курдистон», 1381 њ.ш.

19. Вањба Зуњайлї. Фиќњи хонавода дар љањони муосир, тарљумаи Абдулазиз Салимї.- Тењрон: «Эњсон», 1381њ.ш.

20. Муњаммад ибни Њиббон. Сањењу Ибни Њиббон.-Бейрут: «Муассисату-р-рисола», 1414 њ.ќ. (1993).

21. Муњаммад ибни Љарир. Љомеъу-л-баён ан таъвил оёти-л-Ќуръон (Тафсири Табарї).-Бейрут, «Дору-л-фикр», 1405њ.ќ.

22. Камолуддин Муњаммад ибни Абдулвоњид ас-Сивосї. Шарњи «Фатњу-л-ќадир».-Бейрут: Дору-л-фикр.

23. Мањмуд ибни Умари Замахшарї. Тафсири Кашшоф.- Бейрут: Дору эњёу-т-туросу-л-арабї

24. Рамазон Бутї. Зан дар миёни шаффофияти шариати илоњї ва тирагии фарњанги Ѓарб.-Санандаљ: «Курдистон», 1382 њ.ш.

25. Аббос Мањмуд Аќќод. ал-Марату фи-л-Ќуръон.- Ќоњира: «Дору-л-њилол». 1969.

26. Муњаммад Фатњуллоњ Зиёдї. Тааммулот фи ќазойи-л-маръати-л-муслима.- Троблус: «Маъияту-д-даъвати-л-исломияти-л-оламияти», 2000.

27. Муњаммади Мансурнажод. Масъалаи зан, ислом ва феминизм.-Тењрон: «Барги Зайтун»,1381 њ.ш.

28. Ѓуломалии Њаддоди Одил. Фарњанги барањнагї ва барањнагии фарњангї.-Тењрон: «Дафтари нашри фарњанги ниёгон», 1995.

29. Абдуллоњ Носењ Алвон. Чї гуна фарзандони худро тарбият кунем? Тарљумаи Абдуллоњи Ањмадї. Тењрон: «Эњсон», 1381 њ.ш.

30. Љин Њолм ва Љон Букер. Зан дар адёни бузурги љањон, тарљумаи Алии Ѓаффорї.-Тењрон: «Амир Кабир», 1384 њ.ш.

31. Мавлавї Абдуссамади Ѓиёсї. Њиљоби зани мусалмон.- Турбати Љом: «Шайхулислом Ањмади Љом», 1385 њ.ш.

Page 324: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

323

32. Муњаммад Абузањра. ал-Ањволу-ш-шахсия.-Ќоњира: «Дору-л-фикри-л- арабї», 1957.

33. Абдуррауфи Мухлис. Тафсири Анвору-л-Ќуръон.- Турбати Љом: «Шайхулислом Ањмади Љом», 1381 њ.ш.

34. Муњаммадсаид Вакил. Ислом ойини рушд ва тараќї.-Тењрон: «Эњсон», 1379 њ.ш.

35. Муњаммадтаќии Љаъфарї. Илм ва дин дар њаёти маъќул.- Тењрон, 1384 њ.ш

36. Ањмад ибни Алї ибни Њаљари Асќалонї. ал-Исоба фи тамйизи-с-сањоба.- Бейрут, 1412 њ.ќ.

37. Ањмад ибни Яњёи Балозарї. Футуњу-л-булдон,- Бейрут: «Дору-л-кутуби-л-илмия». 1403 њ.ќ

38. Муњаммад ибни Абибакр аз-Заръї. . (Ибни Ќайим). Мифтоњу дори-с-саода ва маншуру вилояти-л-илм ва-л-ирода.- Бейрут: Дору-л-кутуби-л-илмия.

39. Љамол Муњаммадфаќии Расул. Зан дар андешаи исломї, тарљумаи Мањмуди Иброњимї.- Тењрон, «Эњсон», 1382 њ.ш.

40. Муњаммад Мустафо Мухтор. Њиљоб дар нигоње нав» // «Пажўњишњои ќуръонї», 1380 њ.ш., №25-26.

41. Исмоил ибни Умар ибни Касир. Тафсиру-л-Ќуръони-л-азим (Тафсири «Ибни Касир»). –Бейрут: «Дору-л-фикр», 1401 њ.ќ.

42. Муњаммад ибни Алии Шавконї. «Нил-ул-Автор», -Бейрут: «Дору-љ-љиял», 1973.

43. Аллома Муњаммад Шафиъи Девбандї. Тафсири «Маорифу-л-Ќуръон», тарљумаи Мавлоно Муњаммадюсуфи Њусайнї.-Турбати Љом: «Шайхулислом Ањмади Љом», 1384 њ.ш.

44. Њабба Раъуф. Мушорикати сиёсии зан, тарљумаи Мўњсини Ормин. -Тењрон: «Ќатра», 1377 њ.ш.

45. Муњаммад ибн Ањмад ал-Ќуртубї. ал-Љомеу-л- ањкоми-л-Ќуръон. –Риёз: Дору оламу-л-кутуб, 1423 њ.ќ. (2003).

46. Њусайни Мењрпур. Њуќуќи зан аз манзари њуќуќи дохилї, мабонии фиќњї ва мавозини байналмилалї. –Тењрон: «Иттилоот», 1387 њ.ш.

Page 325: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

324

47. Имом Муњаммад Ѓаззолї. «Эњёу улуми-д-дин». Урдун: ал-Мактабату-л-исломияти-л-кубро ли кутуби-т-туроси-л-исломи ва-л-арабї. www.turath.com

48. Муњаммад ибни Абибакр аз-Заръї. (Ибни Ќайим). Зоду-л-маъод фи њадйи хайри-л-ибод. -Бейрут ва Кувейт. «Мактабату-р-рисола», «Мактабату-л-манори-л-исломия», 1407 (1986). 

49. Шайх Низом ва љамоату мин улумои-л-Њинд. ал-Фатовию-л-Њиндия. –Бейрут: «Дору-л-фикр», 1411 њ.ќ. (1991).

50. Муњаммад ибни Абдулвоњид (Камол ибни Њумом). Шарњу «Фатњу-л-ќадир». Урдун: ал-Мактабату-л-исломияти-л-кубро ли кутуби-т-туроси-л-исломї  ва-л-арабї. www.turath.com

51. Бадруддин Мањмуд ибни Ањмад ал-Айнї. Умдату-л-ќорї шарњу «Сањењи-л-Бухорї». –Бейрут: Дору эњёу-т-туроси-л-арабї»

52. Муњаммадамин ибни Умар ибни Абдулазиз. Радду-л-муњтор ало «Дурри-л-мухтор» (машњур ба Њошияи Ибни Обидин). –Бейрут: «Дору-л-фикр», 1421 (2000).

53. Абдуррашиди Таррез. Талоќ аз дидгоњи Ислом.- Тењрон: «Эњсон», 1384 њ.ќ.

54. Вањба Зуњайлї. ал-Фиќњу-л-исломї ва адиллатуњу. -Бейрут: «Дору-л-фикр», 1997.

55. Саййид Собиќ. Фиќњу-с-сунна. –Бейрут: Дору-л-кутуби-л-араби. 1397 њ.ќ. (1977).

56. Ањмад ибни Абдулњалим (Ибни Таймия). ал-Фатовию-л-кубро. -Бейрут: «Дору-л-маърифа».

57. Љалолуддини Суютї. ад-Дурру-л-мансур. -Бейрут: «Дору-л-фикр», 1993.

58. Мањмуд ибни Умари Замахшарии Хоразмї. Тафсири Кашшоф. Урдун: ал-Мактабату-л-исломияти-л-кубро ли кутуби-т-туроси-л-исломи  ва-л-арабї. www.turath.com

59. Абдуллоњ ибни Мањмуди Мусаллии Њанафї. ал-Ихтиёр ли-т-таълили-л-мухтор. Урдун: ал-Мактабату-л-

Page 326: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

______________________________________ Њољї Акбар ТУРАЉОНЗОДА

325

исломияти-л-кубро ли кутуби-т-туроси-л-исломи  ва-л-арабї. www.turath.com

60. Муњаммад ибни Њасани Шайбонї. ал-Мабсут. Карочї: «Идорату-л-Ќуръон ва-л-улуму-л-исломия»

61. Алї ибни Абибакр (Имом Марѓелонї). ал-Њидоя шарњу «Бидояту-л-мубтадї», «Мактабату-л-исломия»

62. Сайид Мањмуд ал-Олусї. Рўњу-л-маонї фи тафсири-л-Ќуръони-л-азим ва-с-сабъу-л-масонї. –Бейрут: Дору эњёу-т-туроси-л-арабї.

               

Page 327: aqeedeh...ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________ 2 ББК 86.38+87.717+67.91 Т-86 Муќарризон: М.Диноршоев, академики

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ____________________________

326

         

ЊОЉЇ АКБАР ТУРАЉОНЗОДА

ЉОЙГОЊИ ЗАН ДАР ИСЛОМ

Тарроњ: Бунафша Љабборова

Ба матбаа 20.01.2011 супорида шуд. Ба чоп 20.04.2011 имзо шуд. Андозаи 60х84 1/16. Коѓази офсет. Чопи офсет. Љузъи чопии шартї 18,5. Адади нашр 2000 нусха.

Супориши №2. Нархаш шартномавї

ЉДММ «Шуљоиён» шањри Душанбе, хиёбони «Дўстии халќњо», 47.

Тел.: 227-61-47